Масъалаҳои умумиҷаҳонии (глобалӣ) муосир

 

Дар қатори масъалаҳои байналхалқи, масъалаҳои глобалӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъияти ба шумор мераванд. Худи мафҳуми «global» аз забони фаронсавӣ гирифта шуда маънои умумӣ ва фарогирандаи умумии тамоми сайёраи заминро дорад. Аввалин шуда ин мафҳумро олими амрикоӣ Р.Робертсон дар асари худ «муҳокимаи глобалӣ » истифода намудааст.

Дар зери масъалаҳои глобалӣ чунин ҷиҳатҳои ҳаётии одамон фаҳмида шудаанд ва аҳолии курраи заминро фаро гирифтаанд:ҳолати экологӣ, нигоҳ доштани сулҳ, аз байн бурдани бемориҳои хавфнок, таъмини аҳолии курраи замин бо озуқа, ба танзим андохтани таваллуди кудакон, аз байн бурдани ақибмонии минтақаҳо, таъмини захираҳо , аз худ намудани баҳрҳои чахонӣ, истифода бурдани фазои кайҳони, нигоҳ доштани маданияти умумиҷахонӣ ва анаъанаҳои ахлоқии инсоният.

Аксарияти масъалахои глобалӣ ба монандӣ: масъалаҳои ҷанг ва сулҳ, гӯруснагӣ, касалиҳои оммавӣ, ҷихатҳои фарқкунандаи инкишофи баъзе мамлакатҳо ва минтақаҳои сайёра решаи чуқури таърихӣ доранд. Инкишофи замин ҳамавақт зиддиятнок буд, масъалан, инсоният дар натиҷаи хеле ғайриоқилона истифода бурдани бойгариҳои табиат, сохтумони шаҳрҳо, обанборҳо, сотумони роҳҳои автомобилгарду роҳҳои оҳан, инкишофи саноати металлургияю химиявӣ ба табиату замин хеле зарари калон овард. Муссалаҳшавии бошитоб, дар қатори пешравиҳо ба инсоният инчунин бадбахтиҳо низ овард. Ихтирои борут, динамит ва истифодаи онҳо бисёр харобиҳо овард.

Тамаддуни имрӯза ба зиддиятхои сахттарини солҳои 60-70 асри ХХ бархӯрд. Дар ин давра дастовариҳои илмию техникӣ ба дараҷаи баланд инкишоф ёфта бошанд хам, ин ҳолат натавонист зиддиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодии байни одамонро хал намояд, баръакс масъалаҳои вазнини экологиро ба миён овард.

Дар замони ҳозира масъалаҳои глобалӣ дар ҷаҳон на ин ки таваҷҷуҳи олимон ва як қатор ҳаракатҳоро ба худ кашидааст. Инчунин дар арсаи байналхалқӣ харакати зидди глобалӣ ҳамаҷониба инкишоф ёфта истодааст, ки онҳо ба таври радикалӣ зидди глобалитсия баромад мекунанд. Раванди глобализатсиякунонӣ дар инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифодаи олими фаронсавӣ Б.Бадио дар се ченак асос меёбад:

– пешрафти доимии раванди таърихӣ;

– якшавӣ ва характери универсалӣ гирифтани ҷахон;

– аз байн рафтани сархадҳои миллӣ.

Ченаки дуюми глобализатсиякунонии хаёти ҷахонӣ, ки баякшавӣ ва характери универсалӣ гирифтани ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ тааллуқ дорад, ин маънои ташкили деҳаи ягонаи ҷаҳониро дорад, ки дар он бошандагони тамоми курраи замин ё ин ки хукумати ягонаи умумиҷаҳонӣ ҷамъ оварда мешавад.

