Тағйирёбии ичтимоӣ

  1. Мафҳум ва навъҳои таѓирёбии иҷтимоӣ
  2. Қолаби тағйирёбии иҷтимой
  3. Тартиби тағйиротҳои иҷтимоӣ
  4. Омилҳои тағйиротҳои иҷтимой
  5. Инкишофи(прогрессии) иҷтимоӣ
  6. Муътадилии иҷтимоӣ

Мавзӯи тағйирёбии иҷтимоӣ яке аз қисматҳои муҳими илми сотсиологияро дар бар мегирад. Тағйиротҳои иҷтимоӣ ҳар як лаҳза дар ҳаёти одамон ба вуқӯъ мепайванданд. Актуалӣ будани ин мавзӯъро бо он тағйиротҳои иҷтимоие, ки дар тамоми ҷаҳон 6а вуҷуд меояд, дарк намудан мумкин аст. Омӯзиши ин мавзӯъ аз муҳаққиқ дақиқназариро оид ба тағйирёбии иҷтимоӣ, навъҳои тағйирёбӣ, сарчашмаҳои пешбарандаи тағйирёбӣ, ки одамиятро ба роҳҳои гуманистӣ ҳидоят мекунад, талаб менамояд.

Мафҳум ва навъҳои тағйирёбии иҷтимой

Зери категорияи “тағйирёбӣ” пеш аз ҳама ҷараёни ҳаракат, баҳамалоқамандии ашёҳо ва рӯйдодҳо, гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар, ба вуҷуд омадани хусусиятҳои нав, вазифаҳо ва муносибатҳоро фаҳмидан лозим аст. Мафҳуми «тағйирёбии иҷтимоӣ» дар илми сотсиология истифода бурда мешавад. Ин мафҳум дар сотсиология бо маънӣ ва мазмунҳои иҷтимоӣ ба кор бурда мешавад.

  • Мафҳуми «тағйирёбии иҷтимоӣ»~ро на ҳамаи мо хуб қабул менамоем, вале мафҳуми «инкишофи иҷтимоӣ» барои аксари мардум гӯшрас ва хушсадост. Мафҳуми «инкишофи иҷтимоӣ» дар илмҳои ҷомеашиносӣ, сиёсии собиқ Шуравӣ васеъ истифода бурда шудааст. Вале бояд тазаккур дод, ки мафҳуми «инкишофи иҷтимоӣ» як қисми тағйирёбии иҷтимоиест5 ки ҷараёни такмилёбӣ ва беҳшавиро нишон медиҳад. Аммо як қатор тағйиротҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро наметавон инкишофи иҷтимоӣ номид. Масалан, пайдоиш, барқароршавӣ, баландравӣ, пастравӣ, нобудшавӣ, давраи гузариш, ҳолати гузариш ва ғайраҳо. Ин тағйиротҳо дар худ на сифатҳои мусбӣ ва на манфиро доранд. Онҳо на тамоюл ба инкишоф ва на тамоюл ба пастравиро доранд. Мафҳуми “тағйиёрбии иҷтимоӣ” доираи васеи дигаргуниҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.
  • Зери мафҳуми тағйирёбии иҷтимоӣ на ҳамаи тағйирёбиҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳад, дар назар дошта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки фарқияти тағйирёбии иҷтимоиро аз дигар тағйиротҳое, ки дар соҳаҳои ҷомеа (иқтисодиёт, сиёсат, маънавиёт) рӯй медиҳад, дарк намуд. Вақте ки мо доир ба тағйирёбии иҷтимоӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама ба тағйироте рӯй меоварем, ки предмети омӯзиши сотсиология аст. Ба ин тағйиротҳо мансубанд – тағйирёбии системаи иҷтимоӣ, стратификатсияи иҷтимоӣ, умумияти иҷтимоӣ, ҷараёнҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳо ва баҳамалоқамандии онҳо.

 Омӯзиши тағйиротҳои иҷтимоӣ аз рӯи таҳлили структури функсионалии Т. Парсонс чунин навъро дорост: а) доимо тағйиротҳои дохили системавӣ тағйиротҳо бо вайрон намудани алоқаи мувозинат ба амал меоянд.

