Мактабҳои сотсиологии «Сотсиологияи меҳнат», «Сотсиологияи иқтисодиёт» ва «иқтисоди бозоргонӣ»

Мактаби сотсиалогии «Сотсиологияи меҳнат» ва доираи фаъолияти вай. Ҷанбаҳои омӯзиши сотсиологии иқтисодиёт.

Меҳнат аз ҷумлаи қадимтарин категориаҳои (мафҳумҳои) иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар худ маъною маромеро ифода менамояд, ки дар он моҳияти инсон, фаъолияти мақсадноку фоидабахши ни ҳоии ӯ инъикос ёфтааст. Ва қте ки дар бораи меҳнат ҳ арф мезанем мо инсонро дар назар дорем. Ме ҳнат ин ҳамон қисмати фаъолияти бошуурона ва мақсадноки инсон мебошад, ки баҳри

таъмини пай дар паи зисту зиндагии ӯ, ба даст даровардани нозу неъматҳои зарурии хаёташ равона карда шудааст. Маҳз меҳнати инсон мухайё месозад, ки инкишофи зина ба зинагии ҷомеа таъмин карда шуда, наслҳои нав ба нави инсонӣ хаёти беҳтарини хешро аз сар гузаронанд. Меҳнат инсонро

ҳарҷониба такмил дода, фаровонии ҳаёти беҳтарини иҷтимоию

иқтисодиётро муҳайе сохта, ӯро ба мақсаду маромаш мерасонад.

Проблемаҳои ба фаъолияти меҳнатии одамон дахл дошта мавзӯи омӯзиши фанҳои гуногун қарор гирифтааст. Зеро ягон соҳаеро дарёфт намудан ғайри имкон аст, ки дар он мақому мароми меҳнати инсон акс наёфта бошад. Вале фанҳои гуногун паҳлӯҳои муштараки ба меҳнат дахл доштаи инсонро наомӯхта, фақат дар доираи мавзӯи омӯзишашон ба ин ва ё он ҷанбаи алоҳидаи меҳнат даст мезананду халос. Онҳо моҳият, маъно, мазмун ва тарзу усули зоҳиршавии ҳамаҷиҳатаи меҳнат, ки асосан бевосита ба масъала ҳои иҷтимоиёти мардум дахл доранд, сару кордор намешаванд. ин қисмати масъала мавзӯи омӯзиши фанни сотсиология мебошад. Ба миён омадан, то дараҷаи мақоми баланд пайдо кардани мактаби сосиологии меҳнат низ аз ҳамин ҷо бармеояд.

Сотсиологияи меҳнат, назария ва амалияи хоси иҷтимоиётшиносие мебошад, ки мазмун, моҳияти онро қонун ва категорияҳои меҳнат, мақоми ҷамъиятӣ доштани он ифода мекунанд. Тавассути ом ӯзиши сотсиологии меҳнат характеру хусусиятҳи меҳнатӣ ва омилҳои ба он таъсиррасонанда чун раванди иҷтимоӣ, ифодакунандаи фаъолияти во қеии одамон маълум карда мешаванд.

Мақсад, маром, майл, хоҳиш, фаъолияти одамон ба меҳнат, тарзу усули зоҳиршавии онҳо дар амалиёти ҳаррӯзаашон аз ҷумлаи унсурҳои тадқиқоти сотсиологии меҳнат ба ҳисоб мераванд. Сотсиологияи меҳнат дар маънои пуррааш ин равшанӣ андохтан ба таърихи пайдоишу инкишофёбӣ, такомулу ташаккулёбии фаъолияти меҳнатии инсонист. Яъне, муайян сохтан лозим аст, ки мақому мароми фаъолияти меҳнатии инсон дар ҷомеа чи гунна нақши худро дорад? Меҳнат дар ҳаёти инсон чӣ мақомеро бозида метавонад?

Омӯзиш, таҳлилу таҳқиқ ва хулосагирӣ аз фаъолияти меҳнатию ҷамъиятии кормандон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини сотсиологияи меҳнат ба ҳисоб рафта, дар танзими ташкили ме ҳнати кормандон, баланд бардоштани нати ҷаҳои ниҳоии кори онҳо ва зина ба зина такомулу ташаккул додани вазъи кунунии (доимиамалдоштаи) истеҳсолоти ҷамъиятӣ мақоми муҳимро мебозад.

