СОТСИОЛОГИЯ ХАМЧУН ИЛМ

1.1.Предмет ва объекти омӯзиши сотсиология

1.2.Методҳои сотсиологӣ

1.3. Сохтори донишҳои сотсиологӣ

1.4. Мақоми сотсиология дар низоми илмҳои ҷамеашиносӣ

1.5Маќоми сотсиология дар ҷомеаи муосир

    Ҳанӯз дар устураҳои мардуми олам аз он ҷумла дар афсонаҳои халқии мардуми ориёӣ оид ба ҷомеа ва муносибатҳои аъзоёни ҷомеа афкори зиёде ба чашм мерасад. Аз он ҷумла, дар афсонаҳои таърихии мардуми форсу тоҷик, таърихи пешдодиён оиди ҷомеаи инсонӣ ва тарзи муносибатҳои иҷтимоии аъзоёни он маълумотҳои фаровон дида мешавад. Ҷомеаи инсонӣ ва равандҳои иҷтимоии он ҳамеша пиндори мутафаккиронро ба худ ҷалб намуда, 2500 – сол пеш дар таърихи инсоният хирадмандони Шарқу Ғарб афкори хешро доир ба пахлӯҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ иброз намуданд, ки дар боби оянда сари ин масъала баҳс хоҳем кард. Вале бояд тазаккур дод, ки тахайюл оид ба предмети сотсиология то асрҳои XIX гуногун ва тағйирпазир буд. Олими франсуз Огюст Конт соли 1838 вожаи сотсиологияро (sociologos – вожаи франсузист: лотинии cocietas – ҷомеа ва юнонии 1оgоs – таълимот) ба илм дохил кард, яъне илме, ки ҷомеаро меомӯзад, тафсир дод. Оид ба омӯзиши передмети сотсиология дар байни олимон фикри муайяне ҷой надорад. Яке аз омилҳои номуайянии предмети тадқиқи сотсиологӣ аввалан аз он иборат мебошад, ки сотсиология дар шароитҳои гуногуни ҷамъиятии мамлакатҳои гуногун ташаккул меёфт ва «дархостҳои иҷтимоӣ» ҳаёти ҳақиқии муайянро тадқиқ менамуд, дуюм номуайянии предмети сотсиология аз он иборат мебошад, ки бо ташаккули тафсир ва тағйирёбии асосҳои методологии тадқиқоти сотсиологӣ вобаста буд. Ҳамин тариқ, пеш аз оне, ки предмети тадқиқи сотсиологияро муайян созем, аввалан, объекти маърифати сотсиологиро бояд дарк намоем.

  •   Объекти маърифати сотсиологӣ ҷомеа мебошад. Аммо вожаи “ҷомеа” ифодагари пурраи предмети сотсиология шуда наметавонад. Ҷомеа объекти омӯзиши тамоми илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ ба шумор меравад.
  •   «Ҳақиқати иҷтимоӣ» низ обеъкти омӯзиши ин фанҳо мебошад.

   Барои дарки илмии сотсиология муайян кардани фарқи объект ва предмети тадқиқи он калиди асосӣ ба ҳисоб меравад.

     Объекти маърифат – ҳамаи он фаъолияти муҳаққиқ, ки барои дарки ҳақиқат ва нишон додани ҳақиқат равона шудааст, мебошад. Фарқи як илм аз илми дигар дар он мебошад, ки ҳатто ҳангоми омӯзиши як объект онҳо аз қонунҳо ва қонуниятҳои хосаи худ истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, инкишоф ва амал намудани ҷомеа бо талаботҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ, психологӣ ва дигар қонуну қонуниятҳо, ки предмети илми сотсиология мансубанд, муайян карда мешаванд. Ҳар яке аз ин бахшҳо доираи масъалаҳои хешро доранд, ки предмети фанҳои алоҳида буда, мавриди омӯзиши онҳо қарор мегиранд.

