Низоъҳои сиёсӣ

 

Яке аз масъалахое, ки имруз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ин масъалаи низоъ ва роҳи ҳалли он мебошад. Илми сиёсатшиносӣ моҷароҳоро низ чун яке аз падидаҳои сиёси зери тадқиқи худ гирифтааст.

Дар ҷахони сиёсат мафҳум «конфликт» аз забони лотинӣ гирифта шуда маънои низоъ, ихтилоф ва моҷароро дорад. Аввалин ақидаҳои оид ин мафҳум аз тарафи мутафаккирони давраи антиқа Гераклит, Арасту ва Афлотун гуфта шудаанд. Мавқеи омузиши ин масъала то имрӯз аз тарафи мутафаккирони Ғарб Г.Зиммел, Г. Спенсер, Г.Ратсенгофер, Л. Козер, Д. Локквуд, Т. Парсонсу дида мешавад.

Низоъ ё моҷаро вақте ба амал меояд, ки ду ва ё зиёда аз он қувваҳои равияхояшон гуногун барои амалӣ гардидани мақсдҳояшон байни якдигар мубориза мебаранд.

Ба гурӯҳҳои моҷароҷӯи метавонанд шахсони алохида, ташкилотҳо, хизбҳо, иттиходияҳое , ки харктери сиёсӣ доранд, ҷараёнҳои гуногуни идеологӣ, гурӯҳҳои мафиозӣ, ҷинояткорон дохил гарданд. Низоҳо дар асоси ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба амал омада, сохти онҳо чунин ҳаст: моҷароҳои байналхалқӣ, синфӣ, айналмиллӣ, байни гурӯҳҳои этникӣ , динӣ , демографӣ, минтақавӣ.

Низоҳо дар маънои сиёсӣ , дар доираи хеле калон низ ба амал меояд, ки онҳо инқилобҳо, моҷарои байни иттиҳоди давлатҳо, ҷангҳо, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии тарафҳои моҷароҷӯро фаро мегиранд, дохил мешаванд. Дар ин ҷо вазифаи сиёсат аз он иборат аст, ки роҳҳои ҳалли ин моҷароҳоро ёбад ва манфиати тарафҳои моҷарҷӯро аз нуқтаи назари сиёсӣ бо назардошти манфиатҳои тарафайн дуруст ҳал намояд.

Тадқиқи назарияи моҷароҳои сиёсӣ нишон медиҳанд, ки агар дар асри Х1Х асоси моҷароҳои сиёсиро бештар ба муборизаи синфӣ мансуб медонистанд, ки он доимо ба сохти ичтимоӣ таҳдид менамуд. Дар асри ХХ бошад, махсусан дар нимаи дуюми он, моҷароҳои сиёсӣ, бештар ба батартибандозиҳои иниститутсионалӣ ва методӣ такя менамоянд.

Моҷароҳои сиёси тақозои замон ва натиҷаҳои инкишофи ҳаёти ҷомеа мебошанд. Ҷомеа, ки аз умумиятҳои гуногуни иҷтимоӣ таркиб ёфтааст, вобаста ба манфиатҳо, талаботҳои одамон ва хосиятҳои муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо ҳодисаҳои наву мураккабро ба миён меорад.

Ҳар як системаи сиёсӣ иерархияи (дараҷа) иҷтимоӣ ба худаш хос дорад, ки ин мавқеи сиёсии табақаҳоро дар чомеа муайян менамояд: яке ҳукумронӣ мекунад, дигаре тобеъ аст, ки ин сабабгори асосии моҷаро шуда метавонад, чунки тамоми бойгариҳо ҳамҷун объект дар ихтиёри табақаи ҳукумрон қарор гирифтаанд.

Моҷароҳо ва низоъхо дар чунин шакл дарозмуддат, кӯтохмуддат, аз руи манбаъ моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ ва моҷарои шахсияти алоҳида буда метавонанд.

Низоъҳо ва моҷроҳо дар чунин шаклхо низ ба амал омада метавонанд:

  • Моҷароҳои идорашавандаи эҳсосӣ, дар натиҷаи ин моҷароҳо, ошубҳо ва бетартибиҳои идоранашаванда ба вуқуъ меоянд. Ташаббускорони ин навъи моҷароҳо барномаи муайян надоранд ва ягон масъалаи ночизро баҳона карда ба вайронкорию куштор даст мезананд.
  • Моҷароҳо вобаста ба «ақидаҳои идеологӣ». Ин шакли моҷароҳо ба муносибатҳои сиёсӣ, динӣ, миллӣ алоқаманд

буда, то як андоза решаҳои дури таърихӣ низ доранд.

