Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати хуқуқбунёд

 

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маънои васеъ ҳамаи он қисми муносибатҳои ҷомеаро, ки дар зери тассаруфи бевоситаи давлат ва органҳои он қарор надоранд дар бар мегирад. Нисбати пайдоши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи он назарияҳои зиёде вуҷуд дорад.

Дар давраи қадим Афлотун дар асараи худ «Давлат» баён намудааст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамон ҷамиятиест, ки дар идоракунии он шаҳрвандон иштирок меварзанд ва ин маҷмӯи одамони сиёсӣ мебошад. Ӯ асоси ҷомеаи шаҳрвандиро дар нигоҳ доштани моликияти хусусӣ меҳисобид.

Мутафаккири дигар мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандиро дар маънои ҳозирааш истифода кардааст, олими англис Т.Гоббс мебошад. Ба ақидаи ӯ ҷомеаи шаҳрвандӣ қисми таркибии давлат мебошад. Ҷ.Локк дар фарқият аз Гобсс бартариро ба давлат не, балки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ медиҳад. Ӯ бартариро ба қонун дода, қайд мекунад,ки ба он бояд ҳамаи шаҳрвандон итоат кунанд. Ж.Ж.Руссо дар бораи ҷомеаи шаҳрвандӣ ақидаашро баён карда, онро ҳамчун рафтори одамони муайян мекунад, вале моликияти хусусиро дар ташаккули ҷомеаи шахрвандӣ инкор менамояд.

Мутафаккири дигар Г.Гегел дар ақидаи он буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ берун аз давлат қарор мегирад, вале онҳо дар якҷоягӣ бо хамдигар инкишоф меёбад.

Дар ҳолате, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун дараҷаи баланди инкишофи ҷомеа дониста мешавад, ба давлат зарур аст, ки барои инкишофи минбаъдаи он бояд ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва қонунҳое қабул намоянд, ки онҳо барои ҳимояии саросарии тамоми шахрвандон

равона шуда бошанд. Аз ин лиҳоз, таъмини озодии шахс аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва дахолат накардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Омили муҳими дигар барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ин озод кардани шахрвандон аз дахолати беасоси давлат ва органҳои таъқибкунии он мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд масъалаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии одамонро низ дар назар дорад. Муносибатҳои оилавӣ, чамъиятиву иқтисодӣ, маданӣ бошанд, бояд бе дахолати давлат инкишоф ёбанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеаи шаҳрванди заминаҳои реалӣ ба вучуд омадааст. Пайдоиши ташкилотҳои ғайрихукуматӣ яке аз нишонаҳои инкишофи демократия ва чомеаи шахрвандӣ ба шумор меравад. Давлат на ҳама вақт имконият дорад, ки проблемаҳои ба амаломадаи иқтисодию иҷтимоиро саривақт ҳал намояд. Вале ташкилотхои ғайриҳукуматӣ дар ҳалли ин масалҳо кӯмаки калон мерасонанд.

Дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ инчунин нақши воситаҳои ахбори омма назаррас мебошад. Воситаҳои ахбори омма бояд моҳият, раванди ташаккул ва хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро аз ҷиҳати илмӣ ҳамаҷониба ташвиқ намоянд.

Ҳамин тариқ, чомеаи шаҳрвандӣ ин соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар он одамон озодона аз рӯи талаботи фардии худ баромад мекунанд. Мақсади ин ҷомеа худидоракунии одамон буда дар ин ҷо шаҳрвандонро на ин ки қувваи қононхо ва дастурхои давлат, балки манфиатҳои байниҳамдигарии одамон сафарбар менамояд.

Таркиби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ду система иборат мебошад:

– кулли муносибатҳои озоди байни одамон, ки бе дахолати давлат инкишоф меёбад ва онхо чунинанд; корчалонии коллективӣ ва тадқикотҳои илмии одамон; машғулиятҳои умумӣ дар клубҳо аз рӯи манфиатҳо; муносибати одамон дар оила;фаъолияти онҳо дар яке аз ҳизбҳои сиёсӣ; ташкилотхои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳо, алоқаҳои байналхақии одамон дар дараҷаи шахсӣ.

