Макотиби асосӣ ва назарияҳои сотсиологии муосир

Функсионализм, структурализм, функсионализми структурӣ

Назарияи низои иҷтимой

Назарияи ивазнамоии иҷтимой

Бихевиоризм, интераксионизми рамзӣ, этнометодология

Сотсиологияи феноменологӣ

Сотсиологияи Питирим Александревич Сорокин

Ҳолати назариявии сотсиология дар умумияти том инъикоскунандаи гуногунандешии назариявист ва он аз гуногун будани ҷабҳаҳои гуногуни сотсиологӣ сар мезанад. Дар баробари ҷанбаи ягонаи назарияи воқеӣ – сотсиологӣ дар байни олимон ақидае ҷой дорад, ки якҷинса набудани предметаи сотсиология иҷозат медиҳад, ки назарияҳои гуногун дар омӯзиши равандҳои иҷтимоӣ истифода бурда шаванд. Аз ин рӯ, вожаи парадигма нақши марказиро ишғол менамояд. Парадигма – тамоми дастовардҳои эътирофшудаи илмӣ, ки дар тӯли як вақти муайян намунаи гузориши масъала ва ҳалли онро медиҳад, мансуб меёбад. Ин вожа аз тарафи олимони амрикоӣ дар мадхали илмшиносӣ ворид карда шудааст.

Парадигмаҳои асосии сотсиологӣ (ҳақиқати иҷтимоӣ, тафсири иҷтимоӣ, рафтори иҷтимоӣ) мутобиқкунанда ва муйянкунандаи навъҳои назарияҳои сотсиологӣ мебошанд. Парадигмаи “ҳақиқати иҷтимоӣ” аз диди назарияи структурӣ -функсионалӣ, низом ва низои тафсир мегардад. Парадигмаи “таърифи иҷтимоӣ” аз назарияи иҷтимоии амал, интераксионизми рамзӣ сотсиологияи феноменологӣ ва этномедологӣ бармехезад. Парадигмаи “амали иҷтимоӣ» воқеияти иҷтимоиро аз диди назарияи бихевиоризм (рафтор, ахлоқ)-и сотсиологӣ ва ивазкунии иҷтимоӣ эзоҳ медиҳад.

Вале назарияҳои дигари иҷтимоӣ вуҷуд доранд, ки онҳоро ба ягон аз ин парадигмаҳои зикршуда ворид намудан ғайриимкон аст. Баъзе аз онҳоро дида мебароем.

Сотсиологияи маълумот – нуқтаи назарест, ки асоси онро тасаввур оиди вобаста будан ба механизмҳо ва вазифаҳои маълумот бо истифодабарии усулҳои гуногуни тадқиқи сотсиологӣ ташкил менамояд. Намояндаи барҷастаи ин нуқтаи назар – Карл Манингейм ва Томас Лукман мебошанд.

Дар аввалҳои солҳои 80 –постмодернизм арзи ҳастӣ кард. Ин ҷараён таъкид менамояд, ки ҷомеаи постмодерн бояд ба консепсияи ҷомеа ва парадигмаи иҷтимоӣ мутобиқат намоянд. Мутафаккири машҳури ин ҷараён сотсиологи англис – Э. Гидденс мансуб меёбад.

Тарафдорони назарияи низоми иҷтимоӣ шароитеро ҷустуҷӯ доранд, ки барои низом оқибатҳои мусбиро таъмин намояд. Ин омезиши структурӣ-функсионалӣ ва модели низои иҷтимоист. Объекти тадқиқи сотсиологияро дар муносибатҳо ва сохторҳо ҷустуҷӯ карда, зикр менамоянд, ки ҷомеа аз одамон ва нияту саъю кӯшиши онҳо вобастагӣ надорад. Масалан, ташкилотро одамон бунёд менамоянд, вақте ки бунёд ёфт, вай бо қонунҳои хосаи худ зиндагӣ  намуда, ба иродаи одамоне, ки онро бунёд намуда буданд, вобастагӣ надорад.

