Интихобномаи бисёрзинаги

   Аз руи шакли татбикшавияшон интихобномахоро боз ба ду гурух чудо менамоянд: а) якзинаги ва б) бисёрзинаги. Дар амалияи тахкикотхои сотсиологи бештар аз интихобномаи бисёрзинаги, ки дар он объекти омузиш танхо пас тадричан тай кардани якчанд зинаи чудонамои маълум мегардад, пайрави мешавад. Дар ин маврид мачмуи объектхои дар зинахои аввал чудошуда барои интихоби минбаъда тахкурси фарохам меоранд.Вобаста ба ин вохиди интихобии зинаи аввал ва зинахои минбаъдаро аз хамдигар фарк

мекунанд. Объекти дар зинаи охир муайяншударо, ки оиди он чамъоварии мавод мавриди назар аст,  вохиди мушохидашаванда низ меноманд. Барои ба мохияти ин шакли интихобнамои наздиктар шинос шудан мисолеро аз тачрибаи пурсиши пешазинтихоботии яке аз шахрхо овардан хеле бамаврид аст. Аз чониби фармоишгар пурсиши 900 нафар дар назар дошта шудааст. Дар зинаи аввал аз хашт нохияи  ба сифати вохиди интихоби се нохия аз се вилоят, ки аз хар кадомаш интихоби 300 нафари пурсидашаванда аз чумлаи харду чинси хукуки дар интихобот интирок намудан дошта (респондент) дар назар аст, чудо карда мешавад. Дар зинаи дуюм барои мушаххас намудани пурсидашавандагон мо тибки интихобнамоии эхтимоли руйхати интихобкунандагонро гирифта, аз он чо онхоро берун меорем.Дар зинаи охир мо бо истифодаи методи системноки кадами интихобро дар байни хонахои махаллахо муайян намуда, ба ичрои амали пешбинишуда огоз менамоем.

     Хамин тавр аз мисоли фавкуззикр маълум гашт, ки мо хини ташкили тахкикоти сотсиологи махз аз интихобнамоии бисёрзинаги пайрави намудем. Дар зинаи аввал бо истифода методи квотаги микдори пурсидашавандагон аз руи шумораи чинсиятхо мушаххас гардонида шуд. Дар зинаи дуюм аз руи квотаи худуди нохияхо муайян гардида, баъдан квотаи синнусоли ва кадами пурсиш дар махаллахо дакик гардонида шуд. Аз руи ин маълумотхо барои хар як анкетиёр варакаи интихоби, ки дар он махалл, синну сол, чинс ва дигар аломатхои барои тахкикот мухими нафарони тахти пурсиш карор гиранда нишон дода шудаат. Одатан ин гуна тартиби ташкили пурсиш дар холате, ки вохиди интихоби хеле бузург буда, пайрави аз усули интихоби оддии эхтимоли ба  парокандашавии бенизоми пурсидашавандагон оварда расонида метавонад, тавсия карда мешавад. Дар ин маврид хар як вохиди интихоби  тачассуми нуктаи вохиди дарачаи хурдтар буда, он имконияти дар нуктахои нисбатан  камтар таксим намудани интихобномаро фарохам меорад. Яъне махаллахои бузурги пешбинишударо мухаккик тадричан бо мурури аз як зина ба зинаи дигар гузаштан махдудтар намуда, дарёфти пурсидашавандагонро барои анкетиёр осон мегардонад. Шахр ба нохияхо, нохияхо ба махаллхо, махалхо ба хонаводахо, ахолии хочагихо ба нишондодхои пешбинишудаи демографи таксимбанди карда мешаванд.

     Вале фаромуш кардан лозим нест, ки дар мавриди пайрави аз интихобномаи бисёрзинаги эхтимоли ба интихобнома ворид шудани хатоги нисбат ба шаклхои дигари ташкили интихобнома бештар аст. Яъне дар хар як зина ба эхтимоли ба интихобнома ворид шудани хатоги меафзояд. Хамин тавр аз як тараф интихоби бисёрзинаги агар ба ихтисори нуктахои гузаронидони пурсиш, сарфаи захирахои инсонию иктисоди  оварда расонад,  аз тарафи дигар онро эхтимоли кохиши дакикияти маълумотхои ба даст овардашаванда дунбол месозад.

Умумияти реали ва идеали

     Объекти тахкикшаванда дар сотсиологияи амали, яъне умумияти интихоби, падидаест, ки дар худ як катор зиддияту нохамворихоро дорад. Чомеашинос бояд пайваста мадди назар дошта бошад, ки ин объект дар вокеъият чуноне ки тасаввур мешавад вучуд надорад ва он конструксия, истифодаи усулхои муайяни интихобнамои, шароитхои татбики мусохиба, мушохида в.г. аст. Вале дар амал аз назари аввал чунин менамояд, ки аз таркиби умумияти генерали умумияти сахехи интихоби берун оварда шуда, онхое мавриди пурсиш карор мегиранд, ки пешбини шудаанд. Вале дар амал чунин холати идеали на хама вакт сурат мегирад. Дар холати дуруст ташкил намудани интихобнома низ дар баъзе мавридхо мумин аст чунин вазъият ба амал ояд, ки  дар маврди гаштан  ба хонахо ва пурсидани одамон баъзе аз нафарони дар руйхат буда аз мадди назар дур меафтанд ва ё бо нафарони дигар иваз мешаванд. Дар натича байни умумияти дар интихобнома пешбинишуда ва онхое ,ки вокеан мавриди пурсиш карор гирифтаанд, фаркияти калон метавонад ба вучуд ояд. Хамин тавр мо ба чои як  объекти тахкикоти гайричашмдошт ду объектро ба даст меорем. Зеро ахёнан чунонки кайд кардем анкетёр ба хотири чустучуи рохи осони кор на онхоеро мепурсад, ки дар рохнамояш нишон дода шудааст, балки нафарони осон дастрасшавандаро. Инро бо мисоли зерин исбот кардан мумкин аст. Масалан ба зиммаи сотсиолог вазифаи омузиши афкори точикистониён оиди мухочирати мехнати гузошта шудааст. Зарфияти мафхуми «точикистониён» хеле васеъ буда, хар кас имконияти ба интихобнома ворид шуданро дорад. Мачмуи хамаи ин гуна афродро бо мафхуми  накшаи идеалии умумияти интихобии ишора менамоем. Вале амалан омузиши афкори ин умумият гайриимкон аст. Дар байни он нафароне хаст, ки алхол дар мухочирати мехнати, дар махбасхонахо ва дигар чойхои барои интервюер дастнорас хастанд. Ин гурухро лозим меояд, ки аз тахти объекти тархрезишаванда хорич намуда, умумияти интихобии  вокеиро ба даст орем. Дар адабиёти илмии сохави навъи якумро объекти консептуали ва дуюминро тархрезишаванда меноманд. Яъне объекти концептуали ин конструкти иделии доираи мавзуи тахкикотиро муайянкунанда буда, объекти тархрезишаванда ин мачмуи барои мухаккик дастраси вохиди тахкикоти мебошад.

     Хамин тавр бо назардошти он ки хамаи нафарони эхтимоли воридшави ба умумияти генерали доштаро мо  имконияти мавриди пурсиш карор доданро надорем, бинобар хамин хам дар натича умумияти нави генералиеро ба даст меорем, ки бояд махз дар асоси он интихобномаамонро тартиб дихем. Пас саволе ба миён меояд, ки ин ду умумият аз хамдигар бо чи фарк мекунанд? Умумияти аввала мушкилоти дастрас будани пурсидашавандагони эхтимоли, махдудияти имконоти мухаккикро ба инобат намегирад, барои он нишон додани зарфияти назариявии мафхуми ба объекти тахкикоти ишоракунанда мухим аст. Масалан дар мисоли фавкуззикр мафхуми «точикистониён». Мисоли дигар, дар умумияти генералии ба шакли назарияви тархрезишуда тибки маълумотхои расмии омори 49% мард ва 51% занхо пешбини шудаст. Вакте ки сотсиолог вохидхои дастнорасро ихтисор менамояд у тадрич ба вокеияти объекти тахкикот наздиктар мешавад ва мумкин аст акнун зарфияти умумияти генерали 43% мард ва 57% занхоро ташкил дихад ( ихтисори шумораи мардхо аз хисоби нафарони дар мухочирати мехнати, чойхои ислохоти мехнати, шифохонахои рухи в.г. буда метавонад). 

   Барои бартараф намудани чунин мушкилот дар сотсиология пайваста таъкид мешавад, ки бояд мухаккик дар амалия на аз руи умумияти идеалии генерали, балки аз умумияти вокеии генерали пайрави намояд. Саволе дигари дар робита ин казоват пешоянда он аст, ки баъдан пас аз анчоми пурсиш натоичи ба даст омадаро ба хотири муайян кардани сатхи хатогии чойдошта сотсиолог бо кадом намунаи умумияти генерали бояд мукоиса намояд? Дар ин маврид мукоиса бо умумияти вокеии генерали тавсия мешавад. Вале дар баъзе маврид ин ба эътибор гирифта намешавад ва мукоисаи натоич бо умумияти идеалии генерали сурат мегирад, харчанд интихоб дар заминаи умумияти вокеии геерали анчом дода шудааст. 