Аз рӯйи анъанаҳои ҷойдошта ҳангоми муайянкунии предмети маърифати сотсиологӣ як хусусияти «махсуси» ин ё он рӯйдоди иҷтимоӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ба ин рӯйдод якҷоя амал кардан, муносибати иҷтимоӣ, низомҳои фаъолияти иҷтимоӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ, равандҳои иҷтимоӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ ворид мешаванд.

Гарчанде то ҳанӯз масъалаи предмети тадқиқи сотсиология ҳалли хешро наёфтааст, хусусияти муайянкунандаи он маҷмӯи хосиятҳо, алоқа ва муносибатҳое, ки бо мафҳуми иҷтимоӣ ифода гардидаанд, мебошанд. Модоме  ки ин алоқаҳо ва муносибатҳо дар ҳар як объекти иҷтимоӣ ба таври махсус ифода гардидааст, объекти сотсиологӣ чун низоми том баромад мекунад. Вазифаи сотсиология аз умумиятдиҳии ин низомҳо, алоқаҳо ва муносибати ҳар як объекти иҷтимоӣ то ба дараҷаи идоракунии мақсадноки одамон аз рӯи қонуниятҳо мебошад. Ҳамин тариқ, мафҳуми сотсиология, рӯйдодҳои иҷтимоӣ, равандҳои иҷтимоӣ, алоқаҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ, тарзҳои ташкили онҳо барои дарки предмети сотсиология аввалин омил мансуб гардида, қонуну қонуниятҳои иҷтимоӣ дар дарки моҳияти он кӯмак мерасонад.

  • Қонуниятҳои иҷтимоӣ— ба тариқи воқеӣ вуҷуд доштан ва такрори алоқаҳои иҷтимоӣ, рӯйдоди иҷтимоӣ, ки ифодагари инкишофу амалкунии ҷомеа чун як низоми том ва зернизоми он дар алоҳидагӣ  мансуб меёбад.

Вожаи марказии сотсиология – рӯйдоди ичдимоӣ, яъне маҷмӯи ин ё он хосиятҳо ва муносибатҳои махсуси ҷамъиятӣ  ҳангоми фаъолияти якҷоя дар шароити мушаххас, ки дар муносибати байниҳамдигарии одамон, умумиятҳои иҷтимоӣ вобаста аз мартабаи ишғолкардаашон дар ҷамъият ва раванди ҳаёти ҷамъиятӣ нақши муҳимеро иҷро менамоянд, ифода мекунад. Ба ибораи дигар, зоҳиршавии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар дараҷаи байниҳамдигарии фаъолияти якҷояи иҷтимоӣ мебошад.

Рӯйдод ва раванди иҷтимоӣ, раванди иҷтимоӣ вақте зуҳур меёбад, ки агар рафтори як фард зери таъсири фарди дигар ва гурӯҳ новобаста аз он, ки ин фард ё умумияти иҷтимоӣ иштирок дорад ё на қарор гирад. Маҳз дар ҷараёни фаъолияти якҷоя фардҳо метавонанд ба ҳамдигар таъсир расонида, ҳар яке аз онҳо соҳиб ва ифодакунандаи ягон сифати иҷтимоӣ гарданд. Пас, иҷтимоиёт натиҷаи фаъолияти якҷояи афрод, инъикоскунандаи мазмун ва сират ва хосияти ботинии фард ва умумияти иҷтимоӣ, ки дар ҷараёни ба ҳам омадани одаму ҷамъият ташаккул меёбад, мебошад. Вожаи иҷтимоиётро дар чанд дараҷа дидан мумкин аст:

  • дар дараҷаи фардӣ (дар дараҷаи фаъолияти байниҳамдигарии ду фард)
  • дар дараҷаи микроумумиятҳо (оила, бригада, коргарон ва ғайраҳо)
  • дар дараҷаи умумиятҳои бузург (умумиятҳои этникӣ, марзӣ ва дигар)
  •  дар дараҷаи иттиҳод – ҷомеа (дараҷаи иҷтимой)
  • дар дараҷаи васеи ҷамъияти ҷаҳонӣ.

