Сиёсат ва муносибатҳои миллӣ

 

Олами муосир аз ҷихати миллию этникӣ хеле гуногун мебошад. Дар ҷаҳон қариб 3 ҳазор халқхо зиндагӣ доранд. Масъалаи миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ба шумор меравад ва асосии онро умумияти этникии одамон ташкил менамоянд. Умумияти этникӣ асоси гурӯҳи одамон буда, аз авлодҳо, халқият, миллатҳо иборат мебошанд.
Ҷиҳати характерноки нишонаҳои муносибатҳои миллӣ дар он зоҳир мешавад, ки онхо доимо дар инкишоф буда, як сифатро гум карда, ба худ дигар сифатро мегиранд.
Миллат ин шакли олии умумияти таърихӣ, этникии одамон буда, дар асоси умумиятҳои ҳаёти иқтисодӣ, забон, ҳудуд, хусусиятҳои ҳаёти маданӣ, шуур ва психология ташаккул меёбад.
Нишонаҳои дар боло зикршуда на ҳама вақт дар як ҳолат нигоҳ дошта мешаванд, вобаста ба шароиту муҳити таърихӣ қисме аз онҳо метавонанд дигаргун шаванд.
Дар шароити ҳозираи инкишофи муносибатҳои миллӣ, умумиятҳои махсус низ вучуд доранд, ки то андозае ба моҳияту хусусиятҳои муносибатҳои иҷтимоию этникӣ тағьирот мебахшанд. Умумияти субъэтникӣ ва метаэтникӣ аз ҳамин қабиланд.
Дар муносибатҳои байниҳамдигарии сиёсат ва равандҳои иҷтимоию этникӣ, муносибатҳои миллӣ мафҳуми «масъалаи миллӣ» накши зарурӣ дорад. Аксари энсиклопедияҳо ва дастурҳо онҳо ҳамчун муносибатҳои миллӣ ба қалам мадиханд, ки нодуруст аст. «масъалаи миллӣ» маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангии байни миллату халқиятҳо ва умумиятҳои этникӣ мебошад.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар худмуайянкунии миллатҳо ин шуури худмуайянкунии онҳо мебошад, ки дар он ҷамъи ақидаҳо, ҷаҳонбинӣ, муносибатҳои гурӯҳҳои этникӣ дар инкишофи таърихашон инъикос меёбанд. Худшиносии миллӣ асоси шуури миллиро ҳамчун ҷамъи ақидаҳои иҷтимоли, сиёсӣ, динии миллатҳоро дар раванди инкишофи таърихӣ нишон медиҳад.
Худшиносии миллӣ яке аз соҳаҳои ташакулёбии умумияти иҷтимоию этникӣ ва ҳамчун субъекти сиёсат ба шумор меравад. Дар ин ҷо худшиносии миллӣ метавонад роли дуҷонибаро бозӣ намояд. Аз як тараф ин раванд роли прогресивӣ бозида, дар инкишофи миллат аз ҳар ҷиҳат имкониятҳои зиёдаро таъмин менамояд. Вале аз ҷониби дигар ин раванд на бояд фақат барои баланд бардоштани мақоми миллати худ равона шавад ва манфиати дигар миллатҳоро паст занад. Дар ин ҳолат худшиносии миллӣ метавонад характери реаксионӣ гирад ва ҳуқуқи озодиҳои миллату халқиятҳои дигарро паймол кунад ва бартарии миллати худро аз болои миллатҳои дигар ҷорӣ намояд.
Муносибатҳои миллӣ яке аз категоряҳои душвори ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамчун шакли махсуси муносибати иҷтимоӣ ба шумор мераванд. Азбаски сиёсат дар байни гурӯҳҳои иҷтимоии калон ва хурд меравад, моҳияти бо ҳам алоқамандии миллатҳо ва халқиятҳоро ҳокимияти давлатӣ ба танзим меандозад ва бо ҳамин муносибатҳои миллӣ характери сиёсӣ мегиранд. Ин аз фаъолияти давлат ҳамчун омили муҳими ташаккул ва инкишофи миллатҳо ва халқҳо вобастагӣ дорад.
Ба ҳолатҳои асосии консептуалии сиёсати миллӣ чунин проблемаҳо дохил мешаванд: эътирофи ҳуқуқи миллатҳо барои худмуайянкунии баробар халкхо; ҳамкории байниҳамдигарии

