Назарияхои сотсиологии охири асри 19 ва ибтидои асри 20

       Афкори сотсиологии Георг Зиммел

       Афкори сотсиологии Эмил Дюркгейм

       Сотсиологияи Макс Вебер

       Низоми сотсиологии Вильфредо Парето

       Ташаккул ва инкишофи сотсиологияи таҷрибавӣ (эмперикӣ)

  • Афкори сотсиологии Г.Зиммел

Афкори сотсиологии сотсиологи олмонӣ – Георг Зиммел (1858 – 1918) ниҳоят ҳам диққатҷалбкунада мебошад. Ба андешаи вай, сотсиология бояд чун як усули мураттабкунандаи маҷмӯи рӯйдодҳои иҷтимоӣ бошад. Масалан, грамматика ҷудокунандаи шаклҳои тозаи забон буда ва мазмуну мундариҷа сабаби пойдории ин шаклҳост. Зиммел асосгузори «сотсиологияи тоза» мебошад. Мақсади методи сотсиологӣ, ба фикри ӯ, ошкор сохтани шаклҳои тозаи маҷмӯи илмҳои ҷомеашиносӣ, ё ин ки умумиятдиҳӣ, мураттабсозию таснифи психологӣ дар инкишофи таърих аст.

Дар баробари “сотсиологияи тоза”, Зиммел «назарияи маърифати сотсиологӣ»-ро кор карда баромадааст, ки таълимот оид ба табиати амалҳои иҷтимоӣ, «метафизикаи иҷтимоӣ» ба шумор меравад. Ӯ олими ниҳоят серкор буда, доир ба масоили гуногуни ҷамъиятию иҷтимоӣ, аз қабили назарияи сотсиологӣ, сотсиологияи шаҳр, сотсиологияи ҷинсҳо, оила, тафриқабандии иҷтимоӣ, сотсиологияи қудрат (ҳокимият), сотсиологияи низо ва ғайраҳо зиёда аз 30 китоб таълиф кардааст.

Предмети сотсиология, ба андешаи Зиммел, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҷараёни инкишофу тазоди табиии онҳо мансуб меёбад, на низоми босуботи иҷтимоӣ, сохтор, ниҳодҳои иҷтимоӣ, балки танҳо лаҳзаҳои ҷараёни инкишоф ва ташаккули онҳо предмети омӯзиши сотсиология дониста шуда, онҳоро бо вожаи «ҷамъиятигардида» ифода менамояд. Таҷрибаи истифодабарии усули сотсиологиро дар илмҳои гуногун ва муайян намудани қонуниятҳои хосаро дар доираи предмети анъанавии онҳо Зиммел сотсиологияи умумӣ меҳисобад. Тасниф ва мураттабсозии шаклҳои тозаи ҷомеагардониро сотсиологияи расмӣ ном мебарад. Ба пиндори ӯ, меъёри муайянкунандаи сотсиологияи расмӣ вожаҳои шакл ва мазмун мебошанд. Вазифаи сотсиология, мутобиқи фаҳмиши ӯ, аз ба низомдарории ҷомеа чун рӯйдоди байни инсонӣ ва байнифардӣ иборат мебошад.

Сотсиологияи Э.Дюркгейм

Эмил Дюркгейм (1858 – 1917) яке аз поягузорони мактабҳои сотсиологии анъанавӣ -франсуз ба ҳисоб меравад. Консепсияи марказии Дюркгейм сотсиологизм ба шумор меравад. Сотсиологизм мекӯшад, ки ҳангоми фаҳмонидани рӯйдодҳои иҷтимоӣ омилҳои дигарро          (географӣ, психологӣ, ахлоқӣ ва ғайраро) инкор намуда, танҳо ба паҳлӯҳои иҷтимоии онҳо диққат диҳад.