Ҳамин тариқ, сотсиология – илм дар бораи иҷтимоиёт дар ҳама гуна зоҳиршавияш буда, қонуниятҳои пайдоиш ва инкишофу амал намудани дараҷаҳои гуногуни муносибатҳои иҷтимоиро кушода медиҳад.

2.Методҳои сотсиологӣ

         Илмҳо барои дарки предмети омӯзиши хеш роҳҳои махсуси пажӯҳишро пеша намуда, аз усулҳое истифода мебаранд, ки ҳангоми тадқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ роҳи баосонӣ ҳал намуданро пешкаш менамояд. Танҳо ба воситаи методи дурусти ин- тихобгардида метавон ҳақиқати объективиро омӯхт.

Метод (калимаи юнонӣ. methodos – “роҳ ба сӯи чизе”) – ин амсоли қутбнамо буда, имкон медиҳад, ки муҳаққиқ ба комёбиҳо ноил гардад. Ибораи “методи сотсиологӣ” ба сифати ҷамъоваранда ва умумиятдиҳанда кор фармуда мешавад. Ҳамин тавр, методи сотсиологӣ — мафҳуми ҷамъоваранда буда, муайянкунандаи самти фаъолияти сотсиолог дар раванди ҷараёни пажӯҳиш барои васеъ намудани донишҳои сотсиологӣ мебошад. Ин самти муайяни маърифат, усул, тарз ва олотҳо, ки дар тадқиқотҳои сотсиологӣ истифода гардида: микро ва макро омӯзиши воқеаи ҷузӣ ва омӯзиши оммавӣ, пурсиши озод ва ё пурсиши расмӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Методҳои сотсиологиро ба ду навъ гурӯҳбандӣ  намудан мумкин аст:

    1   Методҳои умумиилмӣ   Ба методҳои умумиилмӣ методҳое мансубанд, ки тамоми илмҳо аз онҳо васеъ истифода мебаранд: муқоиса, муқоисавӣ таърихӣ, танқиди диалектикӣ, генетикӣ, мушоҳида, озмоиш ва ғайраҳо.
    2   Методе, ки хоси як илм аст   Ба методҳои сирф сотсиологй, ки танҳо ин илм истифода мебарад, дохил мешаванд: пурсиш, биографӣ ва сотсиометрӣ ва ғайраҳо.

Яке аз сифатҳои асосии методи сотсиологӣ омӯзиши ҳақиқати иҷтимоӣ дар асоси таҷриба (эмперизм) мебошад. Дар баробари ин методи ҷамъоварӣ ва таҳлили ахборотро доир ба далелҳои иҷтимоӣ зикр намудан айни муддаост. Ба методҳои асосии ҷамъоварии аввалин маълумотҳои сотсиологӣ пурсиш, омӯзиши ҳуҷҷатҳо, мушоҳида ва ғайраҳоро дохил намудан мумкин аст. Оид ба навъҳои методҳои сотсиологӣ дар боби 3-юм муфассалтар ҳарф хоҳем зад.

1.3. Сохтори донишҳои сотсиологӣ

Донишҳои сотсиологӣ ба амсоли илмҳои дигар гуногунтаркиб ва сохтори мураккаби бисёрдараҷаро дорост. Илми сотсиология, чун илмҳои дигар, дар ду самт: назариявӣ ва амалӣ тараққӣ кардааст.