Тарафдорони идеяҳои муайян тайёранд барои амалишавии ақидаҳояшон худро қурбон кунанд.

  • Моҷароҳои «институтҳои сиёсӣ». Ин шакли моҷароҳо аслан дар байни ташкилотҳои ҳокимияти сиёсӣ, муайян намудани мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ бурда мешаванд.

Ҳама амалиётҳои моҷарҷӯёна ба таври шартӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: амалиётҳои асосӣ ва ёрирасон. Ба амалиётҳои асосӣ дохил мешаванд амалиётҳое, ки бевосита ба моҷаро оварда мерасонанд ва барои амалишавии манфиатҳо равона шудаанд.

Амалиёти ёрирасон мақоми тобеъият дошта, онҳо барои иҷрои мақсадҳои моҷароҷӯ нақши муҳимро бозида наметавонанд.

Аз нуқтаи назари объективӣ амалиётҳои тарафҳои моҷароҷӯ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: ҳамлавӣ ва мудофиавӣ. Гурӯҳи аввал мақсади ба душман зарар овардан ва забт кардани объектҳои баҳснок, инчунин зӯран пеш кардан аз ҷои сукунат ва асир гирифтану поймол кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандии тарафи муқобил мебошад. Амалиёти гурӯҳи мудофиавӣ, барои ҳимоя ва аз вайронкорихо эмин доштани объектҳо, боигариҳои моддию маънавӣ ва химояи шаъну шарафи шахрвандон равона шудааст.

Масъалахои асосии стратегии тарафҳои манфиатдор чунинанд: рақобат кардан, гузашт намудан, худдорӣ кардан , бефаъолиятӣ.

Дар раванди моҷароҳои сиёсӣ стратегия ва тактикаи амалиёти тарафхои моҷароҷӯ нақши муҳимро бозӣ мекунанд.

Стратегия- ин кули мақсадҳои калон ба ояндаи дурр аст.

Тактика- ин восита ва амалиётест, ки барои иҷрои вазифаҳои

стратегӣ равона шудааст.

Моҷаро ё низои сиёсӣ инчунин арзишҳои меъёрӣ низ дорад, ки онҳо дар конститутсия ва Қонунҳои давлат асоснок карда шудаанд. Тарафҳои мухолиф ҳуқуқ надоранд, ки аз ин меъёру арзишҳои муайяншуда берун бароянд. Ҳар амалӣ сиёсие, ки дар ҷомеа ба вуқӯъ меояд, бояд дар доираи ҳуқуқҳои конститутсионӣ гузарад. Агар моҷаро ба вайронкорӣ ва бенизомӣ биёрад, давлат ҳуқуқ дорад, ки онро бо қувваҳои зӯрӣ пахш намояд.

Дар ин ҷо бамаврид аст, ки вобаста ба гуфтаҳои боло илова намоем, ки аз рӯи сатҳи фарогириашон низоҳо ба шаклҳои глобалӣ , минтақавӣ, байналхалқӣ, дохилӣ, давлатӣ, синфӣ ва этникию гурӯҳӣ тақсим мешаванд. Аз рӯи харктер бошад низохо ба намуди созишшаванда ва оштинопазир тақсим мешаванд.

Вобаста ба дараҷа ва шумораи иштирокчиёни моҷароҳо ба чунин намудҳо тақсим мешаванд: моҷароҳои байнишахсӣ, моҷароҳои шахсони алохида, моҷароҳои байнишахс ва гурӯҳ, мочарохои байни гурӯҳ.Ин шаклҳо метавонанд дар байни давлат, миллатҳо, синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба амал оянд ва ҳаёти сиёсии ҷомеаро ба пуррагӣ фаро гиранд.