Сотсиология тибқи пиндори Дюркгейм, бояд ҳақиқати иҷтимоӣ, хусусиятҳои ба он хосро омӯзад. Унсурҳои ҳақиқати иҷтимоӣ воқеаҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, ки дар маҷмӯъ ҷомеаро ташкил медиҳанд. Воқеаҳои иҷтимоӣ- мувофиқи таснифи Дюркгейм, ҳама гуна амал, ки ба фард таъсири беруна мерасонад, ба ҳисоб меравад. Баъд аз тавлид фард як зумра қонунҳои тайёр, расму русум, қонунҳои ахлоқӣ, эътиқоди динӣ, анъанаҳо, забон ва низоми пулиро рӯ ба рӯ мегардад, ки онҳо новобаста аз хоҳиши он мустақилона амал менамоянд.

Ҳақиқӣ будани воқеаҳои иҷтимоӣ дар он зуҳур мегардад, ки ба фард таъсир расонида, айни замон фардро маҷбур месозад, ягон амали муайянро иҷро намояд. Аз ин рӯ, ҳар як нафар маҷбурсозии иҷтимоиро эҳсос менамояд. Қонуну қоидаҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқиро фард вайрон наменамояд, то замоне ки онҳоро ҳама аъзоёни ҷомеа номаъқул меҳисобанд. Дар консепсияи Дюркгейм сотсиология дар байни идмҳои ҷомеашиносӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд, зеро илмҳои дигари ҷомеашиносиро бо методу назарияҳо оиди ҷомеа таъмин менамояд.

Вай масъалаи тақсимоти меҳнат дар ҷомеаро баррасй намуда, ба ҷанбаи ҳамраъӣ баҳои баланд медиҳад. Ҳамраъйиро Дюркгейм шарти олӣ, арзиши олии ҷомеа тасниф намуда, зикр менамояд, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни ҷомеа эътироф гардидан аст. Дар ҷомеаҳои инкишоф наёфтаи кӯҳан ҳамраъйии механикӣ, ки дар асоси монандкунии фардҳо ва вазифаҳои ишғолкунандаи фардҳо амал менамояд. Ҷомеаи муосир узвҳои гуногунро ба ёд меорад, аз ҳамин хотир, Дюркгейм ҳамраъйи навро ҳамраъйии узвӣ меномад. Тақсимоти меҳнатро ба гуногунии фардӣ ва мутаносибан ба нақши касбияти фардҳо вобаста медонад. Ҳар кас шахсият мегардад. Ҷомеа ва тафаккур тағйир меёбад.

Дар баробари консепсияҳои назариявию тадқиқияш таҳлили рӯйдоди худкушӣ хеле машҳур мегардад. Дюркгейм аз маънидодкунии фард-равонии худкушӣ дасткашида ва сабабҳои сирф иҷтимоиро дар рӯй додани амал ба миён мегузорад. Ба ақидаи Дюркгейм, худкушии ин нишондиҳандаи ҳолати бӯҳронии ҷомеа буда, моҳияти онро аз он бояд ҷуст.

Сотсиологияи М.Вебер

Яке аз назариятчиёни барҷастаи сотсиология олими немис асосгузори фаҳмиши сотсиологӣ Макс Вебер (1864 -1920) мебошад. Осори ӯ ҷолиби диққат буда, дар онҳо раванди таърихи инкишофи афкори сотсиологӣ хеле мӯшикофона таҳлили худро ёфгаанд. Консепсияи фаҳмиш дар сохтори методологии ӯ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Вай ин вожаро барои кушодани моҳияти тамоми ҳақиқати иҷтимоӣ ва тамоми таърихи инсоният истифода мебарад. Асоси консепсияи фаҳмиши ӯ мунтазам ва дақиқ муайян намудани ҳодисаҳои таърихӣ мебошад.

Моҳияти фаҳмиши сотсиологии Вебер дар он таҷассум меёбад, ки сотсиолог бояд дарк намояд ва фаҳмонад; 1) ба воситаи кадом амалҳои даркгардида, одамон мекӯшанд, то ин ки мақсадҳои хешро амалӣ намоянд ва бо кадом сабаб амалӣ шудани он ба онҳо муяссар мегардад ё на; 2) ба рафтори дигар афрод кӯшиши онҳо чӣ гуна таъсир мегузорад.

Хизмати бузурги Вебер дар илми сотсиология ин ворид намудани вожаи “типии идеалистист”. “Типи идеалӣ” – мафҳуми сунъӣ – мантиқиест, ки имкон медиҳад, хусусиятҳои хосаи тадқиқшавандаи хирқаи иҷтимоиро муайян намуд. Масалан, типи идеалии муҳорибаи ҳарбӣ бояд дар худ тамоми ҷузъиётҳои асосии муҳорибаи воқеиро дошта бошад. Типи идеалӣ аз олами воқеӣ бармехезад, на аз хаёлҳои мафҳуми назариявӣ. Мутобиқи фаҳмиши Вебер, ин вожаи динамикист. Азбаски ҷомеа ва мақосиди муҳаққиқони он дар таҳаввулот аст, зарурат ба миён меояд, ки типи  навро бояд офарид, ки ба воқеияти баамаломада, мутобиқат намояд.

Дар афкори ӯ масъалаи дигар «амали иҷтимоӣ» ҷои хосаро ишғол менамояд. Назарияи «амали иҷтимоӣ»-и Вебер дар он таҷассум мегардад, ки амали бошууронаи фард ба амали дигарон нигаронида шудааст. Ба таври дигар иброз намоем, Вебер ба фаъолияти зеҳни фард диққат медодааст.

Дар осори Вебер хориқаи бюрократия тадқиқ гардида ва онро яке аз омилҳои тараққиёти ҷомеа мепиндорад. Вожаи бюрократияро Вебер тавассути назарияи ақлгароӣ таҳлил намуда ва онро дараҷаи олии идоракунии ҷомеа медонад. Дар консепсияи Вебер вожаи бюрократия хусусияти мусбиро касб намуда, муфиднокии он дар моҳияти таснифи он таҷассум меёбад. Дар баробари ин, вай зикр менамояд, ки бюрокартия ба озодиҳои либералӣ – буржуазӣ ва демократия таҳдид менамояд. Вале бе мошинаи бюрократӣ ягон навъи ҷомеа вуҷуд дошта наметавонад.

Афкори иҷтимоии Вебер ба афкори сотсиолгии нимаи дуюми асри XX-и Ғарб таъсири ҷиддие расонидааст. То ба имрӯз афкори ӯ сарчашмаи музокираҳо дар раванди масъалаи назариявӣ – методологии маърифати сотсиология мебошад.

Низоми сотсиологии В. Парето

Вильфредо Парето (1848 – 1923) яке аз назариятчиёни пурқуввати сотсиологияи аввали асри ХХ-и Италия мансуб меёбад. Вай як қатор асарҳои ичдимоию иқтисодӣ таълиф намудааст, ки машҳуртарини онҳо «Курси иқтисодиёти сиёсӣ» (1896-1897), «Низоми сотсиалистӣ» (1902), «Китоби дарсии иқтисоди сиёсӣ» (1906), «Рисола оиди сотсиологияи умумӣ» (1916) ва ғайраҳо мебошанд. Дар осори ӯ масъалаҳои зерин аз ҳам вобаста будани унсурҳои низомҳои иҷтимоӣ, баробарии иҷтимоӣ, элитаи ҷомеа, ҳоким, ғайри ҳоким ва ҷойивазкунии элитаҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Китоби «Рисола оиди сотсиологияи умумӣ» чун асари классикии назарияи сотсиологӣ дар Ғарб шинохта шудааст. Дар раванди ташаккули тафаккури сотсиологии Парето консепсияҳои позитивистӣ ва ғайри ақлгароии А.Бергсон, Ф.Нисше, Г. Лебон, Г. Тард ва дигарон таъсири амиқ гузоштаанд. Вай яке аз аввалинҳо шуда методи тадқиқи мантиқӣ-таҷрибавиро ба миён гузошт. Ба андешаи ӯ, сотсиология низ ба мисли илмҳои физика, химия ва астрономия илми дақиқ бошад ва ҳангоми тадқиқоти сотсиологӣ танҳо аз муҳокимаҳои собит шудаи таҷрибавӣ истифода бояд бурд. Ворид намудани унсурҳои навро ғайриимкон дониста зикр менамояд, ки онҳо оварда ба таъриф ва далелҳои қалбакӣ мерасонад.