фоидаовар; эҳтироми манфиатҳои байни ҳамдигарӣ; оштинопазирӣ нисбат ба миллатчигӣ ва ножодпарастӣ; маҳфумкунии сиёсӣ ва ахлоқии шахсоне, ки мехоҳанд аз ҳисоби дигар халқҳо бой шаванд; ба назар гирифтани манфиатҳои гурӯҳҳои майдаи миллӣ.
Яке аз принсипҳои дагари демократии ҳалли масъалаи миллӣ ки класикони марксизм- лененизм пешниҳод карда буданд, ин принсипи муттаҳидии ихтиёрии миллатҳо ва халқҳо дар як давлатӣ федератавӣ, конфадеративӣ, иттиҳоди ва ҳуқӯқи ҷудошавию худмуайянкунӣ низ доштани онхо мебошад.
Сиёсати миллӣ ду вазифа дорад: а) вазифаҳои стратегии дур, ки як давраи муайяни таърихиро дар бар мегирад; б) сиёсате, ки давраи наздики ҷориро фаро мегирад. Дар чунин ҳолат шароити минтақаҳоро ба назар гирифта, сиёсати фарқкунанда бурдан лозим аст. Инчунин омилҳои географӣ, раванди демографӣ, хусусиятҳои таърихии ташакул ва инкишофи миллатҳо, халқиятҳо, ҳайати миллӣ ҷиҳатҳои динӣ, анъанаҳо ва психологияи миллатҳоро ба назар гирифтан зарӯр аст. Дар сурати ба назар нагирифтани ин масъалаҳо муносибатҳои байнимиллӣ тезу тунд мешаванд ва ин ба моҷароҳои байни миллатҳо оварда мерасонад.
Баъди ғалабаи инқилоби Сотсиалистии Октябр соли 1917 дар тамоми олам ҳаракатҳои миллӣ озодихоҳӣ бархестанд, ки онҳоро ба моҷараҳои иҷтимоию синфӣ зич алоқаманд буданд. Пеш аз ҷанги дуюми ҷаҳон ва баъди он, дар даҳсолаи авали баъди ҷангӣ, ҳаракатҳои миллии халқҳо ва гурӯҳҳои этникӣ боз ҳам авҷ гирифтанд. Давлатҳои собиқ мустамлика озодии сиёсӣ ба даст оварда бошанд ҳам, низоъҳои дохилӣ барои бартараф кардани ақибмондагии иқтисодию иҷтимоӣ то як андоза боқӣ мондаанд ва ин низоъҳои байни гурӯҳҳои этникии ин мамлакатҳо дурру дароз давом ёфтанд.

