Шахсият дар соҳаи сиёсат

 

Масъалаи муносибати инсон ва ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарин шуморида мешавад, чунки инкишофи ҷомеа аз вобастагӣ дорад. Пеш аз он, ки ин масъаларо омӯзем бояд мо донем, ки ин мафҳумҳо чиро дар бар мегиранд. Аввалан онҳо баробарқимат нестанд. Баъдан мафхуми «инсон» биосотсиологӣ мебошад, чунки инсон дар як вақт ҳам ҷузъи ҷомеа аст ва ҳам ҷузъи табиати зинда. Ҷомеа низ яке аз қисмҳои табиат аст. Фарқияти ҷомеа аз дигар ҷузъиётҳои ҷомеа дар он аст, ки он аз одамон таркиб ёфтааст.

Инсон ё шахс яке аз омилҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ буда, ҳамчун субъекти муҳими сиёсат қодир аст, ки давлат, ҳизбҳо,ташкилотҳои оммавӣ ва дигар ҳаракатҳои сиёсиро ташаккул ва инкишоф диҳад.

Аввалан назарияҳои либералӣ дар бораи мақоми шахс пайдо шудаанд, ки вобаста ба он фикру андешаҳо дар бораи пайдоиши давлат низ тағйир ёфтаанд. Мувофиқи ақидаҳои мутафаккирони европоӣ давлат ин маҳсули идеяҳои илоҳӣ набуда, балки натиҷаи бастани шартномаи дар байни одамони озод мебошад. Дар ҳамин замина бояд фаъолияти давлат дар асоси қонунҳо инкишоф ёфта, он ба манфиати ҷомеаву инсон равона карда шавад. Махсусан ин дар давраи Эҳё ва Маорифпарварӣ ҳамаҷониба инкишоф ёфта буд, ки минбаъд асоси ин таълимотро бунёди давлати ҳуқуқӣ ташкил дод.

Дар инкишофи таълимот дар бораи мақоми шахс ҳамчун субъекти сиёсат. Таълимоти К.Марк низ аҳамияти калони илмӣ ва назариявӣ дорад. К.Маркс қонуниятҳои инкишофи ҷамъиятро ҳамаҷониба омӯхта, асосҳои объективӣ ва субъективии шахсро вобаста ба база ва таҳкурсии ҷамъиятӣ дар давраҳои муайяни инкишофи таърихӣ чунин тавзеҳот додаст: а) муносибати шахсӣ, б) муносибати вобастагии шахс аз молу ашё, в) муносибати фардҳои озод.

Муносибати вобастагии шахсӣ- ин намуди муносибат ба ҳамаи шаклҳои токапиталистӣ тааллуқ дорад. Дар ин шакл шахс дар доираи муайяни алоқаҳои ҷамъиятӣ ҷойгир мебошад. Шахс ва вобастагии ӯ аз молу ашё- инкишофи муносибатҳои истеҳсолии капиталистӣ шаклҳои шахшудаи иҷтимоиро шикаст ва дар натиҷа мехнати маҷбурӣ аз байн рафт, ки он яке аз сабабҳои озодшавии шахс гардид.

Муносибати шахсони озод, ба вуҷуд овардани шароити моддӣ ва маънавӣ, озод намудани шахс аз ҷаҳолати то капиталистӣ яке аз муваффақиятхои ҷамъияти капиталистӣ нисбат ба шахс мебошад.

Таълимот дар бораи ҳуқуқи инсон таърихи дуру дароз дошта, аз давраи муборизаҳои озодихоҳона, пайдошавии судҳои байналхалқӣ, инқилобҳои буржуазӣ сарчашма гирифтааст.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10 декабри соли 1948 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст, дар бораи инсон ва мақоми он дар ҷомеаъа диққати ҷиддӣ додаст. Дар моддаи 1 эъломия зикр шудааст, ки тамоми одамон аз нигоҳи шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Доир ба хуқуқи инсон Созмони Миллали Муттаҳид, инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои дигар ба монанди: «Эъломияи ҳуқуқи кӯдак»(с.1959), «Эъломия дар бораи барҳам додани ҳама гунна шаклҳои тоқатнофарсои поймолкунии ҳуқуқ»( с.1981), «Эъломия дар бораи ҳуқуқ барои инкишоф»(с.1986), ба тавсиб расида, инчунин барои ҳифзи инсон: «Акти ҷамъбастии Маҷлиси бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Европа»,ки дар шаҳри Хелсинки баста шудааст, аҳамияти калони сиёсӣ доранд.

