Таърихи пайдоиш ва инкишофи сотсиология

Таърихи пайдоиш ва инкишофи сотсиология

Барои омўхтан ва фаҳмидани сотсиология ҳамчун илм пеш аз ҳама таърихи ташаккул ва инкишофи онро донистан лозим аст.Саволе ба миён меояд, ки сотсиология кай дар куҷо дар кадом шароит пайдо шудааст.

Афкору ақидаҳои сосиологӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба миён омада ,инкишоф ёфта, аз замонҳои қадимтарин то рўзҳои мо омада расидаанд.

Пайдоиш ва инкишофи  афкори ҷомеашиносӣ ба ташаккули аввалин давлатҳои ѓуломдорӣ алоқаманд астДар давлатхои ѓуломдории Шарқи Қадим – Миср, Бобулистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон дар қатори тараққиёти  ҳаёти моддӣ тамаддуни маънавии одамон низ ривоҷ меёфт. Одамон андешаҳо орзую умеди худро бо роҳҳо ва шакҳои гуногун зоҳир менамуданд.Афкори ҷамъиятӣ, ки яке аз шаклҳои ин зоҳиршавӣ буд, ҳаёти ҷомеаро дар шакли махсус инъикос менамуд.

Андешаҳои ҷомеашиносӣ дар бораи чомеа дар ибтидо дар Шарқи Қадим ташаккул ёфтаанд.

Дар Мисри қадим идеологияи сиёсӣ барои абадӣ гардонидани ҳокимияти фиръавнҳо хизмат менамуд.

Дар Бобулистон бошад ѓояҳои иҷтимоию сиёсӣ бештар дар қонунҳои шоҳ Ҳамураппӣ          (асри XXIII то милод) инъикос ёфтаанд,ки илоҳӣ будани ҳокимиятро тасдиқ менамоянд.

Дар Ҳинди қадим афкори ҷомеашиносӣ бештар дар идеологияи динию сиёсии браҳманизм ва буддизм таҷассум ёфтааанд.

Дар Чини қадим афкори ҷомеашиносӣ дар таълимоти даосизм бештар мушоҳида мешавад.Даосизм ҳокимият ва зулму истибдодро на аз худо, балки аз «даои инсонӣ» ( қонунҳои инсонӣ) вобаста медонад.Дар  воқеияти ҷамъиятӣ зидди шўру ошўбҳо ва мубориза барои ҳокимият баромада, ҳаёт, табиат, одамон ва инчунин сулҳи гражданиро қадр менамуд.

Ташаккули ақидаҳои  ҷомеашиносиро дар дар Юнони қадим дар асарҳои Афлотун «Қонунҳо», «Давлат», дар асарҳои Арасту «Сиёсат»,   «Политияи афинагӣ», дидан  мумкин аст.Мутафаккири Юнони қадим Демокрит(460-37т.м.) оиди пайдоиши давлат, сиёсат, озодии шаҳрвандон, тақсими меҳнат, вазифаҳои асосии онро аз таъмини манфиатҳои ҳамаи одамон мешуморад. Мутафаккир сохти идораи демократии давлатро тарафдорӣ карда истода, мехост, ки одамон-ѓуломон озод бошанд ва худро дар заминаи тарзи демократии  ѓуломдорӣ озод ҳис намоянд. Оиди тақсими ҷамъиятии меҳнат , фаъолияти пурмаҳсулонаи кормандон ва давлат сухан ронда мегўяд, ки бояд манфиатҳои алоҳида ба манфиатҳои давлатӣ мувофиқ бошанд. Ҳаёт бояд бе задухўрд, дар асоси қонуну қоида ташкил шавад.

