Чомеъа ва иктисод

Кисме аз чомеъашиносони муосир назарияхое эчод намудаанд, ки дар онхо масоили марбут ба алокамандии сатхи рушди хаёти чомеъа бо иктисод макоми асосиро ишгол мекунанд. Назарияи «махорати рушд», ки онро У. Ростоу пешниход кардааст, аз чумлаи хаминхост. Тибки ин назария таърихи чомеъаи инсони дар инкишофи худ панч мархиларо пушти сар кардааст:

  1. Мархилаи чомеъаи суннати.
  2. Мархилаи эчоди шароити гузариш.
  3. Мархилаи гузариш.
  4. Мархилаи сайри камолот.
  5. Мархилаи масрафи калони оммави.

Ба акидаи Ростоу чомеъаи сунати   нахустин мархилаи сайри такомули таърихи инсоният аст. Ин чомеъа бар пояи суннатхое карор дорад, ки аз наслхои пешин ба мерос мондааст. Дарачаи инкишофи иктсодии ин гуна чомеъахо бештар дар сатхи поён карор дорад. Имрузхо, аксаран Точикистонро мухаккикон ба ин гуна чомеъа нисбат медиханд.

Чомеъаи интиколи мархилаи гузариши байни чомеъаи суннати ва камолёбанда аст. Ба акидаи Ростоу чомеъахои вобастаги сармояи кишвархои пешрафта намунаи чомеъахои интиколи ба шумор мераванд. Тибки андешаи у махз чомеъахои пешрафта намунаи тарзи фикр, дониш, ниход ва тарзи ташкили сармояхои ичтимоиро таъгир дода, дар натича чомеъахои сунатиро водор кардаанд, ки дар «роххо чомеъахои интиколи» пешраванд.

Аз назари Ростоу хусусиятхои асосии чомеъаи камолёбанда ё индустриали аз инхо иборат аст:

  1. Ин чомеъа на сармоядори аст на сотсиалисти.
  2. Мутахассисон ва мудирони барчаста чои коргарон ва сармоядоронро гирифтаанд.
  3. Дар ин чомеъа накши асосиро давлат, ки бар дастгохи васеъи бюрократ такя мекунад, мебозад.

Ростоу мархилаи охири такомули чомеъаи хозирро «мархилаи масрафи анбухи тудахои мардум» медонад. Дар ин мархила арзишхои бозор ва такозохое, ки ба бартарияти фанхои чадид марбут мешаванд, нуфузи мутлаки худро бар афкори инсон аз даст медихад. У мегуяд, ки чунин чомеъахо хануз вучуди хоричи надоранд ва хадафи ин чомеъахо таъмини маиши мардум, бехбудии таъмини ичтимоии онхо аст. Дар ин чомеъа сатхи масрафи колохои масрафи бо давом ва хадамот боло мераванд ва вазъи хурок, пушок, маскан бехбуд меёбад. Ин чомеъа бар мизони фарогат меафзояд ва даврахои иктисодиро аз байн бурда, рузхои кориро кохиш медихад.

Пеш аз пошхурии собик Иттиходи Шурави чумхурихои тобеъи он яке паси дигар мустакилиятро сохиб шуданд. Бо ин назардошт бахри пешрафт ва инкишофи чомеъаи худ, хар яке ру ба иктисоди бозаргони ниходанд. Хамин буд, ки таи чанд соли охир дар чумхурии мо баъзе нишона ва аломатхои ба иктисоди бозаргони мутаалик чашмрас мешавад. Ин на он кадар падидаи нав аст. Зеро, оиди ин соха, агар дониши хакики ба даст овардани шавем, хануз дар гузаштаи хаёти инсони низ сохибкорон, корчалонхо, савдогарон роххои такмили сохаи хаётбахши инсони иктисодиро мечустанд. Назарияи иктисоди низ ном гирифтани фанни алохида, гувохи онро медихад, ки то чи андоза мутаффакирони гузашта оид пешрафти самти иктисоди андешахо баён карда ва чи гуна онхоро нишон додаанд.

Тарзи истехсолот муайянкунандаи муносибатхои истехсолист.

Махз дар натичаи инкишоф ёфта ба самт гирифтани  тарзхои истехсолот асос шуд, ки хочагидорие, ки дар тули 70-соли шурави амал менамуд, имруз ба чомеъахои мустакилгашта чавобгу нест. Бинобар зарурият ба миён омад, ки сиёсати нави иктисоди интихоб карда шавад. Кабули сиёсати нави иктисоди майл ба пайдошавии муносибатхои бозаргони овард. Аз ин ру хамаи олимони чомеъашинос дар паси он кушиданд, ки масъалахои иктисоди бозориро мавриди таваччух карор диханд. Хусусан, барои сотсиологхо низ, ки аз чанбахои гуногуни чомеъа хини тахкик маълумот медоданд, кушодани чунин мавзуъ таъмини хаёти осудаи ичтимоии одамон дар раванди иктисоди бозоргони пеш омад. Хамин буд, ки чунин мактаб, равияхо сотсиологияи иктисоди бозоргони, сотсиологияи иктисодиёт, сотсиологияи бозор, сотсиологияи корчаллонхо (бизнесмен), сохибкори ва гайрахоро ба миён овард.