Функсионализм, структурализм, функсионализми структурӣ

Барои хубтар дарк намудани функсионализми структуравӣ аввалан бояд маҳаки сохтори функсионализм ва структурализмро дида бароем. Омӯзиши функсионалӣ дар сотсиология яке аз усулҳои асосӣ мансуб меёбад. Моҳияти он аз он иборат мебошад, ки объекти тадқиқ ва унсурҳои онро чун воҳиди том ҷудо карда, мавқею мазмун ва вазифаҳои онро муайян намуда, инчунин аз ҳам вобаста будани унсурҳо ва мақсади иҷтимоии онҳоро нишон додан зарур аст. Дар ҳама консепсияҳои иҷтимоӣ, ки ҷомеа чун низом мавриди таҳлил қарор гирифта бошад, усули функсионалӣ вуҷуд дорад. Дар коркарди равияи функсионалӣ Р. Мертон саҳми арзандае гузоштааст.

Р.Мертон (1910) – сотсиологи америкоӣ, президенти ассотсиатсияи сотсиологҳои Амрико (19.57). Вай вожаи “функсия”-ро кор карда баромадааст. Функсия -маҷмӯи оқибати мушоҳидаҳост, ки имконият муҳайё месозад, система (низом) худро ба муҳити атроф  мутобиқ намуда нигоҳ медорад. Мертон вазифаҳои возеҳ ва норавшанро фарқ менамуд.

Дар баробари вожаи “функсия”, Мертон вожаи “дисфунксия”- ро кор карда қайд менамояд, ки низом аз меъёри қабулгардида даст кашида, давраи навро барои мутобиқ шудан фароҳам оварда, меъёрҳои иҷтимоӣ тағйир меёбанд. Дисфунксия – маҷмӯи натоиҷи мушоҳидашавандаест, ки мутобиқгардии низомро ба муҳит заиф намуда, ба вайроншавии пойдорию устворӣ оварда мерасонад.

Структурализм дар сотсиология равияест, ки таҳлили структуравиро ҳангоми омӯзиши рӯйдодҳои иҷтимоию фарҳангӣ истифода мебурданд. Ин равия солҳои 60 асри XX хеле паҳнгардида буд. Бахусус, дар корҳои муҳаққиқони фаронсавӣ Леви-Стросс, Фуко, М. Лакан ва дигарон усули тадқиқи структурализм бештар ба назар мерасад.

Тарафдорони ин ҷараён иброз менамоянд, ки имконияти сохтани моделини нави воқеияти иҷтимоӣ  ҷой дорад. Чунин модел барои онҳо забон аз аввал чун низоми шаффофӣ ташаккулёфта мисол шуда метавонист. Ин аппарати методологии структурализмро муайян намуда, имконияти хусусиятҳои аломатҳоро дар низом бо ёрии усулҳои илмҳои дақиқ ва табиӣ (забонҳои табиӣ, забони гуфтугӯӣ, забони барномасозӣ ва ғайраҳоро) нишон дод.

Таҳлили структурӣ-функсионалӣ- ин ҷараён дар сотсиологияи амрикоӣ баъд аз Ҷанги дуюми Ҷаҳон ҳукмфармо буда, вазифаи сотсиологияро аз омӯзиши роҳҳо ва структураҳое, ки устувории низоми иҷтимоиро нигоҳ медорад, иборат медонад. Муаллифи ин равия Толкот Парсонс (1902-1979), сотсиолог-назариячии ассотсиатсияи сотсиологҳои Амрико (1949) мебошад. Маҳаки таҳлили структурӣ – функсионалиро афкори тартиботи иҷтимоӣ дар бар мегирад, ки дар он ризоият (консесус) нисбат ба низо бартарӣ дорад. Барои назарияи структурӣ-функсионалӣ кӯшиши бошуурона сохтани низоми амали иҷтимоӣ хос аст.

