Гуруххои ичтимои

Одатан миёни хама тахти мафхуми «гурух» чамъи одамони дар фазои муайяни физики карор доштаро мефахманд. Масалан, гурухи донишчуён, гурухи варзишгарон, гурухи хамсухбатон ва гайра. Аммо дар чомеъашиноси чунин таваччухи одамонро аз сабаби он ки миёнашон хамкорию хамгаройии мувофики максад вучуд надорад, гурухи ичтимои меноманд. Агар ин тачаммуъ дар асоси ягон сифату нишонаи ба хам наздик сурат гирад, пас онро то мафхуми дигар «категория», вале на гурухи ичтимои ифода мекунанд. Масалан, мо «гурхи синни».

Барои ташхиси гуруххои дигар мебояд пеш аз сохтор чомеъаро мавриди тахлил карор дод. Чомеъа аз инхо иборат мебошад: гуруххои зиёду мухталиф ва созмонхо мебошад, чунки хар як макрокаси пеш аз хама барои мавчудоти худ вучуди теъдоди муайяни микрокосро такозо дорад. Инсон хам пеш аз хама дар микрокос хамчун гурухи хурд зиндаги мекунад. Ин гурух ба душаш вазифахо мегузорад ва у низ дар навбати худ дар ташкилу мавчудияти гурух сахм мегирад. Махз дар хамин замина хамкории фаъоли: фарду чомеъа сурат мегирад. Дар чомеъашиносии муосир бо такя аз вижагихои шаклгирии чунин хамкории миёни фарду чомеъа ду навъи гурухро чудо месозанд: равони ва ичтимои. Гурухи равони чунин гурухест, ки авали рафтори аъзоён ба рафтори дигарон таъсир мегузорад, сониян арзишхову меъёрхои аз чониби хамагон эътироф шуда дар он вучуд дорад. Ба ин гурух оила, чамъи дустон, созмонхои дини ва гайра дохил мешаванд. Низоми руйи хамгарои кароргирифтаи чунин гуруххоро созмони ичтимои мегуянд, ки барои дастёбии ягон максад ташкил мешаванд. Бинобар хамин хам гуруххои ичтимои чизи бештари аз мачмуи афроди онро ташкилдиханда аст.

Инсон дар вучуди худ ба ин гуруххо хам мухтор ва хам гайри озод аст. Гайри озодии у дар интихоби баъзе аз гуруххои равони (оила) сурат мегирад, вале ахёнан иродаи интихоби баъзе аз гуруххои ичтимои озод аст ва интихоби у пеш аз хама ба зарурати таъмини ягон талабот такя мекунад, ки ба бидуни дастгирии гурухи мазкур имконпазир аст. Баъзе аз афрод агар дар гурух пайваста аз хадафи касби макоми пешво сарпарастдун кунад, пас хастанд афроде, ки баробари он макоми тобеъи мансубият ба он конеъ месозад, зеро онхо дар баходихию чилвагарсозии арзиши худ назди дигарон ба ин ниёз доранд ва аз ин афрод хеле бурд хам мекунанд. Бинобар он пайваста дар рохи устуворият кушиш ба харч медиханд ва ин то лахзае, ки гурух талаботи эшонро имконияти бароварда сохтан дорад, давом медихад.

Харчанд афрод хар кадоме дар гурух аз манфиатхои худ пайрави месозанд, вале хаст боз манфиатхое, ки гуруххоро аз чониби эшон эътироф карда дар рохи заруроти созмонхо ихтилофи назар вучуд надорад. Махз тавассути бароварда сохтани ахдофи мазкур гуруххои ичтимои тахаввул ёфта, аз як зинаи дигар боло мераванд.

Хамин тавр бо такя аз мухокимахои болои метавон ба натичае расид, ки шарти тахаввули даставу гуруххои ибтидои ба дарачаи гуруххои ичтимои ин пеш аз хама: а) мавчудияти алокаву хамкории пайваста миёни афрод ва б) пайдошавии хисси худ шарики интизории рафтори муносиби тарафайн дар гурух аст. Дар хамин замина метавон кушише дар рохи таърифи гуруххои ичтимои ба харч дод. Гурухи ичтимои ин чамъи он афродест, ки эшон гирди хисси худ шарики интизори амали чавобии муносиб ва хамкории пайваста шудаанд.

