Режими сиёсӣ

Режими сиёсӣ

1.Режими сиёсӣ, мазмун ва ҷузъҳои он

2.Типологияи режимҳои сиёсӣ.

3.Намуд ва шаклҳои фаъолияти режимҳоидемократӣ ва зиддидемократии муосир

Мураккабии фаҳмиши мафҳуми «режими сиёсӣ» дар бисёрченакии ҳаёти сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ, якчанд дараҷаи истифодабарии мафҳуми «режими сиёсӣ»-ро ҷудо кардан мумкин аст. Вақтҳои охир ин мафҳум бо системаи сиёсӣ монанд карда мешавад, ё ин ки ба маънои маҳдуд барои усулҳои амалигардонии ҳокимияти давлатӣ истифода бурда мешавад.

Мафҳуми режими сиёсӣ маънии васеъ ҳам дорад, дар сиёсатшиносии Ғарб ин мафҳумро дер боз барои тавсифи вазъи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мебаранд. Сиёсатшиноси машҳури фаронсавӣ М.Дюверже тавсифи васеи режими сиёсиро ҳамчун мувофиқати муайяни системаи ҳизб, усулҳои овоздиҳӣ, як ё якчанд намудҳои қабули қарорҳо, пешниҳод карда буд. Дар ҷомеашиносии мо масъалаи режими сиёсӣ имрӯз аз мавқеи васеътар ҳамчун ҳодисаи махсуси сиёсӣ, ки дар он ягонагии ногусастании се институти сиёсӣ- ташкилоти сиёсии ҷомеа, системаи методҳои амаликунандаи ҳокимият ва маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳо маънидод карда мешавад. Аммо то ҳол ягонагӣ чӣ дар фаҳмиши мазмун ва чӣ дар сохти режими сиёсӣ ва муносибати вай бо системаи сиёсӣ вуҷуд надорад. Онро ҳамчун «усули амалкунандаи системаи сиёсӣ», сохти сиёсӣ, «тартиботи сиёсӣ» истифода мебаранд. Сиёсатшиноси поляк Е.Вятр таҳти мафҳуми режими сиёсӣ маҷмӯи тартиботи қонун ва татбиқи амалии ин маҷмӯъро дар амалия мефаҳмонад. Ҳамин тариқ, «режими сиёсӣ» гӯё имконият медиҳад, ки маҷмӯи институтҳоеро, ки дар қонуни асосӣ дарҷ шудаанд, ба ҳаққонияти раванди сиёсӣ бояд якҷоя шаванд. Ба замми ин тамоили маънидод кардани режими сиёсӣ ҳамчун натиҷаи ҳамкории тамоми омилҳои ҷамъиятӣ, ки ба ташаккул додани сохти сиёсии худи мамлакат имконият медиҳад, хеле васеъ паҳн шудааст. Мисоли ин таърифи олими франсавӣ Жан Луи Кирмон оиди режими сиёсӣ шуда метавонад. Вай мегӯяд, ки таҳти мафҳуми режими сиёсӣ маҷмӯи ҷузъҳои тартиботи идеологӣ, институтсионалӣ ва сотсиологиеро, ки ба ташаккулёбии ҳокимияти сиёсӣ дар мамлакат дар марҳилаи муайян имконият медиҳад, фаҳмида мешавад.

Қисматҳои нисбатан умумии режими сиёсӣ: сохти институтҳо, қонунӣ будан, шакл ва нақши давлат, маҷмӯи ҳизбҳо мебошанд. Муфассалтар дутои аввали онҳоро дида мебароем, ки дар мавзӯъҳои дигар дида намешаванд. Режимҳои сиёсӣ аз рӯи сохти институтҳояшон фарқ мекунанд. Доираҳои институтсионалии режимҳои сиёсӣ, тарҳи саҳнаи сиёсӣ ва иҷрокунандагони нақшҳоро муайян мекунанд. Барои тавсифи режимҳои сиёсӣ таҳлили ҳамкории ҳокимиятҳои қонунбарор ва иҷроия, ташкилотҳои марказӣ ва маҳаллӣ: вазъи ташкилотҳои ҷазодиҳанда; шароити фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ; ташкилотҳои оммавӣ; қувваҳои сиёсӣ, ки фаъолияти онҳо ба тартиб дароварда шудааст; вазъияти ҳуқуқи шахсият; вазъи воситаҳои ахбори омма ва ғайра лозим аст. Барои он ки тасаввуроти дуруст оид ба режими сиёсӣ пайдо намоем, пеш аз ҳама нуқтаҳои зеринро ба назар гирифтан лозим аст:

1.Сифат ва тарзи фаъолияти сохти институтҳои сиёсӣ. 2.Усулҳо ва тартиби ташаккулёбии онҳо.