   б)      Тағйироти худи система бо таъсири тағйиротҳои дохилӣ ва берунӣ ба амал меоянд. Категорияи асосии ин модели тағйироти иҷтимоӣ ҳангоми ба вуқӯъ омадани вайроншавии мувозинат дар муносибатҳои сохтории элементҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми шиддати баланд барои нигаҳдошти мувозинат механизмҳои назоратӣ метавонанд, ки тоб наоваранд.

Ҳамин тариқ, мафҳуми “Тағйироти иҷтимоӣ” дигаргуниҳое, ки дар як муддати вақт дар гурӯҳҳо, ниҳодҳо, ташкилотҳо, ҷомеа ва муносибатҳои байниҳамдигарии одамон ва фард ба вуҷудояндаро дар бар мегирад. Ба таври дигар, «Тағйироти иҷтимоӣ» ин гузариши объекти иҷтимоӣ аз як ҳолат ба ҳолати дигар, дар ташкили иҷтимоии ҷомеа ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ аз рӯи шаклҳои муқарраргардидаи рафтор мебошад.

Ин тағйиротҳо метавонанд, дар зинаи муносибатҳои байнифардӣ (масалан, тағйири сохтор ва вазифаҳои оила) дар зинаи ниҳодҳо ва ташкилотҳо (маориф, илм, ки доимо ба дигаруниҳои барномавӣ ва мундариҷавӣ гирифтор мегарданд) дар дараҷаи гурӯҳҳои хурд ва калон (дар Тоҷикистон ҳоло шумораи аҳолӣ тағйир меёбад); дар зинаи глобалӣ ва иҷтимоӣ (рӯйдодҳои мигратсионӣ, инкишофи иқтисодӣ -технологии баъзе мамлакатҳо, карахтӣ, ҳолати кризисии мамлакатҳои дигар, таҳдидҳои ҳарбӣ ва экологӣ барои инсоният ва ғайраҳо) амалӣ гарданд.

Чор навъ тағйиротҳои иҷтимоиро нишон додан мумкин аст:

  • Тағйиротҳое, ки дахолат доранд ба сохтори гуногуни ташкилотҳои иҷтимоӣ ва ё тағйироти структуравӣ-иҷтимоӣ. Масалан, дар сохтори оила (полигамия, моногамия, бисёрфарзандӣ, камфарзандӣ), дар сохтори дигар умумиятҳои гурӯҳи хурд, тахассусӣ, ҷуғрофӣ, синфӣ, миллӣ, ҳамаи ҷомеа, дар сохтори ҳокимият, дар сохтори арзишҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо.
  • Тағйиротҳое,       ки равандҳои иҷтимоиро фаро мегиранд. Тағйироти иҷтимоиро дар муносибатҳо ва баҳамалоқамандии умумиятҳои иҷтимоии гуногун доимо дида метавонем. Ин муносибати ҳамраъйӣ, тундшавӣ, низоъ, баробарҳуқуқӣ ва ғайраҳо, ки ҳамеша дар ҷараёни тағйирпазирианд.
  • Тағйиротҳое, ки танҳо ба вазифаҳои системаҳои гуногуни иҷтимоӣ мансубанд, онҳоро тағйиротҳои функсионалӣ  номид. Чунончӣ, дар сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳокимияти қонунбарор ва иҷроя ба тағйиротҳо дучор гардидаанд.
  • Тағйиротҳо дар маънидоднамоии (мотиватсия) фаъолияти фардӣ ва коллективӣ ва ё маънидод кардани тағйиротҳои иҷтимоӣ. Бе баҳс метавон гуфт, ки талабот, хусусияти он, фаъолияти фардӣ ва коллективӣ, рафтор ва ғайраҳо тағйирпазиранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки барои аксари одамон дар ҷойи аввал даромади маош истода он рафтор, афкор ва шуури онҳо таъсир мерасонад.

Ҳамаи ин тағйиротҳо бо ҳам зич алоқаманд мебошанд. Тағйирёбӣ  як навъ боиси тағйирёбии гурӯҳҳои дигар мегардад.  Аммо бояд зикр намуд, ки дараҷаи тағйирёбии иҷтимоӣ  бо дигар дигаргуниҳо; фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ғайраҳо хусусияти ниҳоят мураккаб доранд. Дигаргунии як соҳа ба таври автоматӣ  ба тағйирёбии  соҳаи дигар оварда намерасонад.

