Шуури сиёсӣ ва маданияти сиёсӣ

  1. Шурри сиёсӣ: моҳият, сохтор мазмун ва шаклҳо
  2. 2.Мафҳуми маданияти сиёсӣ ва ифодаи гуногунии он.
  3. 3.Маданияти сиёсӣ ва нақши он дар системаи сиёсии ҷомеа

Ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳам идома ва ҳам натиҷаи фаъолияти бошууронаи синфҳо, миллатҳо, табақаҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандон ва институтҳои сиёсӣ мебошад. Аз нуқтаи назари фалсафӣ, шуур ин инъикоси ҳастии ҷамъиятӣ, образи субъективии олами объективӣ мебошад. Аз нуқтаи назари сотсиологӣ, шуур инъикоси манфиат ва тасаввуротҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, синфҳо, миллатҳо ва умуман ҷомеа дар ҳаёти маънавии одамон мебошад.

Шуури сиёсӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ мебошад. Шуури ҷамъиятӣ- маҷмӯйи усулҳои инъикоси маънавии муносибати одамон ба ҷомеа ва ба худи онҳост, ки дар натиҷаи ҳаёт ва фаъолияти умумиятҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба вуҷуд меояд. Шуури сиёсӣ- инъикоси ҳастии сиёсист. Ҳастии сиёсӣ маҷмӯи тамоми ҳаёти сиёсӣ, таҷриба ва муносибатҳои сиёсӣ ба шумор меравад. Қайд кардан зарур аст, ки ба сохтори сиёсӣ омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таърихию миллӣ ва маданӣ таъсир мерасонанд. Дар ҷомеаи мо ба шуури сиёсии халқ на танҳо равандҳои ислоҳоти системаи сиёсӣ, балки вазъи бӯҳронии соҳаи иқтисодиёт, паст шудани сатҳи зиндагӣ, ахлоқ, нобоварӣ ба фардо, баланд шудани ҷинояткорӣ, масъалаҳои муҳити зист ва ғайра таъсир доранд. Ба шуури сиёсӣ омилҳои минтақавӣ, демографӣ ва дигарҳо низ таъсири худро мерасонанд.

Шуури сиёсӣ характери синфӣ дорад, ҳарчанд ки дар худ шакли хусусиятнокии ифодаи манфиатҳои сиёсии онҳоро таҷассум менамояд. Тавре, ки маълум аст, сиёсат муносибати байни синфҳо оид ба ҳокимияти давлатист.

Шуури сиёсӣ инъикоси ғайрифаъоли ҳастии ҷамъиятӣ нест, чун ки он метавонад аз амалия пеш гузашта, инкишофи равандҳои сиёсиро пешгӯӣ карда, ба ҳаёти сиёсӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир расонад.

Шуури сиёсӣ зуҳуроти бисёрсоҳа мебошад. Дар таркиби шуури сиёсӣ метавонад шуури инқилобӣ, консервативӣ ва ислоҳотчигӣ бошад. Он метавонад, ки эмпирикӣ (таҷриба, амалия), назариявӣ, илмӣ, ақидавӣ, рӯирост ба шуур муқобил ва ғайра бошад.

Сохти шуури сиёсӣ.

Консервативӣ. Эмпирикӣ. Инқилобӣ

Сатҳи назариявии шуури сиёсӣ дараҷаи нисбатан баланди шуури сиёсист, ки маҷмӯи ақидаҳо, таълимотҳоеро дар бар мегирад, ки дар асоси раванду тадқиқи муносибатҳои сиёсӣ сохта шудаанд.

Ҷои марказиро дар шуури назариявӣ идеологияи сиёсӣ ишғол менамояд. Идеология (аз юнонӣ мафҳум, идея- таълимот)- маҷмӯйи ақидаҳои синф, миллат,

табақаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки ба мубориза барои ҳокимият баҳри амалӣ сохтани мақсадҳои худ алоқаманд аст.