Сотсиологияи меҳнат ба оддитарин, вале муҳиму асоситарини истеҳсолоти ҷамъиятӣ, характер (хислат) ва мазмуни (моҳияти) меҳнат, предмет ва натиҷагирӣ аз меҳнат то масъалаҳои илмии идора ва ташкили меҳнат диққат медиҳад. Дар асоси таҳлили амиқу равшанӣ андохтани чунин омилҳо мақсаду мароми истеҳсолот ва истеъмолкунандагон таъмин карда мешаванд.

Сотсиологияи меҳнат фаъолияти ҷамъиятии одамони касбу кори гуногунро дар пайвастагию вобастагии тамоми риштаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, хулоса, иҷтимоиёти мардумӣ меомӯзад. Дар чунин тарзи масъалагузорӣ имконият пайдо мегардад, ки ҳам ҷиҳатҳои илмӣ – назариявӣ ва ҳам амалии мавзӯъ пайваста мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор гирад.

Ба объекти тадқиқоти сотсиологияи меҳнат асосан доираи (ҳолатҳои) ҳаёти иҷтимоии одамон, ки бевосита дар истеҳсолот, дар раванди фаъолияти меҳнатӣ

ба вуҷуд меоянд, дохил мешаванд. Предмети сотсологии меҳнат бошад ин шакли (тарзу усули) амалӣ гардидан, дар ҳаёти иҷтимоӣ рух додан, зухрёбии воқеии ҳодисаю воқеии иҷтимоӣ, қонуниятҳои амалии онҳо, раванди фаъолияти меҳнатии одамон, механизми (тарзу усули) зоҳиршавии чунин фаъолиятро ташкил медиҳад. Агар боз ба таври дигар гӯем, объекти тадқиқоти сотсиологии меҳнат, дар маънои пурраю васеаш, асосан ин меҳнати ҷастаҷамъи (бригада, цех, участка ва ғайра) мебошад. Ҳамчунон мумкин аст, ки ба сифати объект инчунин одамони алоҳида, кормандони истеҳсолӣ, ҷои кори онҳо, шароити кор, вазъи иқтисодию техникии истеҳсолот низ дохил шаванд. ин вобаста аст ба он ки сотсиолог кадоме аз ин масъалаҳоро мавриди омӯзиши худ қарор додааст. Ба ҷумлаи субъекти тадқиқотӣ бошад, одамон асосан майлу рағбат, завқу шавқ, орзую умед, нияту мақсадҳои онҳо дохил мешаванд. Ба воситаи истифодаи тарзу усули сотсиологии тадқиқот (сӯҳбат, саволу ҷавоб, анкетагузаронӣ ва ғайраҳо) ҷиҳатҳои ба афкору ақидаи шахсии коргар нисбати фаъолияти меҳнатии одамони дахл дошта муайян карда мешаванд. Ҳатто тарафҳои таъсиррасонии омилҳои объективӣ,

фоидабахшию зарароварии онҳо низ мумкин аст дар асоси муайян сохтани фикри кормандон (омилҳои субективӣ) равшан аён шаванд. Предмети тадқиқотҳои сотсиологии меҳнат бошад дар баробари ҷои кор, шароити меҳнат, инчунин шаклҳои гуногуни музддиҳӣ, соҳаҳои мухталифи ҳавасмандгардонӣ, ҳолатҳои техникию технологии истеҳсолот, муносибатҳои кормандону роҳбарони корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, вазъи иҷтимоии онҳо, натиҷагирӣ ва

қаноатмандӣ аз кор, ҳолатҳои сифатию миқдории молҳои истеҳсолшуда, ба талабот мувофиқ омадану наомадани онҳо ва ғайраҳо низ дохил мешаванд.

Чи тавре дар боло ишора рафт, ма қсади асоситарини ҳар он тадқиқоте, ки оид ба сотсиологияи меҳнат гузаронида мешаванд ин асосан дарёфт намудани омилҳои тезонидани протсессҳои истеҳсолӣ; завқмандона ба кор ҷалб кардани одамон; афзун намудани натиҷаҳои ниҳоии истеҳсолӣ, таъмини пешрафти

суръатнокии тамоми риштаҳои фаъолият, ба даст даровардани фоидаю даромаднокӣ ва дигар ҷиҳатҳое мебошанд, ки онҳо муайян сохтани вазъи кунунии ҳам ба коргарон ва ҳам ба ҷомеа (коллектив) зарур мебошанд.

