Хисобкунии зарфияти интихобнома

     Яке аз саволхои  ахёнан барои сотсиологхо пешниходшаванда он аст, ки чи тавр дар асоси пурсиши адади махдуди ахоли баъдан имкони казоват рондан оиди назархохии кулли аъзоёни чомеа марбут ба ин ва ё он масъала фарохам меояд. Яъне чи тавр метавон дар ин сурат ба сахехияти илмии ин казовахо бовар намуд? Аслан дар ин маврид чавоби сотсиологхо бо иснод аз имконияти такроран санчидашави доштани усулхои дар чараёни ташкили интихобнома, гузаронидани пурсиш, тахлили натоичи ба даст омада в.г. эътимодбахш менамояд.

      Дар амалияи чомеашиноси шаклхои чудогонаи махдудкунии зарфияти интихобнома ба хотири таъмини сахехияти казоватхои минбаъда оиди маълумоти ба даст овардашуда мавчуд аст. Зарифияти интихобнома дар зинахои ибтидои ва байни гуруху умумиятхои камшумор ба 30 вохид баробар  буда, он имконияти аз баён бурдани лагжишхои тасодуфи ва ноил омадан ба дарки конунмандии раванди масоили омухташавандаро фарохам оварда метавонад. Интихобномаи дорои чунин зарфият доштаро интихобномаи кучак ном мебаранд. Зарфияти минималии барои ноил омадан ба бузургии миёна имкониятдихандаро интихобномаи кучактарин меноманд. Ва дар чомеашиноси одатан интихобномахои дорои зарфияти бузургтар ба кор гирифта мешавад. Вале бузургии зарфияти интихобнома хам меъёри муайянро талаб мекунад, зеро зарфияти аз хад зиёд ва ё аз хад кучак одатан  ба кохиши сифати натичахо ва масрафи иловагии захирахо оварда мерасонад. Зарфияти интихобнома гуфта шумораи умумии вохидхои омухташавандаеро меноманд, ки онхо ба умумияти интихоби ворид шудаанд.

    Чуноне ки мо аллакай иттилоъ дорем умумияти интихоби ин он чузъи умумияти генералиест, ки тавассути истифодаи усулхои муайян чудо карда шудааст ва он бояд имконияти муаррифинамоии вижагихои вохиди куллро дошта бошад. Таъмини чунин талабот яке аз он маъалахоест, ки пайваста чомеашиносон ру ба ру мешаванд ва бидуни таъмини  он ба натоичи дилхох расидан гайриимкон аст. Барои ин бояд пеш аз хамаи чузъхои  умумияти генерали хуб аралаш шуда, гуногуни ба таркиби он ворид карда шавад. Дар фаркият аз ин умумияти дорои таркиби якхела таксими мутавозини  аломатхои назоратшавандаро ба хадди акал расонида, миёни онхо фосила ва хамшафатии зичро эчод намекунад. Дар ин маврид бо пурсидани танхо якчанд нафар ба даст овардани маълумоти сахех оиди таксимот,чойгиршавии аломати мазкур дар таркиби умумияти генерали  мумкин аст. Хамин тавр ба сахехият, репрезентативи будани маълумотхо на хусусияти микдори, балки хусуси  сифатии умумияти генерали, яъне дарачаи гуногунтаркибии он, таъсир мерасонад.  Зарфияти интихобномаро бошад пеш аз хама хадафу максадхои пажухиш, фарзияю усулхои тахкикоти в.г. муайян менамоянд. Тартибу коидаи  хисобкунии зарфияти интихобнома  силсилаи беохири  ба хам созиш додани кушиши ноил омадан ба сахехияти маълумот ва махдудияти захирахо,  тангии вакт ва норасоии ахборот оиди ходисаи омухташаванда аст. Вале барои ин омилхоро созиш додан донистани стратегеяи хисобкунии пешакии зарфияти интихобнома зарур аст.