Қолаби тағйирёбии иҷтимой

Масъалаи тағйирёбии иҷтимоӣ ҳамеша диққати сотсиологҳои  машҳурро ҷалб намуда буд. Дар илми сотсиология як бахшро ба омӯзиши сохтори системаҳои иҷтимой ва рӯйдодҳо (омори иҷтимой, таҳлил) ва тағйирёбй дар инкишоф (динамикаи иҷтимонй, генетикаи иҷтимой) ҷудо намудаанд. О. Конт- олими франсуз бахШИ омории иҷтимоиро барои омӯзиши сохторҳои иҷтимоии ҷомеа воситаи муҳим меҳисобад.

Яке аз воситаҳои дарки ҷомеаи инсонй, аз аҳди қадим то имруз консепсияи эволютсионии тағйиротҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Тағйиротҳои иҷтимоии эволютсионӣ — ин зина ба зина, оҳиста – оҳиста, миқдоран дигаргуншавии муносибати иҷтимоӣ ва ашёҳоро дошта, хусусияти кумулятивӣ доранд. Тавсифи кумулятивӣ (ғуншавӣ) эволютсионӣ дар худ оҳиста – оҳиста ҷамъ гардидани тағйиротҳои миқдориро, ки ба гузариши тағйироти сифатӣ оварда мерасонад, таҷассум менамояд.

Муқобили назарияи эвлоютсионӣ назарияи дигар – назарияи тағйирот бо роҳи револютсионӣ вуҷуд дорад. Назарияи ревлоютсионии тағйирот, пеш аз ҳама шикасти решаҳои иҷтимоии ҷомеаро пешниҳод менамояд. Тарафдорони ин назария дигаргуниро дар ҷараёни револютсия ба амал мебароранд. Револютсияи иҷтимоӣ (аз лот. reyolutio – табаддулот, гардиш) -табаддулоти сифатӣ дар ҳама соҳаи иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.

К. Маркс револютсияи иҷтимоиро “пешбарандаи таърих”, хонда зикр менамояд, ки вай қувваи инкишофдиҳандаи таърихи башарӣ мебошад. В.И.Ленин дар револютсияи иҷтимоӣ “иди халқи заҳматкашро бар болои золимон медид”. П.А.Сорокин револютсияи Октябри соли 1917-ро “худкушӣ” донистааст. Нависандаи маъруфи рус – И.А.Бунин номи китоби хешро – “Рӯзҳои лаънатшуда» номид.

Яке аз шаклҳои хеле мураккаби тағйирот ин тағйироти даврӣ мебошад. Вай дар худ ду хусусият, эволютсионӣ ва револютсиониро дар бар гирифта, раванди болоравӣ ва поёнравиро дорост. Дар бораи тағйирёбии даврӣ сухан ронда тағйирёбии муайяне, ки дар умумият  миҷмӯяшон давраро ташкил медиҳад, дар назар дошта мешавад. Давр ин маҷмӯи рӯйдодҳо, ҷараёнҳо, ки пайдарҳам гардиши давриро таҷассум намуда, дар доираи вақти муайян ба вуқӯъ меоянд. Тағйиротҳои иҷтимоии даврӣ вобаста ба вақтҳои сол ба амал меояд ин метавонад якчанд сол ва ҳатто якчанд садсоларо дар бар гирад.

Ғайр аз ин, назарияи синтетикӣ  консепсияи тағйироти иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Назарияи синтетикии тағйироти иҷтимоӣ бо

ҷаҳонбинии таърихӣ, фалсафӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва ғайраҳо сахт алоқаманд аст. Вобаста ба гуногунии назарияи синтетикӣ омилҳое, ки ба тағйиротҳои эволютсионии иҷтимоӣ таъсир мерасонад, се навъи асосии онро ҷудо намудан мумкин аст: фарҳангӣ-иҷтимоӣ, саноатӣ-технологӣ ва иқтисодӣ -иҷтимоӣ.

Назарияи фарҳангӣ – иҷтимоӣ дар сархати тағйиротҳое, ки дар соҳаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ аз қабили дин, системаи арзишҳо, минталитети гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа дар ҳамаи давраҳо меистад. Ин шакли тағйиротҳоро тағйиротҳои фундаменталӣ медонад, ки ба тағйирёбиҳои дигаре, ки дар сохтор ва рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеа ба вуҷуд меоянд, таъсир мерасонад. Дар байни ин назарияҳо назарияи динамикии фарҳангӣ-иҷтимоии П. А. Сорокин аз дигар назарияҳо тағйир меёбад.

