Коркард, чамъбасткуни, тахлили ахбор (маълумот) – и сотсиологи

          Баъди гузаронидани тадкикотхои сахрои мархалаи хулосагирии  он огоз мешавад, ки дар худ коркард,  чамъбасткуни ва тахлили маълумотхоро инъикос мекунонад. Омодаги барои гузаронидани тадкикотхои сотсиологиро мумкин аст ба огози кишт мукоиса кунем, ки дар ин чо мафхуми  «тадкикотхои сахрои» тасодуфи нест. Минтакахои амалиёти сотсиологи  ин он сахрое нест, ки дар он кишт мекунанд ва хосил гун медоранд то ин ки  бо  ин рох маълумоти аник ба даст оранд. Пас, вакте мо масъаларо  тахрези намуда, воситахоро  мухайё месозем,  баъд маводи заруриро метавонем ба даст орем.

       Ба даст овардани маълумоти аввалини ахбори сотсиологи пеш аз хама тавассути далелхои тачрибави ба ин ё он масоил муяссар мегардад, ки  бо ёрии онхо метавон фарзияи тадкикотиро муоина намоем. Коркарди ахбори аввалини сотсиалоги аз тартиби тахрир ва бо рамз ифода намудан  шуруъ меёбад. Он бо худ санчиши  васоити дурусти методи,  пурраги ва сифати хуби ичроиш, ислохи  хатогихо,  интихоби анкетахои бесифатро дохил мекунонад. Баъди маълумотхои ба рамз ифода – ёфта ё худ ба хар як  намуна аломате гузошта мешавад. Сониян,  коркарди маълумотхо ва охиран тахлили омории ахбор натичагири мегардад.

Тахрирнамойи.

        Агар сухан оиди коркарди маълумотхое, ки  бо усулхои гуногун (анкета, интарвью) ба даст меоянд  равад,  пеш аз хама он бо санчиши  пешакии   маълумотхои дурусти гирифташуда пурраги ва сифати ичроиши онхо огоз мешавад.

      Тахрирнамои, ислохи маводхо хамчун вобастагии ин намуди тартиби санчиш ифода мешавад. Санчиши амик ва вокеи дар пур кардани анкета тамоюли зиддиятнокро ба вучуд намеорад. Масалан, агар ба саволи «Шумо ба варзиш машгул хастед?» – чавоби «Не» дихед ва бо саволи  «Агар ха,  пас,  бо кадом намуди варзиш машгулед?» чавобхои гуногун барраси доред, маълум  мешавад,  ки респондет бо хатоги рох дод ё моро ба иштибох кардан водор намуд.  Тахлили чавобхо бо дигар саволхои анкета имконоти ислохи хатогихои содирдоштаи   респондентро  нишон медиханд.

           Мухимтарин усули гирифтани ахбори боэътимод ин санчиши анкета  бо тарзи ичроиши пурраи он аст. Талаботи асоси бо блоки ичтимои-демографи мувофик аст, ки инчо норасоии ду-се  саволи интихобии  анкетаро метавон ифодпгириро дошт. Аммо дар баъзе холатхо мухаккик саволхои фаромушшударо баркарор мекунад. Дар ин вазъ вай метавонад   новобаста аз мантики чавобхои распондентхо бо саволоти анкета ва баркарории тартиби пурсиш амал намояд. Бахисоб гирифтан зарур аст, ки фаромушии тартиби тахрир   кафолати пурра ва чиддии гирифтани маълумотро намедихад. Пеш аз тафтиши анкета бояд сифати гузаронидан ва пур кардани он, хусусан бахсталаб ва фахмо будани чавобхоро ба инобат гирифт. Ин шарти мухими бо рамз ифода кардан аст. Тафтиши  пешакии маводхо ва дурустии онхо, пурраги ва сифатноки пур кардан ба интихоби кисмати анкета меоварад. Имконоти аз даст додани анкета барои интихоб, хамчунин баробари тартиби гузаронидани пурсиш мухаккиқонро водор месозад, ки шумораи воситаро ба ҳисоб гиранд.

