Сиёсат ва муносибатҳои байналмиллалӣ

Сиёсат ва муносибатҳои байналмиллалӣ

Нақша:

  1. Манфиати миллии миллати ҳоким ва ақалиятҳои миллӣ.
  2. Омилҳои объективию субъективӣ дар муносибатҳои байни миллатҳо.
  3. Тамоилҳои инкишоф дар муносибатҳои миллӣ
  4. Баъди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ раванди муносибатҳои байни миллатҳо ба куллӣ тағйир ёфт.

Аксари давлатҳо ба ҷомеаи сотсиалистӣ тааллуқ дошта, аз роҳи сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ на танҳо рӯ гардониданд, балки тамоми арзишҳои таърихии ба ин система алоқамандро таъна задаю бо ҳар васила ин системаро сиёҳ намуданд. Илова бар он, давлатҳои собиқ сотсиалистӣ, ки шиорашон итернатсионализми пролетарӣ буд, ин қадар ақрабаки соаташонро ба қафо тофтанд, ки гӯё танҳо давлатҳои ба блоки НАТО ҳамроҳ буда метавонанд бо ҳам дӯстӣ дошта ва ҳамкорӣ созанд. Ба назар чунин мерасад, ки сиёсатшиносони собиқ давлатҳои сотсиалистӣ, ҳатто ҳамкорӣ, баробарӣ ва бародариро танҳо дар заминаи муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ ва, хусусан, системаи ҳимоякунандаи моликияти хусусӣ мебинанд.Дар ин ҷода давлатҳои навбунёд аз ҳисоби ҷамоҳирҳои собиқ Шӯравӣ аз ҳамсафони пештара хеш ҳам дуртар рафта, он қадар таърихи 70- солаашонро сиёҳ карданд, ки гӯё ин марҳилаи таърихиашон ба онҳо ба ҷуз бадбахтӣ, кандашавӣ аз асли хеш чизи дигаре надода бошад.

Рафти инкишофи ҷомеаи башарӣ бошад бо ин ё он восита пеш аз ҳама ба сиёсати пешгирифтаи сарвари сиёсии давлатҳо вобаста аст. Чи гуна сурат гирифтани муносибати байни давлату миллатҳоро маҳз он муайян месозад, ки ин ё он сарвари сиёсии миллӣ бо кадом роҳу усул манфиатҳои давлати миллиашро дар арсаи ҷаҳон ҳифз карданист. Феълан ҳар як давлати миллӣ дорои манфиатҳои дурнамои сиёсии хеш аст. Баҳри амалӣ гардонидани ин дурнамои сиёсию иқтисодӣ сарварони сиёсии миллӣ бояд онро хуб дарк карда, роҳу равиши ҷонбахшии онро бо назардошти манфиати халқу миллатҳои дигар давлатҳои миллӣ бехато дарк намоянд. Маданияти сиёсии роҳбари давлат ҳам дар он зоҳир мегардад, ки вай то чӣ андоза лаҳзаи таърихиро дарк кард, имкониятҳои ақлонию моддии давлатро дониста гирифта, ҷою мавқеи давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дуруст муайян кардааст.

Ин ҷо як чиз басо муҳим аст. Сараввал ҳар кадом сарвари давлат бояд вазъи муносибати давлатҳои дигарро бо давлате, ки ӯ сарвараш аст, баъдан имкониятҳои ақлонию рӯҳонии ҷомеа, сипас имкониятҳои моддии ҷомеа ва бисёр омилҳои дигарро ба инобат гирад. Ҳангоми таҳияи барномаи дурнамои иқтисодию сиёсӣ он ба ҳисоб гирифта шавад, ки кайфияти рӯҳии шаҳрвандони кишвар бештар ба чӣ майл дорад.