Тарафдорони неоэволюстионизм мекӯшанд, ки хусусиятҳои функсионалӣ ва низоми афкориро дар якҷоягӣ бо инкишофи ақоид мавриди таҳлил қарор диҳанд. Имрӯзҳо ин вожа барои нишон додани навъҳои гуногуни андешаҳои эволютсионизм хизмат менамояд. Неоэволютсионизм аз дастурҳои тағйиротҳои эволютсионии бисёрхатта ва канда-канда бармеояд. Эволютсияи иҷтимоиро давоми мантиқии эволютсияи биологӣ ҳисобида, барои маънидодкунии пайдоиши фарҳангии инсоният далелҳои нави илмҳои иҷтимоиро оварда, барои собит сохтани афкори хеш аз далелҳои тадқиқотҳои таҷрибавӣ истифода мебаранд. Маҳдудияти эволтсионизми анъанавиро неоэволютсионизм тавассути коркарди вожаи «низоми кушода» мехоҳанд аз байн бардоранд.

  • Назарияи низои иҷтимой

Назарияи низои иҷтимоӣ ҷараёнест, ки низоъро омили асосии пешбарандаи ҷомеа меҳисобад. Ин вожа аз тарафи Г.Зиммел ба илм ворид карда шудааст. Низомномаи асосии ин назарияро Ралф Дарендорф (1929)  сотсиологи олмонӣ кор карда зикр менамояд, ки ташкилотҳои мураккаб дар асоси тақсимоти ҳокимият ба вуҷуд омада, сарчашмаи низоъ ба шумор мераванд. Мутобиқи ин назария, афроде, ки сари қудратанд тавассути роҳҳои мухталиф фардҳоеро, ки нисбатан ҳокимияти камтар доранд, бо роҳи маҷбурсозӣ барои ба даст овардани фоида истифода мебаранд. Имконияти тақсими қокимият ниҳоят ҳам маҳдуд буд, аз ин рӯ, аъзоёни ҷомеаҳои гуногун барои аз сари нав тақсим кардани қокимият мубориза мебаранд. Ин мубориза метавонад пинҳонӣ амалӣ гардад.

Ҳамин тариқ, мутобиқи афкори Дарендорф, асоси низоъро на мақсадҳои иқтисодӣ ташкил медиҳанд, балки пеш аз ҳама мақсадҳои тақсимоти ҳокимият дар бар мегирад. Сарчашмаи низо кото РоНйкиз (инсони сиёсй) ба ҳисоб меравад. Тақсим намудани ҳокимият яке аз масъалаҳои доимӣ ҳама гуна ҷомеаҳо мебошад. Тақсим кардани ҳокимият доимӣ буда, аз он гурез нест ва чун воситаи қаноаткунандаи мақсадҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад.

 Назарияи ивазнамоии иҷтимой

Назарияи ивазнамоии иҷтимоӣ – равияест дар сотсиологияи муосир, ки ивазнамоии неъматҳои иҷтимоии гуногунро асоси муносибатҳои ҷамъиятӣ меҳисобад. Намояндагони барҷастаи ин ҷараён Ҷорҷ, Хомане ва Питер Бла мебошанд. Ҷ. Хомане шиори “Инсонро ба сотсиология баргардонидан лозим»-ро ба миён гузошт. Мутобиқи афкори ӯ, сотсиология дар натиҷаи инкишофи табиии равоншиносӣ ба миён омадааст. Унсури муҳими ин ҷараён назарияи рафтори иҷтимоӣ гардид, ки чун ивазнамоӣ тафсир меёфт. Моҳияти ин назария аз он иборат мебошад, ки одамон бо ҳамдигар дар асоси тачрибаҳои доштаашон ҳамкориро ба роҳ монда ва имкониятҳои гирифтани мукофот ва ё сарф намуданро бар мекашанд. Мутобиқи фаҳмиши ин назария, рафтори одамон чунин ба роҳ монда шудааст, ки дар гузашта кирдори онҳо қадр гардидааст ё на. Чун роҳи маънидодкунии амалҳои иҷтимоӣ бихевиористӣ (рафтор) номида мешавад.