Бо рамзҳо ифода намудани маълумот.

        Дигар тартиби муҳими коркарди маълумот – бо рамз ифода кардан аст:  ба ҳар як индикатор гузаштани  рамзи муайян шарт аст. Агар сухан дар бобати анкетагири равад, тартиби рамзгузори дар марҳилаи аввали коркарди васоит истифода бояд шавад, ҳар як намунаи  чавоб ҳатман рақами муайянро соҳиб  бояд бошад.

        Қайд кардан зарур аст, ки  дар сотсиология амали ду низоми мақбули рамзгузори мавчуд аст: якум тартиби (ба ҳар як чавоби саволи анкета рамз гузоштан) ва дуюм  мавқейи (вобаста ба мавқеи   ишголдошта рамзгузори кардан).

  Низоми тртибии рамзгузори     Низоми мавқеии  рамзгузори.
  Шумо чи тавр кабул медоред, ба ки дохил шудан дар дониш гоҳ осонтар  аст – ба чавонон ё духтархо?       1.Чавонҳо 2.Духтарҳо 3.Чинс аҳамиятнок нест. Шумо чи тавр кабул медоред, ки нишондоди  пешравиҳо ба духтарон назар ба бачагон  болотар аст ё  на? 4.Мусби 5 Манфї Ба чавоб додан мушкили мекашам. Чи тавр шумо фикр мекунед ба мардон осонтар аст аз рўи касб кор  коркардан ё ба занон? 7 Бе ягон мушкили ба мардон осонтар аст. 8. Ба меҳнат машғул гаштан ба xинсият вобастаги надорад. 9. Барои занҳо кор ёфтан осон аст.   Шумо чи тавр қабул медоред ба ки дохил шудан ба донишгоҳ осонтар аст – чавонон ё духтарҳо?         1.Чавонхо 2. Духтарҳо 3. Чинс ахмиятнок нест. Шумо чи тавр кабул медоред, ки  нишондоди пешравиҳо ба духтарон назар ба бачагон болотар аст ё на? 4 Мусби 5Манфи 6. Ба чавоб додан мушкили мекашам. Чи тавр шумо фикр мекунед ба мардон осонтар аст аз руи касб кор кардан ё ба занон? 7.  Ба ягон мушкили ба мардон осонтар аст. 8.  Ба меҳнат мағул гаштан ба чинсият вобастаги надорад. 9.  Барои занҳо кор ёфтан осонтар аст.    

       Ҳар ду низом аз афзалиятҳо ва камбудиҳо  орї нест, вале  назар ба низоми тартиби низоми мавкейи ахамиятнок мебошад

       Оиди  тартиби рамзгузори сухан гуфта метавон зикр намуд, ки дар баъзе ҳолатҳо бояд бомақсадона ба  саволҳои дар   накша тасвир шуда таваччух дихем. Масалан, чаҳор савол вобаста ба  сифати дарсазхудкунии  донишчуён, услуби дарсгуии устодон, муносибат бо омузгорон ва ташкили раванди таълим  метавонанд  дар як накша омехта тасвир  шаванд,  новобаста аз он, ки мазмунан якранганд.

     Аз ин ру  хар як нишондод бо ёрии тартиби шкалаи панчузъа санчида мешавад, сониян, дарчаи каноатмандии респондент аз сифати  усули дарсгуи вокеъбинона  акс кунонида мешавад. (нақшаи  9).

То кадом андоза шумо аз сифати  раванди  маърифатноккуни дар донишгоҳи худ қаноатмандед? (Аз ҳар як сатр як чавобро интихоб кунед).

