Таълимоти сиёсии мутафаккирони тоҷику форс

 

Мутафаккирони форсу тоҷик дар қатори дигар мутафаккирони олам ақидаҳои фалсафию сиёсии худро ба тариқи назм ва наср дар асарҳои худ дар марҳилаҳои гуногун баён намудаанд. Ба ин мутафаккирон Имоми Аъзам, А.Форобӣ, А.Сино, А.М.Ғаззолӣ, Ҳ.В.Кошифӣ, Насриддини Тусӣ, М. Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш, Ш.Шоҳин, С.Айнӣ ва дигарон ворид мегарданд, ки хизматҳои эшон оид ба пойдорӣ ва инкишофи таърихии алоқамандии фарҳангу маданият, алоқаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии халқҳои форсу тоҷик то имрӯз беназиранд.

Албатта, пеш аз он, ки мо дар бораи мутафаккирон ва асарҳои эшон ақидаҳо ва назарияҳо баён намоём назаре ба таърихи пайдоиши аввалин таълимотҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ менамоём. Аввалин аломатҳои пайдоиш ва мабдаи таълимоти сиёсӣ дар асарҳои ва осорҳои қадимаи маданияти маънавӣ вомехӯранд. Яке аз чунин ёдгориҳои фархангии қадима китоби «Авасто» мебошад. Ин ёдгории муқаддаси пайравони зардуштия, буда масъалаҳои мухталифи эътиқод, фалсафа,ахлоқ, ҳуқуқ ва сиёсатро дар мегирад.Хосияти асосии зардуштияро дуализм, ду оғоз-некӣ ва бадӣ ташкил медиҳад. Дар масъалаҳои ахлоқӣ идеали худро дар чунин шакл: пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек, ки бар идеалҳои бади муқобиланд, пеш мегузорад.

Асосгузори дини зардуштия-Зардушт буда ин асарро аз рӯй баъзе маълумотҳо дар 21 китоб навиштааст. То замони мо панҷ қисми он «Ясно», «Виспарад», «Вандидод», «Яштҳо», «Хурд Авесто» омада расидааст.

Мазмуну мундариҷаи «Авесто» гуногун буда, қомусест, ки дар он зиндагӣ ва амалу кирдори ҳаёти мардуми қадимаи эронинажот-донишҳои андӯхтаи онон дар соҳаҳои гуногуни илм: фалсафа, хуқук, тиб, ҷуғурофия, риёзиёт, нуҷум, ситорашиносӣ, таърих, забону адабиёт ва ғайраҳо инъикос ёфтааст. Дар ин асар таркиби иҷтимоию ҳудудии аҳолии Осиёи ва Эрон ба се гурӯҳ тақсим карда шудааст: чорводорону барзгарон, лашкаркашон ва рӯҳониён. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳамон вакт ҷомеа алаккай ба сохти ибтидоӣ ва давлатдории синфӣ омада расидааст.2

1-2.Муҳаббатов А. Нуриддинов Р.-Асосҳои сиёсатшоносӣ(дастури таълимӣ )Душанбе, «Ирфон»,2006. 12

Таълимоти монавия, ки асосгузори он Монӣ(216-277) дар асоси се дин ба вуҷуд омадааст, дар асри 3 пайдо гашта то асри 11 аз Шарқи Наздик то Африкои Шимолӣ ва Хитой паҳн мегардад. Монӣ унсурҳои дини зардуштия, масеҳият ва гностисизмро бо ҳам пайвастааст. Дар асрҳои 8-9 дар Осиё мустаҳкам гашта ба динӣ давлатии уйғурҳо мубаддал мегардад. Монавия як навъ эътирози иҷтимоӣ буд, вале мардумро ба мубориза даъват намекард. Чунин асарҳои Монӣ то мо омада расидааст: «Шопурғон», «Каниз-ул-аҳиббо», «Сафар-ул-асрор», «Маҷмӯи расоил», «Сафар-ул-ҷабборра».