Низомномаи мукаммали назарияи ивазнамоӣ ба П. Бла мансуб буда, вай зикр менамояд, ки одамон ба навъҳои гуногуни қадр ниёз доранд, то тавонад онҳо бо афроди дигар ҳамкорӣ  намоянд. Питер Бла менигорад, ки одамон ба муносибатҳои иҷтимоӣ барои ин ворид мешаванд, ки интизоранд онҳоро қадр менамоянд ва барои он муносибатҳои иҷтимоиро давом медиҳанд, ки ба мақсадҳои хеш расанд. Қадр намудан дар ҷараёни ҳамкории якҷоя таҳсин, эҳтиром, мартаба ва инчунин ёрии амалӣ шуда метавонад.

Бихевиоризм ( Веhavе – рафтор)

Бихевиоризм (аз англисӣ Вehave – рафтор, илми рафтор) – равияи позитивистии сотсиология буда, маҳаки онро дарки рафтори одам чун маҷмӯи аксуламали тӯлонӣ бар таъсири муҳити беруна (стимул-ҳавас) ташкил менамояд. Формулаи асосии бихевиоризм: ҳавас-аксуламали он мансуб меёбад. Ин ҷараён дар равоншиносии амрикоӣ дар охирҳои асри XIX ва аввали асри XX ба вуҷуд омадааст. Навъи классикии он солҳои 20 -уми асри XX ба дараҷаи олии тарққиёти хеш расид.

Бихевиоризм чун усули асосӣ тасниф, қайд ва санҷидани омилҳои берунаи рафторро, ки зери назорат қарор дорад, истифода мебарад. Асоси фалсафии бихевиоризмро позитивизм ташкил дода, асоси таҷрибавии онро бошад, тадқиқоти рафтори ҳайвонот дар бар мегирад. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки таҷрибаҳо натанҳо дар ҳайвон гузаронида мешуд, инчунин одамон низ мавриди таҷрибаи муҳаққиқони бихевиорист қарор мегирифтанд. Бояд қайд намуд, ки чунин таҷрибаҳо имкон фароҳам овард, ки усули хосаеро барои таъсир расонидан ба рафтор ба миён биоваранд.

Бихевиоризм алоқаи байни ҳавасмандй (стимул) ва аксуламалро ба дараҷаи мутлақ оварда расонида, онро чун асосӣ умумии эзоҳдиҳӣ маънидод менамояд.

Бихевиоризм ба тамоми соҳаҳои донишҳо, ки ба омӯзиши инсон сару кор дорад, таъсири амиқ гузошт. Дар илми сотсиология бахши навро “ бихевиоризми сотсиологиро” ба миён овард, ки аз методҳо ва вожаҳои бихевиоризм васеъ истифода мебарад. Ғайр аз назарияи “ҳавасмандӣ-аксуламал”, бихевиоризми иҷтимоӣ аз назарияҳои “майдон”, “таҳсили иҷтимоӣ ” ва инчунин назарияҳои гуногуни “психотерапевта” истифода мебарад. Назарияи “майдон” аз назарияи “ҳавасмандӣ-аксуламал” ба он фарқ менамояд, ки дар он бештар ба хусусиятҳои хосаи инфиродӣ, эҳсосоти узвҳои бадан ба ҳавасмандии муҳити беруна такя карда мешавад. Тарафдорони ин назария бар он андешаанд, ки ба ҳисобгирии хусусиятҳои хосаи инфродии узвҳои бадан имкон медиҳад муайян намоем, ки ҳамин хел ҳавасмандӣ ҳангоми ба нақша воридсозии ангезандаҳо ба даст меояд. Назарияи “психотерапевта” диққати хоса ба ҳаводиси гузаштаи ҳаёти ин ё он фард медиҳад. Назарияи “таҳлили иҷтимоӣ” ба рафтори хосаи инфродӣ ва омилҳои берунаи таъсирасонанда диққати ҷиддӣ медиҳад.

