Шаклгирии шахсият ва вазъи иҷтимоии он

 

Ҷомеа ҳамчун низоми том аз намудҳои гуногуни фаъолияти бомақсади гурўҳӣва фардӣ иборат аст. Муайян намудани методологияи таҳлилу тадқиқи «инсон» пеш аз ҳама аз таҳлили маънӣ ва мазмуни мафҳумҳои «фард», «фардият» ва «шахсият» оғоз меёбад.Чунин таҳлил нишон медиҳад, ки мафҳумҳои «фард», «фардият» ва «шахсият» ба категорияҳои фалсафаи иҷтимоӣ дохиланд.Усули тавзеҳи мазмуни «фард » аз мазмуни «фардият» ва «шахсият» фарқ мекунад.

Барои донистани хусусияти алоқаву муносибатҳои миёни одамон амалкунанда донистани омилҳои ўро ба ин амал ҳидояткунанда зарур аст, ки ин бидуни омўзиши фардияту шахсияти инсон муйяссар намешавад. Бинобар ҳамин ҳам дар ҷомеашиносӣ бештар барои ошкорсозии муҳаррикӣ рафтори одамон ва соири падидаҳои иҷтимоӣ ба ин масъала рўй меоранд.

Одам дар рўи Заамин дар натиҷаи таҳаввулот(эволютсия)-и дурударозе пайдо шуд. Дар натиҷаи ин таҳаввулот морфологияи ҳайвон тағйир ёфта, ростгардӣ пайдо шуда, дастон озод шуданд ва ба туфайли ҳамин аппарати имою ишора ва нутқ инкишоф ёфта, вобаста ба ҳамин мағзи сар равнақ ёфт.Метавон гуфт, ки морфологияи вай як навъ сайқалёбии модди мавҷудияти ҷамъиятӣ, дақиқтараш сайқали мавҷудияти коллективонаи инсон гардидБа ҳамин тариқ, дараҷаи муайяни инкишофи антропогенез, ки аз мутатсияҳои бобарор, аз фаъолияти меҳнатӣ, муоширатва маънавиёти ташаккулёбанда ғизо мегирифт, «ақрабакро» аз инкишофи биологӣ гўё ки ба роҳи ташаккули таърихии бевосита системаҳои иҷтимоӣ гузаранду дар нтиҷаи он одам чун  ваҳдати биоиҷтимоӣ ташаккул ёфт.Одам чун вахдати биоиҷтимоӣ тавлид мешавад, Аз ин рў одам бо сиитемаҳои номукаммали анатомию физиологӣ ба дунё омада, ташаккули ин системаҳо дар шароити сотсиум мукаммал мешавд,яъне генетикаи онҳо маҳз чун системаҳои инсонӣ пешбинӣ шудаанд. Механизми ирсият, ҷиҳати биологии одамро муайян менамояд, моҳияти иҷтимоии вайро ҳам дар бар мегирад.

Одам чун мавҷудоти қавми дар симои шахсони воқеӣ ифода меёбад.Мавҳуми шахс, якум, фарди ҷудогонаро чун намояндаи навъи олии биологии Homo sapiens ва дуюм, «атоми» ягонаю ҷудогонаи умумияти ичтимоиро хотирнишон месозад. Ин мафҳум одамро аз ҷиҳати фардияту махсусият тасвир менамояд.

Мафҳуми фард бошад, инсонро ҳамчун намояндаи алоҳидаи насли инсон, ки дар худ маҷмўи хосиятҳои биологию чеҳраи иҷтимоиро нигоҳ медорад, ифода мекунад.Фардият бошад, ин хусусияти нотакрори инсони алоҳида аст, ки сифатҳои гуногунро ба монанди қобилиятнокӣ, истеъдод, характер, боиродагӣ, дараҷаи баланди маънавиёт ва ғайра мебошад. Агар мафҳуми инсон аслӣ бошад, пас мафҳуми фард барои ифодаи ҳар кадом намояндаи ҷудогонаи авлоди инсони истифода мешавад ва сифатҳои махсуси ба фард мансубро фардият мегўянд.