Агар кайфияти рӯҳии аҳолӣ бо қарордодҳои сиёсии давлат мувофиқ наояд, барои дигар кардани ҳолати рӯҳии онҳо вақту маблағи зиёде харҷ мегардад. Баъзан ташвиқу тарғиби ин қарордодҳои сиёсӣ ва дурнамои иқтисодӣ аз тарафи омма қабул ҳам нагаштанаш аз эҳтимол дур нест. Дар ин ҳолат ҷомеа ба шахсе монанд мешавад, ки танҳо дар ҷои истодааш метозаду масофаеро тай наменамояд, ҳол он ки қувваи зиёди ҷисмониашро бе фоида ба харҷ медиҳад.

Пас ҳар кадом сарвари сиёсӣ дар даст далели воқеии муайянкунандаи майлу рағбати аҳолии кишварашро дошта бошад. Ҳангоме ки қарордодҳои сиёсӣ ба майлу

рағбати ашхоси алоҳида не, балки ба майлу рағбати оммаҳо мувофиқат менамояд, он гоҳ аҳолӣ бо қувваи ҳақиқатан ҳам бунёдкор табдил меёбад.

Баҳри дигар кардани мафкураю ҷаҳонбинии вай, марому мақсади вай вақти зиёд сарф намешавад.

Чун оммаи шаҳрвандон, хусусан, аҳолие, ки давлат ба номи вай аст, агар инро хуб дарк кунанд, онҳо сарвари давлати хешро дар ҳама сатҳ дастгирӣ намуда, баҳри амалӣ гаштани марому мақсадҳои дурнамои сиёсии он дастҷамъӣ мекӯшанд.

Воқеан, чунин сарварони дилписанди мардум бо рафтору амали судманди хеш баҳри рушду нумӯи кишвараш бо ахлоқи ҳамидаю ибратомӯзаш бе ташвиқу тарғиби дигарон ба дили мардум роҳ ёфтаю пешвои миллӣ мегарданд.

Сарварони бузургноми миллатҳои гуногун ба он хотир маълуму машҳур мегарданд, ки сараввал онҳо чун ифодакунандагону ҳифзкунандагони манфиатҳои воқеии миллиашон баромад намуда, дар идораи давлат ҳаёти иқтисодию сиёсии кишвар роҳу равиши хосаро пеш мебаранд. Он андеша, ки дар замони ҳозира, ҳангоме ки ҳаёти иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳам узван вобастаанду яке бе дигаре инкишоф нахоҳад ёфт, ҳарчанд дуруст намояд ҳам, ба ин андеша сад фисад розӣ шудан шарт нест.

Ин нуқтаи назари сарварону идеологҳои кишварҳои абарқудрат буда мурод дар тобеияти хеш нигоҳ доштани кишварҳои нисбатан сусттараққикарда ва камаҳолӣ аст, ки онҳо бо ҳамин васила кӯшишҳои давлатҳои истиқлолҷӯйро (истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ғайра) бо баҳонаи ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ барбод доданианд.

Ҳангоме ки сарварони давлатҳои пурқувват доир ба ҳимояи арзишҳои умумибашарӣ ҳарф мезананд, аксаран марому мақсадҳои сиёсии хеш тарзи тафаккури хеш, тарзи зиндагии миллии хешро ба гардани дигарон бор карданианд.

Диалектикаи инкишофи ҷомеа бошад онро тақозо менамояд, ки ҳар як воҳиди этникию сиёсӣ, чун воқеияти нодири башарӣ, ки такрорнашавандаанд, бо тамоми гуногунҷабҳагии рӯҳонию ақлонӣ, иқтисодию сиёсӣ, таърихи фарҳангиаш нигоҳ дошта шавад. Инкишофи ҷомеаи башариро бидуни нигоҳ доштани тарзи фикрронии хоси миллӣ, анъанаҳои таърихию фарҳангӣ, иқтисодию сиёсӣ тасаввур кардан мушкил аст. Сиёсатдороне, ки нияти дар шуури ҳама миллатҳо ҷой намудани ягонагии тарзи ҳаётро тарғиб карданианд, онҳо ҳамчун моҷароҷӯёнанд. Онро ба инобат намегиранд, ки зебогии олам дар гуногунрангии вай аст. Дар олам ҳар кадом ҳодисаю зуҳурот ва воқеият дар шаклу дараҷаҳои гуногун арзи вуҷуд дорад. Ҳеҷ кадоме равиши мӯътадили дигарашро тағйир намедиҳад ва ба муқобили ҳамдигар намебароянд. Ин ки миллатҳо вуҷуди зинда дар олам ба рушду нумӯи ҳамдигар таъсири манфӣ намерасонад, бояд иборати ҷомеаи инсонӣ бошад. Ҳол он ки инсони