Тавассути ташкили тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ камбудию

иллатҳо (зиддиятҳо), норасогию хатогиҳо (качфаҳмиҳо) маълум гардида, роҳҳои ҳар чӣ тезтар бартараф сохтани онҳо дарёфт хоханд шуд. Барои ин дар сотсиологияи меҳнат аз чунин тарзу усули (методӣ) тадқиқотӣ, ба монанди: мушоҳида, омӯзиши воқеа, таҳлили хуҷҷатҳои мавҷуда, сӯҳбат, саволу ҷавоб (анкету), шиносоии бевосита бо вазъи кор, шароити меҳнат ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Ҳ амаи гуфта ҳ ои болоро агар манти қ ан ҷ амъбаст намоем, дарк кардан мушкил нест, ки сухан дар бораи ташкилу истифодаи самарбахши омилҳои инсонй меравад. Чи бояд кард, ки омили инсон ӣ дар коллектив бо тамоми қуввааш ба кор дарояд, сермаҳсул бошад?

Сотсиологияи иқтисодиёт аз ҷумлаи равияҳои (мактабҳои)

хеле ҳам қадимаи и ҷтимоиётшинос ӣ ба ҳисоб рафта, дар тӯли ҳазорсолаҳои пайдоиш ва ташаккулёбии худ таърихи бою бонуфузи илмию тадқиқотиро соҳиб гаштааст. Ҳанӯз аз он рӯзҳое,

ки инсон ба дунё омаду зарурати ташкил ва таъмини зисту зиндагиашро дар исте ҳсоли нозу неъматҳои моддӣ: хурока, либос ва

ғайраҳо дарк намуд ва баҳри дарёфтҳои онҳо саъю кӯшиши бевосита (ме ҳнат кардану исте ҳ сол кардани молу чиз, иваз кардани

онҳ о барои қ онеъ гардонидани талабот, доду гирифт ва ғ…) ба хар ҷ медод, бешуб ҳ а ало қаю муносибатҳ ои и қтисодӣ, дар шакли оддӣ ҳам бошад, ба миён омада буданд.

Таҳлил ва хулосабарориҳо аз ҳаёти иқтисодии инсон имконият меди ҳ анд, ки ба кулли дигар ҷанбаҳ ои ҳаёти ӯ низ ҷавоби дуруст дарёфт карда шавад. Ба чунин масъалаи му ҳим ҳ анӯ з хеле барва қт, на ин ки олимону муҳаққиқони иҷтимоиётшинос, инчунин бевосита соҳибкорон, корчалонҳ о, то ҷирон, хуллас, ҳ амаи онҳ ое, ки ба молу чиз, доду гирифти амвол сару кор доштанд, диққати хосае зи ҳ ир менамуданд.

исбот гардидааст, ки сотсилогия чун илми и ҷтимоиётшинос ӣ омӯзиш, таҳқиқу таҳлили мавзӯи хосаи худро бе равшани андохтан ба ҳаёти иҷтимо ӣ, алалхусус со ҳ аи иқтисодии ҷомеа, ба миён гузошта наметавонад. Агар ба таърихи пайдоиш ва ташаккулёбии он (сотсилогия – О.Ғ.), зарурати (раванди обективии) ом ӯ зиш, таҳлилу хулосабарори ҳои бевоситаи и ҷтимо ӣ назар намоем дида метавонем, ки чунин муносибатҳоро пеш аз ҳама муносибати характери и қтисодӣ дошта ба миён овардааст. Вазифаи асоситарини таҳқиқу таҳлили сотсиологии ҳаёти и қтисод ӣ чун ҳамешаг ӣ ин раванди равшани андохтан ба омилҳое мебошад, ки дар ҷамъулҷамъ ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардумро ташкил дода, моҳияту мазмуни кунунии раванди тамоми дигар сарчашмаҳои зиндагиро пурра ифода менамояд.

