Сохтори иҷтимоии ҷомеа ва қишрҳои иҷтимоӣ.

 

Сохтори ичтимоӣ яке аз мафҳумҳои бунёдӣ дар мавриди дарки моҳияти ҷомеа ва тарзи мавҷудияти он ба шумор меравад.Омўзиши ҳама гунна раванду падидаи иҷтимоӣ, одатан аз омўзиши сохтори иҷтимоии ҷомеа оғоз меёбад.Яке аз ҳадафҳои асосии омўзиши сохтори иҷтимоии ҷомеа ин кўшиши дарёфти заминаҳои ба табақаҳо ҷудо шудани аъзоёни ҷомеа ва хусусияти дар ин заминаҳо пайдо шудани муносибатҳо дар байни онҳо аст.

Сохтори иҷтимоии ҷомеа қисми низоми иҷтимоӣ буда дар худ ду ҷиҳатро дар бар мегирад: муносибатҳои иҷтимоӣ ва таркиби иҷтимоӣ.

Ҷомеа мураккаб аз таркиботи гуногуни иҷтимоӣ: фард, оила, гурўҳҳои иҷтимоӣ, созмонҳои гуногун аз рўи касбу ко рва манфиатҳои гурўҳӣ, синфӣ, табақотӣ, миллӣ ва умумиинсонӣ мебошад. Суботи ҷомеа аз чигунагии таъмини ҳамоҳангии манфиатҳои ин ҳама гурўҳҳо ва таркиботи он, дараҷаи маърифат, озодӣ, сатҳи зехният ва шуури ҷамъиятӣ ва интеллектуалии онҳо вобаста аст.

Дар муайян намудани таркиби иҷтимоии ҷомеа ҳадди ақал ду назарияи барҷаставубонуфуз дар ҷомеашиносии Ғарб мавҷуд аст Яке аз ин назарияи марксизм аст, ки асоси таркиби иҷтимоии ҷомеаро иборат аз синфҳо ва омили пешрафти таърихро муборизаи синфҳои баҳамзид (антагонистӣ) мешуморад. Маркс дар ҳар шакл ( форматсия)-и таърихии ҷомеа  ( ба ҷуз дар ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ ва коммунизм) вуҷуди синфҳои асосии

таззод ( чун ғулом ва ғуломдор, феодал ва деҳқон, когару деҳқон ва сармоядор )- ро таъкид мекунад.Барои марксизм дигар унсурҳои таркибӣ ва сохтории ҷомеа дуюмдараҷа ва ғайриасосӣ мебошад.

Назарияи марксистӣ дар нимаи дуюми асри гузашта аз тарафи мухолифинаш мавриди интиқоду инкор қарор гирифт. Аксари мактабҳои ҷомеашиносии ғарбӣ кўшидаанд, ки назарияи марксизм оид ба синфҳоро кўҳнашуда ва хато ба қалам диҳанд. Мувофиқи иддаои онҳо дар ҷомеаи санъатии имрўзаи сармоядорӣ дигар синфҳо ба он маънӣ, ки Маркс дар назар дошт вуҷуд надоранд.Моликияти хусусӣ низ дар ин ҷомеаҳо моҳияти пешинаашро аз даст додаст.Он дар ҷомеаи ғарбӣ байни миллионҳо соҳибони хурди саҳомдор тақсим шуда , аз ин рў моликияти умумӣ гардидааст. Шакли классикии сармоядорӣ ва баҳракашиву истисмор аз байн рафта , идораи ширкатҳои саҳомӣ , на аз тарафи сармоядор, балки руасои касбии мардикор (менеджерҳо) сурат мегирад.

Яке аз далоили инкори назарияи синфии марксизм ба вуҷуд омадани синфи мобайнӣ дар ин кишварҳо мебошад, ки аксарияти аҳолӣ – шаҳрвандони ҷомеаи ғарбиро ташкил медиҳад ва чун балогардон «буфер»-и байни табақоти поёнӣ ва болоӣ хизмат мекунад.Ин синф, ки дорои моликияти хусусӣ, корхонаву ширкатҳои хусусӣ ва сатҳи зиндагии хубе ҳастанд, ба инқилобу беназмию хараҷу мараҷ дар чомеа, ки натиҷаи ҳар инқилобест, ҳавасманд нестанд ва бо ҳар роҳ пеши роҳи онро мегиранд.