    Чунин душворихо одатан на танхо дар мавриди тархрезии умумияти генерали, балки дар чараёни ташкил ва санчиши умумияти интихоби низ ба амал меоянд. Дар боло онхо ба ду гурух – тасодуфи ва гайрисистематики чудо шуда буданд. Онхо барои мухаккики камтачриба метавонанд омили сардаргичи ва рох додан ба хатогихои чидди шаванд. Сари вакт хал накардани ин мушкилот ба удули байни интихобномаи каблан тархрезишуда ва хини анчоми тахкикот вокеан ба даст омада оварда мерасонад. Барои бартараф кардани чунин мушкилот дар чомеашиноси зарурати пайрави аз усулхои зерин тавсия мешавад – назорати интихобнома ( зиёд кардани вазни киёсии гуруххои гуруххои намерасидаги ва камкунии барзиёдатихо), таъмири интихобнома (ивази респондентхои дастнорас бо афроди дорои сифатхои мутаносиб), назорати хамешагии тарзи пуркунии пурсишномахо в.г. Баъзе аз ин усулхои ислох, такмили интихобномаро мухтасар дида мебароем.

Накшаи  принципиали –  стратегии  тадкикот.

          Манбаи асосии интихоби принципиали – стратегии тадкикот  ин дарачаи  дониши мо дар лахзахои чамъи далелхои тачрибави мебошад, ки  аз он имконият дар  равиши кор  барои  пешгири  кардани фарзия пайдо  мешавад.

           Накшаи принспиали – стратегии тадкикотро аз ин чода метавон ба чахор шакл чудо намуд (накшаи 4).

            1.Накшаи тахкиккуни. Ин накша  пеш аз хама хангоме мухиммият пайдо мекунад, ки  агар объекти тадкики  барои мухаккик норавшан бошад ва сотсиолог атрофии пахлухои он ягон фарзияеро пешкаш намояд.

             2. Накшаи тасвири  тадкикоти хамон  вакт дастрас аст, ки агар маърифати объект барои пешбари кардани фарзияи тасвир мукамал бошад. Максади накшаи тасвири нишондоди хусусиятхои  сифати ва микдори сохтори ичтимои, равандхо ва ходисот дар чомеъа мебошад. 

            3.Накшаи тахлили санчиши – тарзи нисбатан  чиддитари чустучуи тадкикот ба шумор рафта,  он асосан,  дар шароити доштани дониши хуб атрофи пахлухои  масоили омузиши  истифода шуда, имкон медихад,  ки назари тахмини бараси намоем. Максади накша – тахкики алокахои функционали ва муносибатхои тасадуфи (нагохони) аст.

         Асосхои гуногунчабхагии  тахлили санчишии  тадкикотро  чустучуи бевосита ва дарксозии карорхои идоракуни ташкил медиханд. Бинобар дар ин гуна шакли тахлил ва дар холатхои дигар сотсиолог мантики тахлилии санчишро истифода мекунад. Аммо барои ташкили санчиши амали  масоили хоса пайдо мешаванд. Вале фарки тахлили ин масоил аз  тахлили  – санчиши  иборат аз он аст, ки тарики тахлили санчиши мухаккик далелхоро илман асоснок мекунад.

             4.Накшахои такрори – мукоисавии тадкикот аз накшахои зикрёфта бо он фарк мекунад, ки  бо ин тарз   тамаюлхои равандхои ичтимои мукоиса карда шуда,  далелхо дар вактхои муайян  истифода мешавад. Тадкикоти мукоисави хамчунин  дар фосилаи вакти муайян барои баркарор кардани умумият ва чабахахои масоили ичтимои  дар минтакахо  мавриди истифодабари мешавад.

          Хамин тавр дар накшае, ки зер тасвир медорем  хусусиятгирихои хосаи хар як накшаи  чудо карда шударо, ки бо худ талаботхои ташкилиро алохида ифода месозанд  тачассум мекунонем.  Вале  тахлили амиктари онхоро баъдан мавриди тахлил арзёби меёбад.     

