Маданият дар низоми ичтимои

               Андешаи инсон ба зимни кушишу дарёфти мафхуми фарханг ин тааммадунест, ки руи маънии хастияшон карор мегирад. Зеро у хамчун шахсият шахсият дар ин маврид чуён нишонахое аз осори масири таърих паймудаи ниёгонаш гашта, махз дар он имкони дурнамои пешрафти чомеа ва шахсияти хешро пайдо мекунад. Аз ин хотир, фархангхо на танхо гузаштаву хозираро дар бар мегирад, балки барои ояндагон низ ба мерос расида, сарнавашти минбаъдаи кавму миллатро муайян мекунад. Вобаста ба ин, сарчашмаи илхоми арзёбии хар як мардум чараёни таърихи хамеша ва дастовадхои фархангии у об мехурад: на сарзамини беканору фаровони неъматхои модди, балки танхо фарханг дар мачмуъ аз ки будани мо ва чи маънои доштани хузурамон дар дунё хушдор медихад. Ин як чунин  падидаи муаммодориест, ки он беихтиёр моро ба чор суи хасад задан аз оянда меандозад, ки он   бидуни  фаро гирифтани тачрибаи гузашта ва боз тавлиди аклоии он но мумкин мегардад. Тавре пайгамбари ислом мегуяд: «агар надонистан аз кучо омади, нахохи донист ба кучо Хохи рафт».

          Мавкеи инсон дар олам аз пайванди ў бо он ба чандин олами ичтимои вобастаги дорад, ки фарханг аз чумлаи онхост. Зеро фарханг тамоми пахлухои рузгори инсону чомеъаро фаро гирифт, бо хамин дарачаи пешрафту кудрати созандагии инсонро равнак мебахшад. Фарханг пайвастагии ногусастание бо таърихи башар дорад ва аз хамин хотир наметавонад як карну замон ва макони муайянеро пайдо карда мешавад, аз байн меравад ё чадидан равнак меёбад. Яъне фарханг ҳамчун эчоди замони таърихи шакл гирифта, барои он конун мандии такомул, марохили хаёт ва огозу анчоме хос аст. бунёди хар кадоме аз ин фархангҳо бо худ тамсилаи хоси халокиеро дорад, ки зимни тагиротхояшон   он чизеро, ки созгори хислат, кафият ва хусусияти миллияшон аст, кабул карда падидахои ғайри ноошноро лағв ё табдили (тағийри) чехра медихад. Масалаи фарханги мардуми мо дар давраи пахншави ислом на танхо худро дар баробари як фарханги мардуми бегона ҳифз сохт балки бо баракати он ва тамсилаи фарди дар ниходи худ доштааш тавонист дар заминаи суннатхои эрони намунахои бехтарини фарханги арабиро тагири чехра дода, бо, хмин боз як фарханги пешрафтаро офарад. Бинобар, хаминмухакикони моил ба чунин хакикати имконнашавандаанд, ки мардуми эрон нажрод аз хар миллати дигари мусулмонон (хато арабхо) дида бештар пешрафту тавсияи фарханги тамаддуни  ислом сахми басазо гузоштааст.

          Аз андешахои фавкуззикри чунин натичахо гирифтан мумкин аст, ки дар хар маврид офарандаи фарханг инсон буда у низ баробари баробари такомули осори фархангияш пешрафт мекунад. Осори фархангии у фарогирандаи меросу суннатхои шифохию хатти, хунари, меъёрхои ахлокию ичтимои ва шеваи хоси унгсгирии бо мухити табеию ичтимои аст. яъне фарханг бар акси он чизеро ки,созгори хислат, кайфият ва хусусияти миллиашон аст, кабул карда падидахои гайри ноошноро лағв ё табдили (тағийри) чехра медихад. Масалан фарханги мардуми мо дар давраи пахншавии ислом на танхо худро дар баробари як фарханги мардуми бегона хифз сохт, балки бо баракати он ва тамсилаи фарди дар ниходи худ доштааш тавонист дар заминаи суннатхои эрони намунахои бехтарини фарханги арабиро тагири чехра дода ба хамин боз   як фарханги  пешрафтаро офарад. Бинобар хамин , мухакикон моил ба чунин хакикат инкорнашавандаанд, ки мардуми эонинажод аз хар миллати дигари мусулмон (хатто арабхо) дида бештар дар пешрафту тавсиаи фархангу тамаддуни исломи сахми бо сазо гузоштааст .