Назарияи саноатӣ-тахнологӣ тағйироти иҷтимоиро дар ин ё он соҳаи технологии истеҳсолоти мавод тафсир медиҳад. Саноати  технологӣ омили асосии тағйиротҳои иҷтимоӣ ҳисобида мешавад. Назарияҳои «зинаҳои инкишофи иқтисодӣ»- и У.Ростоу, «ҷомеаи ягонаи саноатӣ»-и Р. Арон, «ҷомеаи баъди саноатӣ»-и Д.Белл, А.Турен, “поёнии қарни идеологӣ”-и Д.Белл, Р.Арон, М.Липсет ҷолиби диққат мебошанд.

Назарияи иқтисодӣ – иҷтимоӣ омили асосии тағйиротҳоро дар алоқамандии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебинад. Назарияи марксистӣ маҳаки ин назарияро дар бар мегирад.

Бо ҳама гуна фарқиятҳояшон назарияи синтетикии тағйиротҳои иҷтимоӣ як умумиятро доро мебошад. Пеш аз ҳам онҳо инкишофи таърихии инсониятро дар шакли нақша баргузор менамоянд. Ҳар яке аз ин назарияҳо мекӯшанд, ки ҳаматарафа тағйиротҳои куллиро баён намоянд.

Тартиби тағйиротҳои иҷтимоӣ

Яке аз давраҳои муҳими тағйиротҳои иҷтимоӣ пайдоиш ва мустаҳкам гардидани унсурҳои нав мебошад. Инноватсия (навоварӣ) ин маҷмӯи ҷараёнҳои сохтан, паҳн намудан ва истифодабарии ашёҳои нав барои қонеъ гардонидани талаботҳои одамон, аз он ҷумла тағйиротҳои иҷтимоӣ мебошад. Ба навоварии иҷтимоӣ шомиланд: навоварии иқтисодӣ, фарҳангӣ, ташкилӣ. Ба навоварии ашёҳо маҳсулотҳо, навоварии техникӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Дар ҷаҳони муосир навовариро то як дараҷа тағйиротҳои иҷтимоӣ медонанд. Навоварӣ асосан унсурҳои зеринро дорад: а) навгонии дохилӣ; б) Ихтирои чизе аз тарафи навоварон; в)паҳнкунандагон; г) баҳодиҳандагон.

Ҳар як навоварӣ  се зинаро дар бар мегирад: рӯйгардонӣ, одат кардан, қабул намудан. Тартиби тағйирёбии иҷтимоиро Н.Смелзер чунин тавзеҳ медиҳад.

  • Ҷараёни тағйиротҳои иҷтимоӣ аз эҳсоси «қаноатбахш набудан» ба иқтисодиёт, сиёсат ва ё қисматҳои алоҳидаи онҳо ва эҳсоси имконияти беҳтар гардонидани онҳо дар асоси сарчашмаҳои дигар пайдо мешавад.
  • Аломатҳои беқарорӣ пайдо шуда, аз як тараф дар шакли таассури (решения) ҳиссии беасоси нақшаи манфӣ, ки дар худ хусумат ва муомилаи душманона эҳсос менамояд ва аз тарафи дигар, ноумедиҳо дар афрод хаёлоти беҳ будани  замони пешинро бедор менамояд.
  • Кӯшиши паст кардани шиддат бо арзишҳои вуҷуддошта.
  • Дар доираи мақомоти олии роҳбарикунанда майлу хоҳиш ва сабри амалӣ гардидани идеяҳои наввуҷуддошта бошад. Вале бояд зикр кард, ки ин сабр дар шакли эҳтиёткорона сурат гирифта, онҳо мекӯшанд, ки масъулиятро ҳангоми ҷоришавии навгониҳо нагиранд.
  • Кӯшиши муайян намудан ва мушаххас намудани идеяҳои нав, ки онҳо диққати махсусро талаб мекунанд, суръат мегирад.
  • Аз тарафи баъзе афрод, ки таваккал карда, навовариро дар амал татбиқ менамояд. Агар ин амали таваккалии худро мусбӣ нишон диҳад, дар он ҳолат шакли мукофот барои амалӣ гардонидани навгонӣ дониста мешавад. Агар таваккалан татбиқи навгонӣ манфӣ бошад, пас ин барои афроди татбиқкунанда ҷазо ҳисобида мешавад.
  • Навгониҳо яке аз унсурҳои тарзи ҳаёт гардида, дар ҳаёти ҳаррӯза дохил мегарданд, Ин тарз аз тарафи ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа таҳлил гардида, ба бахши иқтисодӣ, сиёсӣ ва зерсохторҳои ҷомеа мубаддал мегарданд.