Ҳаракати маздакия бо сарварии Маздаки Бомдод(соли вафоташ 529) дар охири асри 5 ва аввали асри 6 пайдо гашта империяи бузурги ҷумла Руму Юнонро ба воҳима андохта буд. Ин ҳаракат аввалин ҳаракате буд, ки салтанати Сосониёнро ба ларза дароварда ва подшоҳони гирду атроф, масъалаи нобаробарии иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли онро ба миён гузошта ва муддате онро дар ҳаёти иҷтимоӣ тадбиқ низ карданд. Асоси таълимоти онро идеяҳои барои таъмини баробарӣ бояд ба ҳамаи аъзоёни ҷомеаъ ва имконияти истифодаи моликият бояд умумӣ бошад, ташкил менамояд. Ташвиқу тарғиби Маздак заҳматкашонро ба шӯриш хезонд, вале баъдтар писари Қубод, Хусрави 1 Анушервон бо ҳиллаю найранг Маздакро дастгир намуда, вахшиёна ба қатл расонд. Ҳаракати маздакия ба афкори ҷамъиятию сиёсии баъдина таъсир расонид. Маздакия ба ташаккул ва инкишофи фирқаҳои масеҳӣ, қатарҳо ва дигар таъсир расонидааст.

Имоми аъзам Абуҳанифаи Куфӣ (р)(699-769) яке аз пешвоёни фиқҳи аҳли суннат ва аввалин имом аз аиммаи муслимин буда, барои асри худ ва наслҳои оянд, роҳи пайравӣ ва амал кардан бар асосҳои аҳкоми шариъатро бо фиқҳу иҷтиҳоди худ равшан ва осон сохтааст. Имоми Аъзам ё Абуҳанифа(р) Эшон Нӯъмон бини Собит бини Марзбон ном дошта, аз озодагони форс ва аз хонадони шарифу мӯҳтарам буд. Асли ҷаддаш, ки номи ӯро Завтӣ ё Зутӣ ва дар баъзе аз ривоёт Марзбон низ овардаанд, аз аҳли Кобул (Афғонистони имрӯза) будааст. Абуҳанифа (р) дар асре, аз нигоҳи сиёсӣ ва ақидатӣ пурошӯбу пурмоҷаро ба дунё омада, умри худро сипарӣ намудааст. Аз як тараф фитнаи сиёсӣ- кашмакашҳо барои ба даст овардани қудрат ва ҳифз кардани он хеле пуршиддат мегузашт, аз тарафи дигар мардум ба фитнаи фирқаҳои гуногун мубтало гашта буданд, ки он аз фитнаи сиёсӣ ҳам хатарноктар буд.1

1.Таърихи Бағдод, ҷ. 13, 13

Ӯ дар давраи ҳукмравоии ду сулола-Уммавиҳо ва Аббосиҳо зиндагӣ кард, ки ҳар ду давра пурмоҷаро буд ва табиист, ки Абуҳанифа (р) аз ҷараёноти сиёсии рӯз дар канорбуда наметавонист. Абуҳанифа (р) 52 соли ҳаёташро дар даврони ҳукмравоии Уммавиён ва 18-солашро дар даврони ҳукумати Аббосиён гузаронид. Давлати Уммавиёнро дар марҳалаи пешрафту авҷаш, сипас дар давраи заъфу таназзулаш дарёфтааст. Давлати Аббосиёнро низ дар марҳалаи ташаккулёбӣ, ҳангоми таблиғоти пинҳониашон дар манотиқи билоди форс шурӯъ карда, то қудратро аз дасти Уммавиён гирифтанашон дарёфтааст. Ӯ шоҳид буд, ки чӣ тавр Аббосиён қудратро соҳиб гардида, болои мардум салтанати худро таҳмил менамуданд ва онро қудрати динӣ мепиндоштанд1. Ҳамон гуна, ки Абуҳанифа (р) мавқеи илмӣ, фиқҳӣ ва эътиқодии мустақил дошт, мавқеи сиёсиаш низ мустақил буд. Аз ин лиҳоз шинос шудан ба мавқеи сиёсии Имом (р) барои мо бисёр чизҳоро кашф мекунад. Зеро мавқеи сиёсии Абуҳанифа(р) дар баробари қудратҳои ҳоким боиси мушкилоти зиёде, аз қабили ҳиҷрат, ҳабс, шаллоқ ва ва билохира шаҳодати ӯ гардид. Агар мавқеи сиёсии Абуҳанифа (р) омӯхта нашавад, иллати асосии бархурди золимонаи ҳокимони давр алайҳи ӯ маълум намегардад. Бисёриҳо гумон доранд, ки сабаби гирифтори ҳабсу шаллоқ гаштани Имом (р) қабул накардани мақоми қазо буд, ки Мансур (халифаи Аббосӣ) барои ӯ пешниҳод кард. Вале иллати асосӣ дар фитнаи мазкур ин набуд, балки дар ин ҷо сабабҳои сиёсӣ нуҳуфта буд, ки онҳо ҳангоми шинос шудан ба мавқеи сиёсии Абуҳанифа маълум мешаванд.

