Ташаккули сотсиология хамчун илми мустакил

                          4.1.  Заминаҳои пайдоиши сотсиология чун илми мустақил

                   4.2.  Огюст Конт асосгузори сотсиология

                   4.3.  Равияи табиатшиносӣ дар сотсиология

                   4.4.  Равияи психологӣ ва психоаналитикӣ дар сотсиология

                   4.5.  НуҚтаи назари марксистӣ дар сотсиология

Дар авохири асри XVIII аввали асри XIX дар Аврупо тағйиротҳои куллие ба амал омад, ки ҷаҳонбинии одамонро оид ба илм, ҳаёт ва умуман, ҷомеа пурра дигар намуд. Илми сотсиология маҳз тавассути чунин тағйирёбиҳо ташаккул ёфтааст. Ҷомеаи аврупоӣ аз шакли монархии идоракунии асримиёнагӣ ба шакли нави идоракунии капиталистӣ қадам мениҳад. Суръати тези тараққиёти капитализм сабаби пайдоиши як қатор мушкилотҳои иҷтимоии дигар дар ҷомеа мегардад. Масалан, ба мисли ҷомеаи имрӯзаи мо бойҳо зуд бойтар ва камбағалон боз ҳам қашшоқтар мешуданд. Ҷабру истисмор аз тарафи корфармоён рӯз ба рӯз сангинтар мешуд ва ниҳоят, меҳнаткашон ба дод омада, эътирозҳои оммавӣ, коршиканӣ ва шӯришҳо бардоштаанд. Бахусус, аввалин маротиба бофандагони Селезӣ ва Леон. Ғайр аз ин ҳаракатҳо аз қабили хдракати чаргистҳо, лудистҳо ба вуҷуд омаданд. Фалсафаи анъанавӣ дар ҷавоби ин рӯйдодҳои нави ҷамъиятӣ душворӣ  мекашид ва сабабҳои ба вуқӯъ омадани онҳоро ошкор карда наметавонист. Ин рӯйдодҳо аксари мардумро мушавваш менамуд ва барои баҳо додан ба ин масъалаҳо илми нав лозим буд.

Ташаккули сотсиология ин як ҷавобе буд, ба он тағйирёбиҳое, ки дар ҷамоаи инсонӣ ба амал омада буданд. Ҷомеашиносӣ аз диди фалсафаи анаънавӣ, ки назарияи фалсафии абстрактӣ (мавҳум) – ро пайгирӣ менамуд, амал намуда, принсипҳои фалсафаи нави позитивистӣ (позитивизм равияи идеалистии фалсафаи буржуазӣ аст, ки фалсафаро ҳамчун илм инкор мекард, донишро маҳсули ҳамаи илмҳо мешуморид), ки дар асоси илмҳои табиӣ ва дақиқ бунёд ёфта буд, барои ҷомеашиносӣ як кашфиёти ҷадиде ба шумор мерафт. Тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз нуқтаи назар ва усулҳои илмҳои табиӣ мавриди тадқиқи ҷомеашинос қарор мегирифт. Донишҳои иҷтимоиро натанҳо бо методҳои илмҳои табиӣ (мушоҳида, таҷриба ва ғайраҳо), балки баъзе навъҳои илмҳои натуралистӣ (механитсизм, биологизм, органитсизм ва ғайраҳо) мавриди омӯзиш қарор медоданд. Аз ҳамин лиҳоз, пайдоиши Сотсиология дар худ шукӯҳу шаҳомати илмӣ ва тарҳи табиӣ-илмиро гирифта дараҷаи инкишофи илмҳои табииро инъикос менамуд.

