Муносибат ва алокахои ичтимои

Чуноне, ки мо дар бахсхои кабли ёдовар шудем, чомеъа руи баркарории муносибату алокахои ичтимоии одамон суббот дорад. Пас саволе ба миён меояд, ки одамон чи тавр ба доираи ин муносибату алокахо фаро гирифта мешаванд. Мусаллам аст, ки хеч инсон наметавонад зиндагии хешро бидуни ин падидахо ба рох монад ва бинобар хамин хам у барои таъмини ниёзу талаботи хеш вориди муносибат бо афроду гуруххои ичтимои, муассисоту ташкилотхои мухталиф мешавад. Яъне уро ба ин амал таъмини манфиатхояш водор месозад. Муносибату алокахои инсон бо объектхои зикрёфта метавонад бевосита ва бавосита, фаъол ва гайрифаъол сурат гирад. Вале дар хама маврид хадафи онхо аз дарёфту интихоби он объектхое иборат аст, ки у дар онхо тачассуми арзишхову орзухои интизордоштаашро мебинад.

 Алокахои ичтимои аз руи хадафу дурнамояшон ба сохахои алокахои манфиати ва мубодилоти чудо мешаванд. Алокахои манфиати рушан аст, ки руи ягон ниёзу талабот баркароранд ва хадафашон аз чустучуи объекти ба талаботаш чавобгуй иборат аст. Вале дар чомеъаи мо алокахои шахси аз манфиат бартарият доранд. Зеро хар як фард симои ичтимоии худро кушиш мекунад дар оинаи хавохохию сардруйии умумиятхои ичтимои бинад. Бинобар хамин хам у мекушад, рафтору амали фардияшро бо меъёрхои гурухи хамоханг созад. Аммо бо мурури боло рафтани муносибатхои бозоргони дар чомеъаи мо низ алокахои манфиати чоннок мешаванд. Яъне фард пеш аз хама вобаста ба он, ки то чи андоза, фарди дигар барои ба вокеъият пайвастани манфиаташ мусоидат мекунад, бо у робита баркарор месозад.

Шакли алокахои мубодилоти бошад, руи табуддули тарафайни арзишхои муайян (ахборот, ашё, намунаи рафтор ва гайра) баркарор буда, дар фаркият аз алокахои ичтимоию шахси, тулонию хамешаги нестанд. Агар, дар алокаи манфиатию шахси фард барои чалби таваччухи майли таъгири рафторашро дар баъзе маврид ба харч дихад, пас ин баркарории алокахои мубодилоти бештар ба чашм намерасад зеро, ки шакли алокаи ичтимои наметавонад аз доираи бархурдхои зудгузар фаро равад. Масалан, шахси хамеша аз магозаи махаллааш харидкунанда алокаашро бо фурушанда бидуни таваччух бо шахсияташ магар, табассуми сохтаю харфпаронии касби ба рох мемонад.

Алокахои ичтимои барои омузиши макоми фард дар низоми алокахои ичтимои статуси гурухияш ва вижагихои ролаш дар гурух ахамияти калон доранд. Омузиши тамоюлоти алокахои ичтимои заминае барои дарки шевагихои муносибати ичтимоианд.

Дар фаркият аз алокахои ичтимои муносибати ичтимои руи рафтори муносибати фардхои хамкорикунанда карор дорад дар сурате, ки баркарории алокахои ичтимои ори аз хадафи тагйири эшон аст. Бинобар хамин хам, муносибати ичтимои натичаи такмилу хусусияти хамешаги гирифтани алокахои ичтимои мебошад. Яъне хар фард пас аз баркарории робита ба аъзоёни гуруххои дигари ичтимои тадричан ба дарёфти созиши арзишхои пайравикунандаашон вориди муносибати мухталифи ичтимои мешаванд. Вижагии ин муносибатхо аз он бармеояд, ки арзишхои мазкур миёни аъзоёни гуруххои ичтимои нобаробар таксим шудааст. Вобаста ба ин нобаробари муносибатхои ичтимои хусусияти хукмронию тобеъияти дошта, рафокат, хамкорию ракобат пайдо мекунанд. Аз миёни ин муносибат муносибати тобеъияту хокимият вобаста ба ахамияти хосаашон кобили  омузиши алохида мебошад.

Тобеъияти (вобастагии) ичтимои чунин шакли муносибатест, ки натичаи амали ичтимоии як фард марбут ба ягон хадаф аз амали мутакобилаю чавоби фарди дигар вобаста аст. Каблан, чунин вокеъ мешавад, ки фард дар таъмини хадафаш нисбат ба гурухе дар вазъи вобастаги карор дошта бошад, пас дар таъмини хадафи дигар аз вазъи хоким бархурдор аст. Хамеша бояд самти рафтори тобеъ барои системаи хоким равшан бошад. Аз ин ру озодии системаи тобеъ дар интихоби самти рафтораш махдуд аст. Яъне тобеъият дар заминаи нигориши фард аз кумаки фарди дигар рох бароварда сохтани ягон талаботи у аст ва барои ба ин даст ёфтан, бояд самти рафтораш барои кумаккунанда муайян бошад. Масалан, агар давлате амали шудани ягон хадафашро вобастаи дастгирии давлати дигар бинад, пас у дар бисёр маврид зарурати хамохангсозии самти рафторашро бо интизории он эхсос мекунад, вагарна таъмини ин ниёзаш номумкин мегардад.

Тобеъияти ичтимоиро ба ду гурух таксим мекунанд: тобеъияти сохтори ва пушида ноайён. Тобеъияти сохтори, марбут ба фаркияти зинаю мартабаю макомхо дар гурух аст, ки он бештар хоси фаъолини ташкилоту муомилот аст. Фарди дорои макоми паст дар тобеъияти фарди макоми баланддошта карор дорад. Тобеъияти пушида бошад, марбути фаркияти дастёби аз арзишхо (хокимият, моликият, дониш ва гайра) аст, ки дар ин маврид маком – статус аз ахамият бархурдор аст.