Мутафаккири дигари шинохтаи Юнони қадим Афлотун(427-347т.м.) дар асарҳои худ «Давлат», «Қонунҳо» оиди сабабҳои пайдоиши давлат, сохти идора ва вазифаҳои он, тақисимоти меҳнат, муҳайё сохтани озодӣ, тарзи ташкили зисту зиндагӣ аз ҷониби давлатдорон ҳарф зада, як зумра фикрҳои мушаххас баён кардааст

. Аз рўи фаҳмиши ў далат ва қонунҳои он барои он заруранд, ки одамон бе кўмаки онҳо ба муроду мақсади хеш расида наметавонанд.Ба фикри вай тақсимоти меҳнатро давлат бояд ба роҳ монад. Афлотун  сохти республикавии давлатдориро тарафдорӣ намуда, онро ба таркибҳои зерин тақсим мекунад;

а) Ҳокимон- файласуфончун идоракунандагони он;

б) Ҷанговарон – ҳимоятгарони давлат аз шўришхои дохилию берунӣ;

в) Ҳунармандон;

Зиддиятҳои мавҷудаи ҷомеаро дар мавҷуд будани моликияти хусусӣ ва оила дониста, ў таклиф мекунад,ки барои барҳам додани онҳо истиқоматгоҳҳои умумӣ барпо карда шавад.Гўё умумигардонии занҳо ва тарбияи кўдакон роҳи халосӣ аст дар бунёди ҷомеаи адолатнок.Ҳамаи ин ақидаҳоро Афлотун аз нуқтаи назари идеалистӣ баррасӣ карда буд.

Файласуфи дигари Юнони қадим Арасту (384-322т.м.)  аввалин шуда шаклҳои арзишро мавриди тахқиқу тахлили худ қарор дода буд.Ў дар ин бора чунин ақида дошт, ки қиматнокии пулии ин ва ё он мол шакли худи арзиши он аст, Яъне арзиши пули дар худқиматнокии як молро нисбати моли дигар нишон медиҳад.Вай сохти заминдории сохти идоракунии давлатро ба он хотир тарафдорӣ мекунад, ки вай ба сиёсат камтар вобастагӣ дорад.

Ў дар тарзи идораи давлатӣ 3 намуди беҳтарин ва 3 намуди бадтаринро ишора кардааст: 3 намуди беҳтарин монархия, аристократия, «полития»(сиёсат); 3 намуди бадтарин тирания, олигархия, демократияи харобгашта.Ў ақида дошт, ки одамони дар озодӣ тавлидёфта бояд меҳнат накунанд, ѓуломон бояд машѓули меҳнати ҷисмонӣ бошанд.Ин қарзу вазифаи онҳо мебошад.Ѓуломдорон , ки озоданд бояд ҳаловатмандона зиндагӣ кунанд.Ў тарафдори синфи заминдорон буд. Беҳтарин тарзи давлатдориро ў дар беѓаразона пеш бурдани идораи давлат мебинад.Арасту орзу мекард, ки давлат ба ҳамагон як хел холисона хизмат расонад. Албатта ин ақидаҳои ў дар замонаш арзиши бениҳоят калон доштанд, аммо маълум, ки ў низ ба моҳияти ҷомеа, синф, давлат, сиёсат равшан сарфаҳм нарафтааст.Масалан , вай давлатро табиӣ шуморида  қонунҳои ҷомеаро сарфаҳм нарафтааст.

Мутафаккири дигари Юнони қадим Эпикур (342-270 т.м.) низ оиди ҷомеа андешаронӣ кардааст.Ў тарафдори озодии мардум буда, нишонаи хушбахтии одамонро дар қаноатмандии онҳо аз зиндагӣ меҳисобид.

Файласуфони Юнони қадим оиди паҳлўҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеа андешарониҳо карда камбудиҳои замонашоро бо ин нишон

медоданд ва оиди масъалагузории паҳлўҳои ҷудогонаи ҳаёти иҷтимоӣ ҳиссагузорӣ намудаанд.

