Системаи сиёсии ҷамъият

 

Системаи сиёсии ҷамъият яке аз категорияи муҳими илми сиёсатшиносӣ мебошад, ки омузиши он барои мо хеле муҳим мебошад. Нисбати муайян намудани меъёрҳои он ҷомеашиносон ва сиёсатшиносони ғарб Д.Истон.,Г. Алмонд, К Бойме, М.Н.Марченко ва дигарон фикру андешаҳои гуногун баён кардаанд.

Системаи сиёсӣ- ин мачмӯи институтҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва давлатӣ буда, синфҳои ҳукумрон ба воситаи онҳо дар ҳудудҳои муайян дастурҳои сиёсию меъёрии амали худро таъмин мекунанд.

Системаи сиёсӣ дорои чунин вазифаҳоянд:

-муайян намудани мақсад, вазифа ва рохи инкишофи ҷомеа;

-ташкили фаъолияти ҷомеа барои ичрои амал ва мақсадҳои барнома;

-таксимоти неъматхои моддӣ ва боигарихои маънавӣ;

-мувофиқа намудани манфиатхои гуногуни умумияти одамон ва давлат;

-таълиф намудани қоида ва қонунҳои рафтори одамон дар ҷомеа;

-ташаккули шуури сиёсӣ, тайёр намудани аъзои ҷомеа ба хаёти сиёсӣ ва фаъолияти сиёсӣ;

-назорат аз болои иҷрои қонунҳо ва пешгирӣ намудани вайронкориҳои сиёсӣ.

Таркиби системаи сиёсии ҷомеа аз чор унсур иборат мебошад:

а) ташкилотҳои сиёсӣ,

б) муносибатҳои сиёсӣ,

в) меъёрҳои сиёси ва ҳуқукӣ,

г) шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ.

Фаъолият ва амалиётҳои бештар аз ин унсурон ба зиммаи ташкилотҳои сиёсӣ меафтад. Ташкилотҳои сиёсии ҷомеа ӯҳдадории муайянеро ичро намуда, дар натиҷаи амалиёти якҷоя ҳокимияти сиёсиро дар ҷомеа амалӣ мегардонанд. Ба ташкилотҳои сиёсӣ давлат, ҳизбҳо,ташкилотҳои оммавӣ-сиёсӣ, ҳаракатҳо,воситаҳои ахбори умум ва масҷидҳо муттаҳид мегарданд. Ба системаи сиёсӣ ташкилотҳо ва институтҳои иҷтимоӣ, ки дар алоқамандии якдигар вазифаҳои сиёсиро дар асоси ягонаи конститутсионӣ ба амал мебароранд, дохил мешаванд. Ба системаи сиёсӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои сиёсие, ки мақсадҳояшон мухолифи конститутсия ва дигар актҳои қонунгузорӣ карор доранд , фаъолияташон хосиятҳои иртиҷоӣ доранд , ба расмият шинохта нашудаанд, дохил намешаванд. Вале онҳо ба системаи сиёсӣ таъсири худро расонида метавонанд.

Ташкилотҳои сиёсӣ чун иттифоқи касаба ва созмони ҷавонон фақат барои мустаҳкам кардани ҳокимияти сиёсии мавҷуда кӯшишу ғаират менамоянд ва манфиатҳои сиёсии худро амалӣ мегардонанд. Вале дар ҷомеа ташкилотҳое ҳастанд, ки фақат дар вақти пешниҳоди намояндагонашон ба органҳои олии қонунбарор(намояндагӣ) фаъолияти сиёсӣ худро амалӣ карда метавонанд.Ба инхо ҷамъиятҳои варзишӣ, иттифоқҳои эҷодкорон, оҳангсозон, техникон, дохил мегарданд.

Яке аз системаи сиёсие, ки метавонад ба ҷомеа ҳам таъсири манфӣ ва ҳам мусбат расонад ин воситахои ахбори омма ё умум мебошад. Масҷидҳо низ ба дигар системаҳои сиёсии ҷомеа таъсир расонида метавонанд. Агар ходимони дин (ягон давлат бе таъсири дин қарор надорад) фаъолияту амалҳои худро ба расмият дароварда мувофиқи қонун амал намоянд дар давлат нофаҳмиҳо байни

ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои динӣ дида намешавад ва ба моҷароҳои дохилидавлатӣ оварда намерасод, ки ин як шакли муносибати сиёсӣ дар дохили давлат мебошад.