Ба сабаби афзоиши проблемаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ нуфузи сотсиологҳо чун мутахассисони иҷтимоиётшинос дар ин ҷода боло шуда истодааст. Аз онҳо бешубҳа ҷомеа умедҳои бисёре дорад. Муайян бояд намуд, ки то кадом дараҷа муаммоҳои мавриди омӯзиш қарор дошта характери илмиро доранд. Зарур аст ки онҳо аз тарафи муттасаддиён (коллетивҳо истеҳсолӣ, меҳнатӣ, илмй-тадқиқотӣ ва ғайраҳо), онҳое, ки гирифтори чунин муаммо гардидаанд, дар шакли хаттӣ чун проблема амиқу равшан баён ёфта бошанд. Сотсиологҳо аз онҳо дониста гиранд, ки ба кадом ҷиҳати масъалаҳо, баҳри чӣ диққат додан лозим аст? Вобаста ба он тарзу усули тадқиқотро низ интихоб карда истода, барномаи онро тарҳрезӣ бояд намуд. Набояд фаромӯш сохт, ки ҷанбаҳои сотсиологии ҳаёти иқтисодӣ дар якҷоягии қисматҳои таркибии худ тамоми системаи иҷтимоиётро дар бар гирифта, дар навбати худ омӯзиши ҳар кадоме аз онҳо қисматҳои омӯзиши комплексиро талаб менамояд ва ҷамъулҷамъ характери комплексиро мегирад. Ба ин хотир муносибатҳои истеҳсолии амал карда истода асоси муайянкунандаи ҳаёти мушаххаси иҷтимоӣ буда, дар худ тамоми усулҳои фаъолияти ба инсон дахл доштаро ифода намуда, таҳлили қисматҳои структурравии вай объективона диққати аввалиндараҷаро металабад. Тавассути муайян сохтани моҳияту мазмуни истеҳсолот дар ҷомеа тамоми тарафҳои (қисматҳои) ҳаёти иқтисодию иҷтимоии одамон: шароити кор, музди меҳнат ва тақсимоти одилонаи он, ба меҳнати пурсамар ҷалб кардани одамон, фароғати коргарон, ҳолатҳои маишӣ, илмӣ– техники, технологӣ, мадании онҳо, гузаронидани вақти пиронсолӣ, оилаю оиладорӣ кушоду равшан маълум мегардад ва саволҳои гузошташуда то андозае ҷавобҳои худро дарёфта метавонанд.

Омӯзиш, таҳлил, таҳқиқу хулосабарориҳо аз раванди қонунҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва инкишофи иқтисодиёт дар ҷомеа, пажуҳишгоҳҳои иҷтимоӣ ва равандҳои ҳаёти илмию маърифатӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ дар доираи иқтисодиёт ва истеҳсолот, фаъолияти табақаҳои иҷтимоӣ дар доираи ҳаёти иқтисодӣ, марому мақсад ва манфиатҳои онҳо, тақсимот, муомилот, истеъмол, муносибатҳои синфӣ, истеъмолот дар ҷомеа, мақоми синфҳо, гурӯҳҳо, шакли моликиядорй, омилҳои таьсиррасонидаи иқтисодӣ ба фаъолияти истеҳсолкунандагон, диалектикаи алоқамандию пайвастагӣ, вобастагию таъсиррасонии омилҳои иқтисодӣ ба иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, маънавӣ ва боз даҳҳо дигар паҳлӯҳои чунин масъалаҳои марбути ҳаётӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои асоситарини омӯзиши сотсиологияи иқтсиодиёт ба ҳисоб мераванд. Маҳз тазассути омӯхтану таҳлили чунин ҷиҳатҳо алоқамандии ҳаёти иҷтимоӣ ба иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсолӣ бештар равшан мегарданд. Таҳдили вазъи иқтисодии ҷомеа ва таъсири он ба ҳаёти иҷтимоӣ мушкилкушои бисёр муаммоҳо гардидааст. Маҳз дар ҳамин асос омили инсонӣ, фаъолгардонии ӯ бештар аён шавад. Объекти тадқиқоти сотсиологии иқтисодиёт асосан муайян намудани алоқамандии иқтисодиёт ба меҳнат, ба кор, вазъи идораи истеҳсолот, интихоби касбу ҳунар, ҷанбаҳои иҷтимоии маълумотгирӣ, тарбия, психологии мутахассисон ва ғайраҳо мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Объекти тадқиқоти сотсиологияи иқтисодиёт на ин ки дараҷаҳои (паҳлуҳои) алоқамандии иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти одамон., инчунин механизми ба амал баровардани онҳо, тарзу усули ҳаётӣ гаштани чунин ҷиҳатҳо низ ба ҳисоб мераванд. Муайян карда мешавад, ки кадоме аз омилҳои иҷтимой: маълумот, касбу ҳунар, манзил ва ғ… иқтиодиётро такон дода метавонанд. Мақсад аз он баланд бардоштани иқтисодиёт мебошад, ки нерӯи инсонй дар он мақоми муҳимро мебозад.

Сотсиологҳо бо роҳи саволу ҷавоб, пурсу пос, анкетагузаронӣ бояд муайян созанд, ки бештар кадом омилҳои ташкили фаъолият коргаронро ба меҳнати пурмасъул завқманд мегардонанд?

