Афкори сотсиологии Асри Миёна ва замони Эҳё

  • Андешаҳои сотсиологии мутафаккирони форсу тоҷик дар Асрҳои Миёна
    • Афкори сотсиологии аврупоӣ дар Асри миёна
    • Афкори сотсиологии Замони Эҳё

             Андешаҳои сотсиологӣ мутафаккирони форсу тоҷик дар Асрҳои Миёна

Омӯзиши ҷомеа, равандҳо, муносибатҳо, рӯйдодҳо – тамоми ҷараёнҳои иҷтимоии ҷомеа диққати мутафаккирони форсу тоҷикро ба худ ҷалб карда, онҳо кӯшидаанд, ки аз лиҳози илмӣ нуқтаи назари хешро иброз доранд.

Фалсафаи иҷтимоии Абӯ Ҳанифа (699-767 мелодӣ). Саҳми шахсиятҳо дар раванди инкишофи ҷомеаи инсонии ҷаҳон хуб ба назар мерасад. Яке аз чунин чеҳраҳои шинохта, ки аҳли суннати ҷамоаи исломиро зери як иттиҳод ҷамъ овардаю аз иттиҳоди муслимин пуштибонӣ намудааст – Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собит мебошад. Вай натанҳо чун пешвои мазҳаби дини Ҳанафӣ ( ҳанфа – пок, ранг, устувор ба ақидаи худ будан, гиёҳе, ки дар Ироқ мерӯяд, кӯза – зарф барои таҳорат кардан) дар ҷамоаи муслимин машҳур аст, балки чун як олими закӣ  низ маъруф  гардидааст. Муҳаққиқон осори ӯро баррасӣ карда 1) «Алфиқҳулакбар», 2) «Алфиқҳулавсат», 3) «Алолим вал мутаъаллим» 4) «Аррисола» 5) «Китобуулвасият» 6) «Китобаррад ъалал қадарййя» зикр менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 500 масъалаи ҳаёти иҷтимоии муслимин мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Чунон ки ҷомеашинос – Ибни Халдун 1332-1406 зикр менамояд, ӯ ба 400 ҳадиси Расул(а) (фикрҳои худро Г-Ш) иброз  намудааст. Абӯҳанифа илмҳои гуногуни замонаашро, аз қабили илми тиб, илми адён (динҳо), илми усул (калом) ва ғайраҳоро омӯхта ва аз онҳо дасткашиданашро шарҳ дода, сабаби ба илми фиқҳ машғул гардиданашро чунин тавзеҳ медиҳад. «Ҳама умр дар илми фиқҳ саъй кардам, ки дар вай ҳама нафъ дидам ва зараре не. Агар як масаъларо бо иҷтиҳоди худ ҷавоб гӯям ва агар хато берун ояд, як савоб бувад ва агар дуруст берун ояд, ду савоб ва ба ровояти дигар даҳ савоб бувад.»1  Аз ин бармеояд, ки мақсади асосии Имоми бузург ин пеш аз ҳама ҳал намудани масоили норавшани иҷтимоӣ, ки аҳли ҷамоаи исломӣ ба онҳо дучор мегардиданд, мебошад. Азбаски ҷамоаи исломӣ баъд аз реҳлати паёмбар ба қисмҳои мухталиф ҷудо гардида буданду ҳамеша байни онҳо низоъҳо ба назар мерасид, Абӯҳанифа мекӯшид, ки тавассути ҳадисҳои саҳеҳи Расули Акрам иттиҳоди муслиминро ба ҳам оварад ва то андозае ба ин мақсади хеш ноил гардид, ки то ба имрӯз аксари аҳли суннат аз мазҳаби ӯ дар мамолики гуногун пайравӣ менамоянд. Ӯ дар ҳақиқат, аввалин нафаре буд, баъд аз давоми хилофати амиралмӯъминин Алӣ (раз) ба ихтилофоте, ки дар ҷамоаи муслимин дар оғози сулолаи Уммавиён ба вуҷуд омада буд, қалам бардошта, ақидаи аҳли суннатро нисбати ихтилофотҳои ҷойдошта иброз намояд. Имоми Аъзам масоили гуногуни ҷамоаи исломӣ, аз қабили динӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ ва иҷтимоиро аз диди мазҳаби суннӣ баҳо медиҳад. Дар афкори иҷтимоии ӯ паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти  ҷамоаи инсонӣ аз қабили имону имондорӣ, мастию бадмастӣ, ливотат, дуздӣ, зино, сеҳр, рибо, ришва, тӯҳмат ва ғайраҳо бардошта шудаанд, ки аксари онҳо то ба имрӯз масоили доғи ҷамоаҳои мутамаддини Ғарбу Шарқ мансуб меёбанд, ки барои ҳалли ин масоил ҳукуматдорон ва қонуну қонунгузорон дасткӯтаҳӣ мекашанд. Абӯҳанифа  ин масоилро бо овардани ояҳои Каломуллоҳ ҳадисҳои Расули Акрам ва қавли саҳобаҳо ва агар алфози саҳобаҳо ихтилоф меёфту ва аз ояҳои Қуръони кариму ҳадисҳои Муҳаммад(с) ҷавоб намеёфт, дар асоси қиёс ба масъала равшанӣ меандохт. Чуноне ки Имоми Аъзам менигорад. «Аммо қиёси мо пайравӣ аз амри Аллоҳ аст, яъне бо фармони ӯ амал мекунем. Масъалаву қиёсро бо китоби Худои таоло, суннатҳои Расул (с) ва суханони саҳоба рост медорем ва пайравӣ менамоем»1 Абӯҳанифа «дар бораи ҳарому ҳалол сухан гуфтан» – ро (Г-Ш.) «беҳтарини суханҳо»  ҳисобида ва «аз ҳарому ҳалол сухан гуфта, халқро аз масъият нигоҳ» медорад. Масалан оиди рибо (фоида ва суд)  сухан ронда, зикр менамояд, ки рибо дар шариат як навъ додугирифти  ҳаром ва нораворо гӯянд, ки иборат аз ду қисм аст. Рибо дар савдо ва рибо дар қарз. Ӯ аз каломи худовандӣ оварда мегӯянд: “Аҳаллал – лоҳул – байа ва ҳарамар- рибо” (Ҳалол кард, Аллоҳ, тиҷоратро ва ҳаром кардааст, риборо). Ва қавли Расул(а) -ро оварда зикр менамояд, ки «лаъана Расулуллоҳи (с) окиларрибо ва маъкулаҳу» Лаънат кардааст, Расулуллоҳ(а), судхӯр ва суддиҳандаро.

Имоми Аъзам ба яке аз масоили доғи ҷаҳони муосир, ки кулли додҳои ҳукуматҳои ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст – ришваю ришвахорӣ даст зада,  ин масъаларо аз диди Расул (а) баррасӣ намуда, иброз менамояд, ки «Расул(а) оиди ришва чунин мегӯяд: “Лаънатуллоҳи алар-рошӣ вал мурташӣ ва манн ямшӣ байнарошӣ (валмрташиӣ) (Лаънати Худо аст бар ришвадиҳанда ва ришвагиранда ва касе, ки миёни онҳо корсозӣ мекунад). Аз ин гуфтаҳо равшан мегардад, ки ҳам ришвадиҳанда ҳам ришвагиранда ва ҳам миёнарав гуноҳ содир менамоянд ва онҳоро Худованд лаънат мехонад. Яқинан, лаънатхондаи Худованд аст, ки эшонро дар давлатҳои дунявӣ мавриди муҷозот қарор медиҳанд.

Имрӯзҳо барои таҳсили илм намудан дар макотиби олӣ аксаран ҷавонон воситаҳои гуногунро ҷустуҷӯ менамоянд. Абӯҳанифа ин масъаларо баррасӣ намуда, зикр менамояд, ки «Барои илм омӯхтан шахсеро набояд восита кард, зеро Худои таъолоро ба аҳли уламо аҳду паймон ҳаст, аз роҳи рост ба халқ  илм омӯзанд ва таълим диҳанд. Ба таълими олим ва тадриси мударрис ҳеҷ шарту шароит лозим нест. Дар роҳи Худо таълими аҳком ва тадриси улум…. Ба ҳар олиму мударрис воҷиб аст, чунончӣ ибодат воҷиб аст, фақат барои Аллоҳ таъоло»1.

Ҷомеи инсонӣ дар асоси муносибатҳои тарафайн барои қонеъ гардонидани талаботҳо бунёд ёфтааст ва дар афкори ин фақеҳи бузурги ислом оиди муносибатҳои оилавӣ, ҳамсоягӣ, ҳуқуқҳои зану мард ва ғайраҳо андешаҳои ҷолиби диққате ба назар мерасанд, ки омӯхтани онҳо аз аҳамият холӣ нест. Масалан, ӯ оиди хонадор шудан андешаашро чунин иброз менамояд: «…касе, ки чаҳор зан бо адлу қасам гирифта бошад, ҳалол аст, валлоҳ як зан, зеро ки дар Қуръони маҷид омадааст: «Фа ин хифтум ан ла таъдилув фа воҳидатун» Лозим аст, ки аз Қуръон таълим бигирем ва ба он амал намоем»2 . Абӯҳанифа пойбанди фармудаҳои Худованд буда ва ба хотири молу мулки дунё ва шириниву лаззати дунё ҳаргиз хушиву хушҳолии охирати абадиро аз даст намедод. Ӯ нисбати сиёсату ҳукумат фикрашро дар заминаи худотарсиву худопарастӣ баён карда, зикр менамояд, ки «Ҳокими ҳақиқӣ – Худованд аст ва расули Худо (с) ба ҳайси намояндаи ӯ дар рӯйи замин итоаткунанда аст. Ва шариате, ки аз тарафи Худо ва пайғамбараш (с) ба мо расидааст, аълотарин қонун аст, ки дар муқобили он ба ҷуз итоат ва пайравӣ аз ӯ роҳи дигаре нест»3.

Ҳамин тариқ, фалсафаи иҷтимоии Имоми Аъзам бо андарзҳои рангоранг оро ёфта, то ба имрӯз аҳамияти илмӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоиашонро нигоҳ дошта, барои мо пайравони мазҳаби ӯ чун дастуруламал хизмат карда истодааст.

