Сиёсат-ҳамчун ҳодисаи ҷамиятӣ

Нақша:

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ва марҳилаҳои асосии инкишофи он.

Зарурияти омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ.

Нақш ва моҳияти сиёсатшиносӣ дар ҳаёти ҷомеа.

Сиёсатшиносӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ предмети нав буда, ба наздикӣ ба барномаи таълимии мактабҳои олӣ дохил карда шудааст.

Шояд ин аз он хусус бошад, ки дар ҳама расонаҳои хабарӣ ва гуфтугeҳои муқаррарии одамон мо ибораҳои сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодию илмӣ- техникӣ, сиёсати фарҳангӣ, сиёсати экологию демографиро доимо мешунавем ва мебинем, ки ҳар кадом масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсати хосеро талаб менамояд.

Эҳтимол меравад, ки инсон ҳарчанд худро аз сиёсат дар канор гирифтанӣ шавад ҳам, вале бо ҳазорон риштаҳои ба чашм ноаён баста шуда, берун баромада натавонистанашро эътироф намуда, ҳар кадом баҳри ҳифзи манфиати халқ ё гурӯҳе хоҳ ҳизбӣ ё синфӣ ва ё хоҳ умумимиллӣ кӯшиданашонро хира бошад ҳам, дарк кардааст. Одамон донистаанд, ки низоми муайяни дар ҷомиа ҳукмрон як навъ муносибати байни гурeҳҳои гуногуни иҷтимоиро муқаррар намудан аст, чунки ҷомеаи инсонӣ ҳамеша низоми муайяни муносибату манфиатҳоро тақозо менамояд. Вай, яъне сиёсат ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба инсон нигаронида шуда, мақсади нигоҳ доштани мувозинати муайяни байни манфиатҳо (шахсӣ, гуруҳӣ, қавмӣ, маҳаллӣ, синфӣ, ҳизбӣ, миллӣ)- ро дорад.

Юнониёни қадим дар ибтидо сиёсатро ҳамчун санъати идоракунии давлат медонистанд. Бо мурури тараққиёту пешрафти ҷомеа, мураккаб гаштани таркиби иҷтимоии ҷамъият, пайдо шудани синфҳою ҳизбҳо, ташаккули ҳақшиносии халқияту миллатҳо, ҳифз ва пойдор намудани ҳудудҳои миллӣ ва ғ. зарурияту таҳлилнамоии ҳамаҷонибаю хулосаи зарурӣ баровардан, ояндаи он зуҳуроту ҳодисаҳоро дида тавонистан ва онҳоро ба манфиати хеш истифода намудан барин масъалаҳо илми сиёсатшиносиро ба вуҷуд овард.

Доир ба сиёсат андешаҳои гуногун вуҷуд доранд: Афлотун онро санъати якҷоя зистан, Ленин В.И. «ифодаи таҷассумёфтаи иқтисодиёт», Вебер М. «кӯшиш барои иштирок дар ҳокимият ё таъсир расонидан ба тақсими ҳокимият, дар байни хоҳ давлатҳо ва хоҳ дар дохили давлат байни гурӯҳҳои сиёсӣ бошад» номидаанд. Сиёсат, бешак, санъати идоракунии ҷамъият ва тамоми паҳлӯҳои серсоҳаи ҳаёти ҷамъиятии одамон ва натиҷаи фаъолияти онҳост. Тавассути сиёсат мефаҳмем, ки фаъолияти одамон чӣ натиҷа медиҳад, мардум ҳаёташонро чӣ тавр ташкил менамоянд, онҳо то кадом дараҷа манфиатҳои шахсӣ, оилавӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, синфӣ ва миллиашонро бо баҳисобгирии манфиати дигарон дарк менамоянд ва инчунин муносибати байни онҳо, маҳорату малака ва усулҳои ба таври осоишта ба ҳам зистанашанро низ дониста мегирем.