Дараҷаи шуури сиёсӣ дар асоси таҷрибаи ҳаррӯзаи амалӣ ташкил ёфта, нишонаҳои ҳаёту фаъолияти сиёсии ҷомеаро бевосита ба қайд мегирад. Ҳамаи ин дар ҷамъи мушоҳидаҳо, таҷрибаҳо ва тасавуротҳо, ки дар раванди сиёсӣ ба амал меоянд, инъикос мегарданд.

Шуури ҳаррӯзаи сиёсӣ дар худ маҷмӯи ақидаҳо, тасаввуротҳо ва нуқтаҳои назарро инъикос менамояд, ки аз таҷрибаи ҳаррӯзаи ин ё он синф, табақаи аҳолӣ ва ё гурӯҳи одамон ба вуҷуд меоянд. Шуури сиёсии эмпирикӣ ва ҳаррӯза бо хусусиятҳои иҷтимоию психологи фарқ мекунад: рӯҳияҳо, ҳиссиётҳо ва эҳсосот. Ҳамчунин натиҷаи ин хусусиятҳо мутаасиршавии якбора аз шароитҳои сиёсии тағйирёфта аст, ки баъзан ба рафти раванди сиёсӣ таъсири ҳалкунанда мерасонад. Сатҳи иҷтимоию сиёсии шуури сиёсӣ дар туда -умумияти устувори одамон, ки фаъолияти онхо одатан пешгӯинашаванда аст ва баъзан ба зери таъсири қувваҳои муташаккили синфӣ меафтанд, равшан аён мегардад.

Ба таркиби шуури ҷамъиятӣ чунин шаклҳои шуур дохил мешаванд: гурӯҳӣ, оммавӣ ва шуури умуминсонӣ.

Шуури гурӯҳӣ сараввал номуташаккил ва дар дараҷаи шуури ҳаррӯза ташаккул ёфта фаъолият мекунад, сипас нисбатан бошууронатар дар дараҷаи иштироки роҳбарони гуногун зоҳир мегардад. Шуури насли калонсол ва хурдсолон, гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ, синфӣ, миллӣ, касбӣ, синнусолиро фарқ кардан лозим аст.

Шуури оммавӣ – маҷмӯи ақидаҳо, тасаввуротҳо, хаёлоти хом, ҳис, рӯҳия буда, қодир аст, ки шавқро зиёд созад. Аз рӯйи мазмуни худ вай умуман ба шуури ҷамъиятӣ мувофиқ нест.

Шуури оммавӣ дар истеҳсолот, истеъмолот, мухолифат, сиёсат ва истироҳат мавҷуд аст. Онро зиддиятнокӣ, қобилиятнокӣ ва дигаргуниҳои ногаҳонӣ тасниф мекунанд. Шуури оммавии сиёсӣ дар ҳама ҷомеа якхела нест. Бисёр сиёсатшиносони ИМА дувоздаҳ шакли шуури сиёсии оммавии ғайримарксистиро ҷудо мекунанд. Дар байни онҳо: неоконсервативӣ, анъанавӣ, либералӣ, технократӣ, радикалию социалистӣ ва ғ.

Ислоҳоти сиёсии дар мамлакати мо ба амал омада ноқобили «ягонагии ақидаву сиёсии ҷомеаи шӯравиро нишон дод, ки дар бораи ин ташкилоту ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсии шаҳрвандон ва ҷараёнҳои равияашон ғайрисоциалистӣ шаҳодат медиҳанд. Аввал дар шуури мо шиори «касе, ки бо мо нест, муқобили мост» ғолиб буд. Ҳоло бошад фраксионӣ будан танқид карда намешавад.

Шаклҳои шуури сиёсиро ба таври нақшавӣ чунин тасвир кардан мумкин аст: Шаклҳои шуури сиёсӣ:

Гурӯҳӣ Оммавӣ
Гурӯҳҳои калону хурд,

расмию ғайрирасмӣ,

а)шуури умуминсонӣ, идеологӣ, консервативӣ, авторитарӣ, радикалии чап, социал-демократӣ,

 

анархо-синдикалистї, миллию људоихоњї, конформистї, буржуазию миллї ва ѓ.