Яке аз саромадони фалсафа, тиб ва илми кимиёи мардуми форсу тоҷик – Абӯбакри Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ(251(865м) – 290ҳ (902м.)) низ афкори хешро оиди ҷомеаи инсонӣ ва муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа дар осораш «Тиббуррӯҳонӣ», “Сиратулфалсафӣ”. «Илми илоҳӣ» ва ғайраҳо (муҳаққиқон осорашро зиёда аз 200 адад медонанд), иброз кардааст. Бахусус, назари Закариёи Розӣ оиди ҷомеаи инсонӣ дар «Тиббуррӯҳонӣ», ки иборат аз бист фасл аст, бараъло намудор мегардад. Закариёи Розӣ олами инсониро ба ду гурӯҳ ҷудо менамояд. Гурӯҳи носеҳону омӯзгорон, ки аз ҷиҳати донишу хирад пешдастӣ доранд ва гурӯҳи шогирдону донишҷӯён ва насиҳатҷӯён, ки аз ҷиҳати донишу хирад ва таҷоруби зиндагӣ ба гурӯҳи аввал баробар нест. Закариёи Розӣ ба хулосае меояд, ки инсон натанҳо аз ҷиҳати моддӣ, иҷтимоӣ мутеи ҳамдигаранд, балки аз ҷиҳати маънавӣ низ ба якдигар эҳтиёҷ доранд.

Мутафаккир дар рисолаи «Аломати иқбол ва давлат» сабабҳои нуфузу  мартаба пайдо кардани шахсро дар ҷомеа ба таври возеҳу равшан  нишон дода, аз ҷумла «устувории мулк»-(ро) вобаста ба қонунҳои боадолати ӯ, аз қабили ҳазар кардан аз сустбунёдӣ, ки вайроншавӣ, аз душманону мухолифон ва инчунин, нисбат ба онҳо эҳтиром доштан»1 иборат медонад.

Закариёи Розӣ масъалаи пешоҳангӣ (сарварӣ)-ро баррасӣ карда, ба хулосае меояд, ки «ноил гардидани шахс ба раёсат, пеш аз ҳама ба ҳарҷониба омода будани он»2 вобаста аст ва табиат бе сабаб ягон чиз ё қувваеро намеофарад.

Мутафаккир шахси фазилатнок, росткор, зираку пешгӯйро сарвар ва пешво ҳисобида зикр менамояд, ки «то даме, ин гуна сифатҳо вуҷуд»(доранд) «шахс поку фозилу сиёсатмадор бимонад»3. Закариёи Розӣ  соҳибмартаба  гардидани шахсро мавриди таҳлили худ қарор дода, ба хулосае меояд, ки «эҳтимому эҳтироми тобеон ва асҳобонро нисбат ба шахс»1 бояд соҳиб гардад. Шахси раёсатманд дар ҳолатҳои баландии мартабааш ҳам, ҳамеша хоҳони эҳсон буда, аз бадкирдориву бадандешӣ худро нигоҳ медорад.

Афкори фалсафии ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки Закариёи Розӣ яке аз аввалин назариячиёни ақлгаро (ратсионалист) ва таҷорубпарасти асримиёнагии Шарқ мансуб гардида, ҳамеша таъкид менамояд, ки «ҳар як амалро кас ба диққат аз қиёси фикрӣ  гузаронад. Чунки ақл чизеро, ки пешниҳод мекунад, он чизро бо ҳуҷҷату мадрак ва далели возеҳ нишон медиҳад.3 Ӯ мақому манзалати ақлро дар ташаккулу такомули фард қайд карда «маҳз тавассути ақл» инсон соҳиби ҷоҳу ҷалол гардида, бо «кӯмаки он ҷавҳари аслро дарёфт» намуда ва ба «тавассути ақл аз ҳайвони ғайри нотиқ афзалият пайдо» менамояду «ҳастии оламро дарк менамояд».

Закариёи Розӣ оиди дар ҷамоа ҷамъ гардидани одамонро мавриди таҳлил қарор дода зикр менамояд, ки «кӯшиши бисёри одамон барои таъмини зиндагии як нафар ва баръакс, кӯшиши як нафар барои зиндагии одамон зарурият пайдо мекунад». Яъне яке аз омилҳои асосии пайдоиши ҷамъиятро ӯ дар талаботҳои моддии инсон дида, аз ҷумла менигорад, ки «як одам аз куҷо худро ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад ва ҳам аз ҷойю макон фароҳам намояд. Лекин худи он як нафар ҳатман мутахассиси як ҳунар шуда метавонад». Вай 6.11 хулосае меояд, ки «тавассути ҳамбастагӣ» ва муовинат одамон муттаҳид гардида, «корҳое, ки ба нафъашон мебошанд, дар байни худ тақсим кардаанд». Ҳамин тариқ, вай ба хулосае меояд, ки муттаҳид гардидан ва дар як ҳамбастагӣ қарор доштани одамон аз талаботҳои зиндагӣ бармехезад.

Хулоса, дар афкори фалсафӣ, тиббии Закариёи Розӣ як зумра андешаҳои ҷолиби диққат аз қабили ҷомеа, ҳамбастагии ҷомеа, муовинат, мартабаи шахс, тақсимоти меҳнат ва нобаробарии тақсимоти меҳнат андешаҳои ҷолиби диққате ба назар мерасад, ки то ба имрӯзҳо аҳамияти илмии худро гум накардаанд ва метавонанд дар омӯзиши ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

   Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. Душанбе: Адиб. 1989. саҳ. 122.

Абӯнасри Форобӣ (870-950) яке аз саромадони фалсафаи машшои Шарқи Наздик мансуб ёфта, дар баробари масоили фалсафӣ нисбат ба паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии инсоният андешаҳои ҷолиби диққат  иброз намудааст. Мувофиқи шаҳодати Абӯрайҳони Берунӣ, вай 184 асар нигоштааст. Масалан, ӯ дар асарҳояш “Фусулалмаданӣ”, «Фусули мунтазиа», «Калом фил ақлилкабир», “Китоб фил ақлиссағир”, «Китоб ул-мадҳал фил ҳисоб», “Ал сиёсат улмудуния” инсон, мақоми ӯ, шароити зисту зиндагии вай, насибу тақдир,  масъулияти инсон ҳангоми фаъолият кардан ва дигар равандҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа фикри хешро иброз кардааст. Абӯнасри Форобӣ дар олами ислом нахустин ҳакиме буд, ки бунёди баҳси марбут ба масъалаи тадбири манзилро тарҳрезӣ кард. Вай дар фаслҳои асараш «Фусулалмаданӣ» аз масъалаҳои оиладорӣ ба унвони «Рабулманзил» ёд карда, мадинаву манзилро ба бадани инсон монанд кардааст. Форобӣ зимни тавзеҳоти куллӣ дар бораи тадбири манзил, дар атрофи муносибатҳои аҳли оила, яъне марду зан, падару фарзанд, хоҷаву банда ва соҳиби молу мулк ишораҳо кардааст, ки ин гуна ақидаҳо бештар ба китоби «Сиёсат»-и Арасту хеле  шабоҳат дошта, зери таъсири он иншо гардидааст. Аз сабаби он ки китоби «Сиёсат»-и Арасту ба забони арабӣ  тарҷума нашуда буд, аз ин рӯ, манбаи афкори Форобӣ дар ин хусус гузоришҳои ноқисе аз ин китоб ва шояд осори иқтибосӣ аз он бошад. Аз ибороти Форобӣ  чунин бармеояд, ки ӯ ба мисли Арасту, андешаҳоро перомуни масъалаи манзил ҳамчун муқаддимаи баҳсҳо дар атрофи сиёсат пазируфтааст. Дар афкори ӯ инсон махлуқи ҷамъиятӣ мансуб ёфта, бояд меҳнат карда ризқу рӯзии худро дарёфт намояд.  Омилҳои пайдоиши ҷомеаро дар зарурати қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ ва маънавии одамон дида, иброз менамояд, ки одамон аз рӯйи талаботҳои худ ба шаклҳои гуногуни истеҳсолоти нозу неъматҳо машғул гардида муттаҳидиро ба миён меоваранд. Ба андешаи мутафаккир, дар чунин муттаҳидӣ, ёрии ҳамдигар одамонро водор менамояд, ки пурмаҳсул меҳнат намоянд.

Ба андешаи Форобӣ, яке аз омилҳои пешбарандаи ҷомеа шахсони бузург: подшоҳон, ҳокимон ба шумор рафта, онҳо метавонанд дар инкишофи ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Абурайҳони Берунӣ (973-1048) нуҷумшинос, муаррих, бостоншинос, заминшинос, сарватшинос ва файласуфи бузург ба шумор меравад. Абӯрайҳони Берунӣ осори пурғановате аз қабили «Алосорул боқия ан алқурун улхолия» (Осорулбоқия), «Китоби таҳдиди ниҳоят ал амокин ли тасҳиҳи масофат -ил-масокин» (заминшиносӣ) «Китоби фи-тадқиқи мо-ли-л Ҳинд»(«Мо-ли-л Ҳинд»), «Алқонунул Масъудӣ филҳайат вал нуҷум» (қобусномаи астраномӣ ва математикӣ), «Китоб -ул ҷамоҳир фи маърифат – ҷавоҳир» (кашфи I сарватҳои зеризаминй), «Китобуссайдона фи-т тиб(б) (фармакогнозия- тавассути растаниҳо табобат кардан), «Китобуттафҳим ли авоили саноат ит -таҷим» ва ғайраҳоро нигоштааст, ки дар онҳо масоилҳои гуногуни илмӣ мавриди баҳсу андеша қарор гирифта, дар доираи фаҳмиши мутафаккир арзёбӣ гардидаанд.

