Шаклгирии илми сотсиология ва назарияхои умуми

Инсоният хамчун вучуди тафаккуркунанда тули таърих натавонистааст аз андешаи дарёфти сабаби баркарори чамъият, зарурати хамзистиаш бо шахсони дигар худро канор гирад ва бинобар хамин хам барои дарёфти ин асрор пайваста сарони фикриаш дар доираи илмхои мухталиф чустучухои фикри ба харч додаанд. Ин чустучухо тули  таърих бо мурури васеъ ва мураккаб гаштани хастии ичтимоии одамон амиктар мегашт, зеро он фазои ичтимоие, ки эшон барои бароварда сохтани ниёзхояшон ба он дохил мешуданд, акнун дар фаркият аз мухити ошнои авлоди, мушахассоти мухталифи ноошнои муносиботу рафторро такозо мекард. Бинобар хамин хам дар зинахои аввал барои рахнамунсозии огохонаи одамон ба пайрахахои ноошнои муносиботи ичтимои, мутаффакирон тавассути панду андарзхо ва мукарррароти ахлокию дини кушиши ба низом даровардани ин муносиботро ба харч медоданд. Тадричан балогати фикри инсониятро муваффак ба эчоди як силсила низомхои ичтимоие намуд, ки хадафашон аз татбику нигохдории мукаррароти мавчудаю дилхохи ичтимои ё такмилу таъгироти онхо иборат буд.

Дар таърихи афкори ичтимоии фарханги мо оиди низому сохтори ниходхои алохидаи ичтимои (давлат, дин, ахлок ва гайра) аз чониби мутаффакирон фикру акидахои судманд баён шудааст, вале хаминро бояд гуфт, ки аглаби онхо хастии чомеъаро руи колабхои суннатии таъгирнопазир тасаввур карда, масъулияти танзими рафтори ичтимоии одамонро ба души анъанаву иродаи офаридгор вогузор месохтанд. Бояд таъкид намуд, ки баъдан дар фарханги мо шеваи фосилагири аз баррасии вокеъияти айнии хаёти чомеъа боло рафта, майли эчоди хар гуна намунахои идеалии чомеъахои хайёли чоннок мегардад. Танхо дар асри XV Ибни Халдун дубора анъанаи кушиши чустучую дарки сабабияти айнии баркарорию пошхурии чомеъахои инсониро зинда месозад. Бинобар хамин хам, дар таърихи илми чомеъашиноси махз уро асосгузори пояи назарии ин илм мехисобанд. Нахуст эроде, ки И. Халдун аз пешгузаштагонаш мегирад, ин сарфи назари онхо аз макоми манфиату силсилаи талабот дар амали ичтимоии инсон аст. Зеро эшон чомеъаи инсониро хамчун ниходи мустакиле тасаввур мекарданд, ки низому тартибот дар он марбути иродаи офаридгор, дахолати анъанот ва пайрави аз ахлоки хамида аст.  Аз  сабаби  он,  ки дар чомеъаи замони И. Халдун  зарурати халли амалии масоили марбут ба таъмини зисти манфиатбахши инсон дар чомеъа ва дарёфти шевахои навини баркарории робитаи у бо соири ниходхои чомеъа мубрам эхсос намешуд, ин акидахо мавриди арзёбии шоиста карор нагирифтаанд.

Пас аз И. Халдун шахсияти дигаре, ки хамчун бунёдгузори илми мазкур шинохта шудааст, ин чомеъашиноси фаронсави Огюст Конт аст. Ба хотири дастнорас будани маълумоти тарчумаихоли ин шахсияти маъруф пешниходи мухтасари онро дар ин чо бамавкеъ медонем. У дар оилаи корманди мутавассити яке аз идорахои давлати ба Дуне омадааст. Маълумоти мутавасситаро дар зодгохаш Монтпеллер гирифтааст. Харчанд хонаводааш пайрави мазхаби католик буд, вале у ба зуди аз ин мазхаб даст мекашад ва ба афкори озодихохона ва инкилоби руй меорад. Баъд аз хатми мактаби мутавассит вориди донишгохи политехники шуда, аз байни кули довталабон макоми аввалро ба даст меорад. Вале баъд аз чанд муддат хукумат донишгохро ба хотири ба маркази афкори зиддихукумати табдил ёфтанаш мебандад ва Конт ба зодгохаш баргашта дар донишгохи он чо ба омузиши дарси пизишки ва физиология мепардозад. Баъдан боз ба Порис баргашта, барои дарёфти маош ба таълими дарси риёзиёт машгул мешавад. Соли 1814 ба у муяссар мешавад, Ки вазифаи котибии Сен-Симонро ба даст орад ва ба дусти у табдил ёбад. Соли 1824 китоби « Системаи сиёсати исботи(позитиви)»-ро ба итмом расонида, онро барои такриз ба Сен-Симон медихад ва у онро баъдан бидуни зикри номи муаллифаш дар яке аз нашрияхо дар шакли як кисми китоби худ тахти унвони «Шароити ахли саноат» чоп намуд. Пас аз ин Конт уро ба додгох кашид, вале ба муваффакият ноил нашуд ва баъдан дустияшро пурра бо у катъ намуд. Конт баъдхо аз «таъсири мусибатборе» ки «робитаи шум» бо як «хуккабози фосид» бар у  мукаррар ёдовар мешавад.

Баъдан то таълифи асари бузургаш «Курси фалсафаи исботи» у якчанд китоби дигарро ба табъ мерасонад. Соли 1825 бо хонума Каролина Массин, ки одатан рафтори номуносиб дошт издивоч мекунад. Баъдан у икрор мешавад, ки ин издивочи ба хотири «мубохисаи чавонмардона» анчом додаам бузургтарин иштибохи зиндагиям буд. Каролина Масин, ки пештар низ одати тарки хонаводаро дошт ин дафъа низ Контро тарк мегуяд ва ин нокомихо уро ба вартаи бухрони рухи мекашанд. Машгалаи фаровони фикри уро мачбур месозад дар як истирохатгох бихобад ва табобат гирад. Вай пас аз хашт мох дар холе Ки хануз пурра табобат наёфта буд он чоро тарк мекунад ва Каме баъд даст ба худкуши мезанад. Вале чун бухрони рухияш паст мешавад у аз ин амал даст мекашад. Чун у худ тахсилкардаи риштаи пизишки низ буд ва иллали беморияшро ба хуби медонист, бинобар хамин хам барои чилавгири аз хар гунна бухрони чадид режими чисми ва рухии бисёр сахте барои худ тартиб медихад. Дар хамин холат у ба навиштани асари пештар огозкардааш «Курси фалсафаи исботи(позитиви)» аз нав огоз мекунад ва навбат кисмхои онро ба табъ мерасонад.

Пас аз чопи асари бузурги худ Конт ба тадриси ситорашиноси барои хама ва баъдан устодии донишгохи политехники мепардозад. Вале баъдан ба хотири пайрави аз акидаи чумхурихохияш аз вазифаи устоди механика ва хандасаи аналитики низ сабукдуш мешавад. Харчанд дар ин муддат у  китоби »Мукаддима дар хандасаи тахлили»-ро тавонист нашр кунад. Хини фориг будан аз корхои тадриси у якчанд асари дигар «Гуфтор дар бораи зехни исботи», «Мукаддимаи рисолаи фалсафи дар ситорашиноси» ва гайраро ба табъ мерасонад. Бо дастгирии хаводоронаш файласуфи инглис Чон Стюарт Миллс, якчанд сарватманд ва шогирдонаш у дар ин муддат ба таргибу ташвики имконоти тафаккури позитивисти мепардозад. Соли 1845 Конт бо хохари яке аз шогирдонаш, ки си сол дошт  бармехурад ва новобаста аз он Ки у медонист вай ба бемории шифонопазир гирифтор аст, вале ишкашро ба вай изхор мекунад. Аммо вай уро факат ба сифати дуст кабул мекунад, зеро худро дар мавриди он чи аз хадди мухаббат бигзарад нотавон медонад. Баъд аз ду соли ин вокеа Клутилд, яъне хохари шогирдаш дар хузури Конт чашм аз олам мепушад ва аз ин пас у аз издивоч кардан даст мешуяд ва факат парастиши ин зан мекунад.