Дигар ченаки тамоюли глобализатсиякунонии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки Б.Бадио нишон дода буд, ин аз байн рафтани сарҳадҳои давлатӣ мебошад. Ин аз дараҷаи муносибатҳои байни давлатӣ ва мубодилаи доду гирифти байни онҳо вобастагӣ дорад. Яке аз чунин омилҳо барои аз байн рафтани сарҳадҳо ин ташкили бозори молҳо, хизматрасонӣ, системаи молиявию коммуникатсионии байни давлатҳо мебошад. Иттиҳоди давлатхои Европа, ки ҳоло 25 давлатро муттаҳид менамояд ва масъалаи сарҳадӣ дар он қариб аз байн рафтааст, мисоли равшани ин раванд шуда метавонад.

Масъалаҳои глобалӣ дар натиҷа бо фаъолияти инсон вобастаги доранд ва онҳоро шартан ба чор намуд тақсим кардан мумкин аст:

Масъалаҳои глобалии иҷтимоию сиёсӣ- ин комплекси калони вазифаҳои таъмини сулҳ ва бехатарии байналхалқиро фаро мегирад.

Ба ин пешгирӣ кардани ҷангҳои локалӣ ва ҳалокати ҷаҳон аз аслиҳаи ядроӣ; решакан кардани зуҳуроти зуроварӣ нисбат ба одамон ва ба таври осоишта ҳал намудани низоъҳо; манъ кардани мусаллаҳшавии бошитоб ва бесилоҳкунӣ; дар байни халқхо ташкил намудани муносибатҳои боваринок, ҳамсоягии дӯстона ва ҳамкорӣ дохил мешаванд.

Масъалаҳои глобалии иҷтимоию иқтисодӣ, ба онҳо чунин проблемаҳо дохил мегарданд: ақибмонии иқтисодии давлатҳое, ки қариб ними аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд , демографӣ, озуқаворӣ ва захираҳо.

Ба омилҳои асосии ҳолати қашшоқии мамлакатҳо инҳо дохиланд:

  • Характери аграрӣ доштани иқтисодиёт ва аз сар нагузаронидани тараққиёти саноатӣ, сифати паст доштани маҳсулоти истеҳсолшуда;
  • Ғайримақсад истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ, зиёд будани ҳолати бекорӣ, паст будани дараҷаи истеҳсолоти меҳнатӣ, нарасидани мутахассисон ва корчалонҳо, хавасманд набудан ба меҳнат, васеъ паҳн шудани коррупсия дар ҳамаи звеноҳои ҳокимияти давлатӣ, нагузаронидани ислоҳотҳои замин, қонунгузорӣ ва инкишофи принципҳои иқтисоди бозоргонӣ имконият намедиҳанд, ки ҳаёти иқтисодию иҷтимоииин мамлакатхо пеш равад;
  • Иқлими ҷойгиршавии аксарияти мамлакатҳои аксарияти мамлакатҳои ақибмонда хеле душвор буда, заминҳо барои зироаткорӣ намерасанд ва бар замми ин моли истеҳсол мекардагии онҳо камсифат ва меҳнатталаб буда, дар бозори ҷаҳонӣ бо нахри арзонтарин ба фурӯш меравад ва илова бар ин онҳо маҳсулоти давлатҳои тараққикардаро бо нархҳои балантарин харидорӣ мекунанд, ки ин раванд ба гардани онҳо карзҳои хеле гаронро бор мекунад.

Масъалаҳои демографӣ, яке аз масъалаҳои муҳимтарини глобалии замони ҳозира буда, ду масъалаи ба ҳам алоқамандро фаро мегирад:

якум, ҳамчун масъалаи глобалӣ бо «таркиши демографӣ» дар мамлакатҳои тараққикардаистода алоқамандӣ дорад;

дуюм, кам шудани саршумори таваллуд дар мамлакатҳои тараққикарда.

Таркиши демографӣ ин бо суръати баланд зиёд шудани аҳолии ҷаҳон буда, дар нимаи дуюми асри ХХ шумораи аҳолии курраи замин хеле афзуд. Зиёд шудани шумораи аҳолӣ барои табиат хатарнок низ мебошад, чунки аз ҳад зиёд истемоли захирҳои табиӣ ба нобудшудани онҳо оварда мерасонад.