Гуруххои ичтимоиро аз хамдигар ба дарачаи ташкилию андоза хусусияти хамкорию алокаманди ва шеваи рафтори аъзоёнаш фарех мекунанд. Вале пайдо кардани сабаби ба ин ва ё он гурух худро мансуб донистани яке аз омилхои эчоди гуногунрангии гуруххои ичтимои аст. Аслан дар чомеъашиноси чунин акида аст, ки дар ин самт одамон пеш аз хама тавассути фарки мансубият худаш ба ягон худи ва фосила гирифтаашон аз афроди дигари бо меъёру рафтори онхо бегонаю бетафовут ба гуруххои ичтимои таксим мешаванд. Ахёнан эшон афроди ба арзишу меъёрхои рафтори онхо бетафовутро хамчун дастаю гурухи, арзёби мекунанд. Ин чунин арзёбии гайр дар чомеъахои ибтидои хеле муборизу шиддатнок буда, дар ин чо ин гуруххо хамчун «душман», «бегона» ва гайра тасаввур мешуданд ва тамоми имконияти гурух ба эшон равона мешуд. Ин падида ахёнан дар чомеъахои имруз дар мархилахои бухрони шадиди ичтимои, сиёси, иктисоди ва гайра низ вомехуранд, ки дар ин маврид гуруххои муайян сабаби кули бадбахти онхоро дар назари омма натичаи амали бадхохонаи дастахои дигар вонамуд сохта онхоро ба парокандагии эшон бармеандозанд.

Мисоли равшани гурухи бадгумонихои гурухи ахёнан дар таърих боиси таъкибу махви гуруххои чудогона гашта аз худ накши номатлуб гузоштааст. Бинобар хамин хам дар таърих бисёре аз гуруххо бархурду мунокишоти ичтимои марбути хамин чустучухои мансубияти гурухи пайдо кардани одамон аст. Чараёни худро муталики ин ва ё он гурух донистани афрод хамчунин дар рафтори эшон низ накши носупурдание аз худ боки мегузоранд. Вобаста ба шаклу хусусиятхои гуруххои ичтимои аз афрод адои тарзи муайяни рафтори ичтимоиро интизори меравад. Яъне, агар мо аз як гурух вобаста ба худ маълумоташ муносибати некхохонаро нигарон бошем, пас аз аъзои гурухи дигари мо имконияти сар задани рафтори бадхохонаро аз ёд намебарем. Вале ин мунтазирхохиву натичагирихои мухити ичтимои дар таъгиру тахаввуланд, бинобар хамин на хама вакт пайваста дар симои ягон гурухи алохида багумонихоро дидан дуруст аст.

Хамин тавр, дар шаклгирии гурухи ичтимои накши кушиши мансубгароии афрод ба ин ва ё он гуруху даста, вобаста ба талаботу ангезахои рухи, хеле бузург аст ва хамеша афрод вориди ягон гурух буда, бо хамин аз гуруххои гайр фосила мегиранд. Барои муайян кардани шевагихои чунин фосилагирихои афрод аз гуруххои гайр дар чомеъашиноси аз назарияи фосилагирии ичтимоии Э. Богардус истифода мешаванд, ки бо номи микёси Богардус, маълум аст (маълумоти мухтасар).

Вакте, ки миёни афрод хисси умумии мансубиятхои гурухи пайдо мешаванд, онхо тадричан, агар бархе аз аъзоёни гуруххо вобаста ба равобити хусуси пайдо кардани муносибати ичтимои хамчун шахсияту фардият шиносанд, пас мумкин аст вобаста ба такозои ичрои роли ичтимои муносибаташ бо дигар аъзоёни гурух сифр вазифави бошад. Бо пайрави аз ин хусусияти муносибати дохили гурухи гуруххои ичтимоиро ба гуруххои аввала ва фарки муносибатхои ичтимои (дуюм дарача) чудо мекунанд. Дар мавриди гуруххои фарки муносибатхои ичтимои харчи бештар хусусияти расми пайдо карда, баркарории онро кушишхои тарафайни афрод дар бораи ноил омадан ба максади умуми муайян мекунад.

test

Добавить комментарий