Ходисаи дигаре, Ки аз хаёти Конт чолиб аст ин сайъи у дар рохи эъломи як навъ мазхаби башари аст. Дар ин хусус у соли 1851 ба дусташ чаноби Тулуз мактуб ирсол мекунад. Дар он у менависад: »Якин дорам пеш аз соли 1860 позитивизмро ба унвони танхо мазхаби вокеи ва комил дар калисои Нотердам таблиг хохам кард». Харчанд ин ба у муяссар намешавад, вале баъдан китобе тахти унвони «Шароити исбот ё шархи мухтасаре аз мазхаби хамагони»-ро дар робита бо ин хадаф таълиф мекунад. Соли 1858 у оламро падруд мегуяд.

  Сабаби руйоварии у ба ин илм аз талабу ниёзмандии чомеъаи он вактаи урупойи, ки акнун ба арсаи тамаддуни саноати кадам мегузошт, берун меомад. Тамаддуни аграрии собик, вобаста ба шеваи истехсолиаш зарурати пайвастаи танзими илмии муносибати одамонро ба хотири таъмини махсулнокии корашон эхсос намекард, вале акнун дар тамаддуни индустриалие, ки дигар одамон на ба хайси такмили олоти мехнат, балки чузъи такмилсозии самаранокии он дониста мешуд, бинобар хамин хам барои ташкили фазои манфиатбахши пиёдасозии гаризахои созандагии у зарурат пеш омад. Албатта халли ин масъаларо метавонист танхо илми чомеъашиноси бо таваччухи пайвастаи худ ба шеваи хамкорию хамзистии инсон дар чомеъа ба зимма дошта бошад. Худи О. Конт хам рисолати илми мазкурро дар пажухиши хамин хавза мебинад ва он то кунун новобаста ба чихатгирихои навинаш чунин боки мондааст.

Вале акнун дар тамаддуни индустриали, ки дигар одамон на ба хайси такмили олоти мехнат, балки хамчун чузъи тахлилсози самаранокии он дониста мешуд, бинобар хамин хам барои ташкили фазои манфиатбахши пиёдасозии гаризхои созандагии у зарурат пеш омад. Албатта, ин масъаларо метавонист танхо илми чомеъашиноси бо таваччухи пайвастаи худ ба шеваи хамкорию хамзистии инсон дар чомеъа ба зимма дошта бошад. Худи О. Конт хам рисолати илми мазкурро дар пажухиши хамин хавза мебинад ва он то кунун новобаста бо чихатгирихои навин чунин боки мондааст.

Тибки акидаи О. Конт, чомеъа бояд хамчун организме тахкик шавад, ки хар кадом узви ташкилдихандаи он барои саодати чамъияти хизмат кунад. Аммо фаъолияти организми мазкур шабехи конуниятхои органики сурат мегирад ва бинобар он хам у чомеъашиносиро ба статистикаи ичтимои таксим мекунад. О. Конт бар асари нобоварии зехният ба хар гуна назариёт таъкид аз омузиши тачрибавии вокеъияти ичтимои кардан бо ин имконияти сихатии баррасии такрори хакикии ичтимоиро пеш мегузорад. Зеро у мехост чомеъашиносиро ба мартабаи илми дакик барорад.

Аз чехрахои дигари фикрие, ки дар шаклгирии илми мазкур сахм гирифтаанд, ин К. Маркс, М. Вебер, Т. Парсоне хастанд. Харчанд солхои охир назари мардуми мо вобаста ба дигаргунихои мафкурави аз таълимоти К. Маркс худдори нишон медихад, вале то хол дар илм касе шубха аз арзиши баррасихои сотсиологии у, аз худ нишон надодааст. Карл Маркс чомеъаро хамчун вокеъияте дар тахавулли мудавом мадди назар чилвагар медод, ки он аз нобаробарии  ичтимои сарчашма мегирад. Чун Маркс ин чихатро ба мутлакият мебарорад, бинобар хамин хам дар ин чо таълимоти у ба мафкураи сиёси табдил меёбад. Масъалаи дигаре, ки таваччухи сотсиологии Марксро ба худ чалб сохта, ин сохтори ичтимоии чомеъа буда, боиси эчоди назарияи синфхо мешавад. Кулли одамон дар ин маврид вобаста ба макоми ишгол кардаашон дар таксими неъматхои модди ба синфхои ичтимои таксим шуда, бо таъгири форматсияхои ичтимоию иктисоди силсилаи маротиби ин макомхо низ таъгир меёбад. К. Маркс сабаби мушкилоти ичтимоиро низ танхо дар хамин нобаробари мебинад, ки онро ба пурраги метавонад гуё баркарории низоми адолатпарвар, яъне коммунизм аз байн барад.

М. Вебер, яке аз он чехрахои дурахшони илми чомеъашиноси аст, ки тавассути бардоштхои амику комил аз шарту шароитхои баркарории чомеъаи инсони аз худ накше носутурдание ба ояндагон боки гузоштааст. У чомеъаро мачмуи афроди хушмандона амалкунандае тасвир месозад, ки хар кадоме бо пайгири аз хадафи муайян ба муносибати хамдигар ворид мешаванд. Чузъи асосии ташкилдихандаи ин фаъолиятро у бо мафхуми «амали ичтимои» ишора мекунад.

Дар фаркият аз шевахои дигари амал вай бо он фарк мекунад, ки амали ичтимои ин дарки шахсии фард аз тамоюли имконпазири ори аз чунин нишонро М. Вебер амали ичтимои намедонад. Амали ичтимои фардро омодаи чавоби муносиб ба рафтори дигарон сохта……? уро медиханд, ки хадафхои фарди тавассути амали якчоя судианд, ба даст медид. Бинобар хамин хам он пайваста аз худ эчоди анчуманхои ичтимоиро эхсос мекунад. Яъне аз мухосиботхои бунёди шаклгирии чунин анчуманхо ба акидаи Вебер, ин муносибати хокимияти аст, зеро амали муташаккили одамон бидуни вучуди назорату идоракунии ичтимои наметавонанд ба амал оянд. Дар ин зимма у бештар ба омилхои машруъияти хокимият диккати асоси додааст.

Хизмати дигари Вебер аз он иборат аст, ки у дар осори худ «Рухи сармоядори ва ахлоки протестанти » макоми омили ахлоки диниро дар зухуру пойдории хочагидории сармоядори хеле бориз нишон медихад. Дар протестантизм  хутбаи кисмати инсонро офаридгор бидуни вокифии фарди мезанад ва инсон дар таъгири он кудрат надорад. Ягона амале, ки у метавонад анчом дихад, ин шугл ба кор, мехнат аст, ки уро хорич аз андешаи окибат месозад. Байни инсону офаридгор касе нест ва танхо хамин мехнати содиконааш метавонад уро бо офаридгор наздик созад. Ба акидаи Вебер ин таълимоти М. Лютер (асосгузори протестантизм) дар оянда байни мардуми пайрави ин мазхаб боиси такомулу пешрафти  хочагидории сармоядори  гашт.

Барои дарки бехтар аз асли максади Вебер бояд аз тахлили сармоядори, Ки дар дебочаи фасли дуюми ин асар омадааст огоз намоем. Ба акидаи Макс Вебер сармоядори дар хама давру макон чехраи якхела надорад, балки чандин навъи зухури он вучуд дорад. Ба ибораи дигар дар хар навъ чомеаи сармоядори хусусиятхое вучуд дорад, Ки ба хамон сурат онхоро дар чомеахои сармоядории дигар пайдо кардан мушкил аст. Вале бо истифода аз усули анвоъи идеали(идеалный тип) баррасии масъала муяссар мегардад. Сармоядори ба акидаи у руи вучуд доштани як чунин бунгохи тавлидие аст, Ки он пайваста барои ба даст овардани суд, фоидаи харчи бештар саъй мекунад ва ташкили аклонии кору раванди истехсолотро омили мусоидаткунанди барои ба даст овардани ин максад медонад. Дар навбати худ чунин майлу сайъи пайваста барои ба даст овардани фоида аз арзишхои ахлоки сарчашма мегирад ва ин гунна арзишхо дар заминаи хамаи фархангхо як хел дучор намешавад. Ба акидаи Вебер зухури он дар фарханги мазхаби протестанти аз хама бештар ба чашм мерасад. Яъне харчанд одамхои харису пулпараст дар хамаи чомеахои шинохташудаи чахон вучуд доранд, аммо гиройиши(мотив) нодир ва эхтимолан ягона махз дар ин тамаддун дучоршаванда аст, ки майл ба пулпарасти на аз тарики чанг, савдогари ё мочарочуйи, балки аз рохи мехнати сангин, ташкили аклонии истехсолот кобили кабул дониста мешавад. Яъне истехсолоти сормоядори чунин шакли истехсолотест, Ки расидан ба хадди аксари суду фоида аз тарики созмондихии аклонии тавлид хадафи асосияш аст. Албатта истилохи «хадди аксари суд» хам истилохи комилан дуруст нест, зеро омили пешбарандаи сармоядори на хадди аксари фоида, балки он сайъи беохир дар рохи афзоиш додани сармоя аст. Хар точир хамеша табиатан моил аст дар хар муомилаи анчомдодааш хадди аксари фоидаи мумкинро ба даст орад. Вале сармоядор он аст, Ки барои таъмини талаботи судчуйи хеш хадду марзро намедонад, балки хамвора аз максади болобарии сармояаш пайрави мекунад. Дар мавриди афзоиши истехсолот низ чунин аст.