Ба афкори таърихию фалсафӣ, иҷтимоию иқтисодии Берунӣ бо мутолиаи китобҳои «Осор -ул боқия», «Мо-ли-л Ҳинд», «Китоб ул -ҷамоҳид» шинос шудан мумкин аст. Чӣ тавре ки Муҳаммад Осимӣ дар сарсухани «Китобуттафҳим ли авоили саноат ит -таҷим» I овардааст. «Осорулбоқия» таърихи тамаддуни умумиинсонирро бо тартиби муайян баён намуда, тарзи такомулёбии афкор ҷамъиятиро бо далелҳои ақлӣ» 1 дар бар мегирад. Абӯрайҳони Берунӣ дар ин китоб андешаи Шарқиёнро оиди падари инсония: будани ҳазрати Одам оварда ва бар зидди андешаҳое, ки ҳазрати Одамро падари инсоният намедонистанд, баромад карда зикр менамояд, ки «тағйиротҳои қиёфа, рангу пусти бадан, ахлоқ, хулқу хӯй натанҳо ба насаб вобаста аст, балки ба мавзеи зист, об, ҳаво ва ғайра зич алоқаманд мебошад».2 Омилҳои ба қавмҳо ҷудо гардидан ва ба забонҳои дигар ҳарф задани инсониятро мутафаккир дар «давраи аввал ба гурӯхҳо тақсим шудан аз ҳам ҷудо гаридан»-и одамон иборат дониста зикр менамояд, ки мувофиқи зарурат ба ҳар гурӯҳи халқ лозим омад, ки бо ин ё он калимае ба ҳамдигар муроч,иат намояд.

Абуалй ибни Сино (980-1037) мутафаккир, аллома, файласуф, табиби нотакрор буда,  дар инкишофи фарҳангу илми мардуми тоҷику форс саҳми босазое гузошта аз хеш мероси гаронбаҳое боқӣ мондааст, ки маъруфтаринашон «Китобулшифо», «Китобулнаҷот», “Ишорот ва танбеҳот”, «Донишнома» «Тадобири манзил» ва ғайраҳо мебошанд.

Мутолиаи ин асарҳо нишон медиҳад, ки аллома дар баробари масоили фалсафӣ, тиббӣ, мантиқӣ, мусиқӣ доир ба ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоии он, равандҳо, ҳодиса ва рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеа андешаҳои ҷолиб иброз кардааст. Бахусус, дар рисолаҳои “Тадобири манзил”, «Қадр», «Мушрид-ул кифоя», «Аҳд», «Таҳсил- ус-саодат», «Ҳай ибни Яқзон», «Тайр», «Ишқ» «муносибатҳои гуногунии иҷтимоии ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мувофиқи таълимоти ӯ инсон дар ҷомеа бе меҳнат зиндагӣ карда наметавонад. Ӯ «эҳтиёҷоти подшоҳону райятро …. бо якдигар мусовӣ» дониста зикр менамояд, ки инсон дар зиндагӣ ба ғизо ниёзманд аст, ки ғизову хӯрок мояи ҳаёти вай аст»1. Маҳз дар якҷоягӣ бо дигарон имкон медиҳад, ки бааосон ризқу рӯзии худро пайдо карда талаботи моддии хешро қонеъ намояд. Дар ҷомеаи инсонӣ муносибатҳои гуногун амал менамояд ва афроди ҷомеа бояд ҳамоҳанги талаботҳои зиндаги амал намояд. Ба андешаи Ибни Сино Инсон бо ақл, шуур, қобилият, ахлоқ, одоб, илму фарҳанг, эҷодкорӣ ва дигар омилҳо аз ҳайвон фарқ менамоянд. Ӯ мардумро ба ин ду қисм» «ҳарис» ва «ба касб мӯҳтоҷ» ҷудо менамояд. Ибни  Сино  саноатро «собиттару пойдортар аз тиҷорат» дониста зикр менамояд, ки тиҷорат ба василаи мол сурат мегирад ва имкони фанову завол буда, мумкин аст аз дасти тоҷир рафта онро бе сармоя бигзорад. Валекин саноат ин тавр нест, балки… соҳиби он онро омӯхта метавонад, бидуни доштани мол ва сармоя ҳам аз он истифода намояд»2. Саноатро Ибни Сино ба ҳайси ҳунар ва донишу таҷриба фаҳмида ва се навъи онро нишон медиҳад.

  • Аз ноҳияи ақл. Ва он иборат аст, аз раъи саҳеҳ ва назари соҳиб дар машварат ва ҳусни тадбир. Ин саноати арбоби сиёсату тадбир ва соҳибони мақоми вазорат мебошад.
  • Аз ноҳияи адаб. Ва он иборот аст, аз нависандагӣ ва муншигарӣ на илму нуҷуму пизишкӣ ва ғайра. Ин саноати удабо аст.
  • Аз ноҳияи дастҳо, монанди шуҷоат. Ва ин саноати суворкорону тирандозон аст.

Аз ин гуфтаҳои аллома бармеояд, ки танҳо нафароне, ки дорои ақли расои ҳаматарафаи инкишофёфта доранд, бояд сарварии ҳокимият ва вазоратхонаҳоро дошта бошанд.

Агар шахс хоҳад, ки «ин саноатро василаи зиндагонӣ иттизох кунад, бояд бикӯшад, бунёди онро бар пояи маҳкаму устуворе қарор бидиҳад» ва аз андарзҳои ҳаким бармоеяд, ки ҳангоми аз бар намудани касб шахс бояд ҳаматарафа сайъ намояд, то ин ки онро бапуррагӣ аз бар намуда, дар касби рӯзгузаронии хеш истифода карда тавонад.

Ҷолиби диққат аст, ки дар андешаҳои ин табиби рӯҳу ҷони одамӣ масоили муносибати тарафайни марду зан ба назар расида ва менигорад, ки «мард мӯҳтоҷ аст …. барои ҳифзу хисорати андӯхтааш каси дигарро ҷонишин бинмояд». Барои ин кор шоиста ва сазовор нест магар зан»1.

Ибни Сино ҳанӯз дар асрҳои 10-11 масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи муосир, баробарии марду занро мавриди таҳлили худ қарор додааст. Аз ҷумла дар рисолаи «Тадобири манзил» 17 сифати беҳтарини занҳоро, аз қабили:

  • Хирадманд бошад.
  • Диндор бошад.
  • Бошарм бошад.
  • Зираку бофатонат бошад.
  • Дӯстдору бомуҳаббат бошад.
  • Валуд бошад.
  • Забондароз набошад.
  • Итоаткор бошад.
  • Покдилу беғаш бошад.
  • Дар пушти сари мард ва ҳоли ғайбати ӯ амин бошад.
  • Вазнину сангин бошад.
  • Бовиқор бошад.
  • Боҳайбат бошад.
  • Дар мақоми хидмат ба шавҳараш таккаббур наварзад, балки фӯрутан бошад.
  • Тадбири кору кирдорашро хубу накӯ бинамояд.
  • Андаки шавҳарашро ба сарфаҷӯӣ зиёд кунад.
  • Гарду ғубори ҳузну андӯҳро аз дили шавҳараш ба василаи ахлоқи накӯ ва забонаш пок кунад, нишон додааст.

Ибни Сино ба масъалаи баробарии марду зан даст зада, зикр менамояд, ки мард бояд «аз умури зайл»

  • Занро ба вазъи хубӣ нигаҳ бидорад..
  • Иғораи ӯро тарк кунад.
  • Хотираи занро ба кори муҳиме машғул созад.

Асоси пойдории оиларо мутафаккир дар эҳтироми тарафайн мсбинад.

Яке аз бахшҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа парваришу омӯзиши фарзандон дар иҷтимост аз тарафи Ибни Сино дар рисолаи « Тадобири манзил» хеле ҷиддӣ мавриди тадқиқ қарор гирифта аст. Ӯ оғози тарбияи насли наврасро аз қатъ гардидани шири модар иборат дониста зикр менамояд, ки «мубаддал ба ғизоҳои дигар шурӯъ шавад , ба таъдиду тарбияти ахлоқӣ».1 Замони ба омӯзиш фарогирии бачаро Ибни Сино аз дуруст забонро аз бар кардани бача ва тансиҳат будани он дониста ва зикр менамояд, ки аз ин замон ба бача бояд «илму адаб омӯхт».

Ибни Сино барои дуруст тарбия намудани атфол пешниҳод менамояд, ки дар «интихоби омӯзгор ва мураббӣ дақиқ шуд» ва ба роҳи таҳзиби ахлоқ ва парваришу тарбияти бача ошно .. буда, бовиқору сангин, бомуруввату покдомон бошад».2

Ибни Сино усули дар иҷтимоъ тадрис додани бачаро пешниҳод карда ва зикр менамояд, ки чунин метод чанд фоида дорад:

  • Шогирдон ҳамеша бо нишоту ҳарис ба омӯхтани илму адаб ва ахлоқ мебошанд, гоҳе бо якдигар муҳобот мекунанд ва гоҳе ба ҳоли ҳамдигар ғибат мехӯранд. Ва мавқеи иззати нафс водорашон менамояд, то аз дигар шогирдон ақиб намонанд.
  • Шогирдон муҷтамеъ бо якдигар сухан мегӯянд, ин сухан гуфтан сабаби рӯшноию фузунии ақлу фаҳмишашон мегардад, зеро ҳар як ширинтарин суханро, ки дидаву шунидааст, ба дигарӣ мегӯяд ва ин ширинӣ мӯҷиби шигифтагӣ ва шигифтагӣ сабаби ҳифзу  гуфтани он ба дигарӣ мегардад.                                                                               
  • Шогирдон бо якдигар рафиқ мешаванд ва ба ҳамдигар эҳтиром менамоянд ва мехоҳанд, ба якдигар сабқат кунанд ва муовазаву мубодилаи ҳуқуқ менамоянд.
  • Ҳамаи инҳо асбоби муҳоботу муҳокимот ва мусобиқот буда, мӯҷиби таҳзиби ахлоқ ва таҳрики ҳимматҳо ва тармини одоби хуб мебошанд.