Муносибатҳои сиёсӣ ба чунин гуруҳҳо тақсим мегардад:

* муносибати байни синфҳо, гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ, миллатҳо, давлат;

* муносибати вертикали буда , он дар давраи амалишавии ҳокимияти сиёсӣ пайдо мешавад ва ба роҳбарони органхои олии маҳаллӣ ва идоракунии иқтисодӣ-иҷтимоӣ, равандҳои сиёсию маданӣ таъсир мерасонанд;

* муносибатҳои сиёсӣ ин муносибати байни органҳои сиёсӣ ва муассисаҳо мебошад.

Меъёрҳои хукуқию сиёсӣ, онҳо дар конститутсияи давлат ва оинномаву барномаҳои ҳизбҳо инъикос шудаанд. Вазифаи онҳо муносибатхои сиёсиро ба тартиб андохтан мебошад. Ба воситаи меъёрҳои сиёсиву ҳуқуқӣ асосҳои чомеа қонунӣ карда мешаванд.

Шаклҳои системаи сиёсӣ ба чор ҷабҳа тақсим мегарданд:

  • Ҷабхаи шахсию ташкилӣ- дар ин ҷо алоқамандии байни сиёсат ва инсон дар назар дошта мешавад.
  • Ҷабҳаи ташкилию инистутсионалӣ- кулли иттиҳодияҳои сиёсиро ба монанди: давлат, ҳизбҳои сиёсӣ ташкилотҳои оммавию сиёсӣро фаро мегирад.
  • Ҷабхаи меъёриву танзимкунанда- меъёрҳои ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, анъанахо ва урфу одатҳоро фаро мегирад.
  • Ҷабҳаи фаъолияти ташкилкунанда дарачаҳои муносибатҳои сиёсии давлат ва дигар ташкилотҳои сиёсӣ ва идоракунанда ва муносибатҳои сиёсӣ ва ва ташкилотҳои ғайри давлатиро дар бар мегирад.
  • Ҷабхаи интеллектуалӣ -психологӣ характери идеологию

психологии системаи сиёсиро инъикос менамояд.

  • Ҷабхаи иттилоотӣ.

Системаҳои сиёсии ҷаҳон ба панҷ гурӯҳ таксим мегарданд:

-либералӣ-демократ,

-коммунистӣ,

-муқаррарӣ,

-системахои сиёсии давлатҳои тараққикунанда,

-авторитарӣ-консервативӣ.

Дар ҷахони муосир системаҳое, ки бештар паҳншуда ҳисобида мешавад системаҳои тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ мебошад. Нишонаи фарқкунандаи байни онхо фақат дар режими сиёсӣ дида мешавад.

Режими сиёсӣ низ яке аз категорияхои муҳими сиёсатшиносӣ буда ба воситаи он характери системаҳои сиёсӣ муайян карда мешавад. Ҳамчун мафҳум «режим» аз калимаи франсавӣ гирифта шуда маънояш тартибот мебошад

Режими сиёсӣ- ин методи амалишави ҳокимияти сиёсӣ, ҳолати сиёсии ҷомеа, фаъолияти ҳамаи қувваҳои гуногуни сиёсию институтҳои сиёсӣ, ки характери демократию гаиридемократӣ доранд, мебошад.

Режими сиёсӣ чунин масъалаҳоро таъмин менамояд:

– оромии ҳокимияти сиёсӣ,

– идораи шахрвандон ва таъмини оромии сиёсии ҷомеаъ,

– ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои элитаи ҳукумрон.

Пеш аз он, ки шаклҳои режими сиёсиро ҷудо намоем, зарур аст, ки шаклҳои идоракунии ҳокимиятро низ муайян намоем ва онҳо чунинанд:

-автократӣ-ҳокимияти ҳукмраво,ҳокимияти як шахс;

-аристократӣ-ҳокимияти гурӯҳи одамони олимақом;

-плутократӣ-ҳокимияти боён, сарватмандони ҷомеа;

-теократӣ-ҳокимияти диндорон,

-геронтократӣ-хокимияти калонсолон, кӯхансолон,

-демократӣ- ҳокимияти халқӣ,

-охлократи- хокимияти анбӯх, одамони ба ошӯбомада,

– монархӣ- ҳокимияти як шахс(шоҳ, султон, императорӣ),

-олигархӣ- ҳокимияти аққалияти гурӯҳи хурди одамон (ҳарбиён, бойхо, сиёсатмадорон),

-полиархӣ-ҳокимияти бисёриҳо (иттиҳодияхо, иттифоқхо),

-анархистӣ- вуҷуд надоштани хокимият,

-диктаторӣ- ҳокимияти бемаҳдуди як шахс,ҳизб,

– бюрократӣ-хокимияти аз ҳад зиёди мансабдорон дар ҷамъият.