Вале ба акидаи Вебер майли судчуйи, микдори зиёди пул доштан ба худи худ хеч алокае бо ташаккули сармоядори надорад. Пешхизматхои тарабхонахо, устодон, коргарон, порагирхо ва хама  чунин майл доранд, аммо онхо робитаи камтарин бо рухи сармоядори доранд, зеро сармоядори дар навбати худ фурунишони, тасаллут бар нафсро дар ин маврид пеш мегузорад.  Муродифи сармоядори чустучуи боздихи, даромадноки(рентабильность)  аст ва пайрави намудан аз ин максад мухтавои мавчудияти онро ташкил медихад. Дар чомеае, Ки тамоми иктисоди он тобеъи раванда сармоядори аст агар хадафи боздихи мадди назари як корхонаи истехсоли карор надошта бошад он махкум ба шикаст ва нобуди аст.   

Дар зухури хочагидории сармоядори Вебер якчанд падидаи дар гузашта номаълум, аз чумла чудойии маскан аз коргох ё ин Ки бунгохи тавлиди, хисобдории аклони, бюрократия(девонсолори) ва гайраро кайд мекунад ва накши онхоро дар ин раванд муфассал мавриди барраси карор медихад. Харчанд намунаи баъзе аз ин падидахо дар заминаи тамаддунхои дигар низ ба чашм расанд хам, вале Вебер  мухтавои онхоро бо мухтавои кунинияшон яксон намебинад. Ба акидаи у ин падидахо дар заминаи тамаддуни гарби бо чараёни сомондихии аклонии кор омезиш ёфта, шеваи чадиди хочагидории сармоядориро тахким бахшиданд.    

Шархи Вебер аз мохияти хочагии сармоядори ба вучуди фаркиятхо як андоза наздики бо таълимоти К. Маркс низ дорад. Аввалан харду чонибдори чунин акидаанд, Ки мохияти сармоядори алокаманди чустучуи суд аз тарики бозор Буда, вучуди коргарони озод аз лихози хукуки дар бозори кор, Ки неруи худро ба сохибони воситахои тавлид ичора медиханд, омили мухими инкишофи он аст. Фаркияти акидаи Вебер аз Маркс дар он зохир мешавад, Ки у ташаккули хочагидории сармоядориро пурра ба мансубияти воситахои тавлиди алокаманд намехисобад. Балки дар ин маврид мартабаи омили мазхабиро низ хеле мухим мехисобад ва инро дар мисоли алокамандии ахлоки мазхаби, бахусус мазхаби протестанти, бо рухи хочагидории сармоядори нишон медихад. Дар ин маврид у суоле пеш мегузорад, Ки барои чи ахлоки мазхабии дигар динхо имкони эчоди шароити ичтимоии рушди  як навъи монанд бо сармоядории гарбро дар худ дошта натавонистанд. Яъне харчанд бисёре аз намунахои сармоядори дар тамаддунхои гайригарби хам вучуд доштанд ва алхол низ доранд, аммо вучуди хоси сармоядории гарбии устувор руи талкини судчуйии беохир тавассути ташкили аклонии кор ва истехсолот тавонист танхо дар сархадоти тавсиаи тамаддуни гарби пайдо шавад.

Хамин тавр назари М. Вебер пешрафти хочагии сармоядории муосир бо ахлоки протестанти робитаи ногустастани дорад. Инро вобаста ба он медонад, Ки рухи баъзе аз равияхои мазхаби протестанти дар худ талаботи инкищофи хочагидориии сармоядориро тачассум мекунанд.Яъне дар онхо як чахонбинии муайяне аз як тараф ва сабки Хосе аз фаъолияти иктисоди аз суи дигар бо хам пайванди муайяне доранд. У бо иктибос аз таълимоти Калвин, пешвои яке аз чараёнхои маъруф дар мазхаби протестанти мохияти ин гунна робитаи ногустании ахлоки протестантиро бо рухияи сармоядории навин чунин хулоса мекунад:

– як худои мутлак вучуд дорад, Ки чахонро офарида ва бар он хукмфармост, аммо зехни махдуди одамият кодир ба дарки ин худо нест;

– ин худо кисмати хар яки Моро таъин кардааст  ва кушиши мо барои тагири хукми худованд бебарор аст;

– инсон новобаста аз чигунагии кисмати таъиншудааш дар хар холл вазифадор аст барои ба худ моил сохтани тараххуми офаридгор   содикона кор кунад ва дар он Дуне аз он бахравар шавад.

Макс Вебер таъкид мекунад, Ки хамаи ин рахнамоихои ахлоки ба сурати пароканда дар заминаи соири тамаддунхо, мазхабхо низ вомехуранд, вале талкини мачмуаи ин аносир барои ба рох андохтани фаъолияти мехнатии одамон бори аввал махз дар мазхаби протестанти ба чашм мерасад. Тибки он дар ин чахони пургунох муъмин бояд умри худро дар рохи кори худо сарф кунад.

Ин омузиши худро Вебер баъдан дар силсилаи асархои марбат ба чомеашиносии динияш идома медихад. Хини омушизи масоили фавкуззикр дар заминаи динхои чинои, хинди, яхуди в.г. у назди худ кушиши пайдо кардани чавоб ба ду саволро мегузорад:

Оё чизе муодили зухди дунёи, Ки ахлоки протестанти тачассуми он аст, дар тамаддуни дигаре чуз тамаддуни гарби ёфт мешавад? Ба ибораи дигар таъбири дини аз чахон Ки сарчашмаи рафтори иктисодии муайяне, ки монанд бо рафтори аз чониби мазхаби протестанти дар гарб таблигшаванда бошад, оё дар заминаи тамаддунхои дигар низ вомехурад ё не? Хини чавоб ба ин суолхо у хамоно таъкид мекунад, баъзе аз падидахои ахлокии ба рафтори иктисоди сармоядори мусоидаткунанда  дар заминаи мазхабхои дигар низ ба чашм мерасанд, аммо онхо ба шакли равшану возех танхо дар тамаддуни гарби имконпазир гаштанд. Бинобар хамин хам низоми иктисоди сармоядори дар хеч чойи дигар чуз дар гарб тавсиа наёфта аст.    

Асари дигари бузургхачми Макс Вебер «Иктисод ва чомеа» ном дорад. Он як рисолаи умумии чомеашиносие аст, ки дар он чомеашиносии иктисоди, хукуки, сиёси ва чомеашиносии мазхаби хар кадом ба навбаи худ ва хамзамон бо хам баст ёфтаанд. Мавзуи ин китоб тахлили вижагии хочагидории дар заминаи тамаддунхои гуногун пайдошаванда аст. Ба ин хотир дар ин китоб анкариб аз хамаи тамаддунхо ба унвони мисол ё барои исботи фикр тахлили ичтимоии рафтори хочагидори сурат гирифтааст. Хадафи ин асар аз он иборат аст, Ки мохияти падидахои иктисоди, сиёси, хукуки ва гайраро рушан кунад ва хамаро дар як дастгохи мафхумии ягона чо дихад. Муаллиф мехохад аз тарики мукоисаи тамаддуни хочагидории гарби бо дигар тамаддунхо асолату пештозии онро дар пешбурди хочагидории сармоядори нишон дихад.