Дар дебочаи Конститутсияи Ҷумхури Точикистон қайд шудааст, ки мақсади қабули Сарқонун, аз ҷумла, муқаддас шуморидани озодӣ ва ҳуқуқи шахс мебошад. Мазмун ҳолати ҳуқуқии инсон аз ҳама бештар дар ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, ки бештар дар ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, ки қонунгузории Тоҷикистон муқаррар кардааст, ифода меёбанд. Барои мисол, боби 2, Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон бахшида шудааст,ки аз 33 модда ибора мебошад. Ба ин гурӯҳ ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дохил мешаванд. Ҳар қадар ки мохияти иҷтмоии шахс ва ҳуқуқу вазифаҳои он новобаста ба он, ки ба кадом синф, табақа, гурӯҳи иҷтимоӣ ва миллату халқ тааллуқ дорад, баланд бардошта шавад, то ҳамон дараҷа фаъолияти меҳнатию сиёсии онҳо баданд мегардад.

Масъалаи дигаре, ки ба ҳуқуқ ва озодии шахс таъсири калон мерасонад- ин масъалаи таъмини ҳуқуқ ва озодии сиёсии шахс мебошад. Дар моддаи 13 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар навишта шудааст: «Ҳар инсон ҳақ дорад, ки озодона тағйири макон кунад ва дар ҳудуди ҳар давлат маҳалли зист ихтиёр кунад»1 ё «Ҳар одам ҳуқуқ дорад, ки ҳар кишвар, аз ҷумла кишвари худро тарк кунад ва ба кишвари худ бозгардад»2.

Дар қатори ҳукуқҳои сиёсӣ озодии шахс, инчунин ҳимояи манфиатҳои худи шахсро дохил кардан мумкин аст. Ба қатори воситаҳои ҳимояи ҳуқуқхои инсон, ҳуқуқ барои ҳимояи судӣ аз суйиқасду поймол кардани шаъну шараф, зиндагии оромона, ҳаёти шахсӣ ва ҳимояи молу мулки инсон; ҳуқуқи ситонидани ҷарима барои ноҳакталаю тороҷ кардани молу мулки шахси ҷабрдида аз шахсони алоҳида ва ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ дохил мешаванд.

Ҳуқуқҳои сиёсии инсон ба чунин намудҳо тақсим мешаванд:

– ҳуқуқи тобеъияти инсон ба давлат(ҳуқуқи шаҳрванд будан ва тағйири он, ҳуқуқ ба тарки ватан);

– ҳуқуқ ба манфиатҳои қонунӣ, ки аз принсипи баробарии шаҳрвандон дар назди қонун бармеояд;

– ҳуқуқи иштирок дар корҳои ҷамъиятию давлатӣ, ки ба структураи он дохил мешаванд;

– ҳуқуқи интихоботӣ; иштирок дар райъпурсиҳою интихоботҳо;-иштирок дар гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва маҷлисҳо;

– ҳуқуқи озодии виҷдон, фикр ва ақида;

– хуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳо ва баромадан аз онҳо.

« Ҳуқуқи инсон» мафхумест, ки табиати иҷтимоию синфии ҷомеаро таҷассум менамояд. Моҳияти ҳуқуқи шахсиятро мухайё намудани давлат имкониятҳоеро ташкил медиҳад, ки неъматҳо ва сарватҳои ҷамъиятӣ истифода бурда мешаванд.

