Давлат ҳамчун қисми асосии системаи сиёсӣ

 

Давлат ба сифати ташкилоти асосии батартибандозандаи равандҳо ва муносибатхои системаи сиёсӣ ва умуман, системаи ҷамъиятӣ баромад менамоянд. Давлат ҳамаи ҳодисаҳои ҷомеаро фаро мегирад.

Одамон новабаста аз хоҳишашон давлатро эътироф мекунанд.

Яке аз институтҳои марказии системаҳои сиёсӣ давлат ба ҳисоб меравад. Давлат аввалан ба маънои мамлакат, ҷомеаъ, халқ,ки дар масоҳати муайян бо ҳокимияти муайян ҷойгир аст фаҳмида мешавад. Ба маънои дигар ҳамчун ташкилоти ҳукмраво дар масоҳати муайян фаҳмида мешавад.

Дар бораи пайдоиши давлат назария ва таълимотҳои зиёде вуҷуд доранд.

Яке аз аввалин шуда дар давраи Қадим Арасту оиди пайдоши давлат назарияи худро пешниҳод намудааст, ки назараияи антиқа шуморида мешавад. Ба ақидаи ӯ табиати инсон тақозо намудааст, ки дар ҷомеа зиндагӣ кунад ва давлат натиҷаи инкишофи табии дар соҳаи иттиҳоди одамон мебошад.

Назарияи дигар ба теологҳо мансуб аст, ки онҳо давлатро офаридаи худо мешуморанд.

Назарияи патриархалии пайдоиши давлат, ки асосгузори он файласуфи асри 18 Роберт Филмер мебошад давлатро дар натиҷаи ба таври механикӣ муттаҳид гаштани авлодҳо, ба қабилаҳо табдил ёфтани онҳо ва ба умумиятҳои бузургтар муттаҳид гаштани қабилаҳо пайдо гашта меҳисобанд.

Дар асрҳои 17-18 ҳангоме, ки дар Европа мутлақият ҳамчун сохти ҷамъияти инкишоф меёфт, назарияи «шартномаи ҷамъиятӣ» ба миён

меояд. Моҳияти ин назария он аст, ки давлат дар асоси шартномаи байни ҳокимон ва мазлумон пайдо шудааст.

Дар асри 19 «назарияи тобеъ намудан» оид ба пайдоиши давлат ташаккул ёфт. Яке аз намояндагони машҳури он ҳуқуқшинос ва сотсиолог Людовиг Гумплович мебошад. Ӯ таълимоти худро дар асари «Муборизаи нажодҳо» баён намудааст. Давлат дар натиҷаи гурӯҳҳои номуташаккил ва камқувватро тобеъ намудани гурӯҳҳои пурқувват пайдо шудааст.

Назарияи мукамалтаринро оид ба пайдоиши давлат марксистон додаанд, мувофиқи он пайдоиши давлатро моликияти хусусӣ ва тақсимшавии ҷомеа ба синфҳо ва гурӯҳхои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Давлат ҳамчун аслиҳае баромад мекунад, ки манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологии гурӯҳи иҷтимое, ки соҳиби воситаҳои истеҳсолот аст, ҳимоя менамояд.

Пайдоиши давлатро олимони муосир низ мавриди бахс қарор додаанд. Яке аз онҳо политологи поляк Ежи Вятр мебошад. Ӯ чунин меҳисобад;

– мавҷудияти таҳдиди беруна, ки раванди ташаккулёбии давлатро метезонад;

-таъсири намунаҳои беруна, яъне мавҷудияти давлат дар байни умумиятҳои ҳудидию иҷтимоӣ ва дарки моҳияту хусусиятҳои он намояндагони умумиятҳои дигари ҳудудию иҷтимоиро водор менамояд, ки давлати худиро созмон диҳанд.

-Муносибатҳои этникӣ. Ҳангоме, ки ҷомеа аз умумиятҳои гуногуни этникӣ таркиб ёфтааст, ҷудошавии одамон ба ғуломон ва озод тезонида мешавад.

-Шароити географӣ .

Назарияи ҳозиразамон ин назарияи ҳуқуқиӣ мебошад,ки он асоси

давлатро дар ҳуқуқи халқхо мебинад.

Барои ташаккули давлат якчанд нишона ба монанди ҳудуд, бозори дохилӣ, чиҳатҳои психологию, маънавӣ, аҳолӣ ва ҳокимият зарӯранд. Ҳудуди давлат дар худ чунин нишонаҳоро дорост: замин, боигарӣ, фазо ва обҳои ҳудудӣ.