Низоми сотсиологии В. Парето дар асоси назарияи амалҳои ғайримантиқӣ бунёд ёфтааст. Мувофиқи фаҳмиши Парето, кулли амалҳои инсоният, ки таърих ба онҳо муроҷиат менамояд, ба масъалаҳои ғайримантиқӣ  мансубанд. Дар афкори сотсиологии Парето ҳиссиёт ҷои хосаро ишғол мекунад. Ба фикри вай, «умқи тамоми фаъолияти инсонро ҳиссиёт ташкил менамояд».

Парето  ҷомеаро амсоли низом баррасӣ намуда, аз қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат медонад. Мутобиқи фаҳмиши ӯ, афрод аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ақлонӣ ва ахлоқӣ баробар нестанд. Афроде, ки то андозае аз ҷиҳати ақлонию ахлоқӣ ва ҷисмонӣ нисбат ба дигарон инкишоф ёфтаанд, элитаро ташкил менамояд. Ҳар як доираи фаъолият элитаи хешро дорад. Вай назарияи биологии элитаро инкишоф додааст. Мутобиқи назарияи ӯ, ба табақаи болоӣ ва поёнӣ ҷудо намудани афрод маҳаки ҷомеаҳои инсонист. Парето ду навъи элитаро ҷудо менамояд;

  • Элитаи ҳукмрон – яъне, дар идоракунии ҳокимият ширкатку-

нанда.

  • Элитаи ғайри ҳукмрон.

Мустаҳкамӣ ва минбаъд заволи элита ва «ҷойтағйирдиҳии онҳо» қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор меравад. Ба фикри мутафаккир фард ҳангоми тавлид бо як зумра норасогиҳо ба дунё  меояд, ки қобилияти кор фармудани дигаронро тавассути фанду фиреб ва зӯроварӣ дорад. Ин қобилиятҳо муайянкунандаи навъҳои ҳукмронӣ мебошад ва тавассути онҳо ҷои тағйирдиҳии элитаҳо ба миён меояд. Агар элитаи ҳукмрон ҷой дошта, элитаи нав пайдогаштаро, ки аз табақаи поёнӣ бархостаанд, эътироф нанамояд, пас оқибати кор ба инқилоб оварда мерасонад. Моҳияти инқилоб мутобиқи фаҳмиши Парето таҷдиди элитаи ҳукмрон -табақаи болои ҷамъкятист. Таърих ин «гӯри ашрофон» аст, иброз менамояд олим.

Хуллас, дар осори Парето афкореро, аз қабили миллатчигӣ, империализм, расизм, антисемитизмро дарёб намудан мумкин аст, ки олим онҳоро маҳкум менамояд.

Ташаккул ва инкишофи сотсиологияи таҷрибавӣ (эмперикӣ)

Сотсиологияи таҷрибавӣ – ифодакунандаи тамоми тадқиқи таҷрибавии сотсиологӣ сотсиологияи шаҳр, маълумот, меҳнат, оила ва ғайраҳо мебошад. Солҳои 20-30 асри XX ин ҷараён шакл гирифта ба вуҷуд омадааст. Эмпиризм – усули маърифати мусбӣ, сотсиология ҳамчун фан оиди дарки ҷомеа буда, дар асоси далелҳои таҷрибавии мушаххас ба миён омада ва имкон медиҳад, ки ақлгароёна ҷараёнҳои иҷтимоиро идора намуд. Вазифаҳои илмии сотсиология оиди маърифат додан, оиди ҷомеа ба ҷои дуюм гузошта шуда ва ба ҷои аввал вазифаҳои таҷрибавии сотсиологӣ бардошта мешавад. Ҳамин тариқ, донишҳои назариявӣ аз доираи сотсиология дур андохта мешавад. Ба таври дигар иброз намоем, мутобиқи пайгирони ин ҷараён сотсиология бояд илм оиди амалҳои иҷтимоӣ бошад.

Сотсиологияи эмперикӣ амсоли равияи табиӣ-илмӣ дар сохтори маърифати сотсиологӣ ташаккул ёфтааст. Ин ҷараён дар асоси як қатор арзишҳои позтивистии илми сотсиология, аз қабили

  • рӯйдодҳои иҷтимоӣ ба қонунҳое итоат менамояд, ки барои табиат ва ҳақиқати иҷтимоӣ таърихи умумӣ  мебошанд; 2) усулҳои тадқиқи сотсиологӣ амсоли усулҳои тадқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, сахт ва воқеӣ бошанд; 3) Сотсиология бояд аз арзишҳои мулоҳизаҳои идеологидошта озод бошад.

