Институтҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва  назорати иҷтимоӣ

 

Яке аз шартҳои пайдоиши ниҳодҳои ичтимоӣ, ё ин ки институтҳои иҷтимоӣ ин пеш аз ҳама талаботи муайяни иҷтимоӣ мебошад.Институтҳои иҷтимоӣ аслан барои ташкили фаъолияти якҷояи одамон, бо мақсади конеъ гардонидани манфиату талаботҳои иҷтимоии онҳо равона карда шудааст.

Мафҳуми  «институт» маъноҳои гуногун дорад.Калимаи «институт» (institutum)лотинӣ буда маънояш – сохт, барқароркунӣ мебошад.Баъдтар ин мафҳум маъноҳои гуногунро гирифт, ки якум ,маънои маҳдудаш – номи таълимгоҳ, дуюм, маънои васеаш – маҷмўи меъёрҳо, нормаҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ.  Мафҳуми «институтҳои иҷтимоӣ» бо батартибдарорӣ, шаклгирӣ ва бақолабдарории муносибатҳои иҷтимои ва алоқахои иҷтимоӣ сахт вобаста мебошад. Худи раванди батартибдарорӣ, шаклгирӣ ва бақолабдарориро институтикунонӣ меноманд. Пайдоиши талаботҳои муайяни чамъиятӣ ва шароит барои қонеъ гардонидани онҳо шарти зарурии институтикунонӣ мебошад.Институтҳои иҷтимоӣ дар асоси муносибатҳои иҷтимоӣ, муносибати байниҳамдигариии шахсони алоҳида, фардҳо ва гуруҳҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.Институтҳои иҷтимои шакли ташкилоти таърихан ташаккулёфтаи фаъолияти якҷояи одамон мебошад.Масалан, институти оила ва никоҳ, институти маълумотӣ, институтҳои сиёсӣ ва ғайрахо.

Институтҳои иҷтимои – ин маҷмўи нормаҳо, ки қабатҳои муайяни муносибатҳои иҷтимоиро ба танзим медароранд.

Ҷомеа аслан ин маҷмўи ниҳодҳои иҷтимоӣ аст.Уорну- ҳуқуқшиноси фаронсавӣ, поягузори мактаби «Ниҳодӣ» ба шумор рафта, ў ин мафҳумро дар робита бо идеяҳои афлотунӣ маънидод мекунад.Вай дар китоби худ

«Назарияи ниҳод ва созмонҳо» менависад, ки идеяҳои айни қалб аз пайдоиши замину осмон вуҷуд доштанд, ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бо ин идеяҳо робита доранд.Ў ду навъи ниҳодҳоро ҷудо мекард: 1) як навъи мураккаб аз умури марбут ба низомҳо ва қоидаҳои рафтор ;2) ниҳодҳое, ки шахсиятҳоро дар гурўҳҳои иҷтимоӣ бо ҳам муттаҳид мекунанд.Ба ақидаи вай ниҳодҳои иҷтимоӣ аз се омил ташкил мешаванд:

          а) андешаҳо ва идеяҳо;

          б) мудирияти созмонёфта;

          в) алоқаи мутақобилаи аъзоёни ҷомеа.

Гурўҳи бештари ҷомеашиносон муътақиданд, ки пайдоиш ва такомули ниҳодхои иҷтимоӣ аз андешаҳо сарчашма мегиранд.Масалан, В.Ч.самнер мегўяд, ки « Ҳар ниҳод аз як мафҳум ( фикр, тасаввур, акида, нфъ) ва як сохт (структура) ташкил шудааст. Сохт дар ҳукми чорчўба ё дастгоҳу абзор аст ва ё шояд битавон сохтро мураккаб аз иддаи коргузор донист, ки ба хотири ҳамкори, расидан ба максади муштарак мутаҳҳид шудаанд. Сохту мафҳумро ҳифз ва барои наздик кардани он ба воқеият ба тартибе, ки ба нафъи афроди чомеа бошад замина фароҳам месозад».

Ҳамин тавр аксаран таъкид мешавад, ки « ниҳод» созмоне аст мураккаб аз меъёрҳои ахлоқӣ, намунаҳои рафтори нисбатан расмӣ, умумӣ ва якхелае, ки дар гурўҳҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва аз насл ба насл мегузарад.

Чи тавре, ки медонем, ҳайвонҳо маҳз бо воситаи инстинкташон ба муҳит мутобик шуда, барои аз ҳодисаҳо эмин модан, зинда мондан, рўз гузаронидан кўшиш мекунанд.Ба воситаи инстинкт онҳо барои қонеъ гардонидани талаботи хеш ва вуҷуд доштан мубориза мебаранд.

Барои инсон чунин восита ин институтхои ичтимоӣ ( ниходхои иҷтимои) мебошанд, ки барои пешравӣ, инкишофи ҳаёти инсони алоҳида не , балки аҳли ҷомеа кўмак мерасонад.Чунин институтҳо дар ҷомеа паҷто мебошанд:

          1) Институти оила ва никоҳ ( талабот барои бозтавлид).

          2) Институтҳои сиёсӣ ( талабот ба тартибот ва бехатарии иҷтимоӣ, давлат)

          3) Институтҳои иқтисодӣ ( талабот барои маводҳои рўзгузаронӣ)

          4) Институтҳои маълумотӣ (талабот барои гирифтан ва додани дониш, иҷтимоиёти насли наврас, тарбияи насли наврас, тайёрии кадрҳо, илм, фарҳанг)

          5) Институтҳои динӣ ( талабот барои ҳалли маънавиёт, маънии ҳаёт).

          Аввалин маротиба Торстейн Веблен (соли 1889) доир ба институтҳои ичтимои андешаронӣ намудааст, ки то ҳол ин ақида кўҳна нашудааст.

Дар ҳаёти инсони нав пайдо шуда бетпртибиҳои гуногун чой доштанд, ки яке аз онҳо алоқаҳои чинсии бемаънӣ, ки барои насли ояндаи инсон хатари хеле калон дошт.Оҳиста-оҳиста ин кор манъ карда шуд, аввалин манъкунӣ катъиян манъ кардани муносибатҳои ҷинсӣ дар байни хамхунҳо, яъне модару писар, падару духтар, хохару бародар.Ин аст нормаҳои аввалини ахлоқӣ дар ҷомеа.Баъдтар дигар нормаҳои иҷтимои низ пайдо шуданд, ки боиси пайдоиши институти оила ва никоҳ гардидИнститутҳои иҷтимои аз якдигар бо вазифаҳояшон ва сифати иҷроиши ин вазифаҳо фарқ мекунанд.Масалан:

Институти оила ва никоҳ талаботро барои бозтавлиди аҳолӣ, тарбияи кўдакон, муносибати байни ҷинсҳо ва наслҳо қонеъ мегардонад.

Институтҳои маълумотӣ бошанд тайёрии кадрҳо, қувваи кориро таъмин кардаистода барои ҳаматарафа равнақ додани инсон, истифодаи донишу малака, истеъдоди вай дар фаъолияти ояндааш шароит фароҳам меоварад.

Институтҳои иқтисодӣ  –  моликият , пул, бонкҳо, ҷамъиятҳои хочагидории шаклҳои гуногун дошта, маҷмуи тамоми истеҳсолот ва тақсимоти боигарии ҷамъиятиро таъмин намуда ҳаёти иқтисодиро бо дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ пайваст мекунад.

Институтҳои сиёсӣ – давлат, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсиро дар ҷомеа  тарфдорӣ намуда барои  барқарор ва дастгирии шаклҳои муайяни ҳокимияти сиёсӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Институтҳои динӣ – талабот барои ҳалли маънавиёт, маънии ҳаёт.

Институтҳои иҷтимоӣ- сохти мутобиқшавиииҷтимоӣ , ки барои қоеъ гардонидани талаботҳои зарурӣ ва ба танзимдарории маҷмўи нормаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Ташаккул ва инкишофи шаклҳои гуногуни ташкилотҳои  ҷамъиятӣ ба анъанаҳои демократӣ , сатҳи озодиҳои сиёсии одамон ва ҷомеа вобаста аст. Ташкилотҳо иттиҳодияҳои ихтиёрии одамон аст, ки иштироки бевоситаи онҳоро дар идораи равандҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа таъмин менамояд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ заминаҳои пайдоиши худро доранд, онҳо шахсони алоҳида, коллективҳо ва умумиятҳои гуногуни иҷтимоиро муттаҳид месозанд.Умумияти манфиатҳои асосӣ ташаккули созмонҳои иҷтимоиро ташкил медиҳанд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолияти одамонро пурсамар мегардонанд. Боварӣ ба ташкилот ва қувваи бунёдгари ҷомеа ба одамон рўҳи тоза мебахшад.Фаъолияти ташкилотҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоиро тартиботи ҳуқуқӣ танзим менамояд.

Ташкилотҳои ҷамиятӣ дар асоси принсипҳои муайян ташаккул ёфта, фаъолият мегузаронанд.Онҳо дар асосҳои ихтиёрӣ ҳуқуқу масъулияти баробар дошта, ҳамаи онҳо худидорӣ намуда, дар доираи қонун амал менамоянд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ навъҳо ва шаклҳои мухталиф доранд.Ҳаракати оммавӣ, иттифоқҳои касабаи гуногун, ташкилотҳои занон, ҷавонон, ветранҳои ҷангу меҳнат, ҷанговарон –ннтернатсионалистон, ташкилотҳои илмию техникӣ, маданию маърифатӣ, варзишӣ, иттифоқҳои эчодӣ, ассотсиятсияҳо, созмонҳои гуногуни ихтиёрӣ, ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ,  ташкилотҳои гуногуни динӣ ва ғайраҳо ташкилотҳои чамъиятиро ташкил мекунанд.

Одамон ба ташкилоту созмонҳои гуногун барои ҳимояи манфиатҳои худ ворид мешаванд.

Адабиёт:

1.Андреев Ю.Н.КорневН.М.Институтҳои иҷтимоӣ: мазмун, вазифа,              назорат.Свердловск, 1989.

2.Ғуломов О. Сотсиология.Китоби дарсӣ.Душанбе,2000.

3.ИдиевХ.У. ,Самиев Б.Ҷ. Сотсиология. Душанбе, 2006.

4.ИдиевХ.У., Маслова О.М. Сотсиологияи амалӣ.Душанбе,2008.

5.КравченкоА.Н. Социология. М., 2004.

6.РадугинА.А,Радугин К.А.Социология.Курс лекций.М., 1995.

7.Спиркин А.Г. Философия.М., 2004.

test

Добавить комментарий