Асарҳои ӯ – «Фиқҳи акбар»; «Олим ва мутааллим»; «Рисола ба Усмон бини Муслими Баттӣ» (ин рисола дар баёни имон ва иртиботи он ба амал омадааст); «Рад бар қадария» мебошад.

Абунасри Форобӣ (с.873-950) яке аз бузургтарин мутафаккири асримиёнаги ба ҳисоб рафта, ӯ масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро мавриди тадқиқи худ қарор дода буд. Назарияҳои ӯ оид ба масъалаҳои ташаккулёбии иттиҳодяҳои одамон, пайдоиш ва вазифаҳои давлат, шаклхои давлатдорӣ , хусусиятҳои тарзи ҳаёти шаҳрӣ, мақом ва нақши инсон дар ҷомеа ва ғайра мебошанд. Ба ақида ӯ ҷомеа дар ҳолате пайдо мегардад, ки одамон ба воситаҳои моддӣ барои ҳаёт эҳтиёҷ доштанд.

1.Таърихи Бағдод, ҷ. 13,

14

Таълимоти мутафаккир Абуали ибни Сино (с.980-1037) мақоми махсуси худро дар ин замон дошт ва имрӯз низ ишғол менамояд. Мувофиқи ақидаи ӯ ҷомеа ба 3 қисмат тақсим мешавад: ҳокимон, заҳматкашон, ҷанговарон. Ҷомеа дорои тартиботи қатъи буда, бо қонунгузориҳои махсус асос меёбад. Мувофиқи ақидаи Сино дар ҷомеа бояд фонди махсус вуҷуд дошта бошад, то ки аз он ба беморон ва корношоямҳо ёри расонида шавад.Фонди мазкур аз ҳисоби андоз ва хайрияи мусулмонон ташкил дода мешавад. Ҳоким бояд бо роҳи интихоб намудан интихоб карда шавад.

Дигар мутафаккире, ки сиёсатро мавриди тадқиқи худ қарор додаст ин Унсурмаоли Кайковус(1020-1099) мебошад. Дар асари худ «Насиҳатнома» ба маданият, рафтори сарвар, тарзи идораи давлат диққати махсус додаст. Ӯ инчунин ба масъалаи хоста гирифтани одамон ба корҳои давлатдорӣ низ диққат додаст. Оиди он, ки хешу табори вазирони шоҳ набояд амалдор бошанд,чунки ин ба талаву тороҷи давлат оварда мерасонад дар асари хеш махсус кайд намудааст. Муҳимтарин хислати шоҳон афв карда тавонистани зердастони худ мебошад. Шоҳон бояд тафаккури мустақил дошта бошанд, то тавонанд дар ҳалли масъалаҳои давлатдорӣ шитоб нанамоянд, сабрро пеша намоянд, дар додани ҷазо бодиққат бошанд.