Ин масъала дар Тоҷикистон низ ҳалталаб мебошад. Аҳолии Тоҷикистон ҳоло бо суръати баланд инкишоф ёфта истодааст. Соли 2002 дар Тоҷикистон 6, 3 млн. одамон зиндагӣ мекарданд, ки аз солҳои 1926 панҷ маротиба аз соли 1991 сӣ фоиз зиёд мебошад. Хисоби миёнаи як ойла ба 6 нафарро ташкил менамояд. Зиёд шудани таваллуд ба кам шудани аҳолии қобилияти меҳнат ва зиёд шудани сафи пиронсолон, нафақахӯрон оварда мерасонад.

Бинобар ин дар ҷаҳон бояд дувазифаи демографии ба роҳ монда шавад: ба танзим андохтани таваллуд дар мамлакатҳои тараққикарда истода, ва муътадил кардани таваллуд дар мамлакатҳои тараққикарда.

Дигар масъалаи муҳими глобалӣ ин сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ мебошад. Аз табиат ҳама чизро ба зӯри гирифта намешавад, ин сабабҳои худро дорад:

-аввалан захираи бойигариҳо хеле кам шуда истодаанд ва аз сари нав барқарор намегарданд;

-дуюман, истеҳсоли оммавии захираҳои табиӣ ба муҳити атроф зарари калон расонида, таносуби байни табиату истеҳсоли захираҳои табииро вайрон мекунад.

Масъалаҳои глобалии иҷтимоию экологӣ, дар алоқамандии ҷомеа бо муҳити атроф ва бартараф намудани кризиси экологӣ, алоқаи зич доранд, ки онҳо дар натиҷаи амалиёти вайронкоронаи инсон нисбат ба табиат ба амал омадаанд. Табиат дар ҳаёти инсон нақши дутарафаро мебозад: ҳамчун сарчашмаи захираҳо барои истеҳсолот ва ҳамчун муҳити зиндагии одамон.

Проблемаҳое, ки кризиси экологиро ба вуҷуд меоранд, чунинанд:

– ифлосшавии ҳаво ва ҳавзаҳои обии курраи замин аз ҳисоби партовҳо;

– тағийроти глобалии иқлим ва эҳтимоли ба ҳалокат дучор гардидани иқлим;

– нест шудани навъи беҳтарини растаниҳҳо ва зоти ҳайвоноти сайёра;

– кам шудани заминҳо барои кишт ва вайрон шудани таркиби заминҳои ҳосилхез;

– нест шудани ҷангалзорҳо ва дигар набототҳо.

Оид ба ин бояд чунин корҳои пешгирӣ дар дохили омма гузаронида шаванд: коркарди барномаҳои ҳимояи муҳити атроф, гузариш ба шакли нави ҳимояи табиат ва маданияти технологияӣ, ташаккул ва инкишоф додани чаҳонбинии экологии дар ҷомеа.

Масъалаҳои глобалии инсон– дар маркази масъалаҳои экологӣ инсон меистад, чунки ин ҳама масъалаҳоро худи инсон месозад ва ба зарари худ. Ин масъалаҳо чунинанд:

– ҳалокшавӣ наздикон, вайроншавии ҷойхои истиқомати ва дигар бадбахтиҳо дар натиҷаи низоҳо, ҷангҳо,зӯровариҳо, ғоратгарӣ.

– миллатчигӣ, фанатизми идеологияи динӣ, ҷудоандозӣ ва душманӣ дар байни одамон;

– поймол намудани ҳуқуқ ва озодии шахс, занон ва аксариятҳои миллию этникӣ;

– бекорӣ, гурӯснагӣ, қашшоқӣ, гурезагӣ, оворагардӣ, бесаводӣ ва бемаданиятӣ;

– дар байни одамон характери умумӣ гирифтани бемориҳои сирояткунанда, ба монанди СПИД, сил, зуком ва зиндагии носолим (нашъамандӣ, майзадагӣ ва гайра).