Нишонаи дигари давлат аҳолӣ буда, он метавонад аз як миллат ё якчанд халқият иборат бошад.

Нишонаи сеюми давлат бозор(тиҷорат, асори миллӣ) буда,он барои таъмини ҷиҳатҳои модии давлат зарур аст.

Нишонаи чоруми он ҷиҳати психологӣ ва маънавӣ буда, аз забон ва инкишофи маданияти миллате, ки он дар ташаккули давлат роли калон мебозад, вобастагӣ дорад.

Давлатҳо аз рӯи шакл ба ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ; аз рӯи шакли идоракунӣ ба республикавӣ ва монархӣ; аз рӯи режими сиёсӣ ба тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ ва аз рӯи сохт: одди(унитарӣ) ва мураккаб(федеративӣ) тақсим мешаванд.

Шакли унитарии давлат дар замони имрӯза хеле инкишоф ёфта буда, қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон ба монанди Юнон,Фаронса, Норвегия, Финладия, мамлакатҳои Амрикои ҷанубӣ, Африқо, Камбоҷа, Лаос, Ҷопон, Тоҷикистон ба ин гурӯҳ дохил мегарданд. Дар ин мамлакатҳо шакли унитарии давлатӣ вуҷуд дошта, дар онҳо конститутсияи ягона, системаи ягонаи органҳои ҳокимияти давлатӣ(сарвари давлат, парламент, ҳукумат), шаҳрвандии ягона, системаи ягонаи ҳуқуқҳо,ҳудуди унитарии давлатӣ, ба қисмҳои маъмурӣ тақсим мешаванд,амал мекунад.

Шакли федеративӣ бошад ҳоло дар давлатҳои Аргентина, Бразилия, Венесуела, Мексика, ИМА, Иттиҳоди Австрия, Покистон, Русия, Олмон амал менамояд. Федератсия аз субъектҳо ба монади

республикаҳо, штатҳо,заминҳо ва гӯшаҳо иборат мебошад. Ҳар як субъект конститутсияи худро дорад. Дар ин намуди давлат ҳуқуқи шаҳрвандон баробар буда, пули ягона ва парламенти дупалатагӣ амал мекунад.

Конфедератсия ин шакли давлатдорие мебошад, ки ба ҳайати он якчанд давлат муттаҳид мешавандвале истиклолияти худро нигоҳ медоранд. Ин давлат ҳавзаи ягонаи ҳудуди иқтисодӣ, шаҳрвандӣ, пули ягона ва органи гумрукии умумӣ доранд. Ба ин мисол шуда метавонад мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Шветсария.

Идоракунӣ. Идоракунии монархӣ- шакли идоракуниест, ки тамоми органҳои идоракунии ҳокимият ба монанди органҳои қонунбарор, иҷроя дар дасти як шахс-монарх муттахид мешаванд.

Монархия ба ду шакл таксим мешавад: а) мутлақ (Арабистони саудӣ, Қаттар, Умон, Аморати муттаҳидаи Араб), б) монархияи конститутсионӣ-дар ин ҷо монарх маҳдуд карда шудааст, ва ба воситаи интихобот органхои давлатӣ ташаккул меёбанд(Англия, Шветсия, Испания).

Идоракунии республикавӣ. Республики ин шакли идоракуниест, ки дар он органи олии қонунбарор ба парламент ва президент тааллуқ дорад ва онҳо аз болои фаъолияти ҳукумат назорат мебаранд.

Республикаи президентӣ- президент дар як вақт ҳам сардори давлат ва ҳам сардори ҳокимияти иҷроя мебошад.(Тоҷикистон)

Республикаи парламентӣ аз республикаи президенти бо он фарқ мекунад, дар натиҷаи интихобот ҳизбҳои ғолиб органҳои олии қонунбарорро ташкил медиханд(Италия,Олмон, Ҳиндустон,Австрия, Финландия, Исландия).

Давлат вазифаҳои дохилӣ ва берунаро доро мебошад. Вазифаи дохилӣ аз барқароркунии ҳокимияти сиёсӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, қабули қарорҳо,қонунҳо, ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва

рафтори одамон,ташкил намудани оромии ҷомеа, бо ҷои кор таъмин намудан онҳо, таъмини иқтисодӣ:тартиботи муносибатҳои милию пулӣ,бонкию молиявӣ,таъмини манзил ба шаҳрвандони худ,таъмини нафақа ва ғайра иборат мебошад.

