Демократия ва хелҳои падидгардии он

 

Азбаски мо дар ҷомеаи демократии ҳаёт ба сар бурда истодаем ба мо лозим аст, оид он маълумотҳо лозимиро дошта бошем. Алахусус ба ҷавононе, ки қадамҳои аввали худро барои сохтани ҷомеа мегузоранд. Нофаҳмиҳои зиёди мафҳум «демократия» ва ҷомеаи демократӣ метавонад ин қисми аҳолии давлатро ба хатокориҳо барад. Аз ин лиҳоз мо тасмин гирифтем то як дараҷа оиди ин мавзӯъ маълумотҳои аниқ ба донишҷуён пешниҳод намоем.

Мафҳуми «демократия» мафҳуме мебошад, ки диққати аҳли башарро ба худ ҷалб намудааст. Решаи он юнонӣ буда маънои ҳокимияти халқиро дорад. Демократия ҳамчун шакли сохтори давлатию сиёсии ҷомеа, ки халқро ба сифати манбаи ҳокимият эътироф менамояд ва ба принсипҳои баробарӣ асос ёфтааст амал менамояд. Мафҳуми «демократия»-ро инчунин нисбат ба ҳаёту фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти институтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳамаи қувваҳои истифода менамоянд. Донистани марҳилаҳои таърихии ташаккулёбӣ ва инкишофи демократия аз ахамият холи нест. Илми сиёсатшиносии муосир ин марҳилаҳоро ҳар хел пешкаш менамояд ва мо ҳамонашро пешкаш менамоем, хусусиятҳои муайяни худро дорад:

а) Назарияи демократияи антиқа. Ин назария аввалин маротиба аз тарафи Герадод дар асри У пеш аз эраи мо пешкаш шудааст Баъдтар аз тарафи Арасту ва Афлотун инкишоф ёфтааст. Ба ақидаи Арасту одамон ба дунё озод меоянд, озодона фаъолият менамоянд ва идоракунии корҳои давлатӣ иштирок менамоянд. Афлотун бошад чунин ақида баён намудааст «Демократия сохтест, ки дар он ҳар ки

чи ки мехоҳад ба амал мебарорад»;

б) Назарияи классикии демократияи замони нав. Ин назария низ ба назарияи антиқа наздики дорад. Яке аз хатоҳои ҷиддии намояндагони ин назария он аст, овози ратсионалиро (ақлиро) дар инсон баҳои баланд мегузоранд. Онхо он, ки инсон метавонад дар зери таъсири ин ё он ҳодиса метавонад ақидаи худро, фаъолияти худро дигар намоянд.

в) Назарияи шумпетрии демократия. Ин назария ҳоло назарияи элитарии демократия шуморида мешавад. Асосгузори он яке аз сотсиологони машҳури Австрия Иозеф Алоиз Шумпетер(1883-1950)мебошад. Ӯ ба элитаи ҳукумрон баҳои баланд дода, онҳоро ҳамчун намояндаи халқ баҳо медиҳад. И.Шумпетер нишон доданӣ мешавад, ки оммаи мардум аз он сабаб аз раванди сиёсӣ дур шудааст, ки қобилияти зарурии сиёсатофарӣ надорад. Оммаи мардум амали мушаххасеро иҷро карда наметавонад. Дар доираи ҳар гуна ташкилот ва муассисаҳои сиёсӣ қарорро доираи маҳдуди одамон қабул менамоянд ва онро воқеӣ мегардонанд. Ҳангоми қабули қарор ва амалшавии он бештар нақши сарвари ғаирирасмӣ калон аст. Ӯ ин равандҳоро таҳлил намуда ба чунин хулоса меояд: Демократия дар ҳеҷ сурат идоракунии халқ нест. Методи демократӣ системаҳои чорабиниҳои институтсионалие мебошад, ки ба воситаи онҳо индивидҳо ҳокимиятро ба даст меоранд ва он дар натиҷаи муборизаи рақибон барои овози халқ ба амал меояд. Дар ин ҳолат ба зиммаи халқ иҷрои ду вазифа мемонад: интихоби сарварони сиёсӣ, роҳбарияти сиёсӣ ва иваз намудани онҳо. Ин амалҳо ба

воситаи интихобот гузаронида мешаванд.

Назарияи демократияи сотсиалистӣ- ин таълимот характери синфӣ дошта, моҳияти он дар иродаи синфӣ ҳукумрон инъикос меёбад. Ин назария ба равия тақсим мешавад: ортодоксалӣ ва ислоҳотчигӣ. Асосгузорони равияи ортодоксалӣ К.Маркс, Ф.Энгельс ва В.И. Ленин башумор мераванд. Тарафдорони назарияи демократии ислоҳотчигӣ Э.Бернштейн ва К. Каутский мебошад. Ба ақидаи ортодоксалон демократияро фақат ҷомеаи сотсиалистӣ таъмин

карда метавонад. Ислоҳотчиён демократияро ҳамчун созиши

байни одамон асоснок карда, манфиатҳои шахсро бо манфиатҳои ҷомеа вобаста мекунанд.

Назарияи плюралистӣ (гуногунандешии) демократия- демократияро раванди сиёсиро на ҳамчун баҳамтаъсиррасонии индивидҳо, балки баҳамтаъсиррасонии гурӯҳҳо ва манфиатҳои гурӯҳӣ меҳисобад. Ин консепсияро Артур Бентли ба тартиб овардааст. Мувофиқи он мақсади давлатро бояд оштидиҳӣ ва ҷалб сохтани манфиатҳои гурӯҳӣ дар раванди сиёсӣ ташкил диҳанд. Чунки ҳар як гуруҳ аз рӯи манфиатҳои худамал менамояд.

Назарияи партисипатории(иштирок намудан) демократия – намояндагони ин назария иштироки халқро дар қабули қарорҳо ҳатмӣ мешуморанд.

Назарияи плебиссиитарии дохигарии демократия– Асосгузори он М. Вебер буда асос ва моҳияти демократияро дар муйян намудани тартиботи назорат аз рӯи дастгоҳи бюрократӣ мешуморид. Ин сарварии сиёсиро ба сифати доҳигарӣ маънидод менамояд.

Демократия бо шаклҳои репрезентивӣ ва партисипаторӣ дар ҷомае амалӣ мегардад.

Дар шакли репрезентивӣ халқ ҳамчун намоянда дар идоракунии давлат иштирок мекунад. Ин шакл татбиқи худро фақат дар идоракунии парламентӣ ёфта метавонад, ки ин ситемаи идоракунӣ дар тақсимоти хокимият асос ёфтааст, ки волояти ҳокимияти парламент ва фиристодагони аз ҳавзаҳои интихобшуда асоси идоракунии парламентиро ташкил менамоянд. Шакли партисипаторӣ баракси шакли репрезентивӣ муқобили иштироки

халқ дар идоракунии давлат мебошад вале арзишҳои инсонро баланд мебарорад. Шаҳрвандон дар интихоби намояндагони худ иштирок менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки тарафдорони ҳамаи шаклҳо ва намудҳои демократия дар он, ки нишонахои демократия чунинанд:

– эътироф намудани халқ ҳамчун манбаи ҳокимият дар давлати соҳибистиқлол,

– баробарҳуқуқии шарвандон,

– тобеъияти ақаллият ба аксарият дар вақти қабули қарорҳо ва иҷрои онҳо,

– интихобӣ будани органҳои асосии давлат.

Демократия дорои принсипҳои худ мебошад. Яке аз ин принсипҳо принсипи аксарият мебошад. Он бо ду роҳ амалӣ мегардад: намояндагӣ ва бевосита. Демократияи бевосита дар вақти гузаронидани интихоботҳо ва раъйпурсиҳо истифода мешавад. Бартарии демократияи намояндагӣ дар он аст, ки ба органҳои давлатӣ ва қонунбарор шахсони баландихтисос ва касбӣ интихоб карда мешавад ва онҳо имконият доранд, ки қонун ва қарорҳои қабулшударо ҳаматарафа омӯзанд, таҳлил намоянд ва қабул кунанд.

Асоси фаъолияти давлатӣ демократии ҳуқуқбунёдро принсипи конститутсионалистӣ ташкил менамояд. Мувофиқи он меъёрҳои ҳуқуқи новобаста ба ивазшавии ҳизбҳо ва рохбароне, ки дар сари ҳокимият буданд, ҷомеаи демократии фаъолияташро қатъ накарда, давом медихад.

Принсипи дигар бисёрхизбӣ мебошад, ки дар он хамаи хизбҳо

шароити якхела доранд, ки интихобкунандагонро ба тарафи худашон муттаҳид мекунанд ва барои ба даст овардани чойхо ба органхои намояндагии давлат мубориза мебаранд.

Яке аз принсипҳое, ки нақши муҳим дар ҷомеаи демократии мебозад, принсипи интихоботи озод мебошад. Дар ин ҷо махсусан шаҳрвандон иштироки озодона дар интихобот бе фарқиятҳои этникӣ, нажодӣ, динӣ доранд.

Хулоса, демократия системаи сиёси ва иҷтимоиеро меноманд, ки то бо дараҷаи камтарини фарқиятҳои иҷтимоиеро меноманд, ки то бо дараҷаи камтарини фарқиятҳои иҷтимоӣ ва иктисодӣ оварда расонад ё демократия ин шакли идоракуние мебошад,ки ҳокимияти аксарият ба воситаи ҳуқуқи конститутсионӣ амалӣ мегардад ва ба ҳамаи шаҳрвандон озодии пурраи сухан ва виҷдон дода мешавад.