          Аз андешахои фавкуззикр чунин натича гирифтан мумкин аст, ки дар мавриди офарандаи фархнг инсон, буда ў низ баробари такомули осори фархангиаш пешрафт мекунад. Осори фархангии ў фарогирандаи меросу суннатхои шифахию хатти, хунари меъёрхои ахлокию ичтимои ва фарханг бар акси он чизе, ки дар табиат мавчуд аст ин махсули тамоми фаъолияти тахаввулбахши инсоният аст, ки хамеша хадафи аз як зинаи соддаю ибтидои ба зинахои олитар такомул  додани олами табеиро дунбол мекунад. Агар хамин тавр бошад, пас саволе ба миён меояд, ки  худи мафхуми «ФАРХАНГ» чи маъни дорад ва ин маъно дар навбати худ ба чи дололат мекунад? Муссалам аст, ки хар кадоме аз мо зимни мутолиаи матбуот, бархурд бо дустон ва соири дигар холатхо хох – нохох бо ин калима вомехурем. Забоншиносон ба чунин акидаанд, ки ахмияти ин ва ё он ходисаро дар зиндагии чомеа метавонд аз истифодаи   зуд – зуди он вожахое, онро ифода мекунанд, дарёфт. Агар то солхои 1919 ҳафт шарҳи маънои ин калима вучуд дошта бошад, пас дар давоми си  соли минбаъда ин адад ба 150 расид. Дар охири шастум чомеашиноси фаронсави А. Иола 250 адади шархи монои ин калимаро ба хисоб гирифтааст. Ин шаходати аз чанбахои мухталифон ва макоми шомих бархурдор будани он дар зиндагии хамарузаи одамрн гувохи медихад.

             Барои равшани андохтан ба ин чанбахо аввалан тафсири забонии мафхуми мазкурро мавриди бахс карор додан зарур аст. Маъмулан дар муносибати мо муродифи ин мафхум вожаи арабии «маданият» низ мавриди истифода аст. Агар мо бихохем сохтори  ботиниро дар фарханги хеш ба сифати чавхари аввалия эътироф кунем, мебоя рухи кудрати андешазойии вожахои онро бо шарху шохидон ошнои маънои анбошта созем. Зеро решаи дарахти пурбори хар як фарханг аз руди рухи равони сохибашон об мехурад ва бевосита менталитети мардум дар пайдоиши вожахо сахм дорад. Бинобар хамин  интихоби истифродаи калимахо дар парвариши тафаккур ва табобати (маризийхои) камбудихои аклии инсон накши мухимро адо мекунад. Дар робита бо ин гуфтаи Витгенштейн  дархури ёдоварист, ки мегуяд: «Забон он кафасест, ки мудом мурги андешаи мо ба симдевораш бар мехурад». Барои ошкорро дидани олами беруна ягон равзана барои инсон аз забони уст. Вожаи худи бо имконоти дар зехни сохибонашон тасаввури чизеро ба вучуд овардан боиси казовати наздик бо шеваи андешаи ин мардум мегардад. Масалан чун вожаи «фарханги» дар забони форси ва «маданият» дар араби шохиди маъноии гуногун дорад, бинобар хамин хам он меъёрхое, ки сохибони ин забонхо хини казовати «Фарханги» ё «Бефарханги» будани гурухе аз он пайрави мекунад, мухталиф хохад буд. Калимаи «Маданият» шохиди маъноии «шахрнишинро» дорад, ин дар навбати худ реша дар тафакури арабхо дошта, зеро дар тасавури эшон  шахрнишинхо (Сокинони мадина) дар мукобили бодиянишинихо мардуми пешрафта ба шумор марафтанд. Араби бодиянишин барои дар баробари сокинони шахр бо маданият  шудан имконоти на чандон васеъ дар ихтиёр доштаанд. Ин амал дар сатхи омма дар тасаввури мардуми рус низ баъзан ба  чашм мехурад. Эшон дар ин маврид нисбати онхое, ки берун аз Москаву Петербург ба сар мебарад, истилохи: «провинсиал» – ро истифода мебаранд. Ба акидаи онхо, суннатхои фархангии шахрхои бузург шоистаи пайрави аст. Яъне тибки андешаи онхо пайдоишу пешрафти фарханг факат ба шахрхое , ки дар чо марказхои маъмури чойгиранд, хос мебошад.

