Ташаккулёбии иктисодии милли Ҷумҳурии Тоҷикистон

      С 1. Соҳибистиқлолӣ –заминаи асосии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ

     С 2. Марҳилаҳои таърихии ташаккули иқтисоди миллии мамлакат

     С 3. Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бунёдшавии иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

     С 4. [адафҳо ва хусусиятҳои ҷоришавии муносибатҳои бозоргонӣ дар иқтисоди миллӣ.

САВОЛИ 1. Иқтисоди миллӣ маҳз ба давлати миллии мустақил хос буда, чун хоҷагии бисёрзинаи мамлакат танҳо дар шароити истиқлолияти давлатии кишвар метавонад арзи вуҷуд намояд. Бинобар ин агар давлат мустақил набошад, яъне дар тобеияти ягон давлати дигар бошад, дар ин ҳолат иқтисодиёти онро миллӣ гуфтан ҷоиз намешавад, зеро он маҳз бо давлати соҳибистиқлол мансуб аст. (дар собиқ ИҶШС ҶТ-ро миллӣ гуфтан нашояд).

Бо ақидаи Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон «…истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст».

Бо гуфтаҳои боло такья карда метавон шарҳи ботафсили мафҳуми соҳибистиклолиро чунин маънидод намуд: истиқлолият –ин дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ ва иқтисодии мамлакат аст; -ин шарафу номусу ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи бардавомии ҳар як фарди ҷомеъа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост; -ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, сарфи назар аз халқият, миллат, урфу одат ва ақидаю афкор аст.

Бояд қайд намуд, ки дар бисёр мавридҳо мустақилияти давлатиро бо маънои ба вуҷуд омадани мустақилияти иқтисодӣ мефаҳманд, ки ин ақидаи на он қадар дуруст аст, зеро соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ маънои соҳибшавиро ба истиқлолияти иқтисодӣ надорад. Мафҳуми истиқлолияти иқтисодӣ маънои мустақилии хоҷагидории мамлакат, пешбарии иқтисодиётро новобаста аз ягон давлати дунё мефаҳмонад. Яъне ин маънои онро дорад, ки гуё кишвари мазкур фаъолияти иқтисодии худро бе ҳамкорӣ ба хориҷа бурда метавонад, ки ин ғайримкон аст, зеро равнақи муносибатҳои хоричии иқтисодӣ яке аз омилҳои пешравии мамлакат мебошад. Бинобар ин иқтисодиёти мамалакати мустақил комилан мустақил шуда наметавонад (ИМА ва бехатарии иқтисодӣ). 

САВОЛИ 2. Пайдоиш ва инкишофи иқтисодии миллии давлатҳои дунё тамоман гуногун буда, ба якдигар монандӣ надоранд ва сабабҳои пайдоиш ё пош хӯрдани иқтисоди миллӣ, манбаҳои ташаккулёбӣ, ангезаҳои ривоҷу равнақи он гуногунанд. Таърихи пайдоиши иқтисоди миллии мамалакат аз таърихи пайдоиши забони миллӣ, фарҳанги миллӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Таърихи ташаккулёбии иқтисоди миллии ҶТ-ро аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлати шуморидан дуруст аст. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз собиқ ИҶШС ҷудо шудан ибтидо гирифта ин ҷудошавӣ, ки аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ проблемаҳои гуногунро ба миён овард албатта кори начандон осон буда сабабҳои он ба хамагон маълум аст (тарзи тақсимоти моликият, захираҳои пул, тилло ва дигар боигариҳо …).

Тақсимоти моликияти дар тихтиёри марказ будаи иттиҳоди аз байнрафта, тақсимоти «мероси марказ» барои ҶТ ба мисли ҷумҳуриҳои   дигар як тарзи махсуси милликунонӣ –воситаи ташаккули иқтисоди миллӣ буд. Ин «мерос» барои ташкил намудани иктисоди миллии давлатҳои навбунёди мустақил заминаи хубе гузошт. Тақсимоти моликият дар қатори корхонаҳои калон, бонкҳо, рохҳои оҳан ва ғ., инчунин қарзҳои собиқ ИҶШС-po дар бар мегирифт (ҳам қарзҳо ба хориҷа додашуда ва гирифташуда).

Мувофиқи созишномае, ки дар Бишкек бо иштироки роҳбарони лавлатҳои ИДМ оид ба масъалаҳои тақсимоти моликияти иттифоқи соли 1992 қабул шуда буд, ин тақсимот аз руйи чунин принсип сурат гирифт: ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ соҳиби ҳамон мoликияте мегардад, ки дар санаи тақсимот дар қаламрави он ҷойгир шуда бошад. Қарор шуд, ки ҳамаи боигариҳои хазинаҳои давлатии дар марказ буда ба ихтиёри ФР гузашта, қарзҳои давлатии хориҷиро медиҳад ва мегирад.

Дар ҷараёни ин тақсимот ҶТ соҳиби ҳамон боигарие гашт, ки дар қаламрави мамлакат воқеъ буд –корхонаҳои саноатӣ, барқгоҳҳо, роҳи оҳан, фурӯдгоҳҳо ва ғайраҳо.

САВОЛИ 3. Ташаккулёбии иқтисоди миллиро аз руйи заминаҳои сиёсӣ, иқтисоди ва ташкилӣ таҳлил менамоянд.

Заминаи сиёси масъалаи муқарраршавии ҳокимияти давлатӣ, низоми ҳокимияти сиёсӣ ва самтҳои сиёсати иқтисодии онро дар бар мегирад. Дар ин асос принсипҳои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гумрукӣ, арзӣ, сиёсати буҷҷетию андозгузорӣ, демографӣ ва инчунин ҳамкориҳои иқтисоди хориҷӣ муаяйн карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки таъсири омилҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои хоҷагидории хар як мамлакати алоҳида бо чунин роҳҳо сурат мегирад:

-аз руйи усулҳои сафарбаркунии омилҳои сиёсии пешрафти иқтисодиёт, аз ҷумла имкониятҳои сиёсии сафарбаркунии омма ба сӯи ҳадафҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат;

-аз руи кафолатҳои сиёсие, ки давлат пешкаш менамояд, аз ҷумла дар бобати ҳавасмангардонии соҳибкорон ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ҷорӣ намудани лоиҳаҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ, таблиғот дар соҳаи ислоҳоти иқтисодӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, беадолатиҳои иқтисодӣ ва дигар камбудиҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат;

-фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ. [амин тариқ, барои инкишофи иқтисоди миллӣ дар қатори дигар заминаҳо заминаҳои сиёсӣ бояд пурра истифода шаванд, бартарият ё махдудиятҳои иқтисоди миллӣ аз руйи имкониятҳои заминаҳои сиёсии кишвар таҳия ва муқаррар гарданд. 

Дар ҶТ заминаи иқтисодии ташаккулёбии хоҷагии милӣ ба заминаи иқтисодии ташаккулёбии хоҷагии миллӣ бо заминаи сиёсӣ, яъне соҳибшавӣ ба истиқлолияти давлатӣ печ дар печ дар як давра ба миён омад.

Заминаҳои иқтисодии ташаккулёбии иқтисодии миллӣ ба вазъи иқтисодие вобаста аст, ки дар он низоми хоҷагӣ амал мекунаду инкишоф меёбад. Вазъи иқтисодиро қонунгузорӣ муайян мекунад ва маҳз қонунҳо муносибатҳои моликият, инчунин шаклҳои ҳуқуқию ташкилии хоҷагидориро ба танзим медароранд. Кодекси граждании ҶТ, дигар қонунҳо, амали онҳо унсурҳое вобаста буданд, ки дар асоси онҳо иқтисоди миллӣ дар шароити ташаккулёбии худ танзим гашт. 

