Вазифаҳои илми сиёсатшиносӣ

 

Вазифаи гносологӣ ё ин ки назариявию маърифатии сиёсатшиносӣ имконият медихад, ки вокеаҳои сиёсӣ ба таври воқеии омӯхта шаванд.

Вазифаи ҷахонбинии сиёсатшиносӣ бо назарияи гносологӣ алоқаи зич дорад, ки онҳо дар якҷоягӣ як системаи бутуни донишҳои сиёсиро дар бораи инкишофи ҳаёти сиёсӣ медиҳанд. Аз он ҷумла дар бораи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хуқуқӣ ва маънавии ҷомеа. Дар натиҷаи ин омилҳо маданияти сиёсии одамон баланд бардошта мешавад.

Вазифаи амалию пешгӯйнамоӣ дар он зоҳир мегардад, ки бояд пешгӯиҳо дар заминаи таҳлили чуқурӣ илмӣ асос мёбанд. Маҳз ба воситаи ин вазифа ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии дигаргунсозиҳои сиёсӣ муайян карда шуда, монеаҳои ба пешравӣ халалрасонанда бартараф карда мешаванд.

Вазифаи фаҳмондадиҳӣ, барои он равона карда шудааст, ки зарурият ва сабабҳои қабули қарорхои сиёсӣ асоснок карда шаванд.

5

Вазифаи баҳодиҳӣ имконият медиҳад, ки ба сохти сиёсӣ, институтҳои сиёсӣ ва ҳаёти сиёсӣ баҳои сиёсӣ дода шавад.

Сиёсатшиносӣ бо дигар соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ алоқмандии зиёд дорад. Сиёсатшиносӣ нақши махсуси худро дорад, бо сиёсат сарукор дорад. Қонуниятҳои махсус, мураккаб,пурҷараён ва фаъолияти сиёсии пурҷӯшу хурӯши давлат, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои иҷтимоӣ, омма, синфҳо, гуруҳҳои иҷтимоӣ ва шахсиятро фаро мегиранд. Таърихан ташаккульёбии сиёсатшиносӣ ба сифати фалсафаи сиёсӣ ба амал омадааст.

Фалсафаи сиёсӣ имконияти баҳодиҳии асосноккунондашуда ба рафтори сиёсӣ ва шакли ташкили ҳокимиятро фароҳам овард. Аз ин ҷихат нақши мутафаккир Макиавелли дар таърихи афкори сиёсӣ бузург аст. Ӯ дар таҳлили сиёсӣ равияи нав кушод, ки он дар пурқувватии дониш ва маънидодкунии ратсионалии сиёсат зоҳир мегашт.

Сиёсатшиносии муосир бо назарияи ҷомеаи индустриалӣ, постиндустриалӣ ва информатсионӣ такья менамояд.

Сиёсатшиносӣ алоқаи зич бо сотсиологияи сиёсӣ дорад. Ин фан муносибатҳои бо ҳам алоқаманди сиёсатро бо муҳити иҷтимоӣ омӯхта имконият имконият медихад, ки структураи иҷтимоӣ чомеа, ба ҳам алоқамандии гуруҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва алоқаи онхо бо сиёсат омӯхта шаванд. Ба ғаири ин сиёсатшиносӣ дар алоқаи зич бо илмҳои психология, иқтисодиёт, ҷуғурофия, мантиқ, кибернетика ва омор ва таърих мебошад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.