Мактаб ва равияҳои сиёсии ҳозиразамон

Мактаб ва равияҳои сиёсии ҳозиразамон

Нақша:

  1. Сиёсатшиносӣ дар ҷаҳони муосир.
  2. Мактабҳои асосии илми сиёсӣ.
  3. Равияҳои сиёсатшиносии Ғарб.

Асри ХХ нақши сиёсатро дар ҳама соҳаҳо – иқтисодиёт, фарҳанг, иҷтимоиёт, муносибати байни давлату миллатҳо боло бардошта, яке аз унсурҳои муҳими маданияти маънавӣ гардидааст.

Акнун ҳаёти ҷомеа дар марҳилае қарор ёфтааст, ки бисёр гиреҳҳои мушкили иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ, ахлоқию фарҳангиро танҳо тавассути таҳаввули сиёсӣ ҳал кардан имкон дорад.

Аз ҳамин хотир як зумра мактабу равияҳои сиёсӣ ва назарияҳое арзи вуҷуд намудаанд, ки ё ҳамдигарро комилан инкор карда ва ё дар шакли дигар такрори ҳамдигаранд.

Алҳол дар сиёсатшиносии муосир аксари равия ва мактабу назарияҳои сиёсӣ дар худ рӯҳи ҷомеаи дуқутба, зиддиятҳои байни ду таълимот: марксистию буржуазӣ ва ду система – системаи социалистӣ ва сармоядориро инъикос кардаанд. Масалан, таълимоти марксистӣ, ки ҳадафаш барпо намудани ҷомеаи коммунистӣ буд, ҳамрайъии кулли меҳнаткашонро новобаста ба мансубияти миллию ҳудудҳои ҷуғрофӣ талқин намуда, меҳнаткашонро, ки дар ҳама ҷо аксарияти аҳолиро ташкил медиҳанд, ба муборизаи зидди сармоядорӣ даъват менамуд.

Тибқи ин даъват рӯҳияи инқилобӣ тамоми қишрҳои иҷтимоии ҷомеаи инсониро фаро гирифта буд.

Бар хилофи ин А. Дюги назарияи «ҳамрайъӣ»- ро ба муқобили марксизм асос гузошт, ки баъдтар аз ҷониби О. Конт, Э. Дюркгейм, А.Буржуа ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, такмил дода шуд. Онҳо мардумро ба муборизаи инқилобӣ не, балки ба ҳамкории меҳнаткашону сармоядорон даъват менамуданд.

Гурӯҳи дигари олимони сиёсатшинос, кӯшиш кардаанд, ки аз ҳаёт ва ҳуқуқ ғояи идеологӣ ҳамчун арзиш берун карда шуда барои ҳар кадом гурӯҳи иҷтимоӣ меъёри муайяни рафтори ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.

Ҳама гуна ҷанбаҳои иҷтимоӣ аз сохторҳои шакли мантиқӣ гирифт шуда, ҳуқуқ дар алоқамандӣ бо дигар зуҳуроти ҳаёти ҷамъиятӣ дида шавад. Ин назария назарияи меъёрӣ ё назарияи ҳуқуқи «холис» буда, асосгузори он Г. Кельзан (1881-1973) аст.

Бо шиддат ёфтани зиддиятҳои синфӣ авҷ гирифтани рӯҳияи инқилобӣ кӯшиши ҳамчун маҳсули муносибатҳои иҷтимоӣ набудани ҳуқуқ ва онро ба фаъолияти рӯҳӣ, эҳсосии одамон вобаста донистан ба миён омад, чунки дар асри XX оиди нақши равоншиносӣ дар ташаккули ҳуқуқ бисёр асарҳои илмӣ навишта шудаанд. Барои ҳамин ҳам Г. Спенсер ва ҳам (Г. Гард, В. Вунт) ирода ва ҳуш, ҳиссиёт ва идрокро ба ҳам муқобил гузошта асоси ҳуқуқро дар эҳсос, инстинкт ва дар ҳолатҳои иродагӣ диданд, ки он бо номи «Назарияи рӯҳии ҳуқуқ» арзёбӣ мешавад.

Назарияи дигаре, ки омма ва шахсони алоҳида, пешвоён ё зубдагонро ба ҳам муқобил гузоштанист, назарияи зубдагон аст. Асосгузори ин назария сиёсатшиносони Итолиёи Г. Моски (1856-1941) ва В. Парето (1848-1923) буда, сиёсатро соҳаи муборизаи ду синфи ба ҳам муқобил – аққалияти ҳукмрон (зубдагон) ва тобеони онҳо аксарияти мутлақ (халқ) меҳисобанд. Аз рӯи андешаҳои Моски зубдагон ҳамеша аққалият буда ҳокимияти сиёсӣ, маъмурӣ, ҳарбӣ, динӣ ва иқтисодию ахлоқиро монополияи худ мегардонанд. Маҳз тавассути ҳамин ба синфи имтиёздор табдил ёфта, дар ҳама ҷанба аз он истифода мебарад. Тибқи андешаҳои Моски онҳо аз ҳисоби синфи мутеашон зиндагӣ менамоянд.

Элита аз мафҳуми демократия барои худ фоида меҷӯяд. Вай воқеан вуҷуд дошта наметавонад.

Типҳои зубдагони сиёсӣ.

Вобаста ба таркиби иҷтимоии ҷамъият зубдагон гуногун мешаванд. Алҳол зубдагонро ба зубдагони маънавӣ, иқтисодӣ ҳарбӣ, зеҳнӣ ва тиҷоратӣ ҷудо менамоянд, ки дар байни онҳо зубдагони сиёсӣ нақши хоса доранд, чунки онҳо хосияти сиёсати ҷомеаро дар дасти худ гирд оварда стратегияи ҳали масъалаҳои муҳимро қабул намуда ҷомеаро идора менамоянд. Аз он ки зубдагони сиёсӣ ҷомеаро чи гуна идора мекунанд ва чӣ гунна қарори сратегӣ қабул менамоянд, аз натиҷаи фаъолияти дигар зубдагон вобаста аст. Зубдагон дар ҷомеа кушода ва пушида мешаванд. Дар зубдагои пӯшида барои гурӯҳҳои дигари иҷтимоӣ роҳ нест. Ба хотир биоред! Ҳануз дар замони Сосониён, ҳангоме, ки Доро барои ҷанг аз мардум ёрии моддӣ талабид ва музадӯзде он миқдор маблағро ба ӯҳда гирифту дар ивазаш писарашро дар мактаб барои хондан роҳ диҳанд хост Доро роҳ надод ва гуфт: Чи тавр мешавад, ки писари музадӯз дар мактаб ҳамроҳи писари ман хонда соҳибмаълумот гашта дар маҷлисгоҳ баробари фарзанди ман менишинад. Чи тавре, ки мебинем ҳатто дар замони Сосониён доштани маълумоту дониш шарти асосии ташакулёбии зубдагон буданд. Аммо зубдагони кушода бошанд, онҳо аз дохили дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба камол мерасанд.

Бар хилофи таълимоти Г. Моски ва В. Перето М. Вебер (1864-1920) назарияи бюрократия (тӯрачигӣ, дафтарсолориро) – расмиятпарастро пешниҳод намудааст.

Ҷавҳари ин назарияро – иқтисоди оқилоне, ки дар ҳаёти имрӯзаи капитализм таҷассум ёфтааст, ташкил менамояд; Макс Вебер ҷонибдори он аст, ки ба ҳама чиз аз нигоҳи хирад муносибат бояд кард. Маҳз расмиятпарастии окқилона аз нигоҳи вай ҷомеаро ба пояи баланд бардошта метавонад.

Табиист, ки тӯрачигӣ, расмиятпарастӣ, қоғазбозӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мӯҷиби пешравӣ нагашта, танхо ҳокимияти давлатиро аз оммаҳо дур намуда бегонашавии онро бештар мегардонад.

Бо ривоҷ ёфтани ҳаёти иқтисодии давлатҳои социалистӣ, афзудани нуфузи онҳо дар арсаи байналмиллалӣ зиддиятҳои синфӣ тезу тунд гаштанд.