Сатҳ, характер ва шиддатнокии низоҳо аз дараҷаи инкишофи иқтисодӣ , иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва мақоми аҳзоби сиёсии мамлакат вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ пешгирӣ ва ҳалли моҷаро дар ҷомеа то ба кадом дараҷа пухта расидани рукнҳои зикргардида марбут аст. Яке аз сабабҳои муҳими ба амал омадани низохо ин номувофиқ омадани манфиатҳои байни одамон, гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ, ки аз рӯи нишонаи этниқи, синфӣ, синну сол, дараҷаи даромад, маълумотнокӣ фарқ мекунанд, мебошад. Ин сабабҳо дар ниҳоди инсон табиатан вуҷуд доранд, ки онҳо инсонро намегузоранд,

ки аз ҳаёт ва зиндагии худ қаноатманд бошад.

Низоҳои иҷтимоӣ асосан дар натиҷаи нарасидани захираҳои зарурӣ ба амал меоянд. Аммо имрӯзҳо дар ҷаҳон дида мешавад, ки норозигии гурӯҳи одамонро гурӯҳҳи низоҷӯи, ҳизбҳо ба манфиати худ истифода мебаранд. Дар натиҷа низоҳо инкишоф меёбанд ва ба сатҳи ҷангхои шахрвандӣ омада мерасанд. Вазифаи ҳокимияти давлати дар ин маврид баробар тақсим намудани захираҳою боигариҳои мамлакат дар байни халқ ва тақсим баробари вазифаҳо, аз ҳисоби кадрҳои минтақавӣ, дар аппаратҳои роҳбарикунанда мебошад.

Ҳамин тариқ, барои пайдоиши ва инкишофи низоҳҳо як қатор омилҳо заруранд:- мавҷудияти вазъияте, ки низоҳҳо сар мезананд.

-мавҷудияти субъектҳои низоҳои сиёсӣ, ки барангезанда ва барандаи ин ҳодиса мебошад.

-мавҷудияти баҳона,ки боиси сар задании низои сиёсӣ мегардад.

Пешгирӣ кардани низоҳои инчунин аз шароити объективӣ ва субъективии ҷомеа низ вобастагии зиёд дорад. Воситаҳои асосии ҳалли низоҳо инхоянд:

– аз байн бурдани объекти низоҳҳо;

-тақсим намудани объекти низоъ дар байни тарафҳои моҷароҷӯ;

-муайян намудани вақти бо навбат истифода бурдани объект дар байни тарафҳои моҷарҷӯ;

-ҷуброн намудани тарафе, ки дар вақти супоридани объект ба гурӯҳи дигар зарар додаст;

-ҷудо сохтани тарафҳо дар мавриди низоъ;

– гузаронидани гуфтушунидҳо дар байни тарафҳои моҷарҷӯ, ба даст овардани созиши умумӣ.

Миёнаравӣ дар ҳалли низоҳҳо нақши муҳим мебозад.

Миёнарав бояд талабу манфиатҳои ҳар ду тарафи моҷарҷӯиро ба назар гирад. Миёнаравҳо шахсоне, ташкилотҳо, давлатҳое шуда метавонанд, дар сатҳи давлатӣ, ҷахонӣ ҳурмату эътибори худро доранд.

Барои танзими манфиатҳои хамаи тарафҳои ҷалбшуда миёнаравон аз се усули рафтор истифода мебаранд, то ин ки қарори мувофик оид ба барҳам задании моҷаро барои ҳарду тараф қабул карда шавад.

Усули якум- миёнарав аз муошират, иттилооти дақиқ ва манипулятсия др тартиботи зикршуда истифода мебарад. Нақши миёнарав дар он аст, ки роҳҳои ҳалли масъалаҳои баҳсноки ҷонибҳои мухталифро бо назардошти ҳимояи манфиатҳояшон зимни гуфтушуниди мустақим пайдо намояд ва барои ба мувофиқа овардани онҳо саҳм гирад.

Усули дуюми миёнаравӣ- аз миёнарав омӯхтани моҳияти музокиротро талаб манамоянд.

Нақши миёнарав дар ҳалли низоҳои сиёсӣ дохилии Тоҷикистон хеде калон буд. Ба сифати он Созмони Милали Муттаҳид баромад менамуд, ки оид ба ин дар мавзуи муносибатҳои миллӣ равшантар қайд намудаем.

Хулоса, низо ё моҷароҳо агарчӣ таърихан падидаҳои доимии ҷомеа ба ҳисоб раванд ҳам ҳалли он онҳо доимо сари вақт ва ҳатмӣ мебошад.

test

Добавить комментарий