Махз дар хамин рисола Вебер чомеашиносиро хамчун илми куниши, хамкории ичтимои(социальное взаимодействие, Action sociale) арзёби мекунад. Хадафи чомеашиноси ин аст, ки бо тафсири куниши ичтимои ва шархи хусусияти чараёни он аз лихози ичтимои ба дарки ин навъ кунишхо бирасад. Дар ин замина Вебер на хама гунна рафтори одамонро ичтимои арзёби мекунад ва рафтор хангоме ичтимои махсуб мешавад,  агар зимни маъное, ки аз он фоил мепазирад, он бо рафторхои дигар ашхос робита дошта бошад. Бинобар хамин хам у гушанишинию зухдпарастиро рафтори ичтимои намехисобад. Рафтори устод дар синфхона рафтори ичтимои аст, зеро кундии баёни у марбути амали донишчуён аст, Ки мехоханд суханхою натичагирихои дар тахта навиштаи уро барои худ ёддошт кунанд. Агар у ба танхои босуръат барои худаш харф мезад ва мухотабе, сомеъе надошт дар он сурат он куниши ичтимои набуд, зеро гуфтори у тахти таъсири рафтори хеч шунавандае карор надошт.

Куниши ичтимои ба сурати муносиботи ичтимои созмон меёбад. Муносиботи ичтимои хангоме ташкил меёбад, Ки чандин субъекти куниш бо хам амал мекунанд ва маънои кунишхои хар як алокаманди якдигар аст ба навъе Ки хар як куниши мутакобил тахти таъсири дигаре карор мегирад. Устод ва донишчу бо хам дар навъе аз муносиботи ичтимои карор доранд. Холати донишчу тахти таъсири устод ва холати устод тахти тахти таъсири донишчу аст. Хамин тавр бо таваччух ба ин Ки рафторхои чандин субъекти куниш(взаимодействие-хамкории муштарак) ба таври муназзам хар як тахти таъсири дигаре сурат мегирад пас ба ин натича мерасем, ки ин навъ бонизоми ноши аз вучуди омили таъйинкунадае бояд бошад. Ин омили таъйинкунандаи рафтори бонизоми субъектхои амали ичтимоиро Вебер одат ва дар сурати тулони такрор ёфтанаш онро русум ном мебарад. Дар ин маврид у истилохи Eingeleitet –ро истифода мебарад ва максад аз он ин аст, ки одат ба як чузъи зиндаги табдил ёфтааст. Он навъи рафторе ки аз лихози кадимату такороршавии пайвастааш ба шеваи чудонашавандаи амали инсон табдил ёфтааст Вебер анъана меномад.

Макс Вебер дар заминаи тафсири мафхуми куниши ичтимои боз чандин мафхуми калидии дигари чомеашиносиро ба миён мекашад.Мухимтарини онхо иборатанд аз – шанси ичтимои, машруъияти ичтимои, кудрат, набард ва гайра.  Зимни шархи мухтавои мафхуми « шанси ичтимои» у мефармояд, Ки чараёни муназзами куниши ичтимои амре мутлак ва хатми нест.Масалан, дар одати роичи донишгохи маъмул аст, Ки шогирдон хангоми сухангуйии устод хаёхуй накунанд ва пас ин шанс вучуд дорад, Ки суханронии устод дар сукути донишчуён баргузор шавад, аммо  ин шанс маънои якин, хатми будани риояи ин коидаро надорад. Хатто дар донишгохи чиддитарине, Ки донишчуёни он маъмулан бо сукунат ба сухани устод гуш мекунанд, имконияти ин Ки тайи як соат риштаи Сухан дар дасти устод бошаду садое аз ягон кунчи синфхона нахезад  боварнакардани аст. Танхо чизе Ки имконпазир аст  ин аст, Ки шанси Каму беш мухиме вучуд дорад Ки суханони устод ба таври кули нисбатан дар холати риояи хомуши иброз шавад.

Пешниходи соири мафхумхои фавкуззикр низ ба дунболи шархи мухтавои робитаи муназзами чараёни хамкорихои муштараки ичтимои, яъне куши ичтимои меояд. Ба акидаи Вебер муназзамии робитахои ичтимои мумкин аст факат натичаи одате тулони бошад, вале голибан авомили мукаммале хам дар он дахолат доранд, Ки иборатанд аз карордод, шартнома ва хукук. Раванди легетими, машруъ вакте карордоди аст, Ки тахаллуф, сарпечи аз он бо мухолифати дастчамъи ру ба ру шавад. Ва хангоме хукуки аст, Ки тахаллуф аз он боиси раво дидани истифодаи зури нисбати афроди дахлдор гардад. М. Вебер пас аз тахлили ин мавзуъ ба шархи мафхуми «набард» мегузарад. Ба миён омадани ин мафхум марбут ба он аст, Ки у акидаи баъзе ах чомеашиносонро оиди руи хамоханги баркарор будани чомеахои инсониро кабул надошт. Огюст Конт таъкид мекард, Ки чомеахо факат аз зиндагон ташкил наёфтаанд, балки ба хамон андоза аз мурдагон низ дар ташкили худ таъсир мепазиранд. Аз назари М. Вебер сохтмони чомеахо факат аз хамирмояи тавофук нест, балки аз ихтилофоту муборизот низ хаст. Набард, мубориза як робитаи ичтимоии бунёди дар сохтмон ва рушди чомеа аст. Хамин тавр дар нихояти эчоди мафхумхои бунёдии китоби мазкур Вебер ба тахлили заминахои пайдоиши гуруххои ичтимои мепардозад. Ба акидаи у анчоми раванди ба хам омадани куниши ичтимоии афрод ба эчоди чомеа ва ё чамоат мусоидат мекунад.Фарки ин ду равандро – ташкили чомеа ва чамоат – у чунин шарх медихад. Раванди якпорчашавии хамкории ичтимоии одамон хамон вакт ба ташкили чамоат оаварда мерасонад, Ки бунёди ташкили гурух эхсоси тааллуки хамагон ба гурух бошад ва он руи тасдики, исботи эхсосот карор дошта бошад. Раванди мазкур хангоме ба ташкили чомеа меанчомад, Ки агар дарки манфиатхо субъектхои хамкории ичтимоиро бо хам муттахид созад. Баъдан руи истифодаи ин мафхумхо Вебер андешаронии худро оиди сиёсат, иктисод, ниходхои ичтимои ва гайра идома медихад.          

Аз шахсиятхои дигари маъруфи илми чомеъашиноси ин мутаффакири фаронсави Эмил Дюркгейм (1958-1917) мебошад. Дар фаркият аз М. Вебер сарсупурдагии хамагони он боз коидаву меъёрхои умумие медонад, ки онхо «Шуури коллективи»-ро ташкил медиханд. Яъне пеш аз он, мачмуи амалхое вучуд доранд, ки он бояд ба хотири пойдории чомеъа аз онхо пайрави созад.

Э. Дюркгейм дар оилаи раввини яхуди таваллуд шудааст. Падараш дар айёми хурдсолии у аз олам мегузарад. Аввалан дар коллечи зодгохаш Эпинол тахсил мекунад. Дар поении тахсилоти мутавассит чоизаи мусобикоти умумиро мегирад.Баъдан барои  тахсил ба Порис меояд ва тахсилашро дар донишгох идома медихад. Сипас у ба Олмон барои аз Вундт гирифтани таълими улуми ичтимои сафар мекунад. Баъди баргашт аз сафар дар «Мачаллаи фалсафи» якчанд маколаро ба табъ мерасонад ва бо дархости вазорати маориф ба тадриси илми чомеашиноси огоз мекунад. Соли 1893 рисолаи докторияшро дар мавзуи « Таксими кори ичтимои» дифоъ мекунад.

Китоби «Таксими ичтимоии кор» нахустин асари бузургхачми уст. Мавзуи ин  асар тахлили вижагихои сурат гирифтани муносиботи инсон бо чомеа аст. Яъне чи гунна мачмуае аз афрод метавонанд чомеаеро ташкил диханд? Дюркгейм барои посух додан ба ин суоли вокеан бунёди ду шакли хамбастагиро аз якдигар фарк мегузорад – хамбастагии механики ва органики. Хамбастагии механики Аслан тавассути омили хаммонандии сифати гуруххои ичтимои пайдо мешавад ва бинобар хамин хам онро Дюркгейм яке аз аломатхои асосии чомеаи тавсиъанаёфта, ори аз ташкили мураккаби таксими иктисодии кор мехисобад. Дар сурати бартарияти ин шакли хамбастаги аъзоёни гуруххои ичтимои аз якдигар хеле кам ин  мекунанд. Онхо аъзои як ичтимоъи вохиди ба хам монанд ва дорои эхсосоти вохиде мебошанд, Ки онхо дар заминаи арзишхои умуми пайдо мешаванд. Ин гуна чомеа алхол бо тамойизи(диференсиатсия) ичтимои ошно нест. 

