Шахсият дар низоми муносибатхои ичтимоӣ

  1. Масъалаи инсон дар сотситология
  2. Мафҳуми шахсият дар сотсиология
  3. Таҳлили дараҷаи макросотсиологии шахсият
  4. Алоқамандии шахсият ва ҷомеа
  5. Консепсияи мартабавии шахсият
  6. Назарияи нақшавии шахсият
  7. Назарияи тасвирии Ман
  8. Масъалаи инсон дар сотситология

Масъалаи инсон ва шахсият дар низоми донишҳои сотсиологии муосир як масъалаи муҳими илмӣ ба шумор меравад. Инсонро илмҳои гуногун марвиди омӯзиши хеш қарор додаанд ва ҳар яке дар омӯзиши он хусусиятҳои хоси худро доранд. Ин хусусиятҳо предмети омӯзиши онҳоро муайян мекунад. Илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ ба омӯзиши инсон машғуланд.Илмҳои гуманитарӣ инсонро чун мавҷудоти ҷамъиятӣ мавриди омӯзиши худ қарор медиҳад ва илмҳои табиӣ бошанд, инсонро чун мавҷудоти биологӣ таҳқиқ менамояд. Ҳангоми омӯзиши ҷанбаҳои сотсиологии ҳаёти инсон омилҳои биологӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Бе назардошти тарафҳои иҷтимоии ҳаёти инсон масъалаҳои илм ва техника ҳалли худро нахоҳанд ёфт. Сотсиология инсонро дар маркази омӯзиши худ қарор дода, пеш аз ҳама ба илмҳои дигари гуманитарӣ, аз қабили фалсафаи иҷтимоӣ, антропология, психологияи умумӣ ва иҷтимоӣ, педагогика, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва инчунин иқтисодиёт сахт алоқаманд аст. Масъалаи инсон ин яке аз бахшҳое мебошад, ки сотсиологияро бо илмҳои дигар алоқаманд менамояд.

Ҳар яке аз илмҳои зикргардида инсонро аз нуқтаи назари хеш мавриди омӯзиши худ қарор медиҳанд. Масалан, философия инсонро аз нигоҳи назариявӣ – таърихӣ мавриди таҳлили худ қарор дода, моҳияти инсон, маънои ҳаёт, қонуниятҳои умумии иҷтимоӣ – биологии инкишофи онро меомӯзад. Антропология пайдоиш ва инкишофи инсон, пайдоиши нажодҳои инсоният ва тағйири шакл додани инсониятро тадқиқ менамояд. Яке аз қисматҳое, ки сотсиологияро бо антропология наздик менамояд, ин қисмати сотсиологие, ки ба омӯзиши ҷомеаҳои содда ва анъанавӣ машғул аст, мебошад.

Психологияи иҷтимоӣ низ инсон ва ҷамоаи онро мавриди омӯзиши худ қарор дода, вале танҳо ба масъалаҳои махсуси он даст мезанад. Масалан, чӣ тавр одам шахсият мешавад, чӣ тавр вай хусусиятҳои шахсии худро амалӣ менамояд, сохтори шахсият, масъалаи муносибти байни фардӣ ва ғайраро тадқиқ менамояд. Равияи психоаналитикӣ дар ҷаҳони муосир андар фаҳмиши инсон ва шахсият саҳми босазое гузошт, бахусус, мавқеъ ва вазифаи инстинктро дар рафтори одам мавриди таҳлил қарор дода, бисёре аз

паҳлӯҳои норавшани шахсро кушод. Сотсиология моҳияти пеш аз шуур ва беақлонаи рафтори одамонро инкор наменамояд ва айни замон ин омилро барзиёд дар рафтори одамон нишон намедиҳад.

Дар сотсиология инсон яке аз мавҷудоти олии рӯи замин, ки дорои таъриху фарҳанги хоса ҳаст, мавриди таҳлил қарор мегирад. Нисбат ба дигар мавҷудоти зинда инсон натиҷаи фаъолияти маънавӣ ва моддии худ дониста мешавад.

Агар сухан оид ба як одам чун намояндаи ҷомеа, халқ, табақаи иҷтимоӣ ва ё синф равад, мафҳуми фард истифода бурда мешавад. Фарди иҷтимоӣ, ин аъзои ҷудокардашудаи ҷамоа мебошад. Ин мафҳум ҳангоме ба кор бурда мешавад, ки намояндаи танҳои ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифта бошад. Мафҳуми фарди иҷтимоӣ дар илмҳои дигар, бахусус, психология васеъ истифода бурда мешавад. Дар психология зери ин мафҳум намояндаи авлод фаҳмида шуда, ки хусусиятҳои хосаи рӯҳию равониро дорост. Ин мафҳумро аз мафҳуми фардият бояд фарқ намуд (фардият хусусиятҳои табиӣ ва иҷтимоии такрорнашавандагиро дорост).

Мафҳуми шахсият дар сотсиология

Мафҳумҳои одам ва шахсият дар таърихи башарият зиёда аз ду ҳазор сол чун синоними якдигар дониста мешаванд. Вале бояд зикр намуд, ки байни онҳо тафовути маъноӣ ва ҷиддӣ ба назар мерасад. Пайдоиши мафҳуми шахсиятро ба театрҳои антиқа мансуб медонанд. Дар театрҳои антиқа зери мафҳуми персон, ки ифодакунандаи ниқоб буда ва актиёр зери он нақши ҷанговар, ғулом ва ғайраҳоро ифода мекард. Аз як тараф, инсон Мани худро зери ниқоб гирифта ва айни замон худро ба табақаи дигари иҷтимоӣ пайванд намуда, рафтори эшонро пешкаши тамошобин менамуд.

Дар илми муосир ду тарзи муайянкунии шахсият вуҷуд дорад. Аввалан, мантиқӣ-расмӣ, дуюмин диалектикӣ-мантиқӣ. Аввалин, мантиқӣ-расмӣ ба мантиқи шаклӣ мансуб буда, дорои тафаккури комил мебошад. Вобаста ба ин таври муайянкунии шахсият тавассути мафҳуми васеи авлоди инсонӣ муайян карда шуда ва баъдан хусусиятҳои фарқкунандаи шахсият ва инсон оварда мешавад. Дар аксар ҳолатҳо ин хусусиятҳо мусбӣ мебошанд ва аз ин мебарояд, ки шахсият одамонеро меҳисобанд, ки дорои сифатҳои муайяни мусбист.

Заифии ин назария ҳангоми ҷавоб додан ба саволи «киро шумо шахсият меҳисобед ва намеҳисобед?» маълум мегардад. Масалан: Агар шумо кӯдакро шахсият ҳисобед, пас аз кадом синну сол? Агар ҷинояткорро, пас аз рӯйи кадом сифатҳояш?

Дуюмин тарзи муайянкунии шахсият диалектикб-мантиқб ба воситаи таҳаввулоти умумӣ, махсус ва ягона, ки шахсият аз нуқтаи назари иҷтимоӣ дорои хусусияти махсус бошад ба эътибор гирифта намешавад. Бояд тазаккур дод, ки одамон сифатҳои умумии биологӣ, иҷтимоиро доро мебошанд. Айни замон одамон дорои хусусиятҳои хосаеро (фардиро) доро мебошанд. Агар сифатҳои умумии одамонро, ки ба фаъолияти ҳаёти иҷтимоии онҳо вобастагӣ доранд, дида бароем ва онҳоро ба хусусиятҳои фардияшон таносуб диҳем, тавсифи иҷтимоии шахсият ба даст оварда мешавад.

Ҳамин тариқ, инсон мафҳуми умумӣ буда, таҷассумгари вожаи биоиҷтимоист. Хусусияти иҷтимоии инсон ифодакунандаи шахсият мансуб меёбад. Шахсият, сифатҳои иҷтимоии одамон буда, маҳсули инкишофи ҷамъиятӣ ва воридгардии фард ба низоми муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Фард дар ҷараёни азхудкунии вазифаҳои иҷтимоӣ ва инкишофи худогоҳӣ шахс мешавад. Худогоҳӣ ин дарки такрорнашавандагӣ ва худшабеҳӣ чун субъекти фаъолият ба ҳайси аъзои ҷамеа. Яке аз сифатҳои асосии шахсият фаъолнокии иҷтимоист. Фаъолнокии иҷтимоиро дар ду ҷанба дидан мумкин аст: ҷанбаи аввали фаъолнокии иҷтимоӣ дар ҷараёни тарбия, омӯзонидан, муомила ва фаъолияти таҷрибавӣ ташаккул меёбад. Баъзе аз одамон табиатан фаъол, пурғайрат ва серҳаракатанд, ки аз айёми кӯдакӣ машҳур мегарданд. Баъзе дигар, баръакс, ниҳоят ҳам суст ва беғайратанд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ фаъолнокӣ ё инкишоф меёбад ва ё баръакс фаҳмида мешаванд.

Ҷанбаи дуюм аз дарк кардани фаъолнокӣ чун баъзе фаъолияти мушаххас бармеояд. Дар ин ҳолат фаъолнокӣ тавассути нишондоди мушаххас ифода меёбад. Мисол, шуда метавонад, ченаки фаъолнокии меҳнатӣ дар истеҳсолот. Меъёри фаъолнокии иҷтимоӣ натиҷаи фаъолият шуда метавонад. Мафҳуми субъекти иҷтимоӣ ба мафҳуми фаъолнокии иҷтимоӣ зич алоқаманд мебошад. Субъекти иҷтимоӣ ин инсонест, ки қобилияти фаъолнокии иҷтимоиро дорост.

Таҳлили дараҷаи макросотсиологии шахсият

Яке аз хусусиятҳои омӯзиши шахсият аз нигоҳи сотсиологӣ аз он иборат мебошад, ки шахсият дар ду дараҷа макро (васеъ, калон) ва микро (хурд, танг) баррасӣ мегардад. Дар дараҷаи микросотсиологӣ шахсият иҷрокунандаи нақши муайяни сотсиологӣ дида баромада мешавад. Дар дараҷаи макросотсиологӣ шахсият маҳсули маданият дониста мешавад. Ба фикри Э. Дюркгейм, барои он ки шахсиятро фаҳмем, маданияти ҷамъиятии вайро паст задан лозим аст. Дар ин дараҷа мафҳумҳои шахсиятҳои мсъёрӣ ва модалӣ истифода бурда мешавад. Яъне шахсиятҳое, ки инъикоскунандаи хусусияти хоси ягон маданиятанд. Масалан, амрикоии садфоиза, одами советӣ ва ғайраҳо. Ин як навъ типи идеалӣ мансуб меёбад, ки ҷомеа дар пайравии онҳо насли ҷавонро тарбия менамояд.

Дар байни олимон баҳс атрофи «шахсият дорои кадом меъёрҳо бояд бошад», ки ҷомеа босамар рушд намояд, вуҷуд дорад. Агар ин ё он гурӯҳи иҷтимоиро гирем ва аз рафтори як шахсияти он, мақсаду маром, шарт ва қонуниятҳои мавҷуд будани гӯрӯҳи мазкурро бе мушкилӣ дарк карда метавонем. Дар тафаккури мо тасаввур оид ба чӣ гуна будани ин ё он гурӯҳ ҷой дорад. Масалан, донишҷӯ дар мактаби олӣ чӣ гуна бошад? Омӯзгори мактаби олӣ кӣ шуда метавонад? Кӣ аскари қисми ҳарбӣ?

Шахсияти модалӣ (аз калимаи юнонии modus гирифта шуда маънояш – тарз, меъёр, андоза) – ин одамест, ки ба мисли аъзоёни дигари ҷомеа маданияти намунавиро пайгирӣ менамояд. Шахсиятҳои модалӣ, ба таври дигар карда гӯем, афроде мебошанд, ки дар ҳамон марзу бум паҳн гардидааст. Баъди пошхӯрии ИҶШС дар Тоҷикистон шахсиятҳои зиёде ба ҳолати рӯҳӣ дучор гардида буданд ва онҳо намедонистанд, ки дар ин тағйирёбӣ чӣ кор кунанд на онҳоро бо чунин гурӯҳи шахсиятҳо ворид намудан мумкин аст. Ҳоло бошад, савдогарҳо хеле зиёданд, ки ба ҳар восита мехоҳанд, ки пул ёбанд, ҳатто бо роҳи қаллобию ришваситонӣ ҳам бошад, ки васоити ахбори омма ва органҳои судӣ оид ба шахсиятҳои мафиозӣ хеле зиёд қайд намуда ва барои ҷомеа хатарнок будани эшонро зикр менамояд.