           Дар тасаввури мардуми эронинажод дар мавриди гунчоиши шохиди маъноии гунчоиши шохиди маъноии «Фарханг» фаркияти назаррасе ба чашм мерасад. Барои хар як форсидони балхию шерози дастовархое фархангии шахрхои дигари Эронзамин низ мояи ифтихори лоики пайравии ба шумор мерафт, зеро решаи калимаи «фарханги» имконияте барои эчоди монеаи пешрафти нобаробарии шахрхои чи бузургу чи кучак намедод баръас, решаи ин калима бештар ба рухи хирад ишорат мекунад ва ин руху хирад ишора мекунад ва ин руху хирад , хар кучое агар ба он иштиёк дошта бошад, метавонем аз он  бахравар шавем. Бинобар таквияти ин даъво чоиз аст мисолеро аз «Гиёс – ул – лугат» биорем: «Фарханг »- аклва адабу андозаи хар чиз нигох доштанд»

           Дар робитаи бо ин барои дарки мафхуми мазкур тахаввули шархи фалсафии онро дар таърих мавриди омузиш карор додан зарур аст. Хар чанд шохаи фархангшиносии илми фалсафа собикаи на чандон дорад, вале мафхуми фарханг дар асари сайри таърихиаш боиси тавлиди бисёр андешахои чолибию казовати мухталиф гаштааст. Дар ибтидои мафхуми фарханг маънояш таъсири максадноки одам мухити атроф ва масъалаи таълиму тарбияи уро дар бар мегирад. Барои таргиб кардан ва ноил шудан ба ин ахдоф ниёгонамон меъёри ахлокии «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» – ро эчод намуданд, ки мебоист барои подшохи амали инсонро ба души худ мегирифт. Дар асархои миёна фарханг мизони камолоти шахси ва алалхусус, такомули дини шахсро ифода мекард. Дар давраи эхё зимни мафхуми фарханг ва орзую омоли инсондусти созгор омодани хулку атвори инсонро мадди назар доштанд:

Гузоро дил ба сари мехри ёри чононе,

Ки рафт аз сари ман дар хавои у фарханг

                                                         Ш. ШОХИН

         Хамин тавр агарчи шеваи дарки мафхуми фарханг то замони Эхё дар тамадуни Гарбу Шарк ба хамдигар наздик буд, вале пас аз давраи Реформатсияю Маорифпарвари он дар Гарб тахаввули чадиди маъное пайдо кард. Аммо дар Шарк хамоно наметавонис аз худути арзёбии арзиши тачовуз бикунад. Намояндагони маорифпарварии Аврупо бештар чараёни шаклгирии фарханги ва камолоти ахлокии инсонро аз инкишофи аклии у иборат меистод. Фарханг аз ин нуктаи назар хамчун сохаи «озоди маънавии» инсон чилвагар гашта, хеч вобастагии хатмие бо ниёзу талаботи мишии  инсон надошт. Мохияти тахаввулоти фархангии инсоният аз ба даст овардани хамин озоди иборат дониста мешуд.

          Дар охири асри XIX аввали асри  XX омузиши фарханг дар сояи илм антропология тавсия ёфт, ки дар он сахми Э Тайлор, Радкилиф Барун, Р. Малиновский, Ф. Знанетский ва гайрахо хело зиёд хастанд. Фарханг, аз назари эшон, илми эътикот, меёрхои ахлокию хукуки ва соиру уфру одатхоро фаро мегарад. Эшон бештарбо кашфи намунаи нишонахои фархангхои гузашта дар тамадунхои чадид ба чунин хулосае омаданд, ки давомноки  пойдории ин суннатхо ба функцияхои ичро мекардагияшон вобаста аст. Файласуфони мазкур мутолиаи заминаи таърихии тахаввули падидахои фархангиро гайри кобили ахамият шумурда, дикатро бештар бамуайянсозии дарачаи кобилияти амали кардани ниходхои фарханги дар низоми ичтимои равона месозад. Чунки ба акидаи онхо пойдорию пешравии чомеа махз вобастаи чигунагии кобилияти вазифаадокунии ичтимоии суннату падидахои фархангии он  аст. Аз нуктаи назари, онхо дикати асосиро а омузиши фархангхои садаи бистум нигаронида буданд, то ин ки  имконоти посухгуии фархангхои алохидаро мавриди барраси карор дихад.

        Маффархангро зимни якчояшавии хатхои тахаввули рухи умуми башарияке аз чехрахои намоёни фалсафаи олимон Карл Ясперсмавриди бахс карор медихад. Ба акидаи у мафхуми фарханг бо назардошти рухию маъънави равшан мегардад. Зимни ин у ба он каробати эътикоти маънавие ишорат мекунад, ки тули таърихи инсоният боиси наздикии фархангии тамадунхоии мухталифи бузургу кучак гаштааст. Дар  ин муносибат, у дар раванди наздикшавии фарханги кавлу миллатхо сахми эътикоди маънавиро аз эътикоди  дини болотар мегузарад.