Дар фаркият аз хамбастагии фавкуззикр хамбастагии органики Аслан руи тамойизи амики ичтимои вучуд дорад ва афрод бо якдигар хаммонанд нестанд. Ин ду шакли хамбастагии ичтимоиро Дюркгейм омили руи кор омадани ду шакли чомеа, яъне сегментари(гайримутамойиз) ва мутамойизшуда, диференсиатсияшуда. Сегмент ё китоъ дар корбурди истилохии Дюркгейм як гурухи ичтимоие аст, Ки афроди он бо хам пайвандхои наздик доранд. Аммо сегмент ё китоъ хамчун гурухи махаллии мушаххаси нисбатан чудо аз дигар гуруххо ва дорои зиндагии хоси хеш аст. Сегмент гурухи худбасанда аст ва бо хорич чандон иртиботе надорад. Ба акидаи у дар баъзе маврид ин навъ гуруххо хатто дар чомеахои аз лихози таксими мураккаби иктисодии кор тавсиъаёфта низ дучор меояд. Инро дар мисоли чомеа муосири инглис нишон медихад. 

Хамин тавр, хадафи Дюркгейм аз тахлили  хусусиятхои хамбастаги дар чомеахои мухталиф ин нишон додани раванди мураккабшавии таксими кор бо мурури боло рафтани тамоизи умуми дар чомеахо аст. Яъне маншаъи ин гунна тамойизпазирии ичтимоиро дар азхампошидагии хамбастагии сегментари, сохтаги мебинад.

Баъдан дар хошияи тахлили ин мавзуъ Дюркгейм таваччухашро ба тахлили мавзуи вичдони чамъи равона месозад.Ба акидаи у вичдони чамъи иборат аст аз «мачмуъи бовархою эхсосоти муштарак дар байни аъзоёни чомеахо». Ва дар асоси онхо дастгохи муайяни ичтимоие ба вучуд меояд, Ки «дорои хаёти мустакили худ аст». Он пайваста хамчун конун дар холи тахаввул аст ва он тачассуми холиси вичдонхои фарди нест. Чигунагии густариш ва неруи вичдони чамъи ба тафовути чомеахо вобастаги дорад. Дар чомеахое, Ки дар онхо бештар бартарияти хамбастагии механики мушохида мешавад, дар онхо вичдони чамъи бузургтарин бахши вичдонхои фардиро дарбар мегирад.  Дар чомеахое, Ки тамойизи(диференсиатсияи) байни афрод эиёд мушохида мешавад, хар касс дар мавриди дилхохи худ фикр ва амал кардан озод аст. Баръакс дар чавомеъи дорои хамбастагии механики мухимтарин бахши хастии фард тобеъи фармону мамнуъиятхои(санксияхо) ичтимои аст. Хаар кадар вичдони ичтимои кавитар бошад хамон кадар хашми одамон нисбати чурму поймолкунии меъёрхои рафтори ичтимои зиёдтар аст ва дар ин замина махкумшавии афрод вобаста ба файсалаи дастачамъи аст. Баръакс дар чомеае, Ки дар он хамбастагии органики хоким аст, доираи амали вичдони ичтимои махдудтар аст ва махкумшавии афрод вобаста ба чурмашон тавассути конуну шартномахои расми сурат мегирад.

Дюргейм аз казоватхои фавкуззикраш баъдан фикреро хулоса мекунад, Ки тамоми умр аз он пайрави менамояд ва он чунин аст: фард аз чомеа зойида мешавад ва на чомеа аз фард. Ин фикр ба табдилнопазир будани умумияти ичтимои ба хосили чамъи унсурхои худ ишора мекунад.

Дар мавриди баррасии масъалаи таксими ичтимоии кор Дюркгейм боз ба як масъалаи умдаи методологии сотсиологи, яъне зарурати чустучуи миёнбари кайфияти объекти омузиш,Ки Аслан нисбат ба он хоричи аст, таваччух менамояд. Яъне тавассути пайдо кардани чунин мазохири берунии кайфияти объекти омузишро тачассумкунанда дарки он осон мегардад. Дар мавриди таксими ичтимоии кор ба сифати чунин мазохир, намуди хоричи намудхои таърихии хукукро кабул кардан мумкин аст, эеро таърихи ташаккули онхо тачассумгари тахаввули таксими ичтимоии кор дар чомеахои мухталиф аст. Яъне аз бисёр чихат хусусияти таксими корро дар ин ва ё он чомеа шаклхои роичи меъёрхои хукуки возехтар тачассум менамоянд.

Вобаста ба казовати фавкуззикр Дюркгейм навхои маъмули таърихии хукукро дар инкишофи чомеаи инсони ба ду гурух чудо менамояд – хукуки танбехи ва хукуки тармими ё таъовуни. Хукуки танбехи махсули бартарияти вичдони чамъи дар чомеаи дорои хамбастагии механики аст. Дар ин маврид хамаи он рафторхое, ки бо меъёрхои писандидаи вичдони чамъи мувофик нест хамчун чурм дониста мешавад ва микдори танбеххо хам дар ин маврид хеле зиёд мегардад. Дар ин замина Дюркгейм сайъ мекунад ба чурм таърифи сотсиологи дихад ва мухтавояш ба он нигаронида шудааст, ки танхо дарбаргирандаи он чизе ки онро вичдони чамъи мамнуъ мехисобад нест. Балки чурм факат аз хорич, аз киболи ахволи вичдони чомеаи мавриди бахс таъриф мешавад. Яъне мучрим касест, ки дар як чомеаи муайян аз кавоиди мадании он чомеа сарпечи карда аст. Аз ин лихоз Сукрот шоистаи он буд, ки мучрим шумурда шавад, харчанд ин аз руи арзёбихои чомеахои муосир гайриодилона менамояд. Пас аз чунин тафсири мухтавои чурм Дюркгейм инчунин баёни шархи сотсиологии чазо, кайфарро низ бамавкеъ мехисобад. У дарки маъмули чазоро, ки гуё хадафаш   танхо чилавгири аз такрори чурм аст, рад мекунад ва чонибдори  зарурати фаротар аз марзи тарсондану монеъ шудани афрод аз такрори гунох, чиноят бурдани фахмиши мухтавои ин падида мебошад. Яъне у кайфарро тачассуми майли касосгирии вичдони чамъи аз афроди меъёрхои эътирофшудаи рафтори чамъиятиро поймолкунанда медонад.

Дар хукуки тармими сухан бар сари танбех кардан нест, балки хадаф иборат аст аз баргардони раванди ходисот бар мадори адолат. Хадафи он аслан иборат аз эчоди хисси коллективи миёни одамон аст. Хукуки идори, тичорати аз навъи хукуки тармими ба хисоб мераванд. Ин шакли хукук тачассумгари он аст, ки бинои чомеаи чадид асосан бар карордод, яъне бар мувофикатхое аст, ки афрод байни худ мебанданд.

Масъалаи дигаре ки Дюркгейм дар ин замина кушиши чавоб чустан ба он менамояд ин марбут ба он аст, ки то чи андоза бо мурури инкишофи чомеа хушбахтии инсон низ рушд мекунад. Бояд гуфт, ки чавоби у ба ин савол на дар хама маврид мусби аст.У менависад, ки бехтарин далели он ки хушбахтии инсон хамрох бо тараккии чомеаи чадид афзойиш намеёбад, фаровонии ходисахои худкуши дар онхо аст. Ва ишора мекунад, ки худкуши дар чомеахои муосир аз чомеахои пештара дида бештар ба чашм мерасад. Аммо чун далели оморие аз худкушихои чомеахои пештара дар даст надорем дар ин нукта наметавонем якин дошта бошем. Ин масъаларо Дюркгейм дар асари машхураш тахти унвони «Худкуши» хеле чолибу боварибахш мавриди тахлил карор медихад. Мундаричаи ин асар бо мавзуи таксимии ичтимоии кор робитаи ногусасатани дорад, зеро хини ташрехи падидахои мусбати ба дунболи худ доштаи ин раванд у хамчунин аз падидахои беморгуне, ки он ба хаёти ичтимоии мардум ворид менамояд, ёдовар мешавад. Яке аз чунин падидаи беморгунро худкуши меномад. Инро дар бахши охирини китоби « Таксими ичтимоии кор» хеле чолибу назаррас баён намудааст. Дар он чо Дюркгейм аз нобасомони(аномия), яъне фукдон ё азхампошидагии арзишхои танзимкунандаи рафтори афрод сухан мегуяд ва ин мафхумро дар баррасии мухтавои падидаи худкушии васеъ истифода мебарад. 