3.Намудҳои қабули қарорҳо.

Омили қонуни будан барои фаҳмидани характери режими сиёсӣ фавқулоддаю муҳим мебошад. Режимҳои сиёсӣ чи дар ҳокимияти қонунӣ ва чи дар ҳокимияти ғайриқонунӣ асос ёфта метавонанд. Мафҳуми қонуни будан дар аксар вақт ҳамчун ҳокимияти қонунӣ ё соҳиби ваколатҳои конститутсионӣ маънидод карда мешавад. Аммо аниқтараш онро ҳамчун қонунӣ будани давлат ё ин ки мувофиқати арзишҳои он, ки режими сиёси дар он асос ёфтааст, ифода кардан мумкин аст.

Асоси қонуниятро, ба ақидаи М.Вебер, маҳз шинохтани давлат аз тарафи тобеон, боварӣ ба сифати адолатнокии он, мувофиқат бо тақсимоти анъанавии ҳуқуқ ва вазифаҳо ташкил медиҳанд. Агар режими сиёсӣ дар ризоияти васеи омма асос ёфта бошад, он гоҳ бо режими қонунӣ (ва давлат) сарукор дорем.

Принсипҳои қонуният метавонанд сарчашмаҳои гуногун дошта бошанд, вале ҳамаи онҳо соҳиби қувваи тобеъкунандае мебошанд, ки ба устувории режими сиёсӣ равона карда шудаанд. Онҳо бо ифодаи сиёсатшинос Санистебан «формулаи мӯъҷизавиеро ташкил медиҳанд, ки он муносибати давлат бо тобеон дар системаи дилхоҳи сиёсӣ асос меёбад». Ҳар қадаре ки тамоили қонуният дар шуури ҷамъиятӣ чуқур реша давонда бошад, ҳамон қадар зарурияти истифодабарии зӯроварӣ кам мешавад. Аммо истифодабарии мунтазами он ҳангоми қонуниятро аз даст додани давлат ногузир мегардад.

Типологияи қонуниятҳое, ки имрӯз васеъ истифода бурда мешаванд, аз тарафи М.Вебер тартиб дода шудаанд. Вай принсипҳои қонуниятҳоеро ҷудо мекунад, ки дорои сарчашмаҳои гуногунанд:

а) дар анъана ва урфу одат, ки чун асоси меъёри муносибатҳои роҳбарӣ ва итоаткорӣ мебошанд;

б) дар ҳукмронии ҳуқуқ ва қонун ҳамчун меъёри асосӣ, ки қоидаҳои амиқ ифодашудаи ахлоқи идоракунандагон ва идорашавандагонро дода бошанд;

в) дар хислатҳои фарқкунандаи шахсияти роҳбар – ҳукмронии харизматикӣ ба қувваи тобеъкунандаи омма табдил ёфта, анъана ва қонунҳоро аз байн бурда, дигаргуниҳои институтсионалиро амалӣ гардонад.

Дар шароити ҳозира усули муҳими асоснокгардонии қонунияти режимҳои сиёсӣ идеология мебошад. Агар бо ёрии он тарафдории давлат аз тарафи омма таъмин карда шавад, ақидае ташаккул меёбад, ки мувофиқи он системаи сиёсии мувофиқ ба талаботҳои ҷомеа ҷавоб дода, арзишҳои шинохтаи онҳо мувофиқ мебошанд.