Ин мактабу равияхо гувохи онанд, ки бе тарзу усулхои тадкикоти онхо низоми чомеъаро нигох доштан, пешравии онро таъмин намудан, муносибатхои одамонро барои бехбудии хаёташон ташаккул додан гайри имкон аст. Вазифаи сотсиологхо пеш аз хама дар ин самт он аст, ки бояд ба  мардум мухимияти гузаштан ба муносибатхои нави бозаргониро фахмонанд. Ташаккули шаклхои гуногуни моли, хариду фуруш, муомилоти бозаргони, доду гирифт ва монанди инхо максаду мароми сиёсати иктисодиро ифода мекунад. Бинобар хамин, дар асоси низомнома ва конуну коида бояд ин рукнхо риоя шаванд.

Пас масъалаи асоси мегардад, ки тавассути кадом омилхо  метавон таффакури нави иктисодиро дар одамон бедор кард. Азбаски пайдоиши падидахои навро одамон аз руи манфиатовар буданашон бахо медиханд, бинобар хамин ду тараф дорад. Яке дар сурати кам манфиатдор буданаш, суръат ва дастгириашро паст мекунад, дуюм харчи кадар манфиатовар бошад, хамон кадар одамон онро инкишоф медиханд. Фаъолияти кори одамон дар ин ё он корхона, идора тез мешавад. Дар натича ракобат пайдо мешавад. Ракобат дар байни одамон кувваозмоиро ба вучуд меоварад. Кувваозмои бешак фаъолияти нави кории одамонро ба вучуд меорад. Сотсиологхо тарики сухбат, анкета, саволу чавоб шиносои ба хуччатхои расмию гайри расми, тахлили фаъолияти объективхои гуногун ба одамон, раванди иктисоди бозаргони ва низоми чомеъаро нишон медиханд. Хусусан масъалахое, ки дар рушди раванди иктисоди бозаргони сотсиологхо бояд ба мардум рушани андозанд, инхоянд:

  • Вазифа ва зарурияти гузаштан ба иктисоди нави бозаргони.
  • Конунхои асосии муайянкунандаи раванди ташкил, танзим ва ташаккули муносибатхои нави иктисоди, ичтимои, маънави.
  • Сарчашмахои илмию назариявии асоснок кардани чунин гузориш.
  • Захирахои имкониятхои моддию пули, эътикод ва роххои самараннок истифода кардани онхо дар ташкилу танзим ва зина ба зина бунёд сохтани иктисоди нави бозаргони.
  • Амали гардонидани бунёди муносибатхои нав ба нави бозоргони ва ташкили асоси иктисоди он.
  • Танзими илми, ташаккули нав ба нави иктисоди бозоргонии такондиханда.
  • Мохияти гузариш ба иктисоди бозоргони ва максаду мароми он ба зиндаги.
  • Пайвастагии чихатхои иктисоди бозори ба хаёти ичтимои, иктисоди, сиёси, фархангии чомеъа.
  • Заминахои боварибахш аз раванди иктисоди бозаргони амали гардидани максад маром ва хохишу орзухои одамон.
  • Омилхои ичтимои: сиёси, фарханги, идеологи, экологи, маърифати хулку атвори одамон дар танзими гузариш ба бозор.
  • Таъсири гузариш ба иктисоди бозоргони ба сохтори ичтимои, ба миён омадани шаклхои нави моликиятдори, хочагидори.
  • Макоми органхои дахлдори давлати, хусуси, саххоми ва дигарон дар ташкил ва танзими конунии гузариш ба иктисоди нави бозаргони.
  • Таъсири нуфузи иктисоди бозоргони дар таъгир ва ташаккули муносибатхои истехсоли ва фаъолияти кории одамон.
  • Низоми бозоргони ва роххои амали ёфтани онхо.
  • Принсипхо, шаклу усулхо ва таркибхои асосии бозор.
  • Мархилаи гузариши чумхури ба бозор.
  • Намудхои ва таркиби иктисоди бозоргони.
  • Такдири пул, мол, моликиятдори дар инзоми бозори.
  • Муайян кардани роххои минбаъдаи Рушду камоли бозор.
  • Амалии тичорат, сохибкори, чамъиятхои саххоми ва гайрахо дар давраи иктисоди бозор ва гайра.
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *