Ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар системаи сиёсии ҷамъият

 

Дар системаи сиёсии ҷомеа дар қатори унсурони дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва системаҳои ҳизбӣ мақом ва нақши махсуси худро доранд.

Онҳо яке шаклҳои фаъоли ташкилотҳои оммавӣ-сиёсӣ ба шумор мераванд, ки ҳимояи манфиатҳои сиёсии гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ ва синфиро ба ҷо меоранд.

Мафҳуми ҳизб аз калимаи лотинӣ «Patjs» гирифта шуда, маъноящ қисм ё гурӯҳ мебошад. Ҳангоми омӯзиши раванди ташаккулёбии ҳизбҳои сиёсӣ ва марҳилаҳои инкишофи он чунин мархилабандиро, ки М.Вебер нишон додаст ва сиёсатшиносон онро пазируфтаанд вохурдан мумкин аст: а) кружокҳои аристократӣ, б) клубҳои сиёсӣ в)ҳизбҳои оммавӣ.

Кружокҳои аристократии либералҳо(вигаҳо) ва консерваторон(ториҳо) дар ниммаи дуюми асри ХУ11 ташаккул ёфта буданд. Аввалин клубҳои сиёсӣ бошанд, дар солҳои 30-юми асри Х1Х пайдо гаштанд. Ин клубҳо низ дар Британияи Кабир пайдо гаштанд.

Ҳизбҳои оммавӣ ба таври оммавӣ таъсир расонидан ба одамон, институтҳои сиёсии ҷомеа ва ҳодисаҳои дигари ҳаёти сиёсиро на танҳо дар давраи маъракаҳои интихоботӣ, балки берун аз онҳо, дар ҳаёти муқаррарӣ низ вазифаи муҳим ва бевоситаи фаъолияти худ медонанд. Дар таърихи ҳаракатҳои сиёсӣ ҳизбҳое вуҷуд доштанд, ки дар замон аз ҳизбҳои оммавии европоӣ қадимтаранд. Масалан, федералистон дар зери таъсири А.Гамильтон ва демократҳо- республикачиён, дар зери роҳбарии Т. Ҷефферсон дар замони ҳукмронии Ҷ.Вашингтон(1789-1797) ба сатҳи ҳизби сиёсӣ расида буданд.

Хамин тариқ, ҳизб ин ташкилоти сиёсии гурӯҳи одамон буда, мақсади асосии он мубориза барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. Ё ба тариқи дигар, ҳизби сиёсӣ иттифоқи ихтиёриест, ки ба алоқаҳои идеологӣ асос ёфта,мақсади ба даст овардани ҳокимиятро дорад.

Ҳизбҳо шаклҳои гуногуни вазифаҳоро иҷро мекунанд ва ин вазифаҳоро ба панҷ гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: иҷтимоӣ, идеологӣ, сиёсӣ, идоракунӣ ва электориалӣ(интихобкунанда).

Дар замони муосир шаклҳои гуногуни ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд доранд. Онҳо аз рӯи хусусиятҳои худ ба ҳизбҳои кадрӣ ва оммавӣ; аз рӯи характери рафтор дар ҷомеа ба демократӣ, тоталитарӣ: аз рӯи мақом дар системаи сиёсӣ ба ҳизбҳои ҳукмрон, мухолифин; аз рӯи ақида ва характери инкишофи ҷомеа ба ҳизбҳои эволютсионӣ(таҳаввулӣ), ислоҳотчигӣ,инқилобӣ,радикалӣ; аз рӯйи равияи идеологӣ ба ҳизбҳои рост(кеонсервативӣ, либералӣ) ва чап (сотсиалистӣ, коммунистӣ ) ҷудо мегарданд. Дар замони ҳозира аз ҳама ҳизбҳои инкишофёфта ҳизбҳои кадрӣ(элитарӣ) ва оммавӣ мебошанд. Онҳо аъзои доимӣ надоранд ва ҳамчун клуби сиёсӣ амал мекунанд. Аъзоёнаш маълумотнок, дар мансабҳои аппарати ҳокимияти давлатӣ адои вазифа менамоянд ва дар иқтисодиёту сиёсати давлатӣ мақоми пешбарандагиро мебозанд.

Ҳизбҳои оммавӣ баръакси ҳизбҳои кадрӣ сершуморанд, аз ҷиҳати ташкилӣ хеле мустаҳкаманд. Ҳаққи аъзогӣ месупоранд, фаъолияти доими доранд ва вазифаҳои иҷтимоӣ, идеологиро мунтазам мебаранд.

Аз рӯи характери рафтори сиёсӣ се шакл: демократӣ, тоталитарӣ ва авторитарӣ вуҷуд доранд. Мақсади ҳар яке он ба даст овардани ҳокимият ва мустаҳкам намудани мақомотҳои худ мебошад.

Зарурияти пайдо шудани ҳизбҳои сиёсӣ бо раванди дигаргунсозиҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсие, ки дар ҷомеаи тоҷикон баъди солҳои 90-уми асри ХХ ба амал омадааст, вобаста аст. Дар ҳамин асос, дар ҷомеа имрӯз қувваҳое ба вуҷуд омаданд, бо мақсадҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавию идеологии худ баромад мекунанд.

Барои ташаккули системаи бисёрҳизбӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» (аз декабри соли1990) ва ба расмият даровардани онҳо қабул карда шуд. Қонунҳо ба шаҳрвандон имконият доданд, ки аз ҳуқук шаҳрвандони худ пурра истифода баран два манфиатҳои умумии худро ба воситаи ҳизбҳои сиёсӣ ифода намоянд.

Моҳи марти соли 1990 мувофиқи моддаи 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ дар бораи роли пешбарандагии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравиро бекор карда буд. Дар ҳамин давра дар Тоҷикистон ҳизби Демократии Тоҷикистон(10 августи соли 1990) ташкил ёфт. Суди Олии Ҷумҳурӣ 21 июни соли 1993 фаъолияти ин ҳизбро манъ намуд, вале моҳи июни соли 1993 дар Афғонистон Иттиҳоди Муттаҳидаи мухолифин ташкил шуд, ки ҳизби демократии Тоҷикистон ва ҳизби наҳзати ислом ба он дохил гаштанд.

Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон 6 октябри соли 1990 ба сифати шӯбаи Ҳизби умумииттифоқии наҳзати ислом ташкил карда шуд. Баъди истиқлолияти миллӣ ба даст овардани Тоҷикистон Вазорати адлия Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти ҷумхуриявӣ 4 декабри соли 1991 ба қайд гирифта буд. Моҳи июни соли 1993 Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро барои вайрон кардани Конститутсия ва қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ кард. Баъдтар соли 1999 Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қарорро бекор намуд.

Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ки пеш дар ҳайати ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, 4 сентябри соли 1991 бо қарори пленуми Комитети Марказии Ҳизби коммунистӣ аз ҳайати он баромад ва ҳизби мустақил эълон карда шуд. Соли 1993 Ҳизби халқии Тоҷикистон ташкил ёфт. Аз моҳи июли соли 1997 номи он ба Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Мохи ноябри соли 1995 ҳизби Адолатхоҳи Тоҷикистон, июни соли 1996 ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил шуданд.

Нақши муҳимро дар инкишофи минбаъдаи ҳизбҳои сиёсӣ Қонуни нави Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки мохи ноябри соли 1988 қабул шудааст, бозӣ мекунад. Мувофиқи он ҳар як ҳизб ҳақ дорад, ки номзадҳоро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ пешниҳод намояд, дар гурӯҳҳои доимӣ ва муваққатии вакилон муттаҳид шавад, дар мақомоти намояндагӣ ва дигар иттиҳодияҳо иштирок намояд, дар бораи фаъолияти худ маълумот пешниҳод намояд, мақсаду вазифаҳои худро тарғибу ташвиқ кунад, нашрия ва аз воситаҳои ахбори оммаро истифода барад, ҷаласаҳо , гирдиҳамоиҳо , намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

Таҳлил нишон медихад , ки дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳо ба се гурӯҳ тақсим мегарданд: якум ҳизбҳое, ки шиори либераливу демократии доранд ва чомеаро ба сӯи демократия ва иқтисодӣ бозорӣ мебаранд. Дуюм , ҳизбҳое, ки Тоҷикистонро ба сӯи ҷомеаи исломи мебаранд. Сеюм, ҳизбҳо мебошанд, мақсади аз нав барқарор намудани ҷомеаи сотсиалистиро доранд.