Ҷумхурии Тоҷикистон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба бунёди ҷомеаи демократӣ пардохт, ва ин марҳилла хеле душору мараккаб буд. Аввалан Тоҷикистон ба гирдоби пурпечутоби сахти сиёсӣ ворид гашт. Қадами инкишофдиҳадаи ҷомеаи демократии ин қабули Конун ё конститутсияи ҶТ буд. Дар он Тоҷикистон ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ,ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон карда шуд.

Чунин рукн ва меъёру принсипҳои демократия- озодиҳои фитрии

инсон, баробарии соҳибихтиёрӣ, интихоботи будани мақомоти олӣ, раъйпурсӣ ( референдум) ,баробархуқуқии ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои

оммавӣ дари ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳукми қонун дароварда шуд.

Пойдори ҷомеаи демократӣ ин тақсимоти дуруст ва риояи вазифаҳои ҳатмии ҳокимиятҳои қонунбарор, иҷроя ва судӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон риоя мувофиқи қонун карда мешавад.

Умуман, Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд

буда ба он меҳнати фидокоронаи халқ ва сарвати он асоси икишоф ва пешравӣ ба ҳисоб меравад.

Системаи интихоботӣ нақши муҳими худро дар ҷомеаи демократии ишғол мекунад. Интихобот ғайр аз органҳои давлатӣ инчунин дар дигар ташкилотҳо, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кооперативҳо, ҷамъиятҳои аксионерӣ гузаронида мешавад.

Интихобот ягона механизмест, ки тавассути он шахс ҳамчун манбаи ҳокимият имконият пайдо мекунад, ки мустақилона ба воситаи овоздиҳӣ мавқеашро муайян намояд. Дар ҳолати интихботи умумӣ ҳар як шаҳрванд хуқуқ пайдо мекунад, ки озодона дар интихобот иштирок намояд ва ба ҳокимият таъсир расонад.

Системаи интихоботӣ кулли қоидаҳо, принсипҳо ва воситаҳое мебошад, ки қонун муайян намудааст ва ба воситаи онҳо натиҷаи овоздиҳӣ ва ваколатҳои депутатӣ муайян карда мешавад.

Системаи интихоботии демократӣ аз чунин шаклҳо иборат мебошад: Системаи мажоритӣ яке аз шаклҳои асосии ситемаи интихоботӣ буда, аслан ба принсипи аксарияти овозҳо асос ёфтааст. Дар ин система интихобшуда ҳамон номзаде дониста мешавад, ки аксарияти овозҳои интихобкунандагонро гирифта бошад.

Системаи интихоботии таносубан то як дараҷа камбудиҳои системаи интихоботии мажоритиро оиди гирифтани овозҳо ва ҷоиҳои депутатии ҳизбҳо аз байн мебарад. Мувофиқи ин система дувоздаҳ давлати Европа истифода мебаранд. Ба гайри Англия ва

Фаронса.

Системаи интихоботии омехта ҷихатҳои бехтарин ва бадтарини системахои мажоритӣ ва таносубиро бо якдигар якҷоя менамояд. (Русия ва Олмон)

Гузаронидаи интихобот чор давраро дар бар мегирад:

а) давраи ташкилии гузаронидани интихоботҳо,

б) давраи пешнтходи номзадҳо ва қайди онҳост,

в) давраи ташвиқоту тарғибот,

г) давраи овоздиҳӣ ва ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ.

Гузаронидани интихобот дар Тоҷикистон. Яке заминаҳои объективӣ қабули қонунҳои конститутстонии Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олӣ» ва «Дар бори интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» шуда метавонад,ки Иҷлосияи У1 Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таърихи 10 декабри соли 1999 кардааст. Мувофиқи қонуни интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 нафар барои интихоб шудан ба Маҷлиси намояндагон муайян карда шудааст. Аз тарафи дигар қонун системаи омехтаи интихоботро муқаррар кардааст: 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандата ва 22 нафар аз ҳизбҳои сиёсӣ депутат интихоб мешаванд.

Депутатҳои интихобшуда ҳуқуқ доранд, ки дар паламент гурӯҳҳо ва

фраксияҳои ҳизбӣ ташкил намоянд ва вазифаҳои ҳизбии худашонро ба воситаи таълиф ва қабули қонунҳо иҷро намоянд. Парламенти Тоҷикистон имруз аз ду палата; палатаи болоӣ-Маҷлиси миллӣ ва палатаи поёнӣ-Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.

Маҷлиси Миллӣ аз 33 аъзо иборат аст, ки 8 нафари онҳо аз ҷониби Президент таъин ва 25 нафари дигар аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда мешаванд. Номзадҳо бояд ба сини 35 солагӣ расида, соҳиби маълумоти олӣ ва даҳ соли охир шаҳрванди Тоҷикистон бошанд. Номзадҳо бо роҳи овоздиҳии махфӣ дар Маҷлиси якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии махаллӣ интихоб мешаванд.

Хулоса, гузаронидани интихоботҳои демократӣ ва озод яке аз рукнхои муҳими демократия буда, барои ташаккули ҷомеаи шахрвандӣ заминаи муҳими сиёсӣ мегузоранд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.