  Тавсифи раванди  маърифатноккуни     Пурра қаноат манд   Қаноат-манд   Қаноат манд не   Пурра каноат манд   Ба чавоб додан мушкили мекашаим
  1.Сифати дарсгўи           1     2      3     4      5
  2.Усули дарсдиҳи           1      2         3     4        5
  3.Муносибат бо омузгор             1       2           3     4         5
  4.Ташкили раванди таълим            1        2              3        4        5

       Дар тасвири мазкур рамз горизонтали (уфуқи) гузошта мешавад. Аммо тартиби саволоти амудии рамзгузори бошанд  чунин тачассум мегарданд.  (нақшаи  10).

       Дарачаи маърифатнокии волидони шумо чи  гуна аст?  (Ба ҳар як қатор  ишора  кунед)

  Маълумот     Модар   Падар
  Нопурраи миёна            1        1
  Миёнаи умумии  пурра                2          2
  Ибтидоии  касби (училиш)                3          3
  Миёнаи касби (техникум,  коледж)            4         4
  Олии касби (донишгоҳ,  донишкада)                 5          5

     Барои ба даст овардани маълумотҳо мушкилии асосиро саволҳои норавшан ва кушода ташкил медиҳанд. Аз ин ру  зарурият фарохам меояд, ки барои фахмидани мохияти онхо, муайян кардани тамоюлгирихояшон рамзҳо гузорем. Тартиби рамзгузории чунин навъи саволҳоро метавон ба чанд марҳила чудо намуд:

– аввалан дар варақи алоҳида ҳамаи муҳокимаҳои респондентҳо (мушорикин) -ро бо ин ё он савол сабт кунонид;

– муҳокимаҳоро бояд табақабанди намуда, онхоро ба чанд гуруҳ чудо сохт  ва сониян ба ҳар як гуруҳ рамзи муайян  гузошт;

– бо василаи тартиби рамзгузори ба ҳар анкета борои коркарди пурраи баъдина рамз монда мешавад.

        Масалан, аз мактаббачагон мепурсанд: Фанҳои дўстдоштаи худро номбар кунед?.

         Дар сатри гузошташуд онҳо номбар мекунанд: риёзиёт,  забони русї, англиси, точики, форси, химия, астрономия, физика ва ғайра.

          Пешаки барои ба хадафи худ расидан мухаккик бояд андешад, ки ба респондентҳо кадом блок (қисми) – и фанҳо (гуманитари, илми – табиатшиноси, дақиқ) дода мешавад.  Аз ин рў ҳамаи намунаи фанҳоро ба се гуруҳ тақсим  бояд намуда, ба гуруҳи «фанҳои гуманитарї» рамзи «1», гуруҳи фанҳои  «илми табиатшиноси»  рамзи «2», гуруҳи фанҳои дақик  рамз и «3» – ро бояд гузошт. Аз руи чавоби савол, ки мактаббачагон ба он додаанд танхо аз руи рамзи гузошта ба хар яки он метавон дакикии онхоро муайян кард. Баъди ичроиши ин корҳо анкета барои коркарди амиқ омода мегардад.

       Рамзҳои гузошта ба саволҳои на он қадар равшан низ ҳамин тавр сурат мегирад. Масалан, барои абитурент (довталаб)  ба саволи «Сабаби дохил шудани шумо ба ин донишгоҳ чї аст»  чунин намунаи чавобҳоро метавон пайдо  кард:

Шавқ ба касб.

Афзалияти донишгоҳ.

Хоҳиши гирифтани маълумоти олї.

Маслиҳати волидайн, хешу таборон

Тавсияи устодон.

Хоҳиши гирифтани дипломи донишгоҳ.

Имкон пайдо кардан барои таҳсил бо дустон.

      Ба гайр аз ин аз ин савол метавон чавобҳои зиёдатиро низ  гирифт.

Монанда:

 1). Афзалияти  донишгоҳ.

 2). Бо маслиҳати  волидайн.

 3). Аз хизмат  кардан худро раҳо намудан.

 4).  Чунин касб ҳама вақт зарурият дорад ва онро танҳо метавон аз донишгоҳ гирифт.

 5). Хонданро дўст медорам.

 6). Донишгоҳ дар назди хонаамон аст ва аз сарфи харачоти роҳ худро  раҳо мекунам.

 7). Хостам барои таҳсил ба дигар шаҳр  равам,  аммо волидайнам розиги надоданд.

 8). Дар донишгоҳ таҳсил кардан ифтихор аст  ва ғайра.

        Чавоби 2 – «хоҳиши волидайн» – амалан ба моҳияти намунаҳои чавобҳои  нишондода, вокеитар аст (Ниг. 4: маслиҳати волидайн ва хешу таборон).

           Аз ин рў дар рамзгузори мо онро ба ҳисоб намегирем, вале ба   саволи мазкур  пункти 4-ро мебояд асос хисобид.

            Дигар маълумотҳои гирифтаро ба чор гуруҳ табақабанди мекунем: афзалиятноки,  талабгор будани касби интихобкарда  (Инчо  чавоби 1-4 меафтад); донишгох  барои аз сафи хизмат боздоштан имкон медиҳад (чавоби 3 ва 7); донишгоҳ ба хонаи зист наздик аст (чавоби 6 ва 8);  муҳаббат доштан ба таҳсил ҳамчун шакли фаъолият (чавоби 5 ва 9 ). 

            Акнун барои муайян кардан ва мавкеъгири намудан  рамзгузор (кодификатор)  ба ҳар як гурўҳ рамз мегузорад: «Афзалият ва замонави будани касби интихобкарда» бо рақами «8» ишора мешавад; «донишгоҳ барои муваққатан боздоштан  аз сафи артиш имконот медиҳад» бо рақами « 9»; «донишгоҳ ба хонаи зист наздик аст» бо рақами «10»; «муҳаббат доштан ба таҳсил ҳамчун шакли фаолият» – бо рақами «11».

          Ин рамзҳо давоми рақамгузории намунаи чавобҳо ба саволоти мурратабдошта оиди дохил шудан ба донишгоҳ мебошанд.

           Баъди пур карда шудани анкетаҳо аз чониби респондентхо, бо саволоти норавшан кодификатор бояд  рамз гузорад, то ин ки мавзуотро ба сохахо чудо намуда мавриди тахкик карор дихем.

         Дар  хотима  қайд намудан шарт аст, ки барои и кодификатор (воситаи рамзгузор) талаботҳои муайян мачуд бояд  бошанд:

         1).  Дар сохтани кодификатор сотсиолог танҳо он муҳокимоти респондентхоро ба ҳисоб мегирад, ки ба максад ва вазифаи тадқиқот мувофиқат кунанд. Камбудиҳои ба мавзўъ мувофиқат накарда (масалан, «анкетер худро хамчун як кувваи фавкуттаби ҳисоб мекунад»), «пурсишҳо аз меъёр гузашта мешавад» дар кодификатор дохил карда намешаванд, аммо  дар таҳлили тавсифи муносибатхои респондент  ба тартиби пурсиш ба хисоб гирифта  мешаванд.

         2). Дар боробари сохтани кондификатор зарур аст, ки  гурўҳҳоро аз рўи моҳият дуруст  чойгузини намояд. Ҳамаи муҳокимаҳо бояд дар гуруҳ аҳамиятнок бошанд. Агар ба ин ё он гурўҳи чудощуда суханҳои распондентҳо  шубҳанок бошанд, боварї метавон пайдо кард, ки  кодификатор тадқиқотро дуруст на санчид. Хамчунин холатҳое мешавад, ки сотсиолог анкетаҳои зиёд: 1000, 2000 ва аз он зиёдро таҳқиқ мекунад. Дар ин ҳолат  ба у барои сохтани кодификатор мушкилот рў ба рў меояд. Барои он, ки  раванди табақабандии муҳокимаҳо ба низом дарояд сотсиолог бояд 100 ё 200 анкетаро интихоб карда, дар асоси маълумотҳо кодификатор созад.            Рамзгузори ба маълумотҳо имкон барои таҳкиқи он меорад (ҳам дасти  ва ҳам бо воситаи машинаҳо). Савол оиди тарзи коркарди маводҳо аз миқдори анкетаҳо вобастаги дорад. Агар онҳо миқдоран аз 100 зиёд бошанд, пас коркард бо воситаи машина мақсаднок аст. Дар ҳолатҳои дигар метавонад онҳоро дасти коркард кард.

       Барои коркарди маводҳо бо машина истифодаи барномаҳои компьютерии SPSS, SAS ва дигарҳо лозим меоянд.

 3. Таҳлили статистикї (омори) – и мавод (далел) – хо.

     Дар натичаи коркард бо воситаи машина маълумоти аввалини сотсиологиро тадкикотчи аз маводҳое мегирад, ки барои таҳлилҳои омори ва мантиқи истифода мешуданд. Барои таҳқиқи  маълумотҳои тачрибави чамбасткуни талаб карда мешавад. Яке аз усулҳои оддитарини чамъбаст ин муташаккилии  гуруҳои омори (статестики) мебошанд.

      Муташаккилии  гуруҳҳо:

        Муташаккилии гуруҳҳоро  ба одди ва мураккаб чудо мекунанд. Одди (содда) ин муташаккилии гурўҳ аз рўи як аломат; мураккаб  бошад аз ду ё зиёда мебошад.

       Гуруҳҳои одди, асосан дар натичаи ба  ҳисобгирии чавобхо аз нафарони  пурсидашаванда  оид ба саволҳои анкета ташкил  мешаванд. Вазифаи асосии онҳо – нишон  додани сохтори мачмуият мебошад. Масалан, тақситми пурсидашавандагон  аз рўи чинс: аз 200 нафар пурсидагон 160 нафар – мард, 40 нафар – зан. Ин гурўҳ мувофиқати  миқдори зан ва мардро нишонрас мекунад.

       Гуруҳҳои муташаккили мураккаб аз руи ду ё зиёда аломат тааккул меёбанд. Вазифаи онҳо  на танҳо дар ифоданамоии сохторҳои мачмуи, (масалан чинсї, синнусоли), ҳамчунин дар барқарор кардани аломатҳои байни пурсидашавандагон мебошанд. Мумкин аст, ки  маводхои чамъшударо бо ин усул  чунин гурўҳбанди кард: Муносибати донишчуён бо таҳсил новобаста аз чинс, дарчаи моҳонаи коргар аз руи мартаба ва унвон; сатҳи донишҳои сиёсии аҳоли дар вобастаги аз рўи сину сол ва чойи зист (деҳа, район, шаҳр).

         Силсилаи тақсимот.

        Дар натичаи ташкили гуруҳҳо ахбори аввалини сотсиологиро тавассути силсилаи таксимбанди ба даст меоранд. Таксимбанди  миқдори қаторҳое аст, ки бо ба инобат гирифтани ин ё он амалиёти   фард тавсиф мешавад.

        Силсилаи тақсимбанди ба артибути ва намунави (интихобї) чудо мешавад.

       Артибути аз рўи нишондод,  сифати  халли масоил, таксими пурсидашавандагон  аз рўи чинс, касб, баромади ичтимои, арзишҳои асосии ҳаёти,  фаолияти касби (нақшаи 11, 12) муайян мегарданд.                  Намунави (интихоби) бошад  аз руи нишондодҳои миқдори шакл мегирад: Мисол тақсими коргарон аз рўи миқдори маҳсулоти истеҳсолкарда: бо миқдори рузи кори; бо сабаби бемори ба кор наомадан, ҳамчунин аз рўи сину сол, собиқаи кори (бо нишондоди сол), дарачаи манбаи даромад.(бо нишондоди сумма),  унвон ва ва вазифа( нақшаи 13).

