Гуруххои ичтимои, ниходхо ва ташкилотхои ичтимои

  • Гурӯҳҳои иҷтимоӣ
  • Умумияти иҷтимоӣ
  • Ниҳодҳои (институт) иҷтимоӣ
  • Ташкилотҳои иҷтимоӣ
  • Давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

                                            Гурӯҳҳои иҷтимой

    Олими машҳури рус – П.А.Сорокин қайд менамояд, ки “берун аз гурӯҳ таърих инсонро инъикос карда наметавонад. Умуман, инсонеро, ки тамоман худро аз ҷомеа ҷудо карда бошад ва ба ифроди дигар муомиланакунандаро мо намедонем” . Инсон ҳамеша дар гурӯҳ қарор дорад. Ҷомеа аз маҷмӯи гуногуни гурӯҳҳо – калону майда, ҳақиқӣ ва номиналӣ, аввалиндараҷа ва дуюминдараҷа иборат мебошад. Гурӯҳ  ин пойдевори ҷомеаи инсонӣ мансуб меёбад. Дар рӯи замин аз афрод дида гурӯҳ бештар аст, чунки як нафар метавонад, айни замон ба якчанд гурӯҳ ворид гардад.

Гурӯҳи иҷтимоӣ  ин маҷмӯи одамонест, ки хусусиятҳои умумии иҷтимоӣ дошта ва аз рӯи вазифаҳои иҷро кунандаашон дар сохтори ҷамъиятии тақсимоти меҳнат ба ҳам омадаанд. Чунин хусусиятҳо метавонад ҷинс, синну сол, миллат, нажод, касб, ҷойи истиқомат, даромад, ҳокимият, маълумот ва ғайраҳо фардҳоро дар гурӯҳҳо муттаҳид намояд. Мафҳуми гурӯҳ нисбат ба вожаҳои синф, табақаҳои иҷтимоӣ, коллектив, миллат ва инчунин нисбати мафҳумҳои этникӣ, марзӣ, динӣ ва дигар умумиятҳо, ки гуногунии иҷтимоиро, ки дар байни маҷмӯи одамони алоҳида гуногунии иҷтимоиро қайд менамояд, қадимист. Аввалин кӯшишҳои эҷодӣ назарияи гурӯҳ, дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX аз тарафи олимон Э.Дюркгейм, Г.Тард, Г.Зиммел, Л. Гумплович, Ч. Кул, Ф. Теннис ба амал омадааст. Дар ҳаёти воқеӣ вожаи «гурӯҳи иҷтимоӣ» тафсироти гунонунро дорост. Дар баъзе ҳолатҳо ин мафҳум барои ифодакунии умумияти афроде, ки ҷисман ва фазоӣ дар як макон ҷойгиранд истифода бурда мешавад. Масалан, ба чун умумиятҳо афродҳое, ки дар як вагон рафта истодаанд, ё ин ки фардҳое, ки дар як лаҳзаи муайян дар як кӯча ба ҳам омаданд ва дар як шаҳр зиндагӣ карда истодаанд, шуда метавонанд. Ин гуна умумиятҳоро агрегатсия меноманд. Агрегатсия ин як миқдори одамоне, ки дар фазои  муайян ба ҳам омадаю вале байни онҳо алоқамандии бошуурона мавҷуд нест, мебошанд.

Баъзе гурӯҳҳо тасодуфан ба вуҷуд меоянд, ки онҳоро квазгурӯҳ меноманд. Квазгурӯҳҳо худ ба худ пайдо шуда мустаҳкам набуда, байни эшон алоқамандии муваққатӣ вуҷуд дорад. Аҳамияти гурӯҳ барои фард аз он иборат мебошад, ки ин гурӯҳ низоми муайяни фаъолият, супоришро дар низоми тақсимоти ҷаъиятии меҳнат дорад. Вобаста ба мақом дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доштани гурӯҳҳои калон ва хурди иҷтимоиро сотсиология нишон медиҳад.

Гурӯҳи калон-ин гурӯҳе, ки аъзоёни бисёрро дошта, дар асоси робитаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки муносибатҳои фардӣ дар назар гирифта намешавад, мансуб меёбад. Навъҳои гуногуни гурӯҳҳои калонро қайд намудан мумкин аст. 1.Гурӯҳи номиналӣ (лот. nomen ном, номгӯ) -маҷмӯи одамонеро, ки ба мақсади таҳлили ягон хусусият, ки аҳамияти иҷтимоӣ надорад, гурӯҳи номиналӣ меноманд. Ба онҳо гурӯҳҳои шартӣ ва оморӣ шомил шуда метавонад. Агар гурӯҳ аз рӯи ягон хусусиятҳояшон шартан гирифта шуда бошанд, он гоҳ ин навъ гурӯҳ гурӯҳи тоза шартӣ мансуб меёбад. Масалан, гурӯҳи гандумгунон ё ин ки қадбаландон. Агар хусусияти гурӯҳ асосӣ бошад, (масалан, касбу кор, ҷинс, синну сол) пас ин гурӯҳ ба гурӯҳҳои воқеӣ наздик мегардад.