Иқрор бояд шуд, ки чигунагии муносибати байни одамон бо ҳамдигар аксаран натиҷаи сиёсати шахсони алоҳидаи сиёсӣ ва пешвоёну ҳизбҳои сиёсӣ буда, ба дараҷаи ақлу фаросат, таҷрибаи андӯхтаи онҳо алоқаманд аст. Ҷомеаи башарӣ гувоҳи он аст, ки дар рафти бархурди манфиатҳо, гурӯҳи сиёсӣ ё ҳизби сиёсие ба сари қудрат меояд. Вай барои дар мӯҳлати мадид дар сари қудрат монданаш як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрие қабул менамояд, ки режими ба амаловардаашро тағирнопазир ва кӯшиши дигар намудани онро ҳамчун хиёнати давлатӣ ба ҳукми қонун медарорад.

Агар воқеан ин режим ақалан муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятии одамонро ҳал мекарду ҷомеаро солим мегардонид, он гоҳ дар сари қудрат солҳои дароз монданаш ба манфиати миллату давлат мебуд. Агар зиддиятҳои иҷтимоӣ боз шадидтар гашта, ҷамъият ба балоҳои маҳалгароӣ, ришвахӯрӣ, қашшоқӣ ва ғ. гирифтор гашта бошаду вале қувваи дар сари қудрати сиёсӣ буда, онро ҳамчун

«муваффақият»- арзёбӣ намояд, он гоҳ дар ҷомеа фалокати иҷтимоие рух медиҳад, ки

оқибаташро солҳо паси сар кардан мумкин нест.

Аз ин лиҳоз сиёсат инчунин дар мавриди муайян санъати бехунрезӣ ба хотири томияти ҷомеа аз ҳокимияти сиёсӣ ихтиёран даст кашидан ва ин ҳокимиятро ба ихтиёри қувваҳои солимтару дурандештар додан аст.

Танҳо ҳамин санъат имкон медиҳад, ки дороии моддию маънавии ҷамъиятӣ нигоҳ дошта шуда, онҳо барои пешрафти ҷомеа хизмат намоянд.

Ба мафҳуми сиёсат ҳар кадом фард аз нуқтаи назари манфиатҳо, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, инкишофи умумифарҳангӣ бо назардошти вазъи ҷомеаю тақсимшавии қувваҳои сиёсӣ баҳо медиҳад.

Серсоҳагии сиёсат, бемалол ба он ишора менамоянд, ки дигар илмҳо ҳам вобаста ба вазифаашон дар ҷамъият масъалаҳои алоҳидаи сиёсӣ ва равандҳои онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Масалан, фалсафаи сиёсӣ, давлат ва ҳуқуқ, равоншиносии сиёсӣ, ҷуғрофияи сиёсӣ ҳар кадом оид ба масъалаҳое, ки дар доираи амалашон ҳаст, сару кор доранд.

Бар хилофи ҳамаи илмҳои дигар сиёсатшиносӣ ҳамчун илм ба ҳам пайвандкунандаи ҳамон масъалаҳоеро бо тамоми гуногунрангиаш меомӯзанд, ки ба иштироки одамон дар идора намудани давлат робита доранд, бо тамоми гуногунрангиаш меомӯзад. Вай илм доир ба сохтори ҳокимияти давлатӣ, иштирок дар корҳои давлат, шакл ва принсипҳои фаъолияти системаҳои сиёсӣ ва сиёсати байналхалқӣ мебошад.

Илми сиёсӣ давраҳои муайяни пайдоиш, қафоравӣ ва инкишофро аз сар гузаронидааст. Баъзе сиёсатшиносон пайдоиши сиёсат ва шуури сиёсиро ба пайдоиши синфҳо ва ба гурӯҳои мухолиф ҷудо шудани ҷомиаи инсонӣ вобаста медонанд.