Ҳангоми фаҳмондани тағйиротҳои иҷтимоӣ бисёре аз муҳаққиқони хориҷӣ ва собиқ Шӯравӣ консепсияи «мавҷҳои дароз» (даврҳои калон)~ро тарафдорӣ менамоянд. Тартиби мавҷҳои дароз- ро муаллифони гуногун протссеси паҳнгардии навгонӣ, бадалкунии соҳаҳои пешқадами иқтисодӣ, ҷойивазкунии наслҳо медонанд. «Мавҷҳои дароз» давра ба давра такроршавии хусусиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, вазъи технологӣ, давомнокии болоравӣ ё паст фаромадани шиддати иҷтимоиро нишон медиҳад. Ба гуфтаи Аҳмади Дониш ин вазъ ҳар як 50-сол такрор мегардад. Ин вазъ аксаран барои мамлакатҳои инкишофёфта якхела мебошанд. Рӯй додани ин вазъ зиёда аз 200-сол мешавад, ки дар дафтари (идора) омории мамлакатҳо қайд гардидаанд.

Коршиносон «мавҷҳо»-ро тавсиф намуда, дарознокии онҳоро муайян карда зикр менамоянд, ки онҳо умумиаврупоӣ ва умумиҷаҳонӣ шуда метавонанд.

Мавҷи аввал:

камтар – Инқилоби кабири франсузи охирҳои асри XVIII;

зиёдгар -Ҷанги шурӯънамудаи Наполеон Бонапарт.

Мавҷи дуввум:

камтар – Инқилоби буржуазӣ дар як қатор мамолики аврупоӣ,

зиёдтар- Коммунаи Париж, ҷанги франсузҳо ва олмониён.

Мавҷи сеюм:

зиёдтар – Ҷанги аввали Ҷаҳон.

Мавҷи чорум:

камтар – Оғози Ҷанги дуюми Ҷаҳон,

зиёдтар – Қуллаи баланди ҳаракати чаппи радикалӣ дар мамолики мутариққии ғарб.

Мавҷи панҷум:

камтар -Барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР),

Омилҳои тағйиротҳои иҷтимой

Сарчашмаҳои тағйиротҳои иҷтимоӣ омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва дохилии сохти структурии иҷтимоӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд. Ба онҳо баҳамалоқамандии системаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сохтор, ниҳодҳо ва инчунин гурӯҳҳо, синфҳо, миллатҳо, давлатҳо шомиланд. Яке аз шаклҳои тағйирёбии иҷтимоӣ рақобат (конкурентсия) ба шумор меравад. Рақобати солим дар илм, техника, иқтисодиёт, сиёсат ва дигар соҳаҳои ҳаёт яке аз сарчашмаҳои тағйироти иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Муборизаи синфӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ хизмати бузургеро адо кард. Синфи коргар тавассути муборизаи синфӣ тавоннст ҳуқуқҳои иқтисодию шаҳрвандии худро ба даст орад. Бахусус, дар аввали асри XIX ва аввали асри XX ин мубориза ниҳоят васеъ доман паҳн кард. Натиҷаи ин мубориза буд, ки дар аксари мамолики ҷаҳон дараҷаи некуаҳволии синфи коргар ва дигар заҳматкашон хуб гардида, вақти корӣ кам шуда, як қатор чорабиниҳо барои ҳимояи коргарон ва заҳматкашоне, ки маоши кам мегирифтанд, ба амал бароварда шуд. Омилҳои технологӣ ва идеологӣ ҳамчун омили асосӣ ба рафти тағйиротҳои иҷтимоӣ таъсир мерасонанд.

Омили технологии тағйирёбии иҷтимоӣ ин омили илмӣ – технологии инкишоф буда, ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа таъсири ниҳоят калон дорад. Олимони америкоӣ К. Каммайер, Г. Ритсер ва дигарон се тарзи таъсири омили технологиро дар тағйирёбии иҷтимоӣ иброз медоранд.