Вобаста ба робитаи инсон ва ҷомеа дар силсилаи дарки ифодаи инсон мафҳуми шахсиятро истифода мебаранд. «Шахс» мафҳумест, кибарои ифодаи ҷиҳати таърихӣ-ҷамъиятӣ, гурўҳӣ ва синфии фардият ба кор бурда мешавад.Ба ин мазмун К.Маркс низ моҳияти шахси алоҳидаро на дар риш ва хуни ў, балки дар сифатҳои ҷамъиятии одам дидааст. Шахс ҳамчун ҷузъи гурўҳ ва ё коллективи меҳнатӣ аксаран дар доираи муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ғайра мебошад.

Дар доираи ин муносибатҳо шахс на фақат объект, балки субъекти чунин муносибатҳо ба шумор меравад. Дар фаъолияти шахс сифатҳои гуногун ба монанди қобилият, хислат, худшиносӣ, одамдўстӣ ва ғайра зоҳир мегардандДар таркиби сифатҳои шахсӣ бо таъсири муҳит сифатҳои ба гурўҳ ва коллектив таалуқ ва умумиятдошта, ташаккул меёбанд.Чунин сифатҳои умумиро дар фардият сифатҳои шахсии инсон мешуморанд.Сифатҳои фардӣ ирсӣ, модарзодӣ буда, дар натиҷаи тарбия шаклҳои худро дигар карда, ба сифатҳои шахсӣ табдил меёбанд.Аз ин рў одам бо сифатҳои фардӣ ба дунё омада, бо сифатҳои шахсии худ дар ҷомеа шинохта мешавад. Шахс ҷавҳари фардият ва ифодаи муносибатҳои чамъиятӣ ва вазифаҳои одамон, субъекти маърифат ва дигаргунсозии олам, ҳуқуқ ва вазифаҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҳамаи дигар меъёрҳои иҷтимоист.Шахсият ҳамеша одами мутараққии ҷамъиятист.

Шахс дар рафти фаъолияту муошират ба камол мерасад. Ба ибораи дигар гўем, ташаккули шахс аслан ҷараёни иҷтимоишавии фард аст ин протсесс бо роҳи ташаккули ботинии симои нодиру нотакрори вай давом мекунад Рафти иҷтимоишавӣ аз фард фаъолияти сермаҳсулро талаб мекунад, ки он дар ислоҳи доимии амалу рафтор ва кирдораш ифода мёбад. Ин ҳолат дар навбати худ талаб менамояд, ки дар  қобилияти  худбаҳодиҳӣ вусъат ёбаду он бо равнақи худшиносӣ алоқаманд аст.Дар ин асно механизми маҳз ба шахс хоси рефлексия такмил меёбад. Худшиносӣ ва худбаҳодиҳӣ якҷоя ҳамон воситаи асосиеро муҳайё менамояд, ки дар атрофии он ҷиҳату нозукиҳои сешумору нотакрори хислати фақат ба шахс хос ташаккул меёбад.

Шахс мачмўи се қисми таркибӣ аст: осори биогенетикӣ, таъсири омилҳои иҷтимои ( муҳит, шароит, меъёр, танзимот), ва мағзи психоиҷтимоӣ- «Ман».Он як навъ унсури ботинии иҷтимоии шахс мебошад, ки хориқаи равон гардида, характер, соҳаи мотиватсияи дар самти муайян зуҳурёбанда, тарзи бо манфиатҳои ҷамъият қиёс кардани манфиатҳои худ, меъёри даъвоҳо, асоси ташаккули эътикод, мақсаду ният, ҷаҳонбиниро муайян мекунад.Худи  ҳамин  «ман» асоси ташаккули эҳсоси иҷтимоии одам: ҳисси қадру қимати худ, вазифа, масъулият, виҷдон, принсипҳои ахлоқу одоб в ғайра мебошад.Ба ҳамин тариқ, «ман» унсури моҳияти структураи шахс, маркази олии танзиму пешгўикунандаи маънавию маъноӣ аст.