Ин ду самт бо хусусиятҳои хосаи худ аз ҳам фарқ менамоянд Аввалан, ду навъи баҳамалоқамандии дараҷаҳои маърифати назариявӣ ва амалиро қайд намудан зарур аст. Сотсиологияи назариявӣ масъалаҳои илмиро барои фаҳмонидани рӯйдоди иҷтимоӣ, коркарди аппарати илмӣ ва методологияи тадқиқ мавриди омӯзиши хеш қарор медиҳад. Яъне, сотсиологияи назариявӣ  мекӯшад, ки ба саволи «чӣ ва чӣ тавр омӯхта шавад», ҷавоб гӯяд. Сотсиологияи назариявӣ (сотсиологияи умумӣ) таърихи сотсиология, таълимот оиди ҷомеа, назарияи рафтори иҷтимоии омма, назарияи тағйирёбии иҷтимоӣ, методологияро дар бар мегирад. Агар сотсиологияи амалӣ барои ҳалли ягон масъала кӯшиш намояд,  сотсиологияи назариявӣ дар коркарди аппарати илмӣ, назарияҳои илмӣ, принсипҳои сотсиология, ошкор кардани қонуниятҳои умумӣ хизмат менамояд.

Сотсиологияи амалӣ барои расидан ба мақсадҳои муайяни амалӣ, роҳҳо ва тарзҳои истифодабарии донишҳои назариявӣ дар амалия кӯшиш менамояд. Ин бахш ба саволи «барои чӣ омӯхта мешавад?» ҷавоб мегӯяд.

Тадқиқи таҷрибавиро ҳам дар доираи сотсиологияи назариявӣ ва ҳам дар доираи сотсиологияи амалӣ гузаронидан мумкин аст.  Агар мақсади он бунёди назария бошад, пас ба сотсиологияи назариявӣ мансуб аст, агар коркарди тавсияҳо амалӣ бошад, пас ба сотсиологияи амалӣ шомил мегардад.

 Робитаи байни тадқиқоти назариявӣ ва таҷрибавӣ ба воситаи назарияи воситаи

миёна амалӣ мешавад. Назарияи дараҷаи миёна – аз тарафи сотсиологи амрикоӣ – Роберт Мертон соли 1947 ба илм ворид карда шуда, ба ҳайси банду басткунандаи сотсиологияи назариявӣ ва (эмперикӣ) таҷрибавӣ баромад менамояд. Ин ба як бахши донишҳои сотсиологӣ мансуб ёфта, қонуниятҳо ва инкишофи инсон, умумиятҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои иҷтимоиро дар доираи алоҳидаи ҳаёти ҷамъиятӣ меомӯзад.

Назарияи дараҷаи миёна ду навъи асосии алоқаҳои иҷтимоиро кушода медиҳад:

  • байни ҷамъият ва доираи ҳаёти иҷтимоӣ;
  • алоқамандии байни ҳамдигарӣ ва вобастагии байни ҳамдигарии ҳамин доираи ҳаёти ҷамъиятӣ.

Вобаста ба вазифаҳояш ин таълимот барои маърифати методологии равандҳои иҷтимоии алоҳида, умумиятҳо ва ниҳодҳо хизмат менамояд. Яъне, чун асоси методологӣ барои тадқиқи сотсиологии мушаххас истифода бурда мешавад.

Назарияи дараҷаи миёна имрӯзҳо навъҳои зиёдеро дорост. Онҳоро шартан ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст:

Номи назария Масъалаҳои омӯзиш
  1 Назарияи ниҳодҳои иҷтимоӣ сотсиологияи оила, маълумот, меҳнат, дин ва ғайраҳо
  2 Назарияи муносибатҳои   иҷтимоӣ гурӯҳҳои хурд, синфҳо, этносҳо ва ғайраҳо
  3 Назарияи махсусгардо- нидашудаи равандҳои иҷтимоӣ рафтори каҷ, таҳрукаи иҷтимоӣ, шаҳришавӣ ва ғайраҳо.