Омӯзиши навъҳои шахсиятҳои модалӣ нишон медиҳад, ки кадоме аз онҳо дар ҷомеа мақоми ҳукмронро доро мебошанд.

Баъзе аз муҳаққиқон шаш навъи шахсиятҳо – олимон, иқтисодчиён, сиёсатмадорон, рӯҳониён ва санъаткорону адибонро нишон медиҳанд. Ин навъҳоро дар асоси самти иҷтимоие, ки бештар дар онҳо зуҳур кардааст, ҷудо менамоянд. Масалан, шахсияти иқтисодчӣ ҳамеша мекӯшад, ки ҳаматарафа аз ҷиҳати моддӣ таъмин бошад. Шахсиятҳои модалӣ ҳеҷ гоҳ ба шахсиятҳои меъёрӣ монанд шуда наметавонад, гарчанде ки дар онҳо кӯшиши расидан барои ноил шудан ба комёбиҳо мушоҳида мешавад. Одамоне, ки аз меъёрҳои қабулгардидаи ҷамъият канорагирӣ менамоянд, барои ҷомеа хатарнок мебошанд. Чунин шахсиятҳо, ё ин ки нормаҳои мавҷудбудаи ҷомеаро тағийр медиҳанд, ё ин ки ҷомеа онҳоро маҷбур менамояд, ки меъёрҳои мавҷуддоштаро иҷро намоянд.

Ҳаминро бояд тазаккур кард, ки шахсиятҳои меъёрӣ бештар доимӣ  ва шахсиятҳои модалӣ динамикианд: бо тағйир ёфтани шароити фаъолияти ҳаёт ин навъҳои шахсиятҳо низ тағйир меёбанд.

Дар ҷаҳони муосир шахсиятҳое низ вомехӯранд, ки аз доираи иҷтимоии худ баромада ва аз фарҳанги худ канда шудаанд ва дар ҷойи нав ҳоло мутобиқ нагардида ва маданияти онҳоро напазируфтаанд. Ин навъ шахсиятҳоро маргиналӣ (аз лотини. Marginalis -дар канор) меноманд. Ин ҳолати рӯҳии ниҳоят ҳам мураккаб буда, тарс ва ташвишро ба бор меоварад. Одамон барои барканор кардани тарс мекӯшанд, ки ба ягон гурӯҳ, ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва ё ташкилот бипайвандад.

Алоқамандии шахсият ва ҷомеа

Барои пурра дарк кардани шахсият дар дараҷаи макросотсиологӣ зарур аст, ки хусусиятҳри баҳамалоқамандии ӯро бо муҳити зист дида бароем. Оид ба муҳити зист сухан ронда, пеш аз ҳама муҳити иҷтимоиро дар назар дорем, маҳз он одамонеро, ки фард дар байни онҳо гардиш мекунад ва аз онҳо вобаста аст, ё онҳо аз ӯ вобастаанд. Муҳити иҷтимоӣ —ин маҷмӯи омилҳои иҷтимоиест, ки дар ташаккул ва рафтори шахсият таъсир мерасонад. Мавҷуд будани макромуҳит (ки ба он тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, сохтори ҷамъиятӣ, низоми парваришу омӯзиш ва ғайраҳо мансубанд) ва микромуҳитро ( ба он коллективҳои меҳнатӣ, оила ва мактаб ворид мешаванд), олимон қайд менамоянд.

Муҳити иҷтимоии шахсият муносибатҳоро то дараҷаи ҷамъиятӣ муайян мекунад. Баҳамалоқамандии шахсият ва ҷомеа ин ҷариёни фаъолияти фаъоли шахс дар ҷомеа буда, вай метавонад муҳити иҷтимоиро ва муҳити зистро тағйир диҳад ва баръакс, низоми иҷтимоӣ ва муҳити зист метавонад ба шахс таъсири хешро гузорад. Муносибате, ки дар натиҷаи чунин баҳамалоқамандӣ сурат мегирад, муносибати иҷтимоӣ ном дорад. Муносибати иҷтимоӣ ин низоми мустаҳками муайян буда, дар ҷараёни баҳамалоқамандии байниҳамдигарии фардҳо дар шароити ҳамон ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ доранд, мебошад. Муносибати байни афрод дар байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мисолҳоро дида мебароем. Масалан, шумо агар хоҳед, ки хонадор шавед, барои муносибати муайянеро бояд бо нафари дигар ва одамони наздики ӯ барқарор намоед, то ин ки ин муносибатҳо онҳоро водор созанд барои барпо намудани оила бо шумо розӣ бошанд. Барои он ки соҳибвазифа гардед, дар ҷое кор мекунед, ки донишҳои доштаю малакаи шумо кофӣ  нест, бояд бо роҳбарон ва ҳамкорон муносибати тарафайнро барқарор намоед.

