Сатхи сахв дар зарфияти интихобнома

     Чуноне ки пештар дида баромадем дар чомеашиноси  зарурияти хусусияти репрезетативи доштани умумияти интихоби, то ин ки тавонад сифати умумияти генералиро тачассум намояд, яке талаботхои хатми ба шумор меравад. Набудани  хусусияти мазкур чунин маънидод карда мешавад, ки байни байни сохтори умумияти  генерали ва умумияти интихоби мувофикат вучуд надорад ва он омили воридшавии хатоги ба натоичи тахкикот мегардад. Масалан агар хини муайян намудани умумияти генерали мо мушохида карда бошем, ки музди миёнаи коркунони сохаи кишоварзи 100 сомонро ташкил медихад ва пас аз  тартибдихии интихобнома, гузаронидани тахкикот маълум гардад, ки музди миёнаи нафарони пурсидашуда баръакс аз 150 сомон зиёдтар аст, пас ин шаходати ба хатогии чидди рох додани мо мавриди тартибдихии интихобнома аст. Яке аз омилхои сар задани чунин хатоги мумкин он бошад, ки анкетёрхои мо факат  нафарони сатхи зиндагонияшон хубтарро мавриди пурсиш карор додаанд ё ин ки ин гурухи ахоли аз чониби сотсиолог хини тартибдихии интихобнома дакик аз лихози хусусиятхои ичтимоию демографияшон табакабанди нашуда будааст. Ин холатро дар сотсиология  номутаносибии байни умумияти генерали ва умумияти интихоби ном мебаранд. Барои пажухиши худро аз чунин хатогихо эмин нигох доштан мухаккикро зарур аст, ки пайваста мукоисаи таносуби чузъхои харду умумиятро бо назардошти хусусиятхояшон мадди назар дошта бошад. Дар ин маврид у метавонад маълумотхои омори расмиро фаровон истифода барад ва ин худ усули маъмул ва хатми дар фаъолияти сотсиолог хини тартибдихии интихобнома аст.

    Хатогихои дар мавриди ташкили интихобнома чойдоштаро ба ду гурух таксим мекунанд – сахви тасодуфи ва сахви систематики, ки омили пайдошавияшон марбут ба методи ташкили интихобнома ё зарфияти он буда метавонад. Сахви тасодуфи ба он далолат мекунад, ки эхтимоли аз доираи интервал, фосилаи додашуда берун омадан ё наомадани бузургии миёнаи интихоби вучуд дорад. Ин гуна хатогихо аслан аз рох додан ба галатхои омори, ки худ хусусияти чудонопазири методхои интихоби аст, сарчашма мегиранд. Яке аз роххои аз тахдиди чунин иштибох эмин нигох доштани раванди тартибдихии интихобнома ин зиёд кардани зарфияти интихобнома то хадди минимали аст, зеро  ифрот дар ин маврид хатогихои дигарро низ метавонад ба дунбол дошта бошад. Инро дар чадвал чунин тасвир кардан мумкин аст:

                    Вобастагии зарфияти интихобнома аз сахвхои чойдошта

                   (хачми умумияти генерали 20 хаз. наф. аст)

Сахви интихобнома% 2 3 4 5 6 7 8 9 10 12 14 17 20
Зарфияти интихобнома 2500 1100 620 400 280 200 160 110 100 67 50 30 25

    Шакли дигари хатогие, ки дар мавриди тартибдихии интихобнома ва татбики он мумкин аст ба вукуъ ояд ин сахви систематики мебошад. Ин дар мисоли фавкуззикрамон оиди тафовути миёни маоши миёнаи кишоварзон дар умумияти генерали ва умумияти интихоби низ ба чашм мерасад. Ин гуна хатогихо аксар маврид аз сахлангории худи нафарони масъули тахкикот огоз мегирад ва онхо боиси воридшавии галатхои чидди дар хулосаю мухокимахои нихои мегарданд. Бинобар хамин хам дар чомеашиноси ин гуна хатогиро нисбат ба сахви тасодуфи хатарноктар мехисобанд, зеро  аз онхо ислохнашавандаанд.Хамчунин ин гуна сахвхо дар фаркият аз сахвхои тасодуфи бо мурури зиёд шудани зарфияти интихобнома на кам, балки меафзоянд.Агар сахвхои тасодуфи дар бисёр маврид ислохшаванда бошанд, вале ин барои сахви систематики хос нест.  Баъзе аз омилхои сар задани ин сахвхоро чунин гурухбанди кардан мумкин аст:

          – сохтори интихобнома тавъам бо хадафхои тахкикот нест (дар мисоли боло сотсиолог максади пурсиши кишоварзони оддиро дошт, вале у аз рохбарону сохибкорони сарватманди соха низ назархохи намуд)

          – танхо нафарони дастрас ва огохона ба саволхо чавобдихандаро анкетёр чустучу намудааст,

           – худи тартибдихандаи интихобнома вохиди интихобиро ба гуруххо аз руи сифати ичтимоию демографияшон чудо нанамуда, яклухт тасаввур намудааст.

             Пас саволе пайдо мешавад, ки оё  барои сотсиолог имконияти худро          

эмин нигох доштан аз тахдиди ин гуна иштибоххо мавчуд аст ё не? Чавоб ба ин савол мусбат хохад буд, агар у ичрои корхои зеринро пайваста мадди назар дошта бошад:

               – имконияти воридшавии хар як чузъи умумияти генералиро ба таркиби умумияти интихоби таъмин намояд;

              – интихобро аз умумиятхои якхела ба рох мондан мувофики максад аст;

              – хусусияти чузъхои умумияти генералиро мадди назар доштан;

              – хини тартибдихии умумияти интихоби  дарачаи воридшавии сахви тасодуфию систематикиро ба таркиби он ба хисоб гирифтан в.г.

     Хамин тавр агар умумияти интихоби сахех тартиб дода шуда бошад пас сотсиолог тимконияти вокеии ба даст овардани маълумоти эътимодбахшро пайдо мекунад. Баръакс хатогии дар зинахои аввал рох додашуда зина ба зина сахвро ба он зам мекунанд ва дар нихоят ба дарачае мерасанд, ки бартарияташон аз арзиши нихоии пажухиш якчанд маротиба волотар хохад буд. Одатан чунин мегуянд, ки зарари ин гуна тахкикот аз фоидааш бештар аст.

     Масъалаи бартараф кардани иштибоххои ба интихобнома воридшаванда бахусус дар пажухишхои хусусияти бозоршиноси (маркетологи) дошта низ кпайваста эхсос мешавад. Ин ба кам будани зарфияти интихобномахои ин гуна пажухишхо низ вобаста аст, ки одатан иборат аз сад ва дар камтарин холатхо хазор нафар респондтро дарбар мегирад. Дар ин чо нуктаи сархисоби амали мухаккикро халли масъалаи муайян кардани хачми умумияти  нтихоби ташкил медихад. Зарфияти умумияти интихоби ба ду омил вобастаги дорад: 1) арзиши чамъоварии маълумот, 2) кушиши аз нигохи омори ба даст овардани натоичи эътимодбахш. Албатта хатто одамони аз нозукихои илми омору сотсилогия ноогох хам гуфта метавонанд, ки барои ин зиёд кардани шумораи пурсидашавандагон мувофики максад аст. Вале мо пештар оиди имконнопазир, серхарч будани ин амал тазаккур дода будем. Зеро барои ичрои ин максад мо бояд зарфияти интихобномаро камаш пайваста ду маротиба зиёд намоем. Масалан ба хотири ду маротиба зиёд кардани сахехияти маълумоте, ки мо хини пурсиши 400 нафар ба даст овардани хастем, мо бояд зарфияти интихобномаро на ба 800, балки ба 1600 нафар афзоиш додан зарур аст. Ва худи пажухиши бозоршиноси низ кам ба сад дар фисади сахехияти маълумот эхтиёч дорад. Агар барои корхонаи шарбатбарори донистани фоизи муштариёнаш зарур бошад, пас барои фаркияти байни ададхои 57%, 60% ва ё 63% ахамияти бузург нахохад дошт. Дар хамин маврид инчунин нигох доштани таносуби фаркияти синнусоли, маълумот, шугл ва дигар аломатхои ичтимоию демографии респондентон ахамияти калон дорад. Зеро дар натичаи тахкикот мебинем, ки ин фоизи нихойи дар байни хамаи вохидхои интихобнома якхела таксим намешавад. Ва ин дар навбати худ ба мо имконият медихад назари онхоро ба хам мукоиса намуда, минбаъд тибки талаботи онхо фаъолиятамонро пеш барем.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.