Муносибати кудрати.

«Кудрат» яке аз он падидахои ичтимоиест, ки фаъолияти инсон тули таърих дар рохи касби он вориди чандин чонбозихою фочеъахо гаштааст. Дар чомеъашиноси ба мафхуми мазкур чунин таъриф дода мешавад: Кудрат, ин яке аз шаклхои махсуси муносибати ичтимоии дастхои миёни ду шахсест, ки яке тахти амри дигаре карор дораду дар натичаи ин тобеъияти шахси кудратманд идораи манфиати худро амали месозад.

Кудратро ба шакли кудрати сиёси, иктисоди, ичтимои ва маънавию ахбороти таксим мекунанд. Дар ин миён макоми кудрати сиёси чашмрас буда, аломатхои фарккунандааш инхоянд:

  1. Дар даст доштани салохияти конунии истифодаи кувва ва воситахои дигари хукмрони дар доираи кишвар;
  2. Воллоияти хатми будани карорхои он барои чомеъа ва шаклхои дигари хокимият;
  3. Дорои салохияти бо кумаки хукуку конун аз номи чомеъа ба тамоми шахрвандон мурочиат ба амал овардан;
  4. Як маркази, яъне дорои маркази ягонаи кабули карор будан, ки онро аз шаклхои дигари хокимият (масалан, иктисоди), фарк мекунонанд;
  5. Гуногунии захирахои дар ихтиёрдошта.

Хокимияти сиёси дар навбати худ ба хокимияти давлати ва чамъияти таксим мешавад. Хокимияти сиёси дар чомеъа маъмулан тавассути ниходхои сиёси (парламент, хукумат, органхои сиёси ва гайра) таъмин карда мешавад. Хокимияти чамъияти тавассути сохторхои хизби, ташкилотхои чамъияти, воситахои ахборот, афкори умум шакл мегирад.

Ахёнан, мундаричаи хокимиятро иборат аз низоми баркарории тобеъияту хукмрони иборат медонистанд, вале дар асри XX М. Вебер (чомеъашиноси олмони) ба мухтавои ин мафхум маънои тозаеро ворид сохт. Дар ин маврид мухтавои кудрат на танхо иборат аз кобилияти хукмрони, балки мувофики паймон оиди назардошти манфиати онхоест, ки дар тобеъият карор доранд. Дар чомеъаи конуни хавзаи чунин паймонхо тавассути таъсири афкори умум харчи васеътар шуда, боиси баркарории режимхои демократ ва дастёбии афрод ба шукуфоию боигарии моддию маънави мешавад.

Дар силсилаи маротиба чузъхои кудратро ташкилкунанда макоми субъекти хокимият назаррас аст. Ба хайси субъекти хокимият фард метавонад ба ташкилоти умумияти ичтимои ва гайра махсуб шавад. Барои пиёдасозии муносибати субъект бояд дорои сифатхое чун иродаю хохиши кудратталаби дошта бошад. Ба чуз аз ин у бояд дорои махорати кашфи таъбу завки тобеъан ва аз эътибору кобилияти зиёд бархурдор бошад, зеро хокимият ин хамеша муносибати тарфайни хоким тобеъ аст. Яъне бидуни он кудрат вучуд надорад.

Субъекти хокимият барои пиёдасозии муносибатхои кудрати дар фаъолияти хеш захирахои мухталифро мавриди истифода карор медихад. Захирахои кудрати гуфта, он воситахоеро дар назар дорад, ки онхо барои такмили хокимият хизмат мекунанд. Ба хайси захирахои хокимият муносибатхои иктисоди, ичтимои, хукуки, маъмури ва фарханги хизмат мекунанд. Аз ин миён захираи иктисоди шарти асосии хокимияти сиёси аст. Захираи иктисоди марбути хачми нохолиси махсулоти милли ба хар сари ахоли захирахои мухити табии, захираи тилло, дарачаи харби арзи милли, дарачаи татбики дастовардхои техники дар истехсолот аст. Захираи ичтимои, ки он гуруххои кишрхои ичтимои мебошанд, ки хокимият ба он такя мекунад. Таркиби мушахасси онхоро сохти ичтимоии кишвар муайян месозад. Хамзамон гуруху кишрхое хастанд, ки пайванди вазъи тобеъ ва ё миёнаравро доранд. Захирахои ичтимои хамчунин мачмуи он чорабинихоест, ки ба таъгири макоми гуруху кишрхои ичтимои ва чоннок сохтани фаъолмандии онхо нигаронида шудааст. Хокимияте, ки дар ——- дар тависяи бунёди ичтимоии худ карор дорад, кушиши бепоёне дар рохи таъмини манофеъи дохил шудан дорад. Захирахои ичтимои ахёнанд —- бо захирахои иктисоди хастанд. Масалан, даромаду боигари дар баробари он, ки захирахои иктисодианд, хамчунин захирахои ичтимои низ ба шумор мераванд, вале захирахои ичтимои гайр аз ин чунин иншонахоро чун вазифа, маълумот, таъмини ичтимои ва гайраро низ дар бар мегирад.

Захирахои хукуки ин мачмуи он конунхоест, ки дар асоси он хокимият шакл гирифтаанд ва онхо дар фаъолияти амалияашон истифода мешаванд. Ба ин хар гуна фармону карорхо дохил мешаванд. Захирахои маъмури бошанд, иборат аз мачмуи он ташкилотхои хокимиятианд, ки ичрои манфиатбахшу максадноки фаъолияти хокимиятро таъмин месозанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.