«соҳибхирад» ва «чашмгурусна» на танҳо ба ҷараёни мӯътадили ҳамдигар халал мерасонанд, балки бо айби он ба табиат ҳам таъсири бад мерасонад. Аз ин лиҳоз месазад, ки ҳеҷ кадом давлате ба сари давлати дигар, ҳеҷ кадом миллате ба миллати дигар тарзи дунёдарккунию ҷомеадориро бор нанамоянд. Агар сарварони давлатҳои пуриқтидор, ҳақиқатан ҳам ғарази сиёсӣ надошта бошанд, онҳо воқеан беҳбудии инсониятро мехоста бошанд, робитаҳои иқтисодиро бо намояндагони миллату халқиятҳои дигар бе шарт ва дигар ташкилотҳои молявии дар зери таъсири он буда қарз ва ё ёриашонро бе шартҳо густариш диҳанд.

Ҳангоме ки конгреси ИМА блокадаи иқтисодиро аз Куба бардоштан мехоҳад, аз ҷумла, тағйир додани моликият, ғайридавлатӣ гардонидани он, маҳбусҳоро озод кардан, қонунҳои вуҷуддоштаашро иваз кардан сарвари миллиашро дигар кардан вобаста месозад, ки ин ёрӣ, ё ҳамкории ба ҳарду ҷониб баробар судманд нест.

Бозиҳои сиёсии ғаразноки кишварҳои абарқудрате, ки худро ҳақиқатан ҳам ҳимоятгари инсоният нишон додан мехоҳанд, як навъ маҷбурсозиест, ки бунёди иқтисодиёту фарҳанги халқҳои иқтисоди суст доштаро хароб месозанд.

Бадбахтии миллатҳои сусттараққикарда дар он аст, ки сарваронашон наметавонанд аз гирдоби танги қавмӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ, маҳаллӣ берун бароянд. Онҳо

дар сухан аз номи халқ баромад намоянд ҳам дар амал пеш аз ҳама, дар андешаи рӯзгори хуши хешанд. Бо он ки зиёда аз 30 миллион курдҳо бе давлатанд ва солҳост, ки ин халқ бо гурӯҳҳои гуногуни қавмию маҳаллӣ ва сиёсӣ ҷудо шудаю ҳама ба ҳамдигар мубориза мебаранд ва роҳи сулҳу салоҳро намеёбанд, сараввал худи онҳо гунаҳкоранд. Онҳо аз он сабаб гунаҳкоранд, ки роҳбари ягонаи сиёсии миллӣ надоранд. Аз ҷониби дигар худи халқ ба дараҷае нарасидааст дарк кунад, ки қувваҳои зиёди давлатҳои дигар низ пайдо шудани чунин як давлати миллиро намехоҳанд. Ё ҳангоме ки ИМА давлатҳои дигарро даъват менамояд, ки дар ҷустуҷӯи яроқи хастаӣ набошанду яроқи қатли ом насозанд, худ агар ҳақиқатан ҳам нияти барқарории сулҳу осоиштагии оламро медошт, якҷоя бо ҳама кишварҳои дорои чунин яроқдошта шартнома мебастанду дастҷамъӣ онро нобуд менамуданд, то ки намунаи ибрати дигарон мегаштанду ҳеҷ як давлат хавфро эҳсос намекард. Аслан бошад ин тавр нест.

Фоҷиаеро, ки Амрикою Бритониё барои мардуми Ироқ тайёр карданд, равшантарин ифодаи рафтори ғайриинсонӣ ва ҷаҳолат аст, ки аввал халқҳоро бо ёрии механизмҳои сиёсии «байналмилалӣ» беяроқ сохта, баъд ӯро ба коми аждаҳои хуношом партофтанд. Як хусусияти хоси сиёсати кунунии байни миллатҳо он аст, ки абарқудратҳо барои амалӣ сохтани ғаразҳои сиёсию иқтисодии хеш минбари Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналхалқию ВАУ-ро хеле устокорона истифода мебаранд.

Ҳангоме ки ба рафтори сиёсии баъзе сарварони давлатҳои миллӣ назар меафканед, он чиз ба назар мерасад, ки гӯё онҳо танҳо беҳбудии кишвари дигарро хоҳон бошанду баҳри амният ва рушду камоли он сидқан манфиат доранд. Аслан бошад дар зери он «хоҳиш» ғаразе ниҳон аст, ки аз он бӯи таҳдид меояд. Он боз бо он қадар тангназарӣ ифода меёбад, ки на шароитҳои таърихӣ, на пояи фарҳангӣ ва на муҳити табиӣ ба инобат гирифта намешавад. Он ки сарвари давлате мегӯяд, ки ман фалон «кишварро исломӣ дидан намехоҳам» ва ё «ҳамсояи исломӣ доштан намехоҳам» андеша бар он намекунад, ки агар ҳамсояат як шахс бошад ва бубинад бо шумо соз намегирад, хонаашро мефурӯшаду ба ҷои дигар меравад.

Агар ин ҳамсоя миллати томи дар ин сарзамин аввалин бунёдгузори маданият бошаду дигарон омада бо вай ҳамсоя шуда аз он тариқи давлату давлатдориро омӯхта бошанд ва баъдтар онро танг карда ба асораташ гирифтор карда бошанд, ба куҷо кӯч бандад? Модоме ки миллати «бародар» аз сарзамини аҷдодиаш миллати

«бародари» дигарро танг кардаасту дар як кунҷи кӯҳпора ҷояш дода, имрӯз даъво менамояд, ки ҳамон тавре зиндагӣ кун, ки ман мехоҳам, на он тавре хостӣ туст аз он бӯи таҳдиди сиёсӣ меояд. Мантиқи наҳсии чунин изҳорот он маънист, ки агар мувофиқи хоҳиши мо низоми иҷтимоию сиёсиатонро таҳия карданӣ набошед, ҳама роҳҳоятон баста хоҳад шуд. Чунин нархгузориҳо дар кадом шаклу дар кадом лаҳзае сурат нагиранд, барои миллати каму беш ору номус дошта таҳқир буда, боиси мустаҳкамшавии робитаҳои баробарвазн намегарданд. Ин гуна мавқеи сиёсии сарвари давлат танҳо бар зарари ҳар кадом давлат аст.

Воқеъан, чунин мавқеи сиёсӣ дар шуури миллате, ки сарвараш сарварони сиёсии миллати дигарро хушдор месозанд, ҳисси бузургманишию афзалиятдорӣ ва дар шуури миллати ба он нигаронидашуда эҳсоси таҳқир ва ҳисси бадбинӣ пайдо мегардад, бе ин ки онро сарварони миллӣ мехоҳанд ё на. Чунин амали сиёсӣ боз тарафи дигар ҳам дорад. Фарз кардем, агар сарвари сиёсии миллати «таҳқиршуда» дар зери суханони ба назар «некхоҳона» гуфташудаи сарвари давлати дигар ғаразҳои сиёсии онро дарк накарда бошад ва ё эътибор надода бошад, қимати ин гуна сарвари сиёсӣ дар назари мардум паст шуда, эътимод ба вай намемонад.