Организационная диаграмма

Намуди силсилаи  тақсимот

         Вобаста ба навъи нишондодхо  тарзи коркарди маълумоти ба даст оварда аз хамдигар  фарқ мекунанд. Аз рўи ,ба хисобгири миёна дар  нишондодҳои намунави низ  фарқиятҳо мушохида мешаванд. Навъи намунави дар навбати худ ба дискрети ва фосилави чудо мешавад. Дар навъи дискрети ҳар як тарзи коркард  аз руи нишондодхои миқдори тавсиф мешаванд.

          Дар силсилаи фосилави аломат низоми муайяни худро тагйир медихад. Масалан, тақсими пурсидашавандагон  аз  рўи гуруххои собиқадор:

– то яксола – 5 нафар;

 – аз як то панч сола  – 15 нафар;

– панч то даҳ сола – 30 нафар;

– аз даҳ ва аз он зиёдтар – 20 нафар.

          Дар силсилаи дискрети  ва вариатсиони  низ фаркият    аз руи тарзи коркардашон  дида мешавад.

                         Андозаи миёна

      Барои якбора чамъбаст намудан ва тавсифи мачмуи микдори ахборро муайян намудан, бояд андозаи миёнаро ба ҳисоб гирифт. Андозаи миёна – ин  як навъи чамъбасти  нишондодҳо аст. Онҳоро  аз рўи аломатҳои миқдори ва сифати аз хамдигар  чудо мекунанд.. Дар мадди авал – аз руи   сину соли миёнаи кормандони фирма, собиқаи миёнаи кори, музди миёнаи корї ва ғайраҳо. Дар ҳолати дуюм – бо  тарзи гирифтани маълумот,  иваз кардани касб ё қаноатманд кардани дарчаи таълимии кор,   шаклҳои гузаронидани  вақтҳои холї ва гайра.

       Шарти муҳими истифодаи андозаи миёнаи ин ба ҳисоб гирифтани мачмуи  сифати якхелаи он аст. Ин талабот – «магасҳои алоҳида, гушти қимаи алоҳида» – дар назар дорад. Мисол, азм мекунанд, ки қобиляти харидории корманди муассисаро ифода кунад, мо аз музди маоши  маъмурон ва каркунони сатҳи паст,  ҳачм, ки чиддан фарқ мекунад,  норози шавем.

        Дар таҳлилҳои омори намунаҳои гуногуни андозаи миёна истифода мешаванд. Аз ин ру пайваста арифметикаи сода ва арифметикаи муаллақ истифода мешавад (бо бузургиҳои математики санчида мешаванд).

         Санчиши арифметикии миёна он вақт истифода мешавад, ки агар якчанд такрорҳо  рох диҳанд. Ин усули санчиш бо чунин формула ба ҳисоб гирифта мешавад.

                              Х = Exm\Em,

            Инчо X – маънои нишондод, m – зиччи  (такрори аломат).

             Барои муайян кардани маънои миёнаи аломатҳои сифати, ки дар шакли тартибии  ифода ёфтаанд  индекс (нишондиҳандаи адади) гузошта мешавад.  Масалан, қаноатманд будани донишчўёнро аз раванди таълим мукин аст. дар шкалаи панчбала бо пешгузории чунин намуди чавобҳо нишон диҳем. (Ниг. Нақшаи 11)

.

              Қаноатмандии донишчўён аз раванди таълим дар донишгоҳ.

  Аз раванди таълим шумо          қаноатмандед?      Маъноҳои мутлақ.
  а) ҳа           55
  б) то ҳадде қаноатмандам           60
  в) қаноатманд  нестам           40
  г) то ҳадде қаноатманд нестам           20  
  д) не           10

           Индекс бо чунин формула муайян мешавад.

                           a + 0,5 – 0,5 d – d

                   J = ________________

                             a + b + c + d + f                         

       инчо   а, в, d, f – пунктҳои  шкала мебошанд.