б) шуури сиѐсии ѓайримарк-сиситї, либералию технократї, либералию ислоњотчигї, анъа-навї,

неоконсерватї, радикал-романтикї, радикал-этникї.

Ҳамин тариқ, хаёти сиёсии ҷомеа бо омилҳои бисёри бо ҳам алоқаманд муайян карда мешавад: иқтисодӣ, иҷтимоию синфӣ, муносибату манфиатҳои миллӣ, иҷтимоию психологӣ, идеологӣ, маданӣ ва ғ.

синфї, милли, касбї, синнусолї.

2.Мафҳуми маданияти сиёсӣ ва ифодаи гуногунии он.

Дар маданияти сиёсӣ алоқамандии сиёсат бо маданият айён мегардад. Сиёсат фаъолият дар соҳаи муносибатҳо байни синфҳо, миллатҳо, давлатҳо мебошад.

Маданият – сатҳи муайяни таърихии инкишофи ҷомеа, қувваҳои эҷодӣ ва қобилиятнокии инсон аст, ки дар усулҳои ташкили ҳаёт ва фаъолияти одамон, инчунин дар арзишҳои моддию маънавии офаридани онҳо айён мегардад. Мафҳуми маданият дараҷаи тараққиёти ҷомеаро инъикос менамояд. Дар шакли моддӣ он ҳамчун воситаи меҳнат, технологияи истеҳсолот, меъёрҳо, санъат ва ҳуқуқ баромад мекунад.

Дар шакли маънавӣ он дар тасаввуроти гуногун оид ба олами атроф ва худи инсон, ақидаҳо, идеалҳо, назарияҳои илмӣ, идеология ва ғайра амалӣ мешавад. Маданият ҳамчун мафҳум ва зуҳурот бисёрҷониба аст. Аз як тараф, маданият мафҳуми ҳаёту фаъолияти одамон аст, аз тарафи дигар, худи ҳаёт ва фаъолият дар муҳити маънавии конкретию таърихӣ ба амал меояд ва бо маданият ғайримустақим гардонида мешавад. Маданият ба соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тақсим шуда, ҳамчун маданияти моддию истеҳсолӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ,бадеӣ, сиёсӣ ва ғайра падид меояд.

Ҳар як навъи фаъолияти одамон, ҳар як зуҳуроти иҷтимоӣ дар ҷомеаи синфӣ бо сиёсат алоқаманд аст. Маданияти сиёсӣ амалан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гузашта, ба дигар намудҳои ҳокимият таъсир мерасонад. Соҳиби маданияти сиёсӣ набуда, кас сиёсатмадори соҳибтаҷриба ва ботадбир нахохад шуд. Инсон дар фаъолияти ҳаёти сиёсӣ дар баҳодиҳӣ, маданияти муошират, сиёсӣ, ташаббус ва созиш комёбиҳо намеёбад.

Имрӯз ба мавқеи сиёсии шахс сарфаҳм рафтан, манфиатҳои ӯро ба ҳисоб гирифтан, таҳаммул намудан, дастгирӣ кардан, ризоиятро ба даст овардан, муносибатҳои мухталифи маданиро инкишоф додан барои хамаи инсонхо хеле зарур аст. Дар воқеъ, баъзан бо системаи ҷамъиятии кишвархои дигар забон ёфтан назар ба мамлакати худ осонтар аст. Дар ин бора воқеаҳои Арманистон, Озарбойҷон ва Точикистон низ шаҳодат дода метавонанд.Аз ин рӯ, маданияти сиёсие лозим меояд, ки на танҳо санъати имконпазир, балки сиёсати ҳақиқӣ ҳам шуда тавонад.

Раванди азнавсозии ҳаёти сиёсии ҷомеа имкониятҳои идоракунии сиёсӣ, иқтисодӣ, дигаргуниҳои иҷтимоию маънавиро бештар гардонидааст. Аз ин ҷо, талабот ба баландшавии нақши маданияти сиёсӣ меафзояд.