2.Типологияи режимҳои сиёсӣ

Типологияи режимҳои сиёсӣ якҷоя бо нахустин кӯшишҳои маънидодкунии олами сиёсӣ ба миён омадааст. Аз Афлотун ва Арасту сар карда, мутафаккирон кӯшиш мекарданд, ки таснифоти режимҳои сиёсиро (монархия, олигархия, аристократия ва демократияро) таҳлил карда бароянд. Чунин типология дар воқеъ таҷрибаи сиёсати ҳамонвақтаро таҷассум менамояд. Фарқияти режимҳои сиёсии муосир бшад онҳоро ба ду намуди асосӣ тақсим менамоянд: демократӣ ва ғайридемократӣ.

Фарқияти байни режимҳои демократӣ ва ғайридемократӣ дар хусусияти сохт ва амали институтҳои онҳо мебошад. Ин дар тарзи тақсимот ва якҷоякунии

ҳокимият, инчунин нақши ҳуқуқ дар сохти институтҳои вай, тарз ва тартиби ташаккулёбии онҳо таҷассум меёбад.

Шаклҳои гуногуни тақсимоти ҳокимият ва режимҳои демократӣ ва гайридемократӣ ҳамчун фарқият байни системаҳои плюралистӣ ва монистӣ падид меояд Ба ақидаи Монтеске ин ба пайдоиши зулм ва зӯроварӣ монеъ гашт, дертар механизми маҳдудкунии соҳибистиқлолии давлат бо роҳи «плюрализми сиёсӣ» ташаккул ёфт. Дар ин ҳолат қабули қарорҳои сиёсӣ дар давлат натиҷаи ҳамкорӣ ва рақобати марказҳои якдигарро мувозинаткунанда ба шумор мераванд.

Фарқияти байни режимҳои демократӣ ва зиддидемократӣ дар характери тақсимот, инчунин дар дараҷаи якҷоякунии мувофиқи монархияи тобеъгардонӣ мебошад. Аз рӯи хусусияти сохти давлат режимҳои мустаҳками мутамарказонида ва режимҳои бо ҳокимияти таксимшударо фарқ кунонидан мумкин аст. Се намуди муттамарказонидани ҳокимият вуҷуд дорад: мутлақияти шоҳию-сулолавӣ; ҳокимияти мутлақ-авторитаризми шахсию гурӯҳӣ, этатизм-абсолютизми (мутлақият) давлатӣ-бюрократӣ ва авторитарӣ. Системаи маҷбурӣ-фармонфармоӣ, мутамарказонии сахт дар ҳолатҳои фавқулодда, дар лаҳзаҳое, ки сарфакунии тамоми қувваҳои ҷомеа зарур мешавад; ҳангоми норасоии захираҳо (одамӣ, истеҳсолӣ, ашёи хом); дар вазъияти фавқулоддае, ки таҳдид ба худмуайянкунии ҳаёт ба миён меояд (бӯҳрони иқтисодӣ, экологӣ, демографӣ, энергетика ва этикӣ); таҳдиди ҷанг, асорат ва истило. Дар ҳолатҳои дигар натиҷаҳои манфии ҳокимияти марказонидашуда (назорати сахти муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ҳаёти шахсӣ, батанзим даровардани интизомнокии ҳаёт, маҳдуд кардани ташаббуси шахсӣ, маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои мардум) имконият намедиҳанд, ки қарорҳои натиҷабахш қабул карда шаванд ва дар охир тараққиёти ҷомеаро монеъ шаванд.

Масъалаи муҳими режимҳои демократӣ ин ҷустуҷӯи чунин механизми қонуниест (конститутсионӣ), ки манфиатҳои мухтории ҳар як субъектро ба назар гирифта ба карахтшавии ҳокимият, ба ноқодирии он дар қабули мақсадҳои умумию натиҷабахши сиёсӣ оварда нарасонад. Ҳалли ин масъаларо дар таҷрибаи режимҳои демократии Ғарб бо роҳи васеъ намудани ҳукуқҳои мухторияти маҳалла ё миллӣ, ки ба воситаи худидоракунии давлати федеративӣ ва мунисипалӣ ба амал бароварда мешавад, ҷустуҷӯ мекунанд.

