Мавзуи омузиши чомеашиноси

Дар сухбати кабли ёдовар шудем, ки таваччухи мавзуи илми мазкур ба фарогирии хаёти чомеъаи инсони марбут аст, вале мантикан суоле пеш меояд, ки ба чуз илми чомеашиноси хастанд боз дигар илмхои чомеаро омузанда? пас дар миёни шеваи омузиши онхо ягон фаркияте хаст ё на? Барои рушан сохтани ин суол ру меорем ба фалсафа, ки мегуяд: новобаста ба яксон будани предмети омузиш хар кадоме аз илмхо яктарафи онро мавриди омузиш карор медиханд. Яъне куллан омухтани предмети дониш ба илм муяссар намешавад. Бинобар хамин харчанд чомеа предмети омузиши илмхои мухталиф аст, вале хар кадоме аз онхо як сохаи муайяни хастии онро пажухишу барраси мекунад. Масалан, агар сиёсатшиноси хаёти сиёсию шарти вучуди ниходхои марбутаи онро омузад, пас иктисод воситахои хаёти хочагидории онро пажухиш мекунад. Пас тахти назари чомеашиноси кадом чанбаи хаёти чомеа карор дорад?

Дар фаркият аз соири илмхои дигар чомеашиноси дар омузиши чомеа аз хама бештар ба вижагии сифати муносибати байни одамон ва макоми дар он ишголкардаашон диккат медихад. Зеро бо халли ин масоил инсон имкони дарёфти чавоби он суолхоеро, ки у пайваста оиди сабаби баркарори чомеа, зарурати он, гуногунии макомхои ишголкардаи одамон дар он, нобаробарии таъмини ниёзи моддию маънави ва гайра аз худ медихад, ба даст меорад. Бинобар хамин хам ин илм чомеаро на иборат аз чамъойии механикии одамон, балки мачмуи чузъхои бонизоми байни худ ба муносиботи гуногунсатха воридгаштае медонад, ки тагйири онхо боиси дигаргунихо дар алокахои ичтимои ва макоми дар чомеа ишголкардаи одамон мешаванд. Хар як одам дар чомеа чандин макомро сохиб аст, яъне хамзамон у метавонад дар зинаи ичтимои касби рохбар, падар, варзишгар, мутахассис ва гайраро дошта бошад. Вай онхоро ичро мекунад. Одамони дорои макоми якхела дар чомеа чойхои якхеларо сохиб гашта, умумиятхои ичтимоиро (гурух, кишр ва гайраро) ташкил медиханд, ки дар онхо алокаи мустахками ичтимои баркарор аст. Дар чараёни фаъолияташон онхо берун аз гурухи худашон бо одамони дигари ришати алокаву муносибатхои бисёрчонибаро баркарор сохта, барои худ рафтори муайяни ичтимоиро интихоб мекунанд. Мавкеи одамон дар сохтори чамъият аз бисёр чихат марбути захирахои ичтимоии (хокимият, моликият, таъсир, дониш ва гайра) дар ихтиёр доштаашон аст.

Вале агар дар мавриди муайянсозии мавзуи омузиши чомеашиноси танхо ба чузъиёт диккат дихем, пас дарёфти риштаи онхоро бо хам пайвасткунанда имконнопазир мешавад. Бинобар хамин дар рафтори одамон ба чузъ аз вижагихо хамчунин якрангихое хаст, ки мо онхоро бо мафхуми конунхои ичтимои ишора мекунем. Аслан конунхои ичтимоиро хамчун муносибати нисбатан устувору боз тавлидшаванда миёни одамон ва гуруххои мухталифи ичтимои муаррифи мекунанд. Харчанд вучуди конунхои ичтимои шайъан ба чашм намерасад, вале вокеъан онхо муайянсозандаи самту низоми амалу рафтори одамони мебошанд. Чун онхо новобаста ба шуур ва майлу хохиши эшон амал мекунанд, бинобар хамин хам тагйири онхо тахти иродаи фардии онхо карор надоранд, вале инсон кобилияти донистану тибки  огохонаи онхоро дорад.

Одатан дар мавриди муайян кардани мавзуи омузиши ин илм такя ба мухтавои номи онро низ зарур мехисобанд. Калимаи «сотсиология» аз забони лотини гирифта шуда маънояш «societans» – чомеа ва «logos» – таълимот аст. Бо такя аз ин мухтаво бештар илми мазкурро ба таври умуми хамчун илм дар бораи чомеа таъриф медиханд. Тибки акидаи Э.Гидденс  мавзуи сотсиология хамчун илми чамъиятшиноси ин омузиши ниходхои ичтимои ва  заминахои ташаккули онхо аст. М. Вебер бошад дар ин маврид тахлили мухтавои амали ичтимоиро хадафи асоси мавзуи омузиши илми сотсиология мехисобад. Дар мачмуъ сотсиология низоми муайяни донишхои илми оиди ташаккул ва самти рафтори одамон дар алокаманди бо мансубияти онхо ба гуруху умумиятхои ичтимои аст.

Дар мавриди муайян намудани мавзуи омузиши сотсиология ду сатхи тахлили равандхои ичтимои, яъне макросотсиология ва микросотсиология диди гуногун доранд. Равиши аввал агар мавзуи омузиши сотсиологияро марбут ба  баррасии умумияту ниходхои бузурги ичтимои донад, пас равиши дуюм баррасии вижагихои рафтори ичтимоиро дар сатххои гуногун хадафи асосии фан мехисобад. Вале дар мачмуъ мавзуи сотсиология иборат аз шарху омузиши алокаю муносибат ва он раванди хамкорихои байни одамон аст, ки ба худ унвону хусусияти ичтимоиро мегиранд.       

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.