Назарияи дигаре бо номи қабатбандӣ ё қишрбандии иҷтимоӣ мавҷуд аст, ки дар баробари назарияи синфии марксизм қарор дорад. Ин истилоҳ аз илми заминшиносӣ (геология) гирифта шудааст, ки дар он қабатҳои геологии заминро страт меноманд. Ба сифати асос барои нисбат додани одамон ба стратҳо нишонаҳои гуногун: сатҳи даромад, тарзи зиндагӣ, хусусиятҳои равоои равои, нави вақтгузаронӣ, ҳавасмандиҳо ва ғайраро дар назар мегиранд.Дар ин табақабандӣ танҳо як нишона – муносибати

одамон ба воситаҳои истеҳсолот ба назар гирифта намешавад..

Инсон мувофиқи ин назария наметавонад танҳо ба яке аз ин нишонаҳо ё гурўҳҳо тааллуқ дошта бошад ва ҷомеа низ наметавонад якқишрӣ бошад, чун инсон дар як вақт метавонад ба чанд стратҳо мансуб бошад.Масалан, як шахс метавонад ҳам майзада бошаду , ҳам шоир ва ҳам бастакор.

Мувофиқи ин назария дар чомеаи сармоядорӣ имкони ваз намудани ҳолати иҷтимоӣ:сарватманд шудани камбағал, қашшоқ шудани як миллионер мавҷуд аст.

Дар ҷомеаи мо ҳанўз на омили синфию табақотӣ, балки хамон стратҳо: гурўҳҳои авлодӣ, умумиятҳои қавмию хешу таборӣ (кланҳо) ва сохторҳои динию миллӣ ва маҳаллӣ, ки марксизмонҳоро чандон ба эътибор намегирифт, нақши гуногун дар  вазъи сиёсию иқтисодӣ мебозанд.Пас дар ҷомеа танҳо манфиатҳои синфию табақотӣ муайянкунандаи вазъияти он набуда, нақши манфиатҳои миллӣ, динӣ, минтақавӣ ва ғайра низ муассир мебошанд. Ин ҳолат дар ҷомеаҳое, кисинфи коргар дар он ташаккул наёфтааст ва ё муташаккил нест, бештар зоҳир мешавад. Дар чунин маврид манфиатҳои маҳал, клан ҳатто аз манфиатҳои миллию мазҳабӣ ва синфӣ боло мегиранд.

Дар асри XIX иқтисоддонҳои англис  кўшиш намуданд, ки далелҳои иқтисодии ҷудошавии ҷомеаро ба табақаҳои иҷтимоӣ дарёбанд.Онҳо ба сифати ин гуна омил сарват, боигарии афродро интихоб намуданд.Вобаста ба манбаҳои ба даст омадани сарват – музд , суди молиявӣ ва баҳрабардорӣ аз моликият онҳо тақсимшавии ҷомеаро ба гурўҳҳо имконпазир ҳисобиданд.Вале ин равия натавонист ба пуррагӣ моҳияти тақсимбандии иҷтимоиро ташхис бидиҳад.Бинобар ҳамин ҳам дар оғози асри XX ин масъала дар ҷомеашиносӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеашиносӣ табдил ёфт ва он дар равияи сохтагароӣ мавқеи муайянро соҳиб шуд.Сарчашмаи ин равияро дар таълимотҳои Э.Дюркгейм, Б.Малиновский, К.Леви-Строс дучор омадан мумкин аст. Дар ташаккули равияи мазкур саҳми Т. Парсонс хеле зиёд аст Тибқи таълимоти ў ҷомеа иборат на аз афроди мушаххаси алоҳида, балки аз низоми ҷузъҳои алоқамандест, ки мавҷудияти онҳо марбут ба болоравии имконияти назардошташон аз рафтори одамон аст. Бинобар ҳамин ҳам ҳар як ҷомеа кўшиш менамояд, ки дар ин ҷода ба комёбиҳо ноил гардад.Ба табақаҳо ҷудо шудани афрод вобаста бо маҳали сукунаташон, талаботу манфиатҳояшон, пайравӣ аз намунаю меъёрҳои муайяни рафтор, арзишҳо аст.Яъне ҳадафи консепсияи мазкур аз нишондодани вобастагии рафтори гурўҳ, афрод аз мақоми ишғолкардааш дар сохтори иҷтимоии ҷомеа иборат аст.

          Қишрбандии иҷтимоӣ гуфта раванди ба қабатҳо, қишрҳо, статусҳо ҷудо шудани ҷузъҳои сохтори иҷтимоиро аз лиҳози сатҳи даромад, мақоми иҷтимоӣ ва нуфузи иҷтимоиро дар назар доранд.