Дар ин ҷо низ пешгири оммавии ин масъалаҳо бо ёрии барномаҳои байналхалқӣ зарур аст.

Масъалаҳои глобалии пешгӯӣ ба оянда-дар натиҷаи ҷиддӣ гардидани масъалаҳои глобалӣ бисёр олимон ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин проблемаҳо шурӯъ карданд ва пешгӯиҳои футурологӣ(таълимот дар бораи оянда) намудаанд.

Дар замони ҳозира нуқтаи назари футурологҳо барои сиёсат аҳамияти амалӣ дорад. Давлат метавонад роҳҳои қулайтари пешравии ҷомеаро муайян намояд. Дар пешгӯиҳои иҷтимоӣ асосан аз ду метод: экстраполативӣ ва моделкунонӣ истифода бурда мешавад.

Методи экстраполативӣ(имдод кардан) натиҷаи ба дастоварандаи ҳаёти иҷтимоии гузаштаро бо эҳтимолияти дараҷаи инкишофи масъалаҳои иҷтимоии оянда пешгӯӣ менамояд.

Методӣ моделкунонӣ дар асоси якчанд назарияҳо ояндаи инкишофи чомеаро пешгӯӣ менамояд. Ин моделҳо, нақшаҳо ва сенарияҳо варианти ояндаи ҳолати иҷтимоии ҷомеаро ба таври фурурологӣ пешбинӣ менамоянд.

Аммо фаромуш набояд кард, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамкории байналхалқӣ зарур мебошад. Ягонагии амалиётҳо дар чунин асосҳо ба амал омаданаш инмконпазир аст:

Якум, шарти муҳим ва асосӣ- ин ба таври умумӣ дарк намудани проблемаҳое мебошанд, ки ба тақдир инсоният таъсири ҷиддию ҳалокатовар доранд.

Дуюм, шарти муҳими принсипиалӣ дар муттаҳидшавии инсоният барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини инкишофи осоишта ва дур шудан аз муқовимати ҷангӣ мебошад.

Сеюм, муттаҳидшавии олам дар масъалаи ҳалли масъалаҳои глобалӣ- ин ҳамкории васеи ҳамаҷонибаи байни давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Чорум, хамкориҳои байналхалқӣ.

Дигар тарафи илме, ки ин масъалаҳоро дар зери тадқикоти худ қарор додаст геополитика мебошад.

Мафҳуми «геополитика» аз калимаи юнони «geo» -замин, « poljtjca» сиёсат гирифташуда, маънои сиёсати заминро дорад. Геопалитика ин илм ва системаи донишҳо дар бораи назорат аз болои замин ва фазо мебошад.

Сиёсати геополитикӣ дар асоси се назарияи илмӣ: тамаддунӣ, ҳарбию стратегӣ ва детерминизми географӣ ташаккул ёфтааст.

Асосгузори назарияи тамаддун ва раванди таърихи олими рус Николай Яковлевич Даниловский мебошад. Вай дар асари худ

« Россия ва Европа» қайд кардааст, ки мавқей\и нақшофарандаи асосиро дар таърихи давлат миллатҳои алоҳида не, балки умумиятҳои калони маданию динӣ бозидаанд.

Назарияи стратегияи ҳарбиро бошад олимон Н.Макиавеллӣ, К.Клаузевитс ва Х.И.Мольтке инкишоф додаанд. Асосгузори он ё акидаҳои беҳтаринро олими амрикой Альфред Мэхен гуфтааст. Ӯ фазоҳои ҳудудии ҷаҳонро ба чандин минтақа тақсим намуда, диққати махсусро ба арзҳо 30 ва 40 додааст ва онҳоро «минтақаҳои моҷаро» номидааст, ки дар ин ҷойҳо но вобаста аз сиёсатмадорон манфиатҳои «империяҳои баҳрӣ» бармехуранд, ки онбаҳрҳои беканорро назорат мекунанд ва «давлатҳои дар хушкӣ буда» фақат ба қитъаи Евроазия такя карда метавонанд.