Дар байни халқҳои форсизабон низ андешаҳои ҷомеашиносӣ дар аҳди қадим инкишоф ёфта буд.Таълимоти ҷомеашиносӣ дар аввал қариб дар байни ҳамаи халқҳо ва бахусус дар байни ниёгонамон дар шакли «ормони иҷтимоӣ» сурат гирифтаанд,ки мақсад изҳори андеша ва ҷутуҷўи роҳу воситаҳои таѓйири ҳолату ҳодиса ва равандҳои ҷомеа мебошад.Аввалин падидаҳои афкори ҷомеашиносӣ дар асарҳои қадимаи маданияти форсизабон дар китоби муқаддаси «Авесто» вомехўранд.

Мазмуни  «иҷтимоии пурзўр» ,ки одамони муқимиро аз

тохтутози қабилаҳои кўчманчӣ эмин медорад, дарак медиҳад..

Афкори иҷтимоиро дар мардуми форсигў мо дар Монавия низ дида метавонем.Монӣ кўшидааст, ки дар асоси динҳои маздакия, буддизм, зардуштия дини навро ба вуҷуд орад, ки як навъ эътирози оммаи заҳматкаш бар зидди муносибатҳои навташаккулёфтаистодаи феодалӣ буд. Аммо Монӣ аз даъвати одамон ба муборизаи фаъол худдорӣ менамуд.Монӣ таълим медод, ки барои ѓалабаи нерўи некӣ бар бадӣ лозим аст, ки тарзи ҳаёти зоҳидона пеша карда шавад.

Маздакия низ яке аз ҳаракатҳои иҷтимоӣ буда дар ташаккулу инкишофи афкори иҷтимоӣ нақши муҳим гузоштааст. Ѓояи асосии онро низ хайру шарр ташкил медиҳад. Маздакия ба сифати  таълимоти диню фалсафӣ пайдо шуда, оҳиста – оҳиста ба ҳаракати иҷтимоии заҳматкашон бар зидди аъёну ашрофон табдил  ёфт.

Таълимоти иҷтимоии Маздакия бар он буд, ки ҳама одамон баробар офаридашуда шуданд, аз ин рў нобаробарии давлату, сарват, боигарию камбаѓалӣ беадолатӣ мебошад.Маздак кашида гирифтани моликияти бойҳо ва дар байни бечорагон тақсим намудани онро тантанаи баробарию адолат медонист.

Мутафаккирони давру замони гуногуни форсу тоҷик дар муддати хело ҳам тўлонӣ нисбати вазъи иқтисодию сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти маънавии давру замони худ фикру андешаҳои худро дар шаклҳои гуногуни назму наср ба мо мерос гузоштаанд.Бо сабабҳои маълум дар афкору андешаронии мутафаккирон вазъияти сохти ҳукмронии давр: сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ бе таъсир намондааст. Вобаста ба ҳамин фаъолияти илмию маърифатии ҳар кадоме аз онҳо таъсири давру замона дар шакли муайяне равшан ҳис мешавад.Инсон, ҷомеа, деҳа, шаҳр, муносибатҳои молию пулӣ, тиҷоратӣ, оилаю оиладорӣ, шахрвандӣ, касбу ҳунаромўзӣ ва амсоли онҳо барин ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ ҳанўз аз давраҳои хело қадим Аз Ибни Сино сар карда то имрўз мавриди омўзиши олимони бисере гаштааст.

Абўнасри  Форобӣ яке аз аввалинҳо шуда дар таърихи афкори форсу тоҷик нисбати ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мардуми давру замонаш фикру андешаҳои хуро баён сохтааст. Ў инсонро махлуқи ҷамъиятӣ ҳисобида, меҳнат кардан, ризқу рўзӣ ёфтанро ба таври содалавҳона бошад ҳам асоси ташкили зиндагии хеш медонад.Сабаби пайдоиши ҷомеаро ў дар зарурати қонеъ гардонидани талаботҳои моддию маънавии одамон мебинад.

Ў баён месозад, ки одамон ба шаклҳои гуногуни истеҳсолоти неъматҳои моддӣ машѓул шуда, муттаҳидиро ташкил мекунанд.Дар чунин муттаҳидӣ одамон бо ёрии ҳамдигар якҷоя метавонанд пурмаҳсул меҳнат кунанд.Оиди пешрафти ҷомеа, ки гўё беҳбудии он ба шоҳон, шахсони алоҳида вобастааст фикру андешаҳои худро баён сохтааст.