Дар чунин ҳолатҳо афкори умум торафт ҳам рафтори сарвари худ ва ҳам рафтори давлати ҳамсоя ё «таҳқиргарро» сарзаниш кардаю дар шуури оммаҳои аз маърифати сиёсӣ дур ҳисси бадбинии ду ҷониб хеле авҷ гирифта, боиси носозгориҳои зиёде гаштанаш мумкин аст.

Амалияи сиёсии солим онро тақозо менамояд, ки тарафҳои дар асоси баробари нияти ҳамкорӣ кардан дошта ҳар нуқтаро санҷида бинанд, зеро ҳар кадом калима

366 паҳлӯ дорад. Барои он ки сухани гуфтаи сарвари сиёсӣ дигар хел фаҳмида нашавад, вай бояд ҳазорҳо бор дар мизони ақл санҷида шавад, зеро вай чун тири аз камон ҷаста аст.

Дар муносибатҳои байни миллатҳо вуҷуд доштани ҳусни тафоҳум ё надоштан ин бештар аз ҳама ба дурнамои сиёсию иқтисодии давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ ва ҳарбӣ пешрафта вобаста аст.

Роҳбарияти сиёсии давлати абарқудрат имкон дорад, ки афкори умумро барои дастгирии сиёсаташ «агарчи ғаразнок бошад ҳам» тайёр намояд. Масалан, Амрико соли 1991 тавонист 35 давлати ҷаҳонро ба тарафи хеш кашида бо баҳонаи муборизаи зидди тероризм Ироқро бомбаборон созад. Баъди он бо ёрии Ташкилоти давлатҳои Муттаҳида, силоҳҳояшро нобуд созад. Гузашта аз ин, ба ИМА муяссар гашт, ки ҷомеаи ҷаҳониро маҷбур созад, ки тӯли 8-сол Ироқро дар муҳосираи иқтисодию сиёсӣ гирад.

Президенти Амрико Буши хурдӣ бе ҳеҷ як дар назаргирии ахлоқи инсонӣ Ироқро манбаи тероризм, ва кишвари ба Амрико ва тамоми олам хатарнок нишон дода, сарнагун сохтани ҳокимияти сиёсиро дар он ҷо ва барқарорсозии демократияро дар фаҳмиши худ ба нақшаи стратегияи ҳарбиаш дохил намуд. Ҷанг чи натиҷа дод ва рафтори сиёсии сарварони давлатҳои ҷаҳон то ҷанг чӣ гуна буд ва баъд чӣ гуна оҳанг гирифт, шаҳодати он аст, ки давлатҳои абарқудрати дунёро дар дасти худ нигоҳ доштанӣ ва касеро аз ҳисоби давлатҳои дигар баробари худ қарор додан намехоҳанд. ИМА сиёсаташро ба давлатҳои дигар бо назардошти таносуби қувваҳое, ки ӯро дар дохили ин ё он давлат дастгирӣ мекунанд ё не қарор медиҳад. Устувории ҳокимияти сиёсӣ дар ин давлатҳо ба таркиби миллииашон вобастааст, ки оё намояндагони миллии онҳо дар он ҷо сукунат доранд, ё не ва аз кадом вақт. Дуюм, агар бошаду муносибати давлати миллӣ ба «ақалиятҳои миллӣ» чӣ гуна муносибат менамоянд. Сеюм, онҳо ҳамҷаворанд ё на ва даъвоҳои сарҳадӣ доранд ё не. Чорум, дар дараҷаи тарақиёти иқтисодӣ баробаранд ва ё нобаробар. Панҷум, имкониятҳои табииашон чӣ гуна аст?