Файласуф, масаъалаи «ба шогирд чиро бояд омӯхт?»-ро баррасӣ карда, тавсия додааст, ки пас аз омӯзонидани «Қуръони маҷид» «ба ҳар кас муносиби завқу истеъдодаш саноат омӯхт», вагарна таълиму тарбия натиҷаи матлуб намедиҳад».1 Ба қавли мутафаккир «агар ҳама шоиста ва мустадии омӯхтани ҳамаи саноеъ» бошад,  «ҳамаи мардум» дорои «олитарин саноат»-и иҷтимоъ гарданд.

Ҳамин тариқ, дар осори фалсафӣ – иҷтимоии Ибни Сино як зумра панду андарзҳое омадаанд, ки дар омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеа имрӯзҳо аҳамияти илмию методологӣ ва тарбиявии худро гум накардаанд.

Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ (1058-1111) зодаи деҳаи Ғаззоли (ғазол калимаи арабӣ буда, маънои пашмрес ва риштагарро дорад) Тус буда, дар раванди ташаккули фалсафӣ, бахусус «равиши фалсафаи шаккокӣ (скептик)» саҳми беандозае гузоштааст. Ғаззолӣ яке аз аввалинҳо шуда ба ҳимояи фалсафаи калом бархоста, тавонистааст, ки тавассути «Таҳофутулфалосифа» ба паҳншавии фалсафаи машшоъ дар байни аҳли дин гардад. Абӯҳомид Ғаззолӣ ва бародараш Аҳмад Ғаззолӣ дар мадрасаи машҳури Бағдод таълим гирифтаанд ва онҳо ҳар яке дар улуми динӣ мавқею мартабаи хосаеро касб намудаанд. Бахусус  мавқеъ ва мартабаи Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ дар ҷаҳони ислом то кунун бо номи Ҳуҷҷатулислом ёд мегардад.

Ҳуҷҷатулислом доир ба масоили гуногуни фалсафӣ фикрашро дар китобҳои «Албасит фи-л-фурӯ», «Алмунтаҳал фи илмилҷадал», «Ал-иқтисод ва-ал эътиқод», «Ар -рисолату-л-қудусия фи қавоиди- л-ақлия» «Мақосидл фалосифа» «Эҳёи улум», «Кимиёи саодат» ва ғайраҳо иброз намудааст. Бахусус андешаи иҷтимоии ӯ аз Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ сарчашма мегирад. Таълимоти иҷтимоии Муҳаммад Ғаззолӣ дар китоби ӯ «Алиқтисод филэътиқод» хеле возеҳ ва равшан дарҷ гардидааст. Чӣ тавре ки дар сарсухани китоби «Кимиёи саодат» С. Аҳмадов ва Ш. Имомов меоварданд, «таълимоти иҷтимоӣ ва ахлоқии Ғаззолӣ ба ҳаёти порсоӣ (аскетизм) ва шикастанафасию қаноатмандӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст»1 . Дар таълимоти иҷтимоии ӯ дараҷаи имони фард ба фақр, қаноат ва парҳезкорӣ, шефтаи сарват нашудан вобаста мегардад. Ғаззолӣ камбағалӣ, фақру қаноатро воситаи муҳими (такмилдиҳандаи имон мепиндорад. Мутобиқи пиндори ӯ, инсон то андозае аз моли дунё, ки баҳри зиндагии ӯ воҷиб аст, қаноат кунад.

Дар «Кимиёи саодат» ӯ ба масъалаи омӯзиши илм даст зада, баҳсро аз ҳадиси Муҳаммад(с) оғоз менамояд. Ҳадиси Расул( с)  талабу-л- илми фаризатун ало кулли мусслимин, – яъне ҷустани илм фарз аст, бар ҳамаи мусулмонҳо, ки то кунун дар олами ислом сари ин ҳадис баҳсҳои гуногун, аз қабили оне, ки мутакаллимон баронанд, ки мутобиқи ин ҳадис танҳо бояд илми калом омӯхта шавад; фуқаҳо бошанд, иброз менамоянд, ки танҳо илми фиқҳ мавриди омӯзиш қарор гирад. Муҳадисон бошанд, зикр менамоянд,

ки илми ҳадису суннат омӯхта шавад ва суфиён бошанд, бар он андешаанд, ки илми аҳволи дилро бояд омӯхт, вуҷуд доранд. Ҳуҷҷатулислом қайд менамояд, ки «ихтиёри мо он аст, ки ба як илм махсус нест ва ин ҳама илмҳо низ воҷиб аст»2. Яъне ба андешаи Ғаззолӣ, муслимин дар омӯзиш танҳо як илмро мавриди омӯзиш қарор надода, балки донистани ду навъи илм барои онҳо воҷиб аст. Абӯҳомид Ғаззолӣ илмҳоро ба ду навъ – илме, ки «ба дил тааллуқ» дорад ва илме, ки «ба аъмоли ҷавореҳ тааллуқ дорад» ҷудо менамояд. Илми «аъмоли ҷавореҳ тааллуқ дорад (ба Г-Ш) ду қисм карданӣ ва нокарданӣ» 3 ҷудо карда мешавад. Вай зикр менамояд, ки «ҳар кор, ки фаропеш… меояд бад-он вақт илми он воҷиб мешавад. Ғаззолӣ қайд менамояд, ки «ҳар пешаро илме аст» донистани он барои мутахассини соҳа шарт ва зарур аст.

Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ омӯхтани илмро барои ҳама шарт ва зарур ҳисобида, аз ҷумла менигорад, ки илм бар ҳамаи мусулмонон фариза аст ва ҳеҷ мусулмон аз ҷинси илм мустағнӣ нест. Ба андешаи вай азхудкунии илм ҳар пеша, ки бад-он машғул хоҳад шуд, барои ҳама якхела нест. Мартабаи олимро дар байни дигар пешаҳо муайян намуда, зикр менамояд, ки «барои талаби дунё хоҳад буд ва илм бештари халқро дар дунё аз дигар пешаҳо беҳтар» бувад.

Ғаззолӣ дар китоби «Кимиёи саодат» ба тавондорону тоҷирон муроҷиат намуда, зикр менамояд, ки садақаи хешро аввалан « «аҳли илм» диҳанд, зеро ки… ба садақаи вай (олимГ-Ш) фароғати илм ёбад, вай (садақакунада Г-Ш) дар савоби илм шарик бувад»3. Ҷаҳони имрӯза бисёр родмардонеро медонад, ки пажӯҳишҳои олимонро бо маблағҳои молиявӣ таъмин намуда ва мекӯшанд, дар раванди ташаккули маданияти ҷаҳонӣ саҳми хешро бо ин васила гузоранд.

Дар сар то сари осори Муҳаммад Ғаззолӣ назарияи сабру қаноат ҷойи хосаро касб менамояд. Ин назарияи ба таълимоти иҷтимоии дини мубини ислом мувофиқ буда, «сарватеро, ки дар мабнои зулму баҳрабардорӣ аз зулмати дигарон ба даст омадааст, қатъиян маҳкум мекунад. Фақру қаноатро нишонаҳои имони комил шуморида, имонро бо қаноату фақр алоқаманд месозад. Ин афкор ҳам дар Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Расул (а) ва инчунин, дар тамоми таълимоти аҳли тасаввуф зикр гардидааст. Ғаззолӣ дар китоби «Насиҳатулмулук» адлу инсоф, некӣ, накӯкорӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро васф карда, бақои мулкро дар адл дида, ҳукмрони замонро ба адлу инсоф даъват мекард. Аз нигоҳи Ғаззолӣ, чун дигар мутафаккирони аҳли тасаввуф адлу инсоф аз нишонаҳои имон ба Худованд ва ахлоқи ҳамида буда, канораҷӯӣ аз он шахсро аз  имон дур карда, шефтаи ҳавою ҳавас, ғуломи ғаразҳои зишт мегардонад.

Ҳуҷҷатулислом оиди шоҳи одил ҳарф зада, малики сазовор онеро медонад, ки дороӣ шонздаҳ хислат, аз қабили «дониш ва тезҳушӣ ва дарёфтани ҳар афзори кор бастан ва мардонагӣ бо далериву оҳистагиву некхӯӣ ва дод додани заиф ва қавӣ гузоштани дӯстӣ ва меҳтарӣ  намудан ва эҳтирому мардиро ба ҷой овардан ва рой тадбир дар корҳо ва ахбори бисёр хондан ва сияру-л-мулк нигоҳ доштан ва баррасидаи корҳои мулки пешин бошад. Ӯ чаҳор чиз зудудани мулки хешро аз беаслон ва ободон доштани мулк, ба наздик доштани хирадмандон ва нигаҳбон кардани бар мамлакат рои пиронро барои мулк фарз медонад. Ҳамин аст, ки дар аксари мамолики ҷаҳони мутараққӣ Шӯрои пирон дар баробари дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ амал намуда ва маслиҳатҳои хешро дар идора кардани ҷомеа ба сарварони давлатҳо пешниҳод менамоянд. Назарияи истифодабарии зеҳни олимон дар идоракунии давлат сар то сари афкори иҷтимоии Муҳаммад Ғаззолиро дар бар гирифтааст. Аз забони хирадмандони тасаввуф сухан ронда, зикр менамояд, ки “беҳтарин подшоҳ он аст, ки бо аҳли илм муҷоласат кунад” Вай мартабаи илму донишро дар умури идоракунии давлат хуб дарк намуда зикр менамояд, ки «ҳар куҷо хираду дониш бувад, онҷо дувоздаҳ чиз  гирд ояд: иффату адаб ва парҳезу амонат ва ростиву шарм ва раҳмату некӯхӯӣ ва вафову сабр ва ҳилм»1.

Фахриддини Розӣ (1148-1210)  дар марҳилаи аввали фаъолияташ мутакаллими ашъарӣ буда, сипас кӯшидааст, ки фалсафаро ба калом бипайвандад ва каломи нақлиро ба каломи ақлӣ – фалсафӣ мубаддал созад, вале дар интиҳо аз калому фалсафа ноумед гардида ва таълимоти Қуръонро васоити беҳтарини ҳақиқат донистааст. Ин олими пуркор осори зиёде доир ба масоили гуногун эҷод кардааст, ки чор гурӯҳи илмҳои асримиёнагиро дар бар мегирад: 1. улуми ақлӣ (фалсафӣ, мантиқ, калом, ҷадал), 2.риёзиёт ва табииёт, 3. улуми адабӣ (адаб, балоғат, навҳ), 4. улуми динӣ (фиқҳ, усул, тафсир). Аз ин чаҳоргонаи иброзгардида маъруфтаринашон инҳоянд: .