  • Интераксионизми рамзй

Интераксионизми рамзӣ (аз англисӣ interaction – якҷоя амал намудан, ҳамкорӣ) – ҷараёнест дар сотсиология, ки ҳангоми таҳлили ҳамкории иҷтимоиро ба субут расонидан, ба мазмунҳои рамзии он бештар такя менамояд.

Асоси интераксионизми рамзиро тасаввур оиди фаъолияти иҷтимоӣ чун маҷмӯи нақшҳои иҷтимоӣ, ки дар забонҳо, имову ишораҳо ва дигар рамзҳо ба назар мерасад, ташкил медиҳад. Хосияти хосаи интераксионизми рамзӣ инҳост: аввалан ҳангоми маънидодкунии рафтори иҷтимоӣ зарур аст, на аз талаботҳо, мақсадҳо ва шавқу рағбати фардӣ, балки аз дарки ҷомеа чун маҷмӯи ҳамкории байни шахсҳо пайгирӣ намуд; дуюм бояд кӯшиш намуд, ки гуногунии алоқаи одамро чун алоқа тавассути рамзҳо фаҳмид. Ба рамзҳои забонӣ диққати ҷиддӣ дода Г. Мид олим – сотсиологи амрикоӣ шахсиятро натиҷаи ҳосили иҷтимоиёт ҳисобида, ташаккули онро дар нақши якҷоя амал намудан мебинад. Нақшҳо дар ҳолатҳои гуногун як сарҳадеро барои рафтори фард ба миён меоваранд. Нақши дигар касро қабул намудан назорати берунаи иҷтимоиро таъмин намуда, ба худназораткунию ташаккули «Ман»-и одамӣ оварда мерасонад.

Этнометодология

Этномегодология – равияест дар сотсиологияи амрикоӣ, ки усулҳои этнографӣ ва атропологиро дар методологияи умумии илмҳои сотсиологӣ паҳн менамояд.

Этнометодология муносибатҳои танзим гардидаи байни одамонро, ки дар эътиқоду дастурҳо қабул гардидаанд, меомӯзад. Ин дастурҳо муайян менамоянд, ки дар кадом лаҳза гуфтани чизе мумкин аст, ё ин ки хомӯш будан лозим, ҳазл кардан мавқеъ дорад, ё ин ки тамасхур кардан даркор нест. Намояндаи барҷастаи ин равия Гаролд Гарфинкел мебошад. Вай мекӯшад, ки усулҳои антропологияи иҷтимоӣ ва этнографиро дар тамоми илмҳои ҷомеашиносӣ ҷорй намояд. Ба андешаи намояндагони ин ҷараён, предмети тадқиқи сотсиология тафсири алоқаи пинҳонӣ, даркнашавандаи байни одамон бошад. Ба фикри Г. Гарфинкел ҳамаи одамон дар ҷомеа – сотсиология мавриди омӯзиш қарор мегирад ва сотсиолог дар ҷомеа амалҳои дигаронро қайд карда ва иддаои дарки онҳоро доранд, ба ҳайси назариячиёни таҷрибанок баромад менамоянд.

Сотсиологияи феноменологӣ

Сотсиолгияи феноменологӣ – равияест дар сосиология, ки ифодакунандаи фаҳмиши гуногунии сотсиология мебошад. Тарафдорони ин равия ҷомеаро чун рӯйдоде мебинанд, ки бо таъсири мутақобилаи маънавии афрод дар офараниш ва ҳамеша дар таҷдид қарор дорад. Асосгузори ин равия файласуф ва сотсиолог А. Шютс буда, рисолаи асосии ӯ -“Феноменологияи ҷаҳони иҷтимоӣ” мебошад. Вазифаи муҳими сотсиологияро А.Шютс дар ташкили ҳаёти ҳаррӯзаи кушод меҳисобад.