Ба андешаи мо ин он қадар дуруст нест. Ҳанӯз дар ҷомеаи обшинаи ибтидоӣ қабилаҳои гуногуне, ки бо ҳам ҳамсоя буданд, дар ҳудудҳои муайян сукунат доштанд. Онҳо байни худ оид ба халалнопазирии ин ҳудудҳо қарордод доштаанд. Вайрон кардани ин қарордод ба ҷанги байни қабилаҳо мебурд. Яъне ҷанг як навъ сиёсати ҳалли муноқишаҳо дониста мешуд. Аммо дар дохили қабилаҳо, дар муносибатҳои дохилии онҳо ҳанӯз сиёсат пайдо нашуда буд. Агар ба ин андеша розӣ набошем, пас мақсаду маънии ҳамагуна ҷангҳо бароямон норавшан мемонад. Илова бар ин қабилаҳо масъалаи ҷангро низ бо ҳам муҳокима менамуданд. Масалан, қабилаҳо барои сар назадани ҷанги байнӣ қабилавӣ, агар намояндаи қабилае аъзои қабилаи дигарро мекушт, аъзоёни қабилаи зарардида, агар ба шарте тарафи дигар ихтиёран қотилро ва ё ба ҷои он каси дигарро барои ҷазо ба онҳо намедоданд, ҳуқуқ доштанд, яке аз аъзоёни онро дуздида ба қатл расонанд. Аксаран кор ба ин дараҷа намерасид. Қабилае, ки ба ҳамсояқабилааш зарари ҷонӣ расонидааст, ҷуброн медод.

Чӣ тавре ки маълум мегардад, ин масъалаҳо хоҳу нохоҳ хусусияти сиёсӣ доштанд. Аз ин ру, мо инро ҳамчун марҳилаи тавлиди пеш аз илмии сиёсат меномем.

Минбаъд, бо мурури пайдо шудани нобаробарии иқтисодӣ, ки ба ташаккули синфҳои гуногунманфиат оварда расонид, марҳилаи барқароршавии он оғоз ёфт, ки дар илм бо номи давраи фалсафӣ ишора шудааст.

Камбудии марҳилабандии сиёсатшиноси амрикоӣ К. Дойч дар он аст, ки мазкур афкори сиёсӣ – фалсафии Ҳинду Чин ва Эронро ба инобат нагирифтааст. Ҳол он ки афкори сиёсию иҷтимоии ин халқҳо доир ба пайдоишу сохтори давлатӣ, идора намудани давлату нақши подшоҳ дар ҷомиа мавриди назар қарор гирифтааст.

Камбудии дигаре, ки қайд намуданаш шарт аст, ин ба илми сиёсатшиносӣ эътибори ҷиддӣ надодани Вазорати маориф аст, ки соатҳои онро то рафт кам карда истодааст, ҳоло он ки имрӯз бе ҷаҳонбинии ташаккулёфтаи сиёсӣ ҷомеаро идора кардан имконнопазир аст.

Нисбати давлати Тоҷикистон бошад ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки тӯли солҳои ҳокимияти шӯравӣ аксари идеологҳо ва сиёсатдоронаш танҳо ақидаҳои сиёсии марбут ба ҷамъияти Шӯравиро, ки аз ҷониби ҳизби Коммунистӣ муайян

карда мешуд, ҷонибдорӣ менамуданд. Берун аз нуқтаҳои сиёсии дар марказ муайян карда касе чизи наве гуфта наметавонист.

Албатта ин вазъият заминаи муайяни идеологӣ дошта, тибқи он ҳама бояд ҷомиаи коммунистӣ месохтанд ва дар маҷмӯъ ҳама воҳидҳои сиёсии Шӯравӣ баробар буданд, агарчи онҳо бисёр хусусиятҳои муштаракро молик буданд, аммо боз аз бисёр ҷиҳатҳо аз ҳам фарқ доштанд. Ҳамин фарқият дар сиёсат бояд ба инобат гирифта мешуд.

Акнун барои пешрафту инкишофи ҳамагуна давлати миллӣ зарур аст, ки сиёсатмадорону сиёсатшиносон қабл аз ҳама сохти давлатдории миллатҳои дигар, режимҳои сиёсӣ, таркиби синфию ҳизбӣ, идеологияи ҳукмрон ва ғ.-ро дониста гиранд. Онро муайян намоянд, ки байни давлати миллии хеш ва миллати дигар чӣ гуна умумият ва фарқият вуҷуд дорад. Ин бошад имкон медиҳад натиҷаи равандҳои сиёсию иҷтимоии давлатҳои дигар дониста гирифта шуда, аз он хулосаи зурурӣ бароранд. Ҳамин ҷамъбасткуниҳо боиси инкишофи афкори сиёсӣ мегарданд.