Ҳамин тариқ, донишҳои сотсиологӣ гуногунҷабҳа буда, аз шохаҳои зиёд иборат мебошад. Донишҳои сотсиологӣ, назарияи умумии сотсиологӣ, инкишоф, гуногунии дараҷаи умумият ва муносибатҳои байни онҳоро дар бар гирифта, равандҳои оммавӣ ва фаъолияти махсуси иҷтимоии одамонро тадқиқ менамояд. Сотсиология чун низоми маърифат ба омӯзиши далелҳои ҳақиқати иҷтимоӣ такя намуда, умумияти назариявии он дар заминаи принсипҳои илмӣ, рӯйдодҳо ва равандҳои иҷтимоиро ба ҳам пайваста ва маънидод менамояд.

1.4. Мақоми сотсиология дар низоми илмҳои ҷамеашиносӣ

 Сотcиология дар алоқамандӣ бо илмҳои дигари ҷомеашиносӣ инкишоф ёфта, дар низоми илмҳои ҷамъиятӣ нақши асосиро дорост. 1) сотсиология ба илмҳои дигари ҷомеашиносӣ назарияи асоснокшударо оиди ҷомеа ва сохтори бахшҳои он медиҳад.

  • Ба илмҳои дигар тарзу усулҳои омӯзиши инсон ва фаъолият, инчунин, усули санҷидани фаъолияти онро пешниҳод менамояд. Ин зоҳир менамояд, ки илмҳои дигари ҷомеашиносӣ «иҷтимоигардида» ва дар натиҷа ҷараёни нави тадқиқи иҷтимоиёт дар онҳо пайдо гардад: иҷтимоӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологӣ, иҷтимоӣ- сиёсӣ, иҷтимоӣ-демографӣ ва ғайраҳо.

Сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ танҳо як бахши ҳаёти ҷомеаро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад. Сотсиология бошад, ҷомеа ва дигар низоми иҷтимоиро чун як воҳиди том бо тамоми хосияту хусусиятҳояш, муносибатҳо ва қонуниятҳои амалкунандааш, ки дар ҳама гуна бахшҳои ҳаёт, хоҳ ҳуқуқӣ бошад, хоҳ иқтисодӣ мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад. Айни замон ҳама равандҳои ҷамъиятӣ, ки аз тарафи илмҳои махсус омӯхта мешаванд, ба як бахши ҷудонашавандаи ҷараёни иҷтмоии том ворид мешаванд. Сотсиология дар байни илмҳои ҷомеашиносй ду мартаба дорад: вай ҳам ба илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ба илмҳои иҷтимоӣ мутааллиқ аст, яъне вай ба қавли П. Сорокин, илми умумиятдиҳанда нисбат ба илмҳои дигаре, ки ҷомеа ва инсонро меомӯзанд, ба ҳисоб меравад.

Сотсиология дар байни илмҳои ҷомеашиносӣ ду мартаба дорад: вай ҳам ба илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳам ба илмҳои иҷтимоӣ мутааллиқ буда, нақши умумиятдиҳандаро мебозад.

Аз тарафи дигар, вазифаи умумиятдиҳандагии сотсиология аз кашфиётҳои илмҳои дигар, аз қабили таърих, иқтисодиёт ва сиёсатшиносӣ вобастагӣ дорад.

Аз рӯйи предмети омӯзишашон антропология ва психологияи иҷтимоӣ илмҳои ба сотсиология ниҳоят наздик шуморида мешаванд. Вале антропологияи иҷтимоӣ ба омӯзиши фарҳангу ҷомеаи тосаноатӣ  машғул буда, барои муайян намудани пайдоиш ва раванди инкишофи насл ва фарҳанги инсонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сотсиология бошад, ҷомеаи мураккаби муосирро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад.