Пайдоиши сотсиология натоиҷи ташаккули ҷомеашиносист. Дар назарияҳои «физикаи иҷтимоӣ» ҳанӯз дар асари XVIII андешаи он, ки ҷомеа ин система (низом) аст, пайдо шуда буд. Қонунҳои маъмули илмҳои табиӣ, бахусус, геометрия, механика ва астраномия ба далелҳои зиёди ихтилофноки иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Маҳз ҳамин ихтилофот сабаб шуд, рӯйдодҳои иҷтимоиро олимон мекӯшиданд, ки тибқи қонунҳои илмҳои табиӣ баҳо диҳанд. Дар давраи Эҳё  чӣ тавре  ки болотар зикр намуда будем, олимон ҷомеаро ба мисли мошина фаҳмида ва зикр менамуданд, ки ҳар як винтча вазифаи хешро он иҷро менамояд. Тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва иваз намудани ҷойю мартаба дар ҷомеа мутобиқи ҳамин нуқтаи назар сурат мегирифт. Дар асри XIX аввалин кӯшиши ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодиро бидуни сиёсат таҳлил намудан пайдо гардид. Мутафаккири  машҳур – Жан  Жак  Руссо дар ҳалли масъалаи  нобаробарии  иҷтимоӣ қадами устуворе гузошт. Олимони иҷтимоиётшиноси англис асоси илми демографияи муосирро гузошта, методи тадқиқи миқдории қонуниятҳои иҷтимоиро кор карда мебароянд. Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофӣ омили инкишофи илми антропологияи иҷтимоӣ гардиданд. Ҳамин тариқ, заминаи пайдоши илми наве, ки ҷомеаро чун як низоми том омӯзад, ба вуҷуд меояд.

О.Конт – асосгузори илми сотсиология

Огюст Конт (1798 – 1857) – файласуфи франсуз, яке аз асосгузорони илми сотсиология шинохта мешавад. Вай натанҳо мафҳуми “Сотсиология”-ро ба илм ворид намуд, балки ин илми навро муқобили фалсафа гузошт. Яке аз ғояҳои асосии Конт ин ҷудо намудани илм аз метафизика ва дин мебошад. Ба андешаи ӯ, илми ҳақиқӣ бояд, аз саволҳои «ҳалнашаванда», ки онҳоро на ба далелҳо такя намуда, тасдиқ кардан мумкин асту на ба инкор даст кашад. Ба андешаи ӯ, танҳо илме, ки манфиат меорад, ҳуқуқи маънавии вуҷуд доштанро дорад.

Конт ҳафт сол котиби файласуфи -утопист (хаёлпараст) Сен Симон буд, ба таври худ андешаҳои ӯро тавзеҳ менамуд.  Умуман, дар таърихи афкори инсоният ҳодисаҳои бисёре ба назар мерасанд, ки бузургони зиёд дар якҷоягӣ фаъолият намуда, аксари онҳо аз ҳам дар натиҷаи баҳс ҳангоми чопи ягон асар ҷудо мегарданд. Тақдир Огюст Конт ва Сен -Симонро пас аз таълифи китоби «Системаи сиёсати исботӣ» (позитивӣ) соли 1824, ки онро Конт таълиф намуда ба Сен -Симон барои тақриз нигоштан пешниҳод карда буд, аз ҳам ҷудо менамояд. Сен -Симон китобро ба номи «Шароити аҳли саноат» чоп менамояд.

Фаъолияти эҷодии Огюст Контро ба се давра ҷудо намудан мумкин аст. Давраи аввал (1818-1828), ки дар ин давра вай шаш иншои хурд таълиф менамояд, ки минбаъд онҳоро дар рисолаи «Низоми сиёсати исботӣ» (1854) ҷой додааст. Дар ин навиштаҷотҳо вай шарт ва роҳҳои ақлгароёнаи ислоҳоти иҷтимоиро, ки инсоният дар зинаи бетартибӣ қарор дошт, нишон медиҳад. Дар ин навиштаҷотҳо андешаҳоеро дарёфт намудан мумкин аст, ки ӯ баъдан такомул додааст. Амсоли нақши олимон дар ҷомеаи нав, фарқияти ду давраи асосии инкишофи инсоният, мафҳуми позитивизму усулҳои сиёсати позитивӣ ва қонуни машҳури се марҳила».

Давраи дуюм (1830-1842) -ин давраи камолоти ҳаёти эҷодии олим буда, вай асари «Курси фалсафаи исботӣ» -ро ки пайдарпай тайи солҳои 1830, 1835, 1838, 1839, 1841 чоп гардидаанд, таълиф намудааст.