                                                                           Гуногунчабхахагии  накшаи тадкикот

       Номгуи      накша Асосхо барои кабули накшаи мазкур. Максади тадкикоти аз руи ин накша. Тамаюлхои чудоинамои
    1.Накшаи тахкики ё тасвия        Мавчуд набудани ахбори вокеи оид ба объект ва имкон надоштан барои ин ё он фарзия Ифодаи масъалахои чобачогузории фарзия дар асоси сохторбандии предмети тадкикот. Имкони омузиши ходисоти «сахрои» (гурух) ташкили шароит барои   фаолияти фардхо.
    2.Тасвири Мавчуд будани далелхо барои чобачогузори тасвирот,  сохтори фарзия. Тасвири сифати ва микдории тасвири объект, хосият ва вазъи он. Чудосозии  ва тачассуми  муоинаи объект.
3.б Накшаи санчиши амали    Мавчудияти далелхо барои чобачогузории фарзияи фахмондадихи Ифодаи  вазифа ва  сабабхои алокахо  ва пешгуихо Чудоинамоии  максадноки тахлили аз руи вазифахои тадкикот ба фарзия аз руи сабабиятхои алока.
          3.а Тахлили санчши-амали        Мавчудияти далелхои фахмондадихи оид ба тарзи ифодаи объктхои ичтимои           ва равандхо       Чустучуи карорхои идорави  дар асоси ташкил ва аз нав бавучудории санчиш        Чудоинамоии максадноки тахлили ё тачассуми муоинанамои аз руи чудосозии хусусиятхои мукоисавии абъектхо
  4.Накшаи такрори-мукоисави тадкикот Мавчудияти далелхо аз объект  ва равандхо аз даврахои пешина. Ифодаи умумият ва хусусиятхои ходисахои чамъияти  дар объектхои  мукоисави ва тамоюлхои тагироти ичтимои  дар вакт. Такрори  усули   чудоинамои «базави» -и  тадкикот.

          Аз ин ру бо баъзе чихатхои  се навъи чустучуйии  тадкикотхо тавччух медихем.

          Таcвияви ё худ накшаи тахкиккуни. Дар сохаи нави тадкикот, он сохае,  ки маводи вокеие  нест ва объект номуаян мебошад, тадкик бо чустучуи умуми огоз мешавад. Бинобар истифодаи ин рох  имкон медихад, ки дар оянда роххои тадкикро аз назари ифода ва шаклгири масъала, коргарди фарзия,  муайян намоем.  Накшаи такикии мазкур  се мархилаи кори дорад:

           1) Омузиши адабиёти мавчуда. Кор дар ин мархила аз тартиби пурраи номгуйи китобхо ва муайян кардани сарчашмахо шуруъ  мешавад.

          2) Сухбат бо шахсони масъул, хусусан мутахассисон кормандоне, ки ба омузиш ва тахкики ин масоил машгуланд. Бояд  бомаксадона номи ашхосеро,  ки бобати халли  мавзуъ бо онхо машварат карда мешавад, номнавис намуд.

           Сухбат бо мутахассис чанд максад дорад.  Пеш аз хама  тавачух ба он дод, ки тартиби номгуйи  китобхо, ки масоили мазкурро халу фасл менамоянд, ба гушаи фаромуши нарасанд.     Сухбат бо хонандагон хамчунин барои чустучуй ахбор ахамиятнок аст. Масалан, мо кушиш менамоем масоили ичтимоии муасиссаи комплекси харби – саноатиро омузем. Шахси аввале, ки мо бо у сухбат мекунем – яке аз рохбарони муассиса аст. Саволи аввалин ба у чунин бояд  дода шавад, ки «Шумо ё каси дигар аз ёрдамчиёни Шумо ва хамкоронатон, метавонад ба мо бигуед, ки аз халли кадам масоил муассиса ба мушкилот дучор гаштааст, чи пеш аз хама барои истехсоли масхулот  ба Шумо  монеъахо ру ба ру  мегардонад?»

         Дигар вазифахои ин навъи сухбат – чустучуи хуччатхои асоси, маълумотхо: картотекахо, протоколхо, карорхо, тавсияномахо, хисоботхо ва гайрахо мебощанд. Севум – фарзияхои аввалин аст.