Маълум аст, ки маданияти сиёсӣ хамчун зуҳуроти иҷтимоӣ бо пайдошавии синфҳо ва давлат ба вуҷуд омадаст. Шарқи Қадим, Юнони атиқа, Рим ҳама сарчашмаҳои мадании азхудкунии ҳаёти сиёсиро талқин менамуданд. Пайдоиши донишҳо оид ба сиёсат, давлат, ахлоқи сиёсӣ ва маданияти идоракунии ҳаёти ҷамъиятӣ, истифодаи онҳо дар амалия ҳамчун пайдоиши маданияти сиёсӣ дар ин кишвархо хеле инкишоф ёфта буд. Мафҳуми «маданияти сиёсӣ» аввалин бор аз тарафи мутафаккири давраи маърифати буржуазӣ И.Г.Гердер истифода шудааст. Дар охирҳои асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХ ин мафҳум дар асарҳои олимони рус В.В.Ивановиский, М.Я.Остраградский низ вомехӯрад.

Заминаи асосии назариявии маданияти сиёсӣ аз тарафи К.Маркс ва Ф.Энгельс гузошта шуда буд. В.И.Ленин аввалин маротиба дар адабиёти марксистӣ ба мафҳуми «маданияти сиёсӣ» баъд аз инқилоби Октябр бо сабаби инкишофи давлатдории Шӯравӣ, тарбияи меҳнаткашон, ба баландшавии маданияти онҳо рӯ овард. Маданияти сиёсӣ дар дарки марксистию ленинӣ хусусияти равшан ифодаёфтаи синфӣ дорад.

Дар солҳои 50-уми асри ХХ, вақте ки тадқиқи ҷузъии маданияти сиёсӣ сар шуд, дар сиёсатшиносии Ғарб номҳои сиёсатшиносони амрикоӣ Г.Алмонд, С.Верба, Пауэлла маълум гаштанд. Онҳо маданияти сиёсиро ҳамчун системаи сиёсии дар дониш, ҳиссиёт ва баҳои шаҳрвандон аёнгашта мепиндоранд. Инчунин диққати асосиро дар таҳлили маданияти сиёсӣ аслан ҷабҳаҳои субъективию психологӣ равона намудаанд. Дар сиёсатшиносии Ғарб Ж.П.Кот, Муне (Франция), Р.Дал, Л.Пай, Розенбаум (ИМА) ва ғайра дар масъалаҳои маданияти сиёсӣ тадқиқоҳои зиёде намудаанд.

Маданияти сиёсиро шартан ба равияҳои зерин ҷудо менамоянд: а) маданияти сиёсӣ ҳамчун таҷриба; б) ҳамчун дараҷаи фаъолияти сиёсӣ; в) ҳамчун раванд, донишҳо ва ақидаҳои инсон. Вобаста ба ин хусусиятҳоро, таърифҳои гуногуни маданияти сиёсӣ пайдо гардидааст. Дар таърихи классикии маданияти сиёсӣ, таърифи сиёсатшиносони амрикоӣ Г.Алмонд ва Пауэлл хеле машҳур дониста мешавад. Дар фаҳмиши онҳо маданияти сиёсӣ маҷмӯи том, шарти мавҷудияти тамоюлҳои фардии иштирокчиёни системаи мавҷуда мебошад. Ин соҳа омили субъективиест, ки асоси фаъолияти сиёсиро ташкил дода, онҳоро соҳиби аҳамияти муайян мегардонанд.

Ба мавқеи Г.Алмонд ва Пауэлл олими поляк Е.Вятр низ наздик аст, ки ба ақидаи ӯ, маданияти сиёсӣ ин умумияти мавқеъҳо, маҷмӯи меъёрҳои ахлоқ мебошанд, ки муносибатҳои давлат ва шаҳрвандро дарбар мегиранд.