Сарчашмаи дигари назарияи геополитикӣ ин консепсияи детерминизми географӣ(таълимот дар бораи қонуният ва сабабияти ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият) мебошад. Олими фаронса Жан Боден(1530-1596) дар асараш «Шаш китоб дар бораи давлат» аҳамияти масъалаи детерминизми географиро қайд намудааст. Ӯ ҳолати ба детерминизми географӣ илоқа доштани одамонро аз се сабаб иборат медонад: иродаи Илоҳӣ, худсарии инсон ва таъсири он ба табиат.

Дар чобаҷогузории қувваҳои геополитики замони нав Конгресси Вена(1814-1815) асос гузошт. Русия ва империяи Австро- Венгерӣ ба маркази геополитики чаҳон табдил ёфтанд. Соли 1877 султони Туркия унвони «Империяи Усмонӣ»-ро кабул кард ва Туркия дар сиёсати геополитикии Шарқии Наздик ва Ҷанубу Шарқии Европа мавқеи сиёсӣ пайдо кард. Русия то байни асри Х1Х дар европа мавқеи ҳалкунанда дошт ва ба Англияву Австрия, Фаронсаву Туркия муқовимат мекард. Дар ҷанги Қрим солҳои 1853-1856, ки Туркия ба муқобили Русия бурд, тамоми мамлакатҳои Европа туркияро тарафдорӣ намуда ба муқобили Русия буданд. Ва Русия шикаст хӯрд.

Пас аз шикасти хӯрдани Русия дар Қрим системаи Венагии сиёсати геополитикӣ камее тағйир ёфт. Дар ин ҳолат иттиҳоди муқаддаси шоҳӣ шикаст хӯрд, ки ин бори гарон ба Русия ягон фоида наовард.

Дар нимаи дуюми асри Х1Х Русия сиёсати аниқи геополитикӣ надошт. Дар солҳои 70 асри Х1Х Русия дар чанги зидди Туркия ғалаба ба даст овард, то Истамбул расид ва Булғороияро аз зери зулми империяи Турк озод кард, вале давлатхои Ғарб ба Русия имконият надоданд, ки ғалабаашро дар ин шаҳр абадӣ нигоҳ дорад. Дар охири асри Х1Х дар мамлакатҳои ИМА ва Олмон саноат хеле тараққӣ кард. Амрикоиҳо дар фазои беканори минтақавии худ муваффақиятҳои калони инкишофи саноатӣ ва савдоӣ ба даст оварданд ва испаниҳоро аз Куба ва Филиппин ронданд. Олмон бошад, бо роҳбарии «канслери оҳанин»-и худ Отто фон Бисмарк ба яке аз мамлакатҳои калонтарини контененталӣ табдил ёфт ва дар сиёсати геополитики ҷаҳон мақоми пешбарандаро ишғол намуд. Бо роҳбарии Олмон Иттифоқи Сегона ташкил шуд, ки ба он Олмон, Австрия-Венгрия ва Италия дохил мешуданд. Иттиҳоди дигарро Фаронса, Англия ва Русия, ки ба номи «Антанта» машҳур аст, ташкил карданд. Мақсади иттиҳод роҳ надодан ба тақсими ҷаҳони таҷовузкории европоӣ буд.

Яке аз давраҳои муҳим дар сиёсати геополитикии ҷаҳон-давраи Версалӣ гардид. Бо шикасти Иттифоқи Сегона дар чанги Якуми Ҷаҳонӣ (1914-1918) ба таври қатъӣ дигаргунгардидани чойгиршавии кувахо дар сиёсати геополитикии чба амал омад. Империяҳои Олмон, Австро-Венгрӣ, Русия ва Туркия шикаст хӯрда, аз байн рафтанд. Дар ҷои шикастапораҳои ин империяҳо давлатҳои майдаи начандон бақувват ташаккул ёфтанд. Созишномаи сулҳи Версалии соли 1918 бартариро дар қисмҳои хушкигарди китъаи Европа ба Фаронса ва баҳриро ба Англия дод. Барои Русия умуман дар Европа дигар чой намонд.