Ҳар кадом ин омилҳо дар муносибати байни давлатҳо гуногун таъсир менамоянд. Фарз кардем, агар давлати камаҳолӣ ва бо сабабҳои муайян аз ҷиҳати иқтисодӣ сусттараққикарда ва ё камаҳолию вале дорои сарватҳои бои табиӣ ҳамеша диққати давлатҳои сернуфуз ва абарқудратро ба сӯи худ мекашад. Давлати пурқувват дар муносибаташ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба воситаи роҳҳои гуногун давлати камаҳолию бойро ба тасарруфи хеш дарорад.

Намунаи он ИМА аст, двлатҳои арабро, ки захираҳои табии нефту газ хеле фаровон аст, комилан дар зери таъсири сиёсӣ ва ҳарбии хеш нигоҳ дошта, калонтарин пойгоҳҳои ҳарбиашро дар он давлатҳо ҷой додааст. Аммо боз давлатҳои дигаре чун Ироқ ва Эрон ва сипас Россия боқӣ мондаанд, ки дар зери таъсири сиёсию ҳарбии Амрико нестанд, агарчи дорои сарватҳои бои табиианд. Агар онро ба инобат бигирем, ки Туркманистону Ӯзбекистон ҳам дар сиёсати дурнамои Амрико ҳамчун давлатҳои «ғайри демократӣ» эътироф шудаанд, ин он маъниро дорад, ки баъди Ироқ бояд нафти Эрон, баъд аз он ё Туркманистон ва ё Ӯзбекистон ва сипас Руссия объекти сиёсати ҳарбии Амрико қарор гиранд, ҷунки Афғонистони дорои сарватҳои бои табиӣ алакай ба фазои манфиатҳои сиёсати ҷуғрофии Амрико дохил карда шуд.

Аз ин рӯ, сиёсатшиносон бояд дар сари вақт қилро аз хамир ҷудо карда онро дарк намоянд, ки нафси инсонӣ сериро намебинад. Вай дар ҳеҷ ҳолат ҳамчун филантроп бо маънии томаш баромад накарда, ба ин масъала рӯякӣ боғаразона менигарад. Агар чунин намебуд, агар сарварони сиёсии ҳама давлатҳо хоҳ хурд бошад, хоҳ бузург ба сари мизи гуфтушунид нишаста бо тантана эълон менамуданд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан онҳо аз сохтани яроқҳои нав даст кашида, барои то машинаи охирини ҷангии зиреҳпӯш ва танкаю дигар таҷҳизотҳои ҳарбиро нобуд намуда маблағи аз буҷаи ҳарбӣ озодшударо барои барҳам харҷ кардани инсониятро

аз ҳама гуна хавфу хатари аслиҳа озод менамоям, он гоҳ ҳама гуна тероризм, бузургманпшӣ ва қудрати ҷаҳонхоҳӣ доштан аз байн мерафт.

Агар онҳо ӯҳдадор мешуданд, ки дар дастҷамъӣ ҳама донишмандонро барои дарёфти воситаҳои илмӣ – техникие, ки инсониятро аз касалию офатҳои табиӣ раҳо медода бошад, сафарбар намуда, пайваста дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд бо ҳам ҳамкорӣ намуда, роҳ ба сӯи сайёраҳои дигар баҳри дарёфти манбаъҳои нави барои ҳаёти инсоният зарур мегузоранд, он гоҳ боварӣ байни давлатҳо меафзуд.

Аммо аслан ин тавр нест. Ҳар кадом давлати каму беш тараққи карда кӯшиш менамояд, то давлати нисбатан камқувваттарро дар зери таъсири сиёсию иқтисодии худ дарорад.

Сиёсатшиносон бояд ба оламшумургардии баъзе паҳлӯҳои ҳаёти зиндагӣ сабукфикрона назар накарда, оқибатҳои дури онро дар муқоиса ба психологияи

«бузургманишҳо» дида тавонанд. Танҳо дар ҳамон вақт ба табиати аслии мафҳуми

«демократикунонии» ҳаёти ҷамъиятӣ пурра сарфаҳм рафтан имконпазир мегардад.

