Сарвари сиёсӣ ва элитаи сиёсӣ

 

Пешравии ҷомеа аз қадимулайём аз сарварӣ он вобаста буд, ҳаст ва мемонад. Сарварӣ , ки яке аз воситаҳои муҳимтарини танзими муносибатҳои байнихамдигарии одамон, гурӯҳҳои гуогуни иҷтимоӣ ва умуман, ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, мавриди таҳлил ва тадқиқи соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ қарор гирифтааст. Ба омузиши он бештар илмҳои сотсиология, фалсафа, психология машғуланд.

Мафҳуми «сарвари сиёсӣ » хосиятҳои гуногунро доро мебошад. Сарвари сиёсӣ фаъолияти давлат ва ҳамаи унсурони муҳими он, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва тамоми навъҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гуруҳҳои иҷтимоӣ, этникӣ, иҷтимою демографӣ ва ғайраҳоро, ки дар фаъолияти худ хосияти сиёсӣ пайдо мекунанд, муттаҳид мегардонад ва ба самти муайян равона месозад.

Масъалаи сарварӣ диқкати мутафаккиронро ба худ ҷал намудааст. Дар Асрҳои миёна бештар таълимоти теологии оиди сарварӣ вуҷуд дошт. У. Кайковус дар «Насиҳатнома» ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ӯ сарварии шоҳигариро ба масъалаҳои ахлоқӣ мепайвандад. Сарвар бояд бештар ба авҳолӣ халқи худ диққат диҳад, на ба айшу ишрат дода шавад. Низомулмулк дар «Сиёсатнома» оид ба сарварӣ андеша намуда, онро ба пояи баландтар мебардорад. Ӯ ба вазифаи щоҳ,амалдорони давлатӣ , нақши вакилону сафирон диққати махсус дода,фаъолияти мусбати онҳоро ҳамчун пояи давлатдорӣ ва раиятпарварӣ нишон медиҳад.

Дар Замони нав назари мутафаккир А.Адлер нисбати сарварӣ махсус ҳисобида мешуд. Ӯ сарвариро ба шахсоне муносиб медид, ки хоҳ аз ҷиҳати ҷисмонӣ ё маънавӣ ноқисӣ доранд. Ба ақидаи Н.Макиавелли сарвар бояд баҳри ба даст овардани мақсадҳояш аз тамоми роҳу воситаҳо истифода намояд.

Асоси сарвариро масъалаи ҳокимият ташкил медиҳад. Рӯҳшинос З.Фрейд назарияи психоаналитики рафтори сарварро таҳлил намуда, қайд мекунад, ки асоси рафтори сарвариро мағлуб кардани шавқи шаҳвоният ташкил менамояд, ки дар ин асос рағбати ӯ ба фаъолияти сиёсиву маданӣ инкишоф меёбад. Назари мутафаккири дигар М. Вебер низ назаррас мебошад. Ӯ зоҳиршавии сарвариро дар се шакл: анъанвӣ, бюрократӣ ва харизматикӣ мешуморад:

– сарвари анъанавӣ, ки дар асоси боварӣ ва муқаддас будани анъанаҳо пазируфта шудааст. Фарзанди шоҳ ҳуқуқ дорад баъди вафоти шоҳ «қонунӣ » шоҳ шавад;

– сарвари расмӣ ба қонунӣ будани тартиботи мавҷуда бовари дошта, ин сарвар ба воситаи интихоботҳо ба сари ҳокимият меояд;

-сарвари харизматикӣ дар асоси боварӣ ба қобилияти фавқулоддааш ба шахсияти нотакрор маъруф шудааст. Идоракунии чунин сарварон аз болои одамон аз рӯи қонунҳо набуда, он дар асоси обрӯ ва қобилият асос ёфтааст.

Дар замони муосир намудхои сарварии авторитарӣ, либералӣ ва демократӣ ҷудо мешаванд. Сарвари авторитарӣ-ҳокимиятро ба монополияи худ табдил дода, онро пурра ба зери тасарруфаш мегирад. Аслиҳаи асосии фаъолияти сиёсии ин гунна сарваронро «талаб» ва «таҳдид» мебошад.

Сарвари либералӣ- дар идоракунии давлат ба сустшавии тартибот, интизом роҳ дода, худаш аз идоракунӣ аз болои одамон амалан дур мешавад ва ба онҳо озодии пурра медиҳад.

Сарвари демократӣ- ташаббус нишон медиҳад, ки ба таври максималӣ ҳар як гурӯҳ дар идоракунии ҳокимият иштирок намояд ва ба ҳамин ҳолати ҳамкории байни гурӯҳҳо таъмин гардад.

Сарвари сиёсӣ чунин вазифаҳо дорад: диагностикӣ(ташхис кардан). Ин вазифа аз тарафи сарвари сиёсдар самте истифода мешавад, ки вазъиятро ҳаматарафа омӯхта , масъалахои муҳимро муайян намуда, дар қатори он камбудиҳоро низ ошкор ва барои бартараф намудани онҳо фаъолияташро равона мекунад.

