Тагйиротхои ичтимои

Тагйиротхои ичтимои

Таваччухи чомеъашиносии муосир ба масоили тагйири ичтимои руз аз руз меафзояд. Онхо такомули ичтимоиро як раванди мудавоми таъгири ичтимоие медонанд, ки аз таъгироти каме ташкилшуда ва ин таъгироти ками ба хеч тагйири кайфи ва асоси дар чомеа табдил намеёбад ва тоза вакте, ки тагйироти кайфиро мепазиранд, онхоро мархилаи зарурии такомули ичтимои, ки ба маънои интикол ба кайфияти дигари аст, ба шумор намеоваранд.

Баъди ин тартиб чомеъашиносон бо сунатхои дерини Тард, Росс ва дигар чомеаъшиносони насли пешин вафодор хастанд. Тард мегуфт, ки такомули ичтимои «такрори бепоён аст». Росс таъгиротро ба манзалаи таъгироти ичтимои бунёди намедонист, балки онхоро умуман таъгироте дар ниходхои ичтимои ва шаклхои гуногуни он ниходхо, яъне дар бахшхо ва аносири чомеа медонист. У дар асари «Амрико дар холи тагйир» тагйироти ичтимоиро ба ин сурат табакабанди мекунад: 1 – рушди демократи, 2 – озодии занон, 3 – афзоиши шумораи талокхо, 4 – афзоиши мурочиат ва гайра.

Мак Колине Ли менависад, ки таъгироти ичтимои, таъгироти асосии зиндагии ичтимои нестанд ва дар мохияти зиндагии ичтимои тагйире эчод намекунанд, балки шаклхои зиндагии ичтимои ва коркардхо, сохти ниходхои ичтимоии мухталиф ва ё низомхои ичтимоиро тагйир медиханд. Тагйири ичтимои раванде аст, ки дар он метавон як тагйири заруриро дар сохту коркарди низомхои ичтимои ташхис кард.

Бинобар ин назарияи тагйири ичтимои бо кавони ин айнии ичтимои, ки чавхари раванди ичтимоиро ташкил медиханд, коре надорад, балки ба сувори мухталифи раванди ичтимои ё коркардхо ва сохти ин сувор мепардозад. Ин назария хар гуна тахкик дар иллали дохили ва кавони таъгироти ичтимоиро, ки ба навбати худ мучиби таъгироте дар сохту коркарди ниходхои ичтимои мешаванд, яксара надида мегирад.

Ин назарияи такомуле, ки ба мучиби он чахиш чи дар табиат ва чи дар таърих инкор мешавад, хамаи тагйироти чахон ба тадрич руй медиханд, муддатхо пеш аз чониби Гегель вайрон гардид. У дар чилди аввали «Мантик» менависад, ки мо вакте мехохем хасти ё фасоди чизеро дарёбем, маъмулан тасаввур мекунем, ки аз тарики мафхуми абстрактии ин хасти ё фасод метавон ба фахми мавзуъ наздик шуд. Аммо, таъгироти хасти факат аз тарики гузар аз як чамъият ба чамъияти дигар руй намедихад, балки аз тарики гузариш аз тагйироти каками ба тагироти сифати ва баръакс низ рух медиханд ва ин гузариш риштаи тахаввули тадричро катъ мекунад ва як падидаро ба чои падидаи дигар мегузорад. Вале хатто тагйири миёнаи мафхуми тагйири ичтимои бархе аз чомеъашиносонро рози намекунанд, ба ин лихоз категорияи «тагйири ичтимоиро» ба чойи он мегузоранд.

б) Назарияи качравии ичтимои.

Е. Расе тарафдори ин равия аст. У тагироти ичтимоиро ба ду дастаи «пешрав» ва «пасрав» таксим мекунад ва он тагйиротеро пайрави мекунад, ки зиддиятхои табакотиро меафзоянд.

Шавки у ба «хамкории табакоти» боис мешавад, ки зиддияти табакоти яъне конуни айнии тахаввули чомеъаро нодида гирад. Баръакс, «тагйироти пешрав ва хамвор шудани» ихтилофи сарватмандону факирон кумак мекунад, асоси ин тагйиротро тагйироти фарханги ташкил медихад ва фарханг низ руз аз руз печидатар мешавад.

Дар ин замина баъдан назарияхои марбут ба рафтори ичтимои ба миён омаданд. Дар ин маврид рафтори ичтимоиро ба ду гурух «бахинчор» ва «нохинчор» таксим мекунад. Рафторе, ки аз «мохияти меъёрхои ичтимои» ва «накшахои фарханги» маншаъ мегирад, бахинчор аст ва соири рафторхо «нохинчоранд» ва реша дар авомили мухталифи беморизо доранд.

Баъзе чомеъашиносон кашмакашихои ичтимоиро то хадди беморихои равони поин меоваранд ва баъд аз ин лихоз рафтори ичтимоии хар фардро, ки бо меъёрхои чори дар чомеъа мухолифат доранд, нохинчор ва дорои бемории равони медонанд.

в) Назарияи «таклид».

Хануз бимсёре аз чомеъашиносон тагйироти ичтимоиро ба конуни «Таклиди Г. Тард», ки тибки он се навъ таклид вучуд дорад: 1) таклиди «конуни русули ва накшинахо», 2) «таклиди мутакобил», 3) «таклиди амуди» ягон медонанд.

Таклиди аввал дар рафтор ахзоби мухофизакор ва либерал ба чашм мерасад. Чанг, ракобат, мубохиса таклидро меафзояд. Натичаи мантикии ин бархурду мухолифат, ихтироъ асли, ки аз тарики таровиш, анбошт ва гузиништ рушд меёбад.

 Таровиш, яъне таркиби аносири фархангхои махалли, анбошт, раванди интихоб ё анбошти аносири фарханги, гузиниш яъне ислохи ихтирооти мавчуд ё эчоди ихтирооти чадид. Таровиш (           ) аз хама мухимтар аст. Зохиран фарханги амрикойи реша дар манобеъ дорад, ки бо хам даромехтаанд, аксаран, чизхое, ки як амрикойи маъмули аз он истифода мекунад, дар чавомеъ ва фархангхои гайр ба вучуд омадаанд. Бинобар ин чунин бармеояд, ки дар такомули инсон мухимтарин накшро ин авомил бози мекунад: таъсирот ва хамчунин ашхосе, ки ихтироот аз онхост.

г) Пасафтодагии фарханги ва назарияи «бесомонии ичтимои».

Огборн нахустин кассе буд, ки ин мафхумро дар охири соли 1930 матрах кард. У иллати бесомонии ичтимоиро дар пасафтодагии ахлок ва дониш медонист, на дар таззоди носозгории манофеъи табакоти ичтимои. У менависад, ки табиати инсон, ки ангезахое чун тарс кунчкови, чангчуйи, хашм, гурухчуйи, навандеши ва мушаххасоти он аст, аз даврони пеш аз таърих то кунун тагйири чанде нокарда аст. Тамаддун тагйир ёфтааст ва зиндагии шахрии чадид баъзе ангезахо инсонро саркуб мекунад ва бархе дигарро ба таври нокис арза мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.