Дуюм навъи гурӯҳҳои калон ин гурӯҳҳои воқеӣ мансуб меёбанд. Гурӯҳҳои воқеӣ умумияти одамонест, ки қобилияти мустақилона фаъолият кардан ва дарки муташаккилонаи фаъолиятро чун як воҳиди том доранд. Ин гурӯҳҳо синфҳо, халқиятҳо ва дигар умумиятҳо, ки дар асоси маҷмӯи хусусиятҳои муҳим ташкил ёфтаанд, мебошанд.

Гурӯҳи хурд  ин гурӯҳест, ки миқдори онҳо кам буда, муносибатҳои фардӣ дар байни аъзоён вуҷуд дорад, ки асоси зуҳури ҳаяҷон ҳангоми якҷоя фаъолият кардан аз рӯи меъёрҳо, арзишҳо ва шаклҳои рафтор дар онҳо пайдо мешаванд. Яке аз омилҳои асосии гурӯҳи хурд ин алоқаи фардии ( рӯ ба рӯи ) ҳар як аъзои он мебошад. Масалан, гурӯҳи донишҷӯён, талабаҳои як синф, бригадаи меҳнатӣ, экипажи самолёт ва ғайраҳо. Якчанд тарзи таснифи гурӯҳҳои хурд вуҷуд дорад. Гурӯҳи аввал ва гурӯҳи дуввумдараҷа. Гурӯҳи аввал – гурӯҳест, ки дар онҳо дараҷаи олии ҳамбастагӣ ва наздикии макони аъзоён, мақсади ягона дошта, ба тариқи ихтиёрӣ аъзо гардидан, инчунин назорати ғайрирасмӣ ба рафтори аъзоёнаш ба назар мерасад.

Масалан, оила, гурӯҳи ҳамсолон, рафиқон ва ғайраҳо. Мафҳуми гурӯҳи аввал аз тарафи олим – Ч. X. Кулл ба илм ворид карда шудааст, ӯ ин гурӯҳро амсоли катакчаи аввалини сохторҳои иҷтимоии ҷомеа меҳисобад.

Гурӯҳи дуввумдараҷа – гурӯҳи иҷтимоиест, ки алоқаи иҷтимоӣ ин муносибати байни аъзоён хусусияти ғайришахсӣ дар чунин гурӯҳ  ба ҷойи дуюм гузашта, ба ҷойи аввал қобиляти амал кардани вазифаҳои муайян ва ноил гардидан ба мақсади ягона мебарояд.

Дар таснифоти гурӯҳҳои хурд гурӯҳи референтӣ (аз лотинӣ referens . пайваста) гурӯҳи аъзогӣ, ҳақиқӣ ва гурӯҳи мафҳумӣ ба назар мерасанд.

  • Умумияти иҷтимой

Умумияти иҷтимоӣ – маҷмӯи афроди воқеан вуҷуддошта, ки то андозае аз ҳам фарқ менамоянд ва чун субъекти мустақил баромад мекунанд, дониста мешавад. Умумияти иҷтимоӣ  маҷмӯи мустаҳками одамон буда, бо хусусиятҳои андак ё бисёр тарзи зиндагӣ, шуури омма, то дараҷае меъёрҳои иҷтимоӣ фарқ мекунанд. Умумияти хелҳо ва навъҳо ин шакли муштараки фаъолияти ҳаётии одамон мебошад.

Умумияти иҷтимоиро одамони бошуур намесозанд, балки зери таъсири инкишофи объективии табиии фаъолияти ҷамъиятии инсоният ташаккул меёбад. Навъҳои гуногуни умумиятҳо дар асоси объективии гуногун ба вуҷуд меоянд. Баъзе умумиятҳо ҳангоми истеҳсолоти ҷамъиятӣ, масалан, коллективи меҳнатӣ, синфҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳи иҷтимоӣ-касбӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд. Баъзе дигарашон дар асоси этникӣ, халқиятҳо, миллатҳо (умумиятҳои этникӣ) ба вуҷуд меоянд. Ҳама гуна умумиятҳо дар асоси якрангии шароити ҳаёти одамон ташкил меёбанд. Маҷмӯи одамон танҳо вақте умумият шуда метавонанд, ки онҳо якрангии шаоитро дарк карда ва муносибати худро ба он муайян намоянд. Аз ин лиҳоз, дар эшон фаҳмиши ҷудокунӣ пайдо гардида, худиро аз бегона фарқ намуда ва манфиатҳои хешро нисбат ба умумиятҳои дигар дарк менамоянд. Дарки манофеъ дар қабоили ҷомеаи ибтидоӣ  пайдо шуда буд. Ҳар як халқ ва миллат чунин фаҳмро доранд.

Халқият – мафҳумест, ки мансубият ё мавҷуд будани ягон намуди сифат ба халқро нишон медиҳад. Халқ ин гурӯҳи калони одамон буда, макони зист онҳоро бо ҳам алоқаманд менамояд. Маънои этникии ин мафҳум ифодакунандаи умумиятҳои этникӣ, қабилаҳо, халқҳо ва миллатҳо ба шумор меравад. Мафҳуми этнос (etnos) юнонӣ буда, аз аввалҳои солҳои 50-уми асри XX навъҳои гуногуни этносҳоро дар зинаи қабилавию миллат қарор доштан – халқиятҳо ном мебурданд. Ҳамин тавр, халқият ин умумияти этникй – иҷтимой – таърихан баъд аз қабилаҳо ва пеш аз миллат пайдо шудааст.

Умумияти дигар ин миллат мансуб меёбад. Миллат (аз калимаи «nation» – халқ) як навъи этнос ба шумор рафта, таърихан дар як марзи муайян зиндагй карда, алоқаи иқтисодии ягона дошта, бо як забон гуфтугӯ карда, хусусиятҳои фарҳангии хоса дошта ва шууру психологияи он аз дигар навъи чунин умумиятҳо фарқ менамоянд. Ин таъриф дар адабиётҳои илмии муосир хело ҳам бисёр ба назар мерасад. Вале имрӯзҳо дар муайянкунии миллат на ба хусусиятҳои этникй такя мекунанд, балки зуд-зуд ба хусусиятҳои фарқкунандаи марҳилавй ва иҷтимой этникии таърихан пеш зиндагй кардаи халқиятҳо такя менамоянд. Ба чунин сифатҳо ягонагии забон, ки яке аз омилҳои шаклҳои адабишавии он, ки ба воситаи маълумот сурат мегирад, адабиёт ва васоити ахбори омма; инкишофи маданият ва санъати касбй, ташаккули ҳайати синфй-иҷтимой, дараҷаи мувофиқи инкишофи саноат ва ғайраҳо ворид мешаванд.

Миллият мутааллиқ будан ба ин ё он миллат аст. Дараксари мамолики аврупой ин мафҳум ифодакунандаи табиати одамон ба ягон давлат истифода бурда мешавад, барои тааллуқ доштан чун умумияти этникй аксаран миллатҳои этникй (ethnic nationality) кор фармуда мешавад. Масъалаҳои умумиятҳои этникиро илми этносотсиология мавриди баррасй қарор дода ва дорои мафҳумҳои хоса ва қонунҳои худ мебошад. Дар маркази тадқиқи ин илм муносибатҳои байни этникй, ки ба масъалаҳои ақаллиятҳои этникй алоқамандй доранд, омехташавиҳои этникй ва ғайраҳо меистад. Ақаллиятҳои этникӣ ин маҷмӯи одамонест, ки хусусиятҳои махсуси ҷисмонӣ ва фарҳангии онҳоро ба ҳисоб гирифта, ба тарзи дигар бо онҳо муносибат менамоянд. Зери мафҳуми омехташавй зӯран нобуд кардан ваё бо роҳи оҳиста – оҳиста омехташавии онҳо бо этносҳои асосй фаҳмида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки новобаста ба ақоиди зиёд нажод ба умумияти этникӣ мансуб нест. Нажод- ин гурӯҳи одамонест, ки дар тӯли таърих хусусиятҳои якхелаи меросии умумй доранд, сабаби ягонаи пайдоиш ва вилояти ҷойгиршавиро доранд. Ба чунин сифатҳо ворид мегарданд: ранги пӯст, чашмон, мӯй, шаклҳои косахонаи сар, қад ва ғайраҳо. Инсониятро илми муосир ба се навъи нажод ҷудо менамод:

1)аврупоидҳо, 2)муғулоид ва 3) негроидҳо. Сифатҳои фарқкунандаи нажодҳо моҳияти дуюмдараҷа доранд. Ҳамаи нажодҳо аз ҷиҳати биологй ва психологй баробар буда, дар як зинаи инкишофи эволютсионии ақл мебошанд.  Аммо дар тӯли таворих кӯшишҳои боло гузоштани як нажод аз нажоди дигар ба назар мерасад. Бахусус, дар назарияҳои расизм ин бараъло намудор мешавад. Расизм – ин таҳқир, истисмори умумиятҳое, ки ба нажоди дигар мансубанд, мебошад. Имрӯзҳо расизм дар шаклҳои гуногун дар Руссия ба назар мерасад.