Барои онки оид ба режимҳои демократӣ ва зиддидемократӣ тасаввурот пайдо намоем, нақши ҳуқуқ ва сохти институтҳои ҳокимиятро низ ба назар гирифтан лозим меояд. Мазмуни асосии давлати ҳуқуқбунёд дар тобеъгардонӣ ба ҳуқуқ, ҳокимиятҳои конститутсионӣ ва маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва ба болои онҳо амалигардонии назорати ҳуқуқӣ мебошад. Дар шароити ин режим худи давлат, тамоми иттиҳодияҳои иҷтимоиро ҳамчун шахси алоҳида ҳуқуқҳояшонро эҳтиром карда, дар муносибат ба вай дар шароити баробар фароҳам месозад. Дар ин ҷо қонун шахсияти алоҳидаро муҳофизат намуда, қонунияти олӣ ин ҳокимияти додгоҳӣ мебошад. Режими давлати ҳуқуқбунёд ба режими давлатдории политсиявӣ ва диктаторӣ, ки дар онҳо политсияи сиёсӣ ҳукмрон аст, бештар шаклҳои зӯроварӣ ва назоратро истифода мебарад. Дар ин ҷо ҳокимияти давлатӣ ва маъмурӣ якҷоя амал мекунад.

Қисмати асосии фаъолияти режимҳои сиёсӣ, шакл ва тартиби ташаккулёбии институтҳои он (меросӣ, иттиҳодиявӣ, ҳокимияти интихоботӣ) мебошад. Тарзи меросии давлат (монархия, империя) ба гузашта мансуб буда метавонанд. Дар таҷри ба шаклҳои қабилавӣ, оилавӣ ва хешутаборӣ вуҷуд дошта метавонанд. Ҳокимияти табақавӣ хоҳиши шаҳрвандии аҳолиро ифода накарда, аслиҳаи ҳокимияти корпаративӣ мебошад. Дар ин ҷо сухан дар бораи бартарии гурӯҳҳои муттаҳиди сарбаста, ки дар ҳаёти сиёсӣ аз пайи

мақсадҳои хеш мебошанд, меравад. Режими корпоративӣ режимҳои сиёсии Италияи фашистӣ, Германия, Испания ва Португалияи миллатгаро буд.

Ҳокимияти интихоботӣ. Интихоботҳо яке аз ҷузъҳои муҳими муайянкунандаи характери режими сиёсӣ мебошад. Аммо ҳокимияти интихоботӣ на ҳамеша хоҳиши шаҳрвандии аҳолиро ифода мекунад. Вай метавонад дар намуди интихоботҳои озоди демократӣ амалӣ гардад, инчунин метавонад ба қудрате хизмат намояд, ки, ҳатто режими диктаторӣ рӯпӯш месозад. Маҳдудкуниҳои гуногун оид ба роҳ додани шаҳрвандон ба интихоботҳо ҷой доранд. Инҳо меъёрҳои зиддимоликиятӣ, маърифатӣ, синфӣ, табақавӣ, муқимӣ, этникӣ ва ғ. мебошанд.

3.Намуд ва шаклҳои фаъолияти режимҳои демократӣ ва зиддидемократии муосир

Қиёси умумитарини режимҳои демократӣ ва ғайридемократӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳаёти воқеӣ шаклҳои гуногуни алоҳидаи фаъолияти онҳо вуҷуд доранд. Барои ҳамин аксар вақт чунин мешуморанд, ки режимҳои сиёсӣ ин системаи сиёсии кишварҳои алоҳидае мебошанд, ки аз бисёршаклии табии миллӣ ва таърихӣ гирифта шудааст.

Дар ҷаҳон намудҳои гуногуни режимҳои демократӣ мавҷуданд, ки тақсимоти аз тарафи омма қабул кардашудаи онҳо дар вобастагӣ аз хусусияти тақсимоти давлатҳо ба идоракунии президентӣ ва парламентӣ муайян карда мешаванд. Намунаҳои классикии инҳо ИМА ва Британияи Кабир мебошанд. Аммо миқдори муайяни режимҳои демократии Ғарб бо мушкилӣ ба ин намуди «тоза» дохил мешаванд. Дар шакли идоракунии нимпрезидентӣ (Фаронса) президент нақши муҳим нисбат ба намунаи анъанавии парламентарӣ мебошад. Системаҳои омехтаи