Вазифаи директивӣ– дар худ амалиёти муайяни фаъолияти сарварро фаро мегирад. Сарвар барои ҳалли масъалаҳо оммаро сафарбар карда, кӯшиш менамояд, ки масъалаҳои ба миёнгузошта ба сифати баланди масъулиятшиносӣ ҳал карда шаванд.

Вазифаи сафарбарнамоӣ– барои сарвар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар атрофии сарвар гурӯҳҳо, табақаҳои иҷтимоӣ, миллатҳо муттаҳид шаванд. Дар ин ҳолат сарвари сиёсӣ вазифадор аст, ки манфияти ҳамаи онҳоро ифода намояд ва онҳоро аз қафои худ барои ҳалли масъалаҳои душвор, ки мардонагӣ ва талафоти ҷониро талаб менамоянд, барад.

Сарвар ин узви бонуфузи ташкилот ё гурӯхи иҷтимоӣ буда таъсири ӯ имконият медиҳад, ки нақши муҳимро дар қабули қарорҳо ва хаёти сиёсии ҷомеа бозӣ кунад. Аз ин лиҳоз, сарвар касоне шуда метавонанд, ки қобилияти баланди фикрӣ , ҷасорат, дурандешӣ доранд ва манфиати оммаи халқро ифода менамоянд.

На ҳамаи роҳбарони давлатӣ, ҳизбию иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба мартабаи сарварии сиёсӣ расида метавонанд. Нишон додани аломатҳои зарурии сарварии сиёсӣ аз аҳамият холи нест.

Дигар падидаи ҷомеа, ки элита мебошад дар ҳаёти сиёсӣ нақши мухимро мебозад ва хамчун категорияи сиёсатшиносӣ доимо вуҷуд дошт.

Мафхуми «Элита» аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, маънояш яккачин, баргузида, обрӯманд, сайқалёфта, интихобшуда буда мафҳумҳои «одами интихобшуда», « табақаи боло»-ро ифода менамояд.

Дар адабиёти сиёсӣ оиди ташаккули «элита» ду ақида вуҷуд дорад:

– арзишӣ, бартарии ақлӣ, ахлоқӣ ва психологии;

– таркибӣ- функсионалӣ, яъне шахсоне,ки ба идоракунии ҷамъиятӣ ва гурӯҳӣ одамони идоракунанда баҳои баланд медиҳанд ва моҳияти синфии элитаи ҳукмрон будани онҳоро инкор менамоянд.

Элитаи сиёсӣ ин гурӯҳи калони иҷтимоӣ буда, дорои дарачаи муайяни таъсири сиёсӣ ва сарчашмаи асосии кадрхои рохбарикунанда дар хокимияти сиёсии ин ё он давлат ё иттиҳод мебошанд.

Элитаи сиёсӣ ба ҳамаи ҷамъиятҳои ва давлатҳо тааллуқ дошта, вуҷуд доштани онҳо ба чунин омилҳо вобаста аст:

  • нобаробарии психологию иҷтимои одамон ва кобилияти якхелаву имконият нодоштани онхо борои иштирок варзидан дар сиёсат;
  • тақсимоти меҳнат ба идоракунандагон ва идорашавандагон;
  • бо мақоми баланд бардоштани идоракунанда;
  • имконият ва имтиёзҳои зиёд додан ба гурӯҳи идоракунандагон;
  • гайри имкон будани назорат аз болои роҳбарони сиёсӣ;
  • фаъолияти пасти сиёсии оммаи васеи аҳолӣ, ки манфиатҳои онҳо берун аз сиёсат нигоҳ дошта мешавад.

Ҳамаи омилҳои зикршуда аллакай аз ҷомеаи элитарӣ шаҳодат медиҳад. Элитаи сиёсӣ ба чанд гурӯҳ тасим машавад; элитаи ҳукумрон, ки ҳокимияти давлатӣ пурра дар ихтиёри онҳост; элитаи оппозитсионӣ (мухолифат); элитаи миёна, ки аслан онҳо афкори умумро ташаккул медиҳанд; элитаи маъмурӣ, ки аксарияти

аъзои ин гурӯҳ хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Элитаи сиёсӣ инчунин вазифаҳои худро низ дорад:

-элита бояд нақши мухимро дар муайн намудани иродаи сиёсӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва ҳуҷҷатҳои барномавии онҳо бозӣ кунад;

– элитаи фаъолияти сиёсии гурӯҳҳо, сифатҳои иҷтимоиро ба танзим меоваранд;

-вазифаи элита ҳамчун манбаи асосии кадрҳои роҳбарикунанда аз он иборат аст, ки дарр тайёр кардани кадрҳо ва ҷо ба ҷогузории онҳо саҳм гузор бошад.

Ба ҳамин тарик, элитаи сиёсӣ ин қувваи баланди ақлӣ, таҷрибаноктарии қисми аҳолии ҷомеа буда, дониш ва малакаю кордонии онҳо омили муҳимест барои пешрафти ҷомеа.

test

Добавить комментарий