Шарти сотсиологияи таҷрибавӣ чунин муайян шудааст:

  • воқеияти маърифати илмӣ танҳо тавассути таҷриба нишон дода шавад;
  • тамоми рӯйдодҳои иҷтимоӣ аз ҷиҳати миқдору сифат тасниф карда шаванд;
  • “ҷанбаи субъективӣ»-и рафторро танҳо ба воситаи мушоҳидаи кушод тадқиқ намудан мумкин аст.

Сотсиологияи таҷрибавӣ ду ҷараён: ҷараёни академикӣ ва амалиро дорост. Вазифаи ҷараёни аввал аз бунёди низоми илмӣ оид ба ҳаёти алоҳидаи ҷамъиятӣ ва рӯйдоди ҷамъиятӣ мебошад. (масалан, сотсиологияи шаҳр, меҳнат, сотсиологияи ВАО). Ин донишҳо чун асоси методологии тадқиқоти мушаххаси илмӣ истифода мешуданд. Вазифаи ҷараёни дуюм аз ташкили ин тадқиқот барои ҳалли вазифаи амалии муайян иборат мебошад.

Дар инкишофи сотсиологияи эмперикӣ саҳми олимони Амрико: Лестер Уорд, Албион Смол, Франклин Гиддингс, Уилям Самнер, Эдвард Росс, Толког Парсонс ва дигарон бузург аст. Месазад, ки хизматҳои Элтона Мэй сотсиолог ва психологи амрикоиро, ки асосгузори сотсиологияи саноатӣ ва назарияи «муносибатҳои инсон» мебошад, қайд намуд. Сотсиологияи саноатӣ – соҳаи амалии илмҳои иҷтимоии Амрико буда, ба омӯзиши муносибатҳои меҳнатии одамон дар корхонаҳои саноатӣ буда, ба коркарди тавсияҳо барои баланд бардоштани истеҳсолот машғул аст.

Дар инкишофи сотсиологияи саноатӣ таҷрибаи Хоторнӣ, ки зери роҳбарии профессор Э. Мэй дар Вестерн Электрик Компании назди Чикаго (1924-1932) гузаронида шуда буд, нақши муҳиме гузошт. Таҷрибаи Хоторнӣ якчанд тадқиқи муҳимро дар бар мегирад ва натиҷаи охирин ин хулосаҳост: 1) дида баромадани нақши омили инсонӣ дар истеҳсолот, бахусус, омили равонӣ ва иҷтимоӣ-равониро дар ҷои аввал гузоштан;

ташкилоти ғайрирасмӣ рӯйдоди кушода мебошад.

Ин тадқиқотҳо дар инкишофи сотсиологияи Ғарб, бахусус, назарияи «муносибатҳои инсон» асос гузошта ва дар тараққиёти сотсиологияи саноатӣ нақши боризе гузоштаанд.

Мактаби Чикагогӣ, ки айни замон бо номи «ҳаракати тадқиқи иҷтимоӣ» маъруф аст, дар сотсиологияи амрикоӣ ҷои хосаеро ишғол менамояд. Асосгузорони ин мактаб Роберт Парк ва Эрнст Берджес дар солҳои 1915-1935 мебошанд. Ин мактаб усулҳои зиёди тадқиқро истифода бурда, онҳо усулҳои тадқиқи назариявӣ ва амалро омезиш дода, равандҳои иҷтимоии ҷомеаро мавриди омӯзиш қарор медоданд. Тадқиқоти онҳо дар Чикаго бо номи «лабораторияи иҷтимоӣ» сурат мегирифт. Онҳо ҳаёти умумиятҳои гуногун, шаклҳои рафтори каҷ, вайроншавии оила, оворагардӣ ва ғайраҳоро мавриди тадқиқи худ қарор дода буданд. Дар инкишофи илми сотсиология ин мактаби Чикагогӣ таъсири амиқ гузоштааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.