Барои сиёсатшиносии тоҷик имрӯз шароити воқеии омӯхтани таҷрибаи андӯхтаи сиёсатшиносии Ғарб ва олами ислом аз як тараф, таҳлилу тадқиқи афкори сиёсии гузаштаи ватан аз ҷониби дигар, ба вуҷуд омадаанд. Ин имконият медиҳад, ки анъанаи давлатдории ниёгон ва таҷрибаи сиёсии халқро, ки бо вуҷуди дар тули ҳазор соли аз идоракунии ҳокимияти сиёсӣ дур буданаш, иродаи сиёсии истилогаронро бечунучаро иҷро намуда, натанҳо худро ҳамчун миллат аз махлутшавӣ бо туркону араб нигоҳ дорад, балки дар ҳаёти сиёсию фарҳангии истилогаронаш нақш бозаду онҳоро то андозае маданӣ гардонад, ҳамаҷониба мавриди арзёбӣ қарор гиранд.

Ниҳоят масъалаи аз ҳама муҳими сиёсатшиносӣ масъалаи фарҳанги сиёсӣ аст, ки тавассути он инсон мақсади сиёсӣ – иҷтимоиашро амалӣ мегардонад. Фарҳанги сиёсӣ қоида ва қонунҳои рафтори сиёсии одамон арзищҳои фарҳангии ҷамъиятиро баҳри ҳали масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ истифода менамояд.

2. Вазифаи сиёсатшиносӣ ва ба ҳам таъсиррасонии он ба дигар

фанҳо

Вазифаи аввалиндараҷаи сиёсатшиносӣ ҳамчун илм таҳлил ва омӯзиши таркиб ва фаъолиятномаи системаи сиёсии ҷомеа, нақши институтҳои сиёсии он дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, ошкор сохтани манфиатҳо (давлатӣ, ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ), нақши пешвоёни сиёсию шаклҳои режимҳои сиёсӣ, муносибати ҳокимияти сиёсӣ бо шаҳрвандон ва шаҳрвандон ба он ва ғ. иборатанд. Ба вазифаи сиёсатшиносӣ чунин масъалаҳо дохил мешавад:

Дарёфт ва такмил додани механизми оқилона ислоҳ нумудани системаи сиёсӣ ва унсурҳои он.

Таҳлили сабаби пайдоиши бӯҳрон ва инкишофи системаи сиёсӣ ва роҳҳои мӯътадилгардонии он.

Тарзи асосноки равандҳои дар системаи сиёсӣ ба вуҷуд омада, ба қонунӣ будани онҳо дар инкишофи ҷамъият:

Кор карда баромадани тавсияҳо барои муҳайё намудани инкишофи мӯътадили системаи сиёсӣ.

Сиёсатшиносон, инчунин вазифаҳои маърифатӣ, ҷахонбинии сиёсӣ, танзимнамоӣ, пешбинии сиёсӣ, тавсифӣ барин вазифаҳои ҷамъиятии онро нишон додаанд.

Номбарнамоии ин вазифаҳо аз нақши афзудаистодаи сиёсатшиносӣ дар ҳаёти ҷамъият шаҳодат дода, нишондиҳандаи он аст, ки ин илм вазифаи пажуҳишӣ, пешгӯикунӣ ва амалӣ дорад.

Аз ин рӯ, ба ҳам алоқамандию ба ҳам таъсиррасонии илми сиёсатшиносиро ба илмҳои дигар ҳамин вазифаҳо муайян менамоянд.

Онро асосан ду шарт муайян месозад. Аввал ба ҳампечию ба ҳам алоқамандии раванди инкишофи ҷамъият (иқтисодӣ, сиёсӣ, рӯҳӣ ва динӣ) дар ҳаёт, дуюм, дар

ҷомиа мушкилиҳо ба арзишҳои муҳими ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд, ки омӯзишашон дар кор карда баромадани чорабиниҳои амалии он ҳама илмҳои ҷамъитӣ иштирок менамоянд.

Муҳимтарини ин арзишҳо некӯаҳволии мардум, оромии ҷамъият, бехатарии миллию озодӣ ва низоми конститутсионист.

Барои ҳамин дар амалӣ гаштани ин арзишҳо чӣ ҷамъият ва чӣ фардҳо ҳавасманданд.