Ниҳодҳои (институт) иҷтимоӣ

Мафҳуми «институт» маъноҳои зиёдеро ифода мекунад, дар забонҳои аврупой ин мафҳум аз лотинй institutum таҷҳизот, (барқарор кардан) гирифта шудааст. Сотсиология ин мафҳумро аз илмҳои ҳуқуқшиносй гирифта, ба вай маънои навро ворид кард. Дар забони тоҷикй муродифи калимаи институт (пажӯҳишгоҳ) истифода мегардад, ки пурра мафҳуми институтҳои иҷтимоиро ифода карда наметавонад. Олимон Идиев X. Ғиёев Қ., Самиев калимаи ниҳодро истифода бурданд, ки дар «Ғиёсуллуғот» ба маънои бунёд, хилқат» омада ва дар «Фарҳанги забони тоҷикй» ба маъноҳои – табъ, табиат, мизоҷ, сиришт, сифат, зот, одат, қоида, тартиб, расму оин, қарор, қарордод, маҳал, макон, ҷой, ҷойи истиқомат омадааст. Маънои бунёд ифодакунандаи мафҳуми институт ё ин ки структура буда, то андозае маънои онҳоро пурратар ва возеҳтар менамояд. Ниҳодҳои иҷтимой – ин пеш аз ҳама маҷмӯи қоидаҳоест, ки доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Зоҳиран ниҳодҳои иҷтимой чун маҷмӯи афрод, ташкилотҳо, ки бо маводҳои муайян таъмин гардидаанд ва вазифаҳои муайянро иҷро менамоянд, ҷилвагар мешаванд.

Масалан, ниҳоди иҷтимоии адлия зоҳиран аз маҷмӯи афрод (прокурор, судҳо, адвокатҳо) чун ташкилот (прократура, судҳо, маҳбасхонаҳо ва ғайраҳо) васоити маводй бошад, таҷассумкунандаи маҷмӯи намунаи рафтори афроди салоҳиятдор, ки вазифаи муайни иҷтимоиро иҷро менамоянд, намудор мегардад. Ин рафтори меъёрй ба нақшҳои иҷтимой хоси низоми адлия (судҳо, прокурорҳо, адвокатҳо ва ғайраҳо) мансуб ёфта, аз тарафи онҳо иҷро карда мешавад. Ҳамин тариқ, ниҳодҳои иҷтимой, то ҳадде намуна ва шакли мустаҳками таҷрибаи иҷтимой буда, ба воситаи он ҳаёти ҷамъиятй ташкил ёфта, алоқа ва муносибатҳои ташкилотҳои иҷтимоии ҷамъиятро созмон медиҳад. Ниҳодҳои иҷтимой – ин олоти тавоноест дар тӯли таърихи ҳазорсолаҳои эволютсияи маданй, барои баҳо мондани ҷомеа. Барои он ки ҷомеа талаботҳои аслии хешро қонеъ намояд, ниҳодҳои муайяни иҷтимоиро созмон медиҳад:

  • барои қонеъ гардонидан ба талабот тавлиди насли инсонй (ниҳоди оила ва никоҳ )
  • қонеъ гардонии талаботи амният ва тартиботи иҷтимой (ниҳодҳои сиёсй, давлат);
  • қонеъ гардонии талабот барои ба даст овардани маводҳо барои пойдор мондан (ниҳодҳои иқтисодй, истеҳсолот);
  • қонеъ гардонии талабот ба илм, дониш, тайёр кардани мутахассисон (ниҳоди маориф дар ҳамбастагии илм ва фарҳанг);
  • қонеъ гардонии талабот ба масоили маънавй (ниҳодҳои динй) ташкил дода шудаанд.