Бо тавсияи Лигаи Миллатҳо ва Шартномаи Версал мустамликаҳои Олмон ва Туркия тақсим карда шуданд. Мувофиқи накшаи президети ИМА В. Велсон Русия бояд ба якчанд минтақаҳо тақсим мешуд: Кавказ бояд як қисми империяи Туркия, Осиёи Миёна бояд протекторияи ягон давлати европоӣ мешуданд. Дар қисми европоии Русия ва Сибир бояд як ҳокимияти бонуфуз ташкил карда мешуд. Бо ҳамин мақсад 15 давлати ҷаҳон дар гӯшаю канорҳои гуногуни Русия қувваи ҳарбӣ фароварданд, ки дар натиҷа ин ҳуҷум бисёр харобиҳою талафоти моливу ҷониро ба сари Русияи Шӯравӣ овард.

Дар ҷанги Якуми Ҷаҳон аз ҳама зиёд ИМА фоида ба даст овард. Дар конференсияи Вашингтонии соли 1922 ба ИМА ҳуқуқ дода шуд, ки дар қатори Англия қувваи баҳрӣ дошта бошад, ин имконият дод, ки ИМА минъбад ба системаи комуникатсионии баҳрӣ назорат кунад.

Бо дастгирии Лигаи Миллатҳо ва давлатҳои ғолиб дар байни Олмон ва Русияи Шуравӣ хатти санитарӣ гузошта шуд. Ҳамин тариқ, ду давлати калонтарини ҷаҳон Олмон ва Русия аз якдигар ҷудо карда шуданд. Ин тартиботи нави ҷаҳонӣ пеш аз ҳама ба муқобили Русияи Шӯравӣ, Олмон ва Чин равона шуда буд. Бояд қайд кард, ки ба назар нагирифтани манфиятҳои геополитикии ин давлатҳо ояндаи хуб надошт ва инро раванди минбаъдаи ҳаёти сиёсии ҷаҳон нишон дод.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳон натиҷаҳои сулҳи Версалро гӯронд. Иттиҳоди Шӯравӣ вазнинии асосии ин ҷангро ба души худ гирифт ва талафоти калони ҷонию молӣ дод. Ба ҳамои ин нигоҳ накарда, Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷанг бо сари баланд баромад ва боз ҳам пурқувваттар гардид. Аввалин маротиба Русия дар атрофии худ блоки ҳарбию сиёсиро муттаҳид кард.

Баъди ҷанги Дуюми Ҷаҳон давраи Потсдам (1945) сар шуд. Ҳамон сол дар яке аз шаҳрчаҳои хурди Олмон Потсдам, аз рӯи натиҷаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон шартнома имзо карда шуд, ки дар таърих бо номи Шартномаи Потсдам машҳур мебошад. Дар ин шартнома системаи нави муносибатҳо дар байни мамлакатҳо ҷойгиршавии қувваҳо, ки дар Европа баъди ғалаба аз болои Германияи фашистӣ ба амал омадаанд, қайд шудаанд. Ин система сарҳадҳои нав ва ҷойгиршавии қувваҳои нави геополитикиро муайян намуд дар маҷмӯъ конференсия сиёсати геополитикии ҷаҳони муосирро характери бисёрқутба бахшид, ки дар он Иттиҳоди Шӯравӣ бо иттифоқчиёнаш қувваи баҳриро ташкил карданд.