Давраи охири эҷодиёти ӯ аз нимаи дуюми солҳои 40 асри XIX оғоз меёбад. Дар ин марҳила вай асарҳои зерини худро: «Низоми сиёсати исботӣ» ( 1854) «Таҳлили субъективӣ» (1856) ва ғайраҳоро таълиф менамояд. Вай яке аз вазифаҳои муҳими эҷодияшро дар таълифи «Инҷили илмӣ» медид. Ӯ иброз менамояд, ки ҳақиқати иҷтимоӣ бо ёрии усулҳои илмҳои табиӣ -мушоҳида, таҷриба, таҳлили муқоисавӣ омӯхта шавад.

Зуҳури сотсилогияи Конт натанҳо ба давраи инкишофи ҷомеа вобаста аст, балки ба инкишофи таърихии илм низ вобастагӣ  дорад. Дар афкори вай мо ба як қатор вожаҳои нави илмӣ, аз қабили позитивӣ, позитивизм, қонуни се марҳила, таснифоти илмҳо, организми иҷтимоӣ, низоми иҷтимоӣ, тартибот ва инкишоф, усули объективӣ ва субъективӣ, дини инсоният, сотсиократия ва ғайраҳоро мушоҳида менамоем. Мутобиқи қонуни таснифоти илмҳои Конт, ҳар як илми пештар пайдо гардида яке аз омили ба вуҷуд омадани илми дигари мураккабтар мегардад. Вай илми биологияро илми наздиктар ба сотсиология мансуб медонист. Ба андешаи ӯ, онҳоро пеш аз ҳама мураккабии предмети тадқиқ муттаҳид мегардонад ва онҳо чун як низом амал менамоянд.

Инкишофи ҷомеаро Конт дар зоҳиршавии «Қонуни се – марҳилавӣ» мебинад. Ба фикри ӯ, ҷомеа аз як марҳила ба марҳилаи дигар теологӣ, метафизикӣ ва позитивистӣ дар такомул аст. Марҳилаи теологӣ аз аҳди қадим то 1300 мелодӣ идома ёфтааст. Дар ин марҳила тамоми фаъолият ва равандҳою рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеа натиҷаи фаъолияти қувваи абарқудрат фаҳмида мешуд. Пешвоҳои қабилаҳоро шуури теологӣ таҷассумкунандаи ин қувваҳо медонист. Тазаккур намуд, ки қонунҳои инкишофи ақлро манъ намудан аз имкон берун аст ва ақли инсонӣ низоми кӯҳанро шикаста тараққӣ менамояд. Шикасти низоми кӯҳан мутобиқи афкори вай як давраи калонро дар бар хоҳад гирифт. Марҳилаи наве, ки низоми кӯҳани диниро шикаста ва ба ҷои он зуҳур намуд, ба андешаи Конт марҳилаи метафизикӣ мебошад. Марҳилаи метафизикӣ аз солҳои 1300 то 1800 мелодӣ идома меёбад. “Рӯҳи метафизикӣ” сабаби зуҳури шакку шубҳа, худпарастӣ, хулқу ахлоқи коста ва бетартибии сиёсӣ мегардад. Ин ҳолати номӯътадилии ҷомеаи инсонист. Ба фикри вай, барои сохтани ҷомеаи мӯътадил як идеологияи муттаҳидкунандае, ки дар асоси инкишофи донишҳои илмӣ бунёд ёфта бошад, лозим аст. Ӯ позитивизмро чунин идеология мансуб дониста, зикр менамояд, ки марҳилаи дигари инкишофи инсоният ин ҷомеаи позитивистист. Ҷомеаи нав бояд бо хусусиятҳои хеш аз ҷомеаи худпарастии ҳарбӣ фарқ намояд. Яъне, дар ин марҳила инсоният аз ҷомеаи ҳарбӣ ба ҷомеаи тараққикардаи саноатӣ мубаддал гардад. Азбаски дар чунин ҷомеа низ хусусиятҳои манфӣ ҷой дорад, вазифаи илм аз тоза намудани ин камбудиҳост.