Ин масъаларо Дюркгейм дар чомеахои чадид дар заминаи мавзуи болоравии мушкилот вобаста ба татбики робитаи афрод бо гуруххои ичтимои мариди барраси карор медихад. Ин дар чомеахои пештара хеле кам мушохида мешуд, зеро дар онхо афрод ва гуруххои ичтимои фикри ба дурустии меъёрхои кабулгаштаи рафтори ичтимои шубха карданро дар сар намепарвариданд ва аз онхо пайваста пайрави менамуданд. Фард дар ин маврид бо гурух алокаи махрамона дошт ва ба хотири чустучуи пуштибони аз он дар зиндагияш самти рафторашро тибки файсалаи вичдони чамъи, таъовуни ба рох монад. Вале дар чомеа муосир фард пайваста эхтиёчи огохи пайдо карданро оиди мухтавои карордодхои ичтимои хис мекунад ва ин аксар маврид монеъи ккуркурона пайрави карданаш аз хар навъи фармонхои ичтимои мегардад. Аммо болоравии ин гуна фардиятгарои, ки аслан ба худии худ падидаи бад нест, мушкилоту хатархоеро низ ба дунбол дорад, зеро фард мумкин аст аз чомеа талаботе дошта бро ба ошад, ки чомеа имконияти таъмини онро надошта бошад. Рохи кам кардани шиддати чунин мушкилотро Дюркгейм дар ташкили созмону ниходхо ва гуруххои касби мебинад.

Дюркгейм бо эътирофи падидаи худкуши хамчун падидаи беморгуни ичтимои кушиши тахти авомили ичтимои карор додани зухури онро ба харч медихад. Бинобар хамин хам худкуши иборат аст аз « аз хар навъ марге ки натичаи мустаким ё номустакими кирдори худи курбониест, ки аз амали худ огох буда, медонистааст, ки мебоист ба хамин натича бирасад». Дар мавриди тахлили омилхои мусоидаткунанда ба гаирёбии мизони худкушихо ва авхолу авзои ичтимои фарду чомеа Дюркгейм кушиш мекунад алокамандиро баркарор кунад. Яъне авомили ба худкуши даст задани одамон танхо авомили равони, рухи нест, балки онхо хусусияти ичтимои доранд. Барои исботи ин казоват у мизони худкуширо дар байни чамъиятхои гуногун барраси карда, сайъи собит кардани онро ба харч медихад. Масалан вай зимни тахлили рафтори пайравони мазхабхои гуногун ба чунин хулоса меояд, ки таносуби беморихои рухи дар байни яхудихо бисёр болост, вале теъдоди худкушихо дар байни онхо хеле кам ба чашм мерасад. Хамчунин у худкуширо хамчун навъе аз таклид, ки онро Тард чонибдори мекард,  дар чомеаи муосир рад мекунад. Барои тасдики фикри худ Дюркгейм бо такя аз маълумотхои омори худкушихои н ба се навъ чудо мекунад: худкушии худпарастона(егоисти), худкушии дигардустона(алтруисти) ва худкушии ноши аз нобасомонихои ичтимои(аномия).

Дюркгейм барои нишон додани заминахои ичтимоии падидаи худкуши онро дар алокаманди бо синну сол, вазъи оилави, гиройишии мазхабии афрод муфассал тахлил менамояд ва таъкид мекунад, ки мизони худкуши вобаста ба ин аломатхои демографи пайваста дар холи тагйир аст. Масалан хар кадар синну соли афрод боло равад хамон кадар мизони худкуши миёни онхо меафзояд. Ин холат вобаста ба чинси афрод низ ба чашм мерасад. Худкуши дар байни мардон бештар нисбат ба занон бештар мушохида мешавад. Мизони зухури ин падида бо омили мазхаби низ вобастагии кави дорад ва Дюркгейм бо такя аз маълумотхои омори нишон медихад, ки худкуши дар байни протестантхо нисбат ба католикхо бештар аст. Робитаи худкуширо дар алока бо мансубияти чинси ва вазъи оилавии афрод хам у хеле чолиб нишон медихад. Масалан агар ин падида дар байни занону мардони оиладор камтар мушохида шавад, пас дар мавриди мардону занони бева инро гуфтан душвор аст.

Хамин тавр, тибки акидаи Дюркгейм вобаста ба гурухбандии фавкуззикри худкушихо ин падида аксар маврид ду навъи одамонро туъмаи худ мекунад: онхоеро, ки беш аз хадди лозим аз гуруххои ичтимои фосила гирифтаанд ва касонеро, ки  баръакс бо гурухи худ робитаи  самимонаи бемислу монанд доранд. Худпарастон осонтар аз дигарон даст ба худкуши мезананд ва дигарпарастоне(алтруист) низ вучуд доранд, ки чунон гарк дар гурухи муталлик ба хеш хастанд, ки дар мукобили сарнавишт нотавонанд. Навъи дигари худкушие, Ки Дюркгейм бештар руи он мулохиза мекунад ин худкушиест, Ки аз нобасомонихои хаёти ичтимои сарчашма мегирад ва онро яке аз хусусиятхои фарккунандаи чомеаи муосир мехисобад. Тибки санадхои омори чунин худкушихо бештар дар даврахои бухрони иктисоди ва, аз хама чолиб ва  гайритасаввуршавандааш, дар мархилахои равнаки бехадди иктисоди ба назар мерасанд. Ру ба кохиш овардани худкушихо дар даврахои руйдодхои бузурги сиёси мушохида мешавад, масалан дар солхои чанг даст ба худкуши задании одамон камтар ба чашм мерасад. Худкушихои заминаи ичтимои дошта бо ин омилхо чамъбаст намешавад ва Дюркгейм чандин омили дигарро наз дар асари «Худкуши»-и худ мушикофона муфассал барраси мекунад. Яке аз чунин омилхо ин болоравии теъдоди талокхо дар чомеа аст. У кайд мекунад, Ки дар чунин холатхо марди талокдода бештар аз зан «дар хатари» худкуши аст, зеро агар мард дар мавриди ташкили хонавода аз ичрои бисёр масъулиятхо фориг шавад ва талок дубора онро ба зиммааш вогузорад, пас зан баръакс дар хини зиндагии хонаводаги дучандон масъулият ба душ мегирад ва бинобар хамин хам талок барои у маънои дубора ба даст овардани озодиро дорад.

Ба хамин тартиб агар худкушихои марбут ба худпарастию дигарпарасти дар кули чомеахо мушохида шавад, пас навъи дигари он, яъне худкушии марбут ба нобасомонихои ичтимои бо сабаби мушкилоти шароити хастии ичтимоии кунуни бештар домангири афрод мегардад. Дар чомеаи муосир, Ки хастии ичтимои камтар тахти таъсири урфу одат карор дорад, афрод доиман бо хам дар холи ракобатанд ва дар натича доиман туъмаи ранчу озурдахотири аз номутаносибии миёни талабот ва хушнудию каноатманди аз таъмини онхо хастанд. Дар навбати чунин фазои пур аз ташвишу нигаронихо барои тавсиаи «чараёни худкушихо» заминаи мусоид фарохам меорад. 

Асари дигари пурарзиши  Дюркгейм « Сувари бунёдии хаёти дини» аст. Мавзуи ин китоб иборат аст аз ппешниходи назарияи умуми дар бораи ниходи ичтимоие чун дин бар асоси тахлили намунахои соддатарин ва аввалини он дар таърихи инсоният ва дар асоси он тахлил кардани мохияти навъхои муосири онхо. Китоби мазкур масъалаи матрахгаштаро аз се нуктаи назар мавриди барраси карор медихад. Аввалан барои собит намудани акида оиди имконпазар будан  эчоди назарияи адёни олитарин бар асоси баррасии тачрибаи зинаи ибтидоии дини у чанбахои асосии тотемпарастиро аз рузгори кабилахои  австралияги мавриди тахлил карор медихад. Сипас зухури вижагихои ин гуна тачрибаи ибтидоии диниро дар заминаи динхои муосир нишон медихад. Дар охир робитаи тачрибаи диниро ба тачрибаи ичтимоии инсоният нишон медихад.