           Моҳияти ҳисобкунии нишондодхои ададї (индекс) – ро  чунин хулосагири  намуд, ки бо ин роҳ мувофиқатии чиҳатҳои мусбї, манфии  пунктҳои шкаларо  метавон маълум кунонид. Чунончи, дар мисоли зикршуда мухаккик метавонд, ки фарки байни донишчуёни ва муносибати мусбии онхоро аз муносибатхои бетарафона ё манфи донишчуён ба таълим муайян намояд.

         Индекс  дар сарҳади аз +1 то -1I; J = + 1 тағир ёфта ифодагари он аст, ки пурсидашаванда аз раванди таълим қаноатманданд мебошад.

            J = – 1 ғайри қаноатманд будани пурсидашавандагонро аз раванди таълим нишон медиҳад.

        Агар дар формула маънои мутлақи нишондодро гузорем,  ҳатман мо метавонем чунин маълумот гирем.

J  =     ________________________________________-

          J = 0,35 нишон медиҳад, ки қаноатманд будани донишчуён аз раванди таълим чандон баланд нест.

         Барои шкалаи  себала ин    формула  соддатар аст. Аз суммаи  чавобҳои мусби суммаи чавобҳои манфиро гирифта, ва натичаи онро ба миқдори пурсандагон таксим менамояд.

          Индекс борои шкалаи  себала бо чунин формула ҳисоб карда мешавад.

             I = m^t –m- /  m++m^o+m-

Инчо m, m, m – мусби, бетараф, инкоркунандаи пунктҳои шкала  мебошанд.

        Индексҳо барои тадқиқот аҳамиятноканд. Зеро, онҳо барои ахбори омори ифодакунандаи шакли яклухт, фишурда, базаи асоси барои тартиби мукоиса мебошанд.

            Бо ёрии индекс мумкин аст каноатмандии донишчуёнро аз раванди таълим, дарачаи огох будани пурсидашавандагонро аз вазъи сиёсии чумхури, дарачаи хавасмандии гуруххои ахолиро барои истифодаи молхо ва манбахои гуногуни  даромад  бе мушкили мукоиса  кунем.

           Барои тахлили маводхо хамчунин сохтори  миёна – моду ва медиана истифода мешавад. Медой   – дар омор бештар мазмуни аломатро тачассум мекунонад. Дар силсилаи дискрети (сокит) ва вариатсони он аз руи зиччи муайян мешавад.      Чунончи;  дар мисоли мо (ниг: накшаи 12) андозаи модали  (и = 145)   ин намунаи чавоби  коргар мебошад.    Вай нишон медихад, ки гуруххо бештар  ба табакаи ичтимоии коргар дахл доранд.

     Медиана  – ин маънои аломате аст,  ки дар миёнаи силсилаи тартиби мавкеъ дорад. Вай силсилаи вариантсиониро ба ду кисм чудо мекунад. Мисол: нисфи гуруххои аз тарафи мо тадкик кардаи  коргарон дорои дарачаи касби мебошанд, нисфи дигарро дар накшаи 13 муоина кунед. Микдори  (суммаи) умумии пурсандагон 196 нафарро ташкил медиханд, нисфи онхо 98 нафар.

 Табакахои ичтимои, ки пурсидашавандагон ба онхо дохил карда мешаванд.

 .

   Табакаи ичтимоии  пурсидашавандагон      Зиччи  
Коргар   Хизматчи   Намояндаи зиёии сохаи гумманитарии    Намояндаи зиёии сохаи ичтимои –  техники    Рохбар, идоракунанда,менеджер .     Маъмур (сохибамалхо)     Бизнесмен     Нафакахур     Бекор      Умуман:               145   67   66   99   15   10   17   27   8   454

       Медиана хамчун андозаи миёна имконият медиҳад, ки назарҳоро дар мачмуъ аз  руи сохтор тахлил кунем. Ҳамчунин он барои муқоиса, мисол, якчанд гурухи коргарон аз руи дарачаи касби  хизмат мекунанд. Метавонад медиана барои ба даст овардани дигар нишондодхои омори истифода шавад.