Ҳар як илм оламро мутобиқи ҳақиқати иҷтимоӣ дида мебарояд. Биёед, ин масъаларо дар мисоли мушаххас, аз қабили харидани либос дида мебароем. Иқтисодчиён пеш аз ҳама сари ин масъала бо вожаҳои талабот ва таклифот андеша карда ва харидорро водор месозанд, ки дар ҳар мавсим нарх ба ашёҳои ниёздошта пасту баланд мешавад ва ин метавонад ба буҷаи хона таъсир расонад. Равоншиносон бошанд, масъаларо аз нигоҳи равонии шахс матраҳ карда, исбот карданӣ мешаванд, ки шахси либосхаранда ҳангоми харидорӣ  кардан Мани хешро (яъне аз шахсият буданаш дарак медиҳад) нишон медиҳад. Иҷтимоиётшиносон бошанд, мекӯшанд, ки алоқамандии чунин дигаргуниҳоро, аз қабили мақому мартабаи шахси харидкунанда, навъи харид, тарзи рӯйдоди нақши иҷтимоӣ ва   меъёрҳои муқаррарие, ки барои фардҳои ҷомеа пешниҳод гардидаанд, аз тарафи ин харидор чӣ гуна ба амал бароварда мешавад, мавриди таҳлили худ қарор диҳанд.

Сотсиология нисбат ба дигар илмҳо жарфтар андеша менамояд. Имконияти таснифи рафтори гурӯҳи бисёри одамонро дошта, аз ҳамин лиҳоз ба омор майл дорад. Аммо бояд зикр намуд, ки ҷаҳони ботинии инсон барои сотсиология пӯшида мемонад. Равоншиносии иҷтимоӣ дар ҳамбастагии сотсиология ва равоншиносӣ ба майдон омада, инсонро дар иҳотаи бевосита тасвир менамояд. Ии илм алоқамандии одамонро дар гурӯҳҳои хурд мебинад. Вале ин гуна равоншинос имконияти пешгӯии тағйир ёфтани режими ҳукмрон ва натиҷаи муборизаҳои ҳизбҳои сиёсиро надорад.

ин се илм рафтори одамонро васеъ мавриди омӯзиши хеш қарор медиҳад. Равоншинос фард ва олами ботинии онро меомӯзад. Равоншиносии иҷтимоӣ бошад, гурӯҳҳои хурд (оила, гурӯҳи шарикон, тимҳои варзишӣ) – ро омӯхта, сабабҳо, роҳҳо ва қонуниятҳои рафтори одамонро дар гурӯҳҳо ва ҷомеа, инчунин, сирати психологии фардҳоро дар гурӯҳ ва умумиятҳо мавриди таҳлили хеш қарор медиҳад. Состиология гурӯҳҳои калон, яъне миллион одамонро – нафақахӯрон, кӯдакон, камбизоатон, табибон, мусулмонҳо ва ғайраро новобаста аз мутааллиқияти иҷтимоӣ, тарзи имону имондорӣ, миллат, ҷинс, синну сол ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти инсонро мавриди пажӯҳиши хеш қарор медиҳад.

Дар байни сотсиология ва фалсафа таърихан алоқаи ниҳоят мустаҳкам вуҷуд дорад. Донишҳои фалсафӣ аввалин кӯшишҳое буданд, дар омӯзиши ҳақиқати иҷтимоӣ. Фалсафа ва сотсиология дар омӯзиш ҷанбаи умумӣ ва ҳақиқати иҷтимоӣ доранд. Ҳар ду ҷомеаро чун як низом ва воҳиди том дида мебароянд. Фалсафаи иҷтимоӣ чун асоси умуминазариявӣ ва методологии сотсиология баромад менамояд. Масалан, ҳангоми омӯзиши ягон умумияти этникӣ сотсиология ба арзишҳои фалсафӣ такя намуда, ҳастии ҳаматарафаи ҳама гуна этносҳоро кушода  дода метавонад. Аз тарафи дигар, сотсиология таҳлилҳои мушаххас оид ба зоҳиршавии ҳаёти ҷамъиятиро пешкаш намуда, фалсафа онҳоро ҳамчун мавод барои умумиятдиҳӣ истифода мебарад. Аммо бояд зикр намуд, ки фалсафа ва сотсиология аз ҳам дар предмети тадқиқ ва

инчунин мақсаду вазифаҳои тадқиқ фарқ менамоянд. Фарқи асосии сотсиология ва фалсафа дар он мебошад, ки сотсиология диққати хешро барои дарки маводҳои таҷрибавӣ равона созад, фалсафа диққати хешро барои дарки сарчашмаҳои назариявӣ равона мекунад.