Ба акидаи Дюркгейм зоти дини иборат аст аз таксими дунё ба ду даста намудхои лохути(сакрали) ва носути (профани). Мохияти эътикоди диниро бовари ба худо ва неруи мовароуттабии махдуд намекунад. Динхое вучуд доранд, ки ба худо эътикод надоранд. Бинобар хамин хам онхо дар таърифи дин мавкеи асоси надоранд. Мафхуми дин дар асоси тамойизи (диференсиатсияи) ду бахши  чахон, бахши лохути ва носути сохта шудааст. Бахши лохути иборат аст аз мачмуаи чизхо, бовархо ва маросимхо. Хар гох умури лохути бо хам робитае аз навъи хамоханги ё табаиат дошта бошанд дар ин сурат мачмуаи бовархо ва маросим марбут ба онхо мазхаберо ба вучуд меоранд. Яъне чомеа хангоме ки дар холи галаёни худ аст офаридгори мазхаб аст.

Аз чумлаи асари дигари маъруфи Дюркгейм ин «Кавоиди равиши чомеашиноси» аст. Дар ин асар у асолати мавзуи илми сотсиологияро дар баробари мавзуи илмхои дигари чомеашиноси муайян менамояд. Барои баркарории чунин асолат ба акидаи у илми сотсиология ба ду чиз эхтиёч дорад: аз як су лозим аст, ки ин мавзуъи ин илм мавзуи хос, яъне аз мавзуи илмхои дигар фарк дошта бошад; аз суи дигар он бояд кобили мушохида ва санчидашаванда бошад. Ин ду шарт ба баёни ду казовати машхур меанчоманд, ки онхоро аслан оинаи андешаи Дюркгейм меноманд ва ин чунин аст: падидахои ичтимоиро бояд дар хукми ашёъи вокеи(факт) дар назар гирифт; хусусияти падидаи ичтимои он аст, ки ичборе бар афрод ворид мекунад. Акидаи аввал ба он далолат мекунад, ки мо бояд падидахои ичтимоиро хамчун падидахои табии кашф кунем ва худро аз шархи каблияшон, ки аксар вакт фалачкунандаи акланд эмин нигох дорем. Мо бояд дарк кунем, ки вокеияти ичтимои ба таври бевосита ба мо маълум намегардад. Бинобар хамин хам мо бояд вокеияти ичтимоиро хамчун ашёъ мадди назар дошта бошем. 

Яке аз чехрахои дигари намоёни илми сотсиология ин Питирим Сорокин (1889 – 1968) аст. У дар дехаи дурдасти губернияи Вологдаи Россия, Ки бошандагонаш Аслан мансуб ба мардуми коми буданд, таваллуд шудааст. Модараш аз мардуми махали ва падараш рус буд. Дар сесолагиаш падараш аз олам чашм мепушад. Тарбияи яке аз се фарзанди сагирмондаро бибияшон ба зима мегирад ва Питирим бо бародари калонияш тахти сарпарастии падар мемонад. Падари Питирим дар кандакори махорати хеле хуб дошт ва ин касбро ба фарзандонаш низ ба ворисият медихад. Харчанд у мураббии дилсуз хам буд, вале бисёр  маврид пас аз истеъмоли машрубот нисбати фарзандон муносибати дагалонаро раво медонист. Боре пас аз якчунин холати сархуши у бо чаккуш харду писарашро саркуб мекунад ва то як муддати тулони лабони Питирим тагири шакл карда буданд. Озурдахотир аз ин рафтори падарашон Питирим ва акояш тарки деха мекунанд ва тулии чандин сол бо такя аз касби ба ворисият гирфтаашон дар минтакахои гуногун ба кор машгул мешаванд. Танхо дар вактхои холиги ба онхо муяссар мешуд аз паси такмили маълумоти худ шаванд ва дар сини 14-солаги ба Питрим хатми семинари муаллими муяссар мегардад. Дар тин муддат таваччухи у ба таълимотхои фалсафию чараёнхои сиёси меафзояд ва худи у хам ба яке аъзоёни фаъоли харакати мардуми табдил меёбад. Соли 1906 ба зиммаи у ироаи нутк дар назди коргарон вогузор мегардад, вале хини воридшави ба толор ба дасти полится меафтад ва тулии чахор мох зиндони мешавад. Фазои онвактаи зиндонхо холати «донишгох»-и барои чонибдорони инкилобро доштанд ва махз аксарияти зиёиёни ба ин чо афтода бори аввал имконияти ошнои пайдо кардан бо асархои маркистон ва дигар мутафаккирони ислохотталабро пайдо меарданд. Пас аз озод шуданаш тибки файсалаи махкама Питирим Сорокин мебоист дар муддати муайяншуда аз махали хамешагии истикоматаш дур намешуд, аммо у инро сарфи назар намуда, баъдан бо исми Иван дар издихому гирдихамойии манотики гуногун ширкат варзида, суханрони мекард. У баъд аз чандин соли мухочират боз ба дехааш баргашта, барои супоридани имтихонхои воридшави ба донишгох омодаги мебинад. Мохи майи соли 1909 у бо бахои аъло вориди донишгохи психоневрология мешавад. Махэ дар хамин чо сотсиология аз чониби устодони маъруф М.М. Ковалевский ва Е. В. Де Роберти тадрис мешу два ин ба такомули минбаъдаи Сорокин таъсири пурарзиш аз худ мегузорад. Ба хотири озод шудан аз хизмати аскари у баъдан вориди факултети иктисоду хукуки Донишгохи Санк-Петербург мешавад. Омузиши амики мухтавои ин фанхоро у тахти рохбарии олимони маъруф М.И. туган-Барановский (иктисод) ва М.И. Ростовцев (хукук) пеш мебарад. Дар ин муддат маколахояш пайваста дар мачаллахои сотсиологи, фалсафи ва антропологи Чоп мешуданд. Асари асосии ин даврааш « Чиноят ва подош, шучоат ва мукофот» Буда, он дар давраи донишчуи курси охири лонишгох буданаш ба табъ расидааст.

Пас аз хатми донишгох у имконияти васеъи сохиби макоми илми шуданро дошт, вале аз нав ба махфилхои сиёсии инкилоби ворид шуда, мавриди таъкиба политсия карор мегирад. Барои худро аз хатари дубора ба махкама кашида шудан змин  нигох доштан у бо либоси курсанти академияи харбию тибби ба шахри Ривери Фаронса ба сифати хамшираи шафкат мухочират намуда, бори аввал аз наздик бо тамаддуни аврупо ошнои пайдо мекунад. Питирим Сорокин бо маблаги дар яке аз бозихои рулеткаи шахри Монте –Карло ба даст овардааш асари Зиммел «Сотсиология»-ро мехарад ва бевосита бо вазъи улуми ичтимоии аврупо ошнои пайдо мекунад. Пас аз чанд муддат ба ватан бармегардад ва барои чопи пафлет дар бораи хонаводаи Романовхо аз нав ба кунчи зиндон менишинад. Дар ин чо ба у имконияти истифодабари аз китобхонаро медиханд ва у ба кори илмияш идома мехидад. Соли 1914 Сорокин донишгохро бомувафаккият хатм мекунад ва уро барои минбаъд омодашави ба вазифаи профессори дар донишгох ба кор давъат мекунанд. Ин давъатро бо камоли майл кабул мекунад. У ба хотир ион Ки алхол дар донишгох кафедраи сотсиология вучуд надошт худро дар риштаи криминология ва пенология(назарияи чазо) омода мекунад. У мебоис аввал аз зинаи магистр ва  дотсент гузашта, баъд аз он барои ишголи вазифаи профессори мубориза мебурд, вале Сар задании инкилоб амалишавии ин максади Сорокинро ба таъхир андохт. Бо ба сари кудрат омадани болшевикхо у аз нав ба махкама кашида мешавад ва танхо баъдан тавассути пуштибони ёфтанаш аз чониби собик донишчуяш, Ки акнун дар комиссариати халки вазифаи масъулро ба зима дошт, бо фармони бевоситаи Ленин аз хукми катл озод мегардад. Соли 1918 у ба ичрои вазифааш ба донишгох бармегардад, вале аз тарси дубора ба махбас наафтодан соли 1922 аз ватан фирор мекунад. То ин муддат у китоби «Системаи сотсиология»-ро дар ду чилд ба теъдоди 800 нусхаи ба табъ мерасонад ва онхо зуд ба фуруш мераванд. Танхо баъд аз ба фуруш рафтани китобхо хукумати болшевикхо аз ин хабардор шшуда, мусодираи онро такозо мекунад, аммо аллакай нусхахои охиронаш ба савдо рафта буд.