         Мафхуми фархангро бошеваи хело дилчасп яке аз пайравони «Фалсафаи хаёти» Освалд Шепенглер низ мавриди бахс карор медихад. Махз аз таълимоти у сар карда, дар фархангшиноси анъанаи мукобилгузории мафхуми «фарханг» ва «тамадун» огоз мебад. Фарханг дар назари у хамчун падидае чилвагар, гашта дар навбати худ хешро аз падидахои дигари  хамаслаш (таммаддун) канора мегирад. Ин акидаи О. Шпенглерба он далолат мекунад, ки мавчудияти фарханги умумибашари аз имкон берун аст, Умри хар як фанхангро  мухлати муайянест, ки бо фаро расиданаш ин фарханг аз байн рафта, ба сурати тамаддун дармеояд. Тамадун баръакси фарханг хавзаи истифодаи дастовардхои фарханги буда, аз хамин ру гузариш аз фаханг бо тамаддун ин гузариш аз эчодиёт ба емояги аст. Вале баъдан М. Вебер ин чараёни фикриро ба мачрои тахммули амику мушикофихои андешаи чомеъашиноси наздик сохта , тафофути ин ду мафхумро хеле боварибахш барраси мекунад. Аз назари у мафхуми «тамаддун» одатан аз як болоравии хатти ва пешрафти мудавоми вокеи иборат аст, вале фарханг занчирае аз руйдодхост: занчирае, ки хар як аз халкахояшон мантики хоси худро дорад. Тибки андеша М. вебер, тамаддун бо мафхуми «таракки» пайвастаги дорад ва тавсияи тамаддун маънои «аклони шудан» аст, вале фархангруи масъалаи созандгию офаридагори карор дорад. Фарханг ин чунин вижагихои шуур рафтор ва фаъолияти одамонро дар ритахои мухталифи хаёти чамъияти  дар ьар мегирад.

        Аз баррасии мухтасари таввули дарки мавзуи фарханг дар таърихи умумибашари аён мешава, ки тавсири роичи он  дар адабиёти илмии солхои охири мо на хамеша кобили кабул аст. масалан дар «Комуси адабиёт ва санъати точик» аз он чунин ба мал омадааст «Мадания мачмуи арзишхои моддию маънави, инчунин, тарзхои эчодкуни, махорати борои пешрафти инсоният истифода бурдан ва аз насл ба насл гузаронидани онхост». Харчанд як чунин тафсир аз чихатхои муфид бархурдор бошадхам, вале он наметавонад хамаи пахлухои масъалахои марбуд ба махияти мафхуми фархангро равшан созад. Аломатгузорихои марзи миёни арзишхои миёни арзишхои моддию маънави но мумкин аст, зеро хар  ашёи моддие, ки инсон меофарад , аввалан дар зехни эчодкораш хамчун ғояи маҳияти арзи зухур мекунад. Онхо масули чунин эчоди неъўи маънави ҳастанд, баъдан сурати модиро касб карда , дар шакли васоитхои мехнат, иншооту иморатхо,  дастгохои техники ва ғ. намудор мешуданд. Тасавури мафхуми фарханг дар сурати арзишхои модию маънави боиси баррасихои омори гашта, дарки ин падидаро хамчун раванди беохири ин сарчашмаи хушкнашавандаи тахаюли рангини инсони эчодкор оғозгиранда  душвор месозад.

        Ин мисолхо ба он далолат мекунад, ки фарханг офаридаи инсонест , ки миёни олами моддию маънави карор дорад ва ин моро водор месозад, то ин падидахои фарханги хар як миллатро бо назардошти дастовардхои илми хунари дини ахлоки ва давлатдории онхо арзёби кунам. Дар алокаи бо ин чаммбаи ичтимои фарханг пеши назар меояд, ки дар сояи он тачаммуи инсонхо муяссар ва зиндагии ичтимоии онхо огоз мешавад. Дар натича фарханг дар хамагуна муносибатхои ичтимои – хам хам дар сухан, хунар, умури тавлидотва ғайра зохир шуда, бо мурури муносибатхои нави ичтимои дохил шудани инсон бо зинахои таксимшавии он хам бештар мешавад (маданияти Сухан, кор, таблиғот  зист ва ғайра). Яъне фарханг аз шаклгирии чадиди муносибатхои байни ва силсилаи анъанахои хоси зиндагии инсонхо сарчашма гирифта, бо хамин ба як чузъи чудонашавандаи рўзгори инсонияттабдил меёбад. Бинобар хамин хам, он баходихии омиёнае, ки бештари маврид хини баходихии  «бафархангии» ин ва ё он мардум аз он пайрави мешавад, аслан  аз нуктаи назари фалсафаи фарханг дуруст нест . Зеро аз нуктаи назари фалсафаи фарханг инсон хамеша дорои аст, чунки у мавчуди ичтимоиства ичтимо будани фарханг буда наметавонад. Аъзоёни ин чамъият барои зиндагии якоя хох – нохох бидуни хохишифардияшон мачбуранд бо аъзоёни дигараш ба муносибатхои гуногун воид шавад, ки он бидуни сарфи назар кардан аз арзишхову суннатхои муайян муяссар намешавад.

Яке аз лахзахои мухими мавчуда дар инкишофи маданият ин пахншавии арзишхо ва бозёфтхои фарханги мансуб меёбад. Таърих гувохи медихад, ки раванди инкишофи техники ва ихтироъхои навини  васоити илми ва техники накши пурарзишро дар рохи вусъатёбии маданиятхо мебозад. Яъне, ихтироъ ва кашфиётхои мухталиф дар сохаи васоити ахбори ва интиколи ахбор аз як сархад ба сархади давлати дигар шароити мубрами пахнкунии арзишхои маданиятхоро ба вучуд овард.

Кайд намудан ба маврид аст, ки хар як унсури мадният ё мачмуъи онхо аз ихтироъ ва кашфиятхое, ки фардхои алохида кардаанд, сарчашма мегирад. Маданиятшинос, мухаккики фаронсави А. Моль тархи умумии вусъатёбии маданиятро коркард карда, нишон медихад, ки хар як усули пахнкунии маданият дар чомеъа аз фаъолияти эчодии шахсиятхо, ки хар кадом дар асоси фаъолияти аклони, санчишхо, тачрибаи гузашта махсули нав меофаранд, интикол меёбад. Нишон додани намудхои онхо дар гурухи хурд бахои аввалинро сохиб мешавад. Дар ин холат агар махсули нишондода дар гурхи хурд арзиш пайдо кунад, ин як кадами пеш аст бахри вусъатёби дар гуруххои калон. Баъзе мавридхо пахнкунии чунин арзишхо дар гурухи хурд, накши худро гум мекунад, ё бисёр холатхо мумкин аст чунин меъёрхоро, ки ба оммаи муайян ё гуруххои хурд таалук доранд, мушохида кард, ки онхо дар гуруххои калон пахнгашта намебошанд.

Арзишхои мадание, ки барои чомеъа манфиатовар мебошанд, бо ёрии воситаи нави ахбори дар чомеъа ё гуруххои калони одамон, пахн кунонидани мешаванд. Дар рохи чунин пахнкунихо ва бар худ кабул доштани унсурхои мадани таъгиротхо руй медиханд, ки инро мо махсули гурухи одамон метавонем номид. Барои пахнсози дар рушди оянда пеш аз хама ба назар бояд гирифт, ки: Аввал, арзиш ва мухимият дар худуди гурухи калони чомеъа чой дорад ё не? Дуюм, бо ёрии васоити умумии ахбори ба самъи хозирини аудитория расонидан мебошад.

Барои он, ки чунин имтихонхоро мухайё кунем, бозёфт бояд аз чихати навъ, пардоз ва манфиатовариаш бахо гирифта бошад. Мавридхое низ мешавад, ки меъёрхои маданият ва арзишхо, ки тарики васоити умумии ахбори ба ин ё он чомеъа пахн карда мешаванд, хангоми ракобат пайдо кардан бо дигар унсурхои мавчудаи ин чомеъа пурра кабул намегарданд ва кисми маданият хисоб мешаванд.

Вусъатёбии маданият дар чомеъа дар дарачаи муайян бо василаи муассисахои фарханги: китобхона, осорхона, богхои фарханги, фарогати, театрхо, толорхои консерти, кинотеатрхо ва амсоли инхо сурат мегирад.

Муассисахои фарханги дар навбати худ метавонанд, дар чомеъа чунин (вазифахо) накшхоро бозанд:

Аввалан хамаи муассисахо барои рушди фаъолияти фарханги, ба даст овардан ва шиносои пайдо кардани ахоли ба арзишхои фархангии милли ва чахони инсони хизмат мекунанд, метавонанд дар байни ахолии чомеъа истеъдодхоро муаллифи созанд, сониян, муассисахои фарханги дар мачмуъ рохнамои дониш, маъориф бошанд. Дониш ва дастовардхои илми – техникиро ташвику таргиб карда, таъсири мусби барои инкишофи дарачаи фархангии одамон, инкишофи фаъолияти эчодии шахсиятхо, мебозанд.

Билохира, муассисахои фарханги – марказхои фарогатию фархангии одамон, чойхои аклони истифода бурдани вактхои озоди одамон ба шумор меравад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.