Абуали Ҳасан ибни Алии Тусӣ(Низомулмулук). Дар таърихи афкори сиёсии форсу тоҷикон ҳеҷ мутафаккир ба дараҷаи ин шахс бо навиштани асари сиёсии худ «Сиёсатнома» машҳур нагашта буд. Асари ӯ ба сифати дастурамал истифода карда мешуд. Аввалан ин асар 39 фаслро дар бар мегирад, мутафаккир баъдтар ба он 11-15 бобро илова менамояд.Фаслҳои аввали ин асар масъалаҳои умумии давлатдориро фаро гирифта, таърихи ҳаёти шоҳони гузаштаро дар бар мегирад. Мутафаккир пайдоиши давлатро ба худо мансуб медонад. Шоҳонро интихобкардаи эзидтаъоло дар замин шуморида, дар идоракунии давлат ба онон хато карданро намеписандад. Шоҳ бояд арзҳои мардумро шунавад. Саҳми вазиронро дар идоракунии давлат аз саҳми шоҳ кам намекунад. Фасодии подшоху мамлакатро аз кору фаъолияти вазирон меҳисобад. Кори дигаре, ки давлатро ба харобӣ ва шикаст меоварад ин ришвахурӣ аст, мутафаккир оиди ин гуна амалҳо хикояту масъалхои зиёдеро низ дар асараш нишон додааст. Оиди баровардани қонунҳои нав дар мамлакат ӯ дар он ақида

15

буд, ки агар чи қадар қонунҳои нав ба нав аз даргоҳ бароварда шавад, ҳамон қадар онҳо беқадр мегарданд. Қонун ва Қонунбарорӣ бояд дар ҳолате пеш ояд, ки зарурият он дар ҷомеа дида шавад.

Низомулмулк таркиби иҷтимоии ҷомеаро аз табақаҳои болоӣ ва поёнии иборат донистааст. Нақши сафирро дар пайвастагардонидани риштаҳои муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои ҳамсоя махсусан қайд намудааст. Чигунагии муносибати ҳокимиятдоронро бо сафиррон нишон додаст. Оид ба хазинадорӣ низ ҷой доштани ду хазина давлатро: хазинаи аслиӣ ва хазинаи харҷиро қайд намудааст.

Шахсияти дигаре, ки дар ҷаҳони ақидаҳои сиёсию фалсафи мақоми махсусро дорад Имом Абуҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ(1058-1111) мебошад. Асарҳои ӯ «Насиҳат-ул-мулук» ва «Кимёи саодат» ва др. саросар оиди муносибат ва рафтори инсон, сарвар, ҳоким, давлатдорӣ мебошад. Оғози фаъолияти М. Ғаззолӣ ба давраи хукмронии султон Маликшоҳ(1069-1087) рост омадааст ва зери сарпарасти вазири ботадбири ин хонадон хоҷа Низомулмулк сурат гирифтааст1.

Тамоми афкори сиёсию иҷтимои ва фалсафии мутафаккир дар асари ӯ «Насиҳат-ул мулук» баён шудааст. Асосии ба вуҷудоии ҷомеаро дар раҳмати Худо медонад ва ҷомеаро ба ҳамкорӣ, меҳнат барои дарёфти воситаҳои гузаронидани зиндагӣ мешуморад. Ақидаҳои башардустии ӯ дар муроҷиаташ ба Султон Санҷар, ки Султонро ба адолатпарварӣдаъват намуда, раҳм намудани ӯро ба халқи Тус хоҳиш менамояд.

Мавлоно Ҳусейн Воизи Кошифӣ яке аз барҷастарин мутафаккири Асрҳои миёна буда , номи ӯ дар радифи С.Шерозӣ, А.Ҷомӣ, А.Навоӣ ва дигар мутафаккирони форсу тоҷик ҷойгир аст. Ӯ кушиш намудааст, ки дар соҳҳаҳои зиёди илмҳо чун: ахлоқ, таърих, тасаввуф, нуҷум, риёзиёт, фиқҳ ва дигар, ки зиёда аз чиҳил шуморанд асарҳо офарад. Машҳуртарин асарҳои Мавлоно Ҳусейн Воизи Кошифӣ , ки то мо омада расидаанд инҳоянд: «Тафсири Ҳусейнӣ», «Футувватномаи султонӣ», «Тафсири захровин», «Рисолаи Ҳотамия», «Бадоеъ-ул-афкор фи саноеъ-ул-ашъор», «Луби лубоби маснавӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Анвори Суҳайлӣ», «Мавоҳиб –ул-зухал», «Лавомеъ-ул- қамар», «Махзан-ул-иншо». Асосан ақидахои ӯ дар атрофии яке аз ҷараёнҳои иҷтимоию сиёсии он давра футувват хело зиёданд ва то имрӯз мақому вазни худро доранд.