Ҳамин тариқ, он чизе, ки мо мекунем, натиҷаи муносибати иҷтимоист, ҳар як коре, ки менамоем, ин барқарор намудани муносибатҳои тарафайн мебошад. Агар шахс дар ҷомеа ба мартабае ноил гардад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вай муносибати тарафайнро бо дигар аъзоёни ҷомеа дуруст ба роҳ мондааст. Муносибатҳои иҷтимоӣ ин маҳсули эҷодиёти инсоният мебошад. Муносибати байниҳамдигарии ҳайвонот табиӣ мебошад ва аз инсоният сунъӣ ва дар асоси баҳамалоқамандии аъзоёни ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботҳо ба миён меояд. Муносибатҳои иҷтимоӣ  инъикоскунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, дорои ду дараҷа мебошанд:

  • дараҷаи иҷтимоӣ: – одамон бо якдигар ба воситаи гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ муносибат менамоянд;
  • дараҷаи равонӣ ва рӯҳӣ (психологӣ): ин муносибати байнифардӣ, одам ба одам, одам ва дигарон мебошад.

Муносибати шахсият ва ҷомеаро чун фаъолияти фард барои қонеъ кардани талаботҳои хеш маънидод кардан мумкин аст. Агар инро бо формула ифода намоем, он гоҳ А аз Б вобаста аст, Б ба А барои иҷро кардани вазифаҳои иҷтимоӣ лозим аст.

Барои иҷро кардани вазифаи муайян дар ҷараёни баҳамалоқамандии иҷтимоӣ ба фард ӯҳдадориҳо гузошта мешавад. Барои иҷрои ин ӯҳдадориҳо ӯ ҳуқуқҳои хосаро дорост. Тӯҳфа кардан ва пардохт барои иҷрои вазифаҳо дар асоси муносибатҳои иҷтимоӣ як шаклҳои муайнякунии ҳуқуқҳои хоса мансуб меёбад. Вазифаи фард ва ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳо дар муносибат ба дигар ширкаткунандагон мартабаи инсонро муайян мекунад.

Консепсияи мартабавии шахсият

Ҳангоми дида баромадани мавқеи шахс дар ҷомеа мафҳуми мартабаи иҷтимоӣ бештар мавриди истифода қарор дорад. Мартабаи иҷтимоӣ, мутобиқи таърифи П. А. Сорокин, ин мақоми ишғолкардаи фард дар фазои иҷтимоист. Фазои иҷтимоӣ аз фазои геометрӣ (сеандоза) бо бисёрандозагияш фарқ менамояд. Барои мартабаи иҷтимоии инсонро муайян созем, аввалан бояд, мавқеи иҷтимоии онро донем. Олими рус – П. А. Сорокин масъалаи антиқаро ба ибораи дигар гардонида менигорад «Ба ман иброз намоед, ки ба кадом қабати иҷтимоӣ тааллуқ доред ва кадом вазифаро дар ин гурӯҳҳо дорӣ, ман иброз кунам, ки ту кадом мартабаро дар ҷомеа дорӣ ва аз рӯи нақшаи иҷтимоӣ Шумо кӣ ҳастед?1».

