Назария ва амалияи кори иҷтимои

Адабиёт:
1. Бањромбеков В., Миров Ф. Асосњои сотсиология. – Душанбе: “Матбуот”, 2015.
2. Бањромбеков В.A., Зеваров Х., Миров Ф. ва диг. Муќаддимаи кори иљтимої. –Душанбе,2011.
3. Кори иљтимої: Фарњанги мухтасари энсиклопедии тољикї-русї.-Душанбе,2010.
4. Новикова К.Н. Социология социальной защиты населения. – М.: РГСУ, 2013.
Мафњумњои калидї:
“Сотсиология”, “объект”, “предмет”, “категория”, “ќонун”, “иљтимоиёт”, “љамъият”, “микросотсиология”, “макросотсиология” ва ѓайрањо

Кори иљтимої аз ибтидои пайдоиши љомеаи инсонї њамчун шакли фаъолияти амалї њамеша вуљуд дошт. Дар давоми асрњои зиёд ва таърихи фарњанги њалќњои форсу тољик кори иљтимої дар шакли хайрхоњї, кори савоб, кўмак ба бечорагон, ѓамхорї ба ятимону барљомондагон, накўкорї ва амсоли ин амалї мегардид. Бо пешрафти љомеа кори иљтимої низ мазмуну моњияти тозаро касб менамуд ва дар шаклу намудњои гуногун таљассум меёфт.
Имрўз бошад кори иљтимої ба як намуди фаъолият ва як самти сиёсати иљтимоии давлат табдил ёфтааст. Њукумату давлати Љумњурии Тољикистон барои кўмак ба эњтиёљмандон ва шахсони ќобилияти амаликуниашон мањдуд пайваста ѓамхорї менамояд. Њатто дар Сарќонун (Конститутсия)-и кишварамон омадааст, ки Тољикистон давлати иљтимої аст ва зиндагии сазовор ва шоистаи њар як шањрвандамонро кафолат медињад. Соли 2010 дар Тољикистон барои амалигардонии сиёсати иљтимої (суѓуртаи иљтимої ва њифзи иљтимої) 831,9 млн сомонї људо гардидааст, ки нисбати соли 2006 таќрибан 552, 6 млн сомонї ё 279% зиёд аст. Ќариб 50%-и масрафи буљети давлат ба соњаи иљтимоиёт пешбинї шудааст. Соли 2011 низ барои маблаѓгузории соњаи њифзи иљтимої, таъминоти нафаќа ва маоши кормандони соњаи буљетї 4.1 миллиард сомонї ё 48 %-и буљаи давлат равона гардидааст.
Соли 2009 бо дастгирии ЮНИСЕФ 150 нафар кормандони иљтимоии навоњињои гуноногуни Љумњурии Тољикистон такмили ихтисос намуданд. Илова ба ин, бо кўмаку дастгирии ЮНИСЕФ барои омода намудани кормандони касбии иљтимої дар назди факултаи фалсафа, кафедраи сотсиологияи Донишгоњи Миллии Тољикистон ихтисоси «Корманди иљтимої» кушода шуд, ки айни замон донишљўёни нахустини ин ихтисос дар курси 3 тањсил менамоянд. Аз соли 2002 бо дастгирии фонди Сорос 13 нафар Донишгоњњои ИМА-ро хатм намуда, њоло дар ташкилотњо хориљї кор мекунанд. Дар доираи лоињаи «Нерўманд гардонидани иќтидори кормандоне, ки ба кори иљтимої машѓул мебошанд» дар Донишгоњи Стокголмс барои муассисањои иљтимої 25 корманди иљтимої омода карда шуданд. Соли 2004 бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ ва якљо бо профессорони Донишгоњи Стокголм курси дусолаи омўзонидани кори иљтимої кушода шуд, ки дар натиља 35 нафар кормандони кори иљтимої такмили ихтисос намуданд. Аммо бо вуљуди њамаи ин тадбирњо кишварамон ба кормандони соњибтахассуси кори иљтимої сахт ниёз дорад. Умуман, дар Тољикистон зиёда аз 5000 кормандони иљтимої фаъолият менамоянд, ки аксарияти онњо такмили ихтисосро нагузаштанд ё дар ин соња аз рўи ихтисос кор намекунанд.
