Сотсиологияи оила

 Сотсиологияи оила

Оила ячейкаи аввалини ҷомеа ба шумор меравад.Оила, ки ҳамсарон ва фарзандони онҳоро муттаҳид менамояд, яке аз шаклҳои аввалини умумияти иҷтимоии одамон, гурўҳи хурдтарини он аст, ки дар ин ҷо вазифаҳои барои ҷомеа муҳимтарин, қабл аз ҳама, вазифаҳои давом додани насли инсон иҷро мешаванд.Мувофиқи қонунҳои ҷомеа ба расмият даровардани муносибатҳои издивоҷии мард ва зан асоси юридикии оила мебошад.Вале муҳаббат қонуни олии маънавии издивоҷ аст. Ин қонун талаб менамояд, ки бидуни муҳаббат издивоҷ номумкин аст. Издивоҷе, ки ба муҳаббат асос наёфтааст, аслан аз лаҳзаи ташкилёбиаш хароб аст ва ҳар касе, ки бидуни муҳаббат издивоҷ мешавад, қонуни ҳамсариро мешиканад. Муҳаббат ҳисси амиқу устувори маҳрамонаи маънавию эстетикӣ ва фардии интихобист, ки дар майлу рағбати фидокоронаю самимии як кас ба каси дигар ифода меёбад. Чуноне ки мутаккири шинохтаи немис Гегел мегўяд :  «Моҳияти ҳақиқии муҳаббат – ин аст,ки кас аз баҳри худ барояд, ба хотири каси дигар худро фаромўш кунад ва дар баробари ҳамин дар ин ғайбзанию фаромўшӣ аввалин бор худро шиносад ва донад. » Муҳаббати фидокорона эҳсоси бағоят ғанӣ аст: одам фақат ба туфайли худро комилан ба каси дигар бахшидан ва якҷоя паймудани роҳи қуллаи меҳрубонию маънавият ба авҷи аълои нашъунамои шахсияташ мерасад. Одам ба туфайли мукаммалии ин эҳсос дар ҳузури маҳбубаш шефтаю воло мешавадДар ин маврид шефтаи оқибати муқаррар шудани муносибатҳои қаринтарин ва иттифоқ бастани ду тан мегардад; вале агагр муҳаббат тарафайн худро ба кунҷи танҳоӣ мегирад, ки ин фоҷиа аст. Дар хаёли маҳбуб доимо ҳузур набошад,

шахс доштани маҳбуба ва ба идеал бардоштани сурати маҳбуба хусуситҳои муҳими психологии муҳаббатанд.Фазилатҳои шахсияти маҳбуб чунон муболиға мешаванд, ки дар ин асно, аз як тараф, камбудиҳои махбуба новён мегарданд ва аз тарафи дигар, худи ҳоли муболиға имкон медиҳад, ки ҷиҳатҳои мусбату фазилатҳои шахси маҳбуб баръало намоён шаванд.

Оила падидаи таърихист Оиларо хишти аз ҳама асосӣ барои сохтмони ҷомеа меҳисобанд.Оила ҳамроҳи ташаккули ҷомеаи инсонӣ пайдо шуда, инкишоф меёфт ва дар ҷараёни табдили форматсияҳои ҷамъиятии иқтисодӣ ва навъҳои маданият тағйир мепазируфт. Карл Маркс мегўяд: « Мо се шакли асосии никоҳро медонем, ки умуман ва асосан ба се давраи умдаи инкишофи инсоният мувофиқанд. Ба замони ваҳшоният никоҳи гурўҳӣ, ба замони барбарият никоҳи ҷуфтӣ, ба замони тамаддун якканикоҳӣ мувофиқ аст.» (МарксК., ЭнгелсФ. Асарҳо, ҷ.21, с.77.)

Оилаи хурд, ки аз падару модар ва фарзандони онҳо иборат аст, аз ҳама маъмул ба ҳисоб меравад.Бараъкси ин оилаҳое низ мавҷуданд, ки танҳо аз зану шавҳар иборат буда бо сабабҳои гуногун фарзанд надоранд ва ё соҳиби фарзанд шудан намехоҳанд.

Ба ғайр аз оилаҳои хурд , оилаҳои калон ҳам вуҷуд доранд, ки ба онҳо хешовандон дохил мешаванд: фарзандони хонадоршуда ва наберагон.Чунин оилаҳо дар мамлакатҳои Ғарб дида намешаванд. Вале дар Тоҷикистон ин гунна оилаҳо хеле бисёранд, дар онҳо писари аз ҳама хурдӣ аз рўи анъана баъди оиладор шудан дар хонаи падару модар зиндагӣ мекунад.

Баъзе оилаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо падару модарон оид ба хонадоршавии фарзандони худ пешакӣ маслиҳат мекунанд ва арўсу домод маҷбуранд, ки ба ин розӣ шаванд.Дар дигар оилаҳо бошад марду зан шарики ҳаётиро худашон интихоб менамоянд ва баъзан бе розигии падару модар низ издивоҷ мекунанд.

Дар баъзе мамлакатҳо бисёрзанӣ (полигамия) мавҷуд аст. Дар ин намуди издивоҷ мард метавонад якчанд зан дошта бошад.

Бисёршавҳарӣ (полиандрия) , яъне якбора дар никоҳи якчанд мард будан дар таҷрибаи халкҳои чаҳон ҳодисаи хеле кам аст.Ин гунна издивоҷ дар ҳолатҳое мушоҳида карда мешавад, ки занҳо фоизи камро ташкил медиҳанд.

Муносибатҳои никоҳию оилавӣ дар навбати аввал вобастаи омилҳои иҷтимоию иқтисодианд.Вале таъсири онҳо ба омилҳои маданӣ, қабл аз хама ба омилҳои маънавӣ, эстетикӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ вобаста аст. Аз ин рў, муносибатҳои никоҳию оилавӣ ҳатто дар ҳудуди як форматсия ҳам нисбатан мустақилона инкишоф ёфта, таъсири системаи ичтимоию иқтисодии ин ё он ҷомеаро ба тарзи гуногун эҳсос мекунад.

Дар ҷомеаҳои синфии антогонистӣ ба оила зиддиятҳои синфӣ таъсир мерасониданд, ки аз ҷумла дар он зоҳир мегардад, ки хонадор шудани намояндагони синфу табақаҳои гуногуни ҷомеа душвор ва баъзан номумкин ҳам мебошад.Никоҳи байни намояндагони як синф – синфи ҳукмрон ихтиёрӣ не, балки аз тариқи маҷбурӣ аҳд мегардад, ки дар аксари мавридҳо чунин никоҳ ба манфиатҳои ғаразноки ҳам арўсу домод ва ҳам аҳли оилаи онҳо асос ёфтааст.

Ҳаёти оила ва вазифаҳои иҷтимоии он бисёрсоҳаанд; онҳо бо ҳаёти маҳрамонаи ҳамсарон, идомати авлод, тарбияи насли нав, рўзгори якҷоя – ёрии ҳамдигарӣ дар корҳои рўзгор алоқаманданд.Ҳамаи ин бе муоширати маҳрамона, бе риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ аз ақл беру наст. Оила ғояи демографии ҷомеа ва ҳамон муҳит, иқлимпест, ки ба ҳифз ва инкишофи қувваҳои маънавию ҷисмонии одам , ҳаловати рўҳии вай мусоидат карда

( ё халал расонида) , ба ҳамин  ба фаъолиятимеҳнатӣ ва ҷамъиятии гражданинҳо таъсири мусбӣ ( ё манфи) мерасонад.Бо ҳамин оила муҳимтарин ячейкаи таъсири иҷтимои ба камолоти шахс аст: кўдак маҳз дар оила ба воя мерасад, аввалин бор малакаҳои меҳнатиро пайдо мекунад., Кимату меъёрҳои рафору атвори макбули умумро аз бар намуда, забон ба меъёри тафаккурро, ки ин барои аз сарватҳои умумиинсонии маданият баҳраманд шуданаш имкон медиҳадёд мегирад, вай маҳз дар оила ҳаётро чун ҳодисаи ҷамъиятӣ мефахмидагӣ мешавад.; протсеси иҷтимоишавии инсон аз оила оғоз меёбад.

Оилаи мустаҳкам яке аз пояхои муҳимтарини ҷомеа мебошад. Он дар иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ,тарбияи фарзандон, беҳтар шудани шароити моддӣ, манзилӣ ва маишӣ диққату эътибор ва ёрию мадади ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро талаб мекунад. Вале пояҳои оила, тифоқу ризоият чун асоси пойдории оила қабл аз ҳама ба худи оила вобаста мебошад. Онҳое, ки оила ташкил медиҳанд, бояд равшан фаҳманд ва масъулият ҳис кунанд, ки кори маънавие, ки барои бақои меҳру муҳаббати ҳамсарон зарур аст, барои пойдории иттифоқи ҳамсарон кўшишу ғайрати боз ҳам зиёдтарро талаб менамояд. Агар зану шавҳар дар бораи ҳамдигар ғамхорӣ накунанд, агар онҳо кори умумии оиларо якҷоя саришта накунанд, муҳаббати ҳамсарон пойдор намемонад ва онҳо ба ҳамдигар рози дил нахоҳанд кард.Махз ҳамин муҳаббати ҳамсарон, ки дар майда – чуйдаҳои рўзгор ва масъалаҳои ҳаёти ҳаррўза зуҳур меёбад, асрори ҳаррўза оддию ниҳонӣ, заминӣ ва дар баробари ҳамин сеҳри маҳрамонаи ҳаёти воқеии инсониро кашф менамояд.

Оилаи ҳозира гурўҳи хурди иҷтимоист, ки аъзоёнаш на фақат зану шавҳар фарзандон ва хешу таборанд, балки маишати умумӣ ҳам доранд.Маишат соҳаи иҷтимоии ғайриистеҳсолии ҳаёт аст, ки дар он

доираи муайяни талаботи одамон қонеъ гардонда мешавад: яъне талабот ба хўрду хўрок, либос манзили обод, таъмини сиҳатӣ, ташкили фароғат ва аз ин рў баҳрамандӣ аз қиматҳои маданият, шуғл варзидан ба спорт ва хелҳои дигари вақтхушӣ.Ба ибораи дигар, маишат он аст, ки дар он талаботи одамон ба муошират, ки берун аз фаъолияти истеҳсолӣ аст, амалӣ мешавад.

 

          Адабиёт:

 

1.Антонов А.И. Медков В.М. Социология семьи.М.,1996.

2.ГолодС.И.Семья  и брак. Сибирь, 1998.

.         3.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

4.ИдиевХ.У. ,Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

5.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

6.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

7.РадугинА.А,Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

8.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

9.Титоренко В.Я. Семья и формировние личности. М., 1987.

1 Скачать

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.