Ниҳодҳои иҷтимой вазифаҳои худро татбиқ карда афродеро, ки аз рӯи меъёрҳои муайяншуда амал мекунад, ҳавасманд менамоянд ва афродеро, ки меъёрҳои ҷойдоштаро риоя намекунанд пахш карда, яъне рафтори афродро назорат менамоянд. Ниҳодҳои иҷтимой вазифаҳои возеҳ ва ниҳонй доранд. Вазифаҳои возеҳ инҳо ба шумор мераванд:

  • Мустаҳкамкунй ва таҷдиди муносибатҳои ҷамъиятй. Ҳар як ниҳод қонун ва қоидаҳои худро дорад, ки рафтори аъзоёни худро мустаҳкам ва дар қолиби муайян ҷойдошта нигоҳ медорад. Бадин васила пойдории сохторҳои иҷтимоии ҷомеаро нигоҳ медорад;
  • Вазифаи танзимкунии ниҳодҳои иҷтимой ба низом даровардани муносибатҳои байни афроди ҷомеа бо василаи кор кардашудаи қолабҳои рафтор мебошад
  • Вазифаи муттаҳиднамоии ҷараёни муттаҳидкунй, робитаи мутақобила ва масъули ҳамдигар будани ҳар як аъзои гурӯҳи иҷтимоиро дар бар мегирад;
  • Вазифаи пайванди наслҳо аз боқй мондани таҷрибаи иҷтимой ва кӯшиши пайваст кардани наслҳоро дар иҷро намудани фармонҳо ва риояи қонунҳо дар бар мегирад;
  • Вазифаи коммуникативй барои паҳн намудани ахбороти дохили ниҳодй ва байни ниҳодҳо хизмат менамояд.

Вазифаи ниҳонй беғаразона ба нақша гирифта нашуда, ниҳонй ба амал бароварда мешавад. Масалан, ниҳодҳое мавҷуд ҳаст, ки натанҳо вазифаҳои худро анҷом намедиҳанд, балки дар амалй гардидани онҳо низ мушкилҳо бунёд менамояд. Зоҳиран чунин ниҳодҳо талаботҳои ниҳонии гурӯҳҳои муайяни иҷтимоиро қонеъ менамоянд. Бояд иброз намуд, ки чунин рӯйдодҳо бештар дар ниҳодҳои сиёсй ба назар мерасад.

Ниҳоди оила

Аз ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ оиларо, махсусан қайд намудан лозим аст. Маҳз оила яке аз соҳиби асосии интиқолдиҳандагони нақшҳо, симоҳои мадании байни наслҳо буда ва дар иҷтимоишавии шахсият саҳми бузург мебозад. Оила -ин гурӯҳест, тавассути никоҳ бо ҳам пайваст гардида, барои давом додани насли одамизод хизмат карда, тарбияи фарзандонро таъмин намуда, талаботҳои мухталифи ҷамъиятро иҷро менамояд. Ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар ташаккулу такомул мебошанд. Оила низ дар тӯли таърихи инсоният дар инкишоф буда, таърих шаклҳои гуногуни он аз қабили никоҳи гурӯҳӣ, якчанд ҳамсардорй (роlygamy) ва як ҳамсариро ёд медиҳад. Ба ҷои оилаҳои бисёрфарзанд дар ҷаҳони имрӯза оилаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки фақат аз ду насл иборат мебошад (волидайн ва фарзандон) ин навъ оилаҳоро оилаҳои нуклеар (nuclear) меноманд, ки хоси ҷомеаҳои ғарбист. Нақши марду зан таърихан дар таҳаввулот аст, аз ҷумла расму такомули никоҳ кардан, усулҳои тарбияи фарзандон ва ғайраҳо тағйир ёфтаанд.  Ғайр аз оилаи нуклеарй имрӯзҳо дар ҷомеа шаклҳои дигари оила низ ба назар мерасад, аз қабили ташкили оилавӣ, ки оилаҳои хешутаборӣ номида мешаванд. Оилаҳои хешӣ натанҳо дар асоси муносибатҳои ҳамсарон ташкил меёбанд, балки чунин оилаҳо дар асоси наздик будан ба хуни якдигар ташкил меёбанд. Ин қавми хешовандон бо ҳамсарону фарзандонашон мебошанд. Дар алоқамандй бо дигар паҳлӯҳои фаъолияти иҷтимоӣ (иқтисодӣ, ҳуқуқ, маданияти маънавӣ) зери омилҳои иҷтимоии иқтисодй тағйир ва инкишоф меёбад. Айни замон инкишофи он то андозае хусусияти мустақилонаро дорост. Дар илм давраҳои махсуси ҳаёти оиларо қайд менамоянд. Давраҳои махсуси оила марҳилаи ташкил намудани оила ва қатъ гардидани мавҷудияти оила мебошад. Ҳаёти оиларо ба чунин давраҳо ҷудо менамоянд. 1) то ба дунё омадани фарзандон, 2) оила дар ҳайати волидону фарзандон, 3) фарзандонро ба оилаи мустақил ҷудо кардан, 4) барҳамхӯрии оила баъд аз фавти яке аз ҳамсарон.  Ҳангоми созмон додани оила дар аксари таомули мардуми ҷаҳон зинаи санҷиши он, ки оё ҳамсари дуруст интихоб карда истодааст, вуҷуд дорад. Масалан, дар мардуми тоҷик чанд муддат арӯс ва домод дар фотиҳа, ё ин ки ноншиканон меистанд, то ин ки аз тамоми рафтору кирдори якдигар дурусттар огоҳ гарданд.Дар мардуми аврупо як давраи муайян бо ҳам зиндагй карда якдигарро меомӯзанд ва баъдан ақди никоҳ  мебанданд. Никоҳ  ин маҷмӯи қоидаҳоест, ки ҳангоми ташкил намудани оила байни марду зан ақд баста шуда ва ӯҳдадориҳою ҳуқуқҳои онҳоро дар асоси қонун ба низом медарорад. Мардуми Аврупо шакли моногамияро  пазируфтаанд, яъне monogaниmy никоҳи як мард ба як занро меноманд. Дар таърихи башарият шакли полигами (polygamy), яъне як нафар метавонист чанд ҳамсар дошта бошад, бахусус, зан таърихан ками дар кам ёд мешавад, вале ҳодисаҳое ба назар мерасад, ки як зан якчанд шавҳари қонунй дошта бошад, ин шакли оиладории (polyandrчандшавҳарӣ) полиандрия меноманд.

Имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки бо сабабҳои гуногун оилаҳо вайрон мешаванд. Чӣ бояд кард, то муносибатҳои байни ҳамсарон нигоҳ дошта шавад? Бекор кардани никоҳ, яъне талоқ барои ҷомеа манфиатнок нест. Аз ҳамин лиҳоз дар ҳама гуна ҷомеа қонун ва қоидаҳои муайян амал менамояд, ки садди роҳи ҷудошавии оилаҳо, яъне талоқро гиранд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки хонадоршавӣ ба ризогии тарафайн ва дар баъзе ҳолатҳо бо хоҳиши падару модар суръат мегирад, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои фарзандонашон бадбахтии фоҷиангезро ба бор меоварад. Оила чун ниҳоди иҷтимой барои ҳал намудани доираи масъалаҳои муайяни иҷтимой офарида мешавад, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:

1) Вазифаи тавлидкунӣ ва давом додани насли инсоният;

2) Вазифаи мартабаи иҷтимоии оила – ҳар як фарди оила мартабаеро доро  мебошад, ҳатто кӯдак мақому мартабаи хешро дорост;

3) Вазифаи иқтисодй – хоҷагидорй ва маишй, таъмини маводҳо, талаботҳои хоҷагй -маишии аъзоёни оила, ташкил ва пешбурди хоҷагй;

4Вазифаи ҳиссиётй – барои қонеъ гардонидани талаботҳои ҳиссиётй ба амсоли муносибатҳои маҳрамона (дӯст доштан, ѓамхорй ва ғайраҳо).

5) Вазифаи ба низомдарории шаҳватпарастй, барои ба тартиб даровардани талаботҳои шаҳвонии табиии инсон хизмат менамояд;

      6)Вазифаи ба ҳаёти иҷтимой омодасозии кӯдакон, яъне тайёр кардани онҳо барои иҷрои нақшҳои иҷтимоии лозима ва барои бомуваффақият кор кардани ҷомеа нигаронида шудааст. Дар намуди умумй мутобиқгардонии фард ба ҳаёти иҷтимой ин азбаркунии тарзҳои    рафтор, азбаркунии механизмҳои психологй, меъёрҳои иҷтимой ва арзишҳо, ки барои бомуваффақият амал намудани фард дар ҷомеа хизмат менамоянд, зоҳир мегардад. Иҷтимоигардй ин мафҳуми чуқур ва васеъ мебошад. Иҷтимоигардй дар тамоми тӯли ҳаёт идома меёбад-иҷтимоигардии кӯдакон, калонсолон ва муйсафедон. Иҷтимоигардии кӯдакон дар ин ҷараён ҷои махсусро ишғол менамояд, чунки дар ҳамин давра асосҳои ташаккули шахсият бунёд меёбанд.

Ташкилотҳои иҷтимой

Ҷомеаи инсониро бе  ташкилшавй тасаввур кардан номумкин аст. Ташкилотҳои иҷтимоӣ (аз франсузй «organisatio» ташкил кардан, ба вуҷуд овардан, сохтан, тайёр кардан) ин таснифи умумиятест, ки қадре аз фардҳоро муттаҳид гардонида, баъзе аз муносибатҳоро барои расидан ба мақсад офарида сохтори олибунёдро ташкил медиҳад. Ин мафҳум бо се маъно дар объкетҳои иҷтимой истифода бурда мешавад:

Дар аввал, умумияти сунъие, ки дар ҷомеа мавқеи хосаеро доро буда, барои иҷрои вазифаи ба нақша даровардашудаи муайян фаҳмида мешавад. Мутобиқи ин маъно ба ташкилотҳои иҷтимоӣ ниҳодҳои маъмули иҷтимой ворид мешаванд. Тибқи чунин таъриф ташкилотҳо – корхонаҳо, сохторҳои давлатй, иттиҳодияҳои ихтиёрй ва ѓайраро ташкилотҳои иҷтимой номидан мумкин аст.