Сотсиологҳо дар раванди омӯзиши вазъи истеҳсолот ва мақоми истеҳсолкунандагон боз дигар захираҳои арзону бебаҳо, вале судбахш афзунгардонии меҳнати онҳоро муайян сохта ва роҳҳои амалӣ намудани онҳоро низ бо тавсияҳои илмиашон чун дархост пешниҳод менамоянд.

Сотсиологҳо бояд бо истифодаи тарзу усулҳои тадқиқотӣ ҳисобу китоб карда бароянд, ки дар сурати тайёр намдани миқдори муайяни мутахассисони соҳибкор то чӣ дараҷа фоида ба даст овардан имкон аст ва барои баланд бардоштани вазъи иқтисодии истеҳсолоти корхона кадоме аз омилҳои зайл: ҳавасмандгардонии касбӣ (вазифаи корӣ), маълумотгирӣ, иқтисодӣ, пулӣ, молӣ, маънавӣ, техникӣ, технологӣ ва ғайраҳо бештар таъсир мерасонанд. Ҳамчунон бояд муайян намуд, ки дар ҳолати автоматикунонии раванди истеҳсолӣ бо шумораи зиёди кормандони қисмтаҳои меҳнати ҷисмонӣ доштаю берун аз истеҳсолот монда чи бодя кард? Чи тавр идоракунии илмии замонавии истеҳсолотро зиёд кардан мумкин аст? Тавассути он даромаднокии корхонаҳо чӣ тавр афзун ва ба меҳнати пурсамар ташкилу сафарбар кардани кормандон то чӣ андоза бештар ҷомаи амал мепӯшад.

Ҳамаи ин тадбирҳо метавонанд иқтидору даромаднокии корхонаро пурқувват ва иқтисодиёти онро пурмаҳсул гардонанд.

2.Моҳият, мазмун ва мақсади иқтисоди бозоргони ва тарзу усули омӯзиши сотсиологии онҳо.

Баъди шикасти сохти Шӯравӣ ҳамаи давлатҳои ба ном ҷумҳуриятҳои совети сотсиалистӣ, ки дар ҳайати иттиҳоди Шуравӣ (СССР) буданд истиқлолиятро ба даст дароварданд ва рӯ ба иқтисоди бозоргонӣ ниҳоданд. Ҳоло чанд сол боз дар чунин роҳ ҷидду ҷадалҳо намуда, ба баъзе нишонаҳои ба иқтисоди навини иқтисоди бозаргонӣ хос буда ноил шуда истодаанд.

Боиси тазаккур аст, ки системаи бозаргонӣ умуман падидаи нав нест. иқтисод, ки худ ҷабҳаи муҳими ҳаёти мардумӣ ба ҳисоб меравад, ҳанӯз аз давраҳои хеле қадим дар мисоли соҳибкорон, корчалонҳо, тоҷирон ва ғайраҳо амал мекард. Агар мероси қадимаи ҷомеашиносон, шоирон, олимон, муҳаққиқонро варақ занем бараъло дида метавонем, ки оид ба чунин қисмати зиндагии мардум гуфтаҳою дархостҳои зиёде вуҷуд доранд. Файласуфони Юнони Қадим Афлотун, Арасту, мутафаккирони форсу тоҷик ибни Сино, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Хайём ва дигарон дар афкору ақидаҳои ба ҳаёти иҷтимоии ҷомеа эҷод кардаи худ риштаҳои гуногуни ба иқтисодиёт марбут будаи зиндагиро таъкид кардаанд. Сабаби асосии чун илм ба миён омадани назарияи иқтисод ҳам аслан ҳамин аст. иқтисоддонон мавҷудоту инкишофи ҷомеаро дар давру замонҳои гуногун, вобаста ба зинаҳои тараққиёбии ҷомеа, пайвастагию вобастагии тарафҳои дигари ба ин ҷабха марбутаро мавриди омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ қарор дода, ба қонунҳои иқтисодӣ баҳо дода, хулосаҳои илмӣ мебароварданд. Дар ин бора махазҳои зиёде аз ҷихати илмӣ асос ёфта мисол шуда метавонанд. Набояд фаромуш кард, ки моҳияту маънои асосии онҳоро тарзи истеҳсолоти ҷомеа ташкил медиҳад. Натиҷагирӣ аз онҳо низ тавассути пешрафти зисту зиндагии мардум мебошанд. Таърихи пайдоиш, ташаккулу тараққӣ, дигаргуншавии давраҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ худ гувоҳи ҳамин мебошад. Моҳият, мазмун ва хусусиятҳои қариб ҳамаи давраҳои гузаштаи ҳаёти иқтисодии ҷомеа дар адабиёти зиёде ҳамаҷиҳата таърифу тавсифи худро ёфтаанд. Зеро гузаштаро ҳамаҷониба наомӯхта, ҳозираро фаҳмидан, ба ояндаи наздику дур назар кардан ғайри имкон мебошад. Шояд аз ҳамин зарурат бошад, ки давраи зиёда аз 70 соли мавҷудияти иқтисодиёти сотсиалистӣ, ки шакли ба худ хоси хоҷагидориро дошт, минбаъд чунин тарз дигар ба талаботи замона ҷавоб дода наметавонист, шикаст хурд ва ҳоло аз ҳама бештар мавриди танқиди мутахассисони соҳа қарор дорад.