Равияи табиатшиносӣ дар сотсиология

Натурализм дар сотсилогия як самти назариявӣ – методологии ин илм буда, ба методҳои тадқиқи илмҳои табиӣ такя менамояд. Дар сотсиологияи охири асри XIX ва аввали асри XX ду навъи натурализм – иҷтимоӣ-биологӣ ва иҷтимоӣ – механитсизм ҷой дошт. Вале равияи аввал нисбат ба равияи дуюм бартарӣ дошта, зери назарияҳои организми иҷтимоӣ ва дарвинизми иҷтимоӣ

фаъолият менамуд. Намояндагони равияи иҷтимоӣ-биологӣ қонунҳои амалкунанда ва ташаккулдиҳандаи ҷомеаро дар муқоисаи организми биологӣ ва эволютсияи биологӣ мавриди таҳлили худ қарор медоданд.

Органитсизми иҷтимоӣ – консепсияи методологии ҷомеа буда, дар он ҷомеа чун шабоҳати як воҳиди том ба организми биологӣ маънидод карда мешуд. Намояндаҳои барҷастаи ин ҷараён Г. Спенсер, А.Шеффле, Р.Вормс мансуб меёфтанд. Минбаъд зери таъсирии ин ҷараён равияи днгар эволютсионизм ба вуҷуд меояд.

Ғоян эволютсионизм дар сотсиолгияи баъд аз нашри осори Чарлз Дарвин пайдо шуд. Эволютсионизми иҷтимоӣ ҷидду ҷаҳд менамуд, ки ҷараёни таърихиро чун як қисми ҷараёни беинтиҳои кайҳон, низоми сайёрҳо, Замин ва фарҳанг ҳаматарафа дарк намуда, маънидод намояд. Бахусус, осори Герберт Спенсер(1820 – 1903) – файласуф- сотсиологи машҳур дар ташвиқи ин ғоя нақши калоне гузоштааст.

Ақоиди назариявии Спенсер зери таъсири комёбиҳои илмҳои табиӣ, бахусус, китоби «Пайдоиши навъҳо»-и Ч. Дарвин ва осори Адам Смиту Роберт Малтус ба вуҷуд омадаанд. Дар маркази андешаҳои ӯ ғояи эволютсияи иҷтимоӣ меистад. Эволютсияи иҷтимоиро як бахши эволютсияи умумӣ маънидод менамоянд. Вай эволютсияи иҷтимоиро на як ҷараён, балки аз ҷараёнҳои зиёди мухтор иборат медонист.

Спенсер яке аз аввалинҳо шуда вазифаҳои фанни сотсилогия ва доираи масъалаҳои онро дар китоби «Асосҳои сотсиология» баён намудааст. Вазифаи сотсиологияро ӯ аз омӯзиши рӯйдодҳои монанд, далелҳои иҷтимоӣ, ки таъсири қонунқои эволютсиониро дар раванди ҷараёнҳо кушода медоданд, иборат дониста, зикр менамуд, ки қонунҳои эволютсионӣ ба ирода ва хусусиятҳри ягон фард вобаста нест.

Спенсер ду шакли ҷомеа – ҷомеаи ҳарбӣ ва ҷомеаи саноатиро нишон дода, вуҷуд доштани ду тарзи муборизаро чун омили асосии пойдормондаи қайд намудааст. Шакли аввали мубориза тариқи низоми ҳарбӣ суръат гирифта тарафи ғолиб мағлубонро маҳв менамояд. Дар шакли дуюм бошад, пеш аз ҳама рақобати истеҳсоли ҷой дошта ва дар он танҳо ҷомеаҳое, ки зеҳн ва хусусиятқои ахлоқии қавмиро доранд, ғалаба менамоянд. Чӣ тавре ки олими шинохта Одина Ғуломов зикр менамояд «хизмати дигари Спенсер аз он иборат мебошад, ки ӯ яке аз аввалинҳо шуда вожаҳои система, функсия, сохтор, институт-ро дар сотсиология ҷорӣ кардааст».

