Маданияти сиёсӣ

 

Маданияти сиёси ҳамчун яке аз категорияҳои омӯзишии сиёсатшиносии таърихи тулонӣ надорад, балки он падидаи нав мебошад. Ҳамчун мафҳум «маданияти сиёсӣ» аввалин маротиба аз тарафи философ ва маорифпарвари олмон дар асри ХУ111 И. Гердер истифода шудааст. Дар ҳаёти муқаррарӣ маданияти сиёсӣ ҳамчун маҷмӯӣ мақом ва рафторҳо, одатҳои хуби ҳаёти сиёсӣ фахмида мешавад. Чунин тарзи фаҳмидан ба одамон, мансуб аст, ки ба маданияти сиёсӣ муносибати хоса надоранд. Вақте ки моҳият ва хосиятҳои онро дарк кардани мешавед, масъалаҳоидигар пеш меояд ва онҳо дарак медиҳанд, ки чунин баҳогузор соддалавҳона буда, моҳият ва хусусиятҳои маданияти сиёсиро пурра фаро намегиранд, чунин муносибат аз сатҳи маданияти сиёсии одамон ва гурӯҳҳои ҷомеа дарак медиҳад.

Маданияти сиёсӣ аз амалияи таърихии одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз анъанаю одатҳои сиёсӣ, аз мақеи фардҳо ва гурӯҳҳо, аз ру муносибат ба ҳодисаҳои сиёсӣ ва рӯовариҳои онҳо вобаста мебошад.

Рӯовариҳои сиёсии фардҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ бисёр хосиятҳои муҳим ва тарзи зоҳиршавии муайян доранд ва дар чунин шаклҳо маълум мегарданд: рӯовариҳои маърифатӣ пурарзишанд ва онҳо асосан, аз донишҳои ҳақиқӣ ва бардуруғ дар бораи идеяҳо ва объектхои сиёсӣ таркиб ёфтаанд. Рӯовариҳои самаранок як қатор ҳодисаҳоро, аз қабили ҳис кардани алоқаҳо, бахудҷалбнамоӣ ва баҳам муқобилиятнамоӣ доир ба муносибат ба объектҳои сиёсиро фаро мегиранд. Рӯовариҳои арзишӣ, ки чигунагии муҳокимарониҳо ва хулосабарориҳоро нисбати объекти сиёсӣ муйаян менамоянд.

Олими поляк Ежи Вятр маданияти сиёсиро аз маҷмуӣ мақом, арзишҳо ва кодекси рафторе иборат медонад, ки ба муносибатҳои баиниҳамдигарии ҳокимият ва шаҳрвандон дахл менамоянд. А.Боднар дар асоси баҳисобгирии ҳодисаҳои умумӣ ва гуногун маданияти сиёсиро аз маҷмуи тасаввуротҳои муайян ва номуайяни таърихан ташаккулёфта дар бораи падидаю равандҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, ки ба он: а) арзишҳо(сарватҳо), б) қоидаҳо, в) институтхои сиёсӣ, г) намунаҳо, д) тарзи амалиёти сиёсии фардҳо ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд, иборат медонад.

Аз ин ду таъриф таърифи Ежи Вятр махдудтар мебошад, вале таърифи дуюми А. Боднар ба талаботҳои имрӯзаи илми сиёсатшиносӣ мувофиқтар мебошад.

Маданияти сиёсӣ ду хели зоҳиршавӣ дорад:

  • Маданияти сиёсии маҳдуд, ки фақат дар доираи анъанахо ва қоидаҳои махсус бозсозӣ менамояд ва рӯ ба ҳодисаҳои дигар мениҳад:

Ин шакл тамоюли маҳдуд дошта, ба меъёрҳо ва арзишҳои дохилии худ такя менамояд ва дар шакли худмухторият инкишоф меёбад. Тарафдорони хусусиятҳои этники, динӣ , таърихӣ ва анъанахои ташаккулёфтаи худ мебошад ва дигар системаи меъёрҳо ва майли сиёсиро қабул надорад.

  • Маданияти сиёси кушода, ки метавонад хар замон рӯ ба тағъирот биёрад ва пайдоиши унсурони навро бипазирад.

Шаклҳои маданияти махсус -маданияти элитаи сиёсӣ ва маданияти оммаи мардум баръало намоён мебошад.

Маданияти сиёсӣ инчуни ба навъҳои зерин тақсим мегардад:

  • Маданияти сиёсии анъанавӣ, ки таърихан аз давраи ғуломдорӣ то Асрхои Миёна амал менамуд;
  • Маданияти сиёсии демократияи табақавӣ, ки Асрҳои миёна ва давраи Эҳёро дар бар мегирад;
  • Маданияти сиёсии демократӣ, ки дар Замони нав ташаккул ёфта ва то имрӯз хусусиятҳои нав ба навро ба худ мегирад.
  • Маданияти сиёсии авторитарӣ ба муқобили маданияти сиёсии демократии буда, он ҳокимияти муқтадири давлатиро тараннум намуда, нисбати ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон ба ҳатогиҳо ва саҳланкорӣ роҳ медиҳад;
  • Маданияти сиёсии тоталитарӣ. Хусусияти мухими онро баҳам пайвастани парастиши доҳӣ ва ҳокимияти муқтадир бо сафарбарии фаъоли сиёсии аҳолӣ ташкил медиҳад.