Дуюм, ин ки зери вожаи ташкилот фаъолияти муайянро, ки вазифаи тақсимкунӣ ва роҳнамоиро  дорост, фаҳмидан мумкин аст. Агар ин таърифро ба эътибор гирем, пас, ин вожа бо вожаи роҳбарӣ ҳаммаъно мегардад.

Сеюм, зери мафҳуми ташкилот дараҷаи сифат ва мартабаи ин ё он объект фаҳмида мешавад. Дар он сурат бо ин вожа сохтори муайян, таркиб ва навъи алоқаи хос ба ҳар як объекти иҷтимоиро ифода намудан мумкин аст. Ташкилии иҷтимоӣ вақте зуҳур меёбад, ки имконият барои расидан ба ҳадаф танҳо ба воситаи эътироф кардани мақсадҳои фардӣ ва ё ин ки ноилшавӣ ҳадафҳои фард танҳо тавассути ҳадафҳои умумӣ имконпазир гарданд. Мақсади ташкилоти иҷтимоӣ пеш аз ҳама расидан ба талаботҳои коллектив, ки тавассути фаъолнокии аъзоёни ташкилот амалӣ мегардад, фаҳмида мешавад. Унсури марказии ҳама гуна ташкилот сохтори иҷтимоии он ба шумор меравад.

Сохтори иҷтимоӣ – дар маҷмӯи нақшаҳои ба ҳам алоқаманд, инчунин банизомдарории муносибатҳои аъзоёни ташкилот, дар мадди аввал муносибати ҳокимият ва тобеият ифода меёбад. Сохтори ташкилоти иҷтимоӣ, пеш аз ҳама бо дараҷаи ташкили он фарқ менамояд.

Ташкилоти расмӣ (аз лот. «forma» нав. андом, симо) ва ё сохтори расмии ташкилот – ин тарзи муташаккилии иҷтимоӣ, ки мақоми иҷтимоӣ ва равобити тарафайни новобаста аз рафтори аъзоён мушаххас гардидааст, ба ҳисоб меравад. Масалан, директор, ҷонишинон, сардорони шӯъбаҳо ва коркунони қаторӣ мавқеи иҷтимоии хешро доранд. Директор метавонад боғайрату кордон бошад, метавонад ноӯҳдабарою бесалоҳият бошад. “Коргар”- и қаторӣ метавонад, истеъдоди баланд дошта, вале вай расман мақоми пастро дар ташкилоти иҷтимоӣ дорост. Робитаи тарафайни мақоми сохтори расмӣ дар асоси қоидаҳои сахти дарҷгардидаи ҳуҷҷатҳои расмӣ асос ёфтааст. Вале дар дохили ҳар як ташкилоти расмӣ ташкилотҳои ғайрирасмӣ бунёд меёбанд. Ташкилоти ғайрирасмӣ  системаи алоқаи иҷтимоии худ ба худ ташкилёфтаест, ки қоидаҳо, фаъолияти байниҳамдигарӣ, муносибати байнигурӯҳӣ каму беш ҳақиқист.

Аз нуқтаи назари сохтори ғайрирасмӣ корманди босалоҳият ва бовиҷдон метавонад, нисбат ба директор мақоми баландро дошта бошад. Муносибатҳои байниҳамдигарии дар сохторҳои ғарирасмӣ

Ба қоидаҳои расмӣ мустаҳкам карда намешаванд, онҳо то дараҷаи бо фаъолияти тарафайн сурат мегиранд. Сохтори ғайрирасмӣ  тағйирпазир ва нисбат ба сохтори расмӣ ноустувор аст.