Ҳамин тавр, маданияти сиёсӣ ягонагии диалектикии донишҳо, сиёсат, муносибат ба сиёсат ва ахлоқи амалии сиёсиест, ки ба ҷузъҳои фаъолияти сиёсӣ якҷоя карда шудааст. Дар сохтори маданияти сиёсӣ се кисми асосиро ҷудо кардан мумкин аст: когнитивӣ, меъёрию баҳодихи ва ахлоқӣ. Ҳангоми таснифи таркиби маданияти сиёсӣ дар сатҳи когнитивии он чунин ҷузъҳо ба монанди донишҳои сиёсӣ, маълумотнокии сиёсӣ, усулҳои тафаккури сиёсӣ айён мегарданд. Ҷузъи меъёрию баҳодиҳандагӣ ҳиссиёти баҳодиҳии рӯҳияҳо, анъанаю одатҳо, арзишҳо, меъёрҳо, максадҳои идеалҳои сиёсӣ, ки ифодакунандаи тамоюлҳо ва мақсадҳои шахсӣ ба монанди шуурнокӣ, масъулияти сиёсӣ, шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, башардӯстӣ ва ғайра инъикос меёбанд. Мавҷудияти ҷузъи ахлоқӣ асосан шаклҳои фаъолияти сиёсӣ ба талаботҳои маданияти сиёсӣ ҷавобдиҳанда вобаста аст.

Маданияти сиёсӣ, дар фаъолияти институтҳо (давлат, демократия, Қонуни асосӣ, ҳуқуқ ва ғайраҳо) ифода меёбад.

Вазифаи азхудкунӣ ва дигаргунсозии муносибатҳои сиёсӣ ба манфиати синфҳо, миллатҳо, табақаҳои иҷтимоӣ. Амалӣ гаштани он бо мулоҳизаронии назариявии ҳаёти сиёсӣ ва истифодаи донишҳои азхуднашуда дар фаъолияти амалии ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҳокимияти давлатӣ ва дигар қувваҳои сиёсӣ алоқаманд аст:

  • батанзимдарорӣ , бо ёрии он консенсус тасдиқ мегардад;
  • тарбиявӣ, ин вазифа ба ташаккулёбии шахсият, баландшавии шуури сиёсӣ бо роҳи иштироки бевоситаи одамон дар идоракунӣ, масъулиятнокии шаҳрвандӣ равона карда шудааст;
  • пешгӯӣ, донистани вазъи маданияти сиёсии синфҳо, табақаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои аҳолӣ, тамоилҳои арзишии ба онҳо хос ва баҳодиҳии ҳаёти сиёсӣ имконият медиҳанд, ки соҳаҳои имконпазир ва фаъолияти амалиро дар вазъияту шароитҳои конкретии иҷтимоию сиёсӣ пешбинӣ намоянд;
  • мусоидатӣ, шакли алоқаи инсон ба системаи сиёсӣ, аъзоёни дигари ҷомеа, пайдарпаии наслҳо ва ҳамкории аъзоёни тамоми ҷомеаро таъмин менамояд.

Маданияти сиёсӣ дар худ синтези маданияти сиёсии тамоми синфҳо ва дигар умумиятҳои иҷтимоиро ҳангоми бартарӣ доштани нақши синф ё гурӯҳи иҷтимоии ҳукмрон таҷассум менамояд. Он дар худ нишонаҳои маданиятҳои сиёсӣ, анъанаҳои аз гузаштагон меросмондаро нигоҳ медорад.

3.Маданияти сиёсӣ ва нақши он дар системаи сиёсии ҷомеа

Маданияти сиёсии ҷомеа якранг маълум намегардад. Ҳаёт нишон дод, ки демократикунонии мубоҳисаҳо, гуногунандешии афкор аз рӯйи масъалаҳои гуногун сатҳи донишу эътиқоди сиёсиро маълум менамояд. Ҷаҳонбинии танги сиёсӣ бе ташаббуси иҷтимоӣ ҳоло ҳам дар коллективҳои меҳнатӣ васеъ паҳн шудааст. Дараҷаи гуногуни донишҳои сиёсӣ дар қабул ва тарафдории қарорҳои конкретӣ аён мегардад. Маданияти сиёсии шахсият дар зери таъсири маданияти ҷомеа, ки аз тарафи шахсият ба воситаи таҷрибаи фардӣ, дараҷаи дониш ва хусусиятҳои психологии он қабул мешавад, ба вуҷуд меояд. Маданияти сиёсии шахсият дар сафи донишҳои сиёсӣ, аз он ҷумла, донистани анъанаҳо, принципҳо, меъёрҳо ва усулҳои фаъолияти сиёсӣ, ахлоқи шаҳрвандӣ, фаъолии иҷтимоӣ аён мегардад. Ҳар қадаре, ки ақидаҳои сиёсӣ чуқур андешида шуда бошанд, ҳамон қадар эътиқодҳо мустаҳкаманд.