Баъди бастани шартномаи Потсдам дар ҷаҳон давраи нави геополитикӣ сар шуд, ки ин давраро – давраи «ҷанги сард» дар байни системаи ҷаҳонӣ сотсиализм ва капитплизм меноманд. Тартиботи ҷаҳонии муайяннамудаи Потсдам бо бастани шартномаи Беловежии байни Русия, Украина ва белорусия, ки аз байн рафтани Иттиҳоди Шуравӣ(соли 1991) нуқта гузошт ва сиёсати нави геополитики ҷахон оғоз ёфт.

Тафаккури геополитикӣ имруз ба ду ҷараён: «Антлантизми нав» муаллифаш директории институти тадқиқотӣ- стратегӣ дар назди донишгоҳи Гарвард С.Хантингтон ва «Охири таърих» муаллифаш Ф. Фукоям тақсим шуд. Ба ақидаи Самуэл Хантингтон Ғарбу Шарқ аз якдигар дар фосилаҳо дуранд. Арзишҳои Ғарб- ин бозор, озодӣ, демократия ва ҳуқуқҳои инсон мебошад. Арзишҳои Шарқ коллективизм, анъанапарастӣ, ягонагӣ ва падаршоҳӣ мебошад.

Бармегардем ба мавқей Тоҷикистон дар арсаи сиёсати геополитики ҷаҳонӣ. Дар замони ҳозира аксарияти мамлакатҳои ҷахон мубталои раванди сиёсати геополитикӣ гардидаанд, ки ба қатори онҳо Тоҷикистон низ доҳил мешавад. Дар ин раванд Тоҷикистон бояд тамоми ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсии худро ба тезӣ гузаронад ва дар қатори дигар мамлакатҳои пешрафтаи ҷомеаи чаҳонӣ чой ёфта, соҳибихтиёрӣ, бехатарӣ ва манфиатҳои миллиашро таъмин намоянд. Диққати бисёр мамлакатҳои чаҳон нисбат ба Тоҷикистон хеле афзудааст. Сабаби ин таваҷҷӯҳ дар он аст, ки Тоҷикистон хеле мавқеи хуби геостратегӣ дошта, манбаи боигариҳои табии фаровон, захираҳои обӣ, энергетикӣ ва илмию техникӣ мебошад. Садсолаҳо пеш аз ин бавоситаи худуди Тоҷикистон Роҳи Бузургӣ Абрешим аз Европа ба Чин ва Ҳиндустон мегузашт. Дар замони ҳозира Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор намудани ин роҳ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст: сохтумони роҳи мошингарди байни Тоҷикистон ба воситаи ағбаи Кулма ба Ҷумҳурии Халқии Чин ва сохтумони туннели Анзоб ба Шимоли ҷумҳурӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки

Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи географӣ дар маркази Осиёи Миёна ҷои гирифта, дар ҷануб бо Афғонистон(1344 км.), дар Шарбо Чин(511 км), дар шимол бо Қирғизистон(590 км) ва дар Шимолу Ғарб бо Узбекистон(1363 км) сархад дорад.

Имрӯз Тоҷикистон тамоми қувваро ба он равона карда истодааст,ки пеши роҳи қоҷоқи мухаддиро аз Афғонистон гирад. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ дар ташкилотҳои байналхалқӣ ба монанди СММ, ОБСЕ, Фонди байналмиллии асъор, Бонки умумиҷаҳонии инкишоф мавқеи худро дорад. Инчунин аъзои Ташкилоти ҳамкории иқтисодиётест, ки дар он Эрон, Покистон ва Туркия иштирок доранд. Бо барномаи НАТО «ҳамкорӣ баҳри сулҳ» ва Шартномаи ҳамкорӣ бо Иттиходи Европа ҳамроҳ гаштааст. Яке аз воситаҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои актуалии минтақавӣ ин аз ҷониби роҳбаронии Олимақоми давлатҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қабули Деклоратсияи дар бораи ташкил кардани «Ташкилоти ҳамкориҳои Шанхай» (ШОС ) мебошад.

test

Добавить комментарий