Мавқеи иҷтимоӣ (статус) (калимаи лот. status – ҳолат, кор, мавқеъ) мавқеи мутаносиби фард ё гурӯҳ дар низоми иҷтимоӣ вобаста ба иҷрокунии вазифаҳои иҷтимоӣ дар доираи ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳост. Ҳар як фард вазифаҳои зиёдеро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ иҷро менамояд, чунки вай аъзои якчанд гурӯҳи иҷтимоист. Аз ҳамин лиҳоз, вай мавқеи гуногунро дорост. Мавқеъҳоро ба навъҳо ҷудо мекунанд: – мавқеи асосӣ ва муҳим. Мавқеи асосӣ дар байни мавқеъҳои дигаре, ки фард дар ҷомеа дорад, мавқеи майянкунандаи фард мебошад. Аъзои ҷомеаи муайян, шаҳрванд будан, мутааллиқи оила будан, агар он оила дар сохторҳои ҷомеа мақоми муҳимеро дошта бошад, мавқеи асосӣ шуда метавонад. Мақоми асосии инсонро аз лиҳози иҷтимоӣ муйян менамояд. Лекин на ҳама вақт ҳамон мавқеи ишғол карда, ки ба сифати мавқеи асосӣ дар ҷомеа ҷой дорад, ба мавқее, ки шахс худро мансуб медонад, мувофиқат менамояд. Аммо одамон якдигарро вобаста ба мавқеи ишғол кардаашон дар ҷомеа эътироф менамоянд.

Афрод дар ҷомеа мақоми муайянро бо ду тарз соҳиб мегардад. Мавқеи мутааллиқ будан, ки тавассути хусусиятҳои авлодӣ фардро бар ҷомеа эътироф менамоянд ( нажодӣ, мансубияти этникӣ) ва мавқеи ноилгардида, ки худи шахс бо кӯшиш ба даст овардааст (маълумот, хизмат) ҷудо менамоянд.

Мавқеи мутааллиқ будан- ин мақоми иҷтимоест, ки новобаста из хоҳишу майл, маҳорати фард ё гурӯҳ авлодан ба онҳо дода мешавад. Гуногунии чунин мавқеъ ифодакунандаи мавқеи синфӣ- иҷтимоии фард дар ҷомеа буда, сабаби мансубияти он ба синфҳои иҷтимоист. Мавқеи ноилгардида – ин мақоми иҷтимоиест, ки фард бо кӯшишу ирода ба воситаи интихоби фардияш дар натиҷаи рақобат бо афроди дигар ишғол кардааст, мансуб меёбад. Гуногунии мавқеи ноилгардида – вазифаи касбӣ, яъне мавқеи ишғолкардаи фард дар ҷомеа шуда метавонад.

Ҳамин тариқ, мафҳуми мавқеи иҷтимоӣ ифодакунандаи мақоми шахсият дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти вай дар шаклҳои гуногуни ҳаёт ва дар охир баҳо додани фаъолияти шахс аз тарафи ҷомеа дар ягон шакл (моҳона, тӯҳфа, мукофот, рутба, имтиёзот) ва инчунин худбаҳогузории шахс ба баҳое, ки ҷомеаю гурӯҳи иҷтимоӣ медиҳад ё мувофиқат мекунад ё на, мебошад. Масъалаи мақоми иҷтимоӣ натанҳо хусусияти назариявиро дорост, инчунин хусусияти таҷрибавиро низ дар бар мегирад. Дар ҳаёт мисолҳои зиёде вомехӯранд, ки афрод ба тариқи дурӯғ соҳиби мақому мартаба гардидаанд.

Назарияи нақшавии шахсият

Назарияи нақшавии шахсият як самти омӯзиши шахсият мансуб ёфта, мутобиқан тавассути азхудкунӣ қабул гардида ва ё иҷрокунии вазифаҳои иҷтимоию навъҳои рафтор, нақшҳо тавсиф меёбад. Чунин нақшҳои иҷтимоӣ аз мавқеи иҷтимоии шахс бармеояд. Меъёрҳои асосии ин назария аз тарафи иҷтимоиётшиноси амрикоӣ – Ҷ. Г. Мид дар китобҳои – «Нақш, Ман ва ҷомеа». (1934) , «Таҳқиқи инсон». (1936) баён гардидаанд. Ба андешаи ӯ, мо рафтори нақширо тавассути ким-кадом нафари бомаънӣ аз бар менамоем, яъне ба рафтори вай пайравӣ намуда, нақши худро дар ҷомеа хоҳем гузошт.

