Шуури сиёсӣ ва идеология

 

Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии инсон, муносибати вай бо режими сиёсии ҳукмрон ва ё шакли идоракунӣ аз сатҳи камолоти омилҳои зиёде вобастаанд. Аз ҷумла, аз шуури сиёсӣ, психологияи сиёсӣ ва идеология.

Шуури сиёси шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дар раванди инъикоси воқеъияти иҷтимою сиёсӣ ташаккул ёфта, манфиатҳои муайяни сиёсии одамон, муносибати онҳо ба сохтори ҷамъиятию сиёсӣ ба шаклҳои ҳокимияти давлатӣ, ба институтҳои сиёсии амалкунанда ва сиёсати пешбарандаи онҳоро дар бар мегирад.

Шуури сиёсӣ асоси ғоявии мақоми ахлоқии шахсият аст. Он ба сифати яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ баромад намуда, ба шаклҳои дигари он таъсир мерасонад ва тобиши сиёсӣ медиҳад.

Шуури сиёсӣ бо дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ алоқаи зич дорад ва якчанд вазифаҳоро иҷро менамояд:

Ба тартибандозанда– ин намуди шуури сиёсӣ рафтори иҷтимоии одамонро дар асоси инъикоси ҳақиқат ба тартиб андохта, манфиати амалишавии инъикоси шуури сиёсиро дар раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа мустаҳкам менамояд.

Даркнамоию ахборотӣ– дар ҳолате, ки одамон хоҳиши ба сиёсат ҳамроҳ шудан надошта бошанд ҳам, сиёсат онҳоро ба коми худ мекашад. Ин шакли сиёсат ба тақдири одамон ба воситаи давлат, қонунхо, ҳизбҳо, ташкилотҳои чамъиятӣ ба шуури сиёсии онхо таъсир мерасонад.

Баҳодиҳӣ– ин намуди шуури сиёсӣ нафақат барои даркнамоии ҳақиқати иҷтимоию сиёсӣ равона шудааст, балки дар дохили он раванди даркнамоии дунё ва баҳодиҳӣ ба ин ё он ҳодисаҳои сиёсӣ

ташаккул меёбад.

Сафарбаркунанда-ин намуди шуури сиёсӣ ба одамоне ёрӣ мерасонанд, ки онҳо худашонро ҳамчун шаҳрванд шиносанд ва дар назди чомеаю давлат нафақат вазифадоранд, балки як қатор ҳуқуқу ваколатҳо ва манфиатҳои сиёсӣ низ дорад.

Шуури сиёсӣ ба чуни шаклҳо тақсим мешавад:

Шуури давлатӣ. Мувофики ин шуур давлат вазифадор аст, ки назарияи расмии сиёсиро кор карда, асоснок намояд. Шуури «давлатӣ» муносибатҳои сиёсиро дар лоиҳаҳои конунҳо, барномаҳо, қарорҳо, конститутсия ва ғайра кор карда мебарояд. Ин имконият медиҳад, ҳаёти сиёсии ҷомеа ором гардад.

Шуури сиёсии муқаррарӣ. Ин намуди шуур сиёсӣ ба қисми зиёди аъзоёни ҷомеа тааллуқ дошта, он дар ҳаёти ҳамарӯза инкишоф меёбад. Ба ин намуди шуури сиёсӣ инъикоси воқеаҳои иҷтимою психологӣ, эмотсионалӣ, импулсиявӣ ва тобовар будан ба тағйирёбии шароитхои сиёсӣ хос аст. Ин намуди шуури сиёсӣ одатан ба таври стихиявӣ ва дар бисёр мавридҳои ҳалли масъалаҳо ба таври стихиявӣ ба миён меоянд. Дар ҳамин асос шуури муқаррарӣ ба майдони сиёсӣ меояд, ки барномаҳои онҳо дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ характери хаёлпарастона доранд.

Шуури сиёсии касбӣ. Ин намуди шуур одатан ба хизматчиёни аппарати давлатӣ ва сиёсатмадорон тааллуқ дорад. Чунин шуур дар бораи сиёсати давлати демократӣ маълумоти саҳеҳи илмӣ медиҳанд ва ба таври касбӣ борои идораи ҷомеа замина тайёр мекунад. Асоси аввалиндараҷаи шуури сиёсии хизматчиёни давлатиро касбӣ будани фаъолият нишон медиҳад, ки шахсони аз ҷиҳати сиёсӣ шуурашон паст ба идоракунии корҳои давлатӣ роҳ дода нашаванд. Зеро роҳ ёфтани ашхоси аз ҷиҳати сиёсӣ пастшуур ба корхои идоракунии давлат боиси бадбахтии ҷомеа шуда метавонанд.

Шуури назарявию илмӣ. Ин ба кормандони илмие тааллуқ дорад, ки онҳо бо омузишӣ тадқиқоти илмӣ паҳлуҳои гуногуни инкишофи ҷамъиятро меомӯзанд. Дар муқоиса бо шуури муқаррарӣ шуури илмӣ дар асоси таҳлили чуқури илмӣ инкишоф меёбад.

Шуури сиёсии шахсони алоҳида. Вақте ки сухан дар бораи шуури сиёсии шахсони алоҳида меравад, ин маъум аст, ки сухан дар бораи қобилияти интеллектуалию психики фаъолияти шахс меравад. Шуури сиёсии индивидуалӣ ба шахс имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодии худро ҳамаҷониба омузад ва онҳоро дар мавридҳои фавқулоддаи сиёсӣ истифода баранд.