Абў Алӣ ибни Сино низ оиди ҷомеа фикру ақидаҳои худро баён кардааст.Ў сабаби пайдоиши ҷамъиятро дар вуҷуд доштани донишу талаботҳои моддию маънавии одамон медонад; меҳнат, тақсимоти меҳнатро аз қобилият, эҳтиёҷоти зиндагӣ мебинад. Зидди сарватҷамъкунӣ баромада қонунро асоси пешрафти ҷомеа меҳисобад, пайдоиши манзил, оила, шаҳр, давлатро ба майлу хоҳиши инсон вобаста намуда, баъзе фикрҳои мусбатро нисбати давлат баён мекунад.Ақидаҳои иҷтимоии Сино дар асарҳояш «Донишнома», «Тадбири манзил», «Тўҳфа» инъикос ёфтаанд.

Мутафаккири дигари  форсу тоҷик Носири Хисрав мебошад, ки ақидаҳои худро нисбати ҷомеа сохти иҷтимоии он, зисту зиндагии одамон, оилаю оиладорӣ, касбу ҳунар маърифатгирӣ дар асари худ «Зад-ал-мусофирин» хеле равшан баён сохтааст.

Мутафаккири бузурги Шарқ Низомулмулк дар асараш «Сиёсатнома» оиди сохти давлату давлатдорӣ сухан ронда аҳли ҳумронро ба сохтани мактабҳо, мадрасаҳо, адолатхоҳӣ накўкорӣ, поквиҷдонӣ даъват намудааст.

Унсурмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ростқавлӣ, накўкорӣ барин сифатҳои беҳтарини инсониро тарѓиб намуда, одамонро ба адлу инсоф даъват намудааст. Аз нигоҳи мутафаккир давлат ҳамчун ҳимоятгари молу мулки одамон ва манфиатҳои болонишинон бояд баромд кунад.

Гарчанде аз ҷониби мутафаккирони форсу тоҷик оиди низому сохтори ниҳодҳои алоҳидаи иҷтимоӣ (давлат, дин, ахлоқ, оила ва ѓайра) ақидаҳои зиёде баён шуда бошанд ҳам , аммо аксарияти онҳо ҳастии ҷомеаро рўи қолабҳои суннатии таѓйирнопазир тасаввур карда, масъулияти танзими рафтори иҷтимоии одамонро ба дўши анъанаву иродаи офаридгор вогузор месохтанд.

Танҳо дар асри XV Ибни Халдун дубора анъанаи кўшиши ҷутуҷўю дарки сабабияти айнии барқарорию пошхўрии ҷомеаҳои инсониро зинда месозад.Бинобар ҳамин ҳам дар таърихи илми ҷомеашиносӣ, маҳз ўро асосгузори пояи назарии ин илм меҳисобанд.нахуст эроде, ки Ибни Халдун аз пешгузаштагонаш мегирад, ин  сарфи назари онҳо аз мақоми манфиату силсилаи талабот дар амали иҷтимоии инсон аст.Зеро эшон ҷомеаи инсониро ҳамчун ниҳоди мустақиле тасаввур мекарданд, ки низому тартибот дар он марбути иродаи офаридгор , дахолати анъанот ва пайравӣ аз ахлоқи ҳамида аст.

Ибни Халдун назарияи худро дар бораи ҷамъият ва инкишофи он баён кардааст, ки принсипҳояш инҳо мебошанд:

1.Пайдоишу инкишофи ҷомеа ба зарурияти моддӣ , ба истеҳсоли хўрока, пўшока, сохтани олотҳои меҳнат, ки муовинати ёрии навъи башарро талаб мекунанд (зеро фардҳои алоҳида ба қонеъ гардонидани ҳамаи талабҳои зиндагӣ қодир нестанд) вобастааст;

2.Моҳияти ҷамъият аз меҳнати якҷояи аъзоёни вай барои таъмини маош иборат аст, вале бе тақсими меҳнат( яке дуредгар, дигаре бофанда, сеюмӣ дўзанда…) таъмини маош муҳол аст, зеро як кас ҳама корро карда наметавонад.

