Методология, методика ва усулҳои тадқиқи сотсиологӣ

ТадҚиҚ ва навъҳои он

Навъҳои тадҚиҚоти сотсиологӣ

Давраҳои тадҚиҚи сотсиологӣ

Интихобномаҳо ва фарзияи корӣ

Тадқиқе, ки барои ҳалли ягон масъалаи таҷрибавӣ равона шудааст, тадқиқи амалӣ ном дорад ва тадқиқе, ки мақсади инкишоф додани назарияҳои илмӣ ва ё қоидаҳои асосиро дар бар мегирад, тадқиқи фундаменталӣ ном дорад.

Тадқиқоте, ки барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳо аз усулҳо, методика ва техникаи тадқиқоти сотсиологӣ истифода мебарад, тадқиқи таҷрибавӣ ном дорад. Тадқиқи таҷрибавӣ ҳам дар доираи сотсиологияи назариявӣ ва ҳам дар доираи сотсиологияи амалӣ гузаронида мешавад. Агар мақсади тадқиқ кор кардани назарияҳои илмӣ бошад, пас ба сотсиологияи назариявӣ мансуб аст ва агар мақсади тадқиқ коркарди тавсияҳои амалӣ бошад, ба сотсиологияи амалӣ ворид мегардад.

Аксари тадқиқоти сотсиологии таҷрибавӣ барои ҳалли ягон масъалаи амалӣ равона гардидаанд. Дар адабиётҳои илмӣ чунин тадқиқотҳо бо тарзҳои гуногун (таҷрибавӣ- эмперикӣ (Осипов Г.В.), амалӣ (Харчева В.), мушаххас ва ғайраҳо ном бурда мешавад.

Тадқиқоти сотсиологӣ-низомӣ мантиқии пайдарпайи методологӣ, методикӣ ва ташкил карда шудаи техникӣ, ки бо якдигар тавассути мақсади ягона барои ба даст овардани далелҳои саҳеҳ оиди рӯйдоди омӯхташаванда, ё ин ки дар таҷрибаи оянда истифодабаранда пайвастааст, мансуб меёбад.

Навъҳои тадқиқоти сотсиологй

Вобаста ба мураккабӣ ва бузургии вазифаи гузошташуда одатан ё навъи тадқиқи сотсиологӣ инкишофӣ (кашф кардан), тавсифӣ ва таҳлилиро муҳаққиқон қайд менамоянд.

Тадқиқи сотсиологӣ инкишофӣ – бо мақсади санҷидани тамоми унсурҳои тадқиқоти асосӣ ва барои даровардани тағйиротҳо ба нақша гузаронида мешавад. Ин навъи тадқиқ афроди зиёдро дар бар нахоҳад гирифт, азбаски мутобиқи дастур тадқиқи чуқур ва ҳама- тарафа гузаронида хоҳад шуд.

Тадқиқи тавсифшаванда бо мақсади муайян намудани сохтор, шаклҳо ва тавсифи рӯйдод ва ҷараёни омӯхташаванда гузаронида шуда, маҷмӯи зиёди одамонро дар бар мегирад. (коллективҳои калон, корхонаҳо, сокинони як район ва ғайраҳо)

Тадқиқи таҳлилӣ  натанҳо таснифи сохтори унсурӣ ва ё ҷараёнҳои омӯхташавандаро дар бар мегирад, инчунин сабабҳоеро ошкор месозад, ки асоси ин рӯйдод ва ҷараён мансуб меёбад.

Рӯйдодҳо ва ҷараёнҳои иҷтимоиро метавон статистикӣ (ҳисобӣ) ва динамикӣ (мутаассил) омӯхт. Дар ҳолати аввал ба тариқи аниқ рӯйдод омӯхта мешавад; дар дуюм ҳолат бошад, такроршавандагии ҳодисаҳо баъд аз гузаштани чанд вақт мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз, ҳангоми омӯзиши чунин рӯйдодҳо тарзи тадқиқи панелӣ ба амал бароварда мешавад, ки

баъд аз гузаштани як муддати вақт ин навъи тадқиқ гузаронида мешавад. Масалан, тадқиқи солона, нимсола, семоҳа, якмоҳа ва ғайраҳо.

Тадқиқ ҳам дар шароити лабораторӣ ва ҳам табиӣ гузаронида мешавад. Масалан, омӯзиши вазъи психологии меҳнатии бригада ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ гузаронида мешавад, ки ин навъи тадқиқро саҳроӣ мегӯянд.