Тарзи аввал: Тағйирот дар технология мушкилоти тартиботи иҷтимоиро ба бор оварда одамонро водор мекунад, ки фаъолияташонро дигар намоянд.Тағйироти технологӣ меъёрҳои навъи иҷтимоиро ба бор оварда, арзишҳои нав ва вазифаҳои навъи афрод ва коллективҳои меҳнатиро ба вуҷуд меорад.

Тарзи дуюм: Техникаи нав, техиологияи нав имкониятҳои навро дар фаъолият ва муносибати афрод ва гурӯҳҳо ба бор меорад. Имкониятҳои наве, ки соҳаи алоқаи ҷаҳони муосирро фаро гирфтааст, ба телефоникунонӣ ва паҳншавии оинаи нилгун сахт вобаста мебошад. Компютер бо таври радикалӣ хусусияти ҷойи кор, миқдори коргаронро тағйир дода ва аз коргарон донишҳои нав, малакаҳои нав ва дараҷаи тахассусии навро тақозо менамояд.

Тарзи сеюм: Технологияи нав шаклҳои муносибати байни афрод ва умумиятҳои иҷтимоии гуногунро эҷод менамояд. Интиқоли бор ба воситаи мошинаҳои боркаш кори коргаронро фардӣ намуда, шаклҳои баҳамалоқамандии онҳоро дигар менамояд.

Яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иҷгимоӣ ин идеология мебошад. Ҳама и тағйиротҳои иҷтимоӣ зери таъсири омили идеологӣ-сиёсӣ ба вуқӯъ меоянд. Ҳизбҳои сиёсӣ барномаҳои худро зери ин шиорҳои дигарсозии ҳаёти иҷтимоӣ тағйир дода, сари қудрат меоянд. Ҳар қадаре ки тағйиротҳо ҷиддӣ бошанд, ҳамон қадар таъсири сиёсат намудор мегардад.

Гурӯҳҳои иҷтимоӣ ё синфҳо ба воситаи тағйиротҳои сиёсӣ мехоҳанд, ки навигариҳо ворид намоянд ва дар мавридҳои дигар навгониҳоро қабул надоранд.

Бозиҳои сиёсӣ дар ҷараёни муборизаи сиёсӣ барои тағйирдиҳии иҷтимоӣ изни худро мегузорад, чунки сиёсати партикулярӣ (манфиатҳои  гурӯҳи хурд) дар ин ҳолатҳо мақоми асосиро ишғол менамояд.  Сиёсати партикулярй манфиати ками аҳолиро ифода карда, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои чашмгуруснаи хеш мехоҳанд, дигаргуниҳоро дар ҷомеа ворид созанд. Дар чунин ҳолатҳо рӯй додани низоъ байни ин гурӯҳҳо ва дигар қисмати аҳолӣ мумкин аст. Масалан, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо чунин гурӯҳҳо барои манфиатҳои худ аксари аҳолиро ба гирдоби ҷанги дохилӣ кашидаанд. Барномаи тағйирдиҳии иҷтимоӣ дорои мақсаду мароми муайян буда, пеш аз ҳама дар асоси манофеи аксари аҳолӣ ба амал бароварда мешавад. Чунин барнома аз тарафи аксари аҳолӣ пуштибонӣ меёбад.

Инкишофи (прогресс) иҷтимой

Зери мафҳуми прогресс ( инкишоф, тараққиёт) одатан такмилёбии сохтори иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавии инсон фаҳмида мешавад. Инсоният аз аҳди қадим то ба имрӯз ҳамеша дар кӯшиши беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии хеш мебошад. Прогресси иҷтимоӣ ин як навъи соҳаи иҷтимоӣ буда, дар он як қисми унсурҳо, рӯйдодҳо, ба зинаи олии тараққиёт мерасад.

Дар умумият инкишофи инсоният бо роҳи инкишофи прогресси иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Аз аҳди бостон то ҷаҳони муосир тараққиёти инсоният бо хатти прогресси иҷтимоӣ ҳаракат мекунад. Прогресси иҷтимоӣ хусусияти такрориро дорост. Бояд зикр намуд, ки баъзе паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ тараққӣ наменамояд. Ба ин қисмат санъат мансуб мебошад, санъат дар як ҷо шах шуда намемонад, на ҳамеша дар тағйирпазирист. Вале мафҳуми тараққиётро дар санъат  истифода намебаранд. Дар санъат тарафҳои дигари инкишоф – инкишофи бадеӣ ва эстетикии инкишоф (эволоютсия) баррасӣ мегардад. Инкишофи тарафи техникии маводҳои тараққиёт, нигоҳдорӣ ва паҳн  намудани санъат мавриди истифода қарор мегирад.

Ба мисли санъат дар як қатор ниҳодҳои иҷтимоӣ мафҳуми тараққиётро истифода намебаранд. Масалан, дин инкишофи дин ҳамчун системаи фалсафӣ эътироф гардидааст, вале мафҳуми прогрессро барои он истифода намудан мумкин нест.

Тағйиротҳои иҷтимоиро вобаста ба натиҷаи характери онҳо баҳо додан мумкин аст.

Ин баҳодиҳӣ метавонад субъективӣ бошад, метавонад дар асоси нишондодҳои объектӣ сурат бигирад. Баҳодиҳии субъективӣ аз хоҳиш, кӯшиш, мавқеи гурӯҳҳои ҷудогона ва ё қишрҳои иҷтимоӣ бармехезад. Мавқеи асосиро дараҷаи қаноатмандии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҳангоми ислоҳот дар бар мегирад. Ислоҳоти иҷтимоӣ (аз калимаи франс. Reforme, лотинии. reformo – азнавсозӣ) гирифта шудааст. Ин азнавсозӣ, тағйирдиҳӣ, бозсозӣ бо ёрии қонуну фар- монҳои нав дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ карда мешавад. Реформа аз “боло” барои такмилдиҳии сохти вуҷуддошта бе тағйир гузаронида мешавад.

Агар тағйиротҳои иҷтимоӣ хусусияти манфӣ дошта бошанд ва ба як қатор қишрҳои иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонанд, вай нодаркор ҳисобида шуда, ғайридавлатӣ, зиддихалқӣ, зиддидавлатӣ ҳисобида мешаванд. Баъзе ҳолатҳо аз ин дигаргуниҳо танҳо як гурӯҳ бурд менамояд, натиҷаи ин бурдро дар баъзе ҳолатҳо мусбӣ ва дар баъзе ҳолатҳо манфӣ маънидод менамоянд.

Мӯътадилии иҷтимой

Мӯътадилии иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳаёти иҷтимоиро кулли мардуми ҷомеаи муосири Тоҷикистон бесаброна интизоранд. Зери мафҳуми мӯътадилӣ пеш аз ҳама кор карда тавонистани система, сохтори пештара ва нигоҳ доштани мизон фаҳмида мешавад. Мӯътадилии иҷтимоӣ яке аз шартҳои асосии ҳама гуна ҷомеа мебошад.

Дар ҷаҳони муосир ақидае роиҷ аст, ки ҳама гуна тағйирёбӣ мақоми одамон ва некӯаҳолии онҳоро бад намуда, ба мӯътадилии иҷтимоӣ рахна меандозад: Мӯътадилии иҷтимоӣ ин ҳамрадифи дигар нашудани муносибатҳо ва системаҳои иҷтимоӣ нест. Агар ҷомеа тағйир наёбад, чунин ҷомеаро ҷомеаи шахшуда, меноманд.

Мӯътадилии иҷтимоӣ чун мафҳуми сотсиологӣ ин таҷдиди сохтори иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ дар доираи салоҳияти худи ҷомеа мебошад. Ин таҷдид такрори зинаҳои пешин набуда, балки унсурҳои гуногуни тағйирёоиро дар бар мегирад.

Ҷомеаи мӯътадил ҷомеае мебошад, ки инкишоф ёфта, мустаҳкамии худро нигоҳ медорад. Ҷомеаи мӯътадиле, ки дар онҳо тағйиротҳои иҷтимоӣ дар як низоми муайян қарор дорад ва ин гуна ҷомеаҳо муборизаи сиёсиро инкор менамоянд, дар охир ба вайроншавӣ омада мерасад. Ҷомеаҳои авториторӣ, тоталитарӣ низ метавонанд ҷомеаи мӯътадил бошанд. Вале бояд зикр намуд, ки чунин системаҳо дер идома намеёбанд ва дар онҳо низоъҳо, нооромӣ ба вуҷуд меояд.

Ҳамин тариқ, мӯътадилӣ дар ҷомеа аз ҳисоби ҳал намудани масъалаҳои ҳалталаби ҷамъиятӣ дар ҷойи лозимӣ ба даст оварда мешавад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.