Эволютсионизми анъанавӣ ба рӯҳияи ҳаёти илмии ҷаҳон таъсири худро гузошта ва равияҳои нави он ба вуҷуд омаданд. Яке аз равияҳои нав дарвинизми иҷтимоӣ ба номи Герберт Спенсер ва Людвиг Гумплович сахт марбут мебошад. Дарвинизми иҷтимоӣ табиӣ будани эволютсияи биологиро қайд намуда, принсипи интихоби табииро ба сифати омили муайянкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ медонист. Асоси ғоявии ин равияро дар қобилияти табиӣ – иҷтимоии одамон дида, ҷомеа мутобиқи қонунҳои табиӣ фаъолият мекунад. Олими австриягӣ – Людвиг Гумплович (1838-1909) дар осори хеш «Муборизаи нажодҳо» ва «Асосҳои сотсиология» доир ба предмети омӯзиши сотсиология, низ дар ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ақоиди хешро баён намудааст. Аз ҷумла вай дар китоби «Асосҳои сотсилогия» доир ба предмети омӯзиши сотсиология даҳ омилро зикр менамояд, ки «сотсиология бояд гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва муносибати байни онҳоро мавриди омӯзиши худ қарор диҳад. Муносибати гурӯҳҳоро ӯ муборизаи беамони гурӯҳҳо тасвиркарда менигорад, ки яке аз омилҳои асосии ҳаёти иҷтимоист. Ба фикри ӯ, яке аз қонунҳои асосии иҷтимоӣ ин «саъю кӯшиши ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ аз тобеъ намудани гурӯҳи дигари иҷтимоист»2 Таърихи инкишофи башарият аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми муборизаи гурӯҳию аввалан як гурӯҳ, аз тарафи дигар умуман, маҳв карда мешуд, вале рафта – рафта гурӯҳи ғолиб мағлубонро тобеи худ гардонида, онҳоро ба мақсади бештар фоида ба даст овардан истифода мебурданд. Чунин ҳамроҳкуниро Гумплович ба эътибор гирифта зикр менамояд, ки яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани давлат маҳсуб меёбад. Бо пайдоиши давлат  низои байни гурӯҳҳо аз байн нарафта, балки ба шакли нави муборизаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ворид мегардад. Вай ғояи муборизаи синфиро рад карда ва ақидаи муборизаи нажодҳоро ба миён гузошта буд. Вай зикр менамуд, ки ҳамагуна гурӯҳи пурқуввати этникӣ гурӯҳҳои хурди этникиро тобеи худ гардонида, барои пойдор мондани гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ аз қонуни табиии ҷамъиятӣ мубориза барои зистан истифода мебаранд.

Механитсизми иҷтимоӣ – равияест, ки асри XIX дар аввали марҳилаи ташаккули сотсиология ба вуҷуд омада, яке аз навъҳои охири позитивизм мансуб меёбад. Онҳо зери таъсири физикаи анъанавӣ қонуниятҳои ҳаёти иҷтимоиро тибқи қонуну қонуниятҳои механики мавриди таҳлил қарор дода буданд. Аз ин рӯ, дар осори эшон вожақо ва ибораҳои зиёди физикӣ  истифода мешуданд. Сохтори иҷтимоӣ, ҷамъи ададҳо маънидод гардида ва ҷомеа бошад, амсоли агрегати механикӣ аз фардҳо таркиб ёфтааст. Соддагии тарафдори механитсизм дар он таҷассум мегардад, ки онҳо  сохтор ва ҷараёнҳои иҷтимоиро ба сохтор ва ҷараёнҳои олами ғайриорганикӣ муқоиса карда мекӯшиданд, ки онҳоро тибқи як қонуни умумӣ омӯзанд.

Дар асри XX механитсизм вобаста ба марҳилаҳои инкишофи илми физика дар шаклҳои нав (энергетикӣ, термодинамикӣ ва ғайраҳо) зуҳур менамояд. Ин андешаҳоро олимони бузург амсоли В.Ф. Освалд ва В.М. Бехтерев идома додаанд.

Ҷараёни психологӣ дар сотсиология

Дар охири асри XIX назарияи биологӣ -табиӣ ба бӯҳрон гирифтор гашт, имконият пайдо гардид, ки равияи  психологӣ – иҷтимоӣ ташаккул ёбад. Психологизм дар сотсиология – кӯшишест, ки тавассути қонунҳо, инкишофи рӯйдодҳои равонӣ моҳияти одаму ҷомеаро кушода диҳад. Намояндагони ин ҷараён аз чанд тараф моҳияти рӯйдодҳои равониро кушода ва бо ёрии онҳо рӯйдодҳои иҷтимоиро маънидод мекарданд. Ин ҷараён дорои ду равияи мустақил буда, равияи аввал бо номи «психологияи халқҳо» машҳур буда, сахт бо этнография алоқамандӣ дорад. Равияи дуюм психологияи гурӯҳҳо ва интераксионизм ном дорад.