«парламенти президентӣ», ки дар худ хусусиятҳои ҳар ду намуди режими демократиро таҷассум мекунанд, низ мавҷуданд (Шветсария). Инчунин якчанд намудҳои режими парламентарӣ амал мекунанд. Шакли якуми режими парламентарӣ ин аксарияти як ҳизб дар парлумон аст, вақте ки як ҳизб метавонад ҳокимиятро ташкил диҳад (Британияи Кабир). Дуюм, системаи коалитсионии парлумонӣ вақте ки кабинетҳо дар асоси коалитсияи ҳизбҳои гуногун ташкил мешаванд, чунки ҳеҷ яке аз онҳо аксарияти мутлақро дар парлумон (Олмон, Италия ва ғ.) ташкил намедиҳанд. Намуди сеюм режими консенсуалии парлумонӣ дар ҷомеаҳое, ки дорои гурӯҳҳои гуногуни этникӣ ва минтақавӣ мебошанд (Белгия).

Ба ҳамаи камбудӣ ва зиддиятҳо нигоҳ накарда, режимҳои демократии асосан амалкунанда нисбат ба диктатураҳои алтернативии соҳиби афзалияти ҳалкунанда мебошад: демократия зиддиятҳои дохилиро пахш накарда, онҳоро мешиносад ва дар дохили ҷомеа дар доираи қонунии созишкорӣ ва ҳамкорӣ мубориза мебарад.

Режими либералӣ (либералӣ-демократӣ). Дар шароити ҳозира вақте ки тамоилҳои дигаргунсозӣ дар як қатор режимҳои тоталитарӣ ва авторитарӣ дар демократия падид меоянд, сиёсатшиносон ба сифати марҳилаи гузариши махсус вазъи системаи сиёсӣ режими либералӣ-демократиро қайд мекунанд. Режими либералӣ тамоми ташкилотҳоро ба ғайр аз онҳое, ки барои ҳокимият мубориза мебаранд, тарафдорӣ мекунанд:

а) ҷомеаи шаҳрвандиро ҷоннок мегардонад, ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ зиёд мешавад, иттифоқҳои касабаи комилҳуқуқ ва ҳатто, мухолифини сиёсӣ пайдо мешаванд;

б) ҳангоми амали режими либералӣ давлат маҷбур аст, ки бо тобеон гуфтушунидро сар намуда як қатор ҳуқуқ ва озодиҳо диҳад,дар ин замон

«демократияи маҳдудшуда» ё ин ки нишонаҳои расмии демократия – парлумон, интихоботҳои мунтазам, эътирофи мухолифин, амалӣ гардонида мешаванд.

в) ҳангоми режими либералӣ ҷомеа ба ҳукумат таъсир кардан мегирад. Аммо фаъолияти мухолифин аз доирае, ки ба система таҳдид мекунад, намебарояд, рақобати ҳақиқӣ барои ҳокимият мавҷуд нест.

Принсипи махфии меъёри режими либералӣ – «ҳама чиз иҷозат дода шудааст, ба ғайр аз табаддулоти ҳокимияти демократӣ. Ҳамаи он чизе, ки иҷозат дода шудааст, аз тарафи қонун манъ карда нашудааст».

Режими тоталитарӣ. Мафҳуми тоталитаризм барои тавсифи системаҳои сиёсие, ки барои назорати пурра (тоталитарӣ) аз болои тамоми ҳаёти ҷомеа ва умуман аз болои ҳаёти ҳар як шахс дар алоҳидагӣ кӯшиш мекунад, истифода бурда мешавад (милатгароӣ, фашизм ва ғайраҳо). Инчунин дигар мафҳумҳо ба монанди режими тоталитӣ. Шароитҳои умумие, ки барои ташаккулёбии чунин режимҳо имконият медиҳанд, инҳоянд: вайроншавии сохторҳои анъанавӣ, зарурати сафарбар кардани умумии қувваҳо барои азнавсозии босуръат дар шароити тараққиёти таъқибкунанда; бар зидди хатари берунӣ ва дохилӣ; набудан ё ин ки ноустувории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ.

Нишонаҳои тоталитаризм.