Дарёфт ва аниқ намудани сабабҳои объективӣ, ки асосашонро мушкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд, вазифаи ҳама муассисаҳои ҷомеашиносӣ буда, аз донишмандони ин фанҳо дар дарёфту нишон додани роҳи ҳалли онҳо меҳнати якҷоя талаб карда мешаванд.

Барои ин асос аст, ки ҳамаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ вобаста ба мавзӯъҳои воқеии худ ҷамъиятро меомӯзанд.

Бесабаб нест, ки ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқию рӯҳӣ масъалаи сиёсӣ шуда метавонанд.

Ин дар он ҳолате рух медиҳад, ки мушкилоти ҳамон соҳаро худи он ҳал карда наметавонад. Дар чунин ҳолат зарурият ба воситаҳои сиёсии ҳалли онҳо пайдо мешавад.

Масалан, назарияи иқтисод, ки сиёсатшиносӣ ба вай робитаи қавӣ дорад, на танҳо қонунҳо, балки қонунияти инкишофи хоҷагии бозоргонӣ, худташкилкунии он, худмӯътадилнамоӣ ва инчунин усулу воситаҳои сиёсати давлатиро нисбати фаъолиятнамоии системаи иқтисодии ҷамъиятӣ меомӯзад.

Сиёсатшиносӣ бо таърихи сиёсӣ, сотсиология, ҳуқуқ ва дигар фанҳои ҷамъиятшиносӣ низ робита дорад.

Сиёсатшиносӣ чун тамоми илмҳои дигари ҷамъиятшиносӣ ба дастовардҳои илмӣ такя намуда, ҳангоми баҳо додан ба ҳодисаҳою зуҳуротҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хулосаҳои зарурию субъективӣ мебарорад.

Масалан, таърихи сиёсӣ барои ҷамъбасти ҳодиса ва зуҳуротҳои замони муосир маводи далелӣ дода, сотсиологияи сиёсӣ имконият медиҳад, ки сиёсатшиносӣ мақсади рафтори одамон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, афкори умумро доир ба ҳодисаю зуҳуротҳои ҷамъиятӣ ҷамъбаст намояд.

Сиёсатшиносӣ ҳамчун илм буданашро ҳангоми ба дастовардани ҳадафҳои барҷаста ва амалӣ гардонидани онҳо, инчунин амалиётҳои сиёсӣ муайян менамояд. Масалан, дар вақти кор карда баромадани роҳи сиёсии мамлакат дар ин ё он марҳила ба ҳамвобастагию ба ҳам алоқамандии сиёсатшиносӣ ба соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани ин ба миён меояд.

Намоиши барҷастаи он ки сиёсат ин илм аст, мисоли бисёрест, масалан сиёсати ислоҳотӣ дар кишварҳои тозаистиқлол, пешравию камбудиҳои он ва ғ.

Ё дар мамлакатҳои демократӣ, – мисли ИМА ҳар кадом номзад ба президентӣ ё сенаторӣ аз ҷиҳати илмӣ асоснокию амалигардии барномаашро таъкид менамояд.

Сиёсат танҳо илм набуда як навъ фаъолият аст.

Сиёсат чун санъат фаъолияти нозук ва мурракабест, ки аз барандагони худ рафтори нафис, ба ҳисобгирии рӯҳӣ ва қабули қарори мушаххасро талаб менамояд.

Сиёсат ҳамчун санъат ба интуицияе монанд аст, ки имконият медиҳад дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаб роҳҳои созишро дарёбад ё қарори ғайри чашмдошт қабул карда шаванд, ки миллатро наҷот диҳад, монанд аст.

Сиёсатро ба ибораҳои, «сиёсати олӣ» ва сиёсати «ифлос» ном мебаранд. Бешак, ҳамагуна сиёсати каму беш аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашуда нияти беҳбудии ҷамъиятро дошта, ба инкишофи ҷамъият ёрӣ мерасонад.

Аммо сиёсати нодуруст, зидди халқӣ низ дида мешавад. Масалан диктатураи фашистӣ дар Германияю Италия, миллитаризми Япония. Сиёсат ҳудуд надорад.