Ин шаклҳои зикршуда дар навбати худ ба се намуди режимҳои сиёсӣ ҷудо мешаванд: тоталитарӣ, авторитарӣ, ва демократӣ.

Режими тоталитарӣ– мафҳуми «тоталитар»,- аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои пурра, яклухтро дорад.

Нишонаҳои фарқунандаи режими тоталитари инҳоянд:

  • Характери умумӣ гирифтани сиёсат ва идеология дар ҷомеа. Тамоми системаи қонунбарор, иҷроя ва судӣ аз як марказ,яъне аз тарафи як ҳизб идора карда мешаванд.
  • Озоди сиёсӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба таври қалбакӣ эълон шудаанд. Қонунҳо фақат манфиати давлатро ифода мекунанд.
  • Мухолифини ошкоро вуҷуд дошта наметавонад;
  • Дар мамлакат фақат як ҳизб ҳуқуқи фаъолият дораду халос;

* Назорати сахт аз болои воситаҳои ахбори омма амал менамояд, танқиди намояндагони ҳокимият манъ аст;

  • Армия, органҳои махсуси зуроварӣ дар қатори таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин вазифаи ҷазодиҳиро низ иҷро менамояд.

Режими авторитарӣ- ин мафхум аз калимаи лотини гирифта шуда маънои ҳокимияти ҳукмраворо дорад. Фарқияти байни режими авторитарӣ аз тоталитарӣ дар он аст, ки дар ин ҷо диктатураи як шахс амал мекунад. Режими авторитарӣ ба чор намуд тақсим мешавад: тирания, диктатураи мутлақ, режимҳои ҳарбӣ ва режимҳои якҳизба.

Дар режими авторитарӣ гурӯҳи ҳукмрон қувваи асосии чомеа буда, вазифаҳои ҳокимияти иҷроя ва қонунбарор омехта шуда ,парламент маҳдуд карда шудааст. Ҳуқуқҳои сиёси ва озодии шаҳрвандон то як андоза маҳдуд мегарданд. Қонунҳо фақат давлатро ҳимоя менамоянд, фаъолияти оппозисионерон маҳдуд карда мешавад. Аз болои ҳамаи воситаҳои ахбори омма ва равандҳои динӣ назорат вуҷуд дорад, ҳуқуқҳои миллатҳои хурд маҳдуд карда мешаванд.

Режими демократӣ- Ин режим нишонаҳои худро доро мебошад.

-ҳокимият ба навъҳои қонунбарор, иҷроя ва судӣ тақсим мегардад. Парламент органи олии қонунбарор мебошад. Ҳокимияти олии иҷроя аз рӯи ваколатҳои худ амал мекунад. Ҳокимияти судӣ аз рӯи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад қарорҳои ҳокимияти иҷроя ва қонунбарорро бекор намояд;

-дар ҷомеа ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон васеъ шуда, бо қонун мустаҳкам карда мешаванд;

-мухолифин ошкоро аз ҳамаи ҳуқукҳои сиёсӣ пурра истифода мебаранд;

-вуҷуд доштани системаи бисерҳизбӣ ва бо навбат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ аз тарафи ин ё он ҳизб дар асоси гузаронидани интихоботҳо;

-озодии пурраи воситаҳои ахбори омма ва дар асоси қонун танқид кардани сохти сиёсии мавҷуда;

– армия ва дигар мақомотхои зӯровари фақат барои бехатарии дохилию берунаи ҷомеа амал менамоянд.Фаъолияти онҳо аз рӯи қонун аст ва бояд манфиатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳимоя намоянд;

-дар ҷомеа идеологияи ягона вучуд надорад, дар асоси плюрализм ақидаҳои гуногун амал менамоянд. Дин аз давлат ҷудо мебошад.

-шакли давлат метавонад, ки унитарӣ, федеративӣ ё конфедеративӣ шавад, ҳуқуқи миллатҳои хурд ба эътибор гирифта мешавад;

-дар қатори моликияти давлатӣ шаклҳои дигари моликият амал менамоянд, меъёрҳои ахлокӣ риоя карда мешаванд.

Режими сиёсии демократии шаклҳои идоракунии парламентӣ ва президентӣ дорад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.