Инсон ҳамеша худро тавассути афроди дигар мебинад ва нақшеро барои атрофиён иҷро менамояд, ё ин ки нақши ҷамъияти худро нигоҳ медорад. Барои иҷрои нақш Мид 3 навъи вазифаҳоро қайд менамояд: 1) тақлид – такрори  механикӣ; 2) дар нақш бозидан, аз як нақш ба нақши дигар гузаштан; 3) гурӯҳан аъзо гардидан, аз худ кардани нақши муайян то ба чашми фарди гурӯҳҳои иҷтимоӣ намудор гардад. Мафҳуми марказии ин назария «нақши иҷтимоӣ» дар аввалҳои асри XX дар осори Э. Дюркейгем, М. Вебер ва баъдтар Т. Парсонс, Р. Липтон ва дигарон кор карда шуда буд. Нақши иҷтимоӣ ( Rоlе-аз франсузӣ) намунаи рафтор мустаҳкам шуда, тасдиқ гардидааст, барои одамоне, ки ин ё он мавқеъро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ ишғол кардааст, интихоб гардидааст.

Нақши иҷтимоӣ асосан дар ду самт дида    мешавад; 1) интизори нақш ва 2) бозидани нақш. Интизории нақш намунаи рафторест, ки аз тарафи мавқеи махсус барои одамони ҳамин мавқеъ ва ҳамин низоми иҷтимой (дар доираи меъёрҳо ва ченакҳо) тарҳрезӣ гардидааст. Ба тариқи дигар ин рафторест, ки муҳити моро иҳота кардааст ва мавқеи моро дар ҷомеа медонанд, рафтори моро интизоранд. Бозидани нақш – ин рафтори ҳақиқии инсон, ки ин ё он мавқеи иҷтимоиро дорост мебошад. Дар сохтори меъёрй нақши иҷтимой чор унсур вуҷуд дорад: 1) таснифи навъҳои рафтор, мутобиқ будан ба нақши мавҷуда; 2) амр кардан, талаб кардан алоқаманд аст бо рафтори мазкур; 3) баҳо додан ба нақши амр гардида; 4) иҷозат додан.

Метавонад, ки хусусияти мусбӣ ё манфиро дошта бошад. Ҳар як шахс  мавқеъҳои гуногунро дорост ва ҳар як мавқеъ мутобиқат мекунад ба спектри нақшҳо. Ҳамин тариқ, бояд тазаккур кард, ки ҳар як фард дар ҷомеа нақшҳои гуногуни иҷтимоиро иҷро менамояд. Вобаста ба ин масъалаи ихтилофии нақш ба миён меояд. Ихтилофи нақш – ин бархӯрди меъёрҳои нақш мебошад, ки фарде, ки ин нақшро бояд иҷро намояд, айни замон нақшҳои дигарро иҷро карда истодааст ва ё ин ки бо сабабҳои дигар ба вуҷуд меояд.

Ихтилофи нақшро чунин тасниф намудан мумкин аст. Аввалан, ин ихтилофоти дарки нақши худ ва нафароне, ки моро иҳота кардаанд. Масалан, муаллими мактаби олӣ чунин мепиндорад, ки бе ягон таъзиқи беруна барномаи таълимиро ба шогирдон омӯзонида метавонад. Аммо дар кафедра методи дигари                                                                                                                азбаркунии фанро пешниҳод менамояд. Дуюм, ин ихтилофи байни самтҳои гуногуни як нақш шуда метавонад. Масалан, адвокат бояд, ки маҳкумшавандаро тарафдорӣ карда, бегуноҳии ӯро исбот созад, вале чун ҳуқуқшинос, ҳимоятгари адолати иҷтимоиёт ва ҷомеа интизор аст, ки ба вайронкунандагони қонун мубориза мсбарад. Сеюмин, ихтилоф байни иҷрокунандаи нақши иҷтимоӣ бо сифати баланд амалро бояд иҷро намояд, чунки аз вай натиҷаҳои баландро интизоранд. Дар байни варзишгарон сифатҳои пурқувватӣ, қавииродагӣ, аз эҳсосот дур будан, кӯшидан барои ғалаба, қадру қиммат ҷой доранд. Олимон Штайн ва Хоффман (1978) муайян кардаанд, ки барои духтарон ин сифатҳо қобили қабул нест. Ба онҳо бештар садоқат, эҳсосоти чуқур, қобилияти мутаассир гардидан мақбул аст. Аз ин рӯ, варзишгарон бояд сифатҳоеро бояд гиранд, ки баҳри расидан ба мақсадҳояшон ёрӣ расонанд ва айни замон сифатҳоеро интихоб намоянд, ки диққати зебосанамҳоро ба худ ҷалб карда тавонанд. Чаҳорум, ин ихтилофест, ки аз тарафи одамони гуногун як нақшро шахс ба талаботҳои якхела иҷро намояд. Масалан, аз занҳо дар ҷойи кор роҳбарон талаб менамоянд, ки фидокорона фаъолият намоянд, дар хона шавҳарон аз онҳо талаб менамоянд, фидокорона кор намоянд. Панҷумин нави ихтилофот байни сифатҳои шахсиятии фард ва талоботҳои нақш ба шумор меравад. Пинҳон нест, ки одамони зиёде дар вазифаҳое кор менамоянд, ки онҳо сифатҳое, ки ин касб талаб менамояд, надоранд. Онҳо ин корро дар аксар ҳолатҳо бо як дилсардӣ иҷро менамоянд.