Дар муносибати байни давлатҳо вуҷуд доштани ҳусни тафоҳум ё надоштан ин пеш аз ҳама ба дурнамои сиёсию иқтисодии давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ ва ҳарбӣ пешрафта вобаста аст.

Сиёсати ин давлат дар муносибатҳои байналмиллалӣ комилан таҷовузкоронаю террористӣ аст.

Ба хотир биёред. Агар Германияи фашистӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон чандин деҳоти Белорусро, ки имрӯз вай бо номи «Хатын» машҳур аст бо тамоми буду набудаш ба хок яксон карда бошанд, Амрико дар ҷанги зидди Ветнам деҳаи

«Сангми»-ро ҳамин тавр ба хок яксон кард. Маҳз Амрикоиҳо он ҷо моддаи химиявие истифода карданд, ки ба сари мардуми Ветнам борони дард борид. Ҳамин таҷрибаи Амрикоиҳоро исроилиҳо соли 1982 истифода бурда, дар гурезагоҳҳои Сабр ва Шатили Фаластин ҷанговарони Ариэл Шарон ҳамаро ба қатл расониданд.

Доир ба рафтори сиёсии Амрико дар муносибати байни давлатҳо мақоми хуби тоҷикӣ аст, ки гуфта мешавад: «Дузди зӯр соҳиби говро бастааст».

Ин давлат худ ба давлатҳои дигар бо забони зӯрӣ гап задаю бо тариқи қувваи бузурги ҳарбиаш ба хоки давлатҳои дигар даромада, низоми системаи барояш зарурро ҷорӣ карда, дигаронро террорист мебарорад, бехабар аз он ки рафтори сиёсии худи ин давлат комилан террористӣ буда, дар дили халқҳои олам тарсу ҳарос ва ноумедиро ба ҳаёти осоишта мепарварад.

Алҳол онро бояд дарк кард, ки қудратнишондиҳии давлати ба ном абарқудрат, аломати босуботии ҳаёти сиёсии инро нишон надода, балки бо тариқи ташкили таҷовуз бо баҳонаи муборизаи терроризм, оммаи халқашро ҳамеша дар ҳолати асабониятӣ ва бо ҳамин васила нобоварӣ ба давлатҳои дигар нигоҳ доштан мехоҳад.

Чунин сиёсат боиси таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон нагашта, нобоварии халқҳои оламро нисбат ба ҳамдигар меафзояд.

Халқҳои дигар ҳам ба хотири ҳифзи арзишҳои миллии хеш чораҳои ҷавобӣ меандешанд. Ҳар кадои халқе, ки аз ҷониби мақомоти сиёсии халқи дигар фишоорро эҳсос менамояд, мувофиқи тавоноияш ҷавоб медиҳад.

Сиёсати қудратнишондиҳии Амрикоро дар муносибатҳои байни миллатҳо сиёсатшиносон бояд дар он бинанд, ки 60% захираҳои нафти олам дар Шарқи Наздик ва боқимондааш дар дигар давлатҳост. Агар боз онро ба инобат бигирем, ки танҳо дар ҳафт давлати исломӣ захираи нафт 95, 9 млр. бареллро ташкил медиҳад. Эҷод намудани терроризми исломӣ барои Амрикою пайравонаш баҳонаест, барои ишғоли давлатҳои исломӣ. Рақамҳо аз рӯзномаи Политика и бизнес № 50 (585) аз 9.12.2004 гирифта шудаанд.

Адабиёт:

  1. Карпов Г., Парсонс Л., Серцова А. Возможно ли мирное существование человечества? /Диалог, 1991, 9.
  2. Москвин В. Безопасность содружества в конце XX века.

Мировая экономика и международные отношения, 1992, № 2.

  1. Примаков Е. Международное отношения на кануне ХХ1 века: проблемы перспективы. / Международная жизнь, 1996, №10.
  2. Федотов А.П. Каноны современного мира или еще раз о безопасности человечества / Социально -политический журнал 1996

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.