Аз як тараф сиёсат ба пешрафти ҷамъият мусоидат намояд, аз дигар тараф ба сари мардум фоҷиа ва фалокат меорад.

Қонуниятҳои сиёсатшиносӣ

Сиёсатшиносӣ чун тамоми илмҳои дигар дори қонуниятҳои муайян буда, тавассути дарки ин қонуниятҳо сиёсати ин ё он давлат муайян карда мешавад.

Аксари сиёсатшиносон се гурӯҳи қонуниятҳоро нишон доданд. Аз ҷумла дар китоби дарсии (Политология. М. гардарики 2004)таҳти таҳрири пофессор М.А. Василик, чунин қонуниятҳо номбар шудаанд.

Гурӯҳи якуми қонуниятҳое, ки робитаҳои баҳамтаъсиррасонии соҳаи ҳаёти сиёсиро бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ифода менамоянд. аз ҷумла, вобастагии сохтор ва вазифаҳои системаи сиёсии ҷамъият, ба сохтори иқтисодию иҷтимоияш; таъсири фаъолонаи сиёсат ва ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию ҳаёти маънавии ҷомеа.

Гурӯҳи дуюми қонуниятҳое, ки робитаҳои муҳим ва устувор ва муносибатҳоро бо баҳамтаъсиррасонии унсурҳои сохтории худи соҳаи сиёсиро ифода менамоянд;

Гурӯҳи сеюм –қонуниятҳои робитаҳои муҳим устувор, тамоили инкишофи тарафҳои алоҳидаи ҳаёт ва зуҳуротҳои ҳаёти сиёсии ҷамъиятро ифода менамоянд. ба онҳо: дар ҷамъияти демократӣ тақсим намудани ҳокимият ба ҳокимияти қонунбарор, иҷроия ва судӣ; тасдиқи принципи плюрализми сиёсӣ дохил мешавад. (Политология. Учебник. М., 2004. стр. 18-19). Имкониятҳо, пайдоиш, фаъолият ва инкишофи иниститутҳои сиёсӣ, манфиат, андеша ва назарияҳо, воридшавӣ ва иштироки шахс дар сиёсат, амалнамоӣ ва инкишофи раванди сиёсӣ, барқароршавӣ, фаъолиятнамоӣ, тағирёбии хусусият ва мазмуни ҳокимияти сиёсиро дар бар мегиранд.

Ҳаминро бояд донист, ки қонуниятҳои ҳаёти сиёсии ҷамъият нисбат ба қонунҳои табиат ҳамчун тамоил амал намуда, бо ин ё он навъ дар натиҷаи фаъолияти «бошуурона» ва ё «бешуурона»-и одамон, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд меоянд.

Тамоили инкишофи онҳоро шароити табиӣ – таърихӣ, вазъияти сиёсӣ – иқтисодӣ, дараҷаи камолоти фарҳангӣ-сиёсии мардум, инчунин хусусиятҳои фардии ҳар кадом гурӯҳҳои сиёсӣ муайян месозанд.

Сиёсатшиносӣ дорои катигорияҳои худ мебошад,ки онҳо чунинанд:

Манфиати сиёсӣ, шуури сиёсӣ, ҳокимияти сиёсӣ, системаи сиёсӣ, фаъолияти сиёсӣ, ҳизби сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва ғайра.

Методҳои сиёсатшиносӣ

Чун сиёсатшиносӣ ба омӯзиши системаи сиёсӣ таркиби вай вазифаҳо ва хусусиятҳои худинкишофёбию худбанизоморӣ машғул шуда, робитаи онро ба дигар системаҳои ҷамъиятӣ меомӯзад ва бинобар ин аз як қатор усулҳо истифода мебарад.

Аз назари иниститутционалӣ омӯзиши иниститутҳои сиёсӣ, ташкилотҳои вай, барномаҳои ҳукуматӣ, воситаҳои танизимӣ, фаъолияти сиёсии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро объекти омӯзиши худ қарор медиҳад.

Аз назари муқоисавӣ вай системаҳои гуногуни сиёсиро мавриди тадқиқ қарор медиҳад. Ин усул асосан дар замони ҷанги дуюми ҷаҳон пайдо шуда, роҳҳо ва воситаҳои барҳам додани режими фашистии Германияро мавриди тадқиқ қарор дод.