  • «Мабоҳисулмашриқия»
  • «Рисолатулкаломия фи-л -ҳақоиқ-ил- Илоҳия»
  • «Бароҳин дар илми калом»
  • «Мафотиҳулғайб»
  • «Мунозирот»
  • «Ҷомеъулулум». Ин асарро Фахриддини Розӣ ҳангоми дар Хоразм иқомат доштанаш муддати се сол таълиф менамояд. Дар он оиди шаст илм ва шарҳи мавзӯоти онҳо маълумот дода шудааст. Мутафаккир ҳангоми шарҳу баёни илмҳои фиқҳ, тафсир, маонӣ, мантиқ, табииёт, таъбир, тиб, тилисмот, нуҷум, рамл, илоҳиёт, сиёсат, тадбири манзил, одоби мулк кайфият ва хосиятҳои онҳоро баррасӣ кардааст.

Дар таълимоти мутафаккирони асримиёнагӣ ахлоқ ва сиёсат илми ягона ва муштарак ҳисобида шуда ва дар осори ахлоқии эшон ақидаҳои иҷтимоию сиёсиашон низ ба назар мерасад. Зимни баррасии афкори иҷтимоии Фахриддини Розӣ бояд назари ахлоқи ӯро мавриди таҳлил қарор дод ва аз он андешаҳои иҷтимоии ин олим бармеоянд.

Фахриддини Розӣ  дар «Ҷомеъулулум» фаъолияти ҳаётию тарзи амалҳои одамонро ба талаботи маишӣ, эҳтиёҷоти зиндагӣ эзоҳ медиҳад. Табиат ин эҳтиёҷоти мардумро қонеъ гардонида наметавонад, барои қонеъ гардонидани талаботи моддии хеш одам бояд ба касбҳои гуногун: оҳангарӣ, бофандагӣ, бинокорӣ ва ғайраҳо машғул гардад. Вале «як одамӣ мумкин нест, ки ба ҳамагии масолеҳи худ қиём тавонад кард, балки яке зироат кунад ва дуюм хиёлат ва маҷмӯъ ҳама кор тамом гардад»1 Ӯ яке аз омилҳои муносибат кардани одамонро дар ҳал кардани ягон талаботи байни ҳамдигарии одамон мебинад ва зикр менамояд, ки «муҳимоти як шахс бо вай танҳо ҳосил нашавад… ҷамъе мебояд, чунонки миёни эшон муомила бувад, бо ҳар кас чизе аз он ки дорад, ба чиз, ки кас дорад, бадал карда тавонад».

Ҳамин тавр, Фахриддини Розӣ  пайдоиши ҷамъиятро табиӣ шуморида ва ба ташаккулки муносибатҳои иқтисодии байни одамон вобаста намудааст.

Мутафаккир ҷамъиятро аз рӯи қишрҳои иҷтимоиаш ба се табақа: «аввал касоне, ки соҳиби тадбир бошанд, дуюм соҳиби ҳирфиёт ва сеюм, нигаҳбонон» ҷудо кардааст. Агар се ҳирфати асосӣ (зироаткорӣ, бофандагӣ ва бинокорӣ) барои таъмини маишӣ хизмат кунанд, вазифаи сиёсат ба андешаи мутафаккир ба низом даровардани муносибатҳои иҷтимоӣ, «кори мардум» аст. Аз ин рӯ, Фахриддини Розӣ сиёсатро «ҳирфати раиси мутлақ» номидааст, ки ба он ҳирфатҳои дигар тобеъ мебошанд.

Ф.Розӣ  сиёсати идора кардани мулкро ба ду навъ – «фозила» ва «ноқиса» ҷудо кардааст. Сиёсати «фозила» ҳирси молро ба қувваи ақл тобеъ гардонида, фазилатҳои олии ахлоқиро дар ҷомеа мепарварад. Сиёсати «ноқиса», баръакс, ба халқ зулм мекунад, онҳоро ғуломи худ мешуморад, бандаи ҳирсу ҳаво мешавад ва боиси дар мулк ривоҷ ёфтани шарр мегардад.

Фахриддини Розӣ бовар дошт, ки шоҳи одилу бомаърифат, ки сиёсати фозила дошта бошад, дар ҷамъият адлу инсофро ҷорӣ карда метавонад.

Таҳлили афкори ахлоқӣ ва иҷтимоии Фахриддини Розӣ нишон медиҳад, ки вай дар ин ҷодаҳо фикрҳои ҷадидтаре нисбат ба Абӯнасри Форобӣ иброз накардааст, вале афкори ӯ то ба имрӯз шоистаи хондан ва баҳрабардорӣ мебошад.

Ҷалолиддиаи Румӣ (1207-1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри ноби форсӣ-тоҷикӣ буда, дар радифи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Саййидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шӯҳрати адабиёту ҳикмати мардуми тоҷику форсро ва умуман, мардуми мусулмонро оламгир гардонидааст. Ҷалолиддини Румӣ тавонистааст, ки дар раванди ташаккули фалсафаи иҷтимоӣ саҳми беандозаи худро гузорад. Осори ӯ саршор аз андешаҳои иҷтимоӣ буда, барои имрӯзиён ҳамчун манобеи судманди омӯзиши хизмат карда метавонад. Умуман, Румӣ асари алоҳидае оиди иҷтимоиёт нанигошта, вале афкору андешаҳои иҷтимоии ӯро аз асарҳояш, аз қабили «Маснавии маънавӣ», девони

«Шамси Табрезӣ», рисолаи «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мавоизи маҷолиси сабъа» ва «Мактубот» «Мақолот»-и Шамси Табрезӣ -ро дарёфт кардан мумкин аст.

Афкори фалсафию иҷтимоии Мавлоно саршор аз идеяи «Сулҳи кулл» буда ва тавонистааст, ки қавмҳои гуногунеро, ки дар Руми қадим сукунат доштанд, ба ваҳдату ягонагӣ даъват намояд. Ин идея аз тарафи тамоми мардумони Руми қадим пазируфта шуда ва шӯҳрати мутафаккир натанҳо дар Осиё, балки дар тамоми ҷаҳон афзун гардид:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,

 На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!

На шарқиям, на ғарбиям, на дарриям, на баҳриям,

На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!

Назарияи «Сулҳи кулл»-и Мавлоно натанҳо аз Асрҳои Миёна, балки имрӯз низ дар раванди ихтилофи тамаддунҳои гуногун зару рияти худро гум накарда, балки моҳияти навро касб намудааст. Ҷаҳони имрӯза, ки мувоҷеҳи таззодҳои зиёд гардида, лаҳзаҳои ниҳоят ҳассосро аз сар мегузаронад, бояд аз панду андарзҳои Мавлоно пайгирӣ намуда, оммаву тӯдаҳоро ба ваҳдату ҳамдилӣ роҳнамун созад.

Яке аз асарҳои баргузидаи Мавлоно – «Маснавӣ» ба шумор рафта, аз 6 -дафтар иборат буда, шоир-файласуф 14 соли охири ҳаёташро ба эҷоди ин асар бахшида, дафтари шашуми он нотамом монда, дар он андешаҳои судманди орифона, нуктаҳои муфиди иҷтимоӣ, ақидаҳои волои инсонпарварӣ, ситоиши муҳаббати поки маънавӣ, тавсифи ишқи сӯзони инсонӣ, танқиди зимомдорони золим, тарбияти ҳамзамонони ҷоҳил, тараннуми сулҳу ваҳдату бародарӣ, таҷассуми меҳру эътиқоду баробарӣ ва дигар эҳсосу армони наҷиби Мавлоно ба риштаи назм кашида шудааст.

Аксари муҳаққиқони осори Мавлавӣ бар онанд, ки ҳангоми офариниши «Маснавӣ» Мавлоно аз эҷодиёти шифоҳии мардумони гуногуни олам ва беш аз 150 мадраку маъхази хаттиро ба кор андохта, дар навбати худ, мақому мароми созандагиву нигорандагӣ ва «ман»-и шоириву инфиродии хештанро побарҷо нигаҳдорӣ карда тавонистааст.

Идеяи инсони комил – асоси маҳаки «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоноро дар бар мегирад. Инсони комил, ки зинаи олитарини роҳи камолот мебошад, бояд дар атрофи худ танҳо масоили умда ва муқаддасро мушоҳида намояд. Ба ақидаи Мавлоно, инсони комил ваҳдатро  натанҳо барои худ, балки барои ҷаҳон фароҳам месозад ва онро ҳифз мекунад. Аслан ҷаҳоне, ки саршори меҳру муҳаббат аст, наметавонад ба ваҳдат моил набошад. Аз ин лиҳоз, мухолифату беадолатӣ  дар ҷаҳон мухолифи андешаи ягонагист. Мавлоно ба хулосае омадааст, ки ҳатто динҳои мухталиф, сарфи назар аз тафсири гуногуни зоти Худованд ҳақиқатан ягона, яъне асолати офаридгорро меҳвари таълимоти худ медонанд ва дар ин замина ҳар гуна ҷудоиандозиро миёни одамон ботил меҳисобанд. Чуноне ки Мавлоно менигорад:

Ҳар кас ба забоне сифати ҳоли ту гӯяд,

          Тӯтӣ ба шакархониву булбул ба тарона.

Румӣ таъкид месозад, ки инсоният таҳти таъсири омилҳо ва сабабҳои мухталифи таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сатҳи фитрат ва истеъдоди худ дорои дарки хоси худшиносӣ ва худогоҳӣ  мебошад. Одамон ҳақиқатро бо забонҳои гуногун ва бо роҳҳои мухталиф меҷӯянд, зоти Худоро бо сифатҳои мухталиф  ном мебаранд, аммо ҳамаи онҳо дар асл толиби ҳадафи ягона мебошанд:

Мавлоно роҳи расидан ба инсони комилро ниҳоят тӯлонӣ маънидод намуда, аз ҷумла чунин менигорад.