Намояндаҳои барҷастаи равияи психологияи халқҳо Вилгелм Вунд, психологияи гурӯҳҳо Гюстав Лебон ва Габриел Тард, интераксионизм Джордж Герберт Мид мансуб меёбанд. Равияи “психологияи халқҳо” ба тадқиқи таъсири мутақобилаи маданиятҳо ва шуури фардӣ аввалин шуда даст задааст. Наздик намудани тадқиқи психолигӣ, этнографӣ, лингвистикӣ, антропологӣ яке аз дастовардҳои бузурги ин равия ба шумор меравад. Вале дар охирҳои асри XIX муайян гардид, ки на психологияи фард, на «рӯҳи халқӣ» наметавонанд барои дарки рӯйдодҳои иҷтимоӣ  калид бошанд. Ин нуқтаро олимон дарк карда ба омӯзиши рафтори гурӯҳ, ва омма даст мезананд.

Олими шинохтаи сотсиология Г.Лебон вазъи ҷомеаи аврупоиро таҳлил намуда, зикр менамояд, ки ҷомеа ба марҳилаи нави тараққиёти хеш – давраи издиҳом, тӯда қадам ниҳода аст, ки тафаккури танқидии фард аз тарафи шуури беақлонаи издиҳом маҷақ карда мешавад. Лебон издиҳомро чун гурӯҳи одамоне, ки гирифтори як рӯҳияи умумидошта эзоҳ дода, хусусиятҳои зерини издиҳомро ба мисли ҳама гирифтори як ғояи умумӣ гардидаанд, дарки қувваи хеш, эҳсосоти масъулият доштанро гум менамоянд, ҳамеша тайёранд, барои зуд фаъолият кардан ва беақлона ба пешво пайравӣ кардани онҳоро қайд менамояд.

Ба андешаи Г.Тард яке аз муносибатҳои иҷтимоии оддитарин ин интиқол ва ё кӯшиши интиқлдиҳии эътиқод ва орзуҳост. Намунаи соддаи чунин муносибат -ҳолати хоби гиптнозист. «Ҷомеа -ин тақлид аст- тақлид дар навбати худ як навъи гипноз аст» Вай ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҷараёнҳои онро тавассути оддитарин механизмҳои психикӣ бахусус тақлид, ки яке аз механизмҳои оддӣ мансуб меёбад, маънидод менамояд.

Тард ҷомеаро ба майнаи сар қиёс намуда, фардро майнаи сари ҷомеа медонад. Вай калиди дарк намудани руйдодҳои иҷтимоиро дар психология медид. Вазифаи сотсиология аз омӯхтани қонунҳои тақлид намудан иборат мебошад, ки бо шарофати ин қонунҳо ҷомеа вуҷуд доштани ягонагии худро таъмин карда, аз тарафи дигар, паҳлӯҳои гуногуни он инкишоф ёфта ва ихтирооти нав паҳн мегардад.

Самти интераксионизми сотсиологӣ дар Амрико кӯшидаанд, ки психологизмро бо органитсизм муттаҳид намоянд. Дар маркази ғояҳои онҳо ҷараёни фаъолияти якҷояи фардҳо меистод. Аз ҳамин ҷо номи ин ҷараён -интереаксионизм баромадааст. Шахс ба ҳайси субъекти фаъолияти якҷоя баромад карда, чун фарди мавҳум (абстрактӣ) дониста нашуда, балки чун мавҷудоти иҷтимоӣ маънидод гардида ва ба гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ мансуб буда, дар ҷомеа вазифаҳои мушаххасро иҷро менамояд.

Асосгузори интераксионизм файласуф ва сотсиологи америкоӣ Ҷорҷ Герберт Мид (1863 – 1931) афзалияти иҷтимоиро нисбат ба фард дар ташаккули шахс қайд менамояд. Мид мавқеи худро ҳамчун «бихеворизми иҷтимоӣ»

 шарҳ дода, зикр менамояд, ки танҳо тавассути мафҳумҳои рафтор шуури инсонро дуруст фаҳмонидан мумкин аст.