Ғайр аз ин, навъи дигари тадқиқ- тадқиқи когортӣ вуҷуд дорад (сокогоз – калимаи лотинӣ буда, маънои бисёр, ташкилотҳоро ифода менамояд). Ин навъи тадқиқ гурӯҳҳои бисёрро дар бар мегирад. Ба онҳо як ҳодиса, рӯйдод, ҷараёни иҷтимоӣ як хел таъсир расонидааст ва зиндагии онҳо ба ҳам монандӣ доранд. Масалан, нафароне, ки дар як давраи муайян тавлид шудаанд. (кӯдакони ҶБВ, давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ғайраҳо)

Тадқиқе, ки барои баровардани хулосаҳо дар асоси муқоисаи рӯйдодҳои иҷтимоӣ дар як доираи муайяни вақт ва ё дар як ҳудуди муайян гузаронида мешавад, равона шудааст, тадқиқи муқоисавӣ ном дорад.

Ҳангоми гузаронидани тадқиқи сотсиологӣ се давраро мушоҳида намудан мумкин аст:

  • давраи омодашавӣ,
  • давраи асосӣ (саҳроӣ),
  • давраи ҷамъбастӣ.

Дар давраи омодашавӣ нақшаи тадқиқи сотсиологӣ кор кардашуда ва дар он методология, методика ва ташкили тарафҳои техникии тадқиқ қайд мегардад. Дар ин ҳуҷҷат пеш аз ҳама асоси назариявии тадқиқ ифода мегардад. Масалан, агар тадқиқи оила гузаронида шавад, муҳаққиқ бояд донад, ки оила чист, аз рӯи кадом арзишҳо ва қонуниятҳо вуҷуд дорад ва инкишоф меёбад. Дар ин ҳолат ба сифати асоси назариявии тадқиқ яке аз назарияҳои дараҷаи миёна -«Сотсиологияи оила» хизмат менамояд.

Ва бояд зикр намуд, ки оила ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ба шумор меравад, аз ин рӯ, сотсиолог бояд ҳангоми тадқиқи оила маълумотҳои назариявиро оиди ҷомеа дошта бошад ва донад, ки чӣ тавр он вуҷуд дорад ва чӣ тавр инкишоф меёбад ва оила чӣ гуна нақшро дар ҷомеа мебозад. Ба таври дигар иброз намоем, оила бояд ба ягон назария (масалан, назарияи низои Р. Дарендроф, назарияи Т. Парсонс ва ё ягон назарияи дигар) такя намояд.

Ғайр аз ин, дар нақша усули гузариш аз дастурҳои умуминазариявӣ ба тарзҳои ҳал, олоти ҳалли тадқиқи мушаххас ва усулҳои ҷамъоварӣ, коркарду таҳлили маълумотҳо ҷойгир шудааст.

То андозае мутобиқати дастурҳои умумӣ, усулҳое, ки маҳаки донишҳои сотсиологиро дар бар мегиранд, ба хусусияти рӯйдод ва ё ҷараёни омӯхташаванда ва ба хусусияти масъалаҳои ҳалшаванда дар усулҳои тадқиқи сотсиологӣ ифодаи худро ёфтааст.

Усули тадқиқи сотсиологӣ – маҷмӯи амалиётҳо, усулҳо, тартиби муайянгардидаи далелҳои иҷтимоӣ ва коркарду таҳлили онҳост. Ҷамъи малакаҳо, маҳорат, усулҳои фаъолият дар ташкил ва гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ (масалан, санъати тартиб додани анкета, бунёди ҷадвал ва ғайраҳо) техника номида мешавад.

Дар барнома масъалаи тадқиқ тасвият ёфтааст. Барои ин таҳлили вазъи масъалавӣ гузаронида шуда, муайян намудани ихтилоф дар ҷараёни амал намудани объектӣ иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Надонистани роҳҳо, олотҳо ва усулҳои ҳалли ихтилофот водор месозад, ки барои ёрӣ ба илм муроҷиат намоем, («фармоиши иҷтимоӣ»). Тасвияти масоили тадқиқ фарзияи гузаронидани корҳои муайяни назариявӣ ва то андозае масоили кадом ҷанбаъро сотсиология ошкор ва ҳал менамояд: (масалан, ҳангоми тадқиқи сотсиологӣ тарафҳои дигари ҳуқуқӣ ва ё иқтисодӣ дар як тараф гузошта шуда, кадом мабда асосӣ мансуб меёбад ва кадом мабда дуюминдараҷа аст ва аз ҳама муҳимаш кадом ҷабҳаҳои он ҳангоми тадқиқотҳои дигар ҳалли худро ёфтаанду ва кадом ҷабҳаҳои онро дар ин тадқиқот бояд ҳал намуд).