Назари таърихӣ. Вай ҳодиса ва зуҳуроти дар таърихи ҷомеъа ба вуҷуд омадаро таҷдиди назар менамояд.

Назари сотсиологӣ – Ба воситаи ин усул ба ҳам вобастагии протсессҳои сиёсӣ омӯхта мешаванд.

Меъёри арзишӣ (нормативно, ценносинный). Ошкор сохтани моҳияти ин ё он протсессҳои сиёсӣ ва нақши онҳо дар таъмини сулҳ ва некӯаҳвволии мардуманд.

Назари системавӣ – ин усул онро таҳлил менамояд, ки:

а). системаи сиёсӣ системаҳои дар таркибаш бударо таҳлил менамояд, ки ҷавҳари он ҳокимияти сиёсист.

б). Вай бисёр вазифагии онро ошкор месозад.

в). Системаи сиёсӣ ҳамеша дар тағирёбӣ буда, ба дигар системаҳо робита дорад.

Назари вазифагӣ (функсиянокӣ )

Инҷо механизмҳои мушаххасе, ки устувории нисбӣ, томият, баробарвазнӣ, худнигоҳдорию худмутобиқсозии системаро ба муҳити иҳотакарда меомӯзад.

6.Таҳлили вазифагӣ-таркиби (функционально-структурный) Ҳар кадом унсур дар система вазифаи худро иҷро менамояд.

7. Усули бихевиористӣ – аз баски системаи сиёсии ҷамъият организми зиндаи иҷтимоист, бинобар ин ҳар кадом аз рӯи қонунҳои дохилии дар заминаи мантиқи хеш буда амал менамоянду онҳоро ошкор месозанд. Хусусан, рафтори сиёсии субъектҳои сиёсатро.

Марҳилаҳои рушди сиёсатшиносӣ

Сиёсатшиносон чунини марҳилаҳои инкишофи сиёсатшиносиро пешниҳод намудаанд.

1.Институтсионалӣ(охири асри XiX ва ибтидои асри XX)

Дар ин марҳила мушкилоти асосӣ омухтани иниститутҳои сиёсии давлат ва таҳлили муқоисавии сохторҳои конститутсионӣ буд,ки он тавассути методҳои муқоисавӣ-таърихӣ, шаклӣ-мантиқӣ ва меъёри-институтсионалӣ омухта мешуд.

2.Бихевиоралистӣ-(солҳои 20-70-уми асри хх) ин метод ба масъалаҳои фарду гурӯҳҳои манфиатҳои умумии онҳоро мустақил намудааст,таксими ҳокимият,ғояҳои муайянкунандаи андешаҳои сиёсии одамонро муайянкунанда,иниститутҳои фаъолияти одамонро сафарбаркунанда,гурӯҳҳои ҳавасманд ВАО, Электрон «олами сеюм» усулҳои истифодашавандаи усулҳои миқдорӣ,ҷустуҷӯи қонуниятҳо систематизатсияи донишҳо,ҷудосозии арзишҳо ва ғайра.

3.Баъди бихевиористиали (аз солҳои 70 то кунун)

Баъди буҳрони бихевиоралистӣ Истон ин марҳиларо пешниҳод намуд,ки ба омӯзиши рафтори одамон дар ҷамъият сару кор дошта, тибқӣ он сиёсат ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ пеш аз ҳама хусусияти фардӣ дошта максади асосии иштирокаш дар сиёсат вазъи рӯҳии вай аст,ки фардҳо ба таври муайян ҳолати руҳиашонро зоҳир менамоянд.

Адабиёт

  1. Гаджиев К.С. Политическая наука. М., 1994.
  2. Истон Дэвид. Новая революция в политической науке социально- политический журнал. 1993, № 8 стр. 115-128.
  3. Муродян А.А. Двуликий ярус. Введение в политологию. М., 1994.
  4. В.А. Малцев Основы политологии М., 1997.
  5. Пугачев В.П. Соловьев А.И. Введение в политологию (учебники для вузов) М., 20002.
  6. Куликов Л.М. Основы социологии и политологии. уч. Пособие, – М., 2002.
  7. Политология. Учебник. М., 2004.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.