Вазифаи беруна ё хориҷаи давлат аз ҳимояи сарҳад, дахолат накардан ба муносибаҳои дохилии давлатҳои дигар, инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ, дӯстона бо дигар давлатҳо, ташкил ва инкишофи тиҷорати беруна бо мақсади таъмини иқтисодӣ иборат мебошад.

Нишонаҳо ва аломатҳои асосии давлат чунинанд:

  • мавҷуд будани ҳокимияти ошкоро. Давлат дорои аппарати идоракунӣ ва маҷбурнамои мебошад (артиш, политсия, маҳкамахо).
  • Системаи руёндани андозҳо, ҳифзи қоғазҳои қимматбаҳо ва зайёмҳо барои нигоҳ доштани таъминоти моддии аппарати давлатӣ, артиш, кувваҳои мудофиа;
  • Тақсимоти ҳудудии аҳолӣ-давлатро зарур аст аҳолиро муттахид намуда, манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоиро ба назар гирад;
  • Истиқлолияти давлат дар иҷрои муташаккилонаи вазифаҳои берунаи ва дохилаи давлат ба даст оварда мешавад;
  • Хуқуқ- қонун ва конститутсия бояд асосӣ давлат бошад;
  • Ҳуқуқи истифодаи зурӣ-давлат дар бораи ошкоро истифода бурдани қувва ва маҷбурнамоии ҷисмонӣ, имконияти маҳрум кардани шаҳрвандонро аз арзишҳои олӣ, ба монанди ҳаёт ва озодӣ дорад.

Давлат таркиби худро дорад: аз рӯи тақсимоти ҳокимият:

-системаи ташкилотҳои қонунгузор ва намояндагӣ,

-ташкилотиҳои иҷроя ва фармондиҳӣ,

-ташкилотҳои судӣ.

Аз рӯи иҷрои вазифаҳо:

– амали ташкилотҳое, ки вазифаҳои дохилиро иҷро менамоянд;

– посубонӣ ва нигоҳ доштани тартибот(политсия, суд, прокуратора):

– ба танзимандозии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ(аппарати молиявию андозситони,ташкилотҳои алоқа, нақлиёт, хизматҳои коммуналӣ);

-истеҳсолоти маънавӣ(муасисахои маориф, маданият ва ташкилотҳои иттилоотӣ.

Ташкилотҳое, ки муносибаи берунаи давлатро адо мекунанд;

-қувваҳои мусаллаҳ,

-разведка,

– ташкилотҳои муносибатҳои байни давлатӣ.

Ҳама гуфтаҳои болоро ба назар гирифта метавон гуфт, ки

«Давлат ин ташкилоти сиёсии ягонаи ҷомеа мебошад, ки ҳокимияти худро ба аҳолии територияи худ паҳн намуда, ҳукм ва қонунҳои худро дар шакли ҳатмӣ ба аҳолии худ баррасӣ намуда, дорои истиқлолият ва аппарати идоракунӣ ва маҷбурнамоӣ мебошад».

Давлат- институти асосии системаи сиёсии ҷомеа буда, аз болои фаъолияти одамон,гурӯҳҳои иҷтимоию этникӣ ва иттиҳодияҳои ҳукумронӣ менамояд.

Дар замони имрӯза ҷидду ҷаҳди бисёри мамлакатҳо ба он равона шудааст, ки давлатҳои ҳақиқатан демократӣ ва ҳуқуқӣ бунёд намоянд, чунин ақида дар конститутсияи бисёри мамлакатҳои дунё асоснок карда шудааст.

Аз ҷумла дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи раъйпурсиҳои умумихалқӣ 6 уми ноябри соли 1994 ва дар натиҷаи раъйпурсиҳои солҳои 1999 ва соли 2003 қабул шудааст. Яке аз омилҳои муҳими инкишофи давлати демократӣ истиқлолияти сиёсӣ мебошад .

Дигар омили инкишофи давлат ин интегратсияи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва фаъолшавии ҳаракатҳои миллӣ мебошад. Дар натиҷаи ин тамоюл шумораи давлатҳое, ки ба Иттиходи давлатҳои Аврупо дохил мешаванд, сол то сол зиёд шуда истодаанд(ҳоло зиёда аз 25 давлатро дар бар мегирад).

Омили дигаре, барои инкишофи давлат ин ташкили идеологияи ягона мебошад. Идеологияи ягона метавонад давлати сермиллаттаринро муттаҳид соза

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.