Одамон бе бунёди сохтори иерархӣ (аз юнонӣ –hierarchia ҳокимияти муқаддас) барои созмон додани фаъолияти коллективӣ, ки барои татбиқ кардани мақсадҳои омма нигаронида шуда бошад, фаъолият карда наметавонанд. Иерархияи иҷтимоӣ дар ташкилот (аз юнонӣ  – hierarchia ҳокимяти муқаддас) -ин шакли бунёд ниҳодани ташкилоти иҷтимоӣ, ки мақоми иҷтимоӣ ва нақши дараҷаи паст зери назорати болоиҳо қарор дорад, мебошад. Яке аз шаклҳои чунин ҳокимиятдорӣ-бюрократия мансуб меёбад. Назарияи сотсиологии бюрократия аз тарафи М.Вебер кор карда шудааст. Бюрократия (аз калимаи франсузӣ «йureau» – идора, коргоҳ, ва юнонии kratos – ҳокимият, қувва, хӯҷаинӣ, ҳукмронӣ) – ин ҳокимияти умумии аз як зумра афродест, ки вазифаҳо ва мартабаҳоро ишғол карда ва иерархияи муайянеро ташкил медиҳанд. Онҳо аз ҳам бо қонунҳои расмӣ ва вазифаҳояшон, ки фаъолияту масъулияти онҳоро муайян мекунад, фарқ менамоянд. М. Вебер чанд хусусиятҳои хосаи ташкилотҳои бюрократиро зикр намудааст.

Аввалан, вазифаи ташкилот байни унсурҳо чун вазифаи расмӣ тақсим карда шавад. Дуюм, мақомҳо ва нақшҳо бояд мутобиқи сохтори иерархӣ, ки шакли пирамидаро дошта бошад, ташкил карда шуда, ҳар як фарди вазифадор маъсулият дошта бошад, ба роҳбарияти болоӣ оид ба фаъолияти аъзоён ва фаъолияти хеш. Сеюм, қарору фаъолияти шахси мансабдор мутобиқи қоидаҳо ва дастурҳои расмӣ идора карда мешавад. Чаҳорум, муносибатҳои дохилии ташкилот дар асоси хусусияти ғайришахсӣ ташкил ёфтаанд.

Ҷомеаи шаҳрвандй ва давлат

Ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз шаклҳои мустақили ташкилоти иҷтимоӣ мансуб меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи инкишофёфтаи иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсиест, ки муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон муталлиқан ба роҳ монда шудааст ва ба давлат муносибат надоранд, аммо дар якҷоягӣ амал менамояд. Мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ якчанд маъноро дорад. Ба сифати категорияи сотсиологӣ ифодагари ҳақиқатест, ки маҷмӯи

муносибатҳои ғайрисиёсиро дар бар мегирад. Агар аз муносибатҳои ҷамъиятии гуногун, баҳамалоқамандӣ, мақом ва нақши ниҳодҳо ва он чизе, ки ба доираи сиёсат мансуб аст, барорем, қисми боқӣ мансуб ба ҷомеаи шаҳрвандист. Ба он муносибатҳои хешутаборӣ, байни миллатҳо, динӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, муносибати байни синфҳо ва табақаҳо, ҳайати демографии ҷомеа, шаклҳои равобити одамон ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ба тарзи дигар иброз намоем, ҳама он чизе, ки зери назорати давлат қарор надорад, ҷомеаи шаҳрвандист.

Ба сифати вожаи сотсиологияи ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи ҳақиқатест, ки муносибатҳои ғайрисиёсиро инъикос менамояд. Вале ба ҳайси мафҳуми идеологӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки ин ҳақиқат чӣ гуна бошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ  мутобиқи маънои сотсиологӣ пеш аз давлат пайдо гардидааст. Ҳатто дар байни шикорчиён ва афроди дигари ибтидоӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ ба назар мерасид. Давлат бошад 5-6 ҳазор сол баъдтар ба вуҷуд омадааст. Алоқамандии ҷомеа ва давлатро бо ёрии назарияи система маънидод намудан мумкин аст. Мутобиқи ин назария, системаҳо ба ду навъи асосӣ: корпускулярӣ( атомӣ) ва сахт ҷудо мешаванд. Дар низоми корпускулярӣ (атомӣ) унсурҳо байни ҳам озодона робита карда, агар яке бо сабабҳои гуногун корношоям гардад, баосонӣ монандӣ ӯро ёфта иваз менамоянд. Дар низомҳои сахт ҳамаи қисмҳо якхела буда, барои мӯътадил амал кардан вазифаҳои ин низом зарур аст, ки мавҷудият ва равобити тарафайн дар як вақт вуҷуд дошта бошад.

Ҷомеа аз низоми ниҳодҳои иҷтимоӣ иборат буда, бо шарофати онҳо ҷомеа вуҷуд дорад. Яке аз ниҳодҳои муҳими ҷомеа давлат мансуб меёбад. Давлат – ин ташкилоти таърихан бунёдёфтаи ҳокимияти сиёсӣ буда, фаъолияти якҷоя ва муносибатҳои гуногуни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва умумиятҳоро ташкил карда, равона сохта назорат менамояд. Ин яке аз навъҳои умумии ташкилоти иҷтимоӣ, ниҳоди сиёсии муҳими ҷомеа мебошад.

test

Добавить комментарий