Ҳазорсола раҳ аст, аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба қадди инсонӣ.

Мувофиқи фаҳмиши аксар нафаре, ки калимаи шаҳодатро ба забон оварда ва иқрор менамояд, ки Ло илоҳа илолоҳ Муҳаммадан Расулоллоҳ мусулмон ҳисобида мешавад, вале ба фикри Мавлоно, ин ҳанӯз баёнгари он нест, ки чунин афродро мусулмон ҳисобид ва барои  мусулмони  ҳақиқӣ  шудан солҳои тӯлонӣ бояд заҳмат кашид ва  раҳи ҳазорсоларо тай кардан лозим аст, зеро мутобиқи таълимоти дини мубини ислом, инсон барои ба Ҳақ – таоло расидан зинаҳои махсуси камолотро бояд тай намояд.

Агар барои мусулмонӣ ҳақиқӣ шудан инсон бояд чунин заҳматҳо бикашад, пас барои инсони комил шудан вай бояд дучанд заҳмат кашад. Яъне ҳадди инсонӣ  зинаи баландтарини камолот ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, афкори иҷтимоии Мавлоно саршори идеяҳои гуманистӣ буда, яке аз аввалин тарғибгарон дар роҳи гуфтугӯи тамаддунҳо дар таърихи башарӣ мансуб меёбад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ( 1314-1393) – ориф, солики роҳи тариқат яке аз донишмандони барҷастаи калом ва илмҳои фалсафию ҷомеашносӣ аз худ мероси пурғановате ба донишандӯзону сиёсатмадорон, олимону соликон боқӣ гузоштааст, ки маъруфтарини онҳо «Захиратулмулук», «Одобулмашоих», «Макоримулахлоқ» «Рисолаи Футутия», «Авроди фатҳия» «Насиҳатнома», «Рисолаи Қудсия» мебошанд. Умуман, таълифоти ӯро зиёда аз 90 асар иборат мсдонанд. Афкори иҷтимоии ин орифи бузург дар китобҳои “Захиратулмулук”, «Одобулмашоих», «Макоримулахлоқ» «Рисолаи Футуҳия» ба чашм мерасад.

Гарчанде ки Алии Ҳамадонӣ яке аз соликони тасаввуф ва ба яке аз ҷараён-

ҳои он низ пайваста буд, аммо мисли дигар сӯфиён дунёбезорӣ, гӯшанишиниро ихтиёр накарда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ пардохтааст.

Ҳамадонӣ дар таълимоти хеш мафҳуми ҷамъиятро ба таври махсус таҳлилу тадқиқ накардааст, вале ӯ байни ҷамъият ва табиат фарқиятеро мебинад. Ба андешаи ӯ, байни инсону ҳайвон умумияте вуҷуд дорад, аммо аз дигар хусусиятҳояшон тафовут дар онҳо ба назар мерасад. Ба қавли Ҳамадонӣ, ба ин қатор ақлу нутқ  муҳаббатро ворид намудан мумкин аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба он эътиқод аст, ки тафовутҳои фитрию модарзодӣ, гуногунрангии одамон дар сиришт яке аз омилҳои асосии пайдоиши ҷамъият, давлат ва барқарор гардидани низоми муайяни иҷтимоӣ мегардад. Мутафаккир саҳми омилҳои биологию ахлоқиро минбаъд дар ҷараёни ҳал намудани масъалаҳои давлатию иҷтимоӣ дар ҷои аввал мегузорад. Пайдоиши давлатро маънидод карда, зикр менамояд, ки омилҳои табиӣ боиси пайдоиши давлат гардидаанд.

Ӯ монанди дигар пешгузаштагони хеш тарафдори давлати монархӣ мебошад. Алии Ҳамадонӣ ба сарвар эҳтиёҷ доштани одамонро пеш аз ҳама дар гуногун будани онҳо мебинад. Ба қавли ӯ сарвар онҳоро аз ҷабру зулми якдигар эмин дошта, муносибатҳои байни онҳоро мураттаб менамояд. Мутобиқи дарки мутафаккир чунин шахс танҳо шоҳи одилу оқил шуда метавонад.

Алии Ҳамадонӣ дар афкори иҷтимоии хеш асосан, ба се рукни асосии ҷамъиятӣ: шоҳ, раият ва давлат диққати ҷиддӣ дода, ақоиди худро роҷеъ ба онҳо дар таълифоташ ба шаклҳои мухталиф иброз намудааст. Ба қавли мутафаккир, ҷамъияти инсонӣ мавҷудияти аркони зикршуда: раият, давлат ва шоҳ ҳукми зарурат бошад ҳам, лекин тартиби зуҳур ва амалиёти онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ гуногун мебошад. Раият нисбат ба шоҳу давлат рукни муҳимтар мансуб ёфта, дар ҳаёти иҷтимоӣ нақши ҳалкунандаро иҷро менамояд. Ба қавли файласуфи шинохтаи тоҷик М. Султонов, «маҳз гуногун табъиву мухталифии қобилияту истеъдоди раият ва гуногунии мизоҷи онҳо зарурати падид омадани шоҳ ва олоти идоракунии вай-давлатро ба амал меорад, ки он дар навбати худ дорои тарафҳои мутақобил аст.

Мутафаккир ба масъалаи дигари ҷамъияти инсони комил даст зада, онро аз нигоҳи соликони ирфон мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пеш аз ҳама «ҳокими одил», «анбиё» ва «авлиё»-ро «инсони комил» ҳисобида ва сифати эшонро аз ахлоқи ҳамида иборат медонад. Вай дар рисолаи «Футуҳия» моҳияти «инсони комил» -ро чунин зикр менамояд. «Ақсом ва анвои тоат …. ба се навъ боз гардад; қалбӣ, баданӣ ва молӣ» ва ӯ фикрашро идома дода «инсони комил» он аст, ки ба мардум наздик ва дар миёни эшон ва бо ҳама бандагон ҳақ бошафқат ва насиҳат ва муваддат ва эҳсон зиндагонӣ кунад бо ботин аз ҳама бурида бувад».

Мутафаккир инкишофи «инсони комил» -ро зинамонанд таҷассум карда, зикр менамояд, ки «Ҳақ ҷалла ва таоло одамиро аз ду ҳақиқат офаридааст: зоҳиру ботин, суратро халқ гӯянд ва сиратро хулқ хонанд……     Ва халқ дар қабули таъсири тарбият ва тағайюр

ба се мартабаанд. Мартабаи аввал -тифлӣ, ки ҳанӯз ҳақ аз ботил тамиз накарда бошад. Мартабаи дуввум он, ки нек аз бад тамиз карда бошад, аммо бо сабаби ғалабаи шаҳват ба кори хайр малозимот наметавонад кард. Ва сироти мустақим»2.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи расидан ба Ҳақро «дар миёни панҷ сахтии рӯзгор» мебинад. «Аввал мӯъмине, ки бар вай ҳасад мекунад, дуввум мунофиқе, ки ӯро душман медорад, саввум кофире, ки бо ӯ ҷанг мекунад, чаҳорум шайтоне, ки мехоҳад ӯро гумроҳ кунад, панҷум нафсе, ки ҳар лаҳза ӯро ба ҳавои нафсонӣ мскашад»3.

Дар афкори фалсафӣ-тасаввуфии орифи роҳи ҳақ ду тоифа “инсони комил” ҷилвагар мешавад; образи пайғамбарон ва ҳокими хирадманд, ки дар доираи назарияҳои пайғамбар Муҳаммад (салоллоҳу алайҳи васаллам) амал менамоянд.

Роҳи ташаккули инсони комил дар тасаввуф хусусияти ба худ хосро дорост. Дар он пеш аз ҳама ҳокими хирадманд – файласуф ҳамчун инсони комил қаламдод мегардад. Афкори тасаввуфӣ – флсафии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз идеяҳои антропотсентризм, инсонпарварӣ ва ахлоқи хуҷаста саршор аст. Масалан, дар «Захират ул – мулук» ӯ масъалаи ҳоким –  файласуфи хирадмандро  матраҳ  намуда, барои исботи фикраш ҳикояи пандомезро аз рӯзгори суфиён ва ҳокимони замон овардааст, ки вай чунин аст: «Ҷамъи уламо ва машоихи Ироқ ба таҳсиноти хилофат омаданд, мар Суфавиён». Шоҳ ба ӯ мактуб навишт ва дар давлатдорӣ мадад мепурсад. Суфавиён дар ҷавоб навишт, ки мо ақидаи бародариро ба шарте бо ту баста будем, ки ҳаворо маъбуди худ насозӣ ва хидмати шайтонро бар тоати худ нагзинӣ. Чун ту ин шароит зоеъ кардӣ, мо ҳам қатъи ақди бародарӣ кардем ва дар дунё ва охират аз ту безор гаштем. Ҳорун баъд аз хондани нома як шаб бар дари хонаи Суфавиён шабро рӯз мекунад. Чун Суфавиён берун меояд, Ҳорун бархоста салом медиҳад. Суфавиён рӯй бигардонид. Гуфт ман аз ту безорам. Ҳорун бигрист ва гуфт: туро ба ман безор шудан осон аст, зеро ки туро аз дунё гурез ҳаст ва маро аз ту ҳеҷ рӯй (гардонидан -Г-Ш) мумкин нест, зеро ки маро аз охират гурез нест»1.