Баъд аз тарки ватан Сорокин як сол бо даъвати президенти кишвар Масарика дар Чехославакия умр ба сар мебарад ва пас тибки дархости сотсиологхои маъруфи Амрико Эдвард Хайес ва Эдвард Росс ба Ню-Йорк меояд. Дар ин чо аввалан хондани силсилаи лексияхоро оиди инкилоби рус ба зима мегирад ва лахзахои фориг аз дарс корро руи китоби «Сотсиологияи инкилоб » идома медихад. Дар ин ч обо мукобилияти шадиди сотсиологхо нисбатан чавон дучор шуд ва танхо дастгирии шахсиятхои маъруф Кули, Росс ва Гиддингс уро аз гирифтории ин мушкилот рахои мебахшад. Соли 1924 аз чониби мудири кафедраи сотсиологияи Донишгохи Мичиган Ф. Чэпин барои ишголи вазифаи устоди даъват мешавад. Дар ин муддат хамсараш дар риштаи ботаника ба дарёфти унвони доктори Мушарраф мегардад. Махсули мехнати шашсолаи Сорокин хини дар мухочират буданаш бисёр сермахсул ва кобили таваччух аст. Соли 1925 китоби «Тахарруки ичтимои», баъд аз як сол «Назарияхои муосири сотсиологи», соли 1929 якчоя бо дусти якумрии худ Симмерман «Усулхои сотсиологияи шахр ва дехот», солхои 1930-1931 «Антологияи муназзами сотсиологияи дехот»- хамрох бо Симмерман ва Галпин ба табъ мерасонад. Баъдан бо даъвати ректори Донишгохи Гарвард Лоуэлл аввалан вазифаи мудирии кафедра ва пас аз ифтитохи факултети алохида рохбарии онро ба зима мегирад. Дар ин давра факултети мазкур ба яке аз марказхои бонуфузи илми сотсиология табдил меёбад. Бо ибтикори Сорокин чехрахои намоёни илми сотсиологияи амрико, аз он чумла Парсонс, Симмерман, Олпорт ва гайра, ки аввалан дар дигар донишгоххо ва ё факултетхои худи Гарвард дарс мегуфтанд минбаъд барои идомаи фаъолият ба ин чо даъват гаштанд. Бисёре аз хатмкардагони ин давраи авали ташкилшавии факултет дар оянда сафи сотсиологхои маъруфро пур карданд – Р. Мертон, У. Мур, Э. Триакян в.г. Дар Гарвард Сорокин ба навиштани асари машхураш « Динамикаи ичтимои ва фарханги» пардохт ва тулии солхои 1937-1941 онро ба табъ расонид. Пас аз рохбарии факултети сотсиологияи донишгохи Гарвардро супоридан у дар назди донишгох маркази мустакили тахкикотиро созмон дода, тулии якчанд сол дар он чо адои вазифа менамояд. Вале корхои дар ин муддат анчомдодаи у ба дарачаи асархои собикаш маъруфият надоранд.

Аз лихози навовари таълимоти Сорокин аз ду чихат барои мухаккикону мутахассисони сохаи сотсиология чолиби таваччух аст ва ин хам бошад вобаста ба тахкикоти густурдаи у дар мавзуи тагиротхои ичтимои ва тахарруки ичтимои мебошад. Масъалаи тагиротхои ичтимои аслан мухтавои асосии асари Сорокин «Динамикаи ичтимои ва фарханги»-ро ташкил медихад. У дар ин асараш  назарияи тахаввули якхата ва даврии чомеахоро дар асоси киёси биологи инкор намуда, вобастагии вижагихои равандхои ичтимоиро бо тасаввуроту маънихои фархангии даврахои муайяни таърихи таъкид менамояд. Дар робита бо ин казоват у дар тагиротхои таърихан  дар хаёти чомеа ба амалоянда се омили ба хусусияти дарки мохияти вокеият таъсирбахшро чудо мекунад. Тибки он вокеият мумкин аст бевосита тавассути узвхои хис дарк шавад (фарханги хисси); ё тавассути тасаввуроти аз доираю худуди хис фарораванда, ки боиси эчоди диди трансенденталии абадият мегардад (фарханги идеатсиони) ; ё, ахиран, он шакли мутавассити ифодаи худро пайдо мекунад (фарханги идеалисти), Ки дар худ ду шакли авваларо муттахид менамояд. Мутаносиб бо ин се навъи фарханг се шакли хакикат вучуд дорад – хисси, маънави(хакикати эътикод) ва хакикати акли. Дар хар як давраи таърихи яке аз ин навъхои фарханг пешдастиро ба худ касб мекунад ва дар худ вижагихои диду тасаввурот, самти тафаккур ва тачрибаи ичтимоии он давраро ифода менамояд. Ин вижагихо баъдан тачассуми худро дар мухтавои шаклхои шуури чамъиятии хамон даврахо пайдо мекунанд. Масалан, дар давраи бартарияти фарханги хисси илм хусусияти тачриби гирифта, санъат ба реализм бештар майл пайдо мекунад. Дар мавриди исботи ин казоват Сорокин фаровон аз тачрибаи таърихии чомеахои гуногун истифода мебарад.

   Хизмати дигари пурбаракати Сорокинро илми сотсиология дар омузиши мавзуи кишрбандии ичтимои, тахарруки ичтимои ва шарху тафсири як катор мафхумхои марбут ба ин мавзуъхо хамеша мадди назар дорад. У мафхуми тахарруки ичтимоиро дар маънои васеаш хамчун раванди чойи худро иваз кардани одамон дар фазои ичтимои маънидод менамояд. Таваччухи у дар ин маврид на танхо ба тахлили холиси ин раванд, балки ба омузиши амики таъсири ин раванд ба ахволи ичтимои гуруххою умумиятхои хурду бузург нигаронида шуда буд. Барои тахлили раванди тахарруки ичтимои донистани вазъи кишрбандии мавчудаи ичтимои зурур аст. Тибки таърифи Сорокин кишрбандии ичтимои ин тамойизи умумияти мушаххас ба кабатхои  ба таври силсила маротиб чойгиршуда мебошад. Чунин кишрбанди хусусияти чудонашавандаи кули чомеахо ьдар хама давру замон аст. Табакабандии ичтимоиро метавон аз руи меъёри иктисоди, яъне бо чалби таваччух ба таносуби байни бойхову нодорхо, инчунин аз руи ченакхои сиёси, касби низ ба амал овард. Вакте ки мо бо истифода аз ин ченакхо кишрбандии ичтимоиро тахлил менамоем бояд ба ду чиз ахамият дихем: яке уручу сууди гурух аз зинахои ичтимои ва дигаре ин кохишу афзуншавии кишрхо дар дохили гурухи муайян. Баъдан у дар раванди тахарруки ичтимои шаклхои умдаи амудию уфукиро чудо намуда, дар  раванди ба вокеият пайвастани онхо накши ниходхои (институт) муайяни чомеаро мавриди тахлил карор медихад. Дар ин маврид Сорокин накши армия, дин, мактаб, ташкилотхои гуногуни сиёси, иктисоди, касба ва гайраро хамчун канали полойишдихандаи макомхои ичтимои хеле муфассал мавриди барраси карор дода, барои тасдики фикри худ фаровон маводи оморию демографиро истифода мебарад.

Дар баробари чехрахои фавкуззикр дар пешрафти сотсиология шахсиятхои дигари намоён чун Парсонс, Зиммел, Гидденс, Тард ва гайрахо хизмати шоиста наудаанд. Дар охири асри ХХ ва авввали асри ХХ1 мо пайваста аз сахми П. Бергер, Лукман, Эллиас, Трикян, Александер ва дигархо дар рушди илми сотсиология ёдовар мешавем.

test

Добавить комментарий