Дар натоиҷи таҳлил мавзӯи тадқиқ муайян мегардад; (масалан, тадқиқи интизоми меҳнат дар хоҷагии ба номи С. Зарифов)

Барои ин аввалан объекти тадқиқ муайян карда мешавад. Ба ҳайси объекти тадқиқ ин ё он умумияти одамон (масалан, коллективи меҳнатии хоҷагии С. Зарифов), фаъолияти онҳо, шароити меҳнатии онҳо омӯхта шуда ва баъдан предмети тадқиқ ва хусусиятҳои манбаи тадқиқ мавриди таҳлил қарор гирифта, ба саволе, ки муҳаққиқ ҷавобашро меҷуст, оварда мерасонад. Ягон навъи тадқиқ имкони ҳаматарафаи тадқиқи як манбаъро надорад. Аз ин рӯ, ҳангоми омӯхтани манбаъ марзи муваққатиеро муайян менамоянд, (объектҳои иҷтимоӣ ҳама вақт дар тағйиротанд). Ба сифати марзи муваққатӣ як вақти муайян хизмат менамояд. Ин метавонад соли муайян, ё ин ки моҳи муайян бошад.

Интихоби объект ва предмети тадқиқ ба сотсиолог имконият муҳайё месозад, ки дар асоси таҳлили мунтазам модели фарзиявиро сохта, имкони тавсифи унсурҳои объекти тадқиқшавандаро дар шакли нақша пайдо намояд. Ба тариқи назариявӣ сохтани модели масоили омӯхташаванда имкон медиҳад, ки ба мақсадҳои муайян ва вазифаҳои тадқиқ гузашт. Зери вожаи мақсади тадқиқ натиҷаҳои охирин фаҳмида мешавад, ки муҳаққиқ мехоҳад, баъд аз анҷоми кор ба даст орад. Ин натиҷаҳо метавонад назариявӣ-маърифатӣ, амалӣ, ё ин ки дигар навъ бошад. Одатан, мақсади тадқиқ дар ҳамбастагии фармоишгар муайян карда шуда, дар шартнома номи тадқиқ ва мақсад низ дарҷ мегардад.

Вазифаҳои тадқиқ -доираи масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки таҳлили онҳо барои ҷавоб додан ба саволи асосии тадқиқ зарур аст. Масалан, мақсади тадқиқ омӯхтани таъсири тарбияи оила дар ташаккули рафтори каҷи наврасон бошад, пас яке аз вазифаҳои тадқиқ ин нақши падар ва модар дар ташаккули шахсият, омӯхтани низоми арзишҳо ва дигар омилҳо мебошад. Ҳамаи ин зинаҳо имкон медиҳанд, ки як воҳиди том будани рӯйдод ва ҷараёни тадқиқро мушоҳида намоем.

Қадами дигари тартиб додани нақшаи кори тадқиқ ин тафсир ва муайян намудани вожаҳои асосӣ, ки ҳангоми тадқиқ истифода бурда мешаванд, мансуб меёбанд.

Тафсири вожаҳо – аз ҷиҳати назариявӣ муайян намудани вожаҳои асосӣ буда, барои он ки муҳаққиқ мазмуну мундариҷаи вожаҳоеро, ки истифода мебарад, ҳангоми кор бурдан онро ба маънои дигар шарҳ надиҳад. Масалан, ҷинояткор:- шахсе, ки ҷиноят содир карда, то ба ҳол мутобиқи қонун маҳкум нагардида; ва мафҳуми дигари ҷинояткор:- шахсе эътироф шудааст, ки мутобиқи қонун маҳкум гардидааст. Кадом мафҳуме, ки истифода гардад, ҳамон мафҳум омӯхта шавад.

Ҳангоми муайян намудани вожаҳо дар муҳаққиқ баъзе навъҳои (қиёси даҳонакӣ) объекти воқеӣ ҷамъ мегардад, ки имкон медиҳад, хусусиятҳои нав ва муносибати предмети омӯхташаванда мушаххас аниқ гарданд.