Ташаккули «инсони комил»-ро ба мисли пешгузаштагони худ аз қабили Ибни Сино, Фаридуддини Аттор, Мавлои Балхӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ дар тай намудани роҳҳои тариқат, маърифат ва ҳақиқат медонад. Чунончи вай дар маснавии «Ҳафт водӣ» овардааст:

Ҳаст доим салтанат дар маърифат,

Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат, 2

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар рисолаи «Сайр-ул- толибин» ин зинаҳоро шарҳ дода ва мартабаи ҳар соликеро, ки як зинаро тай намудааст, чунин нишон медиҳад: «Солик дар ибтидои ҳол чун ба тоати баданӣ машғул гардад, ӯро …обид номанд. Пас муомилаи вай дар олами ақл ва маъқул расад оқил ва чун зеҳни бузургвори ӯ дар илм ва маълум шуморад олим. Ва чун ба дақоиқи нафсонӣ ва ҳақоиқи сифоти ҷисмонӣ шинос гардад, ориф. Ва чун аз (машғулоти) қалби ва сари эъроз кунад, зоҳид гӯянд. Ва чун бо зикри маҳбуб ором гирад маҳбуб. Ва чун осори муҳаббат ба сувайдои дил расад, халил. Ва чун дар фанои худ қадам ниҳад, ошиқ хонанд3

Файласуф дар рисолаи «Захират -ул – мулук» мавқеи тарбияро дар ташаккули «инсони комил» қайд карда, зикр менамояд, ки «кӯдак дар аввал оинаест, ки ҳар сурат дар баробари он бидорӣ, акси он сурат дар ӯ зоҳир гардад. Ва агар (ӯро ба Г-Ш.) сӯҳбати орифи комиле, муҳаққиқе тарбият (намоянд Г-111.) валӣ аз авлиёҳои вақт гардад».

Ба андешаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, «фарзандро аз хурдӣ ахлоқи (нек-Г-Ш) таълим кунанд ва карнои суъ (бадӣ) нигоҳ доранд».

Ба зиннати дунё нафиребанд ва дар аввал неъмати фаровонро одати ӯ насозанд. Луқмаи ҳаром ғизои ӯ насозанд. Ҳар тифл, ки бадани ӯ дар хурдй ба шир ва луқмаи ҳаром тарбият ёбад, таъби ӯро торик ва муқаддар гардонад»1 Мутафаккир ба хулосае меояд, ки чунин тарбият гирифтагон дигар ислоҳ нопазиранд. Вай зикр менамояд, ки сирати неку бад фарзанд аз модару падар мегирад»1 Ба андешаи олим, «агар модар ва падар, устод ва муаллими (кӯдак Г-Ш) аз аҳли хайр ва салоҳ бошанд, осори дар вай росих гардад ва ӯ ёди илм ва тақво., шавад. Ва агар модару падар ва устоду муаллими ӯ фосиқу ғофил ва ҷоҳил бошанд, осори зулмату фисқ ва фитна ва аҷабу кибр таъби ӯ шавад ва бадбахти ду ҷаҳон гардад. Файласуф зикр менамояд, ки ҳангоми тарбияи фарзанд онҳоро «аз сӯҳбати кӯдаконе, ки бо ҷомаҳои рангин ва абрешимин пӯшидаанд нигоҳ доранд, ки фасоди ахлоқи бештари атфол аз ин аст».

Ӯ зикр менамояд, ки ҳангоми «ба ҳадди таълим расидан ба ҷиҳати таълими Қуръон устоде талаб кунад. Баъд аз таълими Қуръон ба таълими ахбор ва аҳодис ва ҳикоёти машоих ва сулаҳо (солеҳон) ва авлиё машғул гардонад. Ва дар овони таълим ҳар рӯз як соат тифлро, дар лаъбу бозӣ рухсат диҳад, то айш бар вай тира нагардад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хулосае меояд, ки «чун тифлро аз аввали нишот бад-ин тарбият кунанд, чун ба ҳадди булуғ расад, баракоти осори он бар зоҳир ва ботини ӯ зуҳур кунад ва ба аҳли хайр ва салоҳ унс гирад»”.

Хулоса, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зери таъсири таълимотҳои фалсафӣ-динии ҷараёнҳои гуногуни аҳди қадим, таълимоти дини ислом ва ҷараёни тасаввуф идеяи «инсони комил»- ро аз нигоҳи худ баррасӣ намуда, «инсони комил» «ҳокими одил», «анбиё» ва «авлиё»-ро шуморида ва роҳҳои расидан ба ин мартабаро қайд карда, ҳар яке зинаи онро эзоҳ дода ва нақши тарбияро дар ташаккули «инсони комил» зикр намудааст, ки имрӯз истифода намудани онҳо дар тарбияи ҷавонон дар роҳи созандагӣ ва бунёдкорӣ айни муддао мебошанд.

Ҳамин тариқ, ин солики роҳи тариқат тавонистааст, ки ба афкори иҷтимоии ояндагон, аз қабили Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Аҳмад Махдуми Дониш таъсири амиқе гузорад.

Ибни Халдун (1332-1406) – яке аз поягузори илми сотсиология мансуб ёфта, дар асараш «Китобул-Ибар», «Китобалараб», «Муқаддима», «Мантиқ», «Шифоассайл» таърихи халқҳои араб, Мағриб, Эрон, фалсафаи таърих, низому сохтори ниҳодҳои алоҳидаи иҷтимоӣ, мавзӯъ ва вазифаҳои илми таърих, оғози ташкили давлатҳо ва тамаддунҳо, ҳаёти ҷамъиятиро баён намудааст. Вай илми таърихро ба ду гурӯҳ ҷудо менамояд.

  • ) Таърихи зоҳирӣ ( тасвирӣ), ки оиди давлатҳои антиқа ва саргузашти асрҳои пешин маълумот медиҳад. 2) Таърихи ботинӣ ( сотсиологияи таърихӣ). Ибни Халдун умронро дар аксар маврид иҷтимоъ маънидод кардааст. Илми умрон илми иҷтимоъ аст. Илме, ки сабаби падид омадани иҷтимоъ мегардад. Олим умрон ва иҷтимоъро аз бахшҳои давлат, иқтисод, улум, фунун, омӯзишу парвариш медонад.

Мутафаккир мафҳуми ҷамъияти инсониро таҳлил карда, иброз менамояд, ки «иҷтимои инсон зарур аст ва инсон дорои сиришти маданӣ аст, яъне  ногузир иҷтимоъ ташкил медиҳад, ки онро маданияти шаҳрнишинӣ гӯянд ва маънии умрон ҳамин аст ва баёни он чунон аст, ки Худои  субҳона, инсонро биофарид ва ӯро ба сурате таркиб кард, ки зиндагонӣ ва бақряш муяссар нест ва ӯро ба ҷустуҷӯи ғизо роҳбарӣ кард ва дар сохтмони баланди ӯ тавоноии ба даст овардани ғизо фармуд. Вале он чунин қудрате, ки як фарди башар ба танҳоӣ натавонад ниёзмандии хешро аз ғизо фароҳам овард, ӯро лозим аст, касб кунад»1. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки: 1. пайдоишу инкишофи ҷамъият ба зарурати моддӣ – ба истеҳсоли хӯрокворӣ, пӯшок, сохтани олотҳои меҳнат муовинат ва ёрии навъи башарро талаб мекунад. Зеро фарди алоҳида қудрати дар танҳоӣ қонеъ кардани талаботҳои зиндагиро надорад. 2. Моҳияти ҷамъият аз меҳнати якҷояи аъзоёни он барои таъмини маош иборат аст. Бе тақсими ҷамъиятии меҳнат ( яке дуредгар, дигаре бофанда, саввумӣ  косиб) таъмини маош муҳол аст, чунки як фард ҳама корҳоро иҷро карда наметавонад. 3. Ҷамъият барои нигоҳ доштани ҳаққи ҳар афрод ва ҳимоя аз таҷовузгарон ба ҳукумат ниёз дорад. Яъне, мутобиқи афкори Ибни Халдун, яке аз омилҳои пайдоиши давлат эҳтиёҷоти табиии ҷомеа мебошад. Ибни Халдун дар «Муқаддима» се зинаи такомули ҷомеаи инсониро иброз намуда, зикр менамояд, ки 1. Зинаи аввали таърихи инсоният «ваҳшоният» буда, дар ин марҳила тарзи зиндагии онон ва расму русуми онҳо ба ҳолу аҳволи ҳаёти вуҳуш монандӣ дорад; 2) Зинаи дуюм такомули ҷамоаи инсонӣ «бидова» буда, тарзи ҳаёти деҳнишиниро дар бар мегирад; 3. Марҳилаи сеюми ташаккулу такомули инсониятро «ҳизора» ташкил медиҳад, ки дар ин зина инсоният муқими шаҳр гашта ва соҳибтамаддун мегардад». Мутафаккир зиндагонии бадавиро кӯҳантарин ва пештар аз зиндагии шаҳрӣ  ҳисобида зикр менамояд, ки бадавият гаҳвораи тамаддун буда, асоси шаҳрҳо ва ҷузъиётҳои онҳост». Як омили пайдоиши шаҳрро дар ба вуҷуд омадани давлат мебинад. Шаҳрнишинӣ аз беҳтар кардани шароити маишат ва зиндагист. Шаҳр макони маданият, фарҳанг, илму ҳунар буда,  раванди икишофи маънавию ақлонии шахсро тақвият медиҳад. Дар баробари ин бартариҳо, ба андешаи Ибни Халдун, дар шаҳр  тамаъхоҳӣ, фисқу фуҷур, тарс, тамаъҷӯӣ, тӯҳмат дар байни афроди ҷомеа ба назар мерасанд. Мутафаккир ба он андеша аст, ки шаҳрнишинӣ охирин марҳилаи ҷомеаи инсонӣ, поёнии умри миллатҳо, тамаддунҳо ва умрон аст.

Ҳамин тариқ, фалсафаи иҷтимоии Ибни Халдун саршори андешаҳои ҷолиби диққат буда, оид ба паҳпӯҳои гуногуни ҷомеаи инсонӣ, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа ва равандҳои рӯҳӣ маълумот медиҳанд, ки ба омӯхтану татбиқ кардан дар ҷомеа ниёз дорад.

. Ақоиди сотсиологии Ғарб дар Асрҳои Миёна

Асрҳои Миёна дар Ғарб аз замони сукути империяи Рим, яъне соли 476 милодӣ шурӯъ гардида, то давраи Эҳё – асрҳои XVI-XVII идома мекунад. Дин чун идеологияи синфи ҳукмрон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва инчунин, ҳаёти иҷтимоии одамон таъсир расонида тавонист, ки онро асоси афкору ақоид ва ҷаҳонбинии омма намояд. Дар идоракунии давлат, тамоми воқеаҳои сиёсӣ иҷтимоӣ, сиёсӣ, идоракунии давлат, шаклҳои шуури ҷамъиятӣ аз нигоҳи дин баррасӣ мешуданд.