Яке аз вазифаҳои муҳими маданияти сиёсӣ сотсиализасияткунонии(иҷтимоикунонии) шахс, яъне воридшавии шахс ба сиёсат ва азхуд намудани идеяҳои ҳукмронии сиёсӣ, арзишҳо ва меъёрҳои рафтори сиёсӣ мебошад.

Ин раванди душвор ва дуру дарозе мебошад. Сотсиализатсиянамоии шахс аз оила сар мешавад, чи қадаре ки дониши маданияти сиёсии волидайн зиёд бошад, ҳамон қадар таъсири он ба фарзандон мерасад. Баъдтар ин марҳила дар мактаб давом меёбад. Ба воситаи фанҳои чамъиятӣ сотсиализатсиякунии шахс баланд мегардад. Дар натиҷаи баланд шудани савияи донишҳо, шахс имконият пайдо мекунад, ки ба воқеаҳои ба амал омадаи сиёсӣ аз нуқтаи назари танқидӣ назар намояд, яъне тафаккури танқидии ӯ ташаккул меёбад.

Марҳилаи дигари баланд бароштани маданияти сиёсӣ ва сотсиализатсиякунонии шахс ин иштироки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ , фаъолияти ӯ дар дохили ҳизбҳо ё ташкилотҳо мебошад.

Дар замони муосир якчанд шаклхои сотсиализатсиякунонии шахс муайян гаштааст:

  • Шакли гармоники сотсиализатсияи шахс. Мувофиқи ин шакл дар байни шахс ва институтҳои сиёсии ҳокимияти давлатӣ муносибатхои мутақобилаи хеле хуб ба амал меояд;
  • Шакли гегемонӣ- дар ин мавқей инсон ба воқеаҳои сиёсии баамаломада ба таври ҷиддӣ ва танқидӣ назар мекунад;
  • Шакли плюралистӣ –ин шахсияти демократӣ буда, баробариро дар чомеа эътироф менамояд, ақидаи дигар шахсонро эътироф мекунад ва тайёр аст ақидаҳои сиёсии худро, агар онхо нодуруст бошанд, дигар намояд4
  • Шакли моҷароҷӯёна –дар ин ҷо шахс хама вақт кӯшиш мекунад, ки дар коллектив моҷароҳо бошанд ва барои амалӣ кардани манфиатҳои худ гурӯҳҳои моҷарҷӯй ташкил намоянд;
  • Шакли конюктурии сотсиализатсияи сиёсӣ. Дар ин вақт шахс манфиатҷӯй мегардад. Ҷаҳонбинии ӯ аз воқеаҳои сиёсии баамаломада вобастаги дорад.

Чи тавре, ки мо дар боло қайд намудем, ки сотсиалисатсиякунонии шахс дар ду давра , яъне дар ойла ва баъдтар дар ҳолати маълумотгирии ӯ ва фаъолияти ӯ дар ташкилотҳо ва ҳизбҳоро дар мегирад. Вале ин давраҳо метавонанд дорои зиддиятҳо гарданд. Яке аз сабабҳои муҳими ин мухолифат дар он аст, ки шахс дар давраи аввал бо моҳияти демократӣ ва гуманистӣ доштани ҷамъият боварии калон пайдо карда буд, вале раванди минбаъдаи инкишофи ҷамъият нишон дод, ки дар ҷомеа рафторҳои ғайригуманистӣ, бюрократӣ, коррупсия хеле чуқур реша давондаанд. Аз ин лиҳоз, шахс аз ин падидаҳои манфӣ дар чомеа руҳафтоода мешавад ва дар натиҷа ба эътирози сиёсии шахс оварда мерасонад. Аз ҷониби дигар ин ба раванди сотсиализатсиякунонии шахс таъсири манфӣ мерасонад.

Раванди сотсиализатсиякунонӣ тамоми умри инсонро фаро мегирад. Ин раванд аз субъектҳо низ вобастаги дорад. Ба онҳо муассисахои томактабӣ, мактаб ва дигар муассисаҳои таълимӣ, институтҳои махсус дар системаи маълумотгирии сиёсӣ , институтҳои сиёсӣ , ташкилотҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои диниӣ ва воситаҳои ахбори омма дохил мегарданд.

Мазмуни сотсиализатсияи сиёсӣ аз бисёр ҷиҳатҳо аз характери режими сиёсӣ вобастағи дорад. Ҳар як режими сиёсӣ метавонад шахсро барои манфиат овардан ба онҳо тарбия намояд.

Дар замони ҳозира дар бисёр давлатҳо , аз ҷумла дар Тоҷикистон институтҳои сотсиализатсияи сиёсӣ, пеш аз ҳама воситаҳои ахбори омма, дар аксари мавридҳо бо мақсади вайрон кардани шуури сиёсӣ ва рафтори одамон ташвиқотҳои ғаразнок мебаранд. Матбуот озод аст ва аз назорати давлат берун мебошад.

Чи тавре, ки мебинем маданияти сиёсӣ низ падидаи мустақили ҷомеа, соҳаи махсуси инкишофи иҷтимоӣ мебошад.

test

Добавить комментарий