       Стратегияи хисобкунии пешакии аз он иборат аст, ки зарфияти интихобнома бояд то ба татбики амалии тахкикот огоз намудан бояд дакик муайян шуда бошад. Дар холати умуми аз амалияи санчидашуда, ки тибки он зарфияти максималии интихобномаро аз 1500-2000 ва минималиашро такрибан 400-600 нафар мехисобад, пайрави кардан мувофики максад аст. Барои хисоби зарфияти интихоби эхтимоли пешбинии сахехияти санчиш, бузургии хавфи инхироф, имконияти ба даст овардани чавоб ба саволхои гузошташуда ва дарачаи дигаргуншавии онхо зарур аст. Одатан сахехияти санчишро 5% ва бузургии хавф, рискро 0,95 дар назар мегиранд. Яъне агар тибки маълумотхои тахкикоти мукаддамоти 60% пурсидашавандагон аз корашон каноатманд бошанд, пас гуфтан мумкин аст, ки дар умумияти генерали хиссаи каноатмандон аз 55 то 65% -ро дар 95% маврид ташкил медихаду дар 5% – и мавридхо ин шумора аз фосилаи пешбинишуда берун меравад. Агар сахехияти маълумотро 5% ва дарачаи хавф, рискро 0,95 тахмин намоем пас хачми интихобномаамон чунин мешавад:

Вобастагии зарфияти интихобнома аз таксимит дихотомии чавобхо

Таксимшавии чавобхо %  50 40 30 20 10
50 60 70 80 90
Зарфияти интихобноиа 384 369 323 246 139

Вобастагии байни интихобнома аз коэфициенти тагиребихо

Коэфициенти тагиребихо% 10 20 30 40 50 60 70 80 90 100 110 120
Зарфияти интитхобнома 15 61 138 246 384 553 753 984 1245 1537 1860 2213

   Натичаи дар  чадвал овардашуда он акидаи роичеро, ки гуё зарфияти интихобнома бояд нишондодхои фавкуззикр нисбат ба умумияти генерали 10%-ро ташкил диханд, рад менамояд. Дар амал ин бузургихо мунчамид, шахшуда набуда, балки вобаста ба шароити мушаххас тагйир мепазиранд. Зарфияти интихобнома инчунин ба чигунагии саволхои дар пурсишнома чойгиршаванда низ вобаста аст. Шуморахои дар чадвал овардашуда барои холате дар назар дошта шудааст, ки саволхои пурсишнома хусусияти дихитомияви доранд ва парокандашавии чавобхо такрибан 50 ба 50% баробар аст. Бидуни имконоти доштани маълумоти пешаки дар ин маврид буда метавонад. Вале агар чунин маълумотро у дар даст дошта бошад пас зарфияти интихобнома метавонад чунин бошадLчад.ст.124) Дар ин чадвал асосан таносуби чавобхои имконпазир ба савохои сифати оварда шудааст. Хисобкунии зарфияти интихобнома барои саволхои хусусияти микдори дошта, масалан «синну сол», «хачми маош» в.г.

      Чуноне ки мушохида намудед дакиккори дар мавриди хисобкунии зарфияти интихобнома имконият медихад мо худро аз хатари беандоза бузургшавии шумораи пурсидашавандагон эмин нигох дорем. Бовари хосил кардем, ки афзудани хачми, зарфияти интихобнома маънои кафолати ба даст  овардани маълумоти сахехро надорад. Баръакс дар бисёр маврид болоравии зарфияти интихобнома ба афзудани хатогихо мусоидат менамояд. Инро мисоли аз тачрибаи худ овардаи кормандони яке аз марказхои машхури омузиши афкори умум дар Амрико Институти Гэллап низ тасдик менамояд. Тибки он бо мурури афзоиши шумораи пурсидашавандагон то хадди муайян сахехияти маълумотхои ба даст овардашуда меафзояд, вале то андозаи муайян ва на хама вакт. Аллакай вакте ки ин шумора ба 600 нафар мерасад мо ба остонаи сахехияти 5% мерасем ва ин шаходат медихад, ки адади мазкур хачми дилхох барои ташкили интихобнома аст. Инро дар шакли чадвал чунин тасвир намудааанд:

Вобастагии байни зарфияти интихобнома ва сахехияти баходихи

Микдори мусохиба Сахехияти баходихи
100 ±11
200 ±8
400 ±6
600 ±5
750 ±4
1000 ±4
1500 ±3
4000 ±2

Аз чадвал дида мешавад, ки байни нишондодхои сахехияти шуморахои 400 ва 600 фаркияти кулли нест, вале бо афзудани шумораи пурсидашавандагон сахехият ни тадричан кохиш меёбад. Бинобар хамин хам дар тахкикотхои сотсиологи зарфияти интихобнома аслан 600 ё 1500 нафар тавсия мешавад.

test

Добавить комментарий