Њаёти иљтимої пайваста дар таѓйироту инкишоф аст, њар лањза сохтори худро иваз менамояд, шароитњои њаёти иљтимої, иќтисодї ва сиёсии ањолї дигаргун мегарданд. Њамзамон, дар њаёт инсонњо аз бадбахтї, беморї, садамањо ва дигар њодисањои нохуш, ки шахсони алоњида, оила ва гурўњњои иљтимоиро эхтиёљманду мўњтољи кўмак мегардонанд, эъмин нестанд. Мушкилоти иќтисодї, бекорї, маъюбї, беморї ва дигар њолатњои ногувор њар лањза одамонро тањдид менамояд. Мушкилоти оилавї, мољароњои оилавї метавонад дар њар як оила, новобаста аз вазъи иќтисодї ва маќоми иљтимої онњо сар занад. Аз ин рў, барваќт љањониён дарк намудаанд, ки кори иљтимої ба њама гурўњу табаќањо ва фардњои алоњида зарур мебошад, зеро дар њаёт њар як фард хоњу нохоњ ба кўмаки иљтимої ниёзманд мегардад. Илова ба ин, «њар як инсон дар дилхоњ замон ва дилхоњ давраи њаёт ба ќонеъ гардонидани манфиату талаботњои худ ниёз дорад. Дар њар як соњаи њаёту фаъолият онњо метавонанд нобаробар ќонеъ гарданд: шахси сарватманд ба њифз ва мустањкам гардонидани саломатї ниёз дорад,..шахси солим метавонад камбизоат бошад, имконияти амалї гардонидани ќобилияти худро надошта бошад, дар дилхоњ оила муносибатњои байни зану шавњар ва кўдакон тезу тунд гашта метавонад…, њар як инсон дар ин ё он сатњ ба дастгирї, кўмак ва муњофизат ниёзманд аст.» Дар байни ањолї чунин одамон, гурўњњо ва табаќањое вуљуд доранд, ки ба вазъи мушкили зиндагї гирифтор гардидаанд, бо нерўи худ пурра ё ќисман мушкилоти иљтимої ва дигар мушкилотњои худро њал карда наметавонанд. Дар ин маврид корманди иљтимої ба кўмаки онњо меояд.
Фардњо ва гурўњњои иљтимоиеро, ки аз кўмаки корманди иљтимої бархурдор мегарданд, мизољ номида мешаванд. Ба сифати мизољи хадамоти иљтимої дилхоњ аъзои љомеа, ки ба вазъи мушкили њаётї гирифтор гардидааст, баромад карда метавонанд. Дар бештари маврид, зери мафњуми «мизољ» он категорияи ањолї фањмида мешавад, ки ба кўмаку дастгирї, мутобиќшавї, офиятбахшї ва баъзан ба ислоњгардї ниёз доранд. «Мизољ»-и кори иљтимої метавонад фардї (кўдаконе, ки мавриди муносибати даѓалона ва зўроварї гирифтор гардидаанд, бепарастор мондаанд, мавриди истисмори иќтисодї ва шањвонї ќарор гирифтаанд; кўдакони маъюб, кўдакони каљрафтор ва љинояткор; заноне, ки мавриди зўроварии љисмонї ва шањвонї дучор гардидаанд, занони фоњиша; шахсоне, ки аз майхорагї, истеъмоли маводи нашъадор ва дигар намуди вобастагї ранљ мебаранд, шахсоне, ки дар мањбасхонањо ќарор доранд ё аз он љо пас аз адои љазо озод шудаанд; пиронсолон ва шахсони ќобилияти љисмонї ва амалкуниашон мањдуд; гурезагон ва муњољирони маљбурї; шахсоне, ки ба шароити душвори садамањои техногенї ва офатњои табиї дучор гардидаанд; шахсони иштирокчии амалиётњои љангї ва аз терроризм ва бандитизм зарардида; бекорон ва шахсони бесоњибу бехона ва умуман шахсоне, ки ба вазъи мушкили њаётї дучор гардидаанд ) ва ё гурўњї (оила, синфи мактабї, гурўњи маъюбон, коллективї мењнатї ва ѓ.) бошад. Аз њама љињати фарќкунандаи кори иљтимої аз дигар касбу ихтисосњо дар он зоњир мегардад, ки кўмак расонидан ба одамони эњтиёљманд барои таѓйир додани таъсири тарафайни онњо ва бо муњити атроф таъиноти асосии ин пеша ба њисоб меравад. Корманди иљтимої тавассути нерўи худи эњтиёљманд њаёти ўро таѓйир дода, кўшиш менамояд, ки мизољи худро аз вазъи мушкили њаётї рањої намояд. Пеш аз он, ки корманди иљтимої вазифањои худро ба анљом расонад, бояд донад, ки њар як мизољ дорои хусусиятњои хос ва сифатњои шахсии худ мебошад. Корманди иљтимоиро лозим аст, ки дар давоми фаъолияти худ ин сифатњои хоси шахсии мизољро ошкор намуда, мувофиќи онњо амал намояд. Новобаста аз он, ки мизољи корманди иљтимої шахси алоњида аст ё гурўњ, оила ва сохтори иљтимоии нисбатан Бузург, онњо дорои талаботњои махсус, низоми арзишњо, имкониятњо, сатњи дониш, низоми эътиќодот, таљрибаи ѓуншуда ва хусусиятњои љисмонию маънавї мебошанд. Корманди иљтимої агар ин хусусиятњоро наомўзад ва таваккалї кор кунад, дар натиља ба эњтиёљманд таъсире расонида наметавонад, кўшишу зањматњояш барбод меравад.
Чї хеле, ки ќаблан гуфта гузаштем, мизољи корманди иљтимої асосан шахсон ва гурўњњои иљтимоие мебошанд, ки ба вазъи мушкили зиндагї гирифтор гардидаанд ва мўњтољї ёрии иљтимої мебошанд. Пас саволе ба миён меояд, ки «вазъи мушкили зиндагї» чи гуна вазъияти иљтимої аст?
Вазъи мушкили зиндагї – ин вазъиятест, ки имкониятњои мўътадили амалу фаъолияти фардњо ва гурўњњои иљтимоиро хароб месозад ва ё ба фаъолияти мўътадили онњо хатар эљод менамояд. Дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи хизматрасонии иљтимої» омадааст: «Вазъи мушкили зиндагї-њолати объективиест, ки њаёту фаъолияти мўътадили инсонро хароб сохтааст ва инсон мустаќилона ќодир нест ин вазъиятро бартараф намояд: маъюбї, пиронсолї, беморї, натиљањои садамањои истењсолї ва беморињои касбї, аз даст додани саробон, танњої, бепарасторї, беназоратї, љойи зисти доимї надоштан, вобастагии равонии устувор, оќибатњои ногувори зўроварї ва њолатњои ба њаёт хатарнок ва дигар њолатњои вазнини њаётї». Вазъи мушкили зиндагии инсон њодисањои ѓайри ќобили ќабул ва нињоят мушкили инсонро номидан мумкин аст, ки барои бартараф намудани ин њолатњо ва барќарор намудани њаёту фаъолияти мўътадил объективан ниёзманди кўмаки дигарон, давлат, љомеа, муњити наздики иљтимої мебошад. Ба вазъи мушкили зиндагии инсон њолатњоеро, мисли ќурбони љиноят ва бемории табобатнашаванда гирифтор гардидани инсон, ба њаёт ва саломатї ё њаёту саломатии наздикони ў хатар тањдид менамояд, дохил намудан мумкин аст. Оила ва кўдаконе, ки дар вазъи мушкили зиндагї ќарор доранд – маљмўи шахсоне мебошанд, ки якљоя зиндагї намуда, бо њаёти маишї ва њуќуќу ўњдадорињои тарафайн алоќаманданд ва миёни аъзоён аќаллан як кўдаки то синни 18- сола мављуд аст. Вазъи мушкили зиндагї объективан њаёту фаъолияти онњоро хароб месозад ва натиљањои онро оила мустаќилона њал карда наметавонад. Давлат нисбати шахсоне, ки ба вазъи мушкили зиндагї гирифтор шудаанд, мувофиќи ќонунгузории љорї ёрии иљтимої мерасонад.
Дар аввал кори иљтимої мањз бо фардњои алоњида анљом дода мешуд, аммо минбаъд маълум гардид, ки кўшиши таѓйир додани вазъият ва рафтору амали фард, агар ба он бевосита атрофиён ва муњити наздики иљтимої таъсир нарасонанд, ањёнан самарнок хотима меёбад ва аксаран натиљаи дилхоњ намедињад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки фард аъзои ин ё он гурўњ, коллективї мењнатї ва ё табаќаи иљтимої аст. Ин воќеият боис гардид, ки кори иљтимої бо оила ва гурўњ пайдо шавад. Таъсир расонидан ба оила бе таъсиррасонї ба њар як аъзои он ѓайриимкон аст. Таѓйир додани рафтор ва худэњсоснамоии аъзоёни алоњидаи оила ба таѓйир ёфтани шиддати муносибатњои тарафайни дохилиоилавї ва дигаргунгардии иртиботи оилавї мегардад.
Мушкилоти иљтимоии эњтиёљмандоне, ки корманди иљтимої њал менамояд, аз гурўњњои муайяни иљтимої-демографии ба он тааллуќдошта вобастагии зич доранд. Мушкилотњои калонсолон, пиронсолон ва нафаќахўрон ба худ хусусиятњои хос доранд. Мушкилоти шахсони камбизоат, шахсони бекасу танњо ва маъюб ба шакли ба худ хос зоњир мегарданд. Занон ва кўдакон ба категорияи махсуси мизољони кори иљтимої дохил мешаванд, зеро вобаста ба шароитњои объективї ва анъанавї, њолати физиологї ва иљтимої ба онњо хатарњои иљтимої бештар тањдид менамоянд. Кўдакон нисбатан заиф, вобаста ва дастнигар мебошанд, иљтимоишавии онњо ба ихтиёри дигарон аст, хатари ба зўроварии калонсолон гирифтор гаштани онњо эњтимолияти зиёд дорад. Аз ин рў, ин вазъият эњтиёљмандии онњоро ба кўмаки иљтимої ва муњофизат ба маротиб зиёд менамояд. Њаёти кўдакони маъюб, бепарастор, ятим ва каљрафторро бе ёрии корманди иљтимої тасаввур кардан имконнопазир аст. Мушкилотњои иљтимоие вуљуд доранд, ки корманди иљтимої онњоро якбора бартараф намуда наметавонад, барои њалли пурраи онњо корманди иљтимоиро лозим меояд, ки њамеша дар ин самт фаъолият намояд. Комилан пурра њал намудани мушкилотњои иљтимоии маъюбон, камбизоатон ва пиронсолон ѓайриимкон аст, аммо зарур аст, ки ин мушкилотњоро корманди иљтимої такрор ба такрор њал намояд, ба шахсони алоњида ва гурўњњои иљтимої мунтаззам кўмак расонад. Аз ин рў, њангоми бартараф намудани мушкилоти иљтимої корманди иљтимої ба вазъияти иљтимої сарукор дорад.
Вазъи иљтимої предмети асосии кори иљтимої ба њисоб меравад, он майдони иљтимоиест, ки дар он корманди иљтимої зањмат кашида, кор мекунад. Маќсади асосии корманди иљтимої низ бењтар гардонидани вазъи иљтимоии мизољ, сабуктар гардонидани ранљу азоб ва њолати рўњии мизољ мебошад. Њар чанд корманди иљтимої ќодир нест аз љињати иќтисодї пурра мизољро таъмин намояд ё чизи аз дастрафтаи ўро баргардонад, аммо метавонад ба мизољ кўмаки иљтимої ва равонї расонад, ўро роњбаладї намояд ва машварати муфид дињад. Таъсири манфии оќибатњои њодисањои нохушро ба мизољ кам намояд ва ё пешгирї кунад. Махсусан, ин гуна кўмакрасонї ва дастгирии иљтимої ба маъюбон, пиронсолон ва шахсоне, ки ба зўроварии љисмонї, љинсї, маънавї ва иќтисодї дучор гардидаанд, нињоят манфиатнок аст.
Кори иљтимої имконият медињад, ки доираи васеи вазифањои њифзи иљтимоии ањолї њалли худро ёбанд. Корманди иљтимої эњтиёљмандонро ошкор намуда, мушкилоти онњоро омўхта, роњњои њалли ин мушкилотњоро пайдо намуда, тавассути субъектњои кори иљтимої ва муассисањои дахлдорї њифзи иљтимої мушкилотњои мизољонро ба ќадри имкон њал менамояд.
Аз ин љо метавонем хулоса барорем, ки кори иљтимої дар сатњи фард, оила, гурўњ, умумияти одамон вобаста ба њудуд, истењсолот, монандии мушкилотњо ва умуман дар сатњи тамоми љомеа амалї мегардад. Њангоми расониданї ёрии иљтимої корманди иљтимої бояд донад, ки ин кўмак ба чї ва кадом самт равона шудааст, дар рафти фаъолияти худ ба чї ноил шудан мехоњад, маќсади ў чист ва натиљањои кори худро ў чї гуна тасаввур менамояд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.