          Инсон пеш аз ҳама дар микрокос ҳамчун гурўҳи хурд зиндагӣ мекунад. Ин гурўҳ ба дўшаш вазифаҳо мегузорад ва ў низ дар навбати худ дар ташкилу мавҷудияти гурўҳ саҳм мегирад. Маҳз дар ҳаин замина ҳамкории фаъоли фарду ҷомеа сурат мегирад

          Умумияти одамонро , ки миёнашон ҳамкорию ҳамгароии мувофиқи мақсад вуҷуд дорад , дар илми ҷомеашиносӣ гурўҳи иҷтимоӣ меноманд.

.Дар ҷомеашиносии муосир ду навъи гурўҳҳоро ҷудо мекунанд: равонӣ ва иҷтимоӣ.

Гурўҳи равонӣ чунин гурўҳест, ки авали рафтор аъзоён ба рафтори дигарон таъсир мегузорад, сониян арзишҳову меъёрҳои аз чониби ҳамагон эътироф шуда дар он вуҷуд дорад.Ба ин гурўҳ оила, ҷамъи дўстон, созмонҳои динӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Низоми рўии ҳамгароӣ қароргирифтаи чунин гуруҳҳоро созмони

иҷтимоӣ мегўянд, ки барои дастёбии ягон мақсад ташкил мешаванд. Бинобар ҳамин ҳам гурўҳҳои иҷтимоӣ чизи бештари аз маҷмўи афроди онро ташкилдиҳанда аст.

Ҳамин тавр , ҷомеашиносӣ қишрбандии иҷтимоиро хислати ҳамешагии ҳар чомеаи созмонёфта медонад. Ихтилоф фақат дар шакли зоҳиршавияш дар чомеаҳои гуногун аст Тақсими ҷомеа ба қишрҳои алоҳида асосан вобаста ба тафовутҳои одамон аз рўи шуғл, махалли сукунат, меъёри даромад, маълумотнокӣ ва ғайра мебошад. Омиле, ки барои онхо як фардро мутаалиқ ба ягон кишри муайян медонанд пойгоҳ  (статус) меноманд. Статусҳои иҷтимоиро аслан ба ду навъ – табиӣ (зотӣ) ва иқтисодӣ(нолшаванда) ҷудо мекунанд. Марбут ба ин масъала ГидденсЭ. чунин менависад: «Ҷомеа барои ноил шудан ба статус маҳдудиятҳои бисёр эҷод мекунад. Собиқаҳои нажодӣ ва қавмӣ аз маҳдудиятҳои бисёр муҳим ҳастанд….»

Ҷомеашиносон дар ақидаанд, ки дар кулли ҷомеаҳо миёни афроди статусҳои гуногун дошта мубориза вуҷуд дорад, ин мубориза барои имтиёзи иҷтимоӣ набуда , балки барои доштани беҳтарин нақши иҷтимоӣ аст.Ба қишрҳо тақсимшавии афроди ҷомеа ин қонуни инкишофи он ба ҳисоб меравад.Ба қавли П.Сорокин дар дар олам ҷомеае нест, ки ҳамаи аъзоёнаш баробар бошанд.У қишрбандиро қонунӣ медонад.

Статусхо метавонанд хусусияти шахсӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд.Доштани статусҳои иҷтимоӣ яке аз хусусиятҳои ҷудонопазири афрод, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ аст.Муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ва ё он ҷомеа роиҷ низ ҳамеша тавассути барандагони ҳамин гунна статусҳо ҷараён мегиранд.Дар баробари мафҳуми статуси иҷтимоӣ мафҳумҳои статуси касбӣ, вазифавӣ, ҳуқуқӣ низ истифода бурда мешаванд ва онҳо мафҳуми авваларо мушаххас мегардонанд.

Статуси иҷтимоӣ тавассути якчанд нишондоди сотсиологӣ – даромаднокӣ, ҷои гурўҳ дар сохтори иҷтимоии ҷомеа, маълумот, мавқеи иҷтимоӣ ва ғайра чен карда мешавад. Мавқеи иҷтимоиро бо истифода аз нишондодҳои обективӣ ( ҷинс, синну сол, миллат, шуғл, вазифа…) муайян менамоянд.Дар ҷомеаҳои анъанавӣ ба сифати чунин ченакҳо инчунин эътибор, мансубияти авлодӣ низ қобили қабул дониста мешаванд.

          Адабиёт:

1.Вебер М. Основные понятия стратификации // Социологические исследования,1994 №5

2.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

3.ИдиевХ.У. ,Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.Радаев В.В. Шкаратан О.И. Социальная стратификация.М.,1996.

7.РадугинА.А,Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

8.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.