1.А.М. Ғаззоли, «Кимёи саодат» ч.1.Душанбе «ЭР-граф» 2008 сах. 11

16

Футувват яке аз ҷараёнхои иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию фалсафии гузаштагонамон буда, ҳануз аз давраҳои пеш аз ислом ҳамчун зодаи ҷомеаи табақотӣ авҷу нумуъ ёфтааст ва асосан ба табақотӣ аҳли меҳнатии шаҳр-ҳунармандону косибон тааллуқ дошт. Футувват- истилоҳи қадимаи он ҷавонмардӣ, ки решаи паҳлавӣ дошта дар замони Сосониён ва дар китоби «Авасто» чун истилоҳи ахлокӣ-иҷтимоӣ дар қолаби вожаҳои некманиш, некгуфтор, неккирдор ва фазилатҳои чоргонаи маънавию рӯҳӣ: фарзона, додвар, парҳезгор ва далер рехта шудааст, аз бисёр унсуру падидаҳои оинҳои тоисломӣ аз қабили зардуштиву монавӣ, маздопарастиву маздакӣ ғизои маънавӣ гирифтааст.1

Моҳияти таълимоти ахлоқи футувват аз баробарӣ ва бародарӣ дар назди ҷомеа, хайрхоҳӣ, мадади ҳамдигар, бурдборӣ, ҷазои золимон, дастгириии рахмондагону ятимон иборат аст. Дар таълимоти футувват васфи меҳнат мақоми шоиста дораду меҳнат хиради ба ҳаракат омада дар вуҷуди инсон дониста мешуд. Идеали иҷтимоии футувват-ҷавонмардии ҷамъиятест, ки дар асоси принсипи бародарӣ бунёд гардидааст. Футувват мафҳуми бародариро ба ду маъно таъбир кардааст: аввалан бародарии ҳамхунӣ, ки зинаи поёнӣ буда, дар он одамон баробар нестанд,сониян, бародарии касбию иҷтимоӣ, ки мувофиқи он одамонро марому мақсади ягонаи маънавӣ, иҷтимою сиёсӣ муттаҳид мекунад.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314-1394) низ яке аз бузургтарин мутафаккирони асри миёнаи форсону тоҷикон ба шумор меравад. Мутафаккир дар асархояш «Захират-ул-мулук», «Кашф-ул-ахлоқ», «Макорим-ул-ахлоқ» ва ғайра ба ҳалли масъалаҳои фалсафию сиёсӣ, ваҳдат, нафсу рӯҳ, ҷараёнҳои маърифат, таносуби ҳис ва ақл диққати ҷиддӣ додааст. Бештари ақидаҳои сиёсии ӯ дар асараш «Захирот-ул-мулук» нишон дода шудаанд. Ӯ махсусан нақши сарварон, ҳокимонро дар инкишофи давлат ва давлатдорӣ баён намудааст. Ҳокимонро ба гуруҳҳои: соҳиби ақлу заковати худод, бефаросату иблисони замон, ҳокимоне, ки майли донишомузӣ доранд, аммо мардум онҳоро аз ин амал дур менамоянд, ва ҳокимоне, ки раиатро ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд.

Дар таърихи афкори ҷамъиятию сиёсии тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш ибни Носир (1827-1897) яке аз намоёнтарин мутафаккир ба шумор меравад. Ӯ баробари нависандаи маъруф, олим, рассом, хаттоту меъмор ва ходими намоёни давлатӣ низ буд.

__________1.Кошифӣ Ҳ.В-Футувватномаи султонӣ.Ахлоқи Мӯҳсинӣ.Рисолаи «Ҳотамия»,- Душанбе, Адиб, 1991.

17

Ӯ солхои 1857,1869, 1873 дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба шаҳри Санкт- Петербург, пойтахти Русия сафарҳо намуда, аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, тарзи мамлакатдорӣ ва сохти давлати Русия маълумотҳо ба даст овард. Аз мушоҳидаҳои худ ӯ асаре бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» таълиф намуд, ки он ба як барномаи ислоҳоти тартиботи давлатдорӣ ва сохти ҷамъиятии аморати Бухоро буд. Ӯ пешниҳод намуд, ки дар сохт ва тартиботи