Назарияи тасвирии Ман

Яке аз назарияҳои шахсият дар сотсиология ва психология назариявӣ – «Назарияи тасвирии Ман» мебошад. Ин назария аз эътирофи ҳалкунандаи муносибатҳои фард, ки муносибати ҳар якеро чун оинаи якдигар нишон медиҳад, бармеояд. Симои Ман ин мафҳуми марказии як қатор маънидодкунии шахсият ба шумор меравад. Ман – ин мустақилӣ, соҳибихиёрӣ арзиши интегралии як шахс буда, ки дар асоси он фард худро аз олам ва одамони дигар фарқ менамояд. Яке аз асосгузорони ин ҷараён – У. Ҷеймс дар Ман

  • Мани иҷтимоиро дида ва зикр менамояд, ки танҳо бадин хотир атрофиён ин одамро эътироф менамоянд. Чӣ қадаре ки инсон бошад, ҳамон қадар фардҳо ва гурӯҳҳо мавҷуданд ва ҳамон қадар

Мани иҷтимоӣ дар ҷомеа ба назар мерасад, ки афкори онҳо аз ҳам тафовут доранд. Ин ақидаро олими амрикоӣ  Ҷ. X. Кул инкишоф додааст. Вай чунин мепиндорад, ки мавҷудоти ҳақиқии иҷтимоӣ қобилияти аз гурӯҳҳо худро ҷудо кардани фард ва дарки худи Ман мебошад. Шарти асосии ин ба андешаи Кулл муомилаи фард бо одамон ва аз бар кардани фикри дигарон оиди худаш аст. Эҳсосоти Ман бе эҳсосоти Мо вуҷуд надорад. Фаъолияти бошууронаи фард ҳамеша иҷтимоист. Онҳо барои инсон маънои таносубии фаъолиятро дошта, ки дар одамони дигар нисбати Мани вай таассурот пайдо мешавад. Одамони дигар ин оинаест барои фард, ки симои Худро тавассути онҳо дарк карда ва худ ташаккул меёбад. Ба пиндори Ҷ. X. Кулл шахсият таҷассумкунандаи маҷмӯи хусусиятҳои аксуламали равонӣ ҳангоми баҳодиҳии атрофиён мебошад. Мани шахсии вай -ин маҷмӯи таассуротҳои атрофиён аст, ки ба хаёли ӯ дар онҳо ба вуҷуд овардааст. «Ман» иборат аст аз :

  • таассурот доир ба он, ки ба одамони дигар Ман чӣ тавр зоҳир мегардам; 2) таассуротест, ки чӣ тавр одами дигар симои (образ) маро баҳо медиҳад; 3) аз ин ҳиссиёти махсус барои ман чӣ натиҷа мебарояд – ифтихор ё обрӯ рехтан. Ҳамаи ин дар ҳиссиёти инсонӣ андӯхта гардида муайянкунандаи фардии тасвирии Ман мансуб меёбад.

«Ман» омехтакунандаи иҷтимоиёт ва фардиёти инсон буда, кафил ва ҷамъбасти алоқамандии ҷомеа аст. Ҷомеа барои фард дар шакли сатҳҳои иҷтимоӣ ва шахсияти худ кушода мегардад. Ҷомеа берун аз шуури фард қариб, ки вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, мафҳуми «Ман» аз рӯи моҳияташ маҳсули тахайюлот мебошад. Назарияи тасвирии Ман аз тарафи Ҷ. Мид, ки мафҳуми марҳилаи ташаккули Ман-ро ҷорӣ кардааст, инкишоф дода шудааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.