Ҳастии ҷомеа аз он вобаста аст, ки дар кадом сатҳ аъзоёнаш ролхои ба зима доштаашонро ичро мекунанд. Дар мавриди ролҳо истифода бурдани шакли ҷамъашон беҳуда нест. Зеро афроди ҷомеа тўли зиндагии худ на маъмули иҷрои як, балки чандин ролҳои иҷтимоӣ ҳастанд.Масалан, онҳо дар  овони хурдсолӣ роли кўдак, баъдан мактаббача, донишҷў ва ғайра. Яъне, вобаста ба тағйири статус, вазъ, рол ҳам дигар мешавад.Статусҳо дар навбати худ муайянкунанда ва дасбанда мешаванд.Ҷомеа аз афрод вобаста ба статуси иҷтимоиаш иҷрои роли муайянро интизор аст. Чун эшон наметавонанд шомили як грўҳ бошанд, бинобар ҳамин ҳам дар як вақт аъзои чандин гурўҳи иҷтимоӣ ҳастанду дар ҳар кадом мақоми ишғолкарда аз ў иҷрои роли муносибро тақозо медорад. Агар статус ҳамчун мавқеи дар гурўҳ гузоштаи афрод баён шавад, пас рол ин иҷрои амалест, ки аз ў вобаста ба статусаш аз шахс дар гурўҳ мутазиранд.Афрод тўли зиндагии хеш пайваста зарурати омўзиши ролҳои мухталифи иҷтимоиро ҳис мекунад.Вобаста ба чигунагии ин ролҳо дар ў рафтори муносиб ба статуси иҷтимоияш шакл мегирад.

Чуноне ки ёдоар шудем, статусхо дух ел мешаванд:

Статуси гурўҳи аввал: гурўҳӣ ё муҳитӣ – новобаста ба хоҳиши афрод ба ў мансуб мешавад.

Статуси гурўҳи дуюм бошад: тавассути заҳмату кўшишҳои фардӣ ба даст меоянд.

Мақоми статусҳои аввала дар ҷомеаҳои рушднаёфтаю анъанагаро хеле баланд аст. Онҳо вобаста ба решаҳои авлодӣ, маҳали зист, узвияти гурўҳӣ ва ғайра ин статусҳоро касб мекунанд. Бо мурури дарвозаҳои озодиро барои худ кушоданашон ҷомеа ҳамчунин мартабаи статусҳои ноилшавандаро боло мебардорад.Зеро он барои ёфтани мутахассиҳои соҳибтаҷриба миёни афрод имконият медиҳад. Дар ин маврид дар ҷомеа статусҳо абадӣ боқӣ намонда, афрод тўли зиндагии хеш чандин статусро аз иваз мекунад.Дар ин сурат ў маҷбур аст роли ҷавобгўи статусҳои мазкурро аз худ кунад. Дар мавриди азхудкунии ролҳо характери афрод роли муҳим дорад.Агар иҷрои рол ба стауси ишғолкарда мувофиқ наояд, он вақт зиддияти ролҳо пайдо мешавад.

Статусҳо метавонанд хусусияти шахсӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд.Доштани статусҳои иҷтимои яке аз хусусиятҳои ҷудонопазири афрод, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои иҷтимоӣ аст. Муносибатҳои ҷамъиятии дар ин ва ё он ҷомеа роиҷ низ ҳамеша тавассути барандагони ҳамин гунна статусҳо ҷараён мегиранд. Дар баробари мафҳуми статуси иҷтимоӣ мафҳумҳои статуси касбӣ, вазифавӣ, ҳуқуқӣ низ истифода бурда мешавад ва онҳо мафҳуми авваларо мушаххас мегардонанд.

Статуси иҷтимоӣ тавассути якчанд нишондоди сотсиологӣ – даромаднокӣ, ҷои гурўҳ дар сохтори иҷтимоии ҷомеа, маълумот, мавқеи иҷтимои ва ғайра чен карда мешавад.Мавқеи иҷтимоиро бо истифода аз нишондодҳои объективӣ ( ҷинс, синну сол, миллат, шуғл, вазифа…) муайян менамоянд.Дар чомеаҳои анъанавӣ ба сифати чунин ченакҳо инчунин эътибор, мансубияти авлодӣ низ қобили қабул дониста мешаванд.

Номутаносибии мақому ролҳо боиси пайдошавии рафтори каҷравандаи фард мешавад. Барои паст намудани шиддати он ҷомеа аз механизми назоратияш, яъне маҷмўи вазифаҳое, ки тавассути онҳо ҷомеа таъмини рафтори дилхоҳи аъзоёнашро вобаста ба мақоми ишғолкардаашон дуруст мешуморад, истифода мекунад.Контрли иҷтимоии рафтори одамон дар ҷомеа тавассути механизми иҷтимоикунонӣ, фишори гурўҳӣ ва водошти иҷтимоӣ сурат мегирад.

            Адабиёт:

1.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

2.ИдиевХ.У. ,Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

3.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

4.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

5.РадугинА.А,Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

6.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

2 Загрузки

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.