давлатӣ баъзе аз танзимоти давлатҳои Европа ва Русия ҷори карда шавад. Яке аз аз чунин пешниҳодҳои муҳим ин ба тарзи парламентҳои европои дар Бухоро таъсиси маҷлиси машваратие дар ҳузури амир буд. Дар ин маҷлис бояд намояндагони ҳамаи табақаҳои андешаи худро изҳор кунанд ва баъд аз он амир ин қарорҳоро тасдиқ намояд. А.Дониш дар баробари ислоҳоти сохти давлатӣ ва иҷтимоии ҷамъият ба тағйир додани усули фаъолияти мактаб ва маориф ҳам диққати ҷиддӣ дода, ташкили мактабҳои наверо, ки дар он таҳсили фанҳои дунявӣ ва донишҳои барои ҷамъият зарури ба роҳ монда шуданро, пешниҳод намуд.

Хулоса , афкори маорифпарварии Дониш се нуқтаи барҷастаро доро буд:

*якум –ӯ сохти давлатӣ ва чамъиятии замонашро танқид карда, намояндагони табақаи ҳукмрон ва ҳомиёни ин тартибот феодалиро мазаммат ва маҳкум намудааст;

*дуюм-Дониш омухтани илмҳои дақиқ ва дунявӣ, забон ва илму маданияти рус; таҷрибаи пешқадами давлатҳои Европаро таргиб намуда, услуби таҳсили мадрасаро сахт мазамат кардааст;

*сеюм- Дониш манфиати оммаи меҳнаткашон ва тамоми ситамдидагонро ҳимоя намудааст.

Ақидаҳои маорипарваронаи А.Дониш дар асаҳрои шогирдони ӯ Савдо ва Шамсиддини Шохин ва муаррих Мирзо Азими Сомӣ дар

аввали асри 20 ба назар мерасад.

Таълимоти дигаре, ки мавқеи хос дар аввали асри 20 дошт ҷараёни ҷадидия (арабӣ-тоза)мебошад. Ин ҳаракати миллӣ, буржуазию либералии тоторҳост, ки солҳои 80 асри 19 пайдо гашта дар аввали асри 20 дар Осиёи Миёна паҳн гардид. Мавҷудияти муносибатҳои динию феодалӣ, аз чиҳати иқтисодӣ ва маданӣ сусту нотавон гаштани аморати Бухоро, қашшоқию хонахаробии оммаи меҳнаткашон, набудани истеҳсолоти саноати замонавӣ. Ҳуқуқи сиёсӣ, бесаводии аксарият аҳолии

18

ва зулму истисмори мустамликавии диққати озодфикрони аморатро ба худ ҷалб намуд. Намояндагони ин ҷараён дар аморати Бухоро С.Айнӣ, Ҳамза. Тошхуҷаи Асирӣ, Файзулло Хоҷаев, Мунзим, Ҳамдӣ, Фитрат, Мухаммадхоҷаи Бехбудӣ буданд. Ҷадидон сохти давлатдории аморати Бухоро, низоми таълиму тарбия ва дигар масъалаҳои маданию маиширо сахт танқид карда, на танхо

анъанхои маорифпарварии пешинро ривоҷ медоданд, балки барои тағйири онҳо ташкили мактабҳои усули нав, тарзи таълими нав, ҳамкори ба ташкилотҳои демократию инқилобӣ тадбирҳои амалӣ меандешиданд.

Инкишофи минбаъдаи ҷадидия дар зери таъсири замоне сурат мегирифт, ки тафовутҳо сафҳои он зиёд мегашт. Аз ҷумла ба қисмҳо тақсимшавии ҷадидҳо дида мешуд: коммунистон, либералҳо, ҳизби ҷавонбухориёни сотсиал-револютсионерон ва буржуазон- демократон.

Баъд аз ғалабаи инқилоби Бухоро новобаста аз шумораи зиёдашон ҷавонбухороён ба ҳизби коммунист ҳамроҳ мегарданд, ки хизмати онон дар ин ҷода бузург ба ҳисоб мерафт.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.