Шуури сиёсии гурӯҳӣ. Дар инкишофи шуури сиёсии гурӯҳӣ муҳими атроф таъсир расонида, дар натиҷа ба ташаккули авзои конформистӣ (фориғболӣ) оварда мерасонад.

Ин раванд дар натаҷаи он ба амал меояд, ки акнун ҳар як шахс имконият надорад, худаш дар алоҳидагӣ андешаашро баён намояд. Хар як шахс метавонад, ки бе заҳмати зиёдатӣ ба ақидаҳои сиёсии дигарон такя намояд.

Шуури мифологӣ то як андоза ба орзуҳои асрҳо баёншуда дар бораи доҳии бузург, сиёсатмадори оқил ҷвоб дода метавонад. Шуури мифологӣ аз ҷониби дигари ба дунёи ботини инсон таъсир расонида, ба ӯ ёрдам мекунад, ки ҳаёти реалии ҷомеаро дуруст дарк намояд. Вале мифологияи сиёсӣ дар маҷмӯи хатои сиёсӣ мебошад. Дар ҳаёти воқеӣ як мифология мемурад ва ҷои онро дигар боварии мифологӣ мегирад, чунеи мифология дар заминаи

зиддиятҳои реалии дар ҷомеа ба амаломада пайдо мешавад.

Шуури ҷамъиятиву сиёсӣ. Ба ин намуди шуури сиёсӣ ақидаҳои сиёсии миллатҳо ва халқиятҳо дохил мешаванд. Шуури ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси фикр,андеша ва идеяҳо ташаккул меёбад.

Мафҳуми «психологияи сиёсӣ» дар илми ҳозиразамон дар ду маънои ба ҳамдигар алоқаманд фаҳмида мешавад. Якум _ ин рафтори субъективии иштироктиёни ҳаёти сиёсиро фаро мегирад, ки ин раванд дар шуур ва рафтори одамон то чи андозаи ҷой гирифтааст. Дуюм- психологияи сиёсӣ ҳамчун илм дар бораи субъектҳо ва таъсири сиёсат ба рафтори онҳо мебошад. Дар маънои дигар психологияи сиёсӣ ин инъикоси ҳақиқат дар ботин ва психикаи инсон мебошад.

Психологияи сиёсӣ зинаи авали шуури сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва таҷрибаи ҳаррӯзаи одамон, муносибати онҳо ба равандҳои гуногуни ҳастии ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, баҳамалоқамандию баҳамтаъсиррасонии одамон дар ҳаёти ҳаррӯзаи сиёсӣ ва дарки ҳокимияти сиёсии мавҷударо инъикос менамояд.

Психологияи сиёсӣ системаи муайяни зоҳиршавии психологияи ҷамъиятӣ буда, муносибати одамонро ба системаи сиёсӣ инъикос менамоянд, ки рафтори онҳоро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба самти муайн медарорад ва ифода менамоянд.

Психологияи сиёсӣ ҳамчунин фанни мустақил дар охири солҳои 60-уми асри XX ва ҳоло ҳам аспекти омӯзиши он чандон васеъ ба роҳ монда нашудааст. Ин ҳолат пеш аз ҳама ба душвориҳои рӯҳӣ, рофтори сиёсӣ, рӯҳияи гуногуни гӯруҳҳои иҷтимоӣ, воқеаҳои сиёсӣ ва вазъи психикию сиёсии ҷомеа вобаста аст.

Дар инкишофи психологияи сиёсӣ роли муҳимро қобилияти интелектуалии шахс мебозад. Чунин шахсондорои тафакури

абстрактӣ, интелектуалӣ ва дониши ҳаматарафа буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пешвои сиёсӣ шаванд. Шахсоне, ки доираи танги тафаккур ва донишанд, одатан бозичаи ҳадафҳои сиёсии дигарон мешаванд.

Ҳисиёти дар қатори фарогирифтани типҳои архитипӣ, менталӣ, мизоҷӣ, инчунин ҳолати индивидуалии шахсони алоҳидаро фаро мегирад ва ба ҳолати сиёсии ҳисиёти гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ ва авзои онҳо таъсир мерасонад.

Асоси идеологияи сиёсиро маҷмӯи донишҳои илмӣ бори табиат, ҷомеа, инсон ва инчунин муҳити воқеъӣ ташкил менамояд.

Идеологияи маҷмӯи ғояҳо ва назарияҳои сиёсӣ мебошад,ки онҳо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъият ва фаолияти худ ба сифати раҳнамо барои мустаҳкам ё сарнагун кардани муносибатҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд.

Идеология дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегардад. Бештар 3 шакли он: консервативӣ, прогрессивӣ ва иртиҷоӣ амал менамоянд.

Хулоса, психологияи сиёсӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии ҷомеа буда, дар натиҷаи дуруст муайян намудани руҳ, авзо,тафаккур, ҳиссиёт, рафтор ва мақсадҳои шахсу ҷомеа метавонад, ки бо роҳи дилхоҳ ва бехато пеш равад ва рохинкишофи сиёсии он муайян карда шавад.

test

Добавить комментарий