Ба фикри ӯ, позитивизм моҳияти рӯйдодҳои иҷтимоиро нодуруст фаҳмида, ба он монандии рӯйдодҳои табиатро низ ҳамроҳ менамояд,. А. Шютс қайд менамояд, ки олами табиат маънои дохили сохториро надорад. Олами иҷтимоӣ оламест, ки маҳаки онро маъно ташкил медиҳад. Рӯйдодҳои иҷтимоӣ  сар то ба по пурмаъно мебошанд, Мутобиқи ақоиди ӯ, олами иҷтимоии худро дар олами ҳаррӯзаи азсаргузаронанда ва тафсирдиҳандаи одамон падид менамояд ва он дар шакли тасаввури типи олам барои онҳо маъно дорад.

 П. А. Сорокин

Яке аз сотсиологҳои барҷастаи асри XX Питирим Александревич Сорокин буд. Вай соли 1922 диссертатсияашро дар мавзӯи “Системаи сотсиология” ҳимоя намуда, аз Россия фирор мекунад. Вай як сол дар Чехословакия зиндагӣ менамояд. Бо таклифи сотсиологҳои барҷастаи Амрико Эдвар Хайес ва Эдвард Росс ба Нию-Йорк меравад. Дар донишгоҳ лексия хонда ва бо таълифи китоби «Сотсиологияи инқилоб» машғул мешавад. Вай дар донишгоҳи Гарвард кор карда, аввалин роҳбари факултаи сотсиология ба шумор меравад ва тӯли фаъолияти худ назарияҳои илмӣ, аз ҷумла оиди инкишофи фарҳанг, назарияҳои сотсиологӣ ва назарияи конвертатсияро кор карда ва ба табъ расонидааст. Ӯ олими сермаҳсул буда, як зумра асарҳои ҷолиби диққат таълиф кардааст, ки ба онҳо мансубанд: «Таҳрукаи иҷтимоӣ» (1925), «Назарияи муосири сотсиологӣ» (1929), «Усулҳои сотсиологияи шаҳр ва деҳот» (1931) ва ғайраҳо. Соли 1964 П.А. Сорокин раиси ассотсиатсияи сотсиологҳои Амрико интихоб гардид ва ҳанӯз дар қайди ҳаёт буданашон “классики зиндаи сотсиология” эътироф гардида буд.

Таълимоти Сорокин нисбат ба сотсиологҳои дигар аз ду лиҳоз таваҷҷӯҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб менамояд: аввалан, вай мавзӯи тағйиротҳои иҷтимоиро хеле васеъ тадқиқ кардааст ва баъдан масъалаи тақрукаи иҷтимоиро хеле равшан таҳлил намудааст. Дар китоби «Таҳрукаи иҷтимоӣ» П. Сорокин вожаҳои таҳрукаи уфуқӣ ва амудиро баррасӣ менамояд. Таҳрукаи уфуқӣ ҳаракати ҷисм дар фазост, масалан, мигратсия. Таҳрукаи амудӣ – тағйирёбии мартабаи иҷтимоист: яъне «дар зинаи иҷтимоӢ ҳаракат ба боло ва ба поён намудан» Дар ҷомеаҳои гуногун вобаста ба навъи суръат ин таҳрука гуногун аст. Дар қар як ҷомеа «нардбонҳо» вучуд дорад, ки тавассути онҳо ин ҳаракатҳо амалӣ мегарданд. Мисоли анъанавӣ аскарӣ, мактаб, бюрократия, ташкилотқои тахассусӣ ва динӣ шуда метавонанд. Онҳо барои ҷисми иҷтимоӣ чун узвҳои назорати ҷисми биологии мураккаб зарур мебошанд. Сорокин ба андешае омад, ки таҳрука имконият муҳайё менамояд, ки ҷиҳати ақлонӣ ва интелектуалӣ инкишоф ёбад ва айни замон сабаби пайдоиши скептисизм, худпарастӣ гардида, ахлоқ ба зинаи паст фаромада худкушӣ авҷ гирад.

test

Добавить комментарий