Мақсаду мароми гузаштан ба муносибатҳои бозору бозаргонӣ пеш аз ҳама таъмини ҳаёти осудаи иҷтимоии одамон мебошад. Соҳиб шудан ба чунин мақсад албатта худ аз худ насиб намегардад. Пӯшида нест, ки зисту зиндагии мардум ҷиҳатҳои гуногуни: иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо дорад. Паҳлӯҳои ба ҳаёти иҷтимоӣ таалуқ доштаи зисту зиндагии одамонро омӯхта, шоҳиди он шудан мумкин аст, ки иқтисодиёт дар онҳо чӣ мақоме дорад. Ҳамчунин таъсири дигар риштаҳои ҳаёти иҷтимоиро дар ҷомеа мутобиқан мушоҳида кардан мумкин аст. Пас сотсиологҳо доираи мавзӯи тадқиқотии худро муайян карда истода бояд ҳатман аз дастовардҳои иқтисодчиён, сиёсатшиносон, файласуфон, ҳуқуқдонон, муарриҳон ва дигарон васеъ истифода баранд. Ба назару эътибор нагирифтани чунин ҷанбаҳои ҳаёти одамон дар хулосабарориҳои сотсиологӣ боиси руҳ додани хатогиҳо, каҷравиҳо хоҳанд гардид.

То рафт маълум гашта истодааст, ки бе истифодаи тарзу усули омӯзиши сотсиологии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо зисту зиндагии мардум, муаммоҳои ба миён омадаро равшан фаҳмида ва онҳоро базудди бартараф сохтан ғайри имкон мебошад. Муносибатҳои бозору бозаргонӣ, ки зина ба зина реша давонида истодааст ва табиатан манфиату мароми одамони зиёдеро (оҳиста—оҳиста тамоми аҳолиро) иҳота менамояд, таҳлили чуқури ҳаматарафаи пай дар пай ва хулосаҳои илмии сотсиологияро тоқазо менамояд. Ба миён омадану рӯз аз рӯз мавқеи муҳимро ишғол кардани мактабу равияҳои гуногуни сотсиологияи иқтисодиёт, сотсиологияи иқтисоди бозаргонӣ, сотсиологияи бозор, сотсиологияи корчалонҳо (бизнес) ва соҳибкорон барин даҳҳо дигар ҷараёнҳо гувоҳӣ онанд, ки бе сотсиология, алалхусус, тарзу усулҳои тадқиқотии он низоми ҷомеаро нигоҳ доштан, пешравии онро таъмин намудан, муносибатҳои одамонро баҳри беҳбудии худи онҳо ба роҳ мондану ташаккул додан амри маҳол аст. Масъалаи аввалиндараҷае, ки ба онҳо имрӯзҳо бояд бештар аҳамият дода шавад, ин дарёфти роҳҳои амали гардонидани муносибатҳои нави бозору бозаргонӣ мебошанд.

Афзоли иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқию сиёсии ба миён омада, сотсиологҳоро водор месозад, ки ба ҳамаи онҳо баҳои одилонаи илмӣ дода шаванд. Барои ин аз тарзу усулҳои хосаи сотсиологӣ, тадқиқоти ҳаёти иҷтимоӣ; гузаронидани анкета, саволу ҷавоб, сӯҳбат, шиносоӣ ба ҳуҷҷатҳои расмию ғайрирасмӣ, таҳлили фаъолияти объектҳои гуногуни аҳамияти муҳими иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта ва ғайраҳо васеъ истифода намуда, онҳо бояд ба масъалаҳои ба раванди иқтисоди бозаргонӣ пайванд бударо равшанӣ андозанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.