         Чунин навъи сухбат якчанд навовари ва махоратхо талаб мекунад.  Бояд фазои ошкорои сухбатро ташкил дод.  Баъдан   баъзе холатхо чавобгарии шахсии  хамсухбатро хини чавоб доданд бачунин саволхо  ба инобат бояд нагирифт.   Руи рост пурсидан лозим намеояд, ки «Кадом омилхо барои ин раванди таъсир мерасонад?». Бояд чунин саволгузори намуд:  «Баъзехо мегуянд, чунин омилхо ба ин раванд таъсир мерасонанд?» Пас, фикри хамсухбатро фахмидан лозим аст . Дар чавобхои у пайваста акидахои нав ифода меёбад,ё далелхои боэътимод медиханд. Бе майлу хоиши мусохиб чавоб   гирифтан бо чунин саволхо хеле хатарнок аст. Хамсухбат ба саволхо чавоби вокеи намедихад.  Ва  бо  мо  низ   муяссар   намегардад, ки ба хадафи худ  расем.

         Мархалаи сеюм – мушохидавист. Ба мо саволномахои мураттаб шуда барои омузиши мавзуъ дасрас аст, вале аз руи бахшхо наметавонем онхоро чудо кунем .

Ба максадона аст, ки дар чунин холат рафтори нафарони нав омодаро ба ин муассиса мушохида кунем. Зеро, онхо назар ба тачрибадорон бе собика мебошанд. Бояд диккати асоси бо зидиятхо ва вазъиятхои гайри асоси,  ки бештар шароити хуби фаъолиятро тачассум мекунанд дихем. Чунки зиддият – ин баромадан аз меъёр, сархад аст.

         Хамин тавр накшаи тасвия, асосан дар сотсиологияи амали арзишнок аст. Зеро, андешахоро метавонад бо истифодаи фаъолияти ин ё он муассиса тахкик намояд.  Накшаи тасвиявиро  бояд аз усулхои намунави ва муаяни гирифтани ахбор фарк кунонид ва махз  максади накшаи тасвиявии ин пешгузоштани масъалахо ва пешниходи фарзияхо; намуна барои гузаронидани муоинаи услубхои мушаххаси равандхо,  роххои ташкили хамаи тадкикотхост. Хамчунин  вай дар хар холати  накшаи стратеги ифода меёбад.

Накшаи тасвири

         Максади он – тасвири системавии сифати ва шуморавии объект аст. Фарки он аз накшаи тасвияви он аст, ки хамаи унсурхо, ки тасвир мебояд шаванд, бояд пешаки дар фарзияхои классификациони ва сохтори муайян гарданд.     Хамин тавр, зарур аст, ки дар тасвири мафхумхои тачрибави ва бакайдгирии маълумотхо ба чиддият рафтор  кунонид. Чамъи акбархо тавассути накшаи тасвири, асосан бо рохи монографияхо, хамчун интихоби тадкикотхо сурат мегирад: Дар усули дуюм зарурияти хисоби хатогихо ва дигар нишондодхои статистик (омори)  – и тасвир мухим аст.

         Намунахои навъи накшаю тасвирии тадкикот – пурсиши афкори мардум, ки дар он бахо ва мухокимаи ахоли атрофи масоили иктисоди, ичтимои, сиёси ва фарханги акс мегардад, мебошад.

         Тадкикотхои (дискриптивнои ) бо табакабандии далелхо аз руи меъёрхои гузашта ( саволхо  ), тасвири пурраи сохтори предмет (мисол вакти холи) бо тасвири зарурии далехо чамъшуда, тамоюлхо,  умумиятхои муоина ва чабхахои ичтимои – касби, ичтимои демографии,  худуди – минтакави ва гайра,  ба охир мерасид.

        Дар накшаи дискрипитивии алокаи байни нишондодхои ичтимои,  афкори мардум омухта мешавад. Тасвир чун дигар навхои тадкикот,  наметавонанд пурра бо далелхо бе хамагуна манбахои методологи таъмин бошад. Накши асосиро инчо асосноккуни  ва тартиби маводхои тачрибави мебозанд.

        Накшаи тахлили – санчиши – хамчун тадкикоти стратеги истифода мешавад дар сурати пурра фахмонда додани  фарзияхои. Максади накша – баркарор  кардани  алокахои фунсионали ва тасадуфи дар объект ва равандхои ичтимои, барои амалинамоии   санчиши амали ва ичтимои – чустучуйи  карорхои идоравист. Санчиши ичтимои гохе бо воситаи таъсири максаднок дар объекти вокеи, гохе бо ёрии тахлили асосии ахбор оиди объект, ки дар ин холат ба шароити санчиши аклони гузошта мешавад сурат мегирад. Санчиши аклони баъзе холат дар маводхое,  ки бо усули  тасвир ба даст меоянд, дар холати доштани ахбори дуруст гузоронида мешаванд. 

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.