Ахлоқи иҷтимоӣ ва назорати иҷтимоӣ

  1. Моҳият ва субъекти (ахлоқӣ) иҷтимоии омма
  2. Гуногунии рафтори иҷтимоии омма
  3. Ахлоқи коллективй
  4. Рафтори иҷтимоии шахсият
  5. Рафтори каҷравӣ
  6. Назорати иҷтимоӣ
  7. Низои иҷтимоӣ

Инсоният ҳамеша мекӯшад, донад, ки чаро аҳолӣ кӯч мебандад, зиёд мешавад, револютсия мекунанд ва ҷанг менамоянд. Ба ин савол ҷавоб ҷуста, олимони сотсиолог кӯшиш менамоянд, ки онҳоро аз рӯи рафтор, ахлоқи умумӣ маънидод намоянд. Ҳар як ҷомеа ба мӯътадилӣ ниёз дорад, аз ҳамин лиҳоз, рафтори иҷтимоии омма яке аз масъалаҳои умдаи ҷомеа ба шумор меравад.

  • Моҳият ва субъекти (ахлоқӣ) иҷтимоии омма

Рафтори омма ин шакли ҳаёт, фаъолияти миллионҳо одамон, ки дар ҷанг, инқилобҳо, корпартоиҳо ширкат мекунанд, мебошад.

Фаҳмонидани категорияи “ахлоқ-рафтор” бисёр душвор мебошад. Ин мафҳум бо як қатор мафҳумҳои дигар бисёр омехта мебошад. Ахлоқ ин ҷараёни баҳамалоқамандии олами зинда ва муҳити зист буда, рафтори инсониятро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ- меҳнат, сиёсат, илм, муносибатҳои оилавӣ, шахсӣ, байнигурӯҳӣ, синфӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ба танзим медарорад. Ахлоқ яке аз шаклҳои асосии шуури ҷамъиятӣ буда, дар он меъёру баҳоҳои мақбули умум эътирофгардидаи фаъолияти инсон инъикос меёбад. Меъёри ахлоқӣ ҳангоми рафтору кирдори  одамон, дар рафти муоширати онҳо ташаккул ёфта амал мекунад.

Рафтори иҷтимоӣ – оммавӣ – тарзи ҳаёт ва фаъолияти гурӯҳи калони одамон буда, онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ ва мӯътадилии ҷомеа таъсири амиқ мерасонанд. Ба субъектҳои ахлоқӣ иҷтимоии омма бошад аксарият, издиҳом, тамошобинон ва фардҳои алоҳида, инчунин гурӯҳҳои хурд (оила, микрогурӯҳ) доираҳое, ки байни худ муносибат менамоянд, шомиланд.

Мафҳуми “омма” ҳангоме  кор бурда мешавад, ки мо бо одамоне кор дорем, ки онҳо ба ҳама рӯйдодҳои иҷтимоӣ бетараф буда, аз рӯи рафторашон онҳоро ба ягон ташкилот ҳамроҳ намудан ғайриимкон аст. Яъне, онҳо ба ягон ҳизби сиёсӣ, ташкилотҳои иттифоқи касаба ва дигар ташкилотҳо аъзо нестанд. «Омма» дар ҳама мамолики дунё вуҷуд дорад. Миқдори «омма» ниҳоят зиёд мебошад, онҳо ба ягон ҳизбҳои сиёсӣ, ягон ҳаракати иҷтимоӣ ҳамроҳ намешаванд ва ҳатто ба интихоботҳо намераванд.

Дар сотсиология мафҳуми “оммаи халқ” бештар истифода мегардад. Оммаи халқ-категорияи сотсиологӣ буда, меҳнаткашонро қувваи асосии инкишофдиҳандаи ҷомеа маънидод менамояд.

Издиҳом (тӯда – юнонӣ. оxlos, — охлос) —ҷамъ гардидани гурӯҳи бузурги одамон. Издиҳом бетартиб, ногоҳон, номуташаккил ба вуҷуд омада метавонад ва баъзан муташаккил ҳам шуда метавонад. Омили муташаккилии издиҳом метавонад аънана, ҳодиса ва диққати умумӣ ба объект бошад. Аъзоёни издиҳом дар аксар вақт дар ҳолати ҳаяҷони якхела қарор доранд. Издиҳом дорои як қатор параметрҳо ва сифатҳоест, ки миқдори афроди ҷамъгашта, самту суръати ҳаракат, ҳолати руҳӣ ва ғайраҳо дар бар мегирад. Асосан издиҳом предмети омӯзиши психологияи иҷтимоист. Дар сотсиология издиҳомро ба навъҳои гуногун ҷудо менамоянд ва шаклҳои зерини он маъмул мебошад: издиҳоми ногаҳон бавуҷудомада, издиҳоми зери таъсир монда, конвентсионалӣ ва амалкунанда. Издиҳоми ногаҳонро афроде ташкил медиҳад, ки дар назди ягон ҳоди саи рӯйдода дар кӯча ҷамъ омаданд. Издиҳоми мӯътасирро маҷмӯи одамоне ташкил медиҳад, ки якҷоя хурсандӣ ва ё андӯҳро ифода менамоянд. Гурӯҳи конвентсионалӣ афродеро дар бар мегирад, ки онҳо аз рӯи арзишҳои муайян шуда дар ҳамон ҳолат рафтор менамоянд ва аз доираи он арзишҳо намебароянд. Масалан, мухлиси шавқуннакунанда дар стадион. Издиҳоми амалкунанда – ин маҷмӯи одамонест, ки вобаста ба объекти мушаххас рафтори фаъол менамоянд. Издиҳоми амалкунандаро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунанд. Гурӯҳи агрессивӣ, гурӯҳе, ки паноҳгоҳ меҷӯяд, ё ин ки эмин буданро мехоҳад. Гурӯҳи агрессивӣ издиҳоме, ки ба вайронкорӣ  даст мезанад, мебошад. Издиҳоми паноҳҷӯяндагон афродеро муттаҳид месозад, ки дар ҳолати ҳарос қарор доранд. Авбошон ин издиҳомест, ки ба ғоратгарӣ ва задухӯрд машғуланд. Издиҳоми экстатикй афродеро ба ҳам овардааст, ки зери ягон маросими динӣ ё дигар таъсиррасониҳо гирифтор гардидаанд.