Таснифоти гуногун дар сиёсатшиносии Ғарб ва марксистӣ маълум аст. Сиёсатшиносони Ғарб С.Верба ва Г.Алмонд се намуди маданияти сиёсиро пешниҳод мекунанд: патриархалӣ, райиятӣ ва фаъолӣ. Ҳангоми пайвастани онҳо намудҳои омехтаи маданияти сиёсӣ, ки аз ҳама дараҷаи баланди он ба ақидаи онҳо «маданияти шаҳрвандӣ» мебошад, ба вуҷуд меояд.

Ҳоло бошад маданиятҳои хурди миллӣ, минтақавӣ, дохилисинфӣ ва байнисинфӣ маълуманд:

  1. Радикалӣ – ба дараҷаи баланди маҳдудияти иҷтимоӣ ва фаъолияти баланди

сиёсӣ.

  1. Ислоҳотчигӣ намояндагон – зиёиони қаторӣ бо дараҷаи миёнаи маҳдудияти

иҷтимоӣ, дараҷаи баланди фаъолияти сиёсӣ, ки роҳбарони сиёсӣ муносибати мусбӣ доранд.

  1. Оппортунистӣ – табақаи эҷоди дараҷаи пасти маҳдудияти иҷтимоӣ ба дараҷаи баланди фаъолияти расмии сиёсӣ ва ғайрирасмӣ, ба роҳбарони расмии сиёсӣ муносибати мусбат, ба ғайрирасмӣ манфиат дошта.

Аз ин ҷо, раванди демократикунонии ҷомеа чунин нуқтаҳоро талаб мекунад:

  • азнавсозии идеологияи сиёсӣ, озод намудани он аз догматизм;
  • дар шуури одамон ташаккул ёфтани арзишҳои сиёсӣ ва иҷтимоию ахлоқӣ, озодӣ ба шаъни шахсият, баробарии иҷтимоӣ ва адолат, башардӯстӣ ва ватандӯстӣ;
  • муносибати эҳтиёткорона ба маданияти гузашта;
  • ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, муҳайё намудани шароитҳо барои паси сар намудани бегонашавӣ аз ҳокимият, таъмини ҳимояи сиёсию иҷтимоӣ;
  • азнавсозии система ва илмҳои ҷамъиятӣ, ба шакли башардӯстона баргардонидани системаи таълим ва тарбия;
  • қабули қарорҳои сиёсии касбӣ, кордонӣ, принсипҳои башардӯстию демократӣ, меъёрҳои хукуқ ва ахлоқ, масъулияти шаҳрвандӣ;
  • ташаккули маданияти сиёсӣ ва муоширати байналмилалӣ.

Марҳилаи имрӯзаи инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар роҳи демократикунонии минбаъдаи онҳо иштироки боз ҳам васеи шахрвандонро дар идоракунии корҳои давлат ва ҷомеа дарбар мегирад.

Салоҳияти баланди сиёсӣ, тайёрӣ ба амалҳои фаъол дар соҳаи сиёсат, донишҳои васеъи сиёсӣ, фаъолиятнокии сиёсиро талаб мекунад. Омӯзиши соҳаҳои гуногуни маданияти сиёсӣ барои дарки равандҳои сиёсӣ, ки дар ҷомеаи муосир ба амал меоянд, зарур мебошад.

Маданияти сиёсӣ ба рафтори одамон ва фаъолияти ташкилотҳои гуногун, баҳодиҳии гурӯҳҳои ҳукмрон ва роҳбарони алоҳидаи сиёсӣ муайян намудани ҷои худ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсир мерасонад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.