Заминаҳои ташкилии иқтисоди миллии мамлакат фаъолияти низоми хоҷагии мамлакатро дар бар мегирад, ки худ чун объекти мураккаб зоҳир гашта, аз ҷониби давлат идора карда мешавад. Заминаи ташкили пеш аз ҳама ташкили идоракунии мамлакатро фаро гирифта, тавассути фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар навбати худ се шохаи ҳокимиятро (ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ, ки ба Сарқонуни ҶТ ва қонунҳои конститутсионӣ асос ёфтааст) дар бар мегирад амалӣ мегардад. Дар шароити соҳибистиқлоли ташкили идоракуни дар мамлакат дар давраи кӯтоҳтарин табаддулотро пушти сар намуда, сохтоpи нави давлатдорӣ, принсипҳои нави мустақилона ҳал намудани муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоиро дарёфт намуда, идоракунӣ ба худ нақши навро ороста барои бахши хусусӣ ва сармоягузори муҳити нави соҳибкориро ба пеш овард.

САВОЛИ 4. Соҳибистиклолию ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ва гузариш ба бозор –ин ду ҷараёни бузург дар ҶТ дар як давра ба миён омадаанд, ки бе таъхир ва ба таври қатъӣ гузаронидани табадуллоти кулӣ сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба рӯзномаи ҳаёти ҷомеа гузоштаанд. Бояд қайд намуд, ки барномаи ислоҳоти иқтисодии ҶТ барои соли 1995-2000 ва то соли 2005 нишон дода шуда буд, аз инҳо иборат буданд:  

-ташаккули низоми самараноки танзими давлатии иқтисодиёт;

-ташаккули иқтисодиёти ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта ва муҳити рақобатдор дар асоси ислоҳоти муносибатҳо дар соҳаи моликият;

-ба вуҷуд овардани низоми пулию карздиҳие, ки босамар амал мекунад;

-ҷорӣ намудани ислоҳоти сохтори ва таҷдиди иқтисодиёт;

-ноил шудан ба иқтисодиёти озод (кушода), муҳаёҳ намудани шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ;

-ташаккули низоми танзими воридот;

-ташкил намудани низоми самараноки ҳавасмандкунии меҳнат;

-пурзӯр намудани ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва инкишофи равобити хориҷи бо мамолики ҷаҳон.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, чораҷӯиҳои зиёдеро ба амал баровард, ки миёни онҳо чорабиниҳои зайлро метавон ҷудо намуд:

1. Дар мамлакат ниҳоди (институти) моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҷорӣ гашт.

2. Моликияти ягонаи давлатӣ, аз ҷумла фонди манзилии давлати хусусӣ гардонида шуд.

3. Нархҳо озод гаштанд, ба истиснои номгӯи хурди онҳое, ки аз ҷониби давлат танзим карда мешаванд.

4. Ташаккулёбии инфрасохтори бозорӣ, яъне бонкҳои тиҷоратӣ, биржаҳо, мақомоти танзими зиддинҳисорӣ, мубодилаи арзи хориҷӣ ва ғ.

5. [уқуқ ва озодиҳои инсон мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф гаштанд.

(Норасоиҳо дар соҳаи соҳибкорӣ). Ислоҳот дар ҶТ дар як давраи кӯтоҳ ва даврае, ки нотинҷиҳои сиёсӣ ҷой дошт сурат гирифта, барномаҳои таҳия ва қабулгашта на ҳама вакт мӯътадил татбиқ мегаштанд. Аз ҳамин нуқтаи назар солҳои сипаригашта дар ҷаҳорчубаи ислоҳот –ин солҳои ҳам созандагӣ ва ҳам солҳои ҷанги шаҳрвандию барқароркунии баъдиҷангӣ, ҳам ислоҳи хатогӣ ба ҳисоб мераванд. Вале мо ҳамагон ба он умед мебандем, ки ин хатогиҳою камбудиҳо бо кӯмаку кӯшиши хирадмандонаи Президенти мамлакат, қувваю ғайрати чавонон, ки ояндаи мамлакат дар дасти он аст, оҳиста-оҳиста бартараф шуда давлати кӯчаку ҷавони мо соҳиби иқтисодиёти пешрафта гардида обрӯю эҳтибори худро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам васеътару кушодтар баррасӣ менамояд.

test

Добавить комментарий