Фомаи Аквинагӣ (1225-1274) яке аз маъруфтарин шахсиятҳои маъруфи идеологияи динӣ мансуб ёфта, асосгузори томиз мебошад. Саҳми Фома дар баланд бардоштани мақоми Калисо дар ҷамоаҳои Ғарбии асримиёнагӣ ниҳоят назаррас мебошад. Фома зикр менамояд, ки агар мардум фаъолияташро дар асоси нишондодҳои калисо ба роҳ монад, ба орзуҳояшон хоҳад расид. Ӯ дар рисолаи «Идоракунии шоҳ», дар мисоли Арасту собит намуд, ки инсон мавҷудоти иҷтимоист ва ҷомеа бошад, табиатан ба вуҷуд меояд.  Давлат натанҳо табиӣ пайдо мешавад, балки санъат низ давлатро офарида метавонад. Хуллас, ин санъат ба амсоли санъатҳои дигар тақлиди табиат мебошанд. Яке аз хусусиятҳои хосаи афкори асримиёнагии Ғарб аз он иборат мебошад, ки мафҳуми ҷомеаро танҳо мансуб ба Калисои католикӣ ва афроде, ки пайравии онҳоро менамуд, медонистанд. Ғайр аз ин, ҷамоаҳои деҳотӣ, коммунаҳои шаҳрӣ, устохона, корпаратсияҳоро мансуби ҷамъият медонистанд.

Дар асрҳои XVII бо ташаккули миллатҳо мафҳуми ҷомеа ба мафҳуми миллат ва давлатҳои миллӣ наздик карда шуда ва тавзеҳ дода мешуд. Саҳми теолог (диншинос), файласуф ва таърихнигори машҳури франсавӣ Боссюэ (1627-1704) дар инкишофи ин ақида чашмрас мебошад. Вай аз навиштаҷотҳои муқаддаси дини насронӣ шарти асосии он «одам барои он офарида шудааст, ки дар ҷомеа зиндагӣ кунад»-ро гирифта таъкид месозад, ки         «Ҷамоаи инсониро бо ду роҳ дидан мумкин аст: 1) Он ба мисли як оилаи калон, ки тамоми қавми инсониятро дар бар мегирад, зоҳир мегардад. 2) Ё ин ки он ба миллатҳо ва халқҳо маҳдуд гардида, аз оилаҳои бисёри мустақил, ки ҳар яке ҳуқуқҳои худро доранд, таркиб ёфтааст»1. Чунин тавзеҳи ҷомеа мутобиқи фаҳмиши олим ҷомеаи шаҳрвандист.

.Афкори сотсиологӣ  дар давраи Эҳё (XVI– ХУЛ)

Дар аҳди Эхе назарияи шартномаи ҷамъиятӣ  дар Аврупо ниҳоят паҳн гардида буд. Ин назария аз аҳди қадим сарчашма гирифта, ба тасаввур оид ба фарқияти ҳолати табиӣ (status naturalis) ва ҳолати шаҳрвандӣ (status civilis) такя менамояд. Шартномаи ҷамъиятӣ ҷои назарияи аз тарафи Худованд офариниши давлатро гирифта, шакли нави қонунӣ будани ҳокимияти давлатӣ гардид. Назарияи шартномаи ҷамъиятӣ гуногун буд. Олимон ҳолати табиӣ ва шартномаи ҷамъиятиро гуногун тавзеҳ дода ва чун шакли гузариш ба ҳолати шаҳрвандӣ меҳисобиданд. Яке аз асосгузорони ин назария мутафаккир ва қонуншиноси  голландӣ – Гуго Гротсӣ (1583-1645) мебошад. Ӯ шартномаи ҷамъиятиро давоми ҳолати иҷтимоии мавҷуда пиндошта ва зикр менамояд, ки гузариш аз як зинаи иҷтимоӣ ба зинаи дигари олӣ дар асоси ҳокимияти давлатӣ қонунҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд меояд. Як қатор мутафаккирони машҳури дунё, аз қабили Жан Боден( 1530-1596) франсуз, Ричард Камберленд (1631-1718) англис ва дигарон ин назарияро тарафдорӣ менамуданд. Нависанда, файласуф ва таърихнигори франсуз – Шаря Монтеске (1689-1755) низ ин ақидаро тарафдорӣ карда, зикр менамояд, ки ҳолати табиӣ-ин зинаи то ҷамъиятии инсоният мебошад. Дар баробари ин вай таъкид менамояд, ки саъю кӯшиши зиндагӣ кардан дар сулҳ, ризоят аз ибтидо хоси табиати инсон аст. Дар китоби «Рӯҳи қонунҳо» чор қонуни табиии инсонӣ дар ҳолати табиӣ бударо нишон медиҳад. « 1) саъю кӯшиши бо дигарон дар сулҳу салоҳ зиндагӣ  кардан. 2) саъю кӯшиш барои дарёфти ғизо.,3) хоҳиш, муроҷиат кардан ба афроди дигар, 4) майлу рағбати зиндагӣ дар ҷомеа»1 ба фикри Монтеске «Ҷомеа ин иттифоқи одамон на худи одамон аст»

Умуман, дар афкори мутафаккирони асрҳои XVII- ХУШ-и Ғарб ҷомеа маҳсули сунъие, ки аз тарафи ақли инсоният ва натиҷаи маслиҳати байни одамону иродаи қонунофарон фаҳмида мешуд.

Томас Гоббс (1588-1679). Ӯ давомдиҳандаи фалсафаи материалистии Ф. Бэкон буда, як қатор асарҳои ҷолиби диққате таълиф намудааст, ки маъруфтаринашон инҳо мебошанд: «Элементҳои қонунҳо», «Дар бораи гражданин», «Левнафан», «Дар бораи ҷисм» «Дар бораи одам» ва ғайраҳо, Гоббс дар баробари андешаҳои фалсафӣ афкори иҷтимоии диққатҷалбкунандае иброз намудааст, ки аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхтани онҳо то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Ӯ ҳодисаҳои ҷамъиятиро мутобиқи назарияи табиатшиносии механикии замонаш тавзеҳ менамуд. Вай назарияи мукаммали табиатшиносии давлатро ба вуҷуд оварда, давлатро ҳамчун ҷисми бузург тадқиқ мекард. Гоббс ҷамъиятро чун маҷмӯи афрод ва табиати ҳар кадом фардро қиёсан ба табиати ҷисми физикӣ аз назар мегузаронд. Маҷмӯи фардҳо будани ҷамъият як навъ атомизми иҷтимоӣ мебошад. Гоббс майли дар ҷамъият зиндагӣ кардани одамонро эътироф менамояд ва зикр  менамояд, ки ин қобилият табиӣ  набуда, балки тавассути донишҳост.

Ӯ ду ҳолати ҷамъияти инсониро фарқ менамояд: ҳолати табиӣ ва шарҳвандӣ. Дар ҳолати табиӣ ҳуқуқи одам пурра ба қувват мувофиқ меояд ва ҳар як фард ба он чизе, ки иқтидори аз худ кардан дорад, соҳибҳуқуқ аст. Дар ин ҳолат шахс пурра муҳофизат карда намешавад, ҳар лаҳза ҳар кас метавонад қурбони қувваи зӯртаре гардад. Ин ҳолатро Гоббс ҷанги умумии ҳама ба муқобили ҳама ном мебарад. Ин ҳолатро вай танқид карда, зикр менамояд, ки «наметавонад барои одамон манфиатнок» бошад.

Аз ин рӯ, аз ҳолати табиӣ ба ҳолати шаҳрвандӣ гузаштанро зарур медонад. Барои ба ҳолати шарҳвандӣ гузаштан фард бояд бо дигарон муоҳида баста ва мувофиқи муоҳида аз ҳуқукҳои ҳолати табиии худ даст кашида, онро ба зиммаи давлат вогузор намояд. Давлат бо ҳамин роҳ  ифодакунандаи ҳуқуқӣ ҳама ва ҷамъият баромад карда метавонад. Ташкилёбии давлатро Гоббс ба асотири бадҳайбати китоби Таврот Левиафан монанд менамояд.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки Гоббс душмани ба шохаҳо тақсим намудани ҳокимият буд.

Жан -Жак Руссо (1712-1778) дар таълифоташ «Муҳокима дар бораи пайдоиши нобаробарӣ дар байни одамон», «дар бораи шартномаи ҷамъиятӣ» ба мисли Гоббс бар андешаест, ки одамон дар ҳолати табиӣ ба ҳам баробаранд, ҷамъият, давлат натиҷаи муҳовада аст. Мутобиқи фаҳмиши ӯ одам табиатан меҳрубон, озод ва мағрур буда, ба дигарон ниёз надорад. Замоне фаро мерасад, ки одамон наметавонанд дар ҳолати табиӣ боқӣ монанд, зеро қувваҳои табиие пайдо мешаванд, ки ҳаёти инсониятро зери хатар мегузоранд, барои баромадан аз ин бӯҳрон одамон ба ҳамдигар шартнома баста,ба ҳолати шаҳрвандӣ қадам мениҳанд.

Руссо ҷомеаро маҳсули шартномаи фардҳо дониста ва қайд менамояд, ки ассотсиатсияҳое, ки дар натиҷаи бастани шартномаҳо ба вуҷуд меоянд, мутобиқи қонунҳои хосаашон зиндагӣ хоҳанд кард. Ин ақида бо вожаҳои «иродаи умумӣ», «завқи умумӣ», «мустақилият», «мавҷудияти коллективӣ» аз тарафи ӯ ифода мегардид. Руссо ҳокимияти олиро – сар, қонунҳоро мағзи сар,

тиҷорат, саноат ва хоҷагии қишлоқро даст ва шикам, молияро – хун на ғайраҳо меҳисобад. Ин тасаввурот оиди ҷомеа минбаъд дар мактабҳои сотсиологии классикӣ низ идома меёбад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.