Дар як қатор мамлакатхои Аврупои Шарқӣ ба монанди Чехославакия, Венгрия, Руминия, баъди барҳам хурдани системаи сотсиалистӣ низоъҳои дохили авҷ гирифт. Дар як қатор мамлакатҳои агар ин масъалахои иқтисодии миллӣ бошанд, дар як қатор дигари мамлакатҳо ин низоъҳоро масъалаи маданию забонӣ ба миён овард.
Агар ба ин ҷихати масъалаҳои миллӣ назар андозем, мо ба хуби дарк менамоем, ки яке аз хаттогиҳои асосии давлати Шуравӣ ин маҳдуд намудани забони асосии халқиятхо дар ҷои зисташон буд. Дар ҷумҳурии мо низ ин масъала боиси авҷ гирифтани моҷароҳҳо гардид. Хусусан баъди қабули «Қонун дар бораи забон», 22 июни соли 1989 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Моҷароҳои миллӣ дар ҷумҳуриҳои Латвия, Литва ва Эстония тезу тунд
гашта, аввалан онҳо аз дохили Иттиҳодияи Шӯравӣ ҷудо шуданд. Ҷумҳурии Молдавия бошад ба се қисмат тақсим гашт: Молдова, Молдоваи наздиднестр ва Гагаузия.
Ҳаракатҳои миллӣ дар ҷумҳуриҳои минтақаи Кавказ характери фоҷиавӣ гирифтанд, махсусан моҷароҳои Қарабоғи Куҳӣ ба ҷанги байнимилли оварда расонд. Дар Тоҷикистон низ ҷанги шаҳрвандӣ хеле шиддат гирифт ва хазорҳо одамон қурбон гаштанд.
Агар мо ба таърих нигарем, мебинем асосан халқҳои Русия аз тарафи туркҳо, тоторхо, немисҳо ва полякҳо; халқхои Осиёи Миёна аз тарафи туркхо, муғулҳо, арабҳо; халқи таҳҷоии Амрико аз тарафи халқҳои Европа ва халқҳои Африко, Ҳиндустон, Камбоҷа, Ветнам аз тарафи мустамликадорон дар тули таърих зулму ҷафо дида истиқлолияти миллии худро гум карданд.
Хамин тариқ, мо гуфта метавонем, ки ҳар як миллат вобаста ба таърихи пайдоиш, муҳити геграфӣ, психологияи миллӣ ва урфу одатҳои диниаш хусусияти хоси моҷароҳои дохилии худро низ доро мебошад. Яке аз ин хислатҳои бад, ки халқи тоҷикро ба низоъ овард ин маҳалгароӣ буд( тараққиёти нодурусти минтақаҳо дар натиҷаи нодуруст ва вайрони таносуби тақсимоти вазифаҳо дар дохили органҳои болои).
Ин ҷо ба маврид аст гуфт, ки оиди он, ки ин гуна ҳодисаҳо сар назананд ба чунин масъалаҳо бояд диққат дод:
*таъмини ягонагии мамлакат, даст кашидани минтақаҳо ва миллатҳои аққалият аз сепартизм, эътирофи ҳокимияти олӣ ва ҳатмӣ будани ваколатҳои он барои мудофиаи мамлакат, мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккилона:
*додани худмухторияти васеъ ба аққалиятҳои миллӣ дар ҳалли масъалахои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ;
*Эътироф намудани худмухтории маданӣ ва худудҳои миллатҳои хурд, маблағгузорӣ аз як марказ, намоиш ва шунавонидани барномаҳои телевизионӣ ва радио ба забонҳои миллӣ ва гурӯҳҳои этникии хурд;
*таъмин намудани барбарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо, қонеъ гардонидани талаботи маданию миллӣ, забонӣ, динӣ , дигар урфу одатҳо ва инкишофи демократия.
Раванди сиёсати миллӣ дар Тоҷикистон. Тоҷикон дар давоми асрҳо мутеъи аҷнабиёни араб, қарахониҳо, ғазнавиён, хоразмшоҳиҳо, муғулҳо, темуриён , шайбониён, манғитҳо ва русҳо буданд. Фақат дар дар охири асри 1Х ва ибтидои асри Х имконияти пайдо кардани аввалин давлати мустақили Тоҷиконро доштанд, ки тавонистанд забону фарханги худро тараққӣ диҳанд.
Солҳои 20 уми асри ХХ боз дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро баст оварданд. Аммо дар ин давра низ нисбати тоҷикион нобаробариҳои иқтисодҳ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ дида мешуд.
Ҳамаи ин сабабҳо буд, ки унсурони асосии хаёти давлатҳои хурд, миллатҳои хурд ба назар гирифта намешуданд, аз ин холат ҷинояткорон, гуруҳҳои оппозисионӣ истифода намуда Иттиҳоди Шуравиро ба шикаст оварда расониданд.
Сарзадани ҷангҳои дохилии Тоҷикистон низ ба чунин омилҳо вобаста буданд: хароб гардидани низоми давлатдорӣ ва рукнҳои асосии он: артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бетарафии депутатҳо. Аз миён бардоштани моддаи 6-уми Конститутсияи СССР, бавуҷудоии бисёрҳизбӣ, зиёд шудани фаъолияти тарғиботии диндорон, набудани сарвари миллӣ,ки халқҳоро бо ҳам муттаҳид гардонад, вайрон кардани доимии қонунҳо дар сатҳи мақомоти болоӣ ва дахолати бевоситаи давлатҳои беруна.
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон бори дигар сохибистиқлол гашт. Аз рӯзи аввал кушишҳои зиёде аз тарафи шахсони масъул ба харҷ дода мешуд, ки моҷароҳои миллӣ катъ карда шаванд. Дар ин ҷода ва дигар ҷодаои инкишофи истиқлолияти миллӣ тулӣ 18 сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳои зиёде ба даст овардаст. Аввалан ӯ аъзои Созмони Миллали Муттаҳид гашт, аъзои даҳҳо ташкилотҳои байналхалқӣ гашт, зиёда бо 150 давлатхои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Ба тариқи раъйпурси қабул намудани Конститутсияи Тоҷикистон, ба таври демократи интихоб намудани вакилони Маҷлиси Миллӣ, Президент низ қадамҳои аввалини ҷумҳур барои сохтани давлати демократӣ, ягона , хуқукбунёд ва соҳибистиқлол мебошад.
Дар ин ҷода қабули қарорҳои сессияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар ш. Хуҷанд барпо гашта буд, аҳамияти калон дошт.