Ба андешаи Мид, ҷаҳони иҷтимоии фард ва инсон дар натиҷаи фаъолияти якҷоя, ки нақши муҳимро «муҳити рамзӣ» мебозад, ташаккул меёбад. Мутобиқи ғояҳои ӯ муносибати байни одамон тавассути рамзҳои махсус, аз қабили имову ишора, забон ва ғайраҳо сурат мегирад. Ба фикри Мид, инсон замоне, ки худро дарк мекунад, хешро аз дигарон ҳангоми фаъолияти якҷоя чун як оинаи психологӣ муқоиса менамояд. Ӯ тахмин менамояд, ки инсон натанҳо  кирдори дигаронро эҳсос карда, балки мақсаду ниятҳои онҳоро низ ҳис менамояд, одамон ҳамеша мақсаду ниятҳои дигаронро дарк карда, кирдори онҳоро таҳлил намуда, ба таҷрибаи худ такя намуда, фаъолият менамоянд. Моҳияти назарияи интераксионизми рамзӣ дар дида баромадани фаъолияти якҷояи байни фардҳо чун гуфтугӯи канданашаванда мебошад.

Психосотсиологҳо, ки аз биологикунонии – ҷомеа даст кашида буданд, мекӯшиданд, ки эволютсионизмро мағлуб намоянд. Таҳлилҳои назариявии онҳо бештар хусусияги таҳлилиро касб менамояд, вале ҳамаи ин кӯшишҳо натавонист, ки ин ҷараёнро дар маънидодкунӣ, рӯйдодҳо, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои илми ҷомеашиносӣ аз бӯҳрон раҳо намояд. Бахусус, баҳс доир ба ташаккулу такомули сотсиология дар Олмон авохири асри XIX , ки ба номи Фердинанд Теннис (1855 -1836) марбут аст, сурат гирифт.

Теннис муносибатҳои ҷамъиятиро иродавӣ маънидод менамояд. Вай муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба навъҳои ирода ҷудо менамояд. Иродаи табиӣ инстинктивӣ- бешуурона, муҳаббати модарӣ аст, ки одам берун аз ақл рафтор менамояд. Иродаи оқилонаи фард, имкон медиҳад, ки фард интихоб намояд ва кирдорашро бошуурона ба роҳ, монад. Мисол шуда метавонад – тиҷорат. Иродаи табиӣ-ҷамоаҳо ва иродаи оқилона -ҷомеаро ба вуҷуд меоранд. Дар ҷамоаҳо инстинктивӣ- бешуурӣ, эҳсосот, муносибатҳои табиӣ ҳукмрон буда, дар ҷомеа бошад, ақли бомулоҳиза. Дар тӯли таворих навъи аввал мавқеашро аз даст дода, ҷойи онро навъи дуюм ишғол кард.

Равияи психоаналитикӣ дар сотсиология

Яке аз мутафаккирони барҷастаи сотсиологияи Ғарб, ки аз ҷиҳати ғоявӣ ва методологӣ ҷомеашиносии классикии Аврупоро бою рангин намуда, асосгузори докторинаи фрейдизм мансуб меёбад – Зигмунд Фрейди австрягӣ (1856-1939) мебошад. Ӯ роҳи нави табобати бемориҳои рӯҳӣ-методӣ таҳлили рӯҳиро ба роҳ мондааст. Афкори иҷтимоии вай дар китобҳои “Тотем ва табу”, “Психологияи омма ва таҳлили «Ман»-и инсоният», “Нооромӣ дар фарҳанг” ва ғайраҳо омадаанд.

Ҷараёни муосири таҳлили психикӣ дар сотсиология афкор ва назарияҳои фрейдистҳо, навфрейдистҳо ва инчунин, тадқиқи мушаххаси иҷтимоӣ дар асоси принсипҳои таҳлили равониро дар бар мегирад.