         Дар силсилаи дискрети ва интервали тарзхои гуногуни ба хисобгори мавчуд мабошанд.

Аломати  вариатсиони

Агар андозаи миёна тавсифи чамъбастии мачмуи дихад ва дарачаи тагирёби аломатхоро ифода кунад  ва  тавассути он ченкунии аломат ба даст ояд, нишондоди вариатсиони назархоро якранг бахо медихад. Дарачаи якранги дар мачмуъ тавсифи мухими он аст.

                                    Накшаи в

Пурсидашавандагон ва дарачаи  такмили тахасус

  Дарачаи тахассуси         зиччси   Зиччии чустучу                              шуда
  Якум            20        20
  Дуюм           35         55
  Сеюм            44         99
  Чаҳорум            54         153
  Панчум            32          185
  Шашум             11   139

       Вакте дарачаи даромадро дар гурух байни пурсидашавандагон  меомузем,  муайян мегардад, ки даромади миёна барои хар як аъзои оила – ин аз нишондодхои чамъбастии омузиши мачмуи ширкаткунандагон маълум мешавад. Хамчунин холате мешавад, ки он аз манбаи даромади як пурсидашаванда, ки дар сатхи тихидасти аст ва дигар аз табакахои таъминбудаи ахолии бошад. Барои хамин нодуруст аст,  ки дар асоси маълумоти миёнаи гирифта, хулоса бароварда, тавсияхо дихем. Барои тахлили ояндаи мантики ва омори зарур аст, ки аломати вариатсиониро ба хисоб гирем. Хусусан,  дар асоси «даромад ба хар як аъзои оила».

        Дар асоси нишондоди варнатсиони, аломат навъи коргарди алохидаро муайян мекунад, ки барои тадкикоти мушаххаси сотсиологи мухимият дорад. Бо ин рох вай тасвири ахамияти байни дошта ва дигар нишондодхои амориро равшан мекунад.

            Нишондодхои вариатсиониро барои аломатхои микдори  чунин   мавриди   таваччух   карор   медихем: фосилаи  вариатсия,  сархади   миёнаи гайрият, парокандашави  (дисперсия),   бегонашавии байнии квадрати

( мураббаъи ), коэффисенти   вариатсия.

            Фосилаи вариатсия R – усули одии ченкуни.  Вай фарки байни  минумали ва максималии аломатро ифода мекунад:

                          R= Х тах – X min.

             Фосилаи вариатсия калавемуи нилуондодхо дар мачмуи омузиш тавсиф мекунад.

Сархади миёнаи гайрият шаходат аз хачми мутлаки  калавшин нелуонедад медихад. _

              D = E ( X – X ) / П,

инчо х – маънои нишона,  х – маънои миёна дар мачмуъ; п – микдори мухимиятхо.

            Бегонашавии мураббаъии миёна хамчунин мутааки афтиши нишондодро тавсиф мекунад, аммо тарзи дурусти нишондоди вариатсиони нест.

            Барои он бахисобгирии такрории парокандашави лозим меояд.

                 2                 _

              Q   = E (x – x) 2 / п

       Бегонашавии мураббаъии байни ин решаи мураббаъи аз парокандашавист.

                            _______

                Q = V E (X-X) 2 / П.

        Чн кадар нишондоди вариатсиони зиёд бошад хамон кадар мачмуот якранганд. Дар холате, ки тадкикотчи бо ин кор дорад. Ба нишондодхои вариатсионии  нисби коэффисенти вариатсиони мансубият дорад ва он бо фоиз муайян мешавад. Хамчунин дарачаи якхелаи омузиши мачмуиро тавсиф менамояд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.