Сохтори ичтимоии чомеа

Сохтори ичтимои яке аз мафхумхои бунёди дар мавриди дарки мохияти чомеа ва тарзи мавчудияти он ба шумор меравад. Бидуни тахлили он донистани хусусияти муносибатхои роич дар чомеа ва дурнамои тагирёбии онхо гайриимкон аст. Аз ин ру омузиши хама гунна раванду падидаи ичтимои одатан махз аз омузиши сохтори ичтимои огоз меёбад. Яке аз хадафхои асосии омузиши сохтори ичтимоии чомеа ин кушиши дарёфти заминахои ба табакахо чудо шудани аъзоёни чомеа ва хусусияти дар ин заминахо пайдо шудани муносибатхо дар байни онхо аст. Таърихан кушиши дарёфти заминахои мушаххаси ин масъаларо дар осори иктисоддонхо пайдо кардан мумкин аст. Иктисоддонхои саддаи нуздахуми инглис сайъ намуданд далоили иктисодии чудошавии чомеаро ба табакахои ичтимои дарёбанд. Онхо ба сифати ин гунна омил сарват, боигарии афродро интихоб намуданд. Вобаста ба манбахои ба даст омадани сарват – музд, суди молияви ва бахрабардори аз моликият онхо таксимшавии чомеаро ба гуруххо имконпазир хисобиданд. Вале ин равиш натавонист ба пурраги мохияти таксимбандии ичтимоиро ташхис бидихад. Бинобар хамин хам дар огози асри бист ин дар чомеашиноси ба яке аз масъалахои мухими чомеашиноси табдил ёфт ва он дар равияи сохтгаройи мавкеи мумтозро сохиб шуд. Сарчашмаи ин равияро дар таълимотхои Э. Дюркгейм, Б. Малиновский, К. Леви-Строс дучор омадан мумкин аст. Дар ташаккули равияи мазкур сахми Т. Парсонс хеле зиёд аст. Тибки таълимоти у чомеа иборат на афроди мушаххаси алохида, балки аз низоми чузъхои алокамандест, ки мавчудияти онхо марбут ба болоравии имконияти назораташон аз рафтори одамон аст. Бинобар хамин хам хар як чомеа кушиш менамояд дар ин чода ба комёбихо ноил ояд. Ба табакахо чудо шудани афрод вобаста бо махали сукунаташон, талаботу манфиатхояшон, пайрави аз намунаю меъёрхои муайяни рафтор, арзишхо аст.  Яъне хадафи консепсияи мазкур аз нишон додани вобастагии рафтори гурух, афрод аз макоми ишголкардааш дар сохтори ичтимоии чомеа иборат аст. Дар ин маврид накши муайянкунандаи сохтори ичтимои дар чихатгирии самти рафтори ичтимоии адамон ва муносиботи миёни онхо таъкид мешавад. Аз ин ру сохтори ичтимои дар ин маврид хамеша дар холи тагйир тасаввур мешавад ва аксар маврид ба сифати омили чунин дигаргунихо арзишхои фарханги, маълумотноки, макоми гурух дар таксими захирахои инкишоф ва гайра эътироф мегардад. Чонибдорони равияи марксисти бошад ба сифати чунин омил тарзи истехсолоти чамъитиро пешниход менамоянд.

Дар чомеашиносии амали сохтори ичтимои аз руи аломатхои зерини санчидашаванда мавриди тахлил карор мегирад – шугл, даромад, маъхлумот, синнусол в.г. Вобаста ба ин сохтори ичтимоиро ба зерсохторхои зерин чудо мекунанд – ичтимоию демографии, ичтимоию синфи, ичтимоию тахассуси, ичтимоию худуди, Милли ва гайра. Пас саволе пайдо мешавад, Ки мохияти ин зерсохторхо аз чии борат аст? Мохияти зерсохтори ичтимоию демографии аз нишон додани таносуб, вобастагии сохтори демографи ( чинс, синну сол) аз омилхои ичтимои иборат аст. Яъне ин аломатхо на танхо аз вижагихои биологи, балки аз омилхо ичтимои низ вобастаги доранд. Масалан зчоди монеахо барои дастёби ба захирахои инкишофи одамон аз руи мансубияти чинси, милли, минтакавияшон, проблемаи мутобикшавии наслхои гуногун ба мухити ичтимои…. Вобаста ба хар як гурухи ичтимоию демографии зимни тахлили ин масъалахо мадди назар доштани талаботу манфиатхои онхо ва имконияти татбикшавияшон дар шароити муайяни таърихию ичтимои мухим аст. Бо такя ба ин имконияти пешгуи аз щаклхои хифзи манфиати ин гуруххо, аз байн бурдани муковимати имконпазири ичтимои, таъмини тартиботи чамъияти ба даст меояд. Ба инобат гирифтани хусусияти ичтимоию демографии хини тахлили хар гунна тагирёбихои ичтимои ва соири равандхо мухим аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.