Идеологҳои буржуазӣ камбудиҳои дар дохили ин система бударо дарк намуданд ва авҷи ҳаракатҳои инқилобиро дар дохили давлатҳои тараққиёфтаи сармоядорӣ

эҳсос намуданд. Илоҷе карда ин системаро нигоҳ доштан зарур буд. Аз ин хотир Д. Кейнс (1883-1946) иқтисоддони Англис, назарияи давлати «хайрияи умум»ро пешниҳод намуд, ки тибқи он ба низомдарории монополии-давлатӣ «иллатҳои» ҷомеаро шифо бахшида, ба барпо намудани иқтисодӣ омехта ва нақши фаъоли танзимгарии давлат дар иқтисоду сиёсат, хизмати иҷтимоӣ ба инкишофи давлати

«хайрияи умум» оварда мерасонад.

Мақсад аз пешниҳоди чунин назария рӯйпӯш намудани характери синфӣ доштани давлат ва бо ном баланд бардоштани нақши меҳнаткашон аст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки давлат ҳамеша ҳамчун воситаи таъсиррасонии як синф ба синфи дигар боқӣ мемонад.

Асри XX воқеан асри кашфиётҳои бузурги илмӣ-техникӣ гардида, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани воситаҳои навтарини техникӣ боиси ҷиддан тағйир ёфтани таркиби иҷтимоии ҷамъиятӣ гардид. Воситаҳои техникӣ боиси кам кардани эҳтиёҷот ба қувваи зиндаи корӣ ва афзудани талабот ба коркунони техникӣ оварда расонд.

Роҳбарият аз дасти капиталистон ба дасти корфармоҳо гузашта техник ва мансабдор бо ҳам пайваста системаи технократиро ба вуҷуд оварданд.

Акнун ин гурӯҳи иҷтимоӣ гӯё дар ҳаёти иқтисодӣ нақши бештаре бозида коргарон мавқеи пештараашонро аз даст доданд. Чун дар истеҳсолоти неъматҳои моддӣ нақши синфи коргар камтар шудааст, ба фаҳмиши Т. Воблен (1857-1929), аз ин рӯ вай ҳуқуқи мубориза бурданро аз даст додааст. Бо навъҳои гуногун (Г.Скотт, Ф. Телер Г. Сайман Даниэл Бэлл ва З. Бжезинский) ин назарияро дастгирӣ намуда, онро ривоҷ додаанд. Ин таълимот дар сиёсатшиносӣ бо номи доктринаи технократӣ маълум аст.

Назарияи конвергенсия солҳои 30-60 – ӯм ба вуҷуд омада, таълим медиҳад, ки ду системаи ба ҳам муқобил инкишоф ёфта, ба пояи муайяни тараққиёти саноатӣ расида, аз ҳамдигар ҷиҳатҳои мусбиро қабул намуда ба ҳам наздик шуда, оқибат ба ҳам омезиш меёбанд.

Як омили хеле муҳим барои омезиш ин баробар ва ба мақсади якхела аз рӯи қонунҳои муштарак истифода намудан воситаҳои техникӣ ва комёбиҳои илм дар истеҳсолот аст. Аз истифодаи мошинаҳо, дастгоҳҳо ва технологияи нав ҳарду система баробар истифода карда ривоҷ меёбанд. Ана ҳамин омил ҷомеаро ба ҷамъияти ягонаи баъдисаноатӣ табдил медиҳад. Асосгузорони ин назария Дие Гэлбрайт, Р. Арон. П. Сорокин ҳисоб мешаванд.

Адабиёт:

  1. Гаджиев К. С. Новые тенденции в буржуазной политологии. (Мировая экономика и международное отношение. 1988 №12).
  2. Международная школа политологов (Сов. Государство и право. 1990

№2).

  1. Современная социально-политическая философия США. М. 1986.
  2. Политические учения: истории и современность. М.: 1979.
  3. Зокиров Г. Сиёсатшиносӣ. – Душанбе, «Маориф» 1995.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.