Мақсади муайян намудани вожаҳо –барқарор намудани робита байни аппарати тадқиқ ва асбобҳои методии онҳо мебошад. Он ба як воҳиди томи санҷиши техникӣ ва индикаторҳо мубаддал мегардад. Ҳамин тариқ, муайянкунии вожаҳо -маҷмӯи амалҳо бо ёрии мафҳумҳои аввалин буда, дар тадқиқи сотсиологии мушаххас истифода шуда, ба қисмҳо ҷудо гардида, имконияти тавсифи мундариҷаи онро дорад.

Муваффақияти тадқиқи минбаъда вобаста аст, аз дуруст гузаронидани ин давра, аз он ҷумла коркарди фарзияҳо. Гипотеза (калимаи юнорӣ hypothesis – фарз, тахмин) – асоси тахмини илмӣ барои маънидокунии ягон намуди пешниҳодшавандаи рӯйдод буда, санҷишро талаб менамояд. Фарзия шакли тахмин ва ё роҳ додани ғалат буда, ки дар он моҳияти мазмун хусусияти тахминиро дорад.

Вобаста ба масъалаи тадқиқ фарзияҳоро ба асосӣ ва ғайриасосӣ, вобаста ба мундариҷаи тадқиқ фарзияҳои шарҳдор, тавсифӣ ва сабтдорро ҷудо менамоянд. Фарзияҳои пешниҳодшаванда бояд якчанд талаботро доро бошанд:

  • мафҳумҳое, ки хусусияти таҷрибавӣ дар доираи тадқиқи мазкур надоранд, набояд истифода гарданд;
  • имконияти санҷишро дар рафти тадқиқ дошта бошанд;
  • дар тасвияти худ бояд нишондод оиди тарзи санҷиш дошта бошанд;
  • бояд ки оддӣ бошанд ва набояд ҳар гуна шарту қайдро дар бар гиранд.

Фарзияҳое, ки ба чунин талаботҳо ҷавобгӯянд, фарзияҳои корӣ ном доранд. Онҳо фаврӣ будани тадқиқро тезонида, интихоби дурусти объект ва ашёи тадқиқ ва усулҳои ҷамъоварии ахбори иҷтимоиро нишон медиҳанд.

Пас аз ташаккули фарзия ба коркарди асбобҳои тадқиқ шурӯъ намуд, маҷмӯи усулҳои методӣ ва техникии тадқиқ, ки дар рафти он амсоли ҳуҷҷатҳои гуногун баромад менамоянд. Ба таркиби асбобҳои тадқиқ усули ҷамъоварии аввалин маълумотҳо, варақаҳои пурсиш, тарзҳои коркард, таҳлил ва аз он ҷумла номгӯи нишондодҳои иҷтимоӣ, ҷадвалҳои иҷтимоӣ, ки чун асбоби баҳодиҳии ахбороти иҷтимоии муҳаққиқ хизмат менамоянд, ворид мешаванд.

Ҷадвалҳо: хаттӣ (масалан: нишондиҳандаи – дараҷаи маълумот, ҷадвали ибтидоӣ, миёна, олӣ); рақамӣ, графикӣ, номиналӣ, ки аз номгӯи сифатҳо (масалан, ҷинс, синну сол ва ё мақсад ва ғайраҳо) шуда метавонанд.

Дар таҷрибаи сотсиологӣ ҷадвалҳои се ва панҷдараҷадори мавқеъдошта, ки симметрӣ ҷойгиранд, истифода бурда мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои асосии сифати ченак дар сотсиология дараҷаи мутобиқати нишондодҳои ченак мансуб меёбад.

Тадқиқи генералӣ сарфи хароҷотҳои иловагӣ ва сарфи вақти иловагиро талаб намуда, муддати тадқиқро дароз менамояд.

Аз ин рӯ, бевосита як бахши элементҳои маҷмӯи тадқиқи генералӣ, ки тавассути усулҳои махсус интихоб гардидаанд, тадқиқ мегарданд.

Яке аз қисмҳои тадқиқи генералӣ – интихобнома буда, имкон медиҳад, ки оиди як гурӯҳ унсурҳо хулосабарорӣ  намоем. Ҳангоми мураттабсозии интихобнома як гурӯҳ «мафҳумҳои хосаи соҳавӣ истифода бурда мешаванд, ки умумияти генералӣ ва интихобӣ аз ҷумлаи онҳоянд».1 Умумияте, ки барои татбиқи нақшаи тадқиқоти фардии муайян мавриди интихоб қарор мегирад, умумияти генералӣ номида мешавад. Умумияти генералӣ бо рамзи N ишора шуда ва умумияти интихобиро бо рамзи n ишора менамоянд. Ба сифати умумияти генералӣ ва ё қисми он, ки дар бораи онҳо муҳаққиқ мехоҳад маълумоти пешбинигардидаро ба даст оварад, баромад карда  метавонад. Дар баробари харҷи ками маблағ ва мӯҳлати кӯтоҳ интихобнома тадқиқи фундаменталии радомизиониро (аз забони англисии random – интихоби тахминӣ), яъне интихоби тасодуфиро тақозо менамояд.