– ба таркиби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамон институтҳое дохил мешаванд, ки онҳоро муносибатҳои озодонаи байни одамон ташаккул медиҳанд (оила, моликияти хусусӣ, хоҷагӣ оилавӣ, корчаллонӣ иттиҳодияҳои гуногун, масҷидҳо, ташкилотҳои занон, ҷавонон, ҳизбҳо ва д.).

Ташаккул ва инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар як вақт бо ташаккулёбии институтҳои сиёсии давлат мегузарад. Аз ин лиҳоз , ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатӣ бо якдигар дар алоқамандии зич инкишоф меёбанд ва онҳоро аз якдигар ҷудо кардан мумкин нест.

Дар шароити режими демократӣ давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар байни худ ҳамчун шарики ҳамкор баромад мекунанд. Масъалаҳои ҷамъиятӣ бо роҳи созиш ҳал карда мешаванд. Ислоҳоти тамоми муносибатҳои чамъиятӣ дар замони ҳозира ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар қатори дигар давлатҳои пешрафта рӯ ба ҷомеаи шахрвандӣ нихад. Оиди ин масъала президенти Точикистон Э. Раҳмон чунин баён намудааст: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибату сохтори байнишахсӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ, иктисодӣ ва фарҳангӣ буда, дар ҷомеа бе дахолати бевоситаи давлат ва берун аз сохтори давлат инкишоф меёбад ва барои демократии, ҳуқуқу озодиҳои шахсият ва ҷомеа

шароит муҳайё мекунад».1

1Э.Ш.Раҳмонов. Маъсулият барои фардои миллат.Душанбе,2003 с.36.

Асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон асоснок карда шудааст. Тоҷикистон давлати демократию ҳуқуқӣ мебошад ва ин кафолат медиҳад, ки ҳавзаи ягонаи иқтисодӣ, ҳаракати озодонаи мол, маблағҳои молиявӣ ва фаъолияти иқтисодӣ инкишоф ёбад. Барқароршавии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар назар дорад, ки на танҳо ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ҷавобгарии шаҳрвандон, суди мустақил, прокуратура, қонунгӯзорӣ такмил дода шавад. Устувории иқтисодию, сиёсӣ барои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳатмист.

Дигар тағироте, ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа дида мешавад ин ташаккулёбии давлати ҳуқукӣ мебошад.

Давлати ҳуқуқӣ давлатест, ки бо қонунхо асос ёфтааст, ҳуқуқу озодихои шаҳрвандонро ҳимоя менамояд.

Давлати ҳуқуқӣ дар асоси чунин принсипҳо асос ёфтааст:

– волоияти қонун ва умумӣ будани қонунҳо дар ҷомеа;

– характери ҳуқуқӣ доштани худи қонун;

– афзалияти ҳуқуқ ва озодии шаҳс;

– масъулияти давлат дар назди шахс ва шахс дар назди давлат;

-қонунӣ будани ҳокимият ва ҷамъият;

– тақсимоти ҳокимият.

Яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқи ин тақсимоти дурусти ҳокимият ба қонунбарор, иҷроя ва судӣ буда, талаб карда мешавад, ки вазифаҳои ин ҳокимиятҳо омехта нагарданд. Ҳатмӣ будани волоияти қонун низ нишонаи давлати ҳуқуқӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, давлати ҳуқуқбунёд ё ҳуқукӣ ин давлати демократие мебошад, ки асоси онро ҳуқук ташккил намуда, волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун, ки химоятгарӣ хуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳисобида мешавад, тақсими дурусти ҳокимият ва вазифахои нишонахои асосии он ба шумор меравад. Вазифаҳои давлати хуқуқӣ таъмини талабу манфиатҳои иқтисодӣ , иҷтимоӣ , сиёсӣ ва маданӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон мебошад.

test

Добавить комментарий