Зери мафҳуми “публика” гурӯҳи калони одамоне дониста мешаванд, ки ягон ҳодиса шавқу ҳаваси онҳоро бо ҳам овардааст, онҳо бе ягон ташкилии махсус ба ҳам меоянд. Публика бо пайдоиши предмети  таваҷҷӯҳи омма ба вуҷуд меояд. Ин метавонад ҳодиса, фард, бозёфти илмӣ, ягон бахши санъат ва ғайра бошад. Олим Г. Тард хонандагони як рӯзномаро публика меномад. Дар тафовут нисбат ба издиҳом дар байни аъзоёни публика баҳси ақлонӣ (гуногунандешӣ) танқид ва мубориза ҷой дорад.

Субъекти рафтори омма ин фард мебошад. Инчунин маънидод карда мешавад, фаъолияти онҳо дар доираи ягон вақти муайян ва фазо мувофиқат нашудааст, фаъолияти онҳо оқибатҳои муҳими иҷтимоиро ба бор меорад. Масалан, қарори оила оиди доштан ва на- доштани фарзанд метавонад ба таркиши демографӣ оварда расонад. Нобоварии саҳмгузорон метавонад, ба хазинаи молиявии банк ва мамлакат таъсири манфӣ расонад. Рафтори як нафар метавонад предмети омӯзиши сотсиология набошад. Агар ин фаъолият хусусияти оммавиро касб намояд, он гоҳ сухан доир ба рафтори омма меравад.

Гуногунии рафтори иҷтимоии омма

Рафтори иҷтимоии оммаро тавсифи гуногун менамоянд. Вобаста ба масоҳат ва дараҷаи ташкили ин ё он рафтори иҷтимоӣ онро ба шаклҳои зерин: ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ оммавӣ ва ахлоқи иҷтимоии шахс ҷудо мекунанд.

  • Ҳаракатҳои иҷтимоӣ

Ҳаракатҳои иҷтимоӣ як шакли рафтори иҷтимоӣ буда, фаъолияти гурӯҳи калон ё якчанд гурӯҳро дар бар мегирад. Гурӯҳҳо фаъолияти худро барои қонеъ гардонидани талаботҳо ва шавқу ҳаваси худ амалӣ менамоянд. Пас, ҳаракати иҷтимоӣ мусоидат кардан ё накардан ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ҳаракатҳои иҷтимоиро аз рӯи хусусиятҳояшон ба чунин тартиб овардан мумкин аст. Агар фаъолияти ҳаракат ба сохторҳои давлатӣ равона карда шуда бошад, пас ин навъ ҳаракатро ҳаракати сиёсӣ медонанд. Вале бояд зикр намуд, ки аксаран ҳаракатҳои омма, ки барои қонеъ намудани талаботҳои худ равона шудаанд, ҳаракати сиёсӣ шумурда намешаванд. Масалан, ҳаракат барои барқарор намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ҳаракат барои беҳтар кардани шароити зист) меҳнат. Баъзе аз онҳо метавонанд, ки хусусияти сиёсиро кам ё бисёр касб намоянд. Дар ҳама ҳолат ҳар як ҳаракат дорои мақсад ва мароми ба худ хос аст. Дар аксари мамлакатҳои муосир ҳаракатҳои занон, ҷавонон, экологӣ, ҳаракатҳои гендерӣ ва ғайраҳо хело инкишоф ёфтааст.

Ҳаракатҳои иҷтимоиро ба навъҳои зерин ҷудо менамоянд, ки инҳоянд: ҳаракати иҷтимоии утопиявӣ (хаёлӣ), ҳаракати ислоҳоткунандагон, ҳаракати таназзулкунанда, ҳаракати инқилобӣ.

Ҳаракати иҷтимоии утопиявӣ ҳамеша мекӯшад, ки як ҷомеаи идеалӣ барои инсоният бисозанд. Тарафдори ҳаракати ислоҳоткунадагон (реформаторҳо), мехоҳанд, ки дар сохтори мавҷудаи ҷомеа дигаргуниҳои иҷтимоиро ворид намоянд. Намояндагони ҳаракатҳои таназзулкунанда (ҳаракати муқовимат) бошанд, садди роҳи дигаргуниҳои иҷтимоии ҷомеа мегарданд.

Ҳаракати инқилобӣ мехоҳанд, бо роҳи инқилобӣ  сохтори мавҷудаи ҷомеаро тағйир дода, сохти нави ҷамъиятиро барпо намоянд. Ҳама ҳаракатҳои иҷтимоӣ аз норизогӣ ба ягон чиз сар мезананд. Вале бояд, тазаккур дод, ки на ҳамаи норизогии иҷтимоӣ  сабаби ба вуқӯъ омадани ҳаракатҳои иҷтимоӣ мегардад. Ғайр аз ин дар тафаккури аксари мардум ақидае пайдо мешавад, ки ҳукуматдорон барои ҳалли проблемаҳо кӯшиш намеварзанд. Дар ин ҳолат но- розогии иҷтимоӣ ба вуҷуд омада ҳаракатҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Ҳаракаткунандагони иҷтимоӣ ба ҳукуматдорон роҳҳои ҳалли масъалаҳоро мегузоранд. Ин ҷо сухан доир ба идеологияи мавҷудаест, ки чун пул байни норизоён ва тарафдорон хизмат менамояд. Барои дар амал тадбиқ намудан ва роҳбарии ин фаъолиятҳо ташкилот, пешво, тарафдорони ашаддӣ, ки ҷавҳарро ташкил медиҳанд, лозим аст.