Ҷиҳати фарқкунандаи ташкилотхо аз ҳизбхои сиёсӣ дар он аст, ки онҳо барои ба даст овардан ҳокимияти сиёсӣ мубориза намебаранд. Вазифаи ташкилот ва ҳаракатҳои оммавӣ он аст, ки онҳо дар сохтумони давлатӣ, хочагӣ ва иҷтимоию маданӣ ҳиссаи калон мегузоранд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ин иттиҳоди ихтиёрии шаҳрвандон буда, онҳо дар асоси манфиатҳои умумӣ аз поён то боло структураи мустаҳками аъзои алоҳида ва коллективӣ доранд.

Ба ташкилотҳои оммавӣ иттифоқҳои касаба, иттифоқи корчалонҳо, кооперативҳо, ташкилотҳои ҷавонон, занон, собиқдорон, иттифоқи эҷодкорон дохил мешаванд. Ин ташкилотхои фаъолияташон маҳаллӣ, минтақавӣ, умумидавлатӣ ва байналхалқӣ мебошад.

Ҳаракатҳои оммавӣ ин ҳаракатҳое мебошанд, ки ба монанди ташкилотҳои ҷамъиятӣ структураи ташкилӣ ва аъзои доимӣ надоранд, вале шаҳрвандон дар онҳо муттаҳид гашта, бо мақсадҳои сиёсӣ баромад мекунанд.

Шаклҳои ҳаракатҳои оммавӣ гуногунанд: ҳаракатҳои зидди ҳарбӣ, экологӣ, занон,ҷавонон,ҳаракатҳои наҷотӣ ва баробарии миллӣ, ҳаракатҳо оид ба ҳимояи истеъмолкунандагон, динӣ ва ғаира.

Вобаста ба сохти ҷомеа ҳаракатҳои оммавӣ ба инқилобӣ, консервативӣ, реаксионӣ, аз рӯи амал ба зӯроварӣ ва гайри зуроварӣ ҷудо мешаванд.

Дар мамлакатҳои тараққикардаи Ғарб гурӯҳӣ лоббистон вуҷуд дорад ва ба штати мутахассисони баландихтисос дохил мешаванд, ки онҳо маълумотҳои заруриро ҷамъ оварда, органҳои ҳокимияти давлатиро маҷбур месозанд, ки ба фоидаи гурухҳои манфиатдор қарорҳо қабул намоянд. (Чунин гуруҳҳои редери низ дар Россия вуҷуд доранд.) Дар бисёр мавридҳо онҳо нақши миёнаравро дар байни гурӯхҳои манфиатдор ва ходимони сиёсӣ,намояндагони органхои қонунбарор, аъзои ҳукумат бози мекунанд, ки дар натиҷа ба қабули қарорҳои сиёсии ҷомеа таъсири калон мерасонанд.

Аввалин кадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳи мустақилият ва ба даст овардани истиқлолият мебурд қабули қонуни забон, ки соли 1989 рӯзи 22 июл қабул карда шуда буд. Алббата ин конун дар байни гуруҳҳои этникии ҷумҳури норозигиҳои зиёде овард. Аз ин лиҳоз дар ҷумҳурии пайдошавии ва ташаккулёбии ҳаракатхои оммавӣ-сиёсӣ авҷ гирифтанд. Аввалан клуби «Рӯ ба рӯ» таъсис ёфт, ки мавзӯи баҳси асосии он баҳсҳои сиёсӣ буд. Солҳои 1989-1990 клубҳо ва маҳфилҳои «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд», «Дирафши ковиён», «Таҷдид» ҷумбишҳои ва созмонҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Курӯши Кабир», «Суғдиён» , «Ваҳдат» , «Пайванд» таъсис ёфтанд. Баъдтар созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳамдилон», «Меҳри Хатлон», «Ҳисори Шодмон», «Истравшан», «Зарафшон» ташкил шуданд, ки аз як тараф манфиатхои аҳолиро пуштибони намоянд, аз тарафи дигар иғвоҳои махалгароиро меафзӯданд. Соли 2001 дар баромади худ Президенти ҶТ Э. Раҳмон фаъолияти онҳоро зери танқид гирифта хатари ин равандҳоро гуфта гӯзашт. Созмони нав «Фронти халқии Тоҷикистон» соли 1992 бо мақсади барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ ташкил гашт, то мохи апрели соли 1993 вазифахои худро ба пуррагӣ иҷро намуда, пароканда карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки хизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳо, созмонхо ва харакатҳо метавонанд дар инкишофи чомеа нақши хуберо иҷро намоянд ва баръакс онхо нақши ба вайроншавии ҷомеа оварда расониданро низ бозӣ мекунанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.