Байни илми таърих ва сотсиология умумиятҳои зиёде ба назар мерасанд. Ҳар ду ҷомеаро чун воҳиди том дар ҳама шаклҳои зоҳиршавӣ ба далелҳои мушаххаси ҳаёти ҷамъиятӣ такя карда меомӯзанд. Агар таърих ба омӯзиши чизе, ки аллакай ба анҷом расидааст, машғул шавад, сотсиология рӯйдодҳои замони муосирро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад. Сотсиология аз таърих вобаста ба предмети омӯзиш низ фарқ менамояд, агар таърих тамоми тарафҳои ҳаёти ҷамъиятро омӯзад, сотсиология танҳо “иҷтимоиёт”-ро дар ҷомеа мавриди тадқиқи хеш қарор медиҳад. Ғайр аз ин сотсиология аз таърих бо табиат ва моҳияташ фарқ менамояд: сотсиология такроршавии рӯйдоди иҷтимой моҳияти ин такроршавӣ ва равандҳоро нишон диҳад, таърих мушаххасан аз ҷиҳати хронологӣ (таърихи рӯз) раванди ҳодисаҳоро ва такрорнашавандагии онҳоро нишон медиҳад.

Сотсиология ва сиёсатшиносӣ бо ҳам робитаи ниҳоят ҳам наздик доранд. Сиёсатшиносӣ кӯшиш менамояд, ки қонуниятҳои ҳаёти сиёсиро чун як бахши ҳаёти ҷомеа кушояд ва наметавонад, ки хусусияти хоси ҷомеаро чун низоми иҷтимоии том ба ҳисоб нагирад, он чизе ки сотсиология ба таҳлили он машғул аст.  Фаҳмидани ҷомеа бе баҳисобгирии хусусияти сохтори сиёсӣ ва сохти сиёсӣ номумкин аст. Назарияи махсуси сотсиологӣ сотсиологияи сиёсӣ ба ҳам наздик будани сотсиология ва сиёсатшиносиро нишон медиҳад. Сотсиологияи сиёсӣ айни замон як  бахши донишҳои сиёсӣ мансуб меёбад. Аммо сотсиология ва сиёсатшиносӣ илмҳои гуногун буда, аз ҳам тафовут доранд: сотсиология ҳаёти иҷтимоиро тадқиқ менамояд, сиёсатшиносӣ бошад, ҳақиқати сиёсӣ, ҳаёти сиёсии ҷомеаро мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки робита байни сотсиология ва илмҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва педагогӣ низ ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, онҳо ба ҳамдигар вобаста буда, як маҷмӯи илмро оид ба ҷомеа ифода карда, якдигарро пурра менамоянд.

1.5. Вазифаҳои сотсиология дар ҷомеаи муосир

Вазифаҳо ва нақши сотсиология дар ҷомеаи муосир аз вазифаҳое, ки иҷро мекунад, муайян карда мешавад. Вазифаҳои сотсиологияро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст:

  • Назариявӣ — маърифатӣ
  • Ҷаҳонбинона.

Вазифаи назариявӣ – маърифатӣ аз ғундоштан, пайванд кардани донишҳо оиди ҷомеа ва сохтору унсурҳои раванди он иборат мебошад. Маънии ин вазифаи сотсиология вобаста ба тараққиёти босуръати ҷомеаи инсонӣ баланд гардида истодааст. Бахусус, дар мамлакати мо, ки тағйиротҳои куллӣ тез-тез ба вуқӯъ пайваста истодааст, мақоми ин вазифаи сотсиологӣ хубтар мушоҳида карда мешавад. Танҳо ба воситаи донишҳои объективии сотсиологӣ оиди тағйирёбиҳо, табиат ва ҷамъият маълумотҳо ба даст оварда, онҳоро дарк намоем ва тавонем аз бӯҳрон раҳо ёфта, тараққиёти мустаҳками мамлакатро таъмин намоем.

Сотсиология метавонад ба воситаи донишҳои илмии объективӣ равандҳои душвори иҷтимоиро, ки ҷомеаи муосир ба он рӯ ба рӯ мегардад, нишон диҳад. Гарчанде ки бисёре аз мо вуҷуд доштани ин мушкилотҳоро дарк менамоем, вале илман роҳи ҳалли ин мушкилотро фаҳмонида наметавонем. Сотсиология бошад, роҳҳои ҳалли ин душво- риҳоро бо тариқи илмӣ нишон медиҳад. Ана дар ҳамин ҷо вазифаи маърифатии сотсиология ҳувайдо мегардад.

    Ба таври мушаххас зоҳиргардии вазифаи амалии сотсиология бағоят гуногуншакл аст. Самти амалии сотсиология дар он таҷассум меёбад, ки сотсиология ҷомеаро чун як воҳиди том тадқиқ карда, қобилияти коркардабарории пешбинии илмиро допгга, ин ё он рӯйдод раванди иҷтимоиро пешгӯӣ менамояд. Бахусус, дар давраи гузариши инкишофи ҷомеа.

Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, донишҳои сотсиологӣ аксаран ба тадқиқотҳои эмперикӣ (таҷрибавӣ) такя менамояд. Дар ҷараёни тадқиқи таҷрибавӣ – ҷамъоварӣ, ба тартибдарорӣ ва захираи ахбороти сотсиологӣ вазифаи ахборотии сотсиология иҷро мекунад. Дар ҷомеаи муосир бе доштани ахбори дақиқ роҳбарии самаранок кардан номумкин аст. Дар акси ҳол ҳама чиз бо формулаи муайян «хостем, ки беҳтар шавад, вале чун ҳарвақта шуд» воқеъ мегардад. Дар асоси ахбороти объективӣ, сотсиолог барои сиёсатмадорон тавсияю фарзияҳо кор карда пешниҳод менамояд.

 Ба вазифаи амалии сотсиология инчунин хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, аз қабили корҳои иҷтимоӣ, маслиҳатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонии оила, телефони боварӣ ва ғайраҳо низ мансубанд. Ғайр аз ин ба сотсиологияи амалӣ самтҳои махсуси тадқиқ ба амсоли бозор, телефони идоракунии ҳайат, афкори ҷамъиятии омма ва ғайраҳо ворид мегардад.

Сотсиология ҷомеаро чун як воҳиди том омӯхта, ба андозае муносибатҳои иҷтимоӣ ва равандҳоро дар ҷаҳони муосир тасвир сохта, дар одамон низоми ақидаро оиди ҷаҳони инсоният ва мақоми инсон ба вуҷуд оварда, муносибати инсонро ба муҳити иҷтимоии ҳақиқӣ ба бор оварда, инчунин, мавқеъ ва идеалҳои ҳаётии одамонро дар бар мегирад. Вазифаи ҷаҳонбинии сотсиологӣ дар ҳамин таҷассум меёбад.

Сотсиология мефаҳмонад, ки чӣ гуна шароит барои инсон даркор аст, то худро ҳамчун субъекти  иҷтимоӣ татбиқ намуда ва дар охир тавонад моҳият ва имконоти худро пурра истифода барад. Вазифаи гуманистии сотсиология дар ҳамин таҷассум меёбад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.