Проблемаи асосии иҷтимоии психоаналитикӣ ин масъалаи низои фард ва ҷомеа мебошад. Ба андешаи тарафдорони онҳо тамаддун, арзишҳои иҷтимоӣ – ахлоқӣ, манъ намудан, санктсия кардан, фардро маҷақ намуда, ба бегонашавӣ, вайроншавии характер ва асабоният оварда мерасонад. Вале бояд, зикр кард, ки пайравони фрейдӣ вуҷуд доштани арзишҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои (институтҳо) ҷомеъавиро яке аз омилҳои асосии ҳифзкунандаи инсоният дониста, қайд мекунанд, инсонро аз бегонашавӣ нигоҳ медорад.

 Нуқтаи назари марксистӣ дар сотсиология

Ҳарчанд солҳои охир назари мардуми мо вобаста ба дигаргуниҳои мафкуравӣ нисбат ба таълимоти К. Маркс тағйир ёфтааст, вале то ҳанӯз дар илм касе шубҳа ба дастовардҳои сотсиологии ӯ накардааст. Дар асри XIX консепсияи сотсиологии марксизм дар ҷаҳон хеле машҳур мегардад. Карл Маркс ҳеҷ вақт худро сотсиолог наномидааст. Вай пеш аз ҳама иқтисодшинос ба шумор меравад. Карл Маркс ҷомеаро ҳамчун воқеъияте дар таҳаввули давомдор нишон дода, қайд менамояд, ки он аз нобаробариҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад. Таълимоти асосии Маркс ин идеяи фаҳмиши материалистикии таърих ба шумор меравад. Ин идея дар китоби Маркс – “Капитал” таҳлили пурраи худро ёфтааст. Ба андешаи Маркс, асоси ҳама гуна ҷомеаро тарзи истеҳсолот ва муносибатҳои иҷтимоии он ташкил медиҳад. Фаҳмиши материалистии таърихи ҷомеаро ҳамчун организми иҷтимоӣ чун системаи ягона таҳлил менамояд. Таълимоти марксистӣ ҳамеша бо хусусияти зидди буржуазии худ аз дигар таълимотҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ фарқ менамояд. Яке аз масъалаи марказии андешаҳои сотсиологии Маркс ин сохтори иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки минбаъд он боиси эҷоди назарияи сикфҳо мегардад. Кулли одамон дар ин маврид вобаста ба мақоми ишғолкардаашон дар тақсими неъматҳои моддӣ ба синфҳои иҷтимоӣ тақсим шуда, бо тағйири форматсияҳои иҷтимоию иқгисодӣ мақому мартабаи онҳо низ тағйир меёбад. К. Маркс сабаби мушкилоти иҷтимоиро низ танҳо дар нобаробарии иҷтимоӣ мебинад ва ба андешаи ӯ, ик нобаробариро системаи коммунистӣ аз байн мебарад. Тағйирёбии қувваҳои истеҳсолкунанда ба тағйир ёфтани тарзи истеҳсолот оварда, расонида муносибатҳои иқтисодӣ билкулл дигар гашта, дар охир зербинои ҷомеаро низ иваз менамояд. Таҳлили муносибатҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам овард, ки такроршавандагии рӯйдодҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян гарданд ва рӯйдодҳо ва ҷараёнҳои ҷамъиятиро, ки дар ин ё он мамлакати дунё ба амал меояд, муттаҳид намуда, мафҳуми форматсияҳои иқтисодиро маънидод кунад.

Дар якҷоягӣ бо Фридрих Энгелс (1820 – 1895) Маркс консепсияи форматсияҳои ҷамъиятӣ-иқтисодиро кор карда баромадааст. Онҳо таърихи ташаккулёбию тараққиёти форматсияҳои ҷамъиятиро: ҷомеаи ибтидоӣ, ғуломдорӣ ва феодалиро омӯхтанд. Аз тарафи онҳо синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир ҷомеа: синфи пролетариат, буржуазия, деҳқонон омӯхта шуд. Ба андешаи эшон синфи пролетариат (коргар) пешқадам мансуб меёбад. Буржуазия бошад, синфи судхӯр буда, қобилияти пешбарандагии ҳаёти ҷамъиятиро надорад. Ҳамин тариқ, ба илм меъёри «ҳизбият» ворид гардид, ки минбаъд садди роҳи инкишофи илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ (кибернетика, гинетика) гардид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.