3.Ҷамъият барои нигоҳ доштани ҳаққи ҳар як шахс ва ҳимояи дастае аз таҷовузи дастаи дигар ба ҳукумат  ҳоҷат дорад.Сабаби пайдоиши давлат ва ҳукумат аз ҳамин иборат аст.

Мувофиқи назарияи инкишофи Ибни Халдун ҷомеа се зинаро тай кардааст:

1.Ваҳшоният – даврае, ки зисту зиндаги ва асму  одати одамон ба ҳоли зиндагии ҳайвонҳо наздик буд.

  1. Бадв – бодиянишинӣ;

3.Ҳазар –  шаҳрнишинӣ.

Ба ақидаи  Ибни Халдун ин тафовути зинаҳои ҷамъият, натиҷаи ихтилофест, ки он дар тарзи таъмини маоши худ пеш мегирад.Дар баробари ин Ибни Халдун таъсири муҳити ҷуѓрофиро ба ҳаёти ҷамъият қоил аст. Мутафаккир таъсири қувваҳои фавқултабииро ба инкишофи ҷомеа рад мекунад.

 

Чуноне, ки мо медонем сотсиология дар охири солҳои 30-юм – авали солҳои 40-уми асри XIX пайдо мешавад. Дар муҳити иҷтимоӣ ин давраи хеле нооромии иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт.Шўриши бофандагони Лион дар Фаронса,бофандагони Селза дар Германия, ҳаракатҳои оммавӣ дар Англия, баъдтар инқилоби соли 1848 дар Фаронса аз сар задании бўҳрони муносибатҳои  иҷтимоӣ шаҳодат медод.Маҳз дар ҳамин вақт, ки дар ҳаёти ҷомеа таѓйротҳои куллӣ тез – тез рух медоданд, одамон ба назарияҳое мўҳтоҷ буданд, ки ба инсоният барои баромадан аз ин бўҳрон кўмак диҳад ва ба онҳо фаҳмонида тавонад, ки инсоният ба куҷо рафтаистодааст , ўро дар пеш чӣ интизор аст, барои ёфтани мавқеи инсон ва вай ёрӣ расонида тавонад.

Ҷомеашиносони бузурги ин давр О.Конт,  Г.Спенсер ,К.Маркс, Ф.Энгелс, Э.Дюркгейм, М.Вебер бо роҳи реформа тараққӣ додани ҷомеаро пешниҳод карданд.Асосгузорони илми сотсиология тарафдори тартиботи  мўътадил буданд.Дар ин шароити гузариш, болоравии инқилоб онҳо оташи ҷанги гражданиро наафрухта баракс роҳҳои ҳалли  бўҳрони иҷтимоиро, ки Аврупоро фаро гирифта буд меҷустанд ва  дар фикри он буданд, ки ҳамрайъӣ ва хамоҳангӣ дар байни гурўҳҳои гуногуни  иҷтимоӣ барқарор бошад.Силоҳи асосӣ барои ба ҳадаф расидан сотсиология ба ҳисоб мерафт. Ӣ, накўкорӣ барин сифатҳои беҳтарини инсониро тарѓиб намуда, одамонро ба адлу инсоф даъват намудааст. Аз нигоҳи мутафаккир давлат ҳамчун ҳимоятгари молу мулки

Умуман мутафаккирони  форсу тоҷик ба монанди Фариддун Атор, Насриддини Тўсӣ,Ҷалолиддини Румӣ, Унсурмаолии Кайковус, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва ѓайраҳо оиди ҳаёти иҷтимоии замони худ фикру мулоҳиза рондаанд.