Шахс фақат дар ҷомеаи демократӣ субъекти ҷомеа ҳисобида мешавад, чунки имкониятҳои зиёдеро доро мебошад. Дар ҷомеаи тоталитарӣ ва авторитарӣ , ки

ҳаёти ҷамъиятӣ характери регламентарӣ доранд, имкониятҳои шахс барои иштирок варзидан дар хаёти ҷамъиятӣ маҳдудтаранд. Дар ин ҳолат шахс на ҳамчун субъект, балки ҳамчун объект баромад мекунад.

Маҷмӯи ҳуқуқҳои иҷтимоии одамонро чунин ҷиҳатҳо ташкил медиҳанд: ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ. Ҳуқуқҳои маънавии шахс, ҳангоми истифодаи дастоврдҳои фарҳангӣ амалӣ мешаванд. Сарватҳои маънавӣ ба тамоми аъзоёни ҷомеа тааллуқ доранд ва одамон бояд дар истифодаи онҳо имкониятҳои заруриро дошта бошанд.

1-2. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар.Душанбе с.1999 с.12

Муҳимтарин ҳуҷҷатҳои сиёсию ҳуқуқии байналхалқӣ дар қатори ҳуқуқу озодиҳои ба одамон вазифаҳоеро низ пеш мегузоранд, ки иҷроиши онҳо хосияти ҳатмӣ доранд. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки тамоми системаи қонунҳо, қоидаҳои умумӣ ва махсусан, қонуни асосиро риоя намояд. Муҳимтарин вазифаи шахс ҳифзи Ватан, мубориза барои сулҳ, ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ,эътироф ва эҳтироми қоидаҳои умумии рафтор, ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар мебошад.

Озодӣ яке аз масъалаҳоест, ки қисми муҳими таркибии афкори ҷамъиятӣ ва сиёсиро ташкил мекунад. Консепсияи озодии шахс дар асоси назарияи иҷтимоӣ-сиёсии «Созишномаи ҷамъиятӣ » ба амал омадааст. Ин назария имконият медиҳад, ки принсипҳои маҷбуркунии шахс аз тарафи ҷамъият ва давлат бекор карда шаванд.

Озодии мутлақ барои шахс аз тарафи табиат ва аз тарафи ҷамъият пешбинӣ нашудааст. Объекти асосии озодӣ ва ифодакунандаи он худи шахс буда, миллат, синфҳо, гурӯҳҳо ва давлат низ ба ин объект тааллуқ доранд.

Одамон дар ҷамъият вобаста ба шароити муайяни табиӣ ва муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ инкишоф ва ташаккул меёбанд. Аз ин лиҳоз, дар ҳар лаҳзаи таърихӣ на фақат як, балки якчанд имконияти тараққиёт вобаста ба пухтагии асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва дараҷаи пухтагии қонунҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат шахс озод ва дахлнопазир шуда метавонад. Яъне озодӣ ҳолати мутлак набуда, балкӣ дар ҳаёти инсон ҳамчун амалӣ гаштани имкониятҳост, ки бо роҳи интихоботи ҳадаф амалӣ мегардад.

Имрӯз барои пурра амалӣ шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шахс ва то ба дараҷаи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани принсипҳои он, чунин масъалаҳоро хал намудан лозим аст:

– ҳамаи қонунҳои амалкунанда дар бораи ҳуқуқҳои озодии шахс аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ то ба дараҷаи ҳуқуқҳои байналхалқӣ мувофиқ

карда шаванд;

– аз ҷиҳати моддию манавӣ мусоидат намудани барои пурра амалишавии ҳуқуқҳои сиёсию озодии шаҳрвандон;

– ташкил намудани механизми расму қоидаҳои таъмини пурраи амалишавии ҳуқуқхои сиёсӣ ва озодии шаҳрвандон.

Хулоса, шахс ин элементи асосии ҷомеа буда , ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ӣчтимоӣ , иқтисодӣ, маънавӣ , маданӣ ва озодиро дорад, боиси пешрафии ҷомеа мегарданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.