    1. Муттаҳидкунии давлат дар доираи як ҳизби ягонае, ки бо усули ғайридемократӣ ташкил шудааст.
    2. Мавҷудияти идеологияи ягона ва ҳатмӣ. Ин идеология кӯшиш мекунад, ки маҷмӯи аввалаи арзишҳоро ба нав иваз намояд (давлат, нажод, миллат, синф). Интизомнокӣ дар муносибат ба ҳизб ва давлат дар муқоиса нисбат ба дигар арзишҳо аввалиндараҷа мебошад (материалӣ, динӣ, эстетикӣ).
    3. Банизомдарорӣ ва сиёсигардонии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, фарқият байни давлат ва ҷомеа, соҳаҳои сиёсӣ ва ғайрисиёсӣ аз байн рафта ҷомеаи гражданӣ вайрон мешавад.
    4. Системаи зӯроварии ҷисмонӣ ва психологӣ мувофиқи принсипи асосии ҷомеаи тоталитарӣ кӯшиш мекунад, ки системаи мураккаби ҷамъиятиро ҳамчун намунаи нисбатан оддӣ ва танзимшаванда табдил диҳад.

Режими авторитарӣ. Дар зери ҳокимияти авторитарӣ одатан ҳокимиятеро мефаҳманд, ки дар натиҷаи обрӯ ва эътибор асос ёфтааст. Вале ин бо роҳи демократӣ барқарор шудааст. Авторитаризм ин муттаҳидгардонии ҳокимияти сиёсӣ дар дасти як шахс ё гурӯҳӣ на он қадар калон, дар идоракунии вай роҳ надодани шахсони дигар мебошад.

Намудҳои авторитаризм: популистӣ ба оммаҳои баробарҳуқуқ такя мекунад; либералӣ ба ташкил кардани бозор кӯшиш мекунад; ҳарбӣ ба қувваҳои мусаллаҳ такя мекунад; теократӣ, вақте ки ҳокимият дар дасти табақаи динӣ мебошад. Ин режимҳо асосан дар вақти гузариш ба миён меоянд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар байни режимҳои авторитарӣ лаҳзаҳои умумиро ҷудо намудан мумкин аст:

  1. нақши марказиро дар ин ҷо нигоҳ доштани ҳокимияте, ки қонун маҳдуд накарда, бо роҳи дилхоҳ таъмин карда мешавад, мебозад. Аз он ҷумла зӯроварӣ, истифодабарии усулҳои ҷазодиҳӣ нисбат ба муқобилони фаъоли режим;
  2. барои авторитаризм ҷаҳонбинии ягона барои ҳама хос нест. Ҳокимият қодир аст, ақидаҳои дигари сиёсиро, плюрализми сиёсии маҳдудшударо, ки аз тарафи «институтҳои демократӣ» назорат карда мешаванд ва то он вақте ки онҳо ба система дахолат намекунанд, пазирад. Ин ҷамъият аз рӯи принсипи «ҳама чиз иҷозат дода шудааст, ба ғайр аз сиёсат» сохта шудааст;
  3. Табақаи ҳукмрон чун қоида ба блоки қувваҳои гуногун, ки дар амалигардонии функсияҳои давлат бо усулҳои авторитарӣ якхела манфиат доранд, такя мекунад. Маҳз барои ҳамин ҳам дар ин гуна режимҳо роҳбари обрӯманд нақши муҳимро мебозад;
  4. Фарқи авторитаризм аз системаи тоталитаризм дар он аст, ки вай ба соҳаҳое, ки ба сиёсат алоқаманд нестанд, дахлдор намешавад, (иқтисодиёти вай метавонад, чи марказонидашуда ва чи бозорӣ бошад). Барои ҳамин ҳам бӯҳрони режими авторитарӣ ҳамчун ҳодисаи дохилисиёсӣ инкишоф меёбад. Системаи сиёсии тоталитарӣ расман аз иқтисодиёт баланд шуда, онро фақат бӯҳрони дохилии худи сохтори сиёсии ҷамъиятӣ вайрон карда метавонад. Ҳамин тавр, агар гузариш аз авторитаризм ба демократия пеш аз ҳама маънои иваз шудани режими сиёсиро дошта бошад, он гоҳ гузариш аз тоталитаризм ба демократия, ки ҷомеаи мо аз сар гузаронида истодааст, ин ивазшавии сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ буда, вазифаи ташаккулёбии асосҳои демократии ҳаётро мушкил мегардонад.
test

Добавить комментарий