Ҳокимияти сиёсӣ

 

Ҳокимият дар рушду камоли ҷомеа ва ҳама муносибатҳои он аҳамияти муҳим дорад. Ҳокимияти сиёсӣ восита ва қувваи мутаҳаррики пешрафти ҳаёти сиёсӣ ба шумор меравад.

Ҳокимият яке аз категорияҳои марказии омӯзиши сиёсатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Мубориза барои ба даст овардани ҳокимият мазмуни асосии сиёсат буда, аз ин лиҳоз ҳокимият масъалаи асосии омӯзиши илми сиёсатшиносӣ мебошад. Ҳокимият яке аз диди аввалини ҷомеа ва сиёсат буда дар ҳама ҷое, инсон ташаккул ва инкишоф ёфтааст вуҷуд дорад: дар оила, иттифоқҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман дар давлат. Ҷомеа бе ташкилотҳо вуҷуд дошта наметавонад. Дар баробари ин ташкилотҳо ва муассисахо низ иттҳодияи одамонро дар дохили худ ҷойгир менамоянд. Вале асоси ин пешравиро нақши роҳбар, ҳоким ба зиммаи худ мегирад. Аз ин лиҳоз агар роҳбар ҳокимиятро ба даст гирифта натавонад он ҷомеа руи ба таназзул меорад.

Ҳокимият ҳамчун аслиҳаи тавонои сиёси ягонагии ҷомеаро таъмин намуда, тартибу интизомро дар дохили давлат танзим менамояд. Дар зери таъсири ҳокимият муносибатҳои ҷамъиятӣ характери мақсаднок мегиранд ва назорат аз болои раванди хаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангию идеологӣ осон мегардад.

Назарияҳо оиди ҳокимият хело зиёданд. М.Дюверже

ҳокимиятеро эътироф менамояд, ки аз чиҳати назариявӣ асоснок карда шудааст. Ҳокимиятро хоси ҳама марҳилаҳои инкишофи ҷомеа шуморида, дар нақши асосиро итоаткорӣ мебозад. Ба ҳокимият Макс Вебер низ мароқ зоҳир намудааст. Ӯ ҳокимиятро чунин таъриф додаст: «Ҳокимият ҳар гуна имконияте мебошад, ки дар дохили муносибатҳои иҷтимоии мазкур, новобаста аз муқовимат, новобаста аз оне, ки чунин имконият бо чӣ асос ёфтааст, ба амал баровада мешавад.»1

Философон ҳокимиятро дар маънои умумӣ, қобилият ва имконияти ба амал баровардани иродаи худ, таъсир расонидан ба фаъолияти одамон бо ёрии яке аз воситаҳо –эътибор, зурӣ ва ҳуқуқ мехисобанд.2

Таърифи дигаре , мавриди ба назар гирифтан мебошад дар луғоти мухтасари сотсиологии оварда шудааст: «Ҳокимият  шакли муносибатҳои иҷтимое мебошад, ки қобилияти таъсир расонидан ба характер, самъти фаъолият ва рафтори одамон, синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба воситаи механизмҳои иқтисодӣ, идеологӣ ва ташкилию ҳуқукӣ, инчунин бо ёрии эътибор анъанаҳо, зӯрӣ ва ғайраро дорад»

Ҳокимияти иҷтимоӣ аз рӯи сохт ва таркибашон ба ду қисм тақсим мешавад: сиёсӣ ва ғаири сиёсӣ. Қисми аввал ҳокимияти давлатӣ(қонунгузорӣ, иҷроя ва судӣ), ҳокимияти ҳизбӣ, ҳокимияти ташкилотҳои оммавию сиёсӣ ва ҳаракатҳоро фаро мегирад.

Қисми дуюм ҳокимияти шахсӣ, оилавӣ, ташкилотхои ҷамъиятӣ, хокимияти пешвоёни ғайри феълӣ, иттиҳодияхо ва гурӯҳҳоро фаро мегирад.

Ба ҳамин тариқ, ҳокимият- ин системаи муносибатҳои мебошад, ки бор кардани иродаи як субъект аз болои субъекти дигар бо ёрии қувва,обрӯ, қонун ва маҷбурнамоӣ амалӣ мегардад.

Сарчашмахои амалишавии ҳокимияти сиёсӣ чунинанд: қувва, боигарӣ, мавқеъ дар ҷомеа, ташкилот, дониш ва ахбор. Ҳамаи ин омилҳоеанд,ки дар мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ истифода карда мешаванд. Ҳамчун истилоҳ ҳокимият дар шаклҳою соҳаҳои гуногун истифода мешавад: ҳокимияти падару модар, ҳокимияти давлатӣ,ҳокимияти олӣ, қонунбаро, судӣ ва ҳарбӣ.

Элементҳои асосии ҳокимият ин субъект, объект ва воситаҳои он мебошанд. Субъект ин фаъолият ва пешоҳангии ҳокимият буда, ба субъекти ҳокимият шахс, ташкилотҳо, умумиятҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд. Субъект мазмуни муносибатҳои ҳокимиятро ба чунин нишонаҳо муайян мекунад: 1) фармон; 2) мутеъ кардани рафтори иродаи шахсӣ бо иродаи ҳокимият; 3) додани ҷазо хамчун муносибати таъсиррасонӣ барои рад кардани иродаи ҳукумрон;

4) ба тартиб андохтани рафтор дар асоси манфиатхои умумӣ.

Ҳокимият бе объект вуҷуд дошта наметавонад. Ҳокимият бе субъект ин хокимият нест.

Манъбахои ҳокимият бисёрҷабҳаанд ва ба якчанд гурӯҳ тақсим мешаванд: а)утилитарӣ(манфиатпарастӣ) , б)мачбурнамоӣ; в)меъёрӣ.

Гуногунии элементҳои ҳокимият- субъект, объект ва манбаъҳои ҳокимият имконият медиханд, ҳокимият ба якчанд шаклҳо тақсим карда шавад: ҳокимияти иқтисодӣ, иҷтимои, сиёсӣ ва маданию иттиллоотӣ.

Ҳокимияти иқтисодӣ-ин назорат аз болои боигариҳои моддӣ мебошад: ҳокимияти иҷттмоӣ-ин тақсимоти вазифаҳо ва имтиёзҳо аз рӯи ҳолати иҷтимоӣ ва синфии одамон мебошад.

Ҳокимияти сиёсӣ- ин ҷорӣ намудани иродаи сиёсии гурӯҳи одамон нисбат ба гурӯҳи дигар бо нияти амалишавии мақсадҳои умумӣ мебошад.

Ҳокимияти легитимӣ-ҳокимияти ҳуқуқӣ буда дар асоси боварии аксарият ташаккул меёбад.

Хамин тариқ, ҳокимияти сиёсӣ ин аслиҳаи муҳими сиёсие мебошад, ки аз характер ва мақсадҳою принсипҳои ташкилии он ишкишофи демократиякунонии ҳаёти ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад.

Паҳн кардан дар шабакаҳои

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.