Навъҳои гуногуни интихобнома вуҷуд дорад; асосан олимон ду навъи он: тасодуфӣ ва ғайритасодуфиро қайд менамоянд. Тасодуфӣ яке аз шаклҳои хеле маъмули он буда, муҳаққиқи рус Н. Н. Чурилов чунин шаклҳои навъи интихобномаи тасоддуфиро пешниҳод менамояд: 1) эҳтимолӣ, 2) системанокӣ, 3) ноҳиябандишуда, 4) лонавӣ.

Ба ғайритасодуфӣ бошад, шаклҳои зерин: 1) стихиявӣ,

  • квотавӣ, 3) усули бузургии асосиро ворид менамояд. Силласте Г. Г. дигар усулҳои табақабандии навъҳои интихобномаро пешниҳод намуда, зикр менамояд, ки навъҳои эҳтимолӣ (тасодуфӣ) ва мақсаднок вуҷуд дошта, онҳо дар навбати худ дорои методҳои хоса мебошанд. Ба гурӯҳи эҳтимолӣ (тасодуфӣ) –и вай методҳои зерин:
  • ҷудокунии тасодуфӣ (дар ҳолате ки умумияти генералӣ аз 800 нафар зиёд нест); 2) интихоби механикӣ, 3) интихоби силсилавӣ,
  • интихоби лонавӣ ҷудо менамояд.

Ба гурӯҳи дуюм бошад, методҳои зайлро 1) репрезентативӣ,                                                                                          

  • квотавӣ, 3) тасодуфиро ворид намудааст. Респондентҳоро дар илми омор ба шаклҳои зерини интихобкунанда ҷудо менамоянд:

 -интихоби тасодуфӣ вобаста ба синну сол;

 -интихоби тасодуфӣ 

 – интихоби механикӣ 

 – интихоби типӣ(намудӣ)

 – интихоби силсилавӣ.

Барои муайян намудани саволҳои умумимиллӣ андозаи интихоби муқаррарӣ аз 1000 то 2500 респондентро дар бар мегирад. Дар муайян намудани масъалаҳои минтақавӣ ва масоили махсуси шаҳрвандон (ҷавонон, нафақагирон, зиёиён ва ғайраҳо) аз 200 то 500 нафар интихобкунанда бояд ширкат варзанд. Ҳангоми таҳлили зергурӯҳҳои зиёд андозаи интихобномаҳо аз 1000 бояд зиёд бошад.

Хусусияти интихобнома, ки сифати умумияти генералиро инъикос менамояд, репрезентатив ном дорад. Репрезентатив аз калимаи лотинӣ – represento гирифта шуда, маънояш муаррификунӣ буда, сохтору ҳолати умумияти генералии объекти тадқиқ шуда метавонад.

Ҳангоми татбиқи интихобномаҳо ва лоиҳакашии онҳо хатогиҳо рух медиҳанд. Ба хатогиҳои интихобнома инчунин иштибоҳоти санҷиш низ ҳамроҳ шуда метавонанд. Ҳангоми санҷиши аниқ натоиҷ бояд 95% фисадро ташкил намояд, он гоҳ натиҷаи ба даст овардашуда барои тадқиқ кофист.

Ҳар як тадқиқи сотсиологӣ вобаста ба объект ва предмети омӯзиши худ нотакрор буда, онҳо мақсаду маром, вазифа ва айни замон методҳои тадқиқи хосаи хешро доранд. Дар ҳар як тадқиқот як ва ё якчанд усулҳои ҷамъоварии ахбор кор карда шуда, методҳо ва методикаи тадқиқ, тарзҳои тадқиқ ва тартиби тадбиқи онҳо инъикос меёбанд. Ҳангоми интихоби методҳо ва методикаи тадқиқ онро бояд асоснок намуд, ки онҳо ба фарзияи пешниҳодшуда мутобиқат намуда, барои санҷиши ҳамин фарзия зарур бошанд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.