Дар ҷомеаҳои мӯътадил ҳаракатҳои иҷтимоӣ ниҳоят кам ба вуқӯъ меоянд. Агар ҳаракати иҷтимоӣ ниҳоят пурзӯр бошанд, пас ин бозгӯӣ ҷомеаи номӯътадил мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар натиҷаи харобкорӣ, вайрон кардан ба вуҷуд меояд. Ҳаракатҳои пурзӯри иҷтимоӣ дар ҷомеаҳои номӯътадил бавуҷуд меояд. Харобкории иҷтимоӣ дар натиҷаи гум кардани самти ахлоқии одамон ба вуқӯъ мепайвандад. Р. Мертон аъзоёни ҷомеаи номӯътадилро чунин тасниф менамояд: 1) дар тафаккури аппарати роҳбарӣ бетарафй нисбат ба табақаи поёнӣ ба вуҷуд меояд; 2) табақаи поёнӣ эҳсос менамояд, ки ба мақсади асосии худ, ки ин ҷомеа эълон доштааст, нахоҳад расид; 3) ҳамаи аъзоёни ҷомеа эҳсос менамояд, ки кӯшишҳо бе натиҷа мемонанд; 4) бовариӣ пайдо мегардад, ки ин ҷомеа аъзоёнашро умуман дастгирӣ карда наметавонад.

Дар ҷомеаҳои мӯътадил ҳаракатҳои иҷтимоӣ  низ ба вуқӯъ меоянд ва онҳо ба ҷараёни ороми фарҳангӣ табдил меёбанд. Ҷараёни фарҳангӣ- равандест, ки тағйиротҳои муайян метавонанд тарзи ҳаётро оҳиста – оҳиста тағйир диҳанд. Масалан, муборизаи нажодҳо дар тӯли якчанд сол боиси тағйирдиҳии сарқонуни ШМА гардид.

Ахлоқи коллективй

Ахлоқи коллективӣ дар тӯли таърих ба вуҷуд меояд. Ахлоқӣ коллективӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ пас аз худ ба худ дарк кардани одамон ба амал меояд. Субъекти ахлоқи коллективиро издиҳом ташкил медиҳад.

Аввалин маротиба дар асри XIX аз тарафи табиб ва рӯҳшинос Г. Лебон назарияи ахлоқи коллективӣ пешниҳод гардид. Вай дар китоби “Психологияи издиҳом ” (1895) зикр менамояд, ки равони одамон ин ирсӣ (аз гузаштагон мерос мондааст) ва ҳосилшуда ( дар натиҷаи таҷрибаи шахсӣ) мебошад. Ба издиҳом афтида одамон ба давраи аввали инкишофи худ бармегарданд.

Г. Лебон қонуни ягонаи равони издиҳомро баён намудааст. Мазмуни ин қонун аз он иборат мебошад, дар издиҳом маълумот барои одамон дар як зина қарор дорад ва дар натиҷаи он оммаи шабеҳ (якхела) пайдо мегардад. Яке аз хусусиятҳои оммаи шабеҳ аз он иборат мебошад, ки:

  • зудбоваранд, зуд зери таъсир қарор мегиранд ва онҳо тафаккури танқидӣ надоранд;
  • кӯҳнапарастанд, тоқатнопазиранд;
  • қобилияти мушоҳида надоранд;
  • ниҳоят ҳам эҳсосотӣ мебошанд.

Ин хусусиятҳо мувофиқи андешаи Г. Лебон, дар натиҷаи се механизми асосии равонӣ: тақлид, мубталогардӣ, худталқинкунӣ ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи фаъолияти бешуурона дар давраи аввал одамон ба инстинкти соддалавҳона итоат кардан фаъолият менамоянд. Яке аз механизми асосӣ ин худталқинкунӣ ба шумор меравад. Ин механизм дар оммаи шабеҳ замоне зоҳир мегардад, ки бешуурона, бе ягон мулоҳизаи танқидӣ ҳама гуна ташвиқро барои амал намудан қабул намуда, рафторе содир менамоянд, ки ба характер одатҳо вз тафаккури онҳо бегона аст. Яке аз омилҳои асосии алоқамандии фард ва издиҳом ин тақлид ба шумор меравад. Яъне бошуурсна ва бешуурона фаъолияти одамон, ки барои такрори амалҳо ва рафтори афроди дигар равон шууда бошад. Таъсири ин ҳолати рӯҳию равонии аз тарафи олими франсуз шогирди Г. Лебон Г.Тард тавзеҳ ёфтааст. Ӯ андешаҳои худро доир ба ин масъала дар китобҳояш “Қонуни тақлид кардан” (1892.) ва “Афкори омма ва издиҳом” (1902.) иброз намудааст.

Дар ҷаҳони муосир назарияи рафтори оммаи олимон – X. Ортега – Гасет ва Д. Рисмен ҷолиби диққат мебошад. Дар андешаҳои онҳо консепсияи эҷоднамудаи Г.Лебон ва Г.Тард инкишоф дода шудааст. Мувофиқи андешаи Ортега-Гасет, дар ахлоқи оммавӣ мавқеи асосиро аксарият ишғол менамоянд. Вай  дар китобаш “Шӯриши омма” вазифаҳои оммаро чунин тавзеҳ медиҳад: Омма 1) имрӯзҳо ҳамон амалҳоеро иҷро менамоянд, ки пештар аз тарафи ақаллият интихоб гардидаанд; 2) ва онҳо дигар ба ақаллият итоат наменамоянд.

Дар китоби “Издиҳоми танҳо” Д. Рисмен нишон медиҳад, ки фард ба таври механикӣ амал менамояд, дар натиҷа вай чун омма баромад мекунад, на чун издиҳом. Васоити ахбори омма ба одамон таъсир расонида, онро танҳо худ ба худ намемонад ва яке аз сабабҳои таркиши эмотсианалии омма мегардад.

Таҳлили консепсияҳои муосир нишон медиҳад, ки хусусиятҳои асосиии рафтори оммаро нишон диҳем. Аввалан бояд зикр намуд, ки онҳо ғайриоддӣ буда, ба стандартҳои муайян ҷавобгӯй нестанд. Дуюм онҳо яке аз навъҳои экстремалии рафтор мебошанд. Сеюм рафтори омма имкон медиҳад, ки одамон хатарро эҳсос карда тавонанд. Чорум дар шароити муайяни иҷтимоӣ ба амал меояд: аз қабили дараҷаи баланди бекорӣ, дараҷаи бади иҷтимоӣ иқтисодӣ, дараҷаи пасти аҳолӣ ва ғайраҳо.

Яке аз фарқиятҳои ҷиддии байни издиҳом аз омма ин беҳад наздик будани издиҳом ба ҳам мебошад. Дар омма алоқаи байни одамон он қадар муҳим нест. Рафтори омма бештар дар издиҳом ба назар мерасад ва он метавонад, ки хусусияти оммавиро касб намояд.

Дар илми ҷомеашиносй се навъи эҳсосотро ба рафтори омма мансуб медонанд: тарс, душманӣ, хурсандӣ. Ин эҳсосот дар издиҳом ва омма ифода ва ҳис карда мешавад. Дар ҳолатҳои гуногун эҳсосот бо қувваи гуногун метавонад ба вуҷуд ояд.

Рафтори иҷтимоии шахсият

Рафтори шахсият – амалҳои зоҳирии мушоҳидашаванда ва фаъолияти муайяни фард пайдарпай мебошад, ки онҳо таваҷҷӯҳи одамони дигарро ҷалб менамояд. Рафтори фард маънои иҷтимоиро замоне дар бар мегирад, ки вай чун шахсият шинохта шуда ва бо афроди дигар дар муошират аст. Ин ҷо сухан дар бораи субъекти рафторе меравад, ки вай аз нуқтаи назари мавҷудоти соҳибхирад баромад карда, ҳамаи амалҳо ва муносибату алоқаашро дар мизони хирад роҳандозӣ менамояд.

Рафтори инсон аз рафтори ҳайвонот билкул фарқ менамояд. Ҳайвон тамоми фаъолияташ барои қонеъ гардонидани талаботҳои табиии хеш сарф менамояд. Одам бошад, ғайр аз талаботҳои табиӣ боз ба талаботҳои дигар ниёз дорад. Пеш аз ҳама барои ноил шудан ба талаботҳои табиӣ инсон як қатор амалҳои бошууронаро ба сомон мерасонад, ки минбаъда барои истеҳсол кардани маводҳои ниёзи ӯ хизмат менамояд. Масалан, тайёр намудани олоти меҳнат, истифодабарии забон чун воситаи муошират. Бояд зикр намуд, ки талаботҳои инсон рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Аз ҳамин лиҳоз ҳамагуна рафтори одамон ҷавҳари иҷтимоӣ доранд.

Рафтори иҷтимоӣ – фаъолияти зоҳирии инсон буда, мавқеи мушаххаси фард ва устувории ӯро нишон медиҳад. Ба сифати механизми худтанзимкунандаи рафтори иҷтимоии шахсият дастури иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи баҳамалоқамандии ангезанда ва далелҳо шароити мушаххаси муҳити беруна ба вуҷуд меояд, баромад мекунад. Дастурамал дар худ тайёр будани инсонро барои фаъол шудан нисбат ба ягон объект нишон медиҳад. Дастури иҷтимоӣ – арзиши муносибат ба объекти иҷтимоӣ буда, он аз ҷиҳати рӯҳию равонӣ тайёр аст, муносибаташро мусбӣ ё манфӣ  нисбат ба объект ифода намояд. Мувофиқи андешаи сотсиологи амрикоӣ Ҷ. Герберт, дастури иҷтимоӣ дар худ ҳамаи он чизеро, ки барои мо қобили қабул аст ё нест, нисбат ба худ ва муҳити атроф таҷассум менамояд. Дастури иҷтимоӣ аз қобилияти дарки ҷаҳону худ ва қобилияти чӣ тавр дигарон онро дарк менамоянд, он аз тарафи оммаи иҷтимоӣ чӣ тавр қабул карда мешавад, ба вуҷуд меояд.

Соли 1934 олими америкоӣ Лапер таҷрибае гузаронд, ки минбаъд бо номи «парадокс» (таноқуз, бовар накардан) маълум гардид. Ӯ бо донишҷӯёни хитоӣ дар 255 меҳмонхонаҳои ШМА меҳмон мешаванд. Дар 255 меҳмонхона онҳоро бо лутфу меҳрубонӣ қабул менамоянд, вале танҳо дар як меҳмонхона онҳоро хуб қабул накардаанд. Вай баъд аз бозгашт ба 255 меҳмонхона барои дубора меҳмон шудан ба онҳо мактуб менависад ва зикр менамояд, ки онҳоро ба мисли маротибаи аввал хуш қабул карда метавонанд. Аз 128 меҳмонхона ҷавоб омад. Танҳо соҳиби як меҳмонхона дар ҷавобаш нигоштааст, ки онҳоро хуб пазироӣ менамояд. Соҳиби 127 меҳмонхонаи дигар ҷавоби рад додаанд. Лапер ба хулосае, омад, ки рафтор ва муносибати ҳақиқии соҳибони меҳмонхона нисбат ба хитоиҳо тафовут дорад.

Сабаби бовар накардан дар он мебошад, ки дар ҳар як инсон на як дастур, балки якчанд дастури иҷтимоии дараҷаҳои гуногунро дорад, ки вобаста ба шароит аз онҳо истифода мебарад. Чӣ тавре ки маълум аст, талаботҳои инсонӣ аз рӯи тарзи муайян хусусиятҳои мартабавиро дорост. Ҳангоми қонеъ намудани талаботи мартабаи паст дар одам талабот барои қонеъ намудани мартабаи баланд пайдо мегардад. Ҳар як дараҷа барои худ дастури иҷтимоии худро дорост.

Дар бахши аввали ин қисса дастури содда, яъне хуб пазироӣ гардидани устоду шогирди хитоӣ аз тарафи соҳибони меҳмонхонаҳо нишон дода шуда ва соҳибони мехмонхонаҳо ба рафтори донишҷӯи хитоӣ ошно набудаанд ва замоне ки онҳо ба рафтори донишҷӯи хитоӣ шинос гардиданд, муносибати худро ба мактуби ирсолкардаи устоди донишгоҳ билкул дигар карданд ва ҷавоби рад доданд. Рафтори донишҷӯи хитоӣ ба арзишҳо ва дастурҳои мавҷудаи ҷомеаи ҳамонвақтаи амрикоӣ ҷавобгӯ набуд.

Фардҳо ҳамеша дастурҳои хешро вобаста ба дастурҳои одамони дигар тағйир медиҳад. Саволе пайдо мешавад, ки афроди дигар кистанд? Ин савол ду ҷавобро дорост 1) Дигарон нафароне мебошанд, ки мо нисбати онҳо як ҳусну таваҷҷӯҳи хоса дорем ва онҳо ба мо мақбуланд. 2) Дигарон онҳоеанд, ки дар қатори мо буда, вале каме мартабаи онҳо баланд мебошанд.

Рафтори каҷравӣ

Рафтори одамон на ҳама вақт ба арзишҳо ва андозаҳое, ки омма қабул кардааст, монандӣ мекунад. Рафтори каҷрав (аз калимаи лот. deviatio гирифта шуда, маънояш – ношоиста, бероҳа, ноҷо буда) – ин амал,фаъолияти одамонест, бо арзишҳо ва андозаҳое, ки ҷомеа барои ҳамаи аъзоёнаш қабул намудааст, рост намеояд. Ин рафтор, ки хусусияти инфиродиро дорост, аз тарафи илми равоншиносӣ, педагогика мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Предмети омӯзиши сотсиология амали як нафар не, балки рафтори омма, ки ба самти муқобили ҷараёни арзишҳои ҷойдошта равона шудааст, қарор мегирад. Аз рӯи фаҳмиши сотсиологӣ рафтори каҷравӣ рӯйдоди иҷтимоӣ – таърихӣ мебошад, ки бо арзишҳои барқароргардидаи ҷомеа ин рафтор мутобиқат наменамояд.

Предмети омӯзиши сотсиология ин бемории равонӣ намебошад ва ин беморӣ хусусияти оммавиро касб намекунад. Рафтори каҷрав дар байни одамони бемории рӯҳидошта кам ба назар мерасад. Онҳо арзишҳои доштаи ҷомеаро кам вайрон менамоянд. Рафтори каҷрав аз тарафи одамони бошуур бештар ба назар мерасад.

    Рафтори каҷрав на ҳама вақт маънои манфиро дорост. Аз арзишҳои ҷомеа дур шудан ду маъноро ифода менамояд:1) манфӣ ба иштибоҳ роҳ додан дар сохти мавҷуда ва барои аз байн рабудани он ташвиқот бурдан; 2) мусбӣ, яъне барои такомул ёфтани он ҳамчун олот хизмат кардан.

Се қисми асосии каҷравии иҷтимоиро ҷудо кардан мумкин аст: инсон (гурӯҳ), ки ба онҳо рафтори муайян мансуб аст; интизорӣ ва арзишҳо, ки чун усули баҳодиҳии рафтори ноҷо ба ҳисоб меравад; гурӯҳ ё ташкилот, ки рафторро дарк менамояд. Рафтори ноҷо, каҷравиро бо мушкилӣ муайян кардан мумкин аст, чунки ченакҳо ва арзишҳои дар ҷомеа ҷойдошта ҳамеша тағйирпазир ва гуногун мебошанд.

Ба навъ ҷудо кардани рафтори каҷрав ниҳоят ҳам кори мушкил ба ҳисоб меравад, чунки як рафтор метавонад, ки айни замон хуб шумурда шавад ва пас аз муддате ноҷо хисобида шавад. Пеш аз ҳама, рафтори каҷравӣ бори аввалро ҷудо менамоянд. Дар рафтори каҷравӣ бори аввал як қисми арзишҳое, ки ҷомеа ё гурӯҳ қабул кардааст, барои аъзоёни он ҳатмӣ мебошад. Агар афроде, ки дар ин ҷомеа ё ин гурӯҳҳо рафтори ноҷо кунанд, гунаҳгор дониста намешаванд. Каҷравии дуюм – ин каҷ гаштани фард аз нормаҳои ҷойдошта дар гурӯҳҳо ва ҷомеа мебошад.

Аз тарафи Р. Мертон намудҳои рафторҳои иртиҷоӣ кор карда шудааст. Ӯ каҷравӣ аз арзишҳои ахлоқро чун норизогии афрод ба фарҳанги муайянӣ ҷойдошта пиндошта, зикр менамояд, ки фард мехоҳад, барои қонеъ кардани талаботҳои иҷтимоии худ кӯшиш ба харҷ диҳад.

Одамон дар иҳотаи иҷтимоӣ  қарор доранд ва онҳо ба гурӯҳҳои гуногун аъзо мебошанд. Ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ ҷадвали расидан ба мақсадҳои хешро аз рӯи батанзимдарории арзишҳои ахлоқӣ дорад. Вобаста аз муносибатҳои байниҳамдигарии мақсаду маром ва роҳҳои расидан ба онҳоро Р. Мертон ба панҷ навъ ҷудо менамояд.

Конформизм (итоат кардан) ин рафторест, ки умумияти иҷтимоӣ аз ақидаву андешаи худ рӯй гардонида, мақсад ва мароми умумияти ҷойдоштаро қабул менамояд. Ин навъи рафтор бисёр ҳам паҳнгашта мебошад. Рафтор дар чаҳорчӯбаи нақшаҳое, ки аз тарафи омма қабул гардиданд ва барои ба мақсад расидан нигаронида шудаанд, ба роҳ монда мешавад.

Навгониҳо (навоварӣ) рафтор, ифодакунандаи мақсад буда, он олотҳои расидан ба мақсадро надорад. Масалан, аввалин ислоҳотчиёни ҷомеаи муосири рус мақсадҳои ниҳоят ҳам хуб пешниҳод карда буданд, яъне ҷомеаи камбағалонро ба ҷомеаи бойю сарватманд баробар созанд. Аммо онҳо роҳҳои амалӣ намудани ин мақсадро нишон надода буданд. Р. Мертон ин навъи рафтори иртиҷоиро тавсиф карда менигорад: “Номувофиқии шаклҳои навоварӣ метавонад натиҷаҳои хилофи корро ба бор орад, одамон аз нокомиҳо барои расидан ба мақсад мутаассир гашта, онҳо аз ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва нигоҳдории расидан ба комёбиҳо рӯй мегардонанд».

Ритуализм (аз калимаи маросим гирифта шудааст.) эътироф накардани мақсад, вале этътирофи воситаи расидан ба мақсадро ифода менамояд. Масалан, бюрократ ба тарзи дуруст пур кардани коғазҳои гуногун назорат карда, мақсади асосии онро, яъне барои чӣ онҳо пур карда мешаванд, фаромӯш менамояд. Мақсад ба як тараф гузошта шуда, арзишҳои муайяншуда нигоҳ дошта мешавад. Аҷибаш дар он аст, ки мансабдор бе мақсад фаъолият намуда, оқибат худ қурбонии чунин амалҳо мегардад.

Ретритизм (парасторӣ, нигоҳубин, парвариш, парастиш) навъи одати фард дар ҷомеа буда, онҳоро ҷомеа эътироф надорад. Ин одамон дар ҷомеаанд, вале бояд зикр кард, ки онҳо ба ин ҷомеа мансуб нестанд, Ин чунин маъноро ифода мекунад, ки онҳоро ҷомеа рад кардааст. Инкори ҷомеа онҳоро ба куҷо мебарад? Одамон ба бемории рӯҳӣ гирифтор гардида, майзада мешаванд, маводи мухаддир истеъмол мекунанд, оворагард мегарданд ва ё ба дин рӯй меоранд.

Исён (балво) – ин рафтори иртиҷоӣ буда, мақсад ва воситаҳои вуҷуд доштаи ҷомеаро инкор карда, мақсад ва воситаҳои навро пайгирӣ менамоянд. Ин кӯшишест, ки тартиботи навъи иҷтимоиро бино намоянд.

Аз ин ҳама навъҳои рафтори каҷрав фақат конформизм ба ин навъ дохил намешавад. Дигар навъҳо ба рафтори иртиҷоӣ мансуб мебошанд.

Якчанд навъи маънидодкунии рафтори иртиҷоӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи назарияҳо рафтори иртиҷоиро ба се гурӯҳ ҷудо менамоянд: биологӣ, равонӣ ва сотсиологӣ. Назарияи биологӣ рафтори каҷравро авлодӣ дониста, амалҳои иҷрокардаи шахсро вобаста ба он мебинад. Назарияи равонӣ бошад, рафтори каҷравро вобаста ба нодурустии инкишофи равонии шахс медонад. Назарияи сотсиологӣ рафтори каҷравро аз нуқтаи назари омилҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ маънидод менамояд.

Аввалин маротиба аз нуқтаи назари сотсиологӣ рафтори каҷравӣ дар назарияи бетанзимии (аномия) Э. Дюркгейм баён гардидааст. Зеро мафҳуми “аномия” – гуфта, Дюркгейм бетанзимиро медонист”. Ҳангоми бӯҳрони ҷомеа арзишҳои ҷомеа вайрон мегарданд, одамон самти худро гум мекунанд, ҳолати вайроншавии иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, яъне арзишҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ суст ва ё муқобили якдигар меистанд.

Минбаъда назарияи бетанзимӣ аз тарафи Р. Мертон инкишоф дода шудааст. Мувофиқи андешаи вай, сабаби рафтори каҷравӣ дар он мебошад, ки байни арзишҳои фарҳангӣ ва васоити иҷтимоие, ки эътироф гардидаанд, ҷудоӣ ба амал меояд. Масалан, одамон барои ноил гардидан ба муваффақияти молӣ кӯшиш менамоянд, вале тавассути меъёрҳои эътирофшуда ва роҳҳои қонунӣ ба орзуи хеш намерасанд.

Назарияи бетанзимӣ дар ҷаҳони имрӯза чунин тавзеҳ дода мешавад. Бетанзимӣ ин ҳолати ахлоқӣ-психологии фард ва шуури ҷамъиятиест, ки ифодакунандаи вайроншавии сохтори арзишҳо буда, роҳҳои расидан ба мақсадро тариқи ғайриқонунӣ медонад.

  • Назорати иҷтимой

Дар ҷумҳурии мо одамон бисёр мегӯянд, ки дар ҷомеа тартибот кам ба назар мерасад. Дар илми сотсиология мавқеи ашёҳо ва муҳити атрофро бо мафҳуми «тартиботи иҷтимоӣ» ифода менамоянд. Тартиботи иҷтимоӣ маҷмӯест, ки дар он одат ва анъанаҳо ноаён амал менамояд, алоқамандии байни афрод тавассути он сурат гирифта, ҳангоми иҷроиши фаъолияти гуногун мусоидат карда, барои бомуваффақият фаъолият намудани системаи вуҷуддошта хизмат менамояд.

Кор накардани ин ё он арзишҳои иҷтимоиро дар ҷомеа қайд намуда ва айни замон бояд, зикр кард, ки дар маҷмӯъ системаи иҷтимоӣ фаъолият менамояд, одамон ба кор мераванд, нақлиёти шаҳрӣ кор мекунад ва ғайраҳо. Саволе ба вуҷуд меояд, ки чӣ маҷбур месозад, системаи ҷомеа фаъолият намояд? Назорати иҷтимоӣ тарзи худтанзимкунии системаи иҷтимоӣ буда, ба воситаи унсурҳою меъёрҳо, аз он ҷумла меъёрҳои ҳуқуқӣ танзим мегарданд. Вазифаи эътидолии системаи назорати иҷтимоӣ аз тарзи истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсоли ҷомеа ва сохтори иҷтимоии он (гурӯҳҳо, синфҳо, сохтори давлатӣ) вобаста мебошад.

Назорати иҷтимоӣ ду унсури асосӣ: меъёр ва санксия (иҷозат, рухсат )-ро дорост. Меъёрҳо ин андозаҳоест, ки чӣ тавр дар ҷомеа бояд рафтор кард. Санксия -воситаест, ки фардҳо барои амалашон қадр карда мешаванд ё ҷазо мегиранд. Ҳаёти инсон, қадру қимати он, муносибат ба калонсолон, хурдсолон, рамзҳои коллективӣ, ба воситаи қонунҳои ҷомеа қадр ва муҳофизат карда мешаванд.

Назорати иҷтимоӣ қонунӣ ва ғайриқонунӣ мешаванд. Назорати қонунӣ аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ  иҷро карда мешавад. Барои амалӣ гардидани онҳо сохтор ва қоидаҳои махсус тартиб дода мешавад. Масалан, қонуни ҷиноятӣ. Ташкилотҳои иҷтимоии чунин сохторҳо сохторҳои муҳофизати қонун мебошад. Се усули қонунии назорати иҷтимоӣ ҷой дорад: маҳдуд кардан, ҷудо кардан ва сафед кардан. Маҳдуд кардан ба мақсади аз дигар афрод ҷудо кардан мебошад, ки ҳатто сафед карда намешавад. Ин ба нафароне дахл дорад, ки якчанд маротиба ҷиноят содир кардаанд. Ҷудо кардан алоқаи гунаҳгорро бо одамони дигар муваққатан қатъ кардан аст, вале ин маънои онро надорад, ки фарди гунаҳгор дигар имкониятҳои муошират карданро аз даст медиҳад. Онҳо имконияти ба ҳаёти ҷомеа бар- гаштанро доранд, агар ба қонунҳо ва меъёрҳои ҷойдоштаи он риоя намоянд. Масалан, дар махқама ва беморхонаи рӯҳӣ бо муддати муайян ҷой доштани баъзе фардҳо. Сафед кардан ин тайёр кардани фард ба ҳаёти мустақил ва иҷро кардани вазифаҳои ҷамъиятиашон мебошад. Инҳо метавонанд, ки майзадаҳо ва ё истеъмолкунандагони маводи мухаддир, ки бе муайян кардани ному насабашон табобат гардида, барои фаъолияти минбаъда равон карда шаванд.

Назорати ғайриқонунӣ – як навъи таъсиррасониест, ки ба гурӯҳҳои хурд мансуб мебошад ва ба воситаи танқиду хандахариш каҷравии афродро пешгирӣ менамоянд. Чор навъи назорати иҷтимоии ғайриқонуниро мукофотонидан, боварикунонидан, ҷазо додан, аз сари нав баҳо доданро олимон нишон додаанд. Мукофоти иҷтимоии ғайриқонунӣ дар шакли лабханд, нигоҳи хайрхоҳона ва ғайраҳо ифода меёбанд. Ҷазои ғайриқонунӣ дар шакли нигоҳи ғазаболуд, танқиди ниҳоят сахт, таҳдид, лату куб ифода мегардад. Боваркунонии ғайриқонунӣ низ яке аз шаклҳои пешгирии рафтори каҷ ба ҳисоб меравад. Аз сари нав баҳодиҳӣ яке аз шаклҳои мураккаби назорати иҷтимоии ғайриқонунӣ буда, рафторест, ки ношоиста ҳисобида мешуд ва бо гузашти айём ҳаматарафа омӯхта шуда, чун рафтори муқаррарӣ маънидод карда мешавад.

Назорати иҷтимоӣ ба тарзҳои муайян гузаронида мешавад. Пеш аз ҳама бо роҳи иҷтимоикунонии назорати иҷтимоӣ. Рафтори одамон дар ҷомеа бояд мутобиқи дархости ҷомеа суръат гирад. Дар натиҷаи иҷтимоикунонии одамон, ки вазифаҳои иҷтимоии худро бешуурона иҷро менамоянд, оҳиста – оҳиста ба одат мубаддал мегарданд.

Назорати иҷтимоӣ ба воситаи таъсирасонии гурӯҳӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки фард аъзои гурӯҳи иҷтимоӣ мебошад. Гурӯҳ мутобиқи меъёрҳои муайян фаъолият менамояд, ҳангоми вайрон кардани ин меъёрҳо фард бояд ҷазо гирад. Таъсири гурӯҳӣ аз бисёр ҷиҳатҳо вобаста ба мартабаи фард, муттаҳидии гурӯҳ ва ғайраҳо вобаста мебошад. Масалан, агар гурӯҳ бениҳоят муттаҳид бошад, онҳо қонунро хуб риоя менамоянд ва дараҷаи таъсири гурӯҳ низ зиёд мегардад.

Низои (моҷаро) иҷтимоӣ

Яке аз шаклҳои ниҳоят паҳнгардидаи рафтори оммавӣ ин низои иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин рӯйдоди иҷтимоӣ буда, ифодакунандаи ҷараёни инкишоф ва ҳал кардани фаъолият ва муносибатҳои зидди одамон мебошанд, ки аз рӯи қонуниятҳои объективии инкишофи ҷомеа ба амал меояд. Самти ҳаракати ин ҷараён шаклҳои зерини баҳамалоқамандии диалектикиро дорост: 1) аксуламали кушод;

  • ҳолати рӯҳии фард ва гурӯҳи таззодҳо, ки дар шакли кушода ба вуқӯъ намеоянд.

Ҳама гуна низои иҷтимоӣ  сохтори мураккаби дохилии худро  дорост. Таҳлили мазмун ва муҳимияти равиши низои иҷтимоӣ  умуман аз рӯи се зина: зинаи пешазнизоӣ, зинаи низоӣ ва зинаи ҳалли низоъ гузаронида мешавад.

Ягон низои иҷтимоӣ яку якбора ба вуқӯъ намепайвандад. Ҳар яки он дар ҳолати пешазнизоӣ қарор дорад. Дар тӯли муайяни вақт оҳиста – оҳиста ҳаяҷони шиддатнок, оташинӣ ва қаҳру ғазаб ҷамъ мегардад. Ҳолати пешазнизоӣ, баъзан чунон тӯл мекашад, ки сабаби аввалини моҷаро фаромӯш мегардад. Яке аз хусусиятҳои асосии моҷаро дар лаҳзаи пайдоиш аз вуҷуд доштани ашё (объект) вобаста мебошад. Ин объект бояд ба чашми мухолифин тақсимнашаванда намояд. Андоза ва миқдори он барои мухолифон даркшаванда бошад. Агар ин ҳолатҳо ҷой надошта бошад, пас мухолифин ба муқобили якдигар барнамехезанд.

Ҳолати пешазнизоӣ -дар ин давра, тарафҳои мухолифини дар- низоъбуда, захираҳои мавҷудаи худро ба ҳисоб гирифта, баъдан ба фаъолияти таҷовузкорона (душманона) даст мезананд. Ба ин захираҳо, маводҳои арзишманд, ахборот, ҳокимият, алоқа, эътибор ва ғайраҳо мансуб мебошанд. Дар ин муддат муттаҳидгардии қувваҳои мухолиф оиди пайдо кардани тарафдорон ва тартиб додани гурӯҳҳое, ки дар низоъ ширкат меварзанд ба вуқӯъ меояд.

Пеш аз ҳама ҳар як тарафи мухолиф роҳҳои расидан ба мақсадро бе ширкати тарафи мухолиф меҷӯяд. Вақте ки ҳамаи кӯшишҳо бефоида анҷом меёбад, фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ объектеро, ки барои расидан ба мақсад халал мерасонад ва дараҷаи «гуноҳи» онро муайян сохта ва имконияти ба зидди якдигар қарор гирифтан пайдо мешавад, ин ҳолати пешазнизоиро идентификатсия меноманд.

Ба ҳолати пешазнизоӣ, инчунин ҷараёни инкишофи як стратегия ва якчанд стратегия мансуб мебошад. Барномае қабул карда мешавад, ки ба ҳолати мавҷуд буда ҷавобгӯ бошад. Мухолифон ҷосусҳои хешро барои муайян кардани ҷиҳатҳои сусти якдигар мефиристанд, то ин ки амалашонро якчанд қадам пештар оғоз намоянд.

Ҳолати низоӣ ин фаъолияти иҷтимоиест, ки барои дигар кардани рафтори мухолиф ҳангоми ҷой доштани воқеа равона шудааст. Ин қисмати ниҳоят фаъоли низоъ мебошад. Онҳоро шартан ба ду

гурӯҳ ҷудо менамоянд, ки ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои ба худ хосро дорад:

Ба гурӯҳи аввал низое, ки хусусияти озод дорад, дохил мешавад. Ба онҳо мансубанд: ҷанҷол (яъне муноқишае, ки байни ду нафар бо воситаи сухан сурат мегирад), маҳдудкунии иқтисодӣ, муборизаи сиёсӣ, низои ҷисмонӣ ва ғайраҳо. Азбаски низоъ дар ҷомеа баргузор мегардад, фардҳои бисёре ба он кашида мешаванд. Агар низоъ кушоду равшан баргузор гардад, одатан доираи низоъ васеъ мегардад ва он пешгӯишаванда ва муайян мебошад.

Ба гурӯҳи дуюм низоъҳои пардапӯшона мухолифин мансуб мебошанд. Низои пардапӯшона, рӯйпӯшона яке аз воситаи роҳбарии рефлексевӣ ба шумор меравад.

Мувофиқи тавсифи В. Лефевр, роҳбарии бешуурона – як тарзи роҳбарӣ буда, қабули қарорро яке аз афроди амалкунанда иҷро менамояд. Ин онро ифода менамояд, ки яке аз ҳарифон мекӯшад, ки ба шуури дигарон ахбореро ворид кунад ва он шахс зери таъсири андешаҳои он амал намояд ва ба манфиати ӯ кор анҷом пазирад. Хусусияти берунии ҳалли низоъ ин ба поёнрасии воқеа мебошад. Яъне муноқишаи байни тарафҳои мухолиф бардошта мешавад. Вале бояд зикр кард, ки барои ба анҷом расидани низоъ ин кифоя нест. Ҳалли низои иҷтимоӣ танҳо дар ҳолати тағйир додани вазъи низоъ, яъне маҷмӯи шароитҳои иҷтимоӣ равоние, ки низоъро ба вуҷуд меоранд, вобаста аст.

Адабиёт:

а) Асосӣ:

  • * Идиев X. У., Самиев Б.Ч., Гиёев Қ.Х. Сотсиология. Душанбе – 2006.
  • Гулаҳмадов Ш.,Абдулвоҳидов С., Файзиев Б. Сотсиология. Кулоб-2011.
  • Одинаев Ғулом. Сотсиология,- Душанбе -2000
  • Социология. Основы общей теории. М., 1996.
  • Общая социология. М., 2013.
test

Добавить комментарий