Дар ин ҷо Э.Ш. Раҳмонов(Президенти имрӯза) Раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб гашт ва дар инкишофи ҷомеаи демократии тоҷикон, раҳои аз ақибмондагии иқтисодию иҷтимоӣ, бенавоӣ, баргадонидани гурезагон ба ватан нақши муҳимро бозидаст. Ӯ ҳаракат намуд бо роҳи гуфтушунид, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмиро дар байни тарафҳои муқобил барқарор намояд. Ин ҷо принсипи муҳимтарини гуфтушунид: набояд як тараф ғолиб ва тарафи дигар мағлуб дониста шавад, нақши муҳим бозид.
Се омили муҳим барои баргузоршавии гуфтушунидҳои байни Тоҷикон шароит фароҳам овард: ҳавасмандӣ аз ҷониби ҳукумат; алоқаи тарафи мухолифин ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ; ҳамрайъии кишварҳои дӯст. Ин омилҳо музокироти тоҷиконро амалӣ карданд. Музокироти сулҳи тоҷикон моҳи апрели соли 1994, дар шаҳри Москва оғоз гардид. Гуфтушунид таҳти сарварии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳури Исломии Эрон, Покистон ва Афғонистон гузашт. Гуфтушунидҳо дар атрофии се гурӯҳи масъалаҳо: гурезаҳо, қатъ намудани амалиёти ҳарбӣ ва проблемаҳои тақсимоти ҳокимият гузаронида шуданд. То имзо шудани « Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон», 27 июни соли 1997, ҷонибҳо дар дараҷаҳои гуногун 20 вохурӣҳо , 6 вохурӣ дар Теҳрон, 5 вохурӣ дар Москва ва яктогӣ дар шаҳрҳои Алмаато ,Бишкек,Исломобод, Кобул , Машҳад ва Хостдеҳ гузарониданд. Дар ин вохуриҳо зиёда аз 36 Хуҷҷатҳо ба имзо расида қабул гаштанд.
Комиссияи Оштии Миллӣ дар асоси Созишномаи байни Президенти Тоҷикистон ва роҳбари иттиҳоди қувваҳои мухолифин аз 23 декабри соли 1993 ва Низомномаи Комиссияи Оштии Миллӣ аз 21 феврали соли 1997 ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4- июни соли 1997 ташкил ёфт. Ин Комиссия то моҳи марти соли 2000 баҳри ба эътидол овардани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат хизмати шоёне кард. Дар ин давра гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд, яроқ аз дасти дастаҳои мухолифин ва дастаҳои яроқноки номаълум кашида гирифта шуданд.
Бо дастгири ҳамдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва ёрии давлатҳои бо тоҷикон дӯст дар давлати соҳибистиқололи тоҷикон ороми имрӯз ҳукмрон аст. Халқи меҳнатдӯсти он кушиш менамоянд, ки дар ин давра, ки дар ҷаҳон кризиси иқтисодӣ чун яке аз масъалахои байналмиллӣ ҳалли худро ҷустуҷӯи намуда истодааст, бо инкишофи тиҷорати истеҳосолоти дохилӣ аз кризис раҳоӣ ёбанд.
Ҳамин тариқ, моҳият ва мақсади сиёсати миллӣ ҷустуҷӯ, муайяннамоӣ ва амалӣ гардонидани самтҳои зарурии такмили муносибатҳои миллӣ мебошад.

test

Добавить комментарий