Чуноне, ки мо медонем сотсиология дар охири солҳои 30-юм – аввали солҳои 40-уми асри XIX пайдо мешавад. Дар муҳити иҷтимоӣ ин давраи хеле нооромии иҷтимоӣ ба ҳисоб мерафт.Шўриши бофандагони Лион дар Фаронса,бофандагони Селза дар Германия, ҳаракатҳои оммавӣ дар Англия, баъдтар инқилоби соли 1848 дар Фаронса аз сар задании бўҳрони муносибатҳои  иҷтимоӣ шаҳодат медод.Маҳз дар ҳамин вақт, ки дар ҳаёти ҷомеа таѓйротҳои куллӣ тез – тез рух медоданд, одамон ба назарияҳое мўҳтоҷ буданд, ки ба инсоният барои баромадан аз ин бўҳрон кўмак диҳад ва ба онҳо фаҳмонида тавонад, ки инсоният ба куҷо рафтаистодааст , ўро дар пеш чӣ интизор аст, барои ёфтани мавқеи инсон ва вай ёрӣ расонида тавонад.

Ҷомеашиносони бузурги ин давр О.Конт,  Г.Спенсер ,К.Маркс, Ф.Энгелс, Э.Дюркгейм, М.Вебер бо роҳи реформа тараққӣ додани ҷомеаро пешниҳод карданд.Асосгузорони илми сотсиология тарафдори тартиботи  мўътадил буданд.Дар ин шароити гузариш, болоравии инқилоб онҳо оташи ҷанги гражданиро наафрухта баракс роҳҳои ҳалли  бўҳрони иҷтимоиро, ки Аврупоро фаро гирифта буд меҷустанд ва  дар фикри он буданд, ки ҳамрайъӣ ва хамоҳангӣ дар байни гурўҳҳои гуногуни  иҷтимоӣ барқарор бошад.Силоҳи асосӣ барои ба ҳадаф расидан сотсиология ба ҳисоб мерафт.

Пас аз Ибни Халдун шахсияти дигаре, ки ҳамчун бунёдгузори илми сотсиология шинохта шудааст ҷомеашиноси фаронсавӣ Огюст Конт (1798-1857) мебошад.Ў дар асари шашҷилдаи худ «Курси фалсафаи позитивистӣ» оиди таснифи(классификатсияи) илмҳо, фалсафа ва сотсиологияи позитивистӣ, сиёсат, дин, давлату давлатдорӣ ва ѓайраҳо фикру ақидаронӣ кардааст.Дар таснифоти илмҳояш О.Конт даъват мекунад, ки илми ҳақиқӣ бояд аз исботи проблемаҳои ҳалнашаванда даст кашад ва фақат ба далелҳое такя намояд, ки онҳо дар асоси мушоҳидаҳо ба даст дароварда мешаванд. Дар зери таъсири фалсафаи позитивистӣ О.Конт ба хулосае омада буд, ки сотсиология низ бояд позитивистӣ бошад.

Тибқи ақидаи О. Конт ҷомеа бояд ҳамчун организме таҳқиқ шавад, ки ҳар кадом узви ташкилдиҳандаи он барои содати ҷамъиятӣ хизмат кунад.Аммо фаъолияти организми мазкур шабеҳи қонуниятҳои органикӣ сурат мегирад ва бинобар он ҳам ў ҷомеашиносиро ба статистикаи иҷтимоӣ тақсим мекунад.Сотсиология – мегўяд Конт ягона илме мебошад,ки инсони ташаккулёфтаи ақлу хирадмандро дар зери таъсири ҷомеа мавриди мўзиш қарор медиҳад. Ба қавли ў сотсиология на ҷомеаро , балки шахсони алоҳида, ҳолу авҳол, рўҳи онҳоро бояд омўзад.

Хулоса, О.Конт тавонистааст, ки дар сотсиология , пайдоишу инкишофи минбаъдаи он чун илм замина гузорад.

Намояндаи дигари илми сотсиология Герберт Спенсер (1820-1903) мебошад.Назарияи сотсиологии Спенсер асосан ба ду ҷиҳат тақсим мешавад:

1.Фаҳмиши ҷомеа чун организм;

2.Идеяи инкишофи эволютсионӣ.

Спесер ҷомеаро чун организми биологӣ дониста, дар асоси қонунҳои биологӣ хостааст,ки ҷомеаро омўзад, хулоса барорад.Ў назарияи Дарвинро оиди қонуни мубориза барои ҳаётро ба қонуни ичтимоии муборизаи синфӣ дар як зина гузошта, онҳоро айният медонад, ки оқибат ў дар сотсиология чараёни биологӣ- табииро(натурализм) кор карда мебарояд. Ў аввалин шуда мафҳуми система, функсия, сохтор , институтро ба илми сотсиология ҷорӣ кардааст. Спенсер дар асараш «Сотсиология чун мавзўи омўзиш» бисёр ақидаҳоро оиди сотсиология баён кардааст.

Ба миён омадани афкори навини материалистӣ дар шахсиятҳои бузурги таърихӣ К.Маркс ва Фридрих Энгелс боиси табаддулоти чаҳонии чомеашиносию таърихфаҳмӣ гардиданд.Ҳамин сабаб гардид, ки ин давра , яъне нимаи дуюми асри XIX ва аввли асри XX  дар саҳифаи таърихи инсоният боз як тамоилоти навинро ба миён овард.

Карл Маркс ҷомеаро ҳамчун воқеияте дар таҳавулли мудавом мадди назар ҷилвагар медид, ки он аз нобаробарии иҷтимоӣ сарчашма мегирад. Хизмати дигари Маркс дар илми сотсиология ин сохтори иҷтимоии ҷомеа мебошад, ки боиси эҷоди назарияи синфҳо мешавад.Тамоми одамон дар ин маврид ба мақоми ишѓол кардаашон дар тақсими неъматҳои моддӣ ба

синфҳои иҷтимоӣ тақсимшуда, бо таѓйир шудани форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ ин мақомҳо низ таѓйир меёбанд.

Яке аз чеҳраҳои намоёни илми сотсиология , мутафаккири фаронсавӣ Эмил Дюркгейм(1858-1917)мебошад.Ў дар асарҳояш  «Тақсими иҷтимоии меҳнат», «Қоидаи усули сотсиологӣ», «Худкушӣ»ва ѓайраҳо дар сотсиология равияи нави худро мекушояд.

Ҷомеашиноси шинохтаи олмонӣ Макс Вебер(1864-1920) ба қатори дигар сотсиологҳои шинохта барои ташаккули илми сотсиология хизматҳои шоиста кардааст .

Ў ҷомеаро маҷмўи афроди хушмандона амалкунандае тасвир месозад, ки ҳар кадоме бо пайгирӣ аз ҳадафи муайян ба муносибати ҳамдигар ворид мешаванд. Ҷузъи асосии ташкилдиҳандаи ин фаъолиятро ў бо мафҳуми «амали иҷтимоӣ» ишора мекунад.

Хизмати дигари Макс Вебер дар он аст, ки ў дар асараш « Рўҳи сармоядорӣ ва ахлоқи протестантӣ» мақоми омили ахлоқи диниро дар зуҳуру пойдории хоҷагидории сармоядорӣ хеле хуб нишон додааст.

Дар асари дигари худ «Иқтисод ва ҷомеа» Макс Вебер сотсиологияро ҳамчун илми куниши, ҳамкории иҷтимоӣ (социальное взаимодействие)арзёбӣ мекунад.

Хулоса, барои инкишоф ва ташаккули илми ҷомеашиносӣ хизматиГеорги Зиммел, Питирим Сорокин, Парсонс, Гидденс, ДанилевскийН.Я., Михайловский Н.Х., ПлехановГ.В., В.И.Ленин ва ѓайраҳо хеле калон аст.

 

Адабиёт:

1.Арон Р. Этапы развития